Ҷавонон китоб мехонанд, агар…

Асарҳо бояд мувофиқ ба завқи хонандаи имрӯз навишта шаванд.

Тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Ба василаи осори баландмазмуни адибу донишмандони бузургамон халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳо муаррифӣ гашт. Дар баробари ин ниёкони мо низ барои баланд бардошани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон истофода мекарданд. Дар ҳама давру замон миллати тоҷик дар диёри худ барои таҳсили илм ба китобхонӣ рӯ меоварданд, ки таърихи дуру наздики мо гувоҳи ин гуфтаҳост.

Нуқтаи асосӣ ва боиси нигаронӣ ин аст, ки насли ҷавони имрӯза дар масъалаи китобхонӣ аз гузаштагони худ як кам дур мондаанд. Ба китобдорию китобхонӣ аҳамияти хоса зоҳир намекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз китобу китобхонӣ дур шудан дар интиҳои садаи ХХ ба миён омад. Агар сабабашро мушкили камбизоатӣ донем, пас як нафар ҳинду дар як ҳафта 10,7 соати худро ба хондани китоб мебахшад. Агар аз рӯи пешрафти илму техника ва ё интернет гирем, америкоиҳо ва чиниҳо аз 6 то 9,4 соат вақти худро дар як ҳафта сарфи хондани китобҳои бадеӣ мекунанд. Пас мушкилии асосӣ дар чист, ки имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ чандон таваҷҷуҳ надоранд? Кадом омил имрӯз монеи китобхонии ҷавонон мегардад?

Ба қавли адиб ва муҳаққиқи тоҷик Қодири Рустам, мардуми тоҷик, мутаассифона, дар замони шӯравӣ нисбат ба миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ камтар китоб мехонданд: “Чопи китоб дар Тоҷикистон камтар аз дигар ҷамоҳири понздаҳгона буд. Бо ин ҳол, дар замони шӯравӣ китоби адибони тоҷик аз 5 то 20 ҳазор нусха ва гоҳе то 75 ҳазор (ашъори Лоиқ) ва 100 ҳазор нусха (устод Айнӣ) чоп мешуд ва бештари он дар як сол ба фурӯш мерафт”.

Ин коршинос ба он ақидааст, ки пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои шомили он таъсири бузург расонд: “Албатта, кам шудани шумори китобхонҳо танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки дар ҳамаи ҷамоҳири шӯравӣ мушоҳида мешавад. Таҳаввулоти азими сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омили асосии ин амр аст. Яъне мардум якбора бахтзада шуданд, аз роҳи маъмулии суннатии зиндагӣ берун рафтанд ва бештари суннатҳои қаблиро низ аз даст доданд”. Ҳамчунин ӯ дигар омили кам китобхон будани насли ҷавонро дар ҷанги шаҳрвандии кишвар медонад. “Сабаби асосии аз китобхонӣ даст кашидани мардум — ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз бо сабаби ҷанги дохилӣ ва чанд авомили ба он хос дигар дар кишвари мо дониш, хирад, андеша, ки бештар маҳсули китоб хондан аст, қадри худро гум кард. Ҷавонон диданд, ки барои зиндагии хуб донишу хираду андеша доштан шарт нест…”

Аммо иддао кардан, ки ҷавонон тамоман китоб намехонанд ва ё китобхон нестанд, ғалат аст. Зеро имрӯз ба рағми ҷавононе, ки аз китоб дур ҳастанд, боз нафароне пайдо мешаванд, ки пайи китобхонӣ ҳастанд. Мушкилии асосии ҷомеаи мо имрӯз ин аст, ки адабиёти дохилӣ, махсусан адабиёти замони истиқлолият хонандаи худро намеёбад. Профессор Иброҳим Усмонов дар тақвияти ҳамин гуфта, ки ҷавонон ба адабиёти дохилӣ рӯ намеоранд, чунин мегӯяд: “Ҳастанд ҷавононе, ки шавқи китобхонӣ доранд. Танҳо завқи китобхонӣ тағйир ёфтааст. Ҷавонон адабиёти имрӯзаи ғайритоҷикиро мехонанд. Адабиёти классикӣ, ба мисли Румию Саъдию Ҳофиз ва монанди инҳоро варақ мезананд, аммо бештар адабиёти муосири хориҷаро мехонанд. Сабабаш шояд ҳамин бошад, ки дар адабиёти муосири мо хоҳиши ҷавонон камтар зоҳир мешавад”.

Ба гуфтаи профессор, нависандаҳои имрӯзаи мо хоҳиши ҷавононро қонеъ карда наметавонанд. Ин аст ки онҳо хоҳишҳои худро аз адабиёти хориҷа бароварда мекунанд. Проффесор Усмонов бар он ақидааст, ки имрӯз дигар ҳоҷати нашри чандкаратаи адабиёти классикиамон нест. Зеро аз адабиёти классикӣ китобхонаҳо пур шудаанд, аммо ҳеҷ кас онҳоро намехарад: “Мо медонем, ки аксарияти китобҳои классикӣ дар замони истиқлол ду се маротиба аз чоп баромаданд. Вале ба фурӯш нарафтанд. Адабиёти классикии мо назм аст ва онро на ҳама кас мефаҳмад. Имрӯз ба мо адабиёти ҳақиқӣ даркор, адабиёте, ки воқеаро айнан тасвир карда бошад. Яъне воқеаи рӯзро возеҳ ба мардум пешкаш намояд”.

Ба ин ки адабиёти навини мо хонандаи худро намёбад, шумораи чопи онҳо далел шуда метавонад. Ба гуфтаи Қодир Рустам “пас аз истиқлол тиражи китобҳо аҳёнан ба 5 ҳазор мерасад (силсилаи «Ахтарони адаб», ки бо супориши ҳукумат чоп мешавад) ва ағлаб аз 300 то 1000 нусха аст, ки он ҳам солҳо дар рафи китобфурӯшиҳо мехобад”.

Аксари таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки сабаби аслии дур мондани ҷавонон аз китобхонӣ воситаҳои электронӣ, махсусан интернет мебошад. Дар ин радиф китобҳои савтӣ, радио, телевизион, китобҳо дар шакли электронӣ дохил мешаванд. Вале агар ба ҷадвали пешрафтатарин кишварҳо назар кунем, мебинем, ки онҳо аз ҳама бештар китобҳои чопиро мутолиа мекунанд (далели инро дар мисоли Амрико ва Чин дар боло қайд кардем).

Профессор Иброҳим Усмонов чунин мешуморад, ки ҳар чизи навпайдо дар ҷомеа мақом ва ҷои худро дорад, аз ҷумла интернет: “Ин ки интернет роҳи хонданро гирифтааст, ғалати маҳз мебошад.- мегӯяд ӯ — Интернет дигар чиз аст, радио дигар, матбуот дигар ва китоб дигар. Инҳо ҳеҷ вақт ҷои якдигарро гирифта наметавонанд”.

Масъалаи аз китобхонӣ дур шудани ҷавонон дар матбуоти даврӣ зиёд баррасиву интиқод мешавад, вале ҳол ҳамон асту ҳамон. Имрӯз бояд чорае ҷуст, ки омма дубора рӯ ба китоб биёрад. Коре карда ҷавононро ба китобхонӣ ҷалб намоем. Зеро тафаккури созандаро ҷавонон — насле, ки нав ташаккул ёфта истодааст, танҳо аз китоб соҳиб шуда метавонанд. Дар ин маврид муаррих Нуралӣ Давлат чунин андеша дорад: “Хондан барномаи давлатиро талаб мекунад. Мо барои мисол ду кишварро мегирем — Иттиҳоди Шӯравӣ ва Эрон. Ҳар ду кишвар идеологӣ буданд, вале барои баланд бардоштани сатҳи саводи мардум барномаҳо доштанд. Масалан, дар солҳои 20 ва 30-и асри гузашта давлати советӣ инқилоби маданиро татбиқ ва қариб тамоми аҳолӣ — аз хурд то калонро босавод кард. Ҳамин барномаро Эрон низ тақрибан татбиқ намуд”.

Нуралӣ Давлат барои бедор кардани шавқи китобхонӣ дар миёни омма пешниҳод мекунад, ки барои чопи беҳтарин китобҳо як субсидия ташкил карда шавад ва ҷавонон ҳавасманд гардонида шаванд. Давлат бояд барои ҷалб кардани шаҳрвандон барнома қабул кунад. Дар ин барнома бояд вазифаҳои мушаххас гузошта шавад. Дар ибтидо барои чопи китобҳои зарурӣ давлат пул ҷудо кунад. Барои касоне, ки китоби ҷолиб менависанд, ҳаққи заҳмат диҳад, ки барои зиндагии ҳадди ақал яксолааш кифоя бошад. Баъд аз пайдо шудани бозори воқеии китоб, яъне замоне ки дигар нависандагону муаллифон дар бозор хонанда пайдо мекунанд ва ин ба анаъана табдил меёбад, давлат субсидияро бекор мекунад. То замоне ки далват мардумро китобхон накунад, бо ифтитоҳи китобхонаҳо вазъ беҳтар намешавад. Гузашта аз ин, имрӯз бо пайдо шудани китобхонаҳои электронӣ инсонҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шароити хона китобҳоро аз ин китобхонаҳо дастрас кунанд.

Ба гуфтаи Қодир Рустам, имрӯз бояд қабл аз ҳама, шеваи дарс додани улуми инсонӣ дар мактабҳо тағйир ёбад. Ба фикри ӯ, хонандагон адабиётро бояд омӯзанд, на таърихи адабиётро, забонро бояд ёд дод, на синтаксису морфологияро. Мактаб бояд андеша карданро ёд бидиҳад. Воқеан, вақте ки мо дар мактаби миёна ба китоби бадеӣ одат кунем, чун ба донишгоҳ шомил шавем, худ аз худ ба китобхонӣ машғул мешавем. На бо маҷбур кардани устодон, балки аз пеши худ. Имрӯз нафароне, ки аз пеши худ зиёд мехонанд, кам ҳастанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки хондан барояшон хоббӣ аст.

Профессор Иброҳим Усмонов бар он ақида аст, ки барои беҳтар кардани хониш аввал дар мактабҳои миёна ва баъд олӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба адабиёти ҳақиқӣ ҷалб кардан даркор. Адабиёти муосирро бояд тарзе навишт, ки вазъи имрӯзаи моро ифода карда тавонад: “Вақте ки адабиёти муосирро ҷавонон мехонанд, бояд онҳо дар масъалаҳои атрофи худашон чизеро дида тавонанд. Он адабиёти кӯҳнашуда, албатта ба ҷавонон камтар завқ мебахшад”.

Ба гуфтаи И. Усмонов, ҳатто дар деҳаҳо китобхона бунёд кунем, дигар чун солҳои 80-ум ба он таваҷҷуҳ намекунанд: “Дар деҳаҳо китобхона бошад, хуб аст. Вале китобхонии деҳа ба маъное, ки мо дар солҳои 80-ум мегуфтем, вуҷуд надорад. Агар бошад ҳам, намехонанд. Чунки чизи нав ёфта наметавонанд ва барои чизҳои нолозим вақти худро сарф намекунанд. Вақте ки китоб ба одам чизе дода тавонад, барои он вақт ҷудо мекунад. Имрӯз ҳамин хел адабиётро навиштан даркор”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *