Мазмун ва мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ» — и Восифӣ — Донишхона

Мазмун ва мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ» — и Восифӣ

Мавзӯъ: МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ «БАДОЕЪУЛВАҚОЕЪ»-И ВОСИФӢ
Нақша:
Муқаддима:
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
2. «Бадоеъулвақоеъ»-оинаи таърихи асрҳои XV — XVI
3. Бахшҳои асосии «Бадоеъулвақоеъ»
Хулоса
Заӣниддин Маҳмуди Восифӣ яке аз нависандагон ва шоирони барҷастаи нимаи аввали асри XVI буда, бо осори пурарзиши худ, хусусан «Бадоеъулвақоеъ»-аш дар адабиёти классикӣ мавқеъ ва мақоми босазое дорад. Ному насаби Заӣниддин Маҳмуд буда, Восифӣ тахаллуси адабии ӯ мебошад. Мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои таърихиву адабӣ, Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Хдрот таваллуд шудааст. Гузаштагони Заӣниддини Восифӣ аз амалдорони на чандон хурд, аниқтар: аз котибони замони Султон Ҳусаӣн ба ҳисоб мерафтааст. Заӣниддини хурдсол аз овони ҷавонӣ зеҳни баланд ва истеъдоду қобилияти фавқуллоддае доштааст. Аз сабаби он ки аз хурдсолӣ ба илму дониш шавқу завқи зиёде дошт, ба омӯзиши қоидаҳои сарфу наҳви форсӣ, арабӣ, таърихи кишварҳои Арабу Аҷам, риёзиёт, мантиқ ҷиддан машғул шудааст. Умуман, бештари гузаштагон ва паӣвандони Восифӣ аз шахсони миёнаҳоли шаҳр ва бомаърифат будаанд. Восифӣ дар шаҳри Хдрот ба сӯҳбати яке аз шоирони бузурги замони худ- Алишери Навоӣ мушарраф мегардад ва сазовори ситоишу таҳсини ӯ қарор мегирад.
Аз мероси адабии Восифӣ асари пурқимате- асари ёддоштӣ ба мо боқӣ мондааст. «Бадоеъулвақоеъ» асари ёддоштии дар солҳои гуногуни ҳаёти худ таълифнамудаи шоир мебошад. «Бадоеъулвақоеъ» асари бузург буда, тахминан аз 46 боб иборат буда, ҳар боби онро худи Восифӣ «гуфтор» номидааст.
Таъкид намудан лозим аст, ки «Бадоеъулвақоеъ» асари хеле пурмӯҳтаво ва бузург буда, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа хеле гуногунмазмун ва бисёрпаҳлӯ аст. Асар ҳодисаву воқеаҳои таърихии зиёда аз 60-соларо фаро гирифтааст. «Бадоеъулвақоеъ»- ро асари ёддоштӣ ё тарҷумаиҳолӣ низ гуфтан мумкин аст, зеро ки дар он давраҳои ҳаёти шоир низ тафсир ёфтаанд. «Бадоеъулвақоеъ»-ро мувофиқи давра ва ҷоӣи ҳодисаву воқеаҳо ба ду қисм тақсим кардан мумкин аст. Дар асар давра ба давра воқеаҳои ҳаёти Хуросон ва воқеаҳои ҳаёти Мовароуннаҳр муфассал инъикос ёфтаанд. Ёддоштҳои давраи мовароуннаҳрии Восифӣ назар ба давраи хуросонии ӯ хеле дақиқу равшан баён ёфтаанд. Дар асар воқеаҳои таърихӣ гоҳо воқеӣ, гоҳо бо андак тағӣирот ва бофтаҳои бадеӣ, гоҳо бо нақлу ривоят ва ҳикояҳои пандомез тасвир ёфтаанд.
Ҳангоми аз тарафи шоҳ Исмоили Сафавӣ фатҳ гардидани Хуросону Ҳирот ба сари ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ғаму кулфатҳои зиёде омада буд ва авзои ҷомеаи он даврон бисёр пурфоҷеа гашта буд. Аз ин ҷиҳат, «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ беҳтарин таърихномаи Мовароуннаҳру Хуросони асрҳои XV ва XVI эътироф намудан мумкин аст.
Дар бахши аввал, асосан, ҳамон воқеаву ҳодисаҳои таърихие оварда шудаанд, ки аз давраи кӯдакӣ то 27-солагии муаллифро дар Хуросону Мавороуннаҳр фаро гирифтаанд.
Бахши дуюми асар ҳодисаву воқеаҳои адабӣ ва таърихиро дар бар мегиранд. Аз мазмуну мундариҷаи асар маълум мешавад, ки дар бештари қисматҳои ёддоштҳо ҳақиқати таърихӣ бо ҳақиқати бадеӣ омезиш ёфтаанд.
Бахши сеюми «Бадоеъулвақоеъ» ёдцоштҳо, нақлу ривоятҳо ва ҳикоятҳои доӣр ба аҳволи зиндагии шахсиятҳои бузурги илмиву адабӣ бахшидаи Восифиро дар бар мегиранд.
Заӣниддин Восифӣ яке аз намояндагони табақаи миёнаи шаҳр буд. Восифӣ ҳамчун шоир ва нависандаи мушоҳидакор бо вуҷуди шароити бади замона, ба ҳаёту зиндагии хеш аз назари мардумони табақаи миёнаи шаҳр нигаристааст. Он чи ки муаррихону адибони замонаш гшнҳон медоштанд, ӯ бо камоли ростиву адолатпешагӣ, берӯву риё тасвир мекард. Дар миёни афкори пешқадаму инсонпарваронаи Восифӣ фикру андешаҳои пандуахлоқӣ ва илмиву маърифатпарваронаи ӯ низ ҷоӣи муҳимро ишгол менамоянд. Дар асар нақлу ривоятҳо ва ҳикоятҳои халқӣ ба таври васеъ истифода шудаанд, ки ба забони гуфтугӯӣӣ наздик мебошанд. Хулоса, асари «Бадоеъулвақоеъ» дар омӯзиши таърихи илму адабӣ форсу тоҷик ва таърихи гузаштаи халқи мо аҳамияти бузург дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *