Далелҳои ҷолиб аз ҳаёти Эйнштейн

Падари бомбаи атомӣ Алберт Эйнштейнро шояд нафаре набошад, ки нашиносад. Ӯ зодаи шаҳри Улми Олмон аст. 14 марти соли 1879 таваллуд шудааст. Аввали таҳсилашро дар шаҳри дигари Олмон — Муних идома дода, онро дар Шведсария ба анҷом мерасонад. Ӯ ин корро барои он кард, ки соли 1905 аз Олмон бадарға шуд ва худро ба тобеияти давлати Шведсария пайваст.

Ӯ аввалин нафаре буд, ки Амрикоро аз хатари атомӣ шудани Олмон огоҳ намуд. Бо вуҷуди он ки тарҳи бомбаи атомӣ аз ҷониби ӯ пешниҳод шуда буд, аммо иштирок кардан дар банду басташро рад кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аввалин бомбаи атомиро амрикоиҳо сохтанд ва онро дар ду шаҳри Япония – Херасима ва Нагасаки “таҷриба” намуданд, ки фоҷиаи он дар таърих назир надорад. Баъд он Эйнштейн дакр намуд, ки илму дониши ӯ барои пешрафти ҷамъият набудааст, балки он барои ҷаҳон хатари калон эҷод кард. Аз ин рӯ, ҳамроҳ бо Бертронд Росел, файласуфи маъруфи англис “наҳзати зидди ҷанг ва маҳдудияти салоҳи атомӣ”-ро таъсис доданд. Онҳо бо ин амалашон аз тарафи комиссияи мубориза бо коммунизм бо роҳбарии Мак Корти таҳти таъқиб қарор гирифт. Ин комиссия дар он замон барои равшанфикрон ва муборизон парвандасозӣ мекарду онҳоро муҳокима менамуд. Эйнштейнро ҳам муттаҳам намуданд, ки коммунист ва ҷосус аст, вале ин ба барандаи ҷоизаи Нобел ва падари назарияҳои пешрафтаи илми физика коре карда наметавонист.

Дар охири умраш Эйнштейн аз худ як муборизи сулҳдӯст нишон медод ва пайваста зидди ҷангу ҷидол сухан мегуфт. Ӯ соли 1955 дар шаҳри Бринстон аз олам даргузашт.

Дар ҳаёти ҳама нобиғаҳо факту далелҳои аҷиб мавҷуданд, ки на ҳама аз онҳо воқиф ҳастанд. Аз ҷумла дар ҳаёти Эйнштейн низ аҷоиботе нуҳӯфта аст, ки инсонро ба ҳайрат меоварад. Бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни интернетӣ чанде онро барои мисол пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.

1. Замони таваллуд Эйнштейн бисёр фарбеҳ буд ва сари бузурге дошт. То сесолагиаш гап намезад. Модараш фикр мекард, ки ӯ ноқис аст.

2. Дар 17-солагиаш аз имтиҳони донишгоҳ нагузашт. Зеро аз фанҳои таърих ва адабиёт баҳои хуб нагирифа буд.

3. Ӯ ҳофизаи хуб надошт. Метавонист формулаҳо ва масъалаҳои риёзиро ҳифз кунад, вале дигар чизҳоро аслан наметавонист ба ёд биоварад. Махсусан соли таваллуд ва таъриху шеърро ҳифз карда наметавонист.

4. Эйнштейн дар ҷавониаш фаҳмид, ки ангушти пояш ҷуробҳояшро сӯрох мекунад. Ба ҳамин хотир то мурдан дигар ҷуроб напӯшид.

5. Дар умраш фақат як бор ронандагӣ карда буд.

6. Тамоми корҳояш яз дидани як қутбнамо сарчашма гирифтааст. Қутбнамое, ки падараш дар рӯзи таваллудаш ба ӯ ҳадя карда буд, ӯро кунҷков намуд ва хост бифаҳмад, ки он чӣ тавр кор мекунад.

7. Ӯ аз достонҳои илмӣ-тахайюлӣ нафрат дошт. Онҳоро барои мардум зараровар медонист.

8. Соли 1952 баъд аз ташкили давлати Исроил ва марги аввалин раисҷумҳури он Изер Войзман аз ӯ даъват карданд, ки раисҷумҳури Исроил шавад. Аммо ӯ инро рад намуд.

9. Мухолифонаш ӯро “кӯдаки пири ҷингиламӯ” мегӯфтанд. Чунки ҳама имконотро дошт, аммо аз он истифода намекард.

10. Чунон нодор буд, ки ҳангоми ба ҷое сафар кардан ё умуман аз хона хориҷ шуданаш, занаш ба ӯ танҳо чанд пул барои роҳкиро ва харҷи рӯзона медод.

11. Эйнштейн муаллифи 300 кори илмӣ дар соҳаи физика ва 150 кор дар дигар соҳаҳост.

12. Ӯ ду забонро медонист.

13. Соли 1910 дар пешниҳоди назарияи нисбият ӯро барои гирифтани ҷоизаи Нобел номнавис карданд.

14. Баъди хатми донишгоҳ ду сол ҷои кор наёфт.

15. Ба суханҳое, ки дар охири умараш гуфта буд, муҳри махфӣ задаанд. Ӯро ҳангоми маргаш зани америкоӣ ҳамроҳӣ мекард, Эйнштейн бошад, суханҳояшро бо забони олмонӣ гуфта буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *