Ҳенри Форд – “падар”-и саноати автомобилӣ

“Шумо кореро иҷро карда метавонед ва ё бовар доред, ки онро иҷро карда наметавонед, — дар ҳарду ҳолат шумо ҳақ ҳастед”.

Ҳенри ФОРД

Омӯзиши ҳаёту фаъолияти одамони муваффақ на бо он мақсад аст, ки мо низ нусхаи асли онҳо бошем. Балки ҳар яки мо бояд ҳаминро дарк намоем, ки маҳз шахсият будан моро комёб мегардонад. Қаҳрамони навбатии мо Ҳенри Форд дар ин хусус чунин андеша дорад: “Мошинҳои Форд куллан якхелаанд, вале ду шахси куллан якхела вуҷуд надорад”. Вазифаи асосии ҳар як шахс ин дарёфти роҳи худ ва афрӯхтани шарораи шахсият дар ин роҳ аст. Аммо мисли он ки болға барои задани мех асбоби асосӣ ва мувофиқ маҳсуб меёбад, баъзе сифатҳои инсонҳо ва усулҳои ҳалли мушкилот чандон манфиатноканд, ки чунин “асбоб”-ҳоро барои муҳофизат ҳамеша бояд бо худ дошт…

ДАЛЕЛҲО

Ҳенри Фордро нахустин ронандаи мошин дар дунё меҳисобанд, чунки маҳз ӯ ҳанӯз соли 1895 нахустин маротиба савори “аробаи бо бензин ҳаракаткунанда”- и худ аз шаҳри Детройт ба саёҳат баромада буд. Бояд қайд кард, ки он замонҳо дар Амрико аробаҳои худгарди бо муҳаррикҳои буғӣ ҳаракаткунанда ва дар Аврупо мошинҳои ҳамсони Форд вуҷуд доштанд, аммо Ҳенри Форд нахустин шахсе буд, ки ин мошинҳои қадимиро барои сафарҳои ҳаррӯза истифода намуд. Ҳамчунин, Ҳенри Форд нахустин сокини сайёра мебошад, ки ҳуҷҷати ронандагиро соҳиб гашт.

“ПАДАР”-И САНОАТИ АВТОМОБИЛӢ

Ҳенри Форд, тоҷири муваффақи асри ХХ, муассиси истеҳсолоти пайдарҳаму босуръати конвейерӣ ва “падар”-и саноати автомобилӣ, соли 1863 дар штати Мичигани Амрико ба дунё омадааст. Тавре аз ёддоштҳои Ҳенри бармеояд, оилаи онҳо рӯзгори осудаҳолона дошт, аммо онҳо зиёд меҳнат мекарданд. Ҳенри дар мактаби динӣ соҳиби маълумот гардид. Ҳенри бемаълумотиро на камбудӣ, балки истифода накардани нерӯи ақлонӣ дар ҷараёни ҳаёт меҳисобид.

Ӯ дар синни 12-солагиаш бори аввал локомобилро дид. Вохӯрӣ бо аъзои экипаж барояш таассуроти аҷибе бахшида, дар дилаш шавқи ихтирои механизми ҳаракаткунандаро бедор намуд. Волидон аз шавқу рағбати ӯ нисбати механика қаноатманд набуда, мехостанд ӯ фермери сарватманд бошад. Вақте дар синни 17-солагӣ ӯ дар устохонаи механикӣ ба кор даромад, волидон ӯро “маҳвшуда” ҳисобиданд. Баъди 4 сол Форд ба хона баргашта, рӯзона дар ферма кор мекарду шабона ба ихтирооти навбатӣ машғул мешуд.

МАҚСАДҲОРО АМАЛӢ БОЯД КАРД

Барои осон кардани кор дар ферма Форд мошини ғаллакӯбии бо бензин ҳаракаткунандаро ихтироъ намуд. Ӯ патенти ин ихтирои худро ба Томас Эдисон фурӯхт ва Эдисон ӯро барои кор дар ширкати худ даъват намуд. Дар он ҷо низ беш аз ҳама таваҷҷуҳи ӯро мошинҳо ба худ ҷалб менамуданд. Ӯ орзуи сохтани автомобилеро дар дил мепарварид, ки барои ҳама дастрас бошад. “Мақсад худ ба худ боарзиш аст, аммо агар дар таҷриба ба кор наравад, он ҳамон як орзу боқӣ мемонад”, — гуфта буд Форд.

Автомобили нахустин

Соли 1893 Форд дар вақтҳои холии худ нахустин автомобили худро сохт. Роҳбарияти ширкат таҷрибаи Фордро номукаммал ҳисобида, ихтирои ӯро рад намуд. Аммо Ҳенри руҳафтода нашуда, тасмим гирифт, ки автомобилро аз ашёи карруфар ва шукӯҳ ба воситаи ҳамлу нақл табдил медиҳад ва бо эътимоди зиёд нисбати шуғли дӯстдоштаи худ аз кор рафт. Ба андешаи ӯ “Агар ҷидду ҷаҳд дошта бошӣ, ба ҳама кор қодирӣ, чунки ҷидду ҷаҳд асоси ҳама гуна пешравӣ аст. Вақте мебинӣ, ки тамоми олам ба муқобили ту бархостааст, ҳаминро дар хотир дор, ки тайёра ба муқобили бод парвоз мекунад!” Форд савори автомобили худ ҳама ҷоро давр зада, назди муштариён мерафт. Ин автомобил бо суръати 20 мил дар як соат (тақрибан 30 км. дар як соат) ҳаракат намуда, масофаи 60 мил (96 км.) -ро бе азнавпуркунии бензин тай менамуд ва хеле сабук буда, дар масофаи 100 км. ҳамагӣ 12 литр сӯзишворӣ сарф мегардид. Вале автомобили нави Ҳенри чандон муштариёни зиёд пайдо накард. Ин магар ӯро руҳафтода намуд? Албатта не!

НОБАРОРӢ НАНГОВАР НЕСТ

Форд бо ғайрати дучанд меҳнат мекард ва ҳаргиз аз нобарорӣ намеҳаросид. Ӯ чунин меҳисобид, ки нобарорӣ нанговар нест, балки ҳарос аз нобарорӣ нанговар аст. Албатта, ӯ ҳақ буд, чунки дар дунё одамеро дучор омадан душвор аст, ки ҳама кораш аз маротибаи аввал бобарор бошад. Матонату суботкорӣ, ҷасорату далерӣ ва устуворӣ аз сифатҳои шахси мубориз маҳсуб меёбанд. “Одамон аксар вақт ба ҷои мубориза бурдан таслим шуданро авлотар мешуморанд”, — мегуфт Ҳенри Форд.

Соли 1902 Форд автомобили худро ба таври аҷибу ғайриодӣ реклама намуд, чун ӯ беш аз ҳама моҳияти реклама ва тарғиботро дарк намуда буд. Ӯ гуфта буд: “Агар ман 4 доллар дошта бошам, 3 доллари онро барои реклама сарф хоҳам кард”. Баъди ин сафи муштариёни Форд рӯ ба афзоиш ниҳод. Ӯ аз ҳисоби ҷалби сармоягузорон ширкати хусусии худро бо номи “Ford Motor Company” таъсис дод. Ӯ тамоми донишу маҳорати худро барои сохтани автомобили содаву арзон ва боэътимод сарф намуд. Он замон ақидаи “мошин барои ҳама” на ба ҳама фаҳмо буд, балки он ба назари аксарият афсонае менамуд. Аммо ин Ҳенриро ба ташвиш намеовард, чун ӯ медонист, ки ҳама чизро аз дирӯза беҳтар сохтан мумкин аст. Форд механизм ва ҷузъиёти автомобилро сода кард ва ӯ нахустин нафарест, ки конвейерро (тасмаи ҳаракаткунандаи резинӣ) дар истеҳсоли мошинҳо дар амал ҷорӣ намуд. Ин ихтироъ ӯро аз рақибонаш пешгомтар сохт. Маҳз истифодаи конвейер орзуҳои Ҳенри Фордро амалӣ сохта, ӯро комёб гардонид.

“ФОРД-Т” – АРЗОН ВА БОСИФАТ

Истеҳсоли амсилаи “Форд-Т”, ки Ҳенри онро мустақилона сохта буд, ба ширкат даромади зиёд овард. Он бо намуди зоҳирии худ чандон фарқкунанда набуд, аммо нисбати моли рақибон арзонтар буд. Эрнест Хемингуэй аз шумори нахустин соҳибони чунин автомобил маҳсуб меёфт. Шиори “Форд-Т” на “Арзони боиллат”, балки “Арзони босифат” буд. Соли 1909 “Форд-Т” 850 $, соли 1913 бошад, он 550 $ арзиш дошт. Соли 1914 ширкат истеҳсоли “Форд-Т”-и 10-миллионнаро ҷашн гирифт. Он солҳо 10 %-и тамоми мошинҳои ҷаҳонро маҳз ҳамин гуна мошинҳо ташкил медоданд. Он сол Форд музди моҳонаи кормандонашро то 5 $ дар як рӯз боло бурд. Ӯ чунин мешуморид: “Агар шумо аз нафаре талаб кунед, ки тамоми вақт ва нерӯи худро барои кор сарф намояд, пас кӯшиш кунед, то ӯ мушкилоти молиявиро эҳсос накунад”. Комёбии ӯ на танҳо дар навоварӣ дар соҳаи истеҳсолот, балки дар қобилияти дарки афкори атрофиён низ буд. “Сирри муваффақияти ман дар он аст, ки ман андешаи дигаронро ба инобат мегирам ва бо онҳо машварат менамоям”, — гуфта буд Форд.

ИМТИЁЗҲОИ ШИРКАТИ ФОРД

Маҳз дар ширкати Форд нахустин бор дар ИМА барои кормандон басти кории 8-соата, ҳафтаи кории 6-рӯза ва рухсатии пардохтшаванда ҷорӣ карда шуд. Одамон барои кор дар ширкати Форд моҳҳову солҳо навбат мепоиданд. Ӯ низ танҳо онҳоеро интихоб мекард, ки аз кор наметарсиданд. “Вақт инро намеписандад, ки онро беҳуда сарф кунанд” – гуфта буд Форд ва ин буд, ки на ба худ ва на ба дигарон иҷозат намедод, ки вақтро бесамар истифода намоянд. “Руҳияи камтари маъмурӣ дар фазои корӣ ва руҳияи бештари корӣ дар фазои маъмурӣ” – ин буд шиори Форд. Бо андешаи он ки коргузорӣ дар раванди истеҳсоли мошинҳо монеа эҷод мекунад, Форд дар ширкат оморро барҳам дод. Дар ширкат ҷаласаҳои истеҳсолӣ гузаронида намешуд, коргузорӣ ва робита миёни шуъбаҳо вуҷуд надошт.

“ШОҲИ АВТОМОБИЛҲО”

Фурӯши моли ширкат рӯз аз рӯз зиёд мешуд ва он чунон даромаде овард, ки Форд тамоми саҳмияҳои ширкатҳои дигарро харидорӣ намуд. Аввали солҳои 1920 фурӯши мошинҳои Ҳенри Форд нисбати тамоми рақибонаш зиёдтар буд. Аз 10 адад мошинҳое, ки дар ИМА фурӯхта мешуданд, 7 ададаш мошинҳои истеҳсоли ширкати ӯ буданд. Маҳз дар ҳамин давра Форд соҳиби унвони “Шоҳи автомобилҳо” гашт. Форд барои харидории заводҳо, махзанҳо, конҳои ангишт ва ҳама чизе, ки барои истеҳсоли автомобил лозим буд, маблағгузорӣ менамуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *