Романи «Одамони ҷовид» -и Раҳим Ҷалил — Донишхона

Романи «Одамони ҷовид» -и Раҳим Ҷалил

Мавзӯъ: РОМАНИ «ОДАМОНИ ҶОВИД»-И РАҲИМ ҶАЛИЛ
Нақша:
Муқаддима
1. Мавзӯи асосии романи «Одамони ҷовид»
2. Симоҳои марказии роман
3. Симои занон дар роман
Хулоса
Раҳим Ҷалил дар адабиёти тоҷик ҳамчун нависанда, шоир, драматург, журналист шинохтаву эътироф карда шудааст. Ӯ дар адабиёт бо эҷодиёти худ, махсусан, дар романнависӣ саҳми арзандаву муҳиме гузоштааст. Раҳим Ҷалил соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, аввал дар мактаби куҳна ва баъдан дар мактаби сохти шӯравӣ таҳсил намудаст. У кору фаъолияти адабии хешро аз навиштани ҳикояҳои хурд-хурд огоз кардаает. Мавзӯи эҷодиёти нависанда гуногунранг буда, масъалаҳои муҳими ҳаётро фаро гирифтааст.
Романи «Одамони ҷовид» дар эҷодиёти ӯ яке аз асарҳон бузург ба ҳисоб меравад. Мавзӯъҳои асар дар навоҳии мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд. Дар маркази асар муборизаҳо ва ҷангҳои қаҳрамононаи зидди дастаҳои горатгаронаи Турдӣ, Норқӯзӣ, Исломбек, Холбутта, Саидаҳмад дар Хуҷанд, Нов, Тагоб, Басманда ва Мастчоҳ бурдаи дастаҳои ихтиёрии Артиши Сурх тасвир ёфтааст. Романи «Одамони ҷовид» масъалаи созмон додан ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравиро дар Тоҷикистон инъикос менамояд. Нависанда бо тасвир намудани ҷараёни муборизаҳои таърихӣ ва азнавсозии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании халқи тоҷик саъю кӯшиш намудааст, ки моҳияти ҳақиқии масъаларо ба хонанда возеҳу равшан намояд.
Симоҳои марказии роман-Павел Иванов, Пӯлод Қодиров, Гулрӯ Рустамова, Салимбоӣ Исмоилов мебошанд. Гурӯҳи дуввуми қаҳрамонони асарро образҳои манфӣ аз қабили босмачиён ва сарвару саркардагони онҳо: Исломбек, Мавлонбек, Ҳаӣдарбек ва дигарон ташкил медиҳанд. Қаӣд кардан лозим аст, ки симоҳои марказӣ ва мусбати асар дар мубориза бар зидди ин ҳама образҳои манфӣ пирӯзӣ ба даст меоранд ва дар симои хеш хулку атвор ва рафтори олии одамони некро зоҳир менамоянд. Масалан, яке аз онҳо Павел Иванов мебошад, ки ҳамчун коргари пуртаҷриба, муборши роҳи озодӣ даҳҳо ҷавонони бонангу номуси халқи тоҷикро тарбия намудааст. Нависанда Павел Ивановро дар роман ҳамчун ҷанговари далери солҳои ҷанги гражданӣ ба қалам додааст. Образи асосии дигар, ин Пӯлод Қодиров мебошад, ки дар натиҷаи кору фаъолияти самараноки худ ҳамчун шахеи гарбиятгирифтаи Университета коммунистии меҳнаткашони Шарқ тасвир ёфтааст.
Симои занон дар роман мавқеи хосса дорад. Дар симои Гулрӯ, Саодатбибӣ, Фазилатбибӣ, Ҳанифа образи занону духтарони бомаърифатро тасвир намудааст. Онҳо ҷавондухтароне ҳастанд, ки моҳияти ҳаёти навро хуб дарк кардаанд. Яке аз образҳои марказии роман-Гулрӯ Рустамова ба ҳисоб меравад, ки симои садҳо ҷавонзанон ва духтарони муборизи тоҷикро дар худ тачассум намудааст. Гулрӯ зани нотарс, далер, ҷасур ва муборизи роҳи озодӣ тасвир ёфтааст. Симоҳои дигар аз қабили Саодатбибӣ, Фазилатбибӣ низ ҳамчун занони фаъол тасвир ёфтаанд, ки паӣрави кору фаъолияти фарзандони худ ҳастанд. Умуман, дар симои занон намояндаи садҳо бинокорони ҷамъияти замони баъдиинқилоб, беҳтарин хислатҳои занону духтарони тоҷикро ҳамчун одамони замони нав таҷассум намудааст.
Хулоса, Раҳим Ҷалил бо эҷод намудани романи «Одамони ҷовид» худ як саҳифаи тозаеро дар таърихи адабиёти солҳои 30- юми тоҷик боз намуд. Забони роман хеле содаву равон буда, дороӣ хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Нависанда кӯшиш кардааст, ки забони асараш равон ва образнок бошад. Боигарӣ ва ифоданокии забони асари нависанда дар истифодаи фаровони мақолу зарбулмасалҳо мебошад, ки аз онҳо васеъ истифода намудааст.

Романи «Одамони ҷовид» -и Раҳим Ҷалил: 4 234 комментария