Дӯстӣ — Донишхона

Дӯстӣ

Дустӣ

То тавонӣ, дустонро гум макун,
Дўстони меҳрубонро гум макун.
Мирзо Турсунзода
Инсон баъди шинохти худ оҳиста-оҳиста ба донистани оламу одам мароқ зоҳир мекунад. Зиндагӣ бидуни дуст номумкин аст. Ҳатто дар замони наврасӣ низ ҳамаи мо вобаста ба диду хоҳиши худ ба нафаре қарин гашта, дӯст мегардем. Хушбахтона адабиёти беназири тоҷикон баҳри дарки масоили ҳамидаи инсонӣ, бахусус ростгуиву боиродагӣ, мардонагиву дурандешӣ, хоксориву ҳимматбаландӣ, рафоқат заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Гузаштагони мо дӯст, рафиқи ҷониро хеле ситоиш карда, гуфтаанд:

«Бародар беҳтар аст ё дуст? —
Бародар.

Ба шарme ки дуст бошад.

Дарвокеъ, дар ин мафҳуми орифона маънии хеле баланд нуҳуфта аст, ки ҳамаи моро ба қимати аслии дуст ошно месозанд. Албатта, дӯст ҳар хел мешавад, агар зумрае ҷонӣ бошанд, гуруҳе нонианду забонӣ. Гуруҳи фавқро худи ҳаёт собит месозад. Дӯсти ҷонӣ он нафарест, ки дар ҳама ҳолат рафиқи худро фаромӯш накарда, баръакс мунтазам бо ӯ дар мукотиба буда, ғаму шодиро баробар таксим мекунад. Бунёди олами рафоқат аз оила ибтидо гирифта, минбаъд ташаккул меёбад. Дўсти чароғи хонадони
оила, хуршеди тобонони ҷаҳони гузарон аст. Дар он ҷое, ки дўстиву рафоқат поянда бошад, ҳамеша
чароғи бахту саодат фурузон мегардад. Шоири ориф Ҷалолуддини Румӣ гуфтааст:
Мардум гуянд биҳишт хоҳй ё дуст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.
Тоҷикон аз ибтидо ба мардуми олам робитаҳои дӯстӣ доранд. Аксари удабо ва шоирони мо ба василаи ана ҳамин риштаи дустӣ кишварҳои зиёди оламро сайр намудаанд. Сафарҳои Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Турсунзода ва гайра дар таҳаввули адабиёту фарҳанги мо нақши муассир дорад. Бешубҳа, дар чунин як рузгори нав ва соҳибдавлатӣ баркарор намудани дустӣ ба кишварҳои мухталиф бар нафъи ҷомеаи мост. Маҳз
тавассути дӯстӣ Тоҷикистонро давлатҳои зиёде мешиносанд. Барҳак шоири дурандешу борикбин устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Дӯст ояд гарм дар огуш гир,
Расми хуби точиконро гум макун.
Аҳли адаб таҷрибаи зиёд андухта, ба хулосае омадаанд, ки дӯстро дар лаҳзаи вазнинӣ бояд шинохт. Ба ин маънӣ гуфтаанд:
Дуст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Оре, саодату камолоти миллат ва бахту иқболи он дар ҳамкорӣ ва робитаҳои дустиаш бо мамолики мухталиф боз ҳам бештар мегардад. Маҳз дустӣ ба одамон хушбахтӣ меорад. Пайдост, ки наслҳо паси ҳам омада, боз мераванд. Аммо дустй мисли Моҳу Хуршед ҷовидон аст. Абушакури Балхӣ безавол будани дӯстиро чунин ба калам дода аст:
Ҳама чиз, пирӣ пазирад бидон,
Магар дӯсти, к-он бувад ҷовидон!

Ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамдастӣ ниёз дорад. Дустй бо мардуми олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Аз ин хотир, шинонидани дарахти дустӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ салоҳ аст. Ҳак ба ҷониби Ҳофизи Шерозй, ки фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дӯстӣ: 1 648 комментариев