Нерӯе муҳофизатгар — Донишхона

Нерӯе муҳофизатгар

Агар ҳаёти инсонро ба давраҳо тақсимбандӣ кардан мумкин бошад, пас, то 25-солагӣ айёмест, ки кас бояд ба “анбори дониш”-и худ захира кунад. Ҳар тадрису омӯзиш, ҳар донишу маълумоте, ки дар ин давра андӯхта мешавад, барои давраҳои минбаъдаи ҳаёт дархӯр ва коромад мегардад. Ба ибораи дигар, нақше, ки дар ин давра ба зеҳну майнаи мо кашида мешавад, маҳз аз рӯи он мо дар солҳои баъдии ҳаётамон амал мекунем. Агар дар давраи аввали ҳаёт “анбор” номукаммал ва холӣ монад, дар идома танқисиву парешониҳо пеш хоҳад омад.

Ин дар ҳолест, ки омӯхтан ва омӯзонидан ду вазифаи басе муҳими инсон аст. Тавассути ин вазифа аҳлияту тавонмандие, ки дар руҳи инсон вуҷуд дорад, берун оварда шуда, ҳамчун як армуғон ба ҷомеа тақдим мегардад. Баракси ин, аз фарде, ки аз роҳи омӯзиш нагузаштааст ва дар зиндагӣ ба касе чизе наомӯхтааст, ҳувияти иҷтимоӣ суроғ кардан беҳуда аст. Зеро адами омӯзиш боис шуда, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва арзишҳои такмилбахши вай ташаккулнаёфта боқӣ монанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳар он чи ки омӯхта мешавад ва омӯзонида мешавад, бояд барои инсон дар торикиҳои зиндагӣ ҳамчун машъал хизмат кунад. Бояд барои дурусттар шинохтани дунё ва хубтар сарфаҳм рафтани раванду ҳодисаҳо ба инсон ёрӣ расонад…

Мутаассифона, чанд соли охир рағбат ба омӯзишу парвариш дар ҷавонони мо камтар гаштааст, ба мактабу донишгоҳ бе майлу хоҳиш мераванд, пушти мизи синфхона тамоман бидуни завқу ҳавас нишастаанд. Майнаи ҷавононро ба ҷои омӯзиш як силсила машғулиятҳои нодаркори саргармкунанда банд кардааст.

Муҳассилини танбали замони мо ё онҳое, ки бар асари муҳиту “ҳаво”-и вайрон танбал гаштаанд, аз омӯзиш дида бештар пушти он чизҳое мегарданд, ки бидуни меҳнату машаққат ба даст ояд. Он чи ки имрӯз эшонро бештар аз ҳама машғул доштааст, таваҷҷуҳ ба ҳаёт ва фаъолияти баъзе варзишгарон/футболбозони хориҷӣ, ҳавасу ҳаяҷони зиёд ба техникаи рақамии замона ва ғ. мебошад. Барои ин зумра муваффақият ё инсони бузург шудан, ки заҳмат металабад, бисёр чизи нафратовар аст. Кор кардан/таҳсил кардан, хусусан аз рӯи метод ё системаи муайян фаъолият намуданро асло хуш надоранд.

Ҳол он ки дониши хубу зебо монанди артишест, ки алайҳи парешонӣ ва беномунишонӣ мубориза мебарад. Кас ин нерӯро танҳо бо омӯзиш аз мактаб ва муҳити мактабӣ гирифта метавонад. Ӯ танҳо бо рӯ овардан ба ин муҳити раҳнамокунанда ва нурбахш метавонад бо зиштиҳо муқовиматпазир бошад.

Маҳрум будан аз дониш ва ҳеч чиз надонистан дасту пои касро баста, ӯро аз мудофиа маҳрум мегардонад. Ба ҷои зебоиву накуиҳо ба кас омӯзонидану талқин кардани зиштиву бадиҳо ва маълумоти хато бошад, руҳи касро “фалаҷ” мегардонад. Басо таассуфовар аст, ки ба ин ҷиҳат ҳанӯз диққати ҷиддӣ зоҳир нашуда ва ҷавонон ҳам аз худтакмилдиҳӣ дида бештар паи фароғату ишратанд… Афсӯс, ки ҷавонӣ айёми ҷаҳлу нодонисту пирӣ замони заъфу нотавонӣ. Вагарна ҷавонон ба ҷои овораву сарсарӣ гаштан чанг ба домони омӯзиш мезаданду ҳар як фурсати пешомадаро барои рушди маънавии хеш сарф мекарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *