Мазмун ва мундариҷаи ғоявии «Наводирулвақоеъ» — и Аҳмади Дониш — Донишхона

Мазмун ва мундариҷаи ғоявии «Наводирулвақоеъ» — и Аҳмади Дониш

Мавзӯъ: МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ҒОЯВИИ «НАВОДИРУЛВАҚОЕЪ»-И АҲМАДИ ДОНИШ
Нақша:
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш
2. «Наводирулвақоеъ» — маьруфтарин асари Аҳмади Дониш
3. Мӯҳтавои «Наводирулвақоеъ»:
а) танқид ва вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва табақаи ҳоким;
б) мавзӯи панду ахлоқ дар асар;
в) мавзӯи тагӣирот дар соҳаҳои мухталиф
Хулоса
Аҳмади Дониш яке аз маорифпарварони маъруфи тоҷик буда, бо фаъолияти ҷамъиятии худ дар осори илмию адабиаш ғояҳои пешқадами замонаашро таблиг намудааст. Аҳмади Дониш нисбат ба сохти мавҷудаи феодалӣ, тартиботи давлатӣ ва ҳамаи боқимондаҳои он нафрати беандоза дошт. У соли 1826 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Дар назди волидаӣн ва дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, ба мақому мартабаҳои баланд расида, дар соли 1897 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки Аҳмади Дониш то охири умраш як зиндагии озодона ва покеро ба cap бурдааст.
Мероси адабии Дони ганӣ ва доманадор будааст. «Наводирулвақоеъ» яке аз асарҳои бузурги Дониш буда, бобу фаслҳои гуногунро дар бар мегирад. Асари «Наводирулвақоеъ» доӣр ба масъалаҳои гуногуни фалсафгао иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва илмӣ бахшида шудааст. Якчанд боби асари мазкур ба тасвири ду сафари Дониш ба Петербург бахшида шудааст. Дар «Наводирулвақоеъ» муаллиф масъалаҳои муҳими сиёсати давлат ва идораи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намудааст. «Наводирулвақоеъ» заҳмати зиёда аз понздаҳсолаи муаллиф ба шумор меравад. Гуфтан мумкин аст, ки асари мазкур дар баӣни аҳли илму адаби Бухоро шӯҳрати калон паӣдо карда, муаллифи он ҳамчун олим, нависанда ва мутафаккири забардаст шинохтаву эътироф шудааст. Ба гаӣр аз ин, ӯ бисёр ҷиҳатҳои сиёсию ахлоқии ҷамъияти замонашро аз назари танкидӣ тадқиқ намуда, иллату нуқсонҳои сохти иҷтимоӣ, тартибу низоми мамлакат ва ахлоқу кирдори табақаи ҳоқимро кушоду равшан фош намудааст. Аз ин рӯ, «Наводирулвақоеъ» барои бедории фикрии бисер ҳамзамонон ва паӣравони Дониш, ҳамчунин барои зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои асри XX таъсири бузурге гузоштааст.
Мавзӯи дигаре, ки дар асар таҳлилу баррасӣ шудааст, ин тарбияи наели наврас, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба тарбияи фарзандон, дар бораи ахлоқ ва муомилаи табақаҳои гуногуни ҷамъият, дар бораи одобу ахлоқ ва рафтори нописанд ва ноодилонаи синфи ҳукмрон ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ин дар ҳаёти иҷтимоию маданӣ, дар мавзӯи илмию фаннӣ ва иқтисодии кишвар тагӣироти ҷиддӣ дохил намудан мебошад, ки Дониш ин мавзӯъро дар асараш бевосита зикр намудааст. Ҳамчунин, дар асар доӣр ба моҳияти давлату давлатдорӣ, қонуну қоидаҳои асосии ҳукумат, доӣр ба ҳақиқату адолат асос ёфтани ҳокимият сухан рафтааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Ҳамин тариқ, «Наводирулвақоеъ» аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа масъалаҳо ва мавзӯъҳои ниҳоят муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмию маданӣ, иқтисодиву соҳаҳои дигари мухталифи зиндагии ҷомеа ва мардуми он замонро фаро гирифтааст. Бояд қаӣд кард, ки ҳамаи ин масъалаву мавзӯъҳо дар асар ҳам ба тарзу тариқи бадеӣ ва ҳам бо таҳдилу хулосаҳои илмӣ ва ҳам тавассути фикру андешаҳо, мулоҳизаҳои амиқи фалсафӣ тахлилу баррасӣ шудаанд. Дар ҳақиқат, «Наводирулвақоеъ» дар муҳити ҳамонвақтаи иҷтимоию маданӣ як шӯру ҳаяҷон ва ҷуибишу таконе ба вуҷуд овардааст. Фикрҳои пешқадамонаи Дониш чашми бисёр шахсони давлатдор ва мансабдорони замонро ба ҷиҳатҳои манфӣ ва иллату нуқсонҳои иҷтимоии давру замони худ кушод. Аз ин хотир, тарафдорони тартиботу низоми амирӣ ва намояндагони динӣ бошанд, аз таъсири ин фикру андешаҳои пешқадами Дониш ва асари ӯ ба тарсу воҳима афтода будаанд. Ҳамаи ин фикру андешаҳои пешқадамонаи Аҳмади Дониш обрӯю эътибори ӯро дар ҷамъият хеле боло бардоштанд. Чунӣн фикру ақидаҳои замонавӣ дар он замони тираву тор аз тарафи мутафаккирону нависандагони забардаст ҷонибдорӣ ёфтааст. Худи Аҳмади Дониш бошад, ҳамчун мутафаккиру донишманд дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва авали асри XX шӯҳрати бузургеро касб кардаает.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *