«Толиб ва Матлубӣ» — и Фитрати Зардузии Самарқандӣ — Донишхона

«Толиб ва Матлубӣ» — и Фитрати Зардузии Самарқандӣ

Мавзӯъ: «ТОЛИБ ВА МАТЛУБИ»-И ФИТРАТИ ЗАРДУЗИИ САМАРҚАНДӢ
Нақша:
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
2. Мазмун ва мундариҷаи асар
3. Симоҳои асосӣ дар асар
Хулоса
Фитрати Зардӯзии Самарканда яке аз шоирони намоён ва маъруфи нимаи дуюми асри XVII ба шумор меравад. Гузаштагони шоир аз гурӯҳҳои меҳнатии аҳолй ва ҳунармандони шаҳр будаанд. Номи аслии ӯ Саидкамол буда, Фитрат тахаллуси адабиаш мебошад. Худи шоир дар оилаи косиби зардӯз, дар гузари зардӯзони шаҳри Самарканд соли 1657 таваллуд ёфтааст. Тавре Малеҳо дар тазкираи худ қайд кардаает, Фитрат дар касби зардӯзй устоди моҳир будааст.
Фитрат таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш-шаҳри Самарканд гирифтааст. Баъдан, барои таҳсили минбаъда ба шаҳри Бухоро меояд. Пас аз таҳсили Мадраса Бухороро ҷойи истиқомати доимии хеш қарор медиҳад. Хешовандонаш ӯро хонадор мекунанд. Фитрат ба шеъру шоирй ва навиштани асарҳои бадей шавку ҳаваси зиёд доштааст. У ҳамчун шоири тавоно ҳанӯз дар замони худ эътироф гардидааст. Шоир ҳаёти хоксорона дошта, зиндагии худро бо ҳунари зардӯзй таъмин мекардааст. Бинобар ин, аз сахтии рӯзгор маҷбур мешавад, ки ҳавлии истиқоматиашро фурӯшад.
Фитрат, ки худ аз байни ҳунармандони шаҳр баромада буд, ба онҳо меҳру муҳаббати зиёде дошт. Фитрат дар шаҳри Бухоро вафот мекунад ва дар он ҷо дафн карда мешавад.
Аз мероси адабии Фитрат ба мо ғайр аз ғазалҳои ҷудогона маснавии «Толиб ва Мат луб», ё худ «Козурписар» омада расидааст. Маснавии «Толибу Матлуб» аз беҳтарин ва дилангезтарин маснавиҳо буда, шоир дар он фикру андешаи косибону ҳунармандони шаҳрро инъикос намудаву хдмоя
кардаает.
Мазмуни асосии масиавй чунин аст: Толиб бо ҳамроҳии модараш бо касби козурй, яъне либосшӯйй умр ба cap мебурд. Пиразан ҳар пагоҳй дар ба дар гаштугузор карда, либосҳои мардумро оварда, онҳоро бо ҳамроҳии писараш шуставу пардоз карда, боз ба соҳибонашои бозмегардонид. Ҳамин тариқ, зиндагонии қашшоқонае доштаанд. Пиразан як пагоҳй аз хона баромада, ба дари қасре мерасад, ки дар он ҷо духтари подшоҳ- Матлуб зиндагй мекард. Пиразан ба қаср ворид мешавад ва дарду ҳасрати худро ба ӯ мегӯяд. Баъди сӯҳбат Матлуб либосҳои худро ба пиразан медиҳад, ки онҳоро шуставу пардоз намояд. Пиразан писарашро аз асли воқеа хабардор менамояд. Толиб бошад, бо меҳру муҳаббати зиёд либосҳои шохдухтарро шуставу пардоз намуда, ба болои либосҳои ӯ чанд қатра ашки худро мерезад. Матлуб баъди гирифтани либосҳои пардозшудаи худ бӯйи муҳаббатро ҳис менамояд.
Матлуб аз пиразан мепурсад, ки либосҳои ӯро кй пардоз кардаает?
Бигӯ бо ман кадом устои тардаст
Ба руйи хилъатам ранги сафо бает.
Толибу Матлуб пинҳонй ошиқ мешаванд. Фитнагарони дарборй, баъдан, онҳоро аз ҳам ҷудо менамоянд. Вале онҳо бо дарду алам умр ба cap мебаранд. Толиб аҳволаш вазнин мешавад, ӯ вафот мекунад. Сипае, Матлуб низ дар гами ҷонгудози Толиб худро қурбон мекунад ва дар паҳлӯи Толиб ҷой мегирад.
Шоир дар симои Толиб косиби ҳунарманд ва меҳнатдӯсту софкорро, ки дар касби козурй устоди моҳир будааст, тасвир менамояд.
Матлуб ҳамчун духтари шоҳ, зебову мафтункунанда ба қалам дода шудааст. У ба Толиб дил мебандад ва дар роҳи муҳаббат ҳалок мегардад.
Модари Толиб бошад, ҳамчун пиразани меҳнатдӯст, вале пиру нотавон тасвир ёфтааст.
Дар достон боз қаҳрамонони зиёде зикр шудаанд, ки ба гурӯҳи қаҳрамонони манфй доҳил мешаванд.
Маснавии «Толибу Матлуб» аҳамияти калони тарбиявй дорад. Достони мазкур бо забони ниҳоят содаву равон эҷод гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *