Таҳлили достони «Писари Ватан» — и Мирзо Турсунзода — Донишхона

Таҳлили достони «Писари Ватан» — и Мирзо Турсунзода

Мавзӯъ: ТАҲЛИЛИ ДОСТОНИ «ПИСАРИ ВАТАН» — И МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мавзӯъ ва ғояи асосии достони «Писари Ватан»
  3. Образи Қодир ва Микола

Хулоса

Устод Турсунзода ҳамчун фарзанди вафодори халқу Ватани хеш дар сохтмонҳои азими кишвар аз қабилк Канали Фарғона, Роҳи Помир, Канали Ҳисор ва дигар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудааст. Фаъолияти адабии устод Турсунзода дар замони ҷанги хонумонсӯз хеле равнақу ривоҷ ёфт. Мирзо Турсунзода соли 1911 таваллуд шуда, соли 1977 вафот кардааст. Шоирро мардуми меҳнаткаши тоҷик ва тамоми дунё дӯст медоигганд. Уро дар яке аз баландиҳои мавзеи шаҳри Душанбе, ки бо номи теппаи Лучоб маъруф аст, ба хок супориданд, ки минбаъд зиёратгоҳи аҳли илму адаби ҷаҳониён гаштааст.

Шоир дар мавзӯи ҷанг осори зиёде дорад. Достони «Писари Ватан» яке аз асарҳои бузурги шоир дар ин мавзӯъ ба шумор меравад. Шоир дар достон ҳаёту фаъолияти ҷанговарон, фарзандони халқи тоҷик ва дӯстиву рафоқати онҳоро бо фарзандони бародари халқи украин тасвир намудааст. Мирзо Турсунзода достони худро аз панду андарзи падари қаҳрамони достон- Қодир огоз кардааст. Шоир симои падари қаҳрамони худро ҳамчун шахси ботаҷриба, меҳнаткашу ватандӯст ба қалам додааст. Бо огоз шудани ҷанг падар писарашро барои мудофиаи обу хоки Ватани худ даъват менамояд:

Ту ҳсш бо дӯстонат рае ба майдон,

Нишон деҳ қудрати худро писарҷон.

Далери ман, сазоеори падар бош,

Чу игамшери падар соҳибзафар бош.

Ғояи асосии достон ин мавзӯи ватандӯстии халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ ва аз ҳуҷуми фашизм ҳифз намудани марзу буми кишвар мебошад. Дар майдони ҷанг, дар бешазори Украина Қодир бо Микола шинос мешавад. Дар қисмҳои баъдина муносибати дӯстиву бародарии Қодиру Микола тасвир мешавад, ки якҷоя сарзамини худро ҳимоя мекунанд:

Ту бингар Украини меҳрубонро,

Рухи зарду дили пурхуни моро.

Ба роҳаш не ҳарос аз тир дорам,

На тарсе аз дами гиамшер дорам.

Шоир дар асар муносибати меҳрубонона ва дӯстиву рафоқати халқу миллатҳои дигарро низ дар симои Микола ва Марина меорад ва ҳангоми гусел чунин суханҳо мегӯяд: Микола, рае, ҳимоят кун Ватанро,

Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро.

Агар ту иищро дорй муқаддас,

Агар онро нигаҳ дорй зи ноте.

Бирав, нобуд кун ягмогаронро,

Фашистон- душманони молу цонро.

Хулоса, дар достон ҳам симои Қодир ва ҳам симои Микола ҳамчун ҷанговарони далеру шуҷоъ, ватандӯсту вафодор инъикос ёфтааст. Қодир захмй шуда ба беморхона меафтад. У аз он ноумед мешавад, ки душманонро то ба охир мағлуб накардааст. Вале, иродаи қавии ӯ, суханони шифобахши табибон ва номаҳои тасаллобахши маҳбубаи ӯ Саодат ба Қодир нерӯи тоза мебахшанд:

Ту даъвои маро исбот кардй,

Ба аспат шоҳи душман мот кардй.

Машав навмед аз бедида гаштан,

Ки цояшро бигирад дидаи ман.

Шоир дӯстии халқҳои мухталифро дар замони ҷанг тасвир намуда, онро яке аз сабабҳои пирӯзии мардуми шӯравй донистааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *