Мавзӯъ ма мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ — Донишхона

Мавзӯъ ма мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ

Мавзӯъ: МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АИНӢ
Нақша:
Муқаддима
1. «Ёддоштҳо» ва қисмҳои он
2. Мӯҳтавои мавзӯъ ва мундариҷаи асар
Хулоса
Устод Садриддин Аӣнӣ шахсияти барҷастаи фарҳангие мебошад, ки дар қатори симоҳои намоёни тамаддуни умумибашарӣ эътироф гардидааст. Хизматҳои шоистаи устод Аӣнӣ будааст, ки халқи тоҷик ӯро қамчун олим, нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Садриддин Аӣнӣ ҳамчун сардафтари адабиёти нави тоҷик шогирдони зиёдеро ба монанди Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ф Ниёзӣ, Р. Ҷалил, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Р. Ҳошим ба воя расонида, дар рушду нумӯи адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст. С. Аӣнӣ дар ганҷинаи адабиёти умумиҷаҳонӣ осори зиёде боқӣ гузоштааст, ки мавриди баҳр хабардории ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Ёддоштҳо, ки асари ҷамъбастии устод Аӣнӣ маҳсуб мешавад, аз ҳамин қабил асар ба ҳисоб меравад. «Ёддоштҳо» охирин, бузургтарин асари баъдиҷангии нависанда буда, аз чор қисм иборат аст. Қисмати аввали асар ҳамчун огози он дар бораи ҳодисаву воқеаҳои даврони кӯдакии нависанда нақл менамояд. Бахши аввал бо номи «Дар саҳро» ёд карда мешавад. Қисмҳои боқимондаи асар «Дар шаҳр» ном дорад. С. Аӣнӣ кӯшиш намудааст, ки дар бахши дуюми асари худ дар бораи мадрасаҳои Бухоро, барномаи таълимии онҳо, дар бораи аҳвол ва тарзу тариқи омӯзиши шарикдарсони худ маълумоти назаррасе диҳад. Қисми сеюми асар маълумотҳои мухталифи ҷолиби диққатро дар бораи Шарифҷон Махдум-яке аз маърифатдӯстони он замон, ҳунармандони Бухоро, шиносоии ӯ бо шоир Ҳаӣратро дар бар мегирад, ки ҷолиб мебошад. Дар қисми чаҳорум фикру андешаҳои худро дар бораи аҳволи муллобачагони пешқадам, дар бораи фикру ақидаҳои пешқадами маорифпарварии Аҳмади Дониш ва паӣравони ӯ иброз намудааст.
Ёддоштнависӣ дар адабиёти мо таърихи дурудароз дошта, аз замонҳои кадим то имрӯз идома дорад. Устод С. Аӣнӣ низ чунин анъанаро давом додааст. У аз мазмун ва мундариҷаи асарҳои пешин, ки характери ёддоштӣ доштанд, бохабар будааст. Аз ин рӯ, Садриддин Аӣнӣ дар бобҳои охири асари худ аз ҳаёт ва фаъолияти шоирон ва олимони асри XIX- Шарифҷон Маҳдум, Аҳмади Дониш, Ҳаӣрат ва дигарон маълумотҳои ҷолиб додааст. Дар баробари ин, дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти чанд тан шоирон ва аҳли илму адаб ба монанди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Саидхоҷаи Гулшанӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Қорӣ Абдулкарими Офарин ва Шамсиддин Шоҳин мат лумотҳои арзишманд додааст.
Дар охир ҳаминро қаӣд намудан лозим аст, ки «Ёддоштҳо» дар ганҷинаи адабиёти халқҳои Машриқзамин дурдонаи бебаҳое ба ҳисоб меравад. Устод Аӣнӣ дар асари худ раванди рушду нумӯи инсони комил ва рӯҳу иродаи қавии онҳоро нишон дода, ҷавононро дар рӯҳия ва мафкураи нави замонавӣ таълим медиҳад. Фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба обу хоки ватанро дар ҷисму ҷони насли наврас тарғибу ташвиқ менамояд. Дар таълифи «Ёддоштҳо» асарҳои тарҷумаҳолии нависандагони адабиёти бародари рус низ ҳамчун сарчашмаи адабӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Асари «Ёддоштҳо»-и устод Аӣнӣ аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ низ дорад. Ҳамчунин, асари мазкур то имрӯз аҳамияти таърихӣ ва тарҷумаиҳолии худро аз даст надодааст. «Ёддоштҳо» ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума гардидааст. Ҳамчунин, аҳли илму адабӣ халқҳои мухталиф дар бораи ин асари бузург асарҳои тадқиқотӣ-илмӣ таълиф намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *