Ларри Эллисон: “Ман ғалабаро дӯст медорам”

Ларри Эллисон – муассис ва роҳбари яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон “Oracle”, асосгузори дуввумин ширкати бузургтарини компютерӣ дар ҷаҳон мебошад, ки соли 2013 тибқи баҳогузории маҷаллаи Forbes дар рӯйхати ашхоси сарватмандтарини дунё ҷои панҷумро ишғол намуда буд. Аз шуғлҳои дӯстдоштааш ҳамасола то якчанд миллиард доллар зиёд намудани молу сарват ва лаззат бурдан аз ҳаёт мебошад. Ҳама муваффақияти хешро самараи ҷидду ҷаҳд ва заҳматҳои чандинсолааш меҳисобад.

КӮДАКИИ ДУШВОРУ АСРОРОМЕЗ

Ларри (Лоуренс) Эллисон соли 1944 дар ИМА ба дунё омадааст. Модараш, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, дар нуҳмоҳагӣ ӯро ба тарбияи холаву тағоҳояш дод. Ӯ модари биологии худро тули 48 сол надид. Танҳо баъди он ки муфаттиши шахсӣ киро намуд, Ларри тавонист аз рӯзгори кӯдакии худ ба пуррагӣ огаҳӣ пайдо кунад.

Ларри ҳанӯз аз хурдсолӣ бо феълу атвори бад ва дағалии худ фарқ мекард. Ӯ мустақилу озод ба воя расида, хеле бебоку нотарс буд. Ин буд, ки ҳамеша миёни ӯ ва тағояш баҳсу ҷанҷолҳо сурат мегирифт. Тағои Ларри, ки ба ҷои падар ӯро ба воя расонида буд, яҳудинажод ва зодаи Қрим буда, дар Амрико ба тиҷорат машғул буд. Аммо ӯ дар давраи таназзули бузург ҳама дороии худро аз даст дод. Ларри даврони кӯдакӣ ва наврасии худро бо кароҳату бадбинӣ ба ёд меовард. Сарзаниш ва хӯрдагириҳои ҳамешагии тағо, баҳои бад дар мактаб, маломату сарзанишҳои муаллимон, хатоҳо ва камбудиҳои зиёд дар варзиш ва амсоли инҳо мудом ба ӯ ҳушдор медоданд, ки ӯ асло миллионер нахоҳад шуд. Аммо аҷиб, ки маҳз ҳамин лаҳзаҳои нохуш ва маъюскунандаи ҳаёташ барои ба зинаҳои муваффақият гом гузоштан кӯмакаш намуданд.

ҚОБИЛИЯТИ ФАВҚУЛОДА

Ларри таҳсилро дӯст намедошт, вале ба мутолиаи китобҳо ва ҳалли масъалаҳое, ки аз барномаи мактаб берун буданд, мароқи хосса зоҳир менамуд. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки бе заминаи хуби дониши мактабӣ ба ҳама ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Ғайр аз ин, Ларри қобилияти хуби иншои ҳар гуна қиссаҳоеро дошт, ки қаҳрамони онҳо худи ӯ буд. Миллиардери оянда чунин меҳисобид, ки чизи муҳим дар дунё ин на ишқу муҳаббат, балки эҳтироми дигарон аст.

КОР БО КОМПЮТЕР АЗ МӮД ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Ларри аллакай дар мактаб ҷиҳати барномасозии компютерӣ фармоишҳо қабул мекард ва даромадаш аз даромади омӯзгорони ҳар гуна донишгоҳҳо зиёдтар буд. Ӯ аз ин машғулияти худ хеле қаноатманду розӣ буд. Ӯ тасдиқ мекунад, ки соҳаи компютерӣ бештар аз ҳар гуна мӯдҳои занона аз мӯд вобастагӣ дорад. Яъне, он таваҷҷуҳи зиёд ва эҷодкориро тақозо мекунад.

Баъди хатми мактаб Ларри ба донишгоҳи штати Иллинойс дохил шуд. Аммо онро нотамом гузошта, аз паи дарёфти роҳу усулҳои пул кор кардан шуд. Ӯ ҷойҳои кории зиёдеро иваз менамуд. Баъди як сол ӯ ба донишгоҳи Чикаго дохил шуд. Бо вуҷуди он ки ӯ яке аз донишҷӯёни бомаҳорат буд, барои танбалӣ ва дермониаш дар соли аввал аз донишгоҳ хориҷ гардид. Ларри моҳияти номукаммалии маълумот ва номутобиқатии назария ва амалияро дарк карда буд. “Маълумотнокӣ дар тиҷорат бартарият аст, аммо он гарави муваффақият нест”.

ҚАДАМҲОИ НАХУСТИН ДАР ТИҶОРАТ

Ларри дар синни 20-солагӣ бо дониш ва таҷрибаи мукаммал оид ба технологияи компютерӣ ба Калифорния баргашт. Он ҷо ӯ фармоишҳои ҷиддӣ қабул намуда, даромади хубе ба даст меовард. Вале ӯ пулро захира ва сарфа карда наметавонист, балки ҳама даромади худро бебаркаш дар муддати кӯтоҳ харҷ мекард. Вале ӯ як нуктаро хуб медонист: касе, ки зудтар аз ҳама идора кардани иттилоотро аз бар мекунад, ӯ ғолиб хоҳад буд. Он лаҳзаҳо ӯ ба худ ва атрофиён бо эътимоди зиёд мегуфт, ки ҳатман миллионер хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки медонист: сарватманд шудани як ҷавони муқаррарии велосипедсаворро, ки бо сару либоси обшуста гашта, дар ошхонаи арзон хӯрок мехӯрад, на ҳар кас тасаввур карда метавонист.

Ва оқибат Ларри чунин нақшаҳоеро тарҳрезӣ ва роҳандозӣ намуд, ки ӯро ба яке аз ашхоси сарватмандтарини олам мубаддал гардонид. Ӯ чанд вақт дар ширкате кору фаъолият дошт, ки он барои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА барномасозӣ мекард. Ана ҳамин фаъолият ба муваффақияти беназири Ларри Эллисон ва ширкати “Oracle” замина фароҳам овард.

Эллисон дар яке аз баромадҳояш гуфта буд: “Вақте ман “Oracle”-ро таъсис додам, танҳо он фазоеро муҳайё кардан мехостам, ки дар он бо қаноатмандӣ фаъолият карда тавонам”. Ӯ махзани маълумотиеро омода намуд, ки дар он тамоми иттилооти заруриро – шуруъ аз рӯйхати кормандон то ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, пайдо кардан мумкин буд. Ғайр аз ин, муштариён аз ширкат талаби омӯзиш ва машварат намуданд. Ҳамин тариқ, бахши IT-машваратӣ тавлид ёфт. Вале рушди ширкат бо ҳамин маҳдуд нашуд. Ларри системаи амалиётиеро таъсис дод, ки он даромади ширкатро бамаротиб афзун гардонид. Саҳмияҳои “Oracle” дар биржа пайдо шуданд ва бори нахуст соли 1986 номи Ларри Эллисон дар рӯйхати маҷаллаи Forbes ҷо гирифт. Он замон дороии ӯ 185 млн. долларро ташкил дода буд.

ФАТҲ КАРДАНИ БОЗОР ҶАНГ АСТ

Соли 1990 ширкат ба буҳрони молиявӣ дучор гардид. Аксари муштариён бо рақибон ба муомилот пардохтанд. Он замон рақиби асосии ширкати Ларри Эллисон Билл Гейтс буд. Даромади ширкати “Oracle” якбора зиёда аз панҷ маротиба паст гардида, он дар як сол зиёда аз 800 миллион доллар кам шуд. Ғайр аз ин, ширкатро бо ҷурми пинҳон доштани даромаднокӣ, қаллобӣ ва муҳосиботи нодуруст муттаҳам намуданд. Ба Ларри лозим омад, ки қарзҳои зиёди худро баргардонад.

Аммо ин ҳама иродаи Ларриро шикаста натавонист. Ӯ фавран ҳайати кормандони худро иваз намуда, танҳо менеҷерҳои таҷрибадору мутахассисони касбиро ба кор ҷалб намуд ва худ низ пурра ба такмил додану беҳтар сохтани сифати маҳсулоти хеш камар баст. Ва ин ҳама ҷидду ҷаҳд ӯро боз ба зинаҳои шӯҳрат раҳнамун сохт. Соли 1991 ширкати “Oracle” соҳиби нахустин миллиард доллари худ гардид ва ҳамасола даромадашро афзун менамуд. Он соли 2004 ширкати “People Soft” ва соли 2006 ширкати “ВЕА”-ро харид.

Ларри фатҳ кардани бозорро ҷанг меномид ва дар ин роҳ аз ҳама гуна муҳорибаи шадид истифода менамуд. “Ман ғалабаро дӯст медорам. Ҳар як ғалаба майлу рағбатро ба ғалабаи навбатӣ бештар менамояд”, — гуфта буд Эллисон. Соли 2009 сарвати Ларри Эллисон зиёда аз 43 миллиард долларро ташкид дод, ки нисбати соли пешин 7 миллиард доллар зиёдтар буд. Дороии ӯ сол то сол тамоюли болоравӣ дорад.

ҚОИДАҲОИ ХОССАИ ФАЪОЛИЯТИ ЛАРРИ ЭЛЛИСОН

Миллиардере, ки дороияш бо суръати кайҳонӣ боло меравад, чунин андеша дорад, ки агар шумо дар тиҷорат “№ 1” буда натавонед, пас он ҷои шумо нест. Ӯ тамоми саъю кӯшиш ва нерӯи хешро баҳри ташаккул ва равнақ додани фаъолияти даромаднок сарф мекунад. Ӯ танҳо нафаронеро ба кор қабул мекунад, ки мушкилнописанду заҳматталаб бошанд. Ҳангоми суҳбати қаблӣ корманд бояд ба ин суол ҷавоб диҳад: “Шумо дар донишгоҳ аз ҳама доно будед?” Агар ҷавоб мусбат бошад, ӯро ба кор қабул мекунанд, агар манфӣ бошад, пас мепурсанд, ки аз ҳама доно кӣ буд ва ба ӯ занг мезананд. Барои Ларри ҷои кори қаблии корманд аҳамият надорад, барояш танҳо суботкориву шуҷоат ва хоҳиши зиёди муваффақ шудани корманд муҳим аст. Эллисон мегӯяд: “Пул ҳама мушкилотро аз байн мебарад. Ман кори худро аз сифр оғоз намудам ва барои ман 10 миллион доллар маблағи калон аст. Вале ба ман танҳо миллиард лозим аст. Ман ҳам давраи нодорӣ ва ҳам дороиро аз сар гузарондаам ва хуб медонам, ки кадомаш беҳтар аст. Албатта, дороӣ!!! Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки хушбахтӣ дар пулу мол нест. Пас, ман ба онҳо чунин мегӯям: пулҳои худро ба ман диҳед, ман медонам, бо онҳо чӣ кор кунам…”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *