Таҳлили рисолаи «Бадоеъуссаноеъ» — и Шамсиддин Шоҳин — Донишхона

Таҳлили рисолаи «Бадоеъуссаноеъ» — и Шамсиддин Шоҳин

Мавзӯъ: ТАҲЛИЛИ РИСОЛАИ «БАДОЕЪУССАНОЕЪ»-И  ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Нақша:

Сарсухан

  1. Мухтасари ҳаёти шоир
  2. Мазмун ва мундариҷаи рисолаи «Бадоеъуссаноеь»
  3. Акидаҳои пешқадами шоир дар рисолаи мазкур

Хулоса

Ашъори Шоҳин ва муҳаббати ӯ ба забони зиндаи мардуми тоҷик дар рушду нумӯи забони адабии тоҷик ва, махсусан, ба забони назми нимаи дуюми асри XIX таъсири калоне гузоштааст. Боиси тазаккур аст, ки Шоҳин бо сабку услуби тозаи худ дар назми замони хеш маӣлу равнақ соданависӣ ва ба ҳаёт наздик намудани шеъру ғазалро ривоҷ додааст.

Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. У дар натиҷаи касалии сил дар ҳолати ниҳоят сахт дар шаҳри Қаршӣ вафот кардааст. Вафоти шоир, ҳарчанд дур аз шаҳри Бухоро воқеъ шуда бошад ҳам, аҳли илму адаби Бухоро ва шахсони пешқадаму намоён, фозилону донишмандон хотираи уро хеле самимӣ пос доштанд. Шоирон ва аҳли қалами Бухоро дар вафоти ӯ бо сӯзу гудоз шеърҳои аламангез эҷод намуданд.

Эҷодиёти шоир хеле пурмазмун буда, дар иояи баланд қарор дорад. Рисолаи «Бадоеъуссаноеъ» дар миёни эҷодиёти ӯ мавқеи хос дорад. Шоҳин дар асарҳои иешини худ мехост ҳокимону давлатдоронро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят намояд. Вале Шоҳин дарк менамояд, ки ҷамъияти ҷаҳолатпарвари он даврро ба ин роҳ ислоҳ кардан мумкин нест. Бинобар ин, чунин мақсади хешро шоир дар рисолаи насрии хеш «Бадоеъуссаноеъ» анҷом додааст.

Рисолаи «Бадоеъуссаноеъ» асаре будааст, ки дар охирҳои умри шоир таълиф шудааст. Шоҳин дар асари худ иллатҳои иҷтимоии замони худро беибо зери танқид мегирифт. Вале ин ҳама танқидҳоро дар зери пардаи рамзу истиора, дар кинояву суханҳои пардапӯшона изҳор менамуд.

Рисолаи «Бадоеъуссаноеъ» аз рӯӣи мавзӯъ ва мундариҷа се бахшро дар бар мегирад:

1 .Танқиди муҳити ҳамонвақта

  1. Танқиди ҳокимону давлатдорон ва соҳибони салтанат
  2. Тасвири ҳолу аҳволи худи шоир, ҳамчун шахсе, ки худро дар он ҷамъият танҳо ҳис мекард.

Ҳодисаву воқеаҳо дар асар бо ибораҳои кинояомез, танқиди замон, баёни ҳолати худи муаллиф, ҳикояҳои хурд-хурд ба тариқи тамсил, хулоса ва натиҷаҳо бо суханҳои равшану ошкоро ифода ёфтаанд, ки хеле ҷолиб мебошанд. Шоҳин дар муқаддимаи аеараш менавиеад, ки риеоларо барои таскини дилаш эҷод намудааст.

Шоир дар асари худ ҷоҳилонро, ки дар ҷамъият мақому мартабае доштанд, зери тозиёнаи танқид мегирад. Сипае, шоири инсондӯст дар чанд ҷоӣи асараш бетартибиву бенизомии ҷамъияти онвақтаро танқид намуда, мегуяд, ки ислоҳи чунин ҷамъият имконпазир нест. Зеро, агар нуқсону иллатҳо аз ҳар ҷониби бадан ҳамла орад, баданро заифу касалманд мегардонанд. Ҳатто, сурма ҳам бо ҷоӣи он, ки дидаро равшан кунад, пеши чашмро сиёҳ мекунад» Бинобар ин, чунин ҷамъиятро аз буну бехаш решакан кардан лозим аст.

Шоир чунин фикру андеша дорад, ки ҳар як шахеи ҷониб- дори ҷамъияти солим бояд сабабгори аслии ин бадбахтӣ ва муно- сибатҳоро ҷустуҷӯ намояд. Инсон бояд на ба зоҳири ҳодисаву воқеаҳо, балки ба ботини нуқсону иллатҳо назар андӯзад.

Баъдан, дар охир, Шоҳин ҳамчун шахсе, ки дар он ҷамъият хору залил аст ва дар муқобили ин беадолативу ноинсофиҳо танҳову бедармон аст, аҳволи худро инъикос менамояд. Шоир ба ин ҳама беназмию бетартибӣ ва носозгории ҷамъият, ки раияту мамлакатро ба вартаи ҳалокат расонидаанд, зимомдорон ва мансабдорони давлату аморатро гунаҳкор медонад. Рисолаи насрии «Бадоеъуссаноеъ» ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз нигоҳи шакл дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ асари нав ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *