Симои зан — модар дар ашъори Мирзо Турсунзода — Донишхона

Симои зан — модар дар ашъори Мирзо Турсунзода

Мавзӯъ: СИМОИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Нақша:
Муқаддима
1. Зан — модар — асоситарин мавзӯъ дар эҷодиёти шоир
2. Зан — сарчашмаи ҳаёт ва хушбахтӣ
3. Зан — офарандаву созанда
Хулоса
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун симои барҷастаи илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ва яке аз бузургтарин шоирони адабиёти муосири тоҷик эътироф шудааст. Бо ин хидматҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамчун шоири халқии Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90-солагии зодрӯзаш устод Турсунзода бо унвони олии Ватан-Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Нақши устод Мирзо Турсунзода дар корҳои давлативу байналмилалӣ хеле бузург будааст. Аз устод Турсунзода эҷодиёти назмии бисёр таронбаҳо мерос мондааст. Мавзӯъҳои ашъори шоир рангин ва гуногунмазмун мебошанд. Аммо, мавзӯи зан ва модар дар эҷодиёти ӯ мавқеи хосса дорад, Симои занону модарон дар эҷодиёти бештари шоирону нависандагон ба чашм мерасад. Вале устод Турсунзода мавзӯи зан-модарро дар адабиёт ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расонидаанд. Ашъори ба зан-Модар бахшидаи устод Турсунзода аз қабили «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор,зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман» мебошанд, ки дар онҳо бо меҳру муҳаббат ва самимияти зиёд сухан мекунад. Дар «Дили модар» ном шеъри худ шоир тамоми хусусиятҳои неки модарони тоҷикро возеҳу равшан накл мекунад. Дар ин мисраъҳо шоир ҳолати рӯҳӣ ва қалби пурэҳсоси модарро ба таври воқеӣ ифода намудааст:
Намурдам, зистам,
Фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби туйи арусӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.
Шоир дар ашъори худ расму оинҳои мардумиро низ тасвир намудааст, ки хусусияти миллии модарони тоҷикро ифода кардаанд. Модарони тоҷик, ки дар баробари тамоми модарони машақатҳои дигар рӯзҳои сахти Ҷанги Бузурги Ватаниро дидаанду азобу кулфатҳои онро кашидаанд, фарзандони хешро аз даст додаанд ва пайвандону шавҳарони худро гум кардаанд, чунин орзу доранд:
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сухтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз.
Ранҷу азобҳо ва сабру таҳаммули модаронро дар шабҳои тор паси гаҳвора шоир хеле хуб ифода намудааст:
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагуён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо,
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» шоир фазлу ҳунари модарро дар ҳаёт хеле ҷолиб ифода кардааст. Шоир занро сарчашмаи ишқу зиндагӣ ва офарандаву созандаи ҳаёти солим ба қалам додааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар хом мемондем мо.
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе пороги равшане дар шом мемондем мо.
Аз қадимулайём ба мо маълум аст, ки шири модарон хусусияти табобативу муолиҷавӣ низ дорад. Зеро, модарони мо ҳангоми ба ягон беморӣ мубтало шудани чашму гӯши мо ба он шир меҷӯшиданд ва он шифон комил меёфт. Шоир маънии болоро чунин тасвир намудааст:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар аӣём мемондем мо.
Устод Турсунзода симои зан-модарро хеле олӣ тасвир кардаает. Вале мо фикру андеша дорем, ки дар ҳаққӣ модарон чанде сухан гӯем, кам аст. Онҳо ба ҳама суханҳои болову воло сазоворанд. Ишқу муҳаббат, ки модарон доранд, беназир аст, он гавҳари ноёбро қадр бояд кард.

Симои зан — модар дар ашъори Мирзо Турсунзода: 270 комментариев

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *