Достони «Ливои Зафар» — и Мирсаид Миршакар — Донишхона

Достони «Ливои Зафар» — и Мирсаид Миршакар

Мавзӯъ: ДОСТОНИ «ЛИВОИ ЗАФАР»-И МИРСАИД  МИРШАКАР

Нақша:

Муқаддима

  1. «Ливои Зафар» — аввалин достони шоир
  2. Мавзӯъ ва гояи асосии достон

Хулоса

Мирсаид Миршакар соли 1912 дар деҳаи Синдеви собиқ ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омадааст. Волидаӣни ӯ аз чорводорони калони деҳа будаанд. Мирсаид Миршакар яке аз дастпарварони хонаи бачагон буда, дар нахустин мактаб-интернати шӯравӣ таҳсил намудааст. Сипае, ӯ барои таҳсил ба щаҳри Душанбе меояд. У ҳамчун узви фаъоли сохтмони Вахш дар корҳои азнавсозии водии Вахш фаъолона иштирок кардаает.

Мирсаид Миршакар ҳамчун шоири халқии Тоҷикистон фаъолияти эҷодии хешро бедьди солҳои 30-юм оғоз намудааст, Яке аз асарҳои бузурги ӯ достони «Ливои зафар» мебошад. «Ливои зафар» аввалин достони шоир маҳсуб мешавад. Достони мазкур хислату характера тарҷумаиҳолӣ дорад, Маъхазҳои достоӣ дар асоси ҷараёни сохтмони обёрии водии Вахш ва саёҳати худи шоир ба ин сохтмон ҷамъоварӣ карда шудааст. Бар

замми ин, шоир дар бораи оберни водии Вахш, дар бораи нақши ташкилотчигӣ ва роҳбарикунандаи ҳизби коммунист дар корҳои бузурш сохтмонӣ ва ёрии бародаронаи халқҳои шӯравӣ ба меҳнаткашони тоҷик сухан меронад. Шоир худро хамчун як қаҳрамони достон муаррифӣ менамояд. Мирсаид Миршакар баъди тасвири ҷоӣи кор ва шароити меҳнатии коргарон хулқу атвори неки меҳнаткашони шӯравӣ, рафтори бошууронаи онҳо, меҳнатдӯстии онҳоро муфассал нишон додааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар асар тартибу низоми кори меҳнаткашон, интизоми меҳнат, меҳдати коллективонаи халқу миллатҳои гуногун возеҳу равшан инъикос ёфтааст. У аз санъати ташхис истифода намуда, аз забони дарё сухан мегуяд, яъне дар бораи фоидаҳои ояндаи он ба саҳроҳои нави обёришаванда ва дар бораи аҳамияти умумишарқии он сухан меронад:

Бихоҳанд манро ба колхоз диҳанд,

К-аз обам биёбон гулистон кунанд.

Бигиранд аз қуваам баркро,

Дурахгион намоянд аз он Шарқро.

Мирсаид Миршакар чун шоирону адибони давраи шӯравӣ саъю кӯшиш намудааст, ки симои коргар ва меҳнаткаши ғаӣритоҷикро дар баробари образи коргарони маҳаллӣ инъикос намояд. Тавре маълум аст, халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун дустони вафодор ба мардуми тоҷик дар пешрафти ҳама корҳо ҳиссаи намоёни худро бародарона гузопггаанд. Шоир чунин мавқеи онҳоро ба эьтибор гирифта, дар қадами аввал ба тасвири намояндагони халқи кабири рус пардохтааст. Симои Иванов аз қабили ҳамин гуна ашхос мебошад, ки ҳамчун аъзои ҳизб бо бригадаи махсуси коргарон ба Тоҷикистон фиристода шудааст:

Ба фармони партия мо даҳ нафар

Ба ин ҷа намудем моён сафар.

Замоне ки ин ҷо расидем мо,

Надидем ҷуз водию куҳҳо.

Хулоса, шоир дар симои Иванов коргари бошуур, қавиирода ва тобоварандаро нишон додааст. Дар достон дустии халқҳои собиқ шӯравӣ таҷассум ёфтааст, ки онҳо баҳри иҷро намудани нақшаҳои азими сохтмонӣ якдилона меҳнат мекарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *