Бисёр манол, амал бикун, ҳосил туро интизор аст. — Донишхона

Бисёр манол, амал бикун, ҳосил туро интизор аст.

Панду ҳикматҳои Ҳошим ГАДО

Кӯр ба бино роҳ нишон дод. Роҳнамоӣ кард. Бино ба чоҳ афтод.

***

Қафо сарро бояд роҳбарӣ кунад ё сар қафоро?

Ҷавобҳо. Ҷавоби дурусташ гӯё сар бояд қафоро роҳбарӣ кунад. Ҷавоби дигаре дар асри XXI қафо аксар вақтҳо сарро роҳбарӣ мекунанд.

Ҷавоби дигаре: қафо ҳамеша аз ибтидо то ҳозир нақши асосиро бозида буд, ҳаст ва дар оянда қафо нақши аввалро хоҳад бозид. Ҷавоби дигаре: на сар ва на қафоро дар ҷои аввал мегузорам. Ба фикри банда, ҷои муҳим ва асосӣ дар мобайн аст.

***

Кӯр ба бино роҳ нишон дод, оқибат ҳар ду дар чоҳ заданд. Рамзи ин маъниро хонанда, худ биёб.

***

Мо гуфтему гузаштем.

***

Ҳар чӣ гуфтему ҷоғ задем, ҳеҷ гӯше моро нашунид.

***

Беҳуда ҳарф мазан. Оқибаташ хуб нест.

***

Дар байни омма ривоятест, ки гӯё ҳабаш ҳеҷ бо шӯстан сафед нахоҳад шуд. Ҳ. Гадо мегӯяд, ки агар ӯро пӯсташ кунӣ, шояд каме сафед шавад.

***

Ай инсон, ту бидон, умри ту кӯтаҳ аст, бикӯш то барои башарият ниҳоли хайру саховат кишт бикун, дон бикор, то ки онҳо аз ту баҳра баранд.

Ай инсон, ту омадӣ ва бидон, ки ӯ туро на барои хӯрдану хуфтан ё танҳо барои ишқварзӣ офарид. Ӯ туро барои он офарид, ки ту қарзи инсонии худро дар назди ӯ бояд ҳатман иҷро бикунӣ. Ту қарзи худро иҷро бикун. Вассалом.

Ту инсони ҳақиқиӣ, на ин ки хасакӣ. Ту ҳамеша бидон, дар ин роҳи пурхатаре, ки ту бояд ӯро тай бикунӣ, набояд ҳеҷ гоҳе тарсӯ бошӣ. Ҳатман дар пеши роҳи ту душвориҳои бешуморанд, кӯҳҳо, баҳрҳо, ғорҳо ва хусусан тимсоҳҳо, палангҳо, агидаҳо, морҳои бешумор албатта пешвозат мегиранд. Ту барои ҳамаи ин мушкиливу душвориҳо бояд омода бошӣ.

Мард бояд барои худ қаиқе бисозад ва аз баҳр ба хубӣ гузарад. Кӯҳҳоро чун Фарҳоди кӯҳкан шикоф карда гузарад. Аз ҷангалҳои даҳшатнок мисли Самаки айёр, амалан чун бод номаълум гузарад. Ва дар охири роҳ, бо ҷуволҳои некӣ ба назди халқат, ба пеши мардум, бо халтаҳову донҳои хайру саховат пайдо бишавӣ ва ин ҷуволҳои хайратро ба назди мардум гузору худ боз ба роҳ баро.

Сареву савдое. Яке ба ин дунё меояд, чун мебинад, ки на ҳама кору бору рафтору гуфтор баробаранд, ӯ зуд гӯшанишин мешавад.

Дигаре ба хӯрдану хуфтану зоидан ва ҳар гуна майда-чуйдаи зиндагӣ машғул буда, сеюмин танҳо ба маишат ва кайфу сафо андармон мешавад.

Ту, инсон, макун амалеро, ки ба башарият зараровар аст. Кореро сар кардӣ, онро то ба охир расон. Ҳеҷ гоҳ дар ноомадии кор таслим машав.

***

Ту ҳамеша роҳи дурустро интихоб бикун, бахил ва кинагир мабош. Ҳамеша бикӯш, ки мардумозор набошӣ. Ин аст қарзи инсонии ту дар назди башарият.

***

Агар рафту ту ба бадбахтӣ дучор шудӣ, ҳеҷ гоҳе ту золим машав. Бидон, ин ҳама муваққат ва гузарост. Ҳамеша ба Ӯ такя карда, худро тасалло бидеҳ, ки ин абрҳои сиёҳ гузарандаанд.

Худ ба худ бигӯ, иншоаллоҳ ин рӯзҳои сахт ва абрҳои сиёҳ дур мешаванд. Ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ту офтоб рӯшанӣ хоҳад дод. Омин.

***

Ту, ай инсон, ҳамеша такрор бикун, ки “ман инсонам, на ҳайвон”. Ҳар рӯз бидон, ки ту дар рӯи замин як мушт хокӣ. Агар ба мардумозорӣ машғул мешавӣ, пас бидон, ай инсони хому хатала, туро ва авлоди туро маризиву дарду аламҳои бешуморе дар пеш интизор аст.

Инсон, худ худро чунин тарбия бикун. Ҳар рӯз аз субҳ то шом аввало мӯрчаеро озор мадеҳ. Бикӯш, ки пашшаеро ё хомӯшакеро озор мадеҳ. Агар онҳо туро озор доданд, ҳолу аҳволи онҳоро ба Ӯ бисупор.

Мехоҳӣ, ки дар пеши Ӯ ҳамеша пок ва арзанда бошӣ? Пас, барои мардум кишт бикун ва дон бикор.

***

Он чиро ки нисбати худ раво намебинӣ, ба наздиконат ҳаргиз макун. Аз субҳ то шом бикӯш, ки ақаллан заррае ё қатрае ба мардум некӣ бикунӣ. Ӯ ҳамаи ин рафторҳои туро ҳатман ба назар гирифта, ба ту аз ин рафтор баҳо хоҳад дод. Ӯ ба ту бад рафтор кард, ту баракс, ба ӯ некӣ бикун.

***

Агар ту аз худ бисёр рафтӣ ва нисбати одамон рафторҳои ношоиста кардӣ…, пас, бидон, туро дар он дунё кирмҳо, тортанакҳо ва оқибат дузах интизор аст. Ту, ай инсон, ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, ки ту як баргаке дар шохи дарахт муваққатан дар як фасл ба дунё меоӣ ва оқибат аз шохаи дарахт хазон шуда меафтӣ… Пас, ту андеша бикун, ки ту дар аввал кӣ будӣ ва оқибат кӣ шудӣ…

Дониста бош, ҳаёти ту муваққатӣ буд, рафтан туро интизор аст. Рафтани ту ин як лаҳзае буд, ки магасе омаду рафт. Пас, то он лаҳзае, ки ту дар болои пойҳоят устувор ҳастӣ ва дасту гӯшу чашмонат фаъоланд, бикӯш, ки беҳ бишавӣ, то ки ба рафтагон дасти кӯмак бирасонӣ.

***

Бисёр манол, амал бикун, ҳосил туро интизор аст. Дар ҷавониат ғами пириатро бихӯр. То ки дар пириву солхӯрдагиат муҳтоҷи ҳамсояат нашавӣ.

***

Ҷавонӣ, бидон, дар пеш туро пирии чорғовак, фартутӣ интизор аст. Интизоранд, мегӯянд, ки дар ҷавониат ғами фардо – пириатро андеша бикун, то ки дар пириат афсӯсҳои бешумор махӯрӣ.

***

Кам хӯр, кам хоб бикун, камҳарф бош. Ҷоғатро лаҷом бизан. Дурӯғгӯӣ? Пас, бикӯш, ки ақаллан камтар дурӯғгӯӣ бикунӣ.

Агар мумкин бошад, умуман дурӯғ магӯ, чунки кулли дурӯғгӯёнро Ӯ дӯст намедорад.

***

Рост рав. Рост гӯй. “Ростӣ растӣ” гуфтаанд. Омӯз аз харон як одатро — онҳо аз гармӣ наметарсанд. Ба хунукӣ ва гармӣ онҳо пуртоқатанд, пурбардоранд. Ин хислатҳои “нек”- и харонро мо — инсонҳо, бояд ба худ ҳамчун дарси ибрат бигирем.

***

Бисёр андеш, вале зуд ҳалли масъаларо дарёб, вагарна оқибати бозиро бохт мекунӣ.

***

Мегӯянд, аз ҳама қиматтар, болотар ва волотар саломатии инсон аст. Пас, барои он, ки шамъ сӯзад, рӯшноӣ диҳад, равғанаш бирез. Ҳарф бизан, кӯтаҳ бизан ва бидон, ҳар ҳарф ҷоеву маконе дорад. Агар ҳарфе мегӯӣ, бидон, ин ҳарф чун паррандае аз ақлат парид, паранда рафт, вале ту барои ин ҳарфат ҷавоб хоҳӣ дод.

Ба зани ҳамсояат бо чашми ҳаромӣ манигар, ба ӯ чун духтарат бингар, пок бош нисбати дигарон ва дигарон нисбати ту пок хоҳанд буд.

***

Ба қудуқ (чоҳ) туф макун, зеро ту аз он ҷо об менӯшӣ. Ҳеҷ ашхосе нест, ки ӯ аз аввали омаданаш ба рӯи ин дунё нопок бошад, золим бошад. Ӯро ту худ, гирду атроф, шароити ҳаррӯза водораш мекунад, ки ӯ золим, дурӯғгӯ ва нопок шавад.

***

Дар кӯчаи Пушкин дарахти санавбари зебо буд ва аз наздики решаи ӯ қубури об мегузашт. Водопровод буд. Ҳар субҳ шаҳрванде аз водопровод мошини мерседесашро шустушӯ мекард. Ин водопроводро ӯ бо занҷир баста ва қулфаш зада буд.

Ман ба ӯ муроҷиат карда илтимосаш кардам, ки аз водопроводи шахсиат ба бехи ин дарахти зебо об бидеҳ. Ӯ хуб гуфт, лек ман баъди он ки аз табобати тӯлонӣ баргаштам, он дарахти зебо аллакай хушк шуда буд.

Ман, ҳамчун шаҳрванд, хоҳиш ва як орзу доштам. Ба дарахтони бесоҳиб об диҳед. Онҳо ҳам мисли мо одаманд. Одамони бесоҳиб ва дарахтони бесоҳиб. Савол: мо ба куҷо равем? Ин гуна рафторҳо, бидонед ва огоҳ бошед, ки оқибаташ хуб нест.

Шуморо огоҳ мекунам. Ман хайрхоҳи шумо будам. Баландтарин ва волотарин ҳақиқат – “ростӣ ва рустӣ” дар чист? Дар хомӯшӣ ва аз нав эҳё шудан.

***

Аз марг ҳамагон медонанд, ки роҳи наҷот нест, лекин ман — Ҳ.Гадо мегӯям, ки як роҳи наҷот ҳаст. Ягона роҳ аз худ номи нек мондан аст.

***

Мо сояи Ӯем.

***

Ман, ту, вай ва дигарон офаридаи Ӯем.

***

Мегӯянд, ки занҳо табиатан донотар ва айёртаранд. Мардҳо бошанд, аз рӯи китобхонӣ.

***

Хирадмандонро дониш ба сӯи хоксорӣ мебарад. Танҳо бехирад аз донишаш ман-манӣ мекунад. Бидон, рӯшноӣ биниши чашмҳоро зирактар ва бинотар мекунад. Рӯшноӣ биниши бумҳоро боз кӯртар мекунад. Ба нобино оина чӣ лозим?

***

Мусиқии форам ба шунаванда равост. Ӯ барои корҳо дигар лозим нест.

***

Ман ки медонам, хомӯширо пеша кардаам.

***

Таклиф: бадтаринҳо набояд дар рӯи замин ҳаргиз таваллуд шаванд. Чӣ даркор рӯи замини пур аз “баклашка” ва банкаи холиву ахлотҳои бешумор. Хас кам — ҷаҳон пок.

***

Бузургон ҳамеша танҳоянд. Ва дар охир дар танҳоӣ мемирад.

***

Ҳеҷ гоҳе орзуи бузургиро накунед. Як бузург бас аст. Ононе, ки мусиқӣ ва шеъро дӯст намедоранд, ман онҳоро ба қатори ҳайвонҳои бе дум ва бе шох мешуморам. Агар ман ноҳақам, маро бубахшед, хонандаҳо…

Омадӣ ба рӯи олам, ин ту не?

Пас, агар лаззатҳои ӯро начашида равӣ, пас, ту бохтӣ.

***

Ононе, ки ишқро аз сарчашмааш начашида рафтанд, агар намеомаданд, боз беҳтар буд. Ту аз зоғҳо тозагӣ ва сафедиро ҳаргиз хоҳон машав. Зоғ зоғ аст.

***

Ту кай ва дар куҷо дидӣ, ки бозингар ҳалол бозӣ кунад?

***

Ту дар куҷо дидӣ, ки мор бе заҳр шавад. Ӯ ҳатман бояд дар ҷиғилдонаш заҳр дошта бошад.

***

Ту тамоми рӯи оламро саросар бигард. Ту дар ҳеҷ кунҷи олам зане нахоҳӣ ёфт, ки ӯ ба шавҳараш дурӯғ нагӯяд.

***

Бе доғ шавед…

***

Дар хонае, ки дароӣ, чашму забонро нигоҳ дор.

***

Ҳамеша бо ҷамоат ва омма ёру дӯст бош.

***

Кафш, мӯза ё маҳсӣ, ки мепӯшӣ, ибтидо аз пои рост ва бадар овардан аз пои чап кун.

***

Ба ҳеҷ кас маслиҳат мадеҳ. Аз ҳеҷ касу нокасе маслиҳат мапурс.

***

Беҳудаву баҳуда ғам махӯр. Бидон, ҳама ғамҳо охир ва поён доранд.

***

Ҳамеша камгап ва камҳарф бош.

***

Бештар гӯш кун.

***

Бештар андеша бикун ва кам ҳарф бизан.

***

Даҳонатро ҳамеша лаҷом бизан.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *