Нокомиатро ҳам истифода бар!

Дар нуздаҳсолагиам ба ман муяссар нашуд, ки ба донишгоҳ дохил шавам. Чунки аз оилаи камбағал будам, пул надоштем. Бинобар ин, ман ба китобхона рафтам. Ҳар ҳафта се рӯз ман ба китобхонӣ машғул шудам ва ҳамин тавр дар бистуҳафтсолагиам ба ҷои донишгоҳ китобхонаро хонда тамом кардам.

Рэй БРЭДБЕРИ, нависандаи амрикоӣ

Дар ҳаёт зиёд мешавад, ки хостаҳои мо амалӣ намегарданд ё ба қавли Ҳофиз “чархи гардун бар муроди мо” намегардад. Мо як чиз мехоҳем, вале чизи дигар пеш меояд. Ин ҳолатро дар ҷавонон имрӯз зиёд мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусан дар донишҷӯёни чанд соли охир. Чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон даромадан ба мактаби олӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Хубиву бадии ин масъалаи дигар аст. Вале як чиз маълум аст, ки на ҳамаи онҳое, ки ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, аз ҳоли худашон мамнунанд. Зеро онҳо мехостанд, ҳуқуқшинос шаванд (ин ихтисосро аксари донишҷӯшавандаҳо мехоҳанд), вале бал ё холи гирифтаашон ба ҳуқуқшиносӣ не, балки ба ихтисоси дигари интихобкардаашон (физик, химик, таърихчӣ, филолог, журналист…) мувофиқ омад. Дар натиҷа ба он чи ки сахт мехостанд ё касе тавсия дода буд, ноил нашуданд. Ба ҳар сурат, “аз “облава” эмин” гуфта, ба хондан ба ихтисоси барояшон дуюмдараҷа ё сеюмдараҷа ҳам розӣ шуданд…

Вале аз ибтидо ки дилашон чандон ба ихтисоси дуюму сеюми интихобкардаашон гарм набуд, солҳои таҳсилро ҳам дилу бедилон мегузаронанд. Вақте аз онҳо пурсед, ки чаро суст мехонанд, чаро ҷиддӣ ба омӯзиш машғул намешаванд, мегӯянд: ман дигар ихтисосро мехостам, вале балам нарасид, ночор ба ихтисоси дигар даромадам. Ҳол он ки чор ё панҷ соле, ки дар ихтисоси барояшон дуюмдараҷа ё сеюмдараҷа мехонанд, агар ҷиддӣ ба таҳсил машғул шаванд, мутахассис шуданашон имкон дорад. Баъди хатм ҳоло ҳам агар дилашон ба ҳамон ихтисоси аввал гарм бошад, метавонанд ба донишгоҳ даромада, ҳамчун маълумоти дуюм таҳсил намоянд. Дар натиҷа соҳиби ду маълумот ва мутахассиси ду соҳа мегарданд.

Мисоли дигар мушкили бекорист. Дар ҳаёт бисёре аз мо ба ин масъала рӯ ба рӯ шудаем/мешавем. Хусусан дар замони буҳронҳои иқтисодӣ ин ногузир аст. Вале буҳронҳои шахсӣ, манзур бекормониҳо ё бепулмониҳоро мешавад, ки ба фурсати муносибе табдил дод. Бекор мондани мо монанд ба он аст, ки пеши мо аз нав коғази сафеду тозае гузошта шудааст ва месазад, ки рӯи ин коғаз нақшаву ниятҳои навро тарҳрезӣ кунем. Яъне, бе вобастагиву алоқамандӣ ба гузашта паи тарҳи кори наве гардем. Агар бекор мондем ё дар тиҷорат муфлис шудем, пас, дар хусуси нисбатан касбитар ё профессионалитар кор кардан андеша кунем. Агар то бекор мондан ё муфлис шудан худамон роҳбар будем, баъд аз ин ибо накарда метавон ба паҳлӯи касе гузашта кор оғоз кард. Ҷои айбаш нест. Ин метавонад, ки барои аз нав ба низом ва тартиб омадани фикру андешаҳоямон ёрӣ расонад.

Гоҳо нокомиҳои муваққатӣ ва буҳронҳои шахсӣ ҳам фурсати хубе ҷиҳати расидан ба муваффақият ва ташаккули худи мо шуда метавонанд. Пас, месазад, ки аз нокомиҳоямон ҳам истифода барем. Зеро онҳо чашми моро мекушоянд, то ин ки имкониятҳои мавҷударо бинему шиносем!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *