Таҳлили образҳои марказии достони «Комде ва Мадан» — и Абдулқодири Бедил — Донишхона

Таҳлили образҳои марказии достони «Комде ва Мадан» — и Абдулқодири Бедил

Мавзӯъ: ТАҲЛИЛИ ОБРАЗҲОИ МАРКАЗИИ ДОСТОНИ «КОМДЕ ВА МАДАН» — И АБДУЛҚОДИРИ БЕДИЛ
Нақша:
Сарсухан
1. Таркиби достон
2. Мазмуну мундариҷаи достон
3. Симои қаҳрамонони достон
Хулоса
Бедил бо осори пурмазмун ва гаронмояи худ дар адабиёти классикии форсизабонон мақоми арзандаеро касб кардааст. У соли 1644 дар яке аз вилоятҳои Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Дар макотиби ибтидоӣ ва мадрасаҳо таҳсили илм намуда, аз донишҳо ва илмҳои замони худ баҳравар гардидааст.
Мирзо Бедил ҳамчун бузургтарин шоир ва нависандаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон аз худ мероси ғание боқӣ гузоштааст. Дар миёни асарҳои шоир «Ирфон» мавқеи муҳим дорад. Ин асари шоир аз И ҳазор баӣт иборат буда, соли 1712 таълиф шудааст. Бедил дар «Ирфон» доӣр ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, фалсафӣ фикру ақидаҳои худро иброз медорад. «Ирфон» аз чанд маснавию достон иборат аст. Достони «Комде ва Мадан» бошад, дар «Ирфон» мавқеи махсус дорад. Достони мазкур аз 470 баӣт иборат буда, 10 бобро фаро гирифтааст.
Зикр бояд намуд, ки ин достон дар бораи ишқу муҳаббати ду навҷавони поктинат баҳсу мунозира менамояд. Комде — ном раққосаи ҳунарманду сохибҷамол дар ҳарамсарои подшоҳ хизмати дарбориёнро иҷро мекард. Шӯҳрату овозаи ӯ ҳама ҷоро тасхир карда буд. Дар баробари ин, Мадан — ном ҷавоне дар касби навозандагиву мутрибӣ беназиру бемонанд буд. Ҷавонон ба ҳамдигар дил мебанданд. Дар базми шоҳонае онҳо бо ҳам вомехӯранд. Подшоҳ аз овози форами Мадан мафтун шуда, шаддаи марвориди гардани худро ба Мадан ҳамчун тӯҳфа инъом медиҳад. Мадан бошад, аз рақси ҳаӣратангези Комде ба ваҷд омада, инъоми додаи шоҳро ба пеши поӣи Комде нисор менамояд. Ин рафтори Мадан боис мешавад, ки шоҳ ӯро бадарға намояд. Дилдодагон бо ранҷу азобҳо боз бо ҳам вомехӯранд. Мадан ба Комде дар бораи як дарахте нақлу ривоят мекунад, ки агар касе дар сояи он муддате нишаста, орзуе дархост намояд, ба муродаш мерасидааст. Ин амал низ мушкилии онҳоро ҳаллу фасл наменамояд. Сипае, подшоҳи яке аз кишварҳо аз аҳволи дилдодагон воқиф гашта, ба подшоҳи Комде нома менависад, то ин ки онҳоро ба мақсад расонад. Вале шоҳи золим тақлифи шоҳи одилро рад менамояд. Дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳо подшоҳи одил ғолиб меояд. Дилдодагон аз санҷишу имтиҳони подшоҳи одил ба хубӣ мебароянд. Дар охир онҳо ба муроди якдигар мерасанд.
Симои Комде ҳамчун духтари хушқаду қомат, соҳибҷамол, бофаросат, вафодор ла раққосаи нозукадо тасвир ёфтааст. Комде ҳамчун устоди рақс барои ба дараҷаи олии санъати рақс расидан заҳматҳо мекашид. Ҳамин тариқ, Комде дар достон ҳамчун духтари боақл, хоксору покдоман, санъаткору санъатдӯст ба қалам дода шудааст. Симои Мадан низ ҳамчун санъаткор тасвир ёфтааст. Мадан дар санъати ҳофизиву мусиқӣ малакаву истеъдоди беҳамтое доштааст. У дар баробари санъаткори моҳир будан, ҳамчунин, ҷавони бозаковат, бовафо, боҳиммат ва ҷасуру боҷуръат ба қалам дода шудааст.
Хулоса, достони «Комде ва Мадан» аз беҳтарин достонҳои ишқӣ- лирикӣ буда, бо баъзе хусусиятҳои хосси худ аз дигар достонҳои лирикии адабиёти классикӣ фарқ мекунад. ӣн достон ба мисли дигар достонҳои пешин фоҷиавӣ набуда, онҳо бо саъю талошҳои бевоситаи худ ба мақсад мерасанд. Бедил дар ин достон, ҳамчунин, масъалаҳои дӯстиву рафоқат, шоҳи одил, некиву накӯкорӣ, ростиву росткориро таргибу ташвиқ намудааст. Бедил дар симои шоҳони одил барқароркунандагони адлу адолати иҷтимоиро мебинад. Достон то имрӯз низ аҳамияти тарбиявию ахлоқии худро гум накардааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *