Ба мушкил тан набояд дод! — Донишхона

Ба мушкил тан набояд дод!

Дар ҷомеаи мо қариб ҳама як мушкил дорад. Нафареро ёфтан душвор аст, ки бе проблема бошад. Аммо мушкил доштан дигар асту мушкилро ҳал кардан ё ба суроғи роҳи ҳаллаш афтодан дигар. Иддае аз одамон барои ҳалли мушкилашон ба таври ҷиддӣ талош намекунанд. Асосан мушкили ин гурӯҳ он нест, ки мушкил доранд, балки он аст, ки ба мушкили доштаашон тан додаанд.

Масалан, онҳое, ки ба кори тиҷорат машғулӣ доранд, ҳамин ки корашон барор нагирифт, “қисмат ҳамин будааст” гӯён таслим мешаванд. Албатта, таваккал кардан хуб аст, вале аз он пештар бояд мо барои ҳалли мушкиламон ҷаҳд кунем. Ё ин ки кори як фурӯшгоҳ худ аз худ пеш намеравад. Барои пешрафт бояд фурӯшандаҳоро ба кор гирад, соле як ду бор аксия ташкил кунад, муомилоту доду гирифти тиҷоратӣ карда тавонад… Мисоли дигар. Дар мактабҳо ҳам зиёд хонандагон ва донишҷӯёне ҳастанд, ки бо сабаби худро “нишон надодан” аз мадди назар дур мемонанд ва аз ҳавасмандгардонӣ ва руҳбаланднамоии омӯзгор маҳрум мегарданд. Дар ин ҷо хонанда/донишҷӯ бояд ки ба омӯзгор наздик шуда, ҳаваси муваффақ шуданро доштанашро ба ӯ маълум намояд. Мисолҳои нисбатан хурде ҳам ҳастанд дар рӯзгори мо. Масалан шумо дар ҷое (мағоза, бонк ё кадом идорае) навбат поида истодаед, мебинед, ки нафаре аз куҷое пайдо шуда омаду бе навбат корашро тамом карда гузашта рафт. (Дар бисёри маврид ӯ ё шиноси мағозачӣ аст ё шиноси мудири бонк ё хеши масъули ҳамон идора). Вале касе ба истиснои қошу қавоқ овехтан ба рафтори он нафар аксуламали ҷиддие намекунад. Ё дар нақлиёт рафта истодаед, ронанда канори роҳ нигоҳ дошта, ду ё се нафарро савор мекунад, дар сурате ки нақлиёт ҳамагӣ барои як нафар ҷои нишаст дорад. Саворшудагон ҳатман ҷои шуморо танг мекунанд ё рӯй ба рӯйи ҳам нишаста вазъияти нобобро ба вуҷуд меоранд. Шумори чунин мисолҳоро метавон афзуд.

Масъалаи асосӣ, чунон ки болотар ҳам зикр шуд, мавҷудияти мушкилиҳо нест, балки адами худбоварии шахс аст, ки барои ҳалли мушкилиҳо нақши асосӣ мебозад. Аз ҷониби дигар онҳое, ки роҳу равиши муносибати солим барпо карданро намедонанд, мушкилаҳалкунии эшон метавонад барояшон дарди сар эҷод кунад ё ба бархурди тезу тунд боис гардад. Масалан, донишҷӯе, ки барои ҳақи худ талош мекунад, бинобар хатои усулӣ содир карданаш метавонад то ба хориҷ шудан аз донишгоҳ бирасад. Ё як нафаре, ки роҳу равиши корро намедонад, “бизнеси худамро шуруъ мекунам” гуфта, метавонад худро ба муфлисшавӣ оварад. Мисоли ин гуфта ҳамон рақобати нонфурӯшон аст. Ду марди нонпаз, ки дӯконҳояшон рӯ ба рӯи ҳам воқеъ гашта буд, рақобат мекунем гуфта, нархи нонро аз ҳолати муқаррарӣ поён фаровардаанд. Давоми як сол кор ба дараҷае расидааст, ки ба муфлисшавӣ оид шудаанд. Нонпазҳо ночор бо ҳам созиш карда, аз нав нархи нонро ба ҳолати пештара баргардондаанд… Бардоштҳо аз ин мисолҳо он аст, ки барои ҳалли масъалаҳои пешомада мо бояд бо худбоварӣ ба пеш ҳаракат кунем ва ин ҳаракат бояд моро ба натиҷаи мусбат расонад.

Онҳое, ки барои ҳалли мушкилашон ҷасорат доранд, вале чи кор кардани худро намедонанд, ҳатман бояд аз нафарони огоҳ ёрмандӣ бипурсанд. Манзур аз ёрмандӣ маслиҳат аст, яъне барои ҳалли мушкили худ ақидаи дигаронро шунавем. Нафари ёрирасон метавонад, ягон нафаре аз оила, муаллимамон ё роҳбарамон дар коргоҳ бошад… Ба ҳар ҳол нафаре буданаш даркор ки ба мушкил дохил набошад. Яъне мушкил ба ӯ ҳам дахл надошта бошад. Масалан агар дар коргоҳ шуморо бо мудири шуъбаи худ мушкиле пеш омадааст роҳи ҳалро на аз мудири шуъбаи худ, балки аз мудири шуъбаи дигар бояд пурсид. Ё бо хушдоманатон проблема доред, барои ҳалли проблема ба хусуратон муроҷиат кардан чандон созгор ё муносиб нест.

Ҳамин тавр, ҳар як нафар, хоса ҷавонон бояд барои ҳалли мушкили худ ба пеш қадам гузоранд, қадамҳо бузург буданашон шарт нест, муҳим ки огоҳона ва натиҷаовар бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *