Умед аз ноумедиҳо…

Беҳрӯз ба донишгоҳ дохил шуд, вале дар шаҳр ҷои зисти доимӣ пайдо карда натавонист. Ӯ чанд моҳи аввали таҳсилаш аз барои ҳалли ҳамин мушкилӣ сарсон шуду ба дарсҳояш дуруст расидагӣ карда натавонист. Вазъи молиаш ҳам чандон хуб набуд. Ҳатто баъзе рӯзҳо як бурда нон ба даҳон набурда занги телефони модарашро интизор мешуд, ки кай аз деҳа барояш чизе аз хӯрданӣ равон мекунанд.

Баъди он ки дар яке аз бозорҳои шаҳр чун мардикор ба кор шуруъ кард, зиндагиаш ранги дигар гирифт. Барои Беҳрӯз як ҷавони лоғарандом кашонидани чӯбу тахта, халтаи семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ осон набуд. Аз он ки ягона роҳи даромадаш буд, тоқат мекард ва умед ба ояндаи нек мебаст. Ин ҳам дер давом накарду баъди як моҳи корӣ Беҳрӯз мубталои бемории чурра (грижа) шуд ва ба беморхона афтод. Баъди ҷарроҳӣ ва аз беморхона ҷавоб шуданаш ҳамоно саломатиаш мисли пештара хуб нашуд. Маҷбур шуд, ки ба хона рафта табобаташро пурра кунаду баъд ба шаҳр омада дарсҳояшро идома диҳад. Ҳамин тавр ҳам кард. Аммо баъди аз деҳа баргаштанаш дигар тавони кори ҷисмонӣ кардан надошт. Ин бор бепулӣ, сардии ҷои зист ва вазъи бади саломатӣ Беҳрӯзро аз давоми таҳсил ба тамом боз дошт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ ҳамеша кӯшиш менамуд, ки дар роҳи интихобкардааш устувор бошаду ба ноумедӣ роҳ надиҳад. Гӯё ин ҳама ба Беҳрӯз таҷриба мешуду ӯро пӯхта мегардонд.

Баъди ним сол Беҳрӯз ба шуъбаи ғоибонаи таҳсил гузашту ба идорае ба кор даромад. Ба бахти ҷавон ҳам кораш осон буду ҳам таҷрибаи кордонияш зиёд мешуд. Хуллас, баъди ҳама ноҷуриҳои ҳаёт роҳе пайдо шуду аз нав дарахти орзуву умед дар дили Беҳрӯз ба гул кардан оғоз кард…

“Ҳеҷ чизе дар дунё бадтар аз ноумедӣ нест ва номи дуюми мавт ноумедист” мегӯянд. Дар воқеъ ноумедӣ баробар ба марг аст. Ҳатто баъзе ҳолатҳо ноумедӣ инсонҳоро то ба худкӯшӣ мебарад. Инсон замоне ноумед мешавад, ки бо ягон сабаб ва ё рухдод аз зиндагӣ дилсард шуда, ҳадафашро гум мекунад. Ин ҳолатест, ки дар зиндагӣ аксарияти одамон ба он гирифтор мешаванд.

Ба назар чунин мерасад, ки аксари инсонҳо дар ҳини ҷавонӣ бештар ба ин мушкилӣ дучор мешавад. Агар аз дилхоҳ ҷавон пурсем, ки: “Оё боре ноумед шудаед?” Дар ҷавоб аксарият “ҳа”-мегӯянд ва доир ба лаҳзаҳои ноумедии худ ҳатман як сабабу саргузашт доранд. Яке аз ҷои кори дилхоҳ наёфтан, дигаре барои дар мактаби мехостааш таҳсил накардан, сеюмин аз сабаби ноҷуриҳои хонаводагӣ ва ба ҳамин монанд аз мақсаду орзуи хеш ноумед шуда, аз роҳи интихобкардаашон пас мегарданд. Ба гуфтаи равоншинос Набиуллоҳ Суннатӣ руҳияи ҷавонон имруз бо сабабҳои зиёд шикаста мешавад, ки омили аслиаш аз тарбияи сусти онҳо дар оила сарчашма мегирад: “Бояд волидон аз хурдӣ ба фарзандонашон устуворӣ ва ноумед нашудан аз пешомадҳои зиндагиро омӯзанд”.

Ба андешаи ин равоншинос бояд ҷавонони мо зиндагӣ ва тарзи пешбурди онро аз аврупоиҳо биёмӯзанд. Ӯ зиёд будани сатҳи худкуширо дар кишвари мо мисол оварда чунин андеша меронад: “Пеш аз ҳама ҷавонони мо бояд таҳаммулгароиро омӯзанд. Албатта, дар ҳама ҷо худкушии ҷавонон ба назар мерасад, аммо дар кишвари мо назар ба аврупоиҳо ин амали зишт хеле зиёд аст. Дар аксар ҳолат вақте омилҳои худкуширо таҳқиқ мекунанд, маълум мешавад, ки онҳо дар муқобили кучактарин мушкилӣ истодагарӣ карда наметавонанд. Пас аз он ки дар зиндагӣ ноумед шудаанд роҳи ягонаро дар нест кардани худ мебинанд. Сабаби аслии зуд ноумед шудани мо бошад, ин дӯст дошта натавонистани зиндагӣ мебошад. Агар инсон зиндагиро дӯст дошта тавонад, дар ҳама ҷодаи интихобкардааш пирӯз мешавад ва асло ба қафо барнамегардад. Балки ҳар шикаст ба ӯ таҷриба шуда, беш аз пеш усувораш мекунад”.

Дар ҳақиқат дар ҳама ҳолат агар умқан андешем, барои раҳонидани худ аз ноумедӣ ҳатман роҳу василае мавҷуд аст. Моро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат кӯшиш кунем, ки аз ноумедӣ ба умед доштан гузарем. Барои дубора умед бастан бошад моро иродаи мустаҳкам ва руҳи хастанопазир лозим аст. Зимнан дар ҳама вазъ ба мо чораи раҳоӣ мавҷуд аст. Ташбеҳи дар зер овардаамон, ки доир ба муҳимияти умед доштан аст, аз манфиат холӣ нест:

Дар ривояте омадааст, чаҳор шамъ бо оромӣ дар ҳоли сӯхтан буданд. Аз он ки атроф орому сокит буд, суҳбаташон ба хубӣ шунида мешуд. Аввалӣ гуфт:

— Ман сулҳам, касе наметавонад, ки маро барои ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад. Ман мутмаинам, ки хомӯш мешавам. Лаҳзае нагузашта шӯълааш коҳиш ёфт ва хомӯш гашт.

Дуюмӣ гуфт:

— Ман имонам, ки мардум аз зарурати вуҷуди ман бехабаранд. Вақте суханаш ба поён расид, насиме вазид ва онро ҳам хомӯш кард.

Шамъи сеюм бо нороҳатӣ гуфт:

— Ман ишқам, тавони рӯшан монданро надорам. Мардум маро ба каноре ниҳодаанд ва аз аҳамияти ман бехабаранд. Замоне нагузашт, ки ӯ ҳам хомӯш шуд.

Ногаҳон кӯдаке ворид шуд ва бо дидани се шамъи хомӯш гуфт:

— Чаро хомӯш гаштаед? Шумо бояд ҳамаатон рӯшан бошед ва шуруъ ба гиристан кард. Дар ин лаҳза шамъи чаҳорум гуфт:

— То вақте ман медурахшам, метавонам шамъҳои дигарро низ дубора биафрӯзам. Ман умедам. То ҳастам ҳамаи мо дубора метавонем рӯшан боқӣ бимонем. Кӯдак бо чашмҳои дурахшон шамъи умедро бардошт ва бо он шамъҳои дигарро рӯшан кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *