“Дар хона танҳо”

Симои аҷибу ғайриодии писарбачае бо номи Кевин аз филми “Один дома” (“Дар хона танҳо”) барои ҳар яки мо шинос ва азиз аст. Бешак, ин нақш хеле табиӣ офарида шудаву ҳар як тамошои ин филм дар қалби бинанда шавқи бори дигар дидани онро ба вуҷуд меорад. Ин филм зиёда аз 27 сол боз ҳамасола дар арафаи иди Соли нави масеҳӣтариқи шабакаҳои мухталифи моҳворавӣ ба маъраз гузошта шуда, паиҳам намоиш дода мешавад. Иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин филм Маколей Калкин баъдан низ касбиактёриро идома додан хост, аммо ӯ маъруфияту маҳбубиятро танҳо тавассути иҷрои нақшҳои кӯдакона, хосса нақши Кевин, пайдо кард.

МУҲИТИ ОИЛА

Маколей Калкин, ин ҳунарманди машҳури Ҳолливуд соли 1980 дар шаҳри Манхеттени Ню-Йорк ба дунё омадааст. Оилаи онҳо оилаи серфарзанд маҳсуб ёфта, Маколей дар оила фарзанди сеюм буд (Маколей ду хоҳар ва 4 бародар дошт). Модараш телефончӣ ва падараш корманди калисо буд. Онҳо рӯзгори хоксоронае доштанд, чунки бо маоши чунин касбҳо ба буҷаи оилаи серфарзанд даромад овардан хеле душвор буд. Аҳли оила, иборат аз 9 нафар, дар хонаи хурдакак зиндагӣ мекарданд. Хуллас, тарбияи волидон дар руҳияи дини католикӣ ба фарзандон имкон намедод, ки дар бораи даромадҳои иловагии моддӣ ҳатто андеша кунанд.

КӮДАКИ ҒАЙРИОДӢ

Маколей ҳанӯз аз хурдсолӣ бо рафтору кирдори аҷиби худ аз дигар фарзандони оила фарқ мекард. Ӯ кӯдаки шӯху беқарор ва ҳиллагару масхарабоз буд. Ин кӯдак бо хаёлоти бою рангин, чашми тезбин ва ақлу ҳуши фавқулодаи модарзодиаш атрофиёнро ба ҳайрат мегузошт. Қобилияти баланди масхарабозию ширинкорӣ дошта, бо ҳар гуна найрангҳои аҷибу нотакрор таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд.Ин буд, ки бо тавсияи шиносҳо волидонаш ӯро дар синни 4-солагӣ ба мактаби мусиқии кӯдакона супориданд, ки Маколей дар он ҷо ҳунари актёрӣ ва хореографияро аз худ намуд. Тақрибан дар синни 5-солагӣ Калкин нахустин маротиба дар намоишномаҳои “Бачаҳои Баха” ва “Санҷобаки калон” нақш офарид.

ТААССУРОТИ НАХУСТИН

Ҳунарманд он лаҳзаҳоро ба ёд оварда мегӯяд: “Вақте бори нахуст рӯи саҳна омадам, он ба назарам хеле калону беохир намуд ва аз он ки бинанда маро дида наметавонад, сахт тарсидам. Аз ин рӯ, матнҳои азёдкардаамро бо овози хеле баланд қироат мекардам”. Албатта, бо чунин шуру шавқи беназир, устувориву матонат, симои ҷозибадору табассуми дилписанд ва болотар аз ҳама, қобилияти нотакрору истеъдоди фавқулода ин писарак диққати ҳар гуна тамошобинро ба худ ҷалб менамуд. Баъди ду сол Маколей дар якчанд наворҳои рекламавӣ пайдо шудаву дар чандин филмҳо нақшҳои лаҳзавиро мебозид.Панҷ соли аввал Маколей дар Мактаби католикии Исои Муқаддас таҳсил намуда, баъди пайиҳам нақш офаридан дар филмҳои мухталиф таҳсилро дар Мактаби махсуси кӯдакона, ки барои кӯдакони ҳунарманд ва болаёқат пешбинӣ шуда буд, идома дод.

НАХУСТИН НАҚШИ АСОСӢ

Филми нахустине, ки Маколей дар он нақши асосиро бозид, ин “Бобои Бак” ном дошт. Ин филми мазҳакавӣ чандон машҳур нашуд, аммо маҳз ҳангоми банаворгирии он Ҷон Хюз, ки барои иҷрои нақши асосӣ дар филми ҷадиди худ – “Дар хона танҳо” кӯдакеро ҷустуҷӯ мекард, Калкинро дид. Ин филми машҳур дар ҳаёти актёри хурдсол тағйироти куллиеро ба вуҷуд овард. Филм соли 1990 рӯи навор омад. Он ҳамчун беҳтарин филми мазҳакавии оилавӣ эътироф гардида, ин писарбачаи хурдсолро ба ситораи тобони санъати синамо табдил дод. Маколей соҳиби ҷоизаи “Ҳунарманди ҷавон” гардида, барои иҷрои “Беҳтарин нақши асосӣ” дар сархати “Глобуси тиллоӣ” (Беҳтарин нақши мардона дар мазҳака ва театр) ҷо гирифт. Ҳамчунин, ба ӯ унвони “Кӯдаки сол” дода шуд. Музди иҷрои ин нақш 100 ҳазор долларро ташкил дод.

РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ

Филм дар бозори кирояи Амрико ва ҷаҳон зиёда аз 500 миллион доллар фоида оварда, ҳамчун филми мазҳакавии сердаромад ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардид. Ҳамин тариқ, барои иҷрои нақши навбатӣ дар филми “Духтари ман” Калкин соҳиби 1 миллион доллар гардид. Гарчанде нақшҳои минбаъд дар филмҳои дигар бозидаи Маколей камтар аз Кевин набуданд, вале шуҳрати ҳамон филми “Дархона танҳо”-ро ба даст оварда натавонистанд. Ба ҷуз аз филми нави “Дар хона танҳо 2: Дар Ню-Йорк гумшуда”, ки соли 1992 истеҳсол шуд. Барои ин филм Калкин соҳиби 4,5 миллион доллар гардид (Ӯ дар таърих нахустин кӯдаки ҳунарманд мебошад, ки барои иҷрои нақши асосӣ дар филм соҳиби чунин маблағ гардидааст). Баъдан барои иҷрои нақшҳо дар филмҳои “Баробари офтоб” ва “Ричии сарватманд” Калкин соҳиби 8 миллион долларӣ гардид.

ПОЁНИ ШУҲРАТ Ё…???

Менеҷери асосии Маколей падараш буд, ки қаблан ӯ низ актёр буд. Аммо падараш на ба ному шуҳрати писар, балки ба маблағҳоиӯ, ки ҳамасола бештару бештар мешуданд, мароқ зоҳир мекард. Падар талаб намуд, ки фарзандони дигарашро низ барои иҷрои нақшҳо дар филмҳо даъват кунанд ва маблағи гонорарҳои писарашро боз ҳам зиёд кунанд. Бешак, ин талаботҳо ба обрӯюнуфузи Маколей таъсири манфӣ гузошт. Филмсозон аз пардохти маблағҳои калон даст кашиданд. Ин буд, ки миёни волидони Маколей дар мавриди истифодаи маблағҳои писарашон муноқиша ба миён омад (он замон даромади умумии Маколей аз филмҳо 35 миллион долларро ташкил медод). Модараш шавҳарашро барои латма задан ба обруву нуфузи писарашон муттаҳам дониста, барои ҷудо шудан ба суд ариза навишт. Бо ҳукми суд дороии Маколей на ба волидонаш, балки ба муҳосиби шахсиаш супорида шуд. Ин боис гардид, ки Маколей як муддати муайян аз саҳнаи синамо дур гардид. Нақши дар филми “Ричии сарватманд” (соли 1994) бозидаи ӯ нақши охирини кӯдаконаи Маколей буд. Он замон ӯ чордаҳсола буд.

МАКОЛЕЙ Ё КЕВИН?

Маколей Калкин танҳо баъди 10 сол аз нав рӯи саҳнаи синамо падид омад. Ва ин бор босимои ҷавони вораставу озод ва соҳибҳунар. Ӯ имрӯз низ дар филмҳои мазҳакавию романтикӣ нақши асосӣ мебозад. Дар ҳайати якчанд гуруҳҳои мусиқию мазҳакавӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Вале барои тамошобини ҳушманд ӯ ҳанӯз ҳамон Кевин аст аз филми “Один дома”.

Сарчашма: «Ҷавонони Тоҷикистон»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *