Некӣ бимонад ҷовидон — Донишхона

Некӣ бимонад ҷовидон

Некӣ куну ба об андоз! (Халқ)

Нек, хуб, нагз, хуш мукобили бад аст. Ҳар амале, ки бо диди нек анҷом пазирад, подошаш низ хуш мегардад. Некӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки тули таърих дар рафтору кирдори одамон зоҳир гашта, то имрӯз мисли як амали хайр мақоми шоиста дорад. Инсонҳои шарифу дурбин маҳз ба василаи некӣ номи худро ба ҷаридаи олам ворид кардаанд. Барои иҷрои ин амали савоб ҷоннсорӣ ва аз худ гузаштанҳо лозим меояд. Новобаста ба он ки амали хуб мукофот мегирад ё на, мо бояд ба иҷрои корҳои шоиста иқдом намоем. Дар ин бора Саъдии Шерозй гуфтааст:
Нек бошӣ бадат гуяд халқ,
Беҳ, ки бад бошию некат донанд.
Ҳар кӣ дар олам пайваста бо некй кушид, умри абад ёфт. Накукории аҳли сахо, ҷонбозиҳои каҳрамонон, шабзиндадории орифону шоирон ҳамчун нишони амали нек то замони мо расидааст. Баръакс, пастҳимматону бадкорон, маккорону бахилон ҳамчун образи манфӣ дар саҳифаи сиёҳи ҷаридаи олам макон мегиранд. Корномаҳои Шерак, Темурмалик, Муқаннаъ, Деваштич имрӯз ҳамчун дарси маҳорату часорат мавриди писанди умум қарор доранд. Албатта, некӣ бояд чун амали гуворо бетамаъ бошад. Дар сурати  боисрор мукофот ҷусстан амали кас нек ҳисобида намешавад. Некии ҳақиқиро мукофот худ истиқбол мегирад. Як нишони асосии некӣ дасткушодиву ҳимматбаландист. Касе бо некӣ ҳамсозӣ дорад, ҳамеша саодатманд ва дар амон аст. Носири Хусрав гуфта аст:
Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некй куш в-он гаҳ дар амон бош!
Ё ки: Некй кунй, ба ҷои ту некй кунанд боз,
В-ар бад кунй, ба ҷои ту аз бад бадтар кунанд.
Пайдост, ки дар олам касе човид нест. Инсон вучуди миранда аст. Аммо кори неку амали хуш ҷовидонист. Лоик гуфтааст:

Дунёи савдо бигзарад,

Андуҳи дилҳо бигзарад.

Ҳам навбати мо бигзарад,

Аммо ба зери осмон ҳамчун замини бекар он некӣ бимонад ҷовидон… .

Мусаллам аст, ки некӣ новобаста ба тагйир ёфтани сохтори зиндагӣ, тарзи давлатдорӣ, паси cap гаштани карнҳо ба сифати ахтари тобноки осмони тамаддун боқӣ хоҳад монд. Аз инрӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат некӣ карданро фаромуш насозем.

Некӣ бимонад ҷовидон: 224 комментария

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *