Фаъолияти адабии Абураҳмони Мушфиқӣ — Донишхона

Фаъолияти адабии Абураҳмони Мушфиқӣ

Мавзӯъ: ФАЪОЛИЯТИ АДАБИИ АБДУРРАҲМОНИ МУШФИҚӢ
Нақша:
Муқаддима
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
2. Мероси адабии шоир
3. Хулоса
Абдурраҳмони Мушфиқӣ яке аз шоирони маълуму маъруфи асри XVI мебошад. Авлоду ачдоди шоир, аз рӯӣи гуфтаҳои худи ӯ, аз шаҳри Марв будаанд. Вале Абдураҳмони Мушфиқӣ cojra 1525 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Гузаштагони Мушфиқӣ аз табақаҳои поӣин ва синфи меҳнаткаш буда, шоир дар муҳити ҳамин табақа ба воя расидааст, Тавре аз ишораҳои баъзе сарчашмаҳо ва гуфтаҳои худи шоир фаҳмида мешавад, ӯ дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст:
Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.
Мушфиқӣ баъд аз вафоти падару модар ба ҳоли дарбадарӣ меафтад. Яке аз ҳунармандони ахди Бухоро Мушфиқиро ба тарбияи худ мегирад. Бо ёриву кӯмаки ин хонаводаи ҳунарманд Мушфиқӣ ба мактаб рафта, таҳсили щгм мекунад. Баъди таҳсили ибтидоӣ ба Мадраса дохил шуда, ба омӯзиши илмҳои дигар камар мебандад. Мушфиқӣ дар Мадраса истеъдоди фавкуллодда нишон медиҳад ва дар улуми ҳаӣат, нуҷум, ҳикмат, ҳисоб дониши мукаммал касб менамояд. Ҳангоми таҳсил дар Мадраса на танҳо ҳамаи донишҳоро ба таври комил аз бар намудааст, ба шеъру адаб низ таваҷҷӯҳи хосае доштааст. У дар охир шеъру шоириро ихтиёр намуда, ба мақоми яке аз бузургтарин ва маъруфтарин шоирони асри худ расид. Ҳанӯз дар ҷавонӣ фаъолияти адабии худро ба ҳаҷву мутоӣибагӯӣӣ огоз намудааст. Мушфиқӣ барои равнақ додани фаъолияти адабии худ ба шаҳри Самарканд меравад. У ҳукуматдорони ин шаҳрро васфу ситоиш намуда, дар ҳаққи онҳо қасидаҳо эҷод мекунад ва, ҳатто, девони аввалини газалиётл худро ба номи онҳо таҳияву мураттаб месозад. Ҳокимони замон бар ивази қасидаҳои шоир ба ӯ инъомҳо медодаанд. Аммо, на ҳамаи он инъомҳоро амалдорони шоҳ ба шоир мерасонидаанд. Бинобар ин, шоир маҷбур мешавад, ки аз нав ба подшоҳ муроҷиат карда, ӯро аз ин амали зердастонаш огоҳ созад:
Подшоҳо, чакмапи ииъомро меҳтар надод,
Дар либоси назм бо ӯ гуфтугӯ хоҳад шудан.
Чун ба пшври оштӣ чизе аз ӯ ҳосил наьиуд,
Ҷанги чакман дар миёни мову у хоҳад шудан.
Дар Самарканд аҳволи шоир ниҳоят бад мешавад ва, ҳатто, барои истиқомат манзили муаӣян ҳам надоштааст:
Дар Самарканд имтщон кардам, ки ебам хонае,
Беҳтар аз баӣти тахаллус хонае паӣдо нашуд.
Бино бар сахтии рӯзгор, Мушфиқӣ ба ватанаш Бухоро бармегардад. Дар ин замон дар бораи Ҳиндустон ва шароити хуби илмиву адабии шоирони он ҷо андешаҳои зиёде дар баӣни мардуми Бухоро паҳн гардида буданд. Мушфиқӣ низ ба умеди муваффақият паӣдо кардан сафари Ҳиндустонро ихтиёр мекунад. Вале баъд аз як соли зиндагӣ дар он ҷо пушаӣмон шуда, ба ватан бозмегардад:
Кардам сафари Ҳынду пушаӣмон шудам он ҷо,
Гардид бадал рузи сияҳам ба ишби тор.
Дидам,ки агар боз наоям ба еилоят,
Хуни ҷигарам мехурад ын Ҳинды ҷигархор!
Шоир бо тақозои замон ва шароит фаъолияти қасидасароии хешро идома дода, дар васфи Абдуллохон паӣваста қасидаҳо эҷод менамояд. Эътибор ва мақому мартабаи ӯ дар дарбор рӯз ба рӯз боло меравад ва, ҳатто, ба мақоми баланди маликушшуароӣ мушарраф мегардад. Аммо, ҳамаи ин некӯаҳволӣ ба шоир хеле дер даст дода буд. Тавре худи шоир мегӯяд, дар ин замон ӯ пиру нотавон гардида буд:
Имтщон карданд пиру ҷавон,
Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест.
Ком бахшад даме, ки ком намонд,
Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.
Аз мероси адабии шоир ба мо чор девони ашъор, ду девони ғазалиёт, як девони мутоӣибот, як девони қасоид ва се маснавӣ: «Соқинома», «Гулзори Ирам», «Ҷаҳоннамо» боқӣ мондааст.
Тавре дар боло қаӣд намудем, дар баӣни мероси адабии Мушфиқӣ газалиёти ӯ ҳам аз ҷиҳати ҳаҷму микдор ва ҳам аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа мақоми баланд касб кардаанд. Умуман, шоир дар жанри газал маҳорат ва истеъдоди баланди шоирии хешро ба хубӣ зоҳир намудааст. Аз ҳамин нуктаи назар устод Садриддин Аӣнӣ ба газалиёти Мушфиқӣ баҳои баланд
додаанд. Як газали ӯро бо ин матлаъ:
Дар гамаш дилро фигору хаста мегуем мо,
Аҳли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.
Мисол оварда, қаӣд намудаанд, ки «ғазале, ки cap то пояш мисли ин ғазал хуб, латиф ва равон афтад, кам аст». Дар ҳақиқат, Мушфиқӣ аз тоифаи он шоиронест, ки дар ғазалсароӣ ба ифодаи табиӣ эътибор дода, ҳодисаву воқеаҳоро воқеӣ баён намудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *