Мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода — Донишхона

Мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода

Мавзӯъ: МАВЗӮЪҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА СУЛҲУ ДӮСТӢ ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Нақша:
Сарсухан
1. Мавзӯи сулҳ ва дӯстӣ дар ашъори шоир
2. Сулҳу дӯстӣ — сарчашмаи хушбахтии тамоми миллатҳо
Хулоса
Устод Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғ ба дунё омада, таҳсили ибтидоии худро дар мактаби кӯҳнаи Қаратог шурӯъ намудааст вале аз сабаби нодурустии тарзи таълиму тарбия ӯ хатту савод иабаровардааст. Сипас, шоир дар мактабҳои усули нав, дар омӯзишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҳамонвақта таҳсили худро идома медиҳад. Баъди таҳсилоти олӣ ба хизматҳои илми, адабӣ ва давлатӣ сафарбар карда мешавад. Қисми шёди осори ӯро шеъру асарҳои ба мавзӯи дӯсгӣ ва сулҳ бахшидаи ӯ ташкил мидиханд. Аз ин рӯ, Турсунзода ҳамчуи вассофи сулҳу дӯстӣ ашнохгаву эьтироф карда шудааст, Баъд аз сафарқои хориҷӣ ва ҷаҳонгардии шоир, дар эҷодиёти ӯ, махсусан. дар доираи мавзӯъҳои баӣналхалқӣ тагӣироти куллие ба миён омаданд. Ва ӯ тамоми ҳаст ва фаъолияти адабии худро барои мустаҳкам намудани сулҳу дӯстии халқҳои ҷаҳон бахшидааст Шоир бо суруданп ашъори дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ тавонистааст, ки дар тамоми кишварҳои дуру наздик гояҳои сулҳу дӯс гиро паҳн намояд.
Ҳамин тарик, яке аз бахшҳои асосии мавзӯъҳои эҷодиёти шоирро мавзӯи супҳу амонӣ ва ҳамраъӣии халқҳои тамоми дунё л ашкил медихад, Шоир сулҳу амониро ҳамчун сарчашмаи асосии ободии ҳар як сарзамин, ободии кишвару диёр ва хушбахтии инсонҳо ба қалам додаасг. Сулҳу амонӣ монанди офтоби тобон ба ҳама кишварҳо лозиму зарур аст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кудакон.
Дар ҳақиқат, хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кудакон, ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад. Вале ин сулҳу амонӣ бо душвориҳои хеле зиёд ба мардуми мо насиб гаштааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад ишрмандаи руӣи ҷаҳон.
Зарурати сулҳу амониро дар баӣни ҷамъият таъкид намуда, онро дар мисоли сулҳҷӯӣии одамони шӯравӣ чунин шарҳ медиҳад:
Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест фаӣзи беҳисоб.
Шоир бар он таъкид мекунад, ки тамоми халқу миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон озодиву хушбахтии комили хешро аз сулҳ дидаанд:
Сулҳ бо имзои моҳо-мардумони фатҳёб, Менамояд нақшаҳои ҷангҷуёнро хароб.
Мавзӯи дӯстии халқҳо дар ашъори шоир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Шоир мафҳум ва маънии дустиву рафоқатро дар ашъори худ содаву самимӣ чунин ифода менамояд:
То тавонӣ, дустонро гум макун,
Ду стони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дуст будан мушкил аст.
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дуст ояд, гарм дар огуш гир,
Расми хуби тоҷӣконро гум макун.
Шоир дӯстии халқҳои тоҷикро бо халқҳои мухталифи дунё хеле муҳим мешуморад. Бинобар ин, дар ашъори ӯ дӯстии халқи тоҷик бо халқи рус низ тасвир ёфтааст. Халқи рус дар ашъори шоир ҳамчун муаллим, раҳнамо, дуст ва ҳамкори тамоми халқҳо ба қалам дода шудааст. Чунин фикру андешаи худро дар «Уқоб» ном асараш чунин баён мекунад:
Тоҷиконро ту болу пар доди,
Қудрати тоза ин қадар додӣ.
Вахту тақдири мо ягона бувад,
Мурги бахти як ошёна бувад.
Хулоса, Турсунзода мавзӯи дӯстии халқҳоро дар осори боқимондааш инкишоф додааст. Дар шеъри «Дил барнагашт» дӯстиву рафоқатн мардумн тоҷнку украинро чунин тасвир менамояд:
Хурдаам нону намак аз дасти фарзандони у,
Лутфу эҳсон ёфтам аз чеҳраи шодони у.
Шоир озодиву хушбахтии халқи меҳнаткаши худро дар дӯстӣ ва якдилии бародаронаи ҷамъи халқҳо медонад:
Ту донӣ, ки Шарқи ман аз ин баю
Раҳо ёфт каӣҳо, дар он хачқҳо
Ба ҳам дӯстӣ, меҳрубонӣ кунанд,
Чу як цону тан зиндагонӣ кунанд.
У дӯстиву рафоқати халқҳои шӯравиро сарчашмаи асосӣ ва такягоҳи сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон меҳисобанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *