Мавзӯъ ва мундариҷаи романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ — Донишхона

Мавзӯъ ва мундариҷаи романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ

Мавзӯъ: МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ РОМАНИ «ДУХТАРИ ОТАШ»-И ҶАЛОЛ ИКРОМӢ
Нақша:
Муқаддима
1. Мавзӯи асосии роман
2. Симои занон дар роман
Хулоса
Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон соли 1909 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падари нависанда Икромиддин аз шахсони бомаърифати давру замони худ будааст. У барои таълиму тарбияи фарзандони худ саъю талошҳои зиёде кардааст. Ҷалоли хурдсол дар дусолагӣ аз модар маҳрум гардида буд. Падараш бештар ба ӯ ғамхору меҳрубон будааст. Ҷалолуддини хурдсол аз овони кӯдакӣ ба омӯзиши достонҳо шавқу ҳаваси бузург доштааст. Ҷалол ҳам дар мактаби кӯҳна ва ҳам дар мактабҳои усули нав таҳсил кардааст. У таҳсилдидаи Дорулмуаллимини шаҳри Бухоро низ будааст.
Аз Ҷалол Икромӣ мероси арзандаи насрӣ мерос мондааст, ки аз роману повестҳо, ҳикояҳо ва дигар асарҳои насрӣ иборатанд. Аз ҷумлаи осори ӯ яке «Духтари оташ» мебошад, ки дар жанри роман эҷод шудааст. «Духтари оташ» яке аз романҳои барҷастаи адабиёти шӯравии тоҷик буда, мавзӯъҳои мухталифро фаро гирифтааст.
Нависанда дар роман бедоршавии шуури синфии тоҷикони меҳнаткашу меҳнатдӯстро ба қалам додааст. Симои Фирӯза ҳамчун зани тоҷик дар роман мавзӯи асосиву марказиро ифода менамояд. Ба гаӣр аз ин, ҳамкории меҳнаткашони рус ва тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Дар романи «Духтари оташ» як бахши образҳоро шахсони таърихӣ ташкил медиҳанд. Романи мазкур аз се фасл иборат мебошад.
Қаҳрамонони асосии асар Дилором-каниз ва набераи ӯ- Фирӯза мебошанд. Дар образи Дилором-каниз симои занони муборизу фаъоли тоҷикро ба қалам додааст. Гарчанде ӯ ба гуломии хеш иқрор будааст, вале ӯ чун зани оқилаю фарзона, меҳнатдӯст, заҳматкаш дар баӣни тоифаҳои гуногуни аҳолӣ сазовори ҳурмату эҳтиром гардидааст. Дилором-каниз беҳтарин хислатҳои хуби занону духтарони тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Образи дигари занҳо дар симои Фирӯза, ки дар маркази оташи инқилоб зода шудааст, тасвир меёбад. Симои зан дар романи «Духтари оташ» мавқеи марказӣ дорад.
Ҷалол Икромӣ ҳамчун нависандаи замони худ ҳаёти камбағалона ва ногувори табақаҳои поёнии занони тоҷикро тасвир карда, масъалаҳои шаъну шарафи инсонӣ, иззати нафс, сарбаландиву шарафу номусро таҳлилу баррасӣ менамояд. Шоир дар симои Оӣмуллои Танбӯр образи занони бомаърифати тоҷикро тасвир намудааст. Ба мисли Оӣмуллои Танбур занҳо кам бошанд ҳам, вале онҳо нури маърифату донишро барои бисёриҳо таблиғу ташвиқ менамуданд. Оӣмуллои Танбур ба ғаӣр аз дороӣ хислатҳои муаллимиву мураббигӣ буданаш боз сазовори муҳаббати дигарон низ будааст. У борҳо ба Фирӯза барин духтарони тоҷик наҳаросидаву натарсида ёриву кӯмаки худро расонидааст. Нависанда Оӣмуллои Танбӯрро чун муҳофизу роҳнамои фирӯзаҳо ба қалам додааст.
Хулоса, образҳои романи «Духтари оташ» дар баробари он ки ба хонанда таъсири бадеӣ мебахшад, хонандаро водор месозад, ки ба ҷомеа ва одамон муносибати хубу оқилона дошта бошад ва аз ҳар як рӯӣдоди ҳаёт таҷрибае касб намояд. Романи мазкур аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошта, моро ба расму оинҳои гузаштаи халқи тоҷик ошно месозад.

Мавзӯъ ва мундариҷаи романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ: 136 комментариев

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *