Душанбе — Пойтахти Тоҷикистон — Донишхона

Душанбе — Пойтахти Тоҷикистон

Мавзӯъ: Душанбе-поӣтахти Тоҷикистон

Душанбе, пойтахти тоҷиконӣ,
Чароғи нурпоши ҷовидонӣ.
Адолатшаҳр дар Шаркӣ шарафбор,
Саодатахтари рӯи ҷаҳонӣ.
Поӣтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе биҳишти сокинони ин маркази илмию фарҳангӣ мебошад. Бавуҷудоӣ ва инкишофёбии ҳама гуна пойтахти давлат дорои таърихи муаяни худ мебошад.
Таърихи паӣдоиши шаҳри Душанбе чунин аст: Баъди Инқилоб яъне соли 1924-ум дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халкҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон карданд.
Базебу зинати маҳвашсимоӣ,
Аруси ҳам замин, ҳам осмонӣ.
Ба боғу бўстонҳои шакаррез,
Ҳаловат хуррамистони касонӣ.
Оҳиста-оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоки ном гирифтани он эътибори Душанбе афзуда, соли 1929-ум номи Сталинободро гирифт. Соли 1961-ум аз нав номи кадимааш барқарор карда шуд.
Фазоят гунбади нури ҳаёт аст,
Ту худ ҷаннатсарои мардумонӣ.
Дар оғӯши қаторкуҳҳои руҳбахш,
Биҳишти сокинони комронӣ.
Таърих гувоҳ аст, ки рушди инкишофи шаҳри Душанбе асосан дар замони ҳокимияти Шӯравӣ ба
амал омадааст. Хонаҳои серошёна, касру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Баъд аз пош хўрдани Иттифоқи Шӯравӣ рушду инкишофи шаҳри Душанбе дучанд гардидааст. Аз 9-уми сентябри соли 1991-ум, ки Точикистон соҳибситиклол шуд, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фаҳангӣ ва иктисодии олимақоми чумҳурӣ гардид. Дар дохили ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф икомат мекунанд. Чунки мисраъҳои шоири бузург Мирзо Турсунзода шиори сокинони шаҳри Душанбе мебошад.
Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Шаҳрвандони мамлакатҳои дигар барои бархурдор шудан аз Тоҷикистон ва пойтахти он сафар
мекунанд ва аз симои пойтахт ба тамоми Точикистон баҳо медиҳанд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар макоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст. Байти зерини шоири маҳбуб Қурбонҷон Сангинӣ ифодакунандаи ин
инкишофёбиҳост:
Шаҳрҳои мамлакат баски мададгори туанд,
Сабзишат беҳ аст умебошӣ дар олам арҷманд.
Шуҳрату шаънат писанду эътиборат ҳам баланд,
Шаҳри маҳбуб, шаҳри нав, шаҳри зафардоди Ватан!
Умуман, халқи тоҷик дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст,  ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки 4
хусусиятњои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Имрўз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустакилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ батадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустакилу комилҳукук мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба кадри моликияти
давлатӣ- об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон,
оромгоҳҳо, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидку сафоро фурўзон нигоҳ дорем:
Ба роҳатофарию дилкушой,

Фарогатхонаи пиру чавонӣ,

Ба хушбуйи гулзорҳоят,

Ҷаҳони зиндаро ҷонбахш ҷонӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *