Чиро бештар қадр бояд кард? — Донишхона

Чиро бештар қадр бояд кард?

Муддати зиёде буд, ки Ҷек он пирамардро надида буд. Донишгоҳ, духтарҳо, ҷустуҷӯи кору мансаб – ҳамин тавр ҷараён дошт ҳаёт. Ҷек ба сӯи орзуҳои хеш суботкорона қадам мегузошт. Ҳаёт мушкилу пур аз таззодҳо буд, барои гузаштаро ба ёд овардан вақт намерасид, ҳатто барои бо зану бачаҳояш будан низ вақт надошт.

Вале ӯ барои ояндаи худ кор мекард ва чизе ӯро аз роҳ боздошта наметавонист.

Як бегоҳ модараш занг зада, дар хусуси вафот кардани ҳамсояашон ҷаноби Белсер хабар дод ва гуфт, ки маросими дафн рӯзи чоршанбе сурат хоҳад гирифт. Ҷек лаҳзае даврони наврасӣ ва ҷавониашро пеши назар овард. Ӯ кайҳо боз ин пирамардро фаромӯш карда буд, чун гумон дошт, ки ӯ чанд сол қабл вафот кардааст. Аммо аз суханони модараш фаҳмид, ки пирамард Ҷекро фаромӯш накардаву ҳар дафъа аз ҳоли ӯ пурсон мешудааст, ба кору бораш мароқ зоҳир мекардааст.

Баъди марги падари Ҷек ин пирамард ӯро танҳо нагузошт, чун мехост ин писарбача дасти мардона ва таъсири сухани мардонаро эҳсос кунад. Маҳз ӯ ба Ҷек он чизҳоеро омӯзонд, ки дар зиндагии минбаъда роҳнамояш шуданд, маҳз ба шарофати ин ҳамсоя Ҷек ҳунари дуредгариро омӯхт, ки он баъдан асоси тиҷорати ӯро ташкил дод. Ҷек бо вуҷуди серкориаш ба зодгоҳаш парвоз намудаву дар маросими дафн ширкат намуд. Чун пирамард зану фарзанд ва хешовандони наздик надошт, маросими дафн хеле хоксорона доир карда шуд. Баъди маросим Ҷек хост, аз кулбаи фақиронаи пирамард, ки дар кӯдакӣ макони дӯстдоштааш буд, дидан намояд.

Он ҷо ҳама ашё ба таври қадимӣ, ҳамон тавре ки Ҷек дар хотир дошт, меистод. Ҳар як қадам, ҳар як сурат, ҳар кунҷу канори ин хона ёддошти зиндае буд. Ногаҳ Ҷек бозистода, ба модараш гуфт, ки дар ин ҷо як қуттича намерасад, он гум шудааст. Ба суоли модар, ки он чӣ гуна қуттича аст, Ҷек чунин посух дод: “Пирамард як қуттичаи тиллоӣ дошт, ки дар ғалладони болои мизи кориаш онро қулф карда мемонд”.

Ҷек дар хурдӣ садҳо маротиба аз пирамард пурсида буд, ки дар ин қуттича чӣ ҳаст ва ҳар дафъа пирамард ба ӯ ҷавоб медод, ки ин ҷо ӯ чизеро нигоҳ медорад, ки онро аз ҳама зиёд қадр мекунад. Ва инак ҳамон қуттича ғайб задааст. Ғайр аз ҳамон қуттӣ дигар ҳама ашёи хона дар ҷояш буд.

Ҷек хеле маъюс шуд, чун акнун ӯ асло фаҳмида наметавонист, ки он чизи боарзиш барои ҳамсояаш чӣ буд. Баъди як ҳафтаи ба хона баргаштан ба номи Ҷек пайғоме расид, ки дар хусуси ба номаш омадани бастае хабар медод. Рӯзи дигар ӯ бастаро гирифт. Дар дохили он лифофаи фарсудае ҷойгир буд. Ба назар чунин менамуд, ки онро сад сол қабл фиристода бошанд. Хондани хат хеле душвор буд, аммо суроғаи фиристанда дарҳол диққати Ҷекро ҷалб намуд. Он ҷо чунин сабт шуда буд: “Ҷаноби Белсер”.

Ҷек зуд бастаро кушода, аз дохили лифофа хатча ва қуттичаи тиллоиро берун овард. Ҳангоми хондани сатрҳо дастонаш меларзиданд. Он ҷо чунин навиштаҷот буд: “Хоҳиш мекунам, баъди марги ман ин лифофа ва чизи дохили онро ба Ҷек Беннет расонед. Ин ҷо чизест, ки ман дар ҳаёт онро бештар аз ҳама қадр мекунам”.

Дар дохили лифофа калидчае буд. Ҷек бо азобе аз гиристан худдорӣ карда, боэҳтиёт қуттичаро кушод. Дар дохили қуттича соати зебои кисагии тиллоӣ мехобид, ки дар болои сарпӯши он ин сатрҳо хаккокӣ шуда буд: “Ҷек, ташаккур барои вақтҳое, ки бо ман гузарондӣ! Белсер”.

Ҷек лолу карахт шуд. Ана он чизе, ки пирамард бештар аз ҳама қадр мекардааст – ВАҚТе, ки Ҷек бо ӯ гузаронида буд. Ҷек боз якчанд дақиқаи дигар соатро дар даст дошта, сипас ёрдамчиашро, ки Жанет ном дошт, ҷеғ зада хоҳиш кард, ки ҳама вохӯриву мулоқотҳояшро дар ду рӯзи оянда мавқуф гузорад.

— Барои чӣ?” — бо тааҷҷуб пурсид ёрдамчӣ.

Ҷек дар ҷавоб гуфт:

— Ба ман вақт даркор аст, то онро бо писари худ гузаронам. — Ва илова намуд:

— Ташаккур Жанет, барои вақти ту.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *