Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина» — и Садриддин Айнӣ — Донишхона

Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина» — и Садриддин Айнӣ

Мавзӯъ: ТАСВИРИ ҲАЁТИ ГУЗАШТАИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ПОВЕСТИ «ОДИНА»-И САДРИДДИН АЙНӢ
Нақша:
Муқаддима
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли устод Айнӣ
2. Мазмуни мухтасари асар
3. Симои Одина дар асар
Хулоса
Садриддин Айнӣ аз бузургтарин шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик аст, ки дар рушду тараққиёти адабиёти муосири тоҷик хизмати арзандае кардааст.
Садриддин Айнӣ дар синни шашеолагӣ ба таҳсили илм огоз намудааст. Давраи наврасии ӯ дар огуши меҳру муҳаббати волидаӣнаш дер давом накард. Падару модараш аз касалии вабо паси ҳам вафот мекунанд. Садриддин тарбияи оилаи худро ба саробонии модаркалонаш супорида, худ барои таҳсил ба шаҳри Бухоро меравад. Баъди таҳсили Мадраса ба кору фаъолияти нависандагӣ огоз менамояд. Повести «Одина», ки дар таърихи адабиёти тоҷик бо номи «Саргузашти як тоҷики камбагал» ёд карда мешавад, аввалин повести реалистии тоҷик ба шумор меравад. Нависанда дар ин асар ҳодисаҳои мураккаб ва пурҷӯшу хурӯши ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар ибтидои асри XX тасвир намудааст.
Дар образи Одинаи сагир нависанда як камбагалбачаи болупаршикастаеро, ки дар азобу шиканҷаҳо умр ба cap бурдааст, тасвир менамояд. Нависанда Одинаро ҳамчун мардикори багаӣрати тоҷик, ки барои ҷустуҷӯи роҳи дурусти ҳаёт муборизаро пешаи худ қарор додааст, инъикос менамояд. Айнӣ, баъдтар, сарнавишти Одинаи камбагалро ба сифати коргари заводи пахтатозакунӣ ба қалам додааст. Одинаи бекасу кӯӣ ягона роҳи халосиро дар гурехтан дида, ба сӯӣи Фаргона раҳсипор мешавад. Одина дар заводи пахтатозакунӣ дар шароити ниҳоят вазнин кору фаъолият намуда, дар баӣни коргарони заводи пахтатозакунӣ ҳуқуқҳои инсонии худро бештару хубтар дарк менамояд. Дар натиҷаи муборизаҳои шадид бар зидди амалдорони амир ва ашхоси мансабдори замонаш, азобу азияти зиёде мекашад. Оқибат ба бемории сил гирифтор шуда, вафот мекунад.
Одина бо хислатҳои неки инсонии худ, бо меҳнатдӯстиву поквиҷдониаш аз Арбобкамол ва дигар амалдорони давру замонаш боло меистад. У аз дасти Арбобкамол мегурезад ва, ҳақиқатан, наҷот меёбад. Одина бо ин амали худ ба дигар ҳамсафони худ, ки роҳи наҷот ва халосиро намедонистанд, дарси ибрат нишон додааст.
Симои Одина дар дарбори Арбобкамол ҳамчун ҷавони бегаӣрат ба қалам дода шудааст. Чунон беҷуръат будааст, ки ҳатго ба хӯҷаин рӯ ба рӯ истода ёрои сухан карданро надоштааст. Вале, ӯ роҳи ягонаи аз дасти ин золим халос шудан ва наҷот ёфтанро дар гурехтан дидааст. Чунин рафтори одинаҳо маънои мусбате низ дошт. Яъне, Одина бо ин амали худ ба дигарон роҳ нишон медод, ки онҳо низ метавонанд чунин амалеро анҷом дода, аз даргоҳи амалдорон озод шуда, ба табақаи коргарон ҳамроҳ шаванд.
Одинаи камбағал дар натиҷаи муборизаҳои синфӣ обутоб меёбад, таҷрибаи зиёд меандӯзад. Ба гаӣр аз ин, дар асар образҳои Бибиоиша, Раҳимабегим, Гулбибӣ тасвир шудаанд, ки симои зиндагии занони оддии кӯҳистони тоҷикро нишон додаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо пирӯзии Инқилоби Октябр бедоршавии шуур ва ҷаҳонбинии сиёсии деҳқонони камбағалро возеҳу равшан ифода намудааст. Дар асар, ҳамчунин, бори аввал симоҳои барҷаста ба монанди образҳои болшевикони тоҷик, симои коммунистон ва симои коргари рус- Иванов бо хулқу атвори некаш тасвир ёфтааст. Устод Айнӣ дар асари худ ҳаёти халқи тоҷикро дар даврони гузаштаи таърих ба таври ҳақиқӣ инъикос намудааст, ки дороӣ аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ низ мебошад.

Тасвири ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик дар повести «Одина» — и Садриддин Айнӣ: 2 комментария

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *