Мавзӯъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ — Донишхона

Мавзӯъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ

Мавзӯъ: МАВЗӮЪҲОИ АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Нақша:
Муқаддима
1. Васфи Ватан дар ашъори шоир
2. Панду ахлоқ дар ашъори шоир
Хулоса
Устод Доиқ Шералӣ аз зумраи он шоироне будааст, ки дар шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназиреро касб намудааст. У соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панчакент дар оилаи шахсони бомаърифат ба дунё омадааст. Лоиқ дар мактаби ибтидоӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсили илм намудааст. Устод Лоиқ то охири умр ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, раисии Бунёди баӣналмилалии забони форсии тоҷикиро бар дӯш доштааст. Лоиқ Шералӣ дар баӣни мардуми Шарқ мақому манзалате паӣдо карда будаанд, ки ба ин андоза касе касб накарда буд. Шоир бар асари бемории сактаи дил соли 2000-ум ҷаҳони моро падруд гуфтанд. Ба қавле, интиҳои ҳаёту мамоти шоири волосухан танҳо ҳамин як марг набудааст:
Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.
Марг агар қатъи равоии ман бувад,
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад.
Ибтидои ман- деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман- ҷаҳони беканор.
Мероси адабии шоир баҳри бекаронро мемонад. Мо ин ҷо танҳо сурудаҳои шоирро дар бораи Ватан, панду ахлоқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем. Дар мавзӯи Ватан ва масъалаҳои пандуахлоқӣ дар адабиёти мо шеъру ғазалҳо ниҳоят зиёданд. Устод Лоиқ низ масъалаҳои мазкурро аз назари хеш мавриди таҳлил қарор додаанд. Дар ашъори Лоиқ мафҳуми Ватан аз шири поки модар, аз сангу кӯҳу хоки диёр оғоз шуда, бо мафҳуми умумӣ ва ягонаи он-Тоҷикистон алоқаманд мегардад:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистоны модар.
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Шоир тақдири хешро ба такдири Ватани худ-Тоҷикистони азизу камзамин алоқдманд намуда, таърихи гузаштаи онро бо сӯзу гудоз эҳсос мекунад:
Тоҷикистоп- мазҳари ман,
Сарзамыны камзамин.
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ.
Чунки фарзандоны ту дар тули таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муиапе хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷӯстуҷуӣи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Масъалаҳои пандуахлоқӣ дар бисёре аз ашъори шоир таҳлилу баррасӣ шудаанд. Шоир панд медиҳад, ки аз ҳар як лаҳзаи умр самаранок истифода бояд бурд, зеро умри одамӣ кӯтоҳ аст. Дар шеъри «Ало, шодоб соҳилҳо» ин назари хешро чунин изҳор кардаает:
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадры обҳоы ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки рузе хуиис хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид ымруз,
Ки рузе аз шамоли ҳодиса хомӯш ҳоҳад шуд.
Устод Лоиқ дар ҳама шеъру ғазалҳои худ масъалаи эҳтироми волидонро дар ҷоӣи аввал мегузорад:
Эӣ писар, хоҳӣ агар руҳи падар шод куни,
Хонаваӣрон имеӣ ҳам, гури ваӣ обод куни.
Ба қавли шоир, ҳурмату эҳтироми падару модарро дар зиндагии онҳо ба ҷо орем, беҳтару хубтар будааст:
Дил сухт, сипас қадри ьиарар донистем,
Қадри дили модару падар донистем.
Шоир бо суханҳои худ эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии ватандории хонандаи ҷавони тоҷикро тақвият медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *