Фалсафаи асри 20 — Донишхона

Фалсафаи асри 20

 Фалсафаи асри ХХ: ҷиҳатҳои асосӣ ва хусусиятҳои он

Аз асри Х1Х инҷониб дар андешаронии фалсафии аврупоӣ насими тозае ворид мешавад, ки онро дар баробари фалсафаи классикӣ азамату  шукӯҳи хос мебахшад. Фалсафаи ин даврон бо диди нав ба саҳнаи андешаронии илмӣ ворид шуда, дар ҳалли мавзӯъҳои баррасишавандаи фалсафӣ усул ва шеваи куллан фарқкунандаро нисбати суннати фалсафаронии классикӣ интихоб намуд. Чуноне ки маълум аст, фалсафаи классикӣ аслан ба пайроҳаи низоммандӣ ва куллигароӣ рафтанро меписандид. Заминаи чунин тамоюлро касб намудани орои фалсафаи классикӣ аз он иборат буд, ки он аз рӯи боварӣ ба мунтаззамии табии низоми олам, ки бо ҳамин назму тартиб мавриди маърифати ақлонӣ қарор мегирад, қомат афрохта буд. Яъне тасаввури он мабнӣ ба мавҷудияти ҳамоҳангии тартиби ҳастӣ ва ташаккули субъективии инсон буд. Эътимод ба моҳияти хирадпешагии инсон, ки меҳвари тамоюлоти фикрии фалсафаи классикиро ташкил медод, дар навбати худ эътимоди росихро ба қудрати бепоёни ӯ дар амалияи ба худ мутеъ сохтани табиат, расидан ба зиндагии шоистаю пешрафта, тантанаи озодию адолати иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Барои роҳандозии ин орзую омоли моҳиятан наҷиби инсонпарварона дар заминаи фалсафаи классикӣ як қатор лоиҳаҳои барои инкишофи инсоният ва ҷомеаи ӯ мусоидаткунанда пешниҳод гардиданд. Масалан, рӯҳи гуманизми И. Хердер зарурияту арзиши муколамаи инсонҳо, дӯстӣ ва ба ҳам пайвастани халқияту миллатҳои гуногунро арҷ  мегузошт.

Барои ин мебоист инсон аз илм, бахусус илмҳои табиатшиносию дақиқ, пайравӣ намояд. Инҳо тамоюлоти фикрие буданд, ки дар умқи андешаронии фалсафаи классикӣ зоида шуданд ва дар даврони маорифпарварӣ ба шиори раҳнамунсози пешрафти ҷомеаҳои аврупоӣ табдил ёфтанд. Бо ҳамин суннати илмгаройӣ (сийентизм) ҳарҷи бештар ба рӯзгори ин ҷомеаҳо роҳ меёфт ва меъёри мутлақи санҷиши донишҳои инсон қарор мегирифт. Инсон танҳо дар сурати ба кор гирифтани дастовардҳои улуми дақиқу табиатшиносӣ метавонист ҷавобро ба кулли саволҳои бунёдии ҳастии олам пайдо намояд ва рафторашро дар ҷомеа танзим кунад.

Баробари дастовардҳои беназир натиҷаи  пайравии чунин орои фикрии илмгароёна ҷомеаи аврупоӣ ба мартабаи нерӯи ақлонию созандаи хиради инсонӣ онро тадриҷан бо як қатор мушкилоти фаннию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба рӯ сохт. Зеро дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятии охирҳои асри Х1Х ба шиддатёбии зиддиятҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба миён омадани ҳаводиси фалокатбор, аз ҷумла ҷанги ҷахонӣ, ба мушкилот мувоҷеҳ шудани идеяи соҳибихтиёрии инсон ба табиат бунёди эътимодро ба мутлақияти арзиши орои илмгароёна заиф намуда, дарки зарурияти ҷустуҷӯи шеваҳои нави андешарониро ба миён гузошт. Дар ҳамин замина тадриҷан ҷараёнҳои навини фалсафӣ, аз қабили фалсафаи ҳаёт ва экзистенсиализм (вуҷудгаройӣ) ташаккул ёфтанд.

Фалсафаи ҳаёт ҳамчун равияи мустақил аслан охири асри Х1Х дар Олмон ва Фаронса дар заминаи таълимоти Нитсше, Бергсон, Дилтей, Зиммел ва Шпенглер ташаккул ёфт. Намояндагони ин мактаб ҳаётро ҳамчун воқеяти ибтидоии олам, ки пеш аз ҷудошавии материя ва рӯҳ, ҳастӣ ва шуур қарор дорад, эътироф менамуданд. Аммо дар таърифи мафҳуми ҳаёт назари мутафаккирони ин равия хеле гуногун аст. Мӯҳтавои он бо мазмуни мафҳуми «ҳастӣ»- и роиҷ дар фалсафаи классикӣ муқобил гузошта мешавад. Бинобар ин таваҷҷӯҳ бештар ба хусусияти мутазоду тағйирпазир ва эҷодию ғайриқобили пешбинӣ доштани ҳаёт дода мешавад, ки ин дар навбати худ ба он сабаб мегардад, ки маърифати ҳаёт дар шакли ғайриақлонӣ, ҳадсӣ ва рамзӣ сурат гирад. Ҳаёт ҳамчун падидаи рамзӣ  наметавонад тавассути мафҳумҳои фалсафаи классикӣ, ки аслан барои дарки падидаҳои устувору тағйирнопазир нигаронида шудаанд, ифода ёбад. Инро мо метавонем дар заминаи таҳлили мухтасари баъзе аз намояндагони барҷастаи ин мактаби фалсафӣ бештару равшантар мушоҳида намоем.

Чуноне ки ёдовар шудем, дар саромади зуҳури ин наҳзати фикрӣ таълимоти Фридрих Нитсше қарор дорад. Барои дарки моҳияти таълимоти Нитсше шарҳи мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ аз манфиат холӣ нест. ӯ дар донишгоҳи Лейпсиг забоншиносии таърихиро фаро гирифтааст. Дар айёми донишҷӯӣ таҳти таъсири афкори Юнони бостон, аз ҷумла Гераклит, Суқрот, Афлотун ва ҳамчунин таълимоти Монтен, Спиноза, Фуко қарор дошт. Муддате дар донишгоҳи Баден ба таълими фалсафа пардохт, вале бар асари бемории шидид донишгоҳро тарк гуфт. Соли 1889 куллан аз пой меафтад ва пас аз як сол вафот мекунад.

Ба андешаи Нитсше, инсон ҳайвонест, ки пурра натавонистааст ба камолот бирасад. Аз ин рӯ ӯро лозим меояд, ки пайваста барои худро болотар бурдан аз ин оламе, ки дар он умр ба сар мебарад, сайъ намояд. Ин ба инсон имкон медиҳад, ки худро аз банди ранҷҳои ҳастӣ раҳоӣ бахшад. Яъне инсони ба камолот сайъкунанда набояд ҳамеша дар як ҳолати муқаррарӣ боқӣ монад, зеро ӯро дар ин роҳ расидан ба мақоми абаринсонӣ интизор аст. Бар дӯши абаринсон рисолати аз байн бурдани ҳамагуна кизбу дурӯғ ва падидаю омилҳои барои ҳаёт ногувор вогузор шудааст. Дар ин замина имконияти озод шудани инсон аз бори гарони арзишҳои бемояи гузашта фароҳам меояд. Зеро дар гузашта ва имрӯз башарият арзишҳои худро даруни дин, қонунҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фаъолияти амалӣ ниҳон кардааст ва ба ин сабаб ба иштибоҳ гирифтор аст.  Асари «Чунин гуфт Зардушт» бо пардохтан ба ин баҳсҳо марҳилаи ниҳойи андешаи Нитсшеро нишон медиҳад, ки мӯҳтавои мафҳумҳои ирода ба қудрат, нигилизм, такрори ҷовидона ва бегонагии вуҷудӣ дар он равшантар зоҳир мешаванд. Дард, ранҷ, зиддиятҳо дигар эътирозҳо нисбат ба вуҷуд нестанд, балки баёни танишҳои билфеъли он ба шумор мераванд. Ин амр фардро аз ранҷ кашиданҳояш халосӣ намебахшад, балки арзёбии вайро аз он мутахаввил мекунад. Дар тафаккури Нитсше аҳамияти фарди халлоқ, созанда дар он нуҳфтааст, ки ӯ таҷассуми раванди тағйирпазирии ҳаёте аст, ки шуданро(Werden) медиҳад.

Яке аз чеҳраҳои дигари намоёни «фалсафаи ҳаёт» Вилгелм Дилтей (1833-1911) ба шумор меравад. Дилтей бештар ба далели таҳлили маърифатшинохтиаш аз таърихнигорӣ ба унвони риштае аз дониш, ки дарбагирандаи навъи хосе аз амалиёти зеҳние, ки фаҳм (Verstehen) хонда мешавад, шинохта шудааст. Бо назардошти он ки таърих ва масоили марбут ба нигориши таърихӣ барои ӯ беандоза боаҳамият буд, фалсафаи вай бисёр куллитар аз он чизе қаламдод карда мешавад, ки он дар асл ҳаст. «Нақди хиради таърихӣ», ки вай дар андешаи худ онро тарҳрезӣ карда буд, мебоист ҳамаи илмҳои инсониро дарбар мегирифт. Дилтей бо чунин далеле, ки воқеияти таърихӣ ба дасти ононе, ки сайъ мекунанд улуми инсониро маҷбуран дар қолаби илмҳои табиӣ дароранд, «ноқис» шудааст, кӯшид барои илми таърих равишшиносии ҷадиде ба вуҷуд  оварад. Вай хусусияти куллигаройии таълимоти Кантро рад кард ва чунин андеша дошт, ки муаррихон фақат метавонанд ба ангезаҳо ва аъмоли афрод бингаранд. Ба назари ӯ, фард ҳамеша ҷузъе аз фарҳанги муайян аст ва фаҳми фард низ ба маънои фаҳмидани он фарҳанг аст. «Фалсафаи ҳаёт»-и Дилтей баёне аз боварии вай ба ин аст, ки мо бояд  худро ҷузъе аз куллӣ бузургтаре бидонем, ки сохтаи мавҷудоти башарӣ аст ва воқеияти иҷтимоию таърихии моро шакл медиҳад. Илова бар ин «баёне аз ҳаёт то он ҷо маъно дорад, ки нишонае бошад барои баёни чизе, ки ҷузъе аз зиндагӣ аст. Зиндагӣ  маъное ҷуз худаш надорад. Ҳеҷ чизе дар он нест, ки ба маъное дар фаросӯи он ишора кунад». Намудҳо ва баёнҳои зиндагӣ мавзӯи илмҳои инсониро ташкил медиҳанд.

Ба андешаи Дилтей, ҳарчанд мумкин аст давраҳо ва афроди мухталифе бо фарҳангҳои комилан бегона нисбат ба фарҳанги мо вуҷуд дошта бошанд, мо метавонем равандҳои таърихӣ ва иҷтимоии онҳоро бифаҳмем, зеро мо афроди зиндае ҳастем, ки «равандеро, ки тамоюл дорад,  худро дар баёнҳо ва намудҳо айнӣ созад» мешиносем ва медонем.  Фаҳм раванди ягона ва алоқаманд ба фард аст. Фаҳмро дар ин маврид Дилтей  ҳамчун «бозёфти ман дар ту» ё ба сурати шакле аз шинохт, ки бо равандҳои фикрӣ сарукор дорад, шарҳ медиҳад.

Дар Фаронса ба густариши ғояҳои марбут ба фалсафаи ҳаёт осори Анри Бергсон заминагузорӣ ва мусоидат намуданд. Дар аксари таҳкиқотҳои ба ҳаёт ва осори Бергсон бахшидашуда аввалан ба лаёқати фавқуллодаи аз овони ҷавонӣ насиби ӯ гардида маълумот дода мешавад. Ин маълумотҳо аз зиндагиномаи ӯ барои беҳтар шинохтани чеҳраи илмияш низ то андозае кӯмак менамоянд ва мо ҳам ин равишро пайравӣ хоҳем кард. Завқи чашмгири Бергсон дар овони мактабхонияш нисбат ба илми риёзиёт, пеш аз ҳама, таваҷҷӯҳи атрофиёнро ба худ мутамоил гардонида буд. Вай дар ҳафтдаҳсолагӣ ноил ба дарёфти ҷоизаи ифтихорӣ барои дарёфти роҳи ҳалли як масъалаи риёзӣ гашта, дар ҳамон сол масъалаеро ҳал кард, ки Паскал дар замони худ оид ба ҳалли хеш аз он маълумот дода буд, вале он нашр нагашта буд. Поённомаи таҳсилии Бергсон дар бораи назарияи Арасту дар боби макон ба забони лотинӣ анҷом дода шудааст. Вай илова бар мавзӯоти дигар инчунин фалсафаи Арасту, Афлотун ва Фулотинро низ тадрис мекард. Ҳамзамон мутолиаи комиле дар адабиёти фаннӣ ва тахассусии марбут ба нақши мағзи сар дар робита бо забонпарешӣ анҷом дод. ӯ дар фалсафа соҳиби сабки махсуси баёни андешаи илмӣ ба шумор меравад. Осори ӯ дар замони зиндагияш пурра ба забони англисӣ таҳти назари бевоситаи худаш ба нашр расида буд. ӯ  дар ин бора чунин фикри  ҷолиб дорад: «Чизе дар фалсафа вуҷуд надорад, ки натавон онро бо забони рӯзмарра баён кард». Вай чун Бертран Рассел мақсади бо амал пайвастани фалсафаро дошт.

Истилоҳи «экзистенсиализм» (вуҷудгаройӣ) маъмулан барои ишора ба наҳзати густурдаи фалсафие ба кор бурда мешавад, ки Мартин Хайдеггер ва Жан Пол Сартр поягузорони он маҳсуб мешаванд. Вуҷудгаройӣ чун равияи фалсафӣ аз солҳои 20-уми асри XX инҷониб ташаккул ёфт. Таълимотҳои фалсафии тамоюли вуҷудгаройидоштаро аслан ба ду даста ҷудо мекунанд. Ба дастаи якум ҳамаи он таълимотҳои фалсафие мансубанд, ки дар онҳо ба масъалаи инсон ва мавҷудияти ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Ба ин маъно чунин иддао шудааст, ки шахсиятҳои аз назари замонӣ дур чун Августини Мукаддас ва Б.Паскал аз ҷумлаи ниёгон ва бунёдгузорони фикрии вуҷудгаройӣ ҳастанд. Вале ҳамчун орои фалсафии махсус ин наҳзати фикрӣ дар солҳои пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар Фаронса ба авҷи худ расид. Ба ташаккули ғоявии вуҷудгаройӣ ҳамчун равияи мустақили фалсафие, ки масъаларо дар бораи инсон нуқтаи муҳими худмуайянсозияш дар баробари фалсафаи классикӣ қарор дод, се равияи фалсафӣ таъсири ҳалкунанда расонидаанд. Аввалан таъсири таълимоти вуҷудгароёнаи файласуфи даниягӣ Сёрен Киркегорро (1813-1855), ки дар он ғояи худкифоятмандии инсони ҷудогона бо тақдири шахсии ӯ ва рӯёрӯи таърих қарор гирифтани  ҳақиқати зеҳнӣ матраҳ гардидааст, дар ин ҷо зиёд аст. Маҳз Киркегор ба мафҳуми «экзистенсия» он маъниеро ворид сохт, ки минбаъд он бо ин мӯҳтаво дар орои вуҷудгаройӣ истифода бурда шуд. Экзистенсия ё вуҷуди воқеӣ маҳсули худи худ, ҳуввияти нодири хешро интихоб кардани инсон буда, мубталои ноустувории бо мафҳумҳои «тарс», «шубҳа» ва «изтироб» баёншаванда мебошад. Таълимоти вуҷудгаройиро метавон вокунише аз андешарониҳои мактаби «фалсафаи ҳаёт» номид, ки нахустин бор ба қудрати тафаккур шубҳа варзиданд ва онро барои кашфи маънии моҳияти инсон нокифоя донистанд. Билохира ба ташаккули орои фалсафии вуҷудгаройӣ нақши падидашиносӣ хеле назаррас аст, зеро он имконияти ба силсилаи ҳиссиёти равонии инсон, ба мисли «тарс», «ноуммедӣ», «ғамхорӣ», «изтироб» ва ғ. мақоми онтологӣ бахшиданро фароҳам овард.

Ҳарчанд бештари намояндагони ин равия, аз ҷумла М. Хайдеггер ва А. Камю мансубияти худро ба вуҷудгаройӣ инкор намуда, вижагию нотакрории таълимоти худро мукараран таъкид доштаанд, вале бо вуҷуди ин метавон дар заминаи мушаххас намудани усулҳои умумие, ки хоси диди вуҷудгаройӣ мебошанд, умумияти андешаронии намояндагони барҷастаи ин мактабро пайдо намуд. Пеш аз ҳама, таваҷҷӯҳи вуҷудгаройӣ ироаи шарҳу тафсире аст, аз ин ки вуҷуд доштан дар мақоми инсон дар ҷаҳон чи гуна аст ва ба чӣ мемонад? Ҳеҷ андешаи умумӣ дар бораи он, ки ин шарҳу тафсир бояд чи гуна бошад ва чи мӯҳтавое дошта бошад, вуҷуд надорад; ҳам бехудойии Сартр ва ҳам тафаккури динии Марселу Бубер дар андешаронии вуҷудгароёна ҷой дода шудаанд. Вале бо вуҷуди ин баъзе хусусиятҳои умумии ин таълимотҳоро метавон дарёфт. Вуҷуди айнӣ ва мутлақи ҷаҳон он гуна, ки ҳаст, бидуни дахолати инсонӣ инкор мешавад. Ҷаҳон чизи «додашуда» аст ва ҳеҷ гуна шубҳаи маърифатшиносӣ оид ба вуҷуди он дар миён нест; ҷаҳон бояд дар нисбат бо худамон тавсиф шавад. Моҳияти собите вуҷуд надорад, ки мавҷудот барои ба шумор омадан ба манзалаи инсон бо он мутобиқат дошта бошад. Мо он чизе  ҳастем, ки тасмим мегирем. Огоҳии башарӣ ҳолати ҳастии мутафовуте бо ҷараёнҳои моддӣ дорад. Инсон на фақат дар мақоми шайъӣ, балки ҳамчунин дар мақоми «ношайъӣ» вуҷуд дорад, яъне дар мақоми огоҳӣ, шуурнокӣ, ки шарти лозим барои интихоби он чи одамӣ мехоҳад  анҷом диҳад, бошад. Мо наметавонем байни интихоб кардан ва интихоб накардан якеро баргузинем; ҳатто агар фикр кунем, ки метавонем аз интихоб кардан канора ҷӯем, худи ҳамин амр навъе аз интихоб аст.

Бо такя аз усулҳои фавқуззикр барои ҳамаи вуҷудгароён тафсири моҳияти инсон чун экзистенсия, чун намуди хоси ҳастӣ «ин ҷо –ҳастӣ», «барои худ-ҳастӣ» умумист. Вуҷудгароён бозкушодагӣ ва номуайянии ҳастии инсониро таъкиду тасдиқ мекунанд, ки ҳамеша аз ҳадди худ мебарояд ё ин ки «ҳастии олӣ мегардад». Вуҷуд як чизи томшаванда ва ба андешаронии ақлони дастнорасест, ки аз муқобилгузории субъект ба объект маншаъ мегирад. Ҳастии инсонӣ, ба монанди мафҳумҳои мантиқӣ «дастгирнашаванда» аст, азбаски, ба қавли Хайдегер, он мақсаднок, «ана-ҳастӣ» мебошад, ки дар бораи он гуфтан мумкин нест, ки он «иборат аст аз…», балки гуфтан мумкин аст, ки «метавонад». Имкониятҳо аз вуҷуд ё ҳастии нақд ғанитаранд, аз ин рӯ, фақат тавассути одам мукаммалияти ҳастӣ амалӣ мегардад. Моро ҳастӣ фаро мегираду худро бозмекушоем.

Ба андешаи вуҷудгароён, инсон аз ягон хел сиришти қаблан додашуда ва ё муайяншудаи ҳастии шахсӣ бархурдор нест. ӯ бо ягон чизе муайян нашудааст ва «ба ҷуз лоиҳаи худи худ дигар чизе нест»(Сартр). Вазифаи инсон тавассути саволдиҳӣ дар хусуси маънои ҳастӣ, тавассути таассуроти ҳиссии алоқаи худ бо олам инсони ҳақиқӣ шудан аст. Бинобар ҳамин ҳам масоили озодӣ ва интихоб дар вуҷудгаройӣ аҳамияти бузург доранд. Сартр чунин меандешад, ки интихобҳои асил комилан номуайян ҳастанд. Агар мо барои иҷрои як нақши иҷтимоӣ амал кунем, – барои мисол, як пешхизмат ончиро, ки тасаввур мекунад, вазоифи аз пеш муқарраршудаи хирфаияшро ба анҷом расонад ё ошиқи ноком ба гунае рафтор кунад, ки фикр мекунад, бояд чунин кунад – дар он сурат мо ба далели надоштани асос барои интихоб гунаҳкорем.  Агар мо тасмимҳои худро дар асоси муқаррароти берунӣ, маҷмӯи қоидаю тартиботи берунӣ қабул кунем, мо ба интихоби асил намерасем. Интихоби асил дар вазъиятҳои сарҳадӣ – ҳолати беморӣ, гунаҳкорӣ, фалокат, марг ва ғ. пайдо мешавад. Маҳз дар вазъиятҳои сарҳадӣ шуур худро чун шуури азияткашида, ҳискунанда, миранда, мушавваш ва чун шуури озод, на ин ки мавҷудияти бесимо пайдо менамояд. Сартр эълом дошта буд, ки: «Мо ҳеҷ гоҳ чунин озод, ба мисли он, ки дар давраи истилои фашистии Фаронса буд, набудем». Вале Бубер ин қазовати Сартрро оид ба интихоби асил инкор мекунад ва мегӯяд, ки интихоби асил барои он аст, ки одамӣ метавонад арзишҳои кашфшуда ва на ибдоъшударо барои зиндагӣ ихтиёр кунад.

Баъзе аз масоили марбут ба инсонро вуҷудгаройи дар заминаи алоқамандии инсон ва ҷомеа матраҳ менамояд. Дар ин замина вуҷудгароён таъкид менамоянд, ки инсон маҳсули офаридаи таърих нест, балки ба маҷрои он партофта шудааст, лиҳозо ниҳоду ташкилаҳои иҷтимоиро фақат дар маънои шароитҳо, на ин ки ҳамчун мақсаднишондиҳиҳо қабул кардан зарур аст. Инсон бояд дар маҷрои таърих ҷустани рисолат ва бегуноҳбарориҳои худро бас кунад. Инсон ҳамчун офарандаи ягонаи арзишҳо ба озоди «маҳкум шудааст», озодии инсон дар ин маврид чун озодии ботинии мутлақи интихоб фаҳмида мешавад. Инсон худаш барои худ арзишҳоро муайян мекунад, рамзҳоро бозмекушояд, аҳамиятнокии эҳсосоташро аён месозад, яъне интихоби ӯ ҳамеша фардист, ҳатто агар  ба куллӣ башарият дахл кунад. Дар ин маъно Сартр инсонро чун «ҳастӣ барои худ» арзёбӣ мекунад. Мувофиқан фақат худи инсон куллияти масъулиятро барои интихоби худ ба дӯш дорад. Ҷомеаро вуҷудгароён чун нерӯи беруна, бесимо, «маҷақкунандаи» фардияти инсони ҷудогона баррасӣ мекунанд. Ин нуктахо минбаъд бахусус дар вуҷудгаройии фаронсавӣ ба муқобилгузории шахсият ва ҷомеа меоварад, ки чунбишҳои ҷавонони донишҷӯи фаронсавии солҳои 60-ум натиҷаи он буд.

Бештари андешаҳои дар заминаи орои вуҷудгаройӣ матраҳшаванда барои ғунҷониданашон дар осори бадеӣ хеле мувофиқ буданд. Чуноне ёдовар шудем, вуҷудгаройӣ дар маркази пажӯҳиши худ масъалаҳои фардии маънои ҳаётидошта, аз ҷумла гунаҳкорӣ ва масъулият, тасмимгирӣ ва интихоб, муносибат ба рисолат ва марги худ ва ғ.-ро гузошт. Албер Камю ҳатто ба сифати масъалаи асосии фалсафа зарурияти ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи «оё ҳаёт арзиши зиндагикуниро дорад?»-ро гузошт. ӯ ба сифати масъалаи воқеан арзиши фалсафидошта, масъалаи худкуширо эълом дошт ва вазифаи осори бадеиро аз он иборат медонист, ки барои маъно пайдо кардани ҳаёте, ки дар маърази таҳдид ва хатари бемаъно аст, ба инсон кӯмак намоянд. Инро худи мутафаккир дар осори бадеияш, ба монанди «Тоъун», «Бегонагӣ» ва ғ. бо маҳорати бемисли нависандагӣ таҷассум менамояд ва бо ҳамин ба дарёфти мукофоти Нобелӣ мушарраф гардад. Ташаккули тафаккури фалсафии Камю ду зинаро пушти сар намудааст, ки онон дар ду рисолаи фалсафии ӯ «Устураи Сизиф» ва «Инсони исёнгар» ҷамъбандӣ шудаанд. Ғояҳои меҳварии ҳарду рисола марбут ба масоили фанопазирии рӯҳ ва бетафовутии олам ба шавқу ангезаҳои инсонӣ мебошанд.

Мафҳуми аслӣ ва меҳварӣ дар марҳилаи аввали андешаронии вуҷудгароёнаи А. Камю қарордошта марбут ба масъалаи беҳудагӣ аст. Ба андешаи Камю, беҳудагӣ эҳсосе аст, ки аз бархурд бо олами ғайриақлонӣ ва доштани орзуи навмедонаю амиқи инсон барои ёфтани маънои вазъиятест, ки ӯ дар он қарор дорад. Тибқи андешаи Камю вокуниши мусбатро инсон ба ин вазъият дар сурати ба даст овардани дарку огоҳии комил нишон дода метавонад. Аз дарки равшану комили пучию беҳудагии зиндагии мо се натиҷаро ба даст меорем, ки Камю онҳоро чунин номгузорӣ мекунад – исён, озодӣ ва шуур. Ҳар кадоме аз ин натиҷаҳои дарки огоҳонаи инсон аз маънии зиндагияш дорои мӯҳтавои муайян аст. Масалан, диди Камю аз мӯҳтавои марҳилаи «исён» ин эҳсоси зоҳир намудани эътироз ва нофармонӣ аз ҷониби инсон дар баробари ҳақиқати тираю тори вазъияти башарӣ аст. Чунин шинохти вазъият моро батадриҷ аз қайди одату русуми қабулшуда раҳоӣ мебахшад. Бо ба даст овардани ин сифат мо ҳамаи чизҳоро аз нав мебинем ва аз дарун, ботинан озод мешавем. Мӯҳтавои унвони марҳилаи сеюм аз он иборат аст, ки дар ин зина эҳтимоли ба даст овардани тасмими қотеъ ва ирода ба зистан бо шиддат ва ҳаяҷони муштоқона то сарҳади имкон муҳайё мегардад. Ин тасмим таъкидест на барои гурез аз мафҳуми беҳудагии ранҷҳои зиндагӣ, балки ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо он. Ин ҳолатҳоро Камю хеле моҳирона дар асари бунёдияш «Устураи Сизиф» тасвир кардааст. Аввалан барои ворид шудан ба мӯҳтавои ин асар барои мо донистани сарчашмаи баромади ин устура хеле муҳим аст ва бинобар ҳамин ҳам мо дар ин ҷо иҷмолан дар бораи он маълумот доданро зарур мешуморем. Дар асотири юнонӣ Сизиф ҳамчун шоҳи давлати Курнат тасвир шудааст. ӯро худоён бо гуноҳе азиме маҳкум ба ҷазо карданд. Мутобиқи ин ҷазо Сизиф мебоист то абад санги бузургеро ба боли кӯҳе бараду аз он ки санг боз ба поён сарозер мешуд, ӯ бояд аз нав онро ба ҳамон қулла мебаровард. Ин корро ӯ бояд то охири умр такроран иҷро менамуд. Дар асари Камю иҷрои ин амал аз ҷониби Сизиф фазилати муайянеро касб мекунад. Сизиф дар асари Камю аз маъюсона, беҳуда будани кори иҷро мекардагияш огоҳ аст, аммо ба хотири рӯ ба рӯ шудан бо сарнавишти худ ин корро иҷро менамояд ва бо ин огоҳию дарки равшану шаффоф аз маънии рӯзгораш бартар меистад. Мо бояд аз ин ҷиҳат Сизифро хушбахту саодатманд тасаввур намоем.

Камю дар силсилаи дигари андешаронии вуҷудгароёнааш ба баррасии масъалае мепардозад, ки тибқи он дар сурати нишон надодани талош аз паёмадҳои аъмоламон ҳар як корамон маънои маҷозиро касб мекунад. Инро Камю дар романи «Тоъун»  ва рисолаи «Инсони исёнгар» хеле моҳирона тасвир намудааст. Дар ин осор Камю дар пайи он аст, ки арзишҳои бисёр наздик ба арзишҳои инсонгаройии озодихоҳонаро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин ҷо тафовути равиши Камю аз равиши вуҷудгароёнаи Сартр мушоҳида мешавад. Дар фарқият аз Сартр Камю ба чунин андеша мерасад, ки табиати инсонӣ вуҷуд дорад. Камю дар мафҳуми табиати инсонӣ асоси иттиҳоди афроди навъи башарро меёбад. Ҷудойии пучгароёна аз дигарон, ки дар осори Сартр ҷой дорад, дар андешаронии Камю ҷойи худро ба ахлоқи ягонагӣ ва хидмат ба дигарон медиҳад.

Баррасии масоили марбут ба вуҷудгаройӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба осори яке саромадони ин равия Мартин Хайдеггер (1889-1976) нопурра ба назар мерасад. Хайдеггер дар осораш ба  пуррагӣ таваҷҷӯҳи худро ба масъалаи тавзеҳи мӯҳтавои мафҳуми «ҳастӣ» равона кардааст.ӯ ҳанӯз дар айёми донишҷӯияш ба мутолиаи бевоситаи асарҳои ба ин масъала бахшидашуда мароқи бепоён зоҳир менамуд. Маҳз дар ҳамин айём ӯ ба сари «Таҳқиқотҳои мантиқӣ»-и Гуссерл шиносоӣ пайдо мекунад. Мутолиаи ин асар то охири умр ба ӯ таассуроти бузург мегузорад. Ҳарчанд ӯ таълимоти Гуссерлро напазируфтааст, вале дар он роҳеро барои наздик шудан ба дарки «ҳастӣ» пайдо мекунад. Соли 1919 Хайдегер ба сифати дастёри Гуссерл ба кор оғоз мекунад. Таҳти таъсири Гуссерл ва атрофиёнаш (Дилтей..) ӯ шурӯъ ба ташаккули шакли хоси падидашиносияш намуд, ки рӯйдодагии вуҷуди зинда ва зисташуда диққаташро равона сохт. Ин назария дар китоби «Ҳастӣ ва замон» (1925) хеле муфассал баён шудааст. Ба андешаи муфассирон дар ин асар кӯшиши ба ин савол ҷавоб пайдо карда мешавад, ки: Чи гуна рафтору бархурд бо ҳастандаҳо имконпазир аст? Посух дар маҷмӯъ ба ин савол чунин аст, ки он чи рафтору бархурдро бо ҳастандаҳо имконпазир мегардонад, фаҳми ҳастӣ аст. Бинобар ҳамин ҳам Хайдеггер фалсафаи худро тафаккур ё андеша (Denken) тавсиф мекунад.

Дар ин асар Хайдеггер мӯҳтавои мафҳуми «ҳастӣ»-ро дар алоқамандӣ бо ҳастии инсон, ки дар олами ӯро иҳотакарда сурат мегирад, матраҳ мекунад ва онро зимнан «ҳастӣ дар олам» меномад. Вай равиши мазкури ҳастишиносияшро падидашиносӣ меномад, зеро он аз шиори Гуссерл «Пеш ба сӯйи худи чизҳо» пайравӣ мекунад. Ин шиор дар худ ҳидояти иҷозаи дида шудан, додан ба он чизе аст, ки худашро менамоёнад. Фаҳми ҳастӣ ҳама гуна амалу рафтореро дар баробари  ҳастандаҳо (Das Sein des Seiendes) – ҳам онеро, ки ман нестам ва ҳам он, ки ман худам ҳастам- имконпазир месозад. Ҳастӣ чизе нест, ки дар доираи маҳдуд  қарор дошта бошад, балки дар фаҳм он пайваста дар ҳоли табдил аст. Хайдеггер фаҳми ҳастиро ифшо ё бармалошудагӣ (Erschlossenheitdisclosendness) меномад. Масалан, «ҳастӣ дар олам»-и инсон аз «ҳастӣ бо дигарон» ва «ҳастии хеш барои худ» иборат буда, «ҳастӣ бо дигарон» имкони инсонро берун кардан аз доираи шахсияташ дорад ва бо ҳамин ӯро бо дигарон омехта, ба «мисли ҳама» табдил диҳад. Шакли қаблӣ (априорӣ)-и шихсияти инсонро изтироб, тарс ва ташвиш ташкил медиҳанд, ки онҳо чи тавре зикр намудем, ҳастии субъективии инсонро ифода менамоянд ва бо мафҳуми «ҳастӣ дар олам» баён мегардад. Барои дарки «маънии ҳастӣ» инсонро зарур аст, ки аз кулли гаройишҳои амалию мақсаднок дурӣ ҷӯяд ва «миранда» будани худу «пуч» будани зиндагиро бифаҳмад. Танҳо бо мурури ҳисси ҳамешагӣ худ «дар рӯбарӯи марг» қарор доштан инсон метавонад арзиши ҳар лаҳзаи зиндагияшро дарк кунад ва аз қайди бутҳои ҳастии иҷтимоӣ (ҳадафҳо, идеалҳо, интизоъот (абстраксия) – и илмӣ) худро наҷот диҳад.

Психоанализ (таҳлили равонӣ). Тавофути миёни равияҳои асосии психоанализ чист ва онҳо чи гуна арзи вуҷуд карданд? Дар маънои васеи вожа мактабҳои гуногуни психотерапияи динамикиро ( ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам дар алоҳидагӣ) психоанализ меноманд. Психоанализ чун наҳзат аз маҳфили ҷонибдории Зигмундт Фрейд  ибтидо мегирад, ки дар атрофаш соли 1902 муттаҳид шуданд ва соли 1908 Ҷомеаи психоаналитики Венаро  таъсис доданд. Ворису давомдиҳандагони ин ҷунбиш мансуб ба истилоҳи психоанализи « классикӣ» ё « ортодоксалӣ» ( шаръӣ) – самти нисбатан сершумору тавоно ва бонуфузи  психоанализ  мебошанд. Дар тарҳи назариявӣ психоанализи классикӣ фрейдизм, таълимоти Фрейд аст. Ҷавҳари онро консепсияҳое ташкил медиҳанд, ки  сохти дастгоҳи психикӣ  ва сиришти психоневроз ( ҷунуни рӯҳӣ) – ро шарҳ медиҳанд. Дар асоси онҳо ғояи  бешуурӣ қарор дорад. Бешуурӣ (« Вай») он қисмати психика  аст, ки дар он таконҳои ғаризавӣ ( ҳоҳишҳо)  ва  ғояҳои аз шуур маҳдудкардашудабароварда мутамарказ шудаанд. Бешуурӣ аз шуур бо соҳаи  пешошуур (« Ман» -и оқили инсон, хотира, тафаккур) ҷудо карда шудааст. Он  назорати хоҳишҳои  бешууриву ғояҳои  пешгузоштаи онҳоро  амалӣ  гардонда, бо воқеияти  олами беруна  мувофиқ  гардида, ба кӯшишҳои  ба шуур роҳёбии онҳо муқовимат мекунад.  Ба шумори чунин роҳҳо  хоббинӣ, ғалатҳои гуфтор ( ҳазёнгӯӣ), ҳаҷв, инчунин ҳодисаҳои  амрозшиносии ( паталогияи) психикӣ мансубанд.  Дигар санги маҳаки назарияи Фрейд  таълимот дар бораи майли ҷинсӣ                ( либидо) ва шаҳвонияти бачагона буд. Аз назари ин таълимот раванди рушди психикии инсон моҳиятан раванди аз лиҳози биологӣ муайяншудаи табдилоти пайдарҳами ғаризаи шавҳонии ӯст.

Дигар равияҳои хеле камтар ниҳодишудаи бонуфузи психоанализро шогирдони аз Фрейд канораҷуста таъсис дода буданд. Миёни онҳо А.Адлер нисбатан маъруфтар буд, ки назарияи  худиашро бо номи « Психологияи фардӣ» кор карда баромад.   Дар асоси фаҳмиши марази рӯҳӣ аз ҷониби ӯ ғояи ҷуброни эҳсосоти беқадрӣ қарор дощт , ки онро ягон  нуқсони ҷисмонӣ тавлид  мекунаду он дар одам кӯшиши даркношударо ба сӯйи бартариҷӯӣ бедор месозад. Адлер   фрейдизмро  барои муболиғагардонии нақши шаҳватгароӣ ва бешуурӣ дар муайянсозии рафтори одамон танқид кард . Дар мубқобили ин ӯ ба нақши омилҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кард, самтмандии иҷтимоии майлу рағбатҳо-асоси характери инсониро таъкид намуд. «Психологияи иҷтимоӣ»-и Адлер дар солҳои 20-30, бахусус, дар ИМА нисбатан бештар густариш ёфт. Истилоҳи кашфкардаи ӯ « маҷмӯи беқадрӣ» ба ҳукми таомули ҳаррӯза даромад. Дар фарқият аз Адлер Юнг шогирди Фрейд набуд, фақат  муддате чанд бо ӯ наздикӣ дошт. Юнг баъди қатъи муносибат дар соли 1913 аз назарияи либидои Фрейд интиқод кард ва назарияи худро бо номи «Психологияи аналитикӣ» кор карда баромад. Ба Юнг типологияи характерҳои  коркардааш шӯҳрат овард, ки он одамонро ба «интровертҳо» ва «экстровертҳо» ҷудо мекард. Юнгчигӣ дар Швейтсария ва Англия мавқеи қавӣ касб кард ва дар ИМА пешниҳод гардид. Олимони соҳаи гуманитарӣ низ ба Юнг рағбат доштанд, ба хотири он саҳме, ки ӯ дар омӯзиши мифология гузошт. Он ба таълимот дар бораи архетипҳои бешуурии коллективӣ алоқаманд буд, ки  таҳти онҳо Юнг образҳои даркношудаи саршор  аз ҳиссиёт, таассурот, вокунишҳои андӯхтаи башариятро дар навъе хотираи « коллективӣ», онҳо қабати амиқи шахсиятро ташкил  медиҳанд, мефаҳмид. Архетипҳо ифодаи рамзии худро дар устураҳо,  образҳо ва сюжетҳои санъат дармеёбанд.

Неофрейдизми солҳои 30 – 40 -ум дар ИМА пайдо гашта,  ба тиб ва психология камтар реша давонд. Таъсири неофрейдизм аз бисёр ҷиҳат вобастаи маъруфияти бузурги таълифоти фалсафӣ ва иҷтимоӣ – психологии Э. Фромм – сарвари назариявии ин равия аст. Дигар намояндагони неофрейдизм Г. Саливан ва К. Харни мебошанд. Ҳамаи онҳоро майл ба ғояҳо ва аҳдофи муайяни фрейдизм  муттаҳид мекунад,        пеш аз ҳама психологизм дар муносибат ба ҳаводиси ҷамъиятӣ ва рағбат ба ғояи ангезанандагии ( мотиватсияи) бешууронаи рафтори инсон; инчунин эшонро кӯшиши  таҷдиди дарки таълимоти Фрейд ба самти бештар иҷтимоъкунонии он аз мавқеи муносибати « маданӣ» ба ҳам пайванд медиҳад. Ба пиндори онҳо, ҳар гуна психопоталогия барои ин маданият нисбӣ ва махсус аст. Омили муштараке мавҷуд аст, ки барои он замина фароҳам меорад ин навъи невротики ҳаракат аст. Фромм ва Хорни якчанд гуногунрангии характери невротикиро ба силки тасвир оварда, муноқишоти барангезандаи  онҳоро таҳлил карданд. Агар сухан дар бораи принсипҳои асосӣ биравад, ки бар онҳо бояд ҷомеаи рӯҳан солим бунёд ёбад, ин принсипҳоро Фромм дар асараш « Доштан ё будан?» ( 1976) овардааст. Нуктаи бунёдии  ин асар ҳудудгузорӣ миёни соҳиб будан ва ҳастӣ аст. Фромм даъват мекунад, ки мақсадгузории кунунӣ дар характери одам  бартаридоштаи соҳиб буданро ба мақсадгузорӣ ба ҳастӣ бояд иваз намуд.Психоанализ ба  илму фарҳанги қарни хх таъсир гузошт? Бе муҳобот метавон гуфт, ки ин таъсир хеле бузург ва гуногунранг аст. Дар маҷмӯаи «Фрейд ва қарни хх» (1958), ки дар он кӯшиши баҳодиҳии ҳаматарафа ба мақоми олими австриягӣ дар илму фарҳанги қарн ба  харҷ дода шуд, Фрейдро бо Марксу Эйнштейн дар як радиф мегузоранд ва номаш дар рӯйхат  якум аст. Фрейд аз ягон касе дигар бештар ба тағйирдиҳии образи одам, дасткашӣ аз фаҳмиши  маорифпарваронаи ӯ ҳамчун  homo sapiens( сокинони ғарбӣ вожаи «психоанализ» ба муродифи калимаи «психология» табдил ёфт.

Психоанализ чун фарзия арзи ҳастӣ кард ва муддати тӯлоние мавҷудияти он бо Фрейд  ва гурӯҳи на он қадар калони ҷонибдорони олими австриягӣ истисноан алоқаманд буд.Дар даҳсолаи  дуюми асри ХХ психоанализ аз бунбаст баромада густариш меёбад, дар мамолики гуногун пайравони ҷадид пайдо мекунад. Он ҳамчун  назария низ инкишоф меёбад: ба соҳаҳои хеле дур аз соҳаи пайдоиши он – психотерапия сар мехалонад. Таъсири психоанализ ба  соҳаҳои мухталифи шуури ҷамъиятӣ меафзояд ва ибтидои соли 30 –юм он хеле маъруф мегардад.

Фрейд мулоҳизоташро дар соҳаи этнография дар асари « Тотем ва табу» (1912-1913) иброз дошт. Фарзияҳои антропологии Фрейд ба бисёр олимони мардумшинос илҳом бахшиданд, бархе онҳоро рушду муназзам карданӣ шуданд ( Геза Рохейм), баъзе пажӯҳишоти саҳроӣ гузарондаю  ба носеҳ будани ин фарзияҳо эътимод ҳосил намуда ва аз онҳо даст кашида, консепсияҳои худиро офариданд. Масалан, Б. Малиновский ба хулосае дар бораи он омад, ки маҷмӯи  эдипӣ ҳаргиз дар он намуде, ки Фрейд онро баён кардааст, универсалӣ нест, Р.Бенедикт ва М. Мид бошанд, нармию зебоии сиришти одамиро намоиш доданд, ки дар назари Фрейд  тағийнопазир аст; охириҳо инчунин ба вобастагии сахти вожаҳои психика аз хусусиятҳои фарҳанг ишора карданд. Боз як хориқае, ки Фрейдро мантиқи рушди назарияаш бо ташреҳи он тела дод, сарварӣ буд. Дар асари « Психологияи оммавӣ ва таҳлили Ман» (1921) саромади психоанализ таваҷҷӯҳи равоншиносони иҷтимоиро ба асоси либидии (майли ҷинсии) алоқаҳои миёни фардҳо дар гурӯҳ мекашад. Ин ғояҳои Фрейд заминаи назариявии таҳлили иҷтимоӣ-психологии муносибатҳои сиёсиро чун соҳаи дониш бунёд гузоштанд.

Намунаи барҷастаи имкониятҳои ташреҳи фрейдизм таҳлили шахсияти Леонардо да Винчи гашт. Олими австриягӣ таклиф ба миён гузошт , ки муаммои эҷодиёт ва шахсияти ӯро дар шароитҳои бачагии барвақтиаш бояд ҷуст. Фрейд рӯзнома ва махсусан ёддоштҳои кӯдакии барвақти намояндаҳои бузурги Эҳёро таҳлил карда, якчанд фарзияеро оид  ба махсусиятҳои рушди рӯҳӣ- шаҳвонии ӯ ба миён гузошт, «Леонардо Да Винчи ва ёддоштҳои бачагии ӯ» (1910).Кунҷковии барвақти шаҳвонӣ, ки дар тифлӣ бедор гашта буд ва ғаму ҳасрати модар, ки ӯро дар тифлӣ танҳо ятим гузошт, чунинанд аз назари Фрейд  фишангҳои асосии ҷӯшухӯруши хастанопазири тадқиқотии Леонардо да Винчи. Бо ин намунаи психоанализи таърихӣ Фрейд ба жанри томе-жанри патограия ибтидо гузошт . Баъдан ӯ якчанд бор ба пажӯҳишоти патографӣ иқдом кард,ки обекташон Ф.М.Достоевский ва президенти амрикоӣ Вудро Вилсон шуданд. Аз ин тадқиқоти Фрейд то рӯзҳои мо анъанаи ҷустуҷӯҳои патографӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ ва санъатшиносӣ омада расидааст.Аммо таъсири бештаре, бешакк, ба таълимоти Фрейд дар бораи бешуурӣ расонд. Ва ҳарчанд ӯ нахусткашшофи он набуд ва назарияи психотаҳлилии бешуурӣ дар ин масъала ягона набуд, маҳз он даҳсолаҳои бутун дар таъсири ин хориқа «намунаи ибрат» буд ва ба тарғиби проблематикаи бешуурӣ, ҳам миёни омма ва ҳам уламо бештар мусоидат намуд.

Психоанализ ҳамчун равия дар психиатрия пайдо шуд ва аксари назариётчиёнаш табибон-рӯҳшиносон буданд. Он ба фалсафа чӣ муносибат дорад? Воқеан, ба назари аввал чунин менамояд, ки психоаназиз ба фаслсафа хеле муносибати дуртаре дорад, иртиботи онҳо қариб намоён нест. Охир худи Фрейд дар овони донишҷӯӣ ба девори утоқаш ин шиорро овехт: «Кор бояд кард, аммо бе фалсафафурӯшӣ!». ӯ дар сини андаке болиғтар баъзан кинояомез изҳор мекард, ки файласуфонро намехонад, зеро эшонро намефаҳмад. Аммо дар солҳои донишҷӯӣ ӯ дар машғулиятҳои амалии файласуф А.Брентано дармехонд ва ҳатто яке аз ҷилдҳои осори Д.С.Миллро ба олмонӣ тарҷума кард, дар соли1912 бошад, ба «Ҷомеаи фалсафаи позитивистӣ» шомил гашт.Ба иттилои шарҳиҳолнависон баъдан Фрейд ба осори Нитсше ва Шопенгауэр рағбати зиёд пайдо кард. Ҳамин тариқ, муносибати шахсии поягузори психоанализ ба докторинаҳои фалсафӣ пуртазод буд. Аммо шавқу завқи шахсӣ як чиз асту асосҳою хулосаҳои воқеии фалсафӣ –методологие, ки олим метавонад онҳоро пайҳам набаровараду нафаҳмад, чизи тамоман дигарест.

Таълимоти Фрейд сахт фалсафӣ ба шумор наомада, имкони зиёди ҷаҳонбинӣ дорад. Он, пеш аз ҳама, бо фаҳмиши махсуси инсон ва маданият аз ҷониби Фрейд алоқаманд аст. Дар асоси он эътиқоди Фрейд ба зиддияти оштинопазирӣ, аз як тараф, мабдаи табиӣ дар инсон, таконҳои шаҳвонӣ ва таҷовузкоронаи бешуурӣ ва аз дигар ҷониб, фарҳанг қарор дорад. Иллати ин зиддияти оштинопазир дар дараҷаи андарунипсихикӣ (зиддиятҳо миёни «Вай», «Ман», ва «Фавқул Ман», миёни назорат ва хоҳишҳо ) маданият бо ормонҳо, меъёрҳо талаботҳои он мебошад. Ба назари  Фрейд, маданият ба дасткашӣ аз қонеъгардонии хоҳишҳои бешуурӣ асос ёфтааст ва аз ҳисоби энергияи якбора табдил додашудаи  майли шаҳвонӣ вуҷуд дорад. Натиҷаи чунин фаҳмиши маданият танқиди романтикии он гашт, ки дар аввал бар зидди ниҳодҳои ҷудогонаи маданият равона гардид, аммо баъдан умуман таваҷҷӯҳ ба маданият кӯчонда шуд. Дар асари «Ноқаноатмандӣ дар маданият» (1930) Фрейд ба хулосае меояд, ки пешрафти маданият ба коҳиши саодати инсонӣ ва афзоиши эҳсоси гунаҳкорӣ барои маҳдудиятҳои афзоянда дар татқиқи хоҳишҳои табиӣ бурда мерасонад. Фрейд  ҳангоми ташреҳи пайдоиш ва моҳияти ниҳодҳои маданият эътиқодро ба шабоҳати қонуниятҳои психологии фардию коллективӣ, инчунин ба якрангии механизмҳои ташаккули ҳаводиси мӯътадилу патологии психика ба асос мегирифт. Ин ба ӯ имкон дод, бо дидани  монандии байни аломатҳои ҷунун (невроз)-и безоркунанда ва таомули динӣ динро «ҷунуни коллективӣ» эълон кунад, мавҷудияти шаклҳои типии таассурэътинокунӣ (маҷмӯи эдипӣ) ва рамзҳои коллективӣ дар психикаи инсон, аз назари  Фрейд , ба ҳаводиси воқеӣ дар таърихи башарият ишора мекунад ва ин хориқаҳои психикӣ хотирае дар бораи онҳо баромад мекунанд.ӯ фарзияро дар бораи мавҷудияти мероси психикии бешууронаи коллективӣ ба миён гузошт, ки дар ривоятҳо, афсонаҳо, асарҳои санъат ва ғ. зоҳир меёбад. Новобаста аз Фрейд ва нисбатан муфассалтар ин ғояро К.Юнг дар таълимоти худ дар бораи архетипҳои бешуурии коллективӣ кор карда баромад.

Аз ҳама намояндагони психоанализ Э.Фромм қаробати нисбатан бештар ба фалсафа ва умқи фалсафиро намоиш медиҳад.ӯ маълумоти фалсафа омодагии психоаналитикиро соҳиб шуда, таҳти таъсири ғояҳои ҳам Фрейд ва ҳам  Маркс , Фейербах, Спиноза қарор гирифт. Барои ҳамин Фромм проблемаҳои фалсафиро ошкоро ба миён  гузошта, мекӯшад ба тафсирашон аз мавқеи психоанализ (неофрейдизм) пардозад. Яке аз проблемаҳои аз ҳама  муҳим барои ӯ проблемаи озодист, ки онро ӯ ба психологӣ маҳсуб мекунад. Фромм хориқаи «тарси озодӣ»-ро муфассал таҳлил кард ва механизмҳои нисбатан типикии фирор аз онро ба риштаи тасвир кашид. Миёни дигар проблемаҳои характерашон фалсафӣ-антропологӣ бояд проблемаи мавҷудияти инсонӣ низ номбар гардад, ки аз сиришти биоиҷтимои ӯ бармеояд. Ҳалли бесамари он дар таърих бо типҳои густариш ёфтани характерҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст. Бо характерҳои истеъмолӣ, истисморӣ, пасандознамоӣ, бозорӣ, аммо, ба пиндори Фромм, характери самаранок ояндадор аст, ки тамоюл ба муҳаббат ва ҳастӣ дар муқобили соҳиб будан дораду қодир аст, ки имкониятҳои эҷодии табиати худро амалӣ гардонад.

Ҳангоми баррасии масъала оид ба муносибати фалсафа ва психоанализ рӯшан кардани иртиботи он бо фалсафаи илм метавонист, саҳифаи ҷудогонаеро ташкил диҳад. Ин саҳифа дар соли 30-юм ба муҳокимаи асосҳои методологии психоанализ боз шуд, ки мубоҳисот пиромуни онҳо то ба ҳоло рафтан доранд. Образнок агар бигӯем, психоанализ дар  методологияи илм ҳамон нақшеро бозид , ки ба нақши бозидаи магаси дарозофил дар таърихи генетика монанд аст (бар ин магас таҷрибаҳои сершумор дар бобати омӯзиши қонунҳои ворисият иҷро карда шудаанд). Онҳо ба аниқ кардани маҳакҳои илмият, вусъат бахшидану амиқгардонии фаҳмиши хориқае, ба мисли илм имкон доданд.

 

 

 

 

 

 

Боби 10. Прагматизм (амалгаройӣ). Кантчигии нав

Прагматизм ҳамчун равияи мустақили андешаронии фалсафӣ аз миёнаи асрҳои Х1Х инҷониб дар заминаи баҳсҳои илмии мутафаккирони соҳаҳои ҳуқуқ, фалсафа, риёзиёт ва равоншиносии амрикойӣ, ки аслан таҳти таъсири назарияи такомули дарвинизм қарор доштанд, ташаккул ёфт. Ҳадафи асосии онҳо, пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки барои ба вуҷуд омадани илми фалсафие, ки тавонад тамоми масъалаҳои худро бо равиши эътимодбахшии илмии роиҷ дар илмҳои дигар ҳаллу фасл намояд, замина фароҳам оранд. Истилоҳи прагматизм (амалгаройӣ)- ро ба сифати шеваи муайяни андешаронии фалсафӣ нахуст Ҷеймс Уилям соли 1898 ба кор мебарад. Интихоби калимаи «прагматик» барои унвони равияи мазкур дар асоси истифодаи он аз асари маъруфи И. Кант «Нақди хиради ноб» ба амал омадааст. Дар асари Кант калимаи мазкур барои мушаххас кардани навъе аз ҳукм аст, ки дар бораи он ҳеҷ гуна далели айнӣ вуҷуд надорад, аммо инсон ба он амалан эътимод дорад, истифода шудааст. Дар заминаи таъкид ба чунин эътимод яке аз асосгузорони ин равия Чарлз Пирс баъдан аз дидгоҳи амалгаройӣ таърифе муносиб ба ин мафҳум медиҳад, ки тибқи он амалгаройӣ: «бовариест, ки инсон омода аст бар асоси он даст ба амал занад». Чарлз Пирс дар ҳамин замина акнун прагматизмро барои равшан кардани тасаввурот, ҳақиқат ва воқеият мавриди истифода қарор медиҳад. Ба андешаи ӯ таҳқиқи аз шакку тардид ҷой надоштани исбот, далел, яқин сарчашма мегирад.  Аз замони зуҳури худ амалгаройӣ аз як қатор идеяҳои бунёдии фалсафаи классикӣ даст кашида, шеваи нави андешаронии фалсафиро пешниҳод намуд. Дарки махсуси амали инсон яке аз меҳварҳои асосии ин шеваи тафаккури фалсафиро ташкил медиҳад. Мувофиқи ин шеваи андешаронии фалсафӣ амал дар ин ва ё он навъи зуҳураш шакли асосии ҳаёти ( фаъолияти) инсон ба шумор рафта, аксаран дорои хусусияти рефлектори нест, балки огоҳонаю мақсаднок аст. Дар мавриди чунин дарки моҳияти амали инсон масъалаи зарурияти дарки он сохторҳои фикрие пеш меистад, ки фаъолияти маърифатиро дар вобастагӣ ба воқеияти объективӣ (берунӣ) тасаввур намекунад, балки онро марбут ба равандҳои ботинию рӯҳи алоқаманд месозад. Пирс барои тасвири заминаи зуҳури амали инсон танҳо ба арзёбии мақоми дониш маҳдуд нашуда, дар ин ҷо мақоми бовариро (belief) арзанда меҳисобад. Пирс боварро  ҳамчун эҳсоси хушоянд тавсиф мекунад. Бовар доштан ба мисли доштани майлу одат ба анҷоми шаклҳои хоси амал дар шароити хос аст. Аз ин рӯ ҳақиқат он андешае нест, ки таҳқиқ дар сурате ки ба миқдори кофӣ тулони бошад, ба он мерасад. Ҳақиқат он ақидае аст, ки бар пояи натиҷаи ниҳоии таҳқиқ пазируфта мешавад. Яъне ӯ ҳақиқатро маҳсули натиҷаи таҳқиқ муаррифи мекунад. Ҷанбаи дигари навпардозии андешаронии фалсафии амалгаройӣ ин инкори онҳо аз зарурияти ҷустуҷӯи асосу мабдаъи аз нигоҳи метафизикӣ аслии ҳодисаҳо аст. Агар аз як ҷиҳат ба фалсафаи классикӣ назар андозем мебинем, ки дар он баръакс зарурияти ҷустуҷӯи чунин асосу мабдаъи устуворро барои кулли навъи ҳодисот таъкид менамоянд. Ҷон Дюи (1859-1952) чунин шеваи андешаронии фалсафаи классикиро ҳамчун як навъи тамоюли фундаменталистӣ арзёбӣ мекунад. Аз нуқтаи назари амалгаройӣ чунин асосу мабдаъи устувор барои ҳодисоти олам вуҷуд надорад. Дюи заминаи бархӯрди моддигароёну ғоятгароёнро дар масъалаи эътирофи асосу мабдаъҳои ҷудогонаи мавҷудияти ҳодисаҳои олам вобаста ба зуҳури фарқият дар байни меҳнати ҷисмонию маънавӣ дар Юнон медонад. Дар замони мо, ба андешаи ӯ, зарурияти чунин муқобилгузориҳо вуҷуд надорад. Таҷриба ба таври бориз, аз ҳам ҷудошавии моҳиятҳои носозгору тавофуқнопазирро намешиносад ва дар он аслан тартиби пайдарпайи ҷой дорад. Ҳамагуна таъини ҳудуд миёни шеваи андешарониҳои фалсафӣ хусусияти нисбӣ дорад ва аз ин рӯ карахтию беҳиссии ҳамагуна марзбандиҳо миёни моддигаройию ғоятгаройӣ низ беасос ба назар мерасад. Дар анъанаи афкори амалгаройии мансуб ба Дюи таваҷҷӯҳ ба масоили иҷтимоӣ мақоми муҳим пайдо мекунад. Ба андешаи ӯ, вазифаи фалсафа бо дуруст истифода бурдани таҷриба барои ба даст овардани мақсадҳои алоҳида маҳдуд намегардад, балки бо кӯмаки фалсафа бояд худи таҷриба тағйир дода шуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ он такмил дода  шавад. Шарти муҳими такмил додани таҷриба ин такмил додани ҷамъият аст ва онро Дюи реконструксияи иҷтимоӣ меномад. Дар ин ҷода усулу назарияҳои фалсафӣ бояд барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат кунанд ва ба ин талабот ҷавобгӯй будан меъёри ҳақиқати ин назарияю усулҳои фалсафиро ташкил медиҳад. Яъне усулу назарияҳои фалсафӣ бояд ба сифати абзори муҳими ташаккул додани ҳаёти ҷомеа хидмат намоянд. Бо назардошти чунин тамоюл усули фалсафии Дюи таҳти унвони абзоргаройӣ маълум аст. Худи Дюи дар роҳи такмил додани таҷрибаи иҷтимоии ҷомеаи замони худ ҷаҳду талошҳои бепоён нишон медод. Чунин ҷаҳду талошҳо дар самти васеъ кардани доираи вуруди аъзоёни ҷомеа ба муносибатҳои молумулкии хоси ҷомеаи сармоядорӣ тавассути эҷоди ниҳодҳои нави иқтисодӣ ( аз ҷумла, ҷамъиятҳои саҳҳоми), такмили сохтори давлати демократии бо роҳи эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон, такмил додани тафаккури аъзоёни ҷомеа дар заминаи эҷоди усулҳои нави маълумоти мактабию донишгоҳӣ бевосита аз чониби ӯ пешниҳод ва пазируфта шуда буданд. Ҳар кадоме аз ин андешаҳои ба хотири такмили таҷрибаи иҷтимоӣ баёншуда дар таълимоти Дюи ҳадафи ба худ хос дорад. Масалан, васеъ кардани доираи вуруди аъзоёни ҷомеа ба муносибатҳои молумулкии хоси ҷомеаи сармоядори тавассути эҷоди ниҳодҳои нави иқтисодӣ мебоист на танҳо барои тақсимоти одилонаи боигариҳои моддии ҷомеа замина фароҳам орад, инчунин ба қатори таъмини суботи иҷтимоӣ мебоист тадриҷан барои ташаккули синфи миёна мусоидат намояд.

Кантчигии нав. Мутафаккирони таҳти унвони «навкантгаройӣ» зикршаванда аслан аз рӯи шеваи андешаронии фалсафияшон як наҳзати мустақили фикриро ташкил намедиҳанд. Намояндагони ин мактаб мутафаккирони дорои орои гуногуни фалсафие омехта аз табиатгаройӣ, моддигаройӣ, ғоятгаройӣ буданд, ки ин тамоюл дар осорашон равшан ба назар мерасад. Истилоҳи «навкантгаройӣ» аз ҳудуди солҳои 1875 ба кор гирифта шуда буд ва шиори он «бозгашт ба Кант» унвон дошта аз ҷониби нахустин намояндаи ин мактаб Отто Либман пешниҳод шуда буд. Пайравони ин равия дар атрофии мактабҳои фалсафии Марбург ва Баден гирд омада буданд.

Навкантгаройӣ моҳиятан тамоюлизидди фалсафаи баъдикантӣ дошт ва аз ин рӯ пайваста усулҳои маърифатии онҳоро интиқод мекард. Аз нуқтаи назари навкантгароён мақсади пешгузоштаи фалсафаи баъдикантӣ, барои эҷоди манзараи ақлонии ҳамаро фарогирандаи олам берун аз иқтидори илм аст. Зеро барои илм маърифати танҳо ҷузъҳо дастрасанд, кулл бошад мавзӯи тахайюли эҷодиест, ки   рӯи решаҳои насаби инсони қомат меафрозад. Бинобар ин шинохти кулл метавонад мавзӯи метафизика бошад. Аз ин рӯ метафизика марбути масоиле тавъам бо санъату дин аст ва аслан ҳамчун «назми мафҳумҳо» ҷилвагар мешавад.

Орои фалсафии намояндагони мактаби Марбург тамоюли маърифатшиносӣ дошт. Ба андешаи яке аз намояндагони ин мактаб Ланге хидмати бузурги Кант дар фалсафа аз пешниҳоди назарияе иборат аст, ки тибқи он «тасаввуроти мо аслан мекӯшад ба мавзӯъ, предмети маърифат мутобиқат дошта бошад, на баръакас». Аз ин ҷиҳат моддигаройӣ метавонад ба сифати яке аз равишҳои фикрӣ эътибор дошта бошад, на ҳамчун таълимоти фарогир дар бораи табиати олами объективӣ. Зеро мафҳумҳое чун модда, ҳаракат, фазо, атом ва ғ. воситаҳои кӯмаккунандае ҳастанд, ки онҳоро барои дарки олам мо худамон месозем. Барои ҳамин ҳам олам на он тавре ҳаст, ки мо онро дарк мекунем, балки он бештар аз ин аст. Бо мурури расидан ба чунин дараҷаи маърифат шинохти таваҷҷӯҳи пайравони мактаби навкантгаройӣ бештар аз пештар ба ҷанбаи омӯзиши мантиқи таълимоти Кант меафзояд. Раванди шинохт акнун ҳамчун амалияи сохтмони соф мафҳумии предмет дониста мешуд. Масалан, Коген воқеияти маърифатшавандаро на ҳамчун воқеияти додашуда, балки ҳамчун «муносибати мантиқии ба ҳамдигар танидашуда» маънидод мекард. Ин воқеиятро ӯ ба муодилаҳои риёзӣ ташбеҳ медод. Чунин тамоюли маърифатшинохтии  навкантгаройӣ эътиқодманд ба усули Кант боқӣ монд, ки тибқи он маърифат – ин инъикоси воқеият набуда, балки дар асоси шаклҳои априорӣ (берун аз таҷриба) эҷодкорона сохтани он аст. Дар таълимоти иҷтимоияшон навкантгароёнӣ ин мактаб усулан пайравиро аз фалсафаи ахлоқи Кант муносибтар медиданд. Онҳо бидуни рад кардани ғояи сотсиалистии таълимоти марксистӣ дар айни замон сотсиализмро ҳамчун идеали ахлоқӣ тасаввур мекарданд. Дар ин сифаташ ба андешаи онҳо сотсиализм натиҷаи муборизаҳои синфӣ набуда, балки ҳадафи пурра дастнораси зарурияти камолёбии маънавию ахлоқии инсон ва ҷомеа аст.

Орои фалсафии намояндагони мактаби Баден бештар ба таҳқиқи масъалаҳои улуми инсонӣ, ки тибқи назари онҳо ҳамчун «улуми фарҳангӣ» номида мешуданд, равона гардида буд. Винделбанд ва Риккерт чунин андеша доштанд, ки аломати асосии фарқкунандаи улуми инсонӣ аз он иборат аст, ки он бештар таваҷҷӯҳ ба усули таҳқиқот ва на худи мавзӯи омӯзиш дорад. Зимни тавсифи усули маърифатии улуми инсонӣ Риккерт чунин андешаро иброз медорад, ки дар инсон майли дуқутбии маърифатшинохтӣ нуҳуфтааст – яке майл ба ҷустуҷӯю дарёфти ҷанбаи умумӣ ва қонунмандии ҳодисаҳо ва дигаре майли ба даст овардани ҷанбаи фардию такрорнопазири онҳост. Марбут ба ин ду майли маърифатшинохтии инсон дар илм ду усули маърифатӣ мавҷуд аст – усули генерализатсиякунӣ(умумикунанда) ё номотетики ва усули фардгаройӣ ё идеографӣ. Тибқи усули генерализатсиякуниӣ аломатҳои умумӣ ва қонунмандиятии ҳодисаҳо омӯхта мешавад. Ин усулро аслан илмҳои табиатшиносӣ бештар пайравӣ мекунанд. Таваҷҷӯҳ ба дарки вижагиҳои фардӣ, такорнашавандагии ҳодисаҳо зарурияти ба кор гирифтани усули индивидуализатсиякунӣ, идеографиро ба миён мегузорад. Ин усул хоси илмҳои инсонӣ мебошад, ки дар асоси он мо имконияти маърифати арзишмандии ҳодисаҳои омӯхташавандаро ба даст меорем. Бинобар ҳамин ҳам, маърифати ҷанбаи фардию такрорнашавандагии  ҳодисаҳо  алоқамандии онҳоро бо арзишҳои дорои аҳамияти ҳамагонидошта тақозо менамояд. Таҳти арзиш дар ин маврид навкантгароёни мактаби баденӣ на баҳодиҳии одамони мушаххас, балки, пеш аз ҳама, меъёрҳои фарҳангиеро дар назар доранд, ки дорои аҳамияти ҳамагонӣ мебошанд. Дар асоси ин арзишҳои куллӣ вобаста ба мавзӯи омӯхташаванда қазоват пешниҳод карда мешавад. Дар баробари таъкиди он, ки пайдоиши арзишҳо заминаи таҷрибавӣ надорад, аммо  навкантгароён аз ҷустуҷӯи ҷавоб ба масъалаи чигунагии пайдошавию ташаккули ин арзишҳо канорагирӣ мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Неопозитивизм

Позитивизм ё ба истилоҳи дигар мусбатгаройӣ ин равияи андешаронии фалсафиест, ки дар охири асрҳои Х1Х-нимаи якуми асри ХХ зуҳур намудааст. Ба таври куллӣ мусбатгаройӣ чунин дидгоҳест, ки шинохти оламро танҳо хос ва салоҳияти илм медонад. Муаррихони фалсафа дар тадқиқи таҳаввули он се мавҷи мусбатгаройиро фарқ мегузоранд. Нахуст позитивизм дар Фаронса  дар солҳои 30-юми асри Х1Х пайдо шуд. Бо решаҳои  ғоявиаш он ба таълимоти Даламбер, Кондиляк, Тюрго ва Кондорсе рафта мерасад ва заминаҳои ғоявиашро Сен-Симон мухтасар ифода карда буд. Аммо коркарду тарғиби консепсияҳои мусбатгаройиро О.Конт амалӣ кард ва аз ин ҷиҳат ӯро  поягузори позивитизм маҳсуб кардан қабул шудааст. Огюст Конт (1798-1857) корро дар назди Сен –Симон ба ҳайси котиб сар карда, аз ғояи асосии « фалсафаи позитивӣ» ва «физиологияи иҷтимоӣ» (сотсиология) бардошт намуд. Фалсафаи Конт вокунише буд ба спиритуализми Мен де Биран ва эклектизми В.Кузен, инчунин ба ҳама он фазои бадбинона ба илм, ба хирад ва дигар рамзҳои маорифпарварӣ, ки дар Франсияи ибтидои асри Х1Х пойдор гашт. Мавқеи феноменалистии дар гносеология ишғолкардаи Конт маънои тамоюли маърифат ба тасвиркунии падидаҳо, муайян кардани иртиботи миёни онҳоро дошт, ки илм ба саволи «чӣ гуна», на ин ки ба саволи «барои чӣ» бояд ҷавоб диҳад. Дар таълимоти Конт мавқеи асосӣ таъкиди ваҳдати методологии дониш буд, ки аз он зарурати густариши методҳои физикаю нуҷумшиносӣ ба соҳаи ҳаёти ҷамъият, ахлоқ ва тасфияи онҳо аз хулосаҳои ақлӣ(спекулятсияҳо) бармеомад. Аз нигоҳи Конт, таҷриба ягона манбаи дониш аст. Масъалаи муносибати фалсафаю илм барои Конт аҳамияти қатъӣ дошт. Дар маънои васеи калима «Фалсафаи мусбатгаройӣ»и ӯ бо маҷмӯи илмҳои позитивӣ мувофиқ меомад, ки дар нисбати он чун соҳаҳои он баромад мекарданд. Ба ин сабаб ҳама илмҳоро Конт дар маротибсилсилаи (иерархияи) муайян ҷой медиҳад: омӯзиши илмҳои оддӣ барои фаҳмиши илмҳои олию нисбатан мураккаб зарур аст (онҳо ҳамагӣ ҳафтоанд:  риёзиёт, нуҷумшиносӣ, физика, кимиё, биология, иҷтимоъшиносӣ, ахлоқ). Таснифи илмҳо инчунин ҷудокуниашонро ба улуми муҷаррад ва мушаххас низ дар назар дошт, ки охириҳо муваззафанд ба соҳаҳои хусусӣ қонунҳои умумии аз ҷониби якумиҳо омӯхташаванда (масалан, биология-тиб)-ро истифода кунанд.Ба ақидаи Конт, таърихи илм мебоист қаблан аз марҳилаҳои илоҳиётӣ ва мобаъдуттабӣ мегузашт то ба марҳилаи «мусбат» ё «исботӣ» мерасид, ки дар он шинохти воқеият асоси илмӣ пайдо мекунад. Дар таълимоти Конт қонуни «се марҳила» мавқеи марказӣ дорад, ки аҳкоми онро тақвият мебахшад. Тибқи ин қонун, чуноне ки зикр намудем, сабзиши ақлонии инсоният аз се марҳила мегузарад. Дар марҳилаи якуми теологӣ инсон оламро бо худоён, арвоҳ ва ғ. маскун карда, ҳама падидаҳоро шабеҳона(антропоморфӣ) ва маҷозӣ шарҳ медиҳад. Дар марҳилаи баъдиметафизикӣ ташреҳи олами атроф аз ҳисоби моҳиятҳои муҷарради хаёлан бофташуда, ки гӯё паси падидаҳо пинҳонанд, ба даст меояд. Марҳилаи охири позитивӣ бо дасткашӣ аз ҷустуҷӯи моҳиятҳо, бо кӯшишҳои роҳёбӣ ба сиришти чизҳо ва бо гузариш ба маърифати илмӣ дар асоси таҷриба ба мушоҳидаю тасвири падидаҳо тавсиф дода мешавад.Иҷтимоъшиносии Конт (офариниши истилоҳи «сотсиология» аз ӯст) инчунин илми назариявӣ низ ҳаст, ки аз иқтисоди сиёсӣ ва қисми равоншиносӣ иборат аст. Он ба истоӣ (статика)-и иҷтимоӣ (омӯзиши шароитҳои доимии мавҷудияти ҷомеа) ва пӯёӣ(динамика)                             -и иҷтимоӣ (омӯзиши қонунҳои рушди пешраванда) ҷудо мешавад. «Фалсафаи позитивӣ»-и Конт дар Фронса ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Таъсири позитивизм аз Фронса убур карда ба Италия (Р.Ардиго ва диг), ба Руссия( В.Лесевич, Н.К.Михайловский, М.М. Тротский ва диг.), ба Олмон( Э.Лаплас, Е. Дюринг) расид. Дар Англия, ки манфиатҷӯӣ (утилитаризм) барои позитивизм замина гузошта буд, аллакай дар соли 40-ум Ҷ.С. Милл, баъдтар Г.Спенсер бо ғояҳои ба Конт ҳамоҳанг баромад мекарданд.

Герберт Спенсер (1820-1903) яке аз намояндагони асосии эволютсионизми асри Х1Х буд. ӯ таҳаввул (эволютсия)-ро раванди куллӣ дар соҳаи олами падидаҳо дониста, қонунҳои умумитарини таҳаввулро ба силки тасвир меоварад. Таҳаввулро бошад, ӯ чун раванди  тағйироти оҳистаю тадриҷие мефаҳмид, ки мӯҳтавои асосиашон гузариши аз якрангии  номуайянӣ беалоқа ба гуногунрангии муайянӣ алоқадор аст. Ба пиндори Спенсер, таҳаввул вобастаи  қонунҳои бақои материяву энергия ва ниҳоятан вобастаи қонуни универсалии доимияти миқдори нерӯст. Ин қонун  пайдоиши  берунитаҷрибавӣ дошта,  дар сиришти тафаккури мо реша дорад. Донисташавандагии ин қонун моро ба фаҳмиши он ҳолати муҳиме мебарад, ки дар олами  маърифатнашаванда вуҷуд  дораду моҳияти ниҳонии олам ба мо дар соҳаи таҷриба намоён намегардад. Бо роҳи таҷриба, бо маърифати ақлӣ (илмӣ, фалсафӣ) мо фақат зуҳуроти маърифатнашавандаро мефаҳмем. Маърифати ақлӣ бояд ба дарёфти он даъво накунад, ин кори дин аст. Миёни илму дин зиддият нест, зеро маҳз  кори дин аст, маърифат кардани моҳияти барои илм дастнорас, асрори олам. Бад-ин тариқ, илму дин ҳамон як чизро баррасӣ мекунад, аммо аз тарафҳои  гуногун.

Фасли махсуси китоби асосии Спенсер   «Мабдаъҳои асосӣ»  (1862) ба таносуби фалсафа ва илм бахшида шудааст, ки дарки онро ӯ аз дидгоҳи  мусбатгаройии контӣ ба амал мебарорад. ӯ фалсафаро бо илм наздик мекунад. Аз фалсафа бояд масойили метафизикӣ(дар бораи моҳият, сиришти ашё, асосҳои ниҳоии ҳастӣ) берун афканда шаванд, зеро фалсафа низ бо таҷриба маҳдуд аст. Фалсафа бо ҳамон методҳо он соҳаи меомӯхтаи илмро тадқиқ карда, аз илм бо дараҷаи умумият ҳамчун дониши «комилан муттаҳидгашта» аз дониши «қисман муттаҳидшуда» фарқ мекунад. Ҳақиқатҳои фалсафа ин муттаҳидсозии ҳақиқатҳои хусусии илм аст. Эволютсионизми ҳамагонӣ (глобалӣ), қонунҳои умумитарини аз ҷониби Спенсер коркоршудаи таҳаввулро дар                   « Мабдаъҳои асосӣ» ӯ ба соҳаҳои биология, равоншиносӣ, иҷтимоъшиносӣ, ахлоқ низ муассир меҳисобад. Аммо моҳиятан ин ба биологикунонӣ низ муассир меҳисобад. Аммо  моҳиятан ин ба биологикунонии се фанни охир овард. Принсипи умдатарини иҷтимоъшиносии ӯ монанд кардани ҷомеа ба организм-созвора аст (органитсизм). Фардҳо гӯё, ки ҳуҷайраҳо ё воҳидҳои физиологианд. Дар ҷомеа се низоми «узвҳо» мавҷуданд: низоми нигаҳдорӣ, ки истеҳсоли маҳсулоти заруриро таъмин мекунад;  низоми тақсимотӣ, ки иртиботи қисмҳои созвораи иҷтимоиро дар асоси тақсимоти меҳнат таъмин мекунад; низоми танзимӣ (давлат), ки тобеиияти ҷузъҳоро ба том таъмин менамояд. Ҷомеа шабеҳи созвора месабзад, на ин ки бунёд мегардад. Барои ҳамин Спенсер чун рақиби қатъии ҳар гуна ислоҳот баромад кард.

Ғояҳои асосии  мусбатгаройии классикӣ дар сарҳади асрҳои нуздаҳум мавҷи дуюми мусбатгаройиро ба миён оварданд, ки эмпириокритизм (айнан: танқиди таҷриба) намунаи он аст. Намояндагони нисбатан маъруфи ин равия физику файласуфи австрагӣ Э.Мах, файласуфи олмонӣ Р.Авенариус буданд. Ба ғояҳои позитивизми «дуюм» файласуф, биолог, физики англис К.Пирсон ва риёзидони франсавӣ А. Пуанкаре низ наздик буданд. Эмпириокритикҳо чун поягузорони позитивизми мавҷи дуюм муътақид буданд, ки илм муваззаф аст ҷавоб ба саволе диҳад, ки ин ё он ҳодиса чӣ гуна рух медиҳад, на ин ки чаро он ҳодиса ба вуқӯъ меояд. Вазифаи бо чунин тарз иҷмолан ифодашудаи маърифати илмӣ аз фаҳмиши илм чун тасвири маълумотҳои таҷрибавӣ бар меомад. Ба назари позитивистон, илм бо майли посухгӯӣ ба суоли «чаро?»  бетаъхир заминаи устувори таҷрибаро тарк карда, ба суханфурӯшиҳои метафизикӣ банд мегардад ва зимнан дигар илм ҳам маҳсуб намеёбад. Э. Мах тафаккури илмию муқаррариро ба силки қиёс кашида, проблемаи махсусияти илм, тавофути онро аз дигар шаклҳои фаъолият ба миён ниҳод.

Бо истилоҳи илмӣ бо чунин тарз  рафтор  кардан имкон надорад. Мафҳумҳои назаривӣ воқеиятро инъикос мекунад, онҳо фақат бо таҷрибаи субъект муносибатдорӣ карда мешаванд. Зимнан таҷриба хеле маҳдуд фаҳмида мешуд, дар ниҳояти кор он аз маҷмӯъ ё маҷмӯи эҳсосот иборат дониста мешуд. Э. Макс  ва пайравонаш бар он тасдиқ буданд, ки эҳсосот образҳои олами айнӣ нестанд. Таҷриба ҳамчун « хунсо», ғайриайнӣ ва ғайризеҳнӣ андешида мешуд. Истеҳсолоти илмӣ аломатҳоеанд, ки маънояшон маҷмӯи эҳсосотанд. Аломат ба он чӣ, ки онро ифода мекунад, монанд нест, он фақат шартан бо маънои худ алоқаманд аст. Э. Макс, бо ба асос гирифтани фаҳмиши баённамудаи истеҳсолоти илмӣ барномаи таҷдиди назди истеҳсолоти илмиро  бо мақсади муайян кардани он ба миён мегузорад, ки  кадоме аз мафҳумҳои илмӣ маъно дорад. Агар мафҳумро бо маҷмӯи эҳсосот қиёс кардан мумкин бошад, он маъно дорад, дар ҳоли бръакс ин мафҳум сафсатаи  холӣ беш нест, сафсатае, ки онро аз захираи истеҳсолоти илмӣ бояд берун афканд. Азбаски позитивизми « дуюм» алоқаи донишӣ илмиро бо воқеияти айнӣ инкор мекард, аз дидгоҳи он ҷудокунии ягон консепсияи илмӣ дар асосӣ он, ки он то чӣ андозае воқеъиятро аниқ мунвақис месозад  имконпазир аст. Дар иртибот ба ин принсипи захиракунии тафаккур  пешниҳод гардид, ки тибқи он боистӣ он назарияеро интихоб намуд нисбатан соддатар тасвиркунандаи эҳсосот – маводи ибтидои маърифати илмӣ. Ҳамин тариқ, агар позитивизми « якум», классикӣ дониши илмии ба таҷриба такязанандаро  мусбӣ эълон карда, донишӣ ғайритаҷрибавӣ, метафизикиро рафъ мекард, позитивизми «дуюм» алоқаи андаруни дониши илмӣ истеҳсолоти позитивии маънодошта ва мафҳумҳои  сохтаро дармеёбад, ки боиси аз соҳаи илм бароварда шаванд.

В.И. Ленин ба танқиди позитивизми «дуюм» яке аз асарҳои машҳури фалсафиаш «Материализм ва эмериокритизм»-ро  бахшид. Дар ин  асар пеш аз ҳама  мавқеи материалистӣ ҷонибдорӣ мешавад, ки  тибқи он эҳсосоти субъект  шакли инъикоси олами айнист. Аз ин бар меояд, ки дониши илмӣ низ дар ин ё он дараҷае воқеиятро инъикос мекунад. Ва ин дар навбати худ имконияти баҳогузорӣ ба назарияҳои илмӣ на фақат аз дидгоҳи принсипи захиракунии тафаккур, балки аз мавқеи ҳақиқат ҳамчун мувофиқаи воқеият баҳо медиҳад.

Людвиг Витгенштейн яке аз мутафаккирони барҷастаи мусбатгароест, ки таъсири беназир ба афкори илмии замони худ гузоштааст. Андешаҳои фалсафии ӯ хеле мураккабанд ва аз ин рӯ, дар шарҳу тафсирашон низ чунин ҳолат мушоҳида мешавад. Барои нисбатан дастрасу фаҳмотар нишон додани мӯҳтавои андешаҳои Витгенштейн аслан бештари муфассирин аввалан ба ду давра ҷудо намудани даврони ташаккули афкори ӯро зарур медонанд. Ҳар кадоме аз ин давраҳо такя ба осори мушаххаси фалсафии ӯ доранд – яке «Рисолаи мантиқӣ-фалсафӣ» ва дигаре «Таҳқиқоти фалсафӣ». Дар ин замина хусусиятҳои зиндагии мутафаккир низ инъикоскунандаи таҳаввули афкори илмии ӯ мебошанд.

Витгенштейн дар овони ҷавонӣ муддати шаш сол дар риштаи муҳандисӣ таҳсил карда, муддати нисбатан кӯтоҳе дар мақоми меъмор кор кардааст. Ва шояд натиҷаи ҳамин аст, ки баъзан мушаххасоти муносибати механикии ӯро, аз ҷумла, дар китоби «Асосҳои ишорот дар бораи мабонии риёзиёт» ба фалсафа метавон мушоҳида намуд. Вай соли 1911 таҳти роҳбарии Фреге ба коллеҷи Кембриҷ ворид мешавад ва дар назди Рассел ба таҳсил мепардозад. Масъалаҳое, ки дар вақти таҳсил бештари маврид дар дафтари ёддоштҳояш зикр менамуд, марбут ба масъалаҳое буданд, ки Рассел он солҳо атрофашон андешаронӣ мекард.

«Рисолаи мантиқӣ- фалсафӣ»-ро ӯ тӯли ҷанги якуми ҷаҳонӣ вақти адои хизмат дар артиши Австрия навишта буд. Оид ба арзиши ин асар ӯ ба яке аз дӯстонаш чунин навишта буд: «Асари ман аз ду қисмат ташкил шудааст: ончи дар ин ҷо баён шудааст ва илова бар он ҳамаи ончи натавонистаам. Ва дақиқан ҳамин бахши дуввум бахши муҳими он аст. Китоби ман ҳавзаи ахлоқиётро гӯё аз дарун маҳдуд мекунад». Мӯҳтавои қазовати охир аз он иборат аст, ки арзиш хориҷ аз он чи мо онро «олам, ҷаҳон» меномем, вуҷуд дорад: «Агар арзише вуҷуд дорад, ки дорои арзиш аст, бояд хориҷ аз тамоми ҳавзаи он чи иттифоқ меафтад ва барқарор аст, қарор гирифта бошад».

Ба андешаи ӯ, фалсафа набояд маҷмӯе аз назарияҳо бошад ё пешниҳоди гузоришҳои фалсафиро ҳадафи худ қарор диҳад. Балки он бояд фаъолияти хастанопазир дар пайи тавзеҳи мундариҷаи фикрҳо қадам занад ва барои «шаффофкунии мантиқии андешаҳо» сайъ намояд. Дар ин замина аз ӯ чунин як ҳикмати арзанда ба ёдгор мондааст: «Ончи наметавонем дар борааш сухан бигӯем, бояд бо сукут аз канораш бигзарем». Дар ҳамин замина андешаронии ӯ рӯи равшан кардани моҳияти маъно ва калимаҳо ташаккул меёбад. Асари ӯ «Китоби обӣ» бо чунин савол оғоз мешавад : «Маънои як калима чист?». Дар «Рисолаи мантиқӣ-фалсафӣ» ӯ наздик ба ҷавоби ин савол навишта буд: «Як ном ба маънои як абжа аст. Абжа маънои худаш аст». Яъне ба андешаи Витгенштейн калимаҳо намояндаи абжаҳои зеҳнӣ мебошанд. «Сурх» ба навъе намояндаи таъсири дарунии ман аз қирмизӣ аст, «дандондард» маънои худро барои ман аз он ҷо меёбад, ки ман онро намояндаи дарде дар дандонам истифода бурдаам. Моҳияти ин андешаҳо аз он иборат аст, ки дарки маънои ҳеҷ як калимае ба шиносоии мушаххас бо решаи он калима алоқамандӣ надорад. Зеро агар кассе ҳам агар «дандондард» надошта бошад онро дуруст ба ҳамин возеҳӣ, равшанӣ дар баробари нафари дучори ин дард истифода мебарад. Маъно он барои истифодабарандаи калима аз таҷрибаи иҷтимои сарчашма мегирад. Бинобар ҳамин ҳам маънои калимаҳои истифодашаванда бояд иҷтимоӣ, умумӣ бошанд на «хусусӣ». Дар ғайри ин сурат калимаҳо имконияти функсионалӣ, амалкардии худро гум мекунанд.

Андешаҳои баённамудаи Витгенштейн минбаъд инкишофи худро дар доираи маҳфили Вена пайдо намуданд. Гурӯҳи мусбатгароёнеро, ки минбаъд дар доираи ҳалқаи Вена таҳти сарпарастии Шлик ташаккул ёфта буд, ҳамчун мусбатгароёни мантиқӣ ном бурда шуданд. Намояндагони маъруфи навмусбатгаройӣ, неопозитивизм О.Нейрат, Р.Карнап, К.Гёдел буданд.  Позитивистони мавҷи сеюм равияи позитивизми классикӣ ва  «дуюм»-ро идома доданд, вале бо вуҷуди ин назари онҳо хусусиятҳои хоси худро дошт. Ҳалқаи Вена соли 1925 баёнияи худро нашр намуд, ки дар он «дидгоҳи илмӣ»и онҳо эълом шуда буд. Тӯли солҳои мавҷудияташ ҳалқаи мазкур чандин конгрессҳои илмиро ташкил дода, доираи нуфузашро дар кишварҳои дигар низ афзуд. Минбаъд мактабҳое ба монанди он дар Упсала, Варшава, Амрико ва ғайра пайдо шуданд. Нашрияи ҳалқаи Вена таҳти унвони «Шинохт» бо роҳбарии Р. Карнап чоп мешуд. Пас аз зуҳури натсизм фаъолияти ҳалқа дар кишварҳои олмонизабон катъ гашт ва дар кишварҳои дигар идома ёфт. Бо муҳоҷирати Карнап ба Амрико минбаъд нашрияи «Доиратулмаорифи ҷаҳонии илми ҷадид» таъсис ёфт. Асари Томас Кун «Сохтори инқилобҳои илмӣ» зери силсилаи ҳамин нашрия чоп шудааст. Минбаъд анъанаи ин ҳалқа дар доираи фалсафаи таҳлилӣ идома ёфт.

Чуноне ки тазаккур дода шуд, нақши Рудолф Карнап(1891-1970) дар таҳаввул ва такомули мактаби мусбатгаройии мантиқӣ дар доираи ҳалқаи Вена хеле бузург аст. Зиддият нишон додан ба орои мобаъдуттабиъа ҷанбаи муҳими таълимоти фалсафии ӯро ташкил медиҳад. Тибқи андешаи маърифат ду навъи асосӣ дорад – ҳақиқат ё ҳарзагӯйиҳо (тавтология)-и«зарурӣ» ва гузораҳо (мулоҳизаҳо)-и нозир ба воқеият. Дар натиҷа ду навъи гузора мавҷуд аст, ки тамоми чизи ба таври маънидор баёншаванда тавассути онҳо ифода меёбад. Баръакс ҳукму гузораҳои мобаъдуттабиъаи суннатӣ, ки аз назари таҷрибавӣ дурустии онҳо қобили исбот нест, барои тааллуқ гирифтан ба ҳеҷ кадоме аз ин ду навъи мулоҳизаронии илмӣ имконият надоранд. Аз ин рӯ, мулоҳизаҳо (гузораҳо)-и метафизикӣ, новобаста аз он, ки дар назари аввал хеле амиқ менамоянд, дар асл холӣ аз ҳаргуна маънои воқеӣ ва ҳақиқат ҳастанд. Аз ин рӯ, Карнап метафизикҳоро аз ҷумлаи шоирон ва мусиқидонҳои нокоме меномид, ки печидагиҳои бунёдии забон онҳоро сироят кардааст. Сарчашмаи аслии ин печидагиҳоро ӯ аз он иборат медонист, ки файласуфон маъмулан дар баёни матлаб аз чизе пайравӣ мекунанд, ки онро «забоншайъӣ» меномид, ки он наметавонад барои ба даст овардани фарқияти худи баён ва воқеияти ифодашаванда имконият фароҳам орад. Ин дар натиҷа мулоҳизаи «сеюм»-ро падид меорад (мулоҳизаҳои шабеҳшайъӣ), ки барои исботи дурустии онҳо ҳеҷ як маҳаки озмоишӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, масоили метафизикӣ беасолат аст ва ҳеҷ роҳи ҳал барои онҳо мавҷуд нест. Аз ин рӯ, фалсафа бояд ба таҳлили забони илм машғул шавад, на ба омӯзиши масъалаҳои метафизикӣ. Пайравии илмҳои инсонӣ аз равиши таҷрибагаройӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, зеро бо ин роҳ онҳо имконияти исботи дурустии мулоҳиза ё гузораҳои худро ба даст меоранд.

Ҷанбаҳои муҳими мусбатгаройии мантиқӣ дар доираи фалсафаи таҳлилӣ, пеш аз ҳама, дар таълимоти Бертран Рассел(1872-1970) таҷассум ёфтаанд. Марҳалаҳои тайнамудаи ташаккули афкори фалсафии ӯро дар асоси асарҳои хусусияти тарҷумаиҳолидоштаи муаллиф «Рушд ва таҳаввули фалсафии ман», «Ҳадиси нафс» чунин тасвир намудан мумкин аст: 1) то соли 1898 вай идеалисти гегелӣ буд ва нақши ин давраро ӯ дар ташаккули шахсияти илмияш куллан рад мекунад; 2) ба гуфтаи худаш сипас: «охирҳои соли 1898 буд, ки Мур ва ман зидди Конт ва ҳам зидди Гегел ошӯб кардем. Мур роҳкушо буд, аммо ман ҳам аз наздик ҷойи пойи ӯро таъкиб мекардам». То ҳудуди соли 1911 башиддат даргири фалсафа ва мабонии риёзиёт буд ва аз шаклҳои гуногуни мобаъдуттабиа ва маърифатшиносии воқеъгаро ҳимоят мекард; 3) соли 1911 ӯ бо Витгенштейн вомехӯрад. Аввалан Рассел устоди Витгенштейн буд ва каме баъдтар ба сифати ҳамкор бо якдигар робита барқарор карданд. Таваҷҷӯҳи ӯ ба масъалаи забони илм дар ҳамин давра ба авҷи камолоти худ мерасад; 4) Аз соли 1927 то 1938 вақти зиёди худро дур аз таваҷҷӯҳ ба масоили умдаи фалсафӣ бо суханрониҳо ва гузоришҳо дар бораи мавзуъҳои писанди доираи васеи умум сарф намуд; 5) дар солҳои 1938-1950 ба кори таълими фалсафа дар донишгоҳ баргашт ва осори асосии худро вобаста ба фалсафаи илм таълиф намуд; 6) аз соли 1950 то охири маргаш машғули фаъолияти сиёсӣ буд. Ба андешаи Рассел, таваҷҷӯҳаш ба фалсафа ду асоси зерин дорад: «аз як сӯ, ман муштоқи кашф ва дарёфти ин нуқта будам, ки оё фалсафа ҳеҷ гуна дифоъе аз ҳар гуна чизе, ки онро метавон имони динӣ хонд, фароҳам меорад ё не ва аз дигар сӯ, мехостам худамро дифоъ кунам, ки метавон чизеро шинохт, фақат дар риёзиёти маҳз».

Дар асарҳои ҷанбаи мусбатгаройии мантиқидоштаи Рассел таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи муайян намудани маънои мафҳум ва ибораҳои илмӣ бо додаҳо, амри воқеӣ (fact) равона шудааст. Дар ин бора ӯ чунин андеша дорад: «Фаҳми калимот донистани таърифҳои луғавии онҳо дар фарҳанги луғот ё тавонойии мушаххас кардани чизҳойе, ки он калимот бо онҳо муносибанд, нест. Фаҳми забон бештар шабеҳи фаҳми бозӣ аст: мавзӯъ одатҳое аст, ки худи одамӣ онҳоро касб карда ва ба дурустӣ вуҷуди онҳоро дар дигарон низ фарз мекунад. Гуфтани он, ки калимае дорои маъное аст, инро намерасонад, ки онҳое, ки он калимаро ба дурустӣ мавриди истифода қарор медиҳанд, ҳаргиз ба маънои он андешидаанд: ибтидо истифода аз калима пеш меояд ва маъноро бояд бо мушоҳида ва таҳлил зарра-зарра аз он истихроҷ кард. Гузашта аз ин, маънои калима ба таври мутлақ қатъи ва мушаххас нест: ҳамеша камубеш миқдоре ибҳом вуҷуд дорад». Ва баъдан чунин илова мекунад, ки: «ман ба саҳми худам бар ин боварам, ки баъзан бо баррасии сарфу наҳв метавонем ба шинохту дониши қобили таваҷҷӯҳ дар мавриди сохтори ҷаҳон бирасем».

Шӯҳрати Рассел беш аз ҳама дар заминаи пажӯҳишҳояш оид ба мантиқ ва фалсафаи риёзиёт устувор гашт. Ҷустуҷӯи аввалини вай дар пайи ёфтани асосе мустаҳкам барои яқин дар дурустии риёзӣ ӯро ба ин андеша раҳнамун сохт, ки чунин асос метавонад реша дар мантиқ дошта бошад.

Ҳамин тавр, таҳаввули минбаъдаи худро орои мусбатгаройии навин дар фалсафаи таҳлилӣ пайдо намуд ва он дар шакли пасомусбатгаройӣ зоҳир гашт. Мусбатгароёнӣ мантиқӣ проблемаи барои позитивизм классикӣ хоси ҳудудгузории илм ва дониши ғаӣриилмиро тезутунд гардонида, ба коркарди маҳакҳои илмият хеле наздик шуданд. Ба сифати чунин маҳак дар фалсафаи неопозитивистӣ принсипи таҳқиқпазирӣ ё исботпазирӣ (верифицируемость) баромад мекард, ки тибқи он дониши илмӣ ҳатман бо тасдиқпазирии таҷрибавӣ тавсиф дода мешавад. Ҷанбаҳои асосии орои фалсафии намояндагони ин равияро чунин тасвир намудан мумкин аст: 1) муҳокимаҳои дуруст муҳокимаҳое ҳастанд, ки бо истифодаи равишҳои илмӣ таҳқиқпазирии онҳо муайян карда мешавад; 2) муҳокимаҳои фарзии илми ахлоқ, метафизика ва илоҳиёт тасдиқпазир нестанд ва бинобар ин ба таври дақиқ дар қатори муҳокимаҳои маънидор қарор намегиранд; 3) муҳокимаҳои мансуб ба мантиқ ва риёзиёт «маънодор» ҳастанд, аммо асоснокии онҳо бо роҳи таҳлил муайян карда мешавад, на бо роҳи пайравӣ аз таҷриба ва мушоҳида; 4) вазифаи фалсафа бо назардошти қазоватҳои фавқуззикр иборат аз машғул шудан ба метафизика ё аҳкоми нофарҷом дар бораи ин ки чиз чи тавр барқарор аст, нест, балки он бояд ба таҳлил бештар сарукор дошта бошад.

Ташаккули афкори пасомусбатгаройӣ таҷассуми барҷастаи худро дар таълимоти Карл Поппер ва Томас Кун пайдо намуд. Дидгоҳи фалсафии Поппер дар асарҳояш «Ҳадсҳо ва ибтолҳо», «Мантиқи тадқиқоти илмӣ», «Ҷомеаи кушода ва душманони он» ба шакли куллӣ матраҳ гардидааст. Дар давраи аввали фаъолияти илмияш ба ташаккули афкори ӯ наздикӣ ба ҳалқаи Вен, ки устодонаш Бюхнер ва Адлер ба он ҷо раҳнамунаш месохтанд, таъсири намоён дошт. Дар заминаи ҳамкорӣ ва ошноӣ бо орои фалсафии намояндагони ин мактаб ӯ ба чунин натиҷа мерасад, ки иштибоҳ ва мушкилоти намояндагони ин мактаб аз таваҷҷӯҳи бештарашон ба равоншиносӣ ва равиши истиқройӣ бармеояд. Тибқи ин дидгоҳҳо ба назар чунин мерасад, ки майли мо барои тавсифи назарияҳоямон ё ба тасалсул дучор мешавад ё ба поя ва асосе дар таҷрибаи ноб. Бинобар ҳамин ҳам дар муқобили равиши таҷрибагаройӣ мантиқи Поппер ба сифати меъёри ҳақиқати қазоватҳои илмӣ усули исботпазирӣ (верификация)-ро пешниҳод менамояд. Исботпазирӣ усулест, ки дар мантиқ ва маърифатшиносӣ барои баёни раванди муайян намудани ҳақиқати муҳокимаҳои илмӣ (назарияҳо, фарзияҳо) ва баррасии таҷрибавии онҳо истифода бурда мешавад. Дар таълимоти Поппер ҳар як қазовати андешамандонаи илм оид ба олам бояд додаҳои таҷрибаи нобро дарбар гирад. Пас тибқи ин усул қазоватҳои таҷридии ба додаҳои таҷрибавӣ асоснаёфта наметавонанд муносиби ҳақиқати илмӣ бошанд.

Барои дарки моҳияти диди фалсафии Поппер моро лозим меояд, ки мӯҳтавои боз яке аз мафҳумҳои дигари бунёдии он, яъне ибтолпазириро (фалсификация) тавзеҳ диҳем. Ибтолпазирӣ, ба андешаи худи Поппер, «пешниҳоде аст барои як тавофуқ ё қарордод шеваеро барои тамойиз ва ташхиси гузораҳои илми таҷрибавӣ аз шабаҳилмҳое чун ситорашиносӣ (астрология) ё мобаъдуттабиъа фароҳам меорад, ки аслан бемаъно нест,

Бо такя аз ин қазоват ӯ чунин андеша дошт, ки фалсафа дар қиёс бо «илм» метавонад ва мебояд натоиҷе ҷавҳари ба даст орад – назарияҳое дар бораи ин ки чизе вуҷуд дорад, чи метавонем бидонем, ва чи гуна метавонем ба шинохти он чи метавон шинохт ноил оем. Ин фарзия дар эҷодиёти ӯ боиси ба вуҷуд омадани масъалагузориҳое шуд, ки ӯро минбаъд аз дигар ҳамасронаш ҷудо намуд ва чеҳраи хосашро дар фалсафа боқӣ гузошт. Нақши илм дар маърифати ҳодисаҳо бояд аз он иборат бошад, ки то ҳадди имкон фарзияҳои ибтолшавандаро пешниҳод намояд. Он гоҳ онҳоро ба воситаи «гузораҳои асосӣ, яъне гузораҳои шаклашон онҳоро ба сурати ибтолшавандаҳои билкувваи фарзияҳо нишон диҳанда мустаҳкам намоем. Масалан, гузораи «ин ки дар ин ҷо кӯи сиёҳ вуҷуд дорад» агар пазируфта шавад фарзияи «ҳамаи кӯҳо сафед ҳастанд»-ро ибтол мекунад. Гузораҳои асосӣ мебоист худ ибтолпазир бошанд(бинобар ҳамин ҳам дар гузораи боло ҳиссачаи «ин ки дар ин ҷо» ҷой дода шудааст, то ин ки ин ибораро мо набояд собитшуда тасаввур намоем». Аз ин рӯ, ба андешаи Поппер, ҳарчанд мо наметавонем қазоватҳои худро чунон нишон диҳем, ки онҳо ҳатман бояд «ҳақиқат дошта бошанд», вале он чиро метавонем ба сомон расонем ин аст, ки онҳоро ба гунае нишон диҳем, ки «шабоҳат ба ҳақиқат дошта бошанд». Ҳамчунин ӯ аз чунин андеша пайравӣ менамуд, ки маърифатшиносӣ бояд ба омӯзиши чизҳои айнӣ(объективӣ) вуҷуддошта машғул шавад, на ин ки бо падидаҳои марбут ба зеҳн ва шуур.

Томас Кун ҳамчун муаррихи таърихи илм машҳур аст. Осори ӯро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: осоре, ки ба таърихи илм бахшида шудааст ва осори ба фалсафа ва ҷомеашиносии илм тааллукдошта. Асари маъруфи ӯ «сохтори инкилобҳои илмӣ» мебошад. Мӯҳтавои назарияи ӯро ба таври фишурда чунин хулоса кардан мумкин аст: 1) имконияти пешниҳоди як парадигма ба маънои булуғ ва пухтагии илм аст; 2) парадигмаҳо, ки дарбаргирандаи сармашқҳои пажӯҳишиянд, дастовардҳои илмии дар мавриди ба даст овардани роҳҳои ҳалли мусоиди масъалаҳо мебошанд; 3) тағйири парадигмаҳо инъикоскунандаи зуҳури илми инқилобӣ аст; 4) парадигмаҳои рақиб бо якдигар санчишнопазиранд, зеро ҳар кадоме аз онҳо масоили мутафовитро ҳал мекунанд ва аз ин рӯ аз меъёрҳои гуногун барои кашфи ҳақиқати дониши илмӣ истифода мебаранд; 5) илова бар ин ҳеҷ гуна додаҳои мушоҳидашавандаи муштарак вуҷуд надорад, ки меъёри бетарафе барои муқоисаи парадигмаҳо хизмат Шахсияти дигари маъруф дар ин равия Фейерабенд(1924-1981) мебошад. ӯ якчоя бо Лакатос чунин андеша дошт, ки арзиши назари таърихӣ оид ба дигаргуниҳои дар илм ба амалоянда аз арзиши ҳаргуна таҳлили мантиқӣ камтар нест. Тибқи ин андеша чаҳорчӯбаҳое аз тафакур вуҷуд дорад, киёснопазиранд, яъне робитаи мантиқӣ байни муҳтавои қолабҳои фикрии мухталифро тавассути таҳлили маъноии калимаю ибораҳои барои баёни онҳо истифодашаванда барқарор кардан мушкил аст. ӯ муътақид ба плюрализми назарияҳо, фарзияҳо ва дигар шаклҳои дониш буда, барои ин зарурияти пешниҳоди ҳарчи бештари онҳоро барои инкишофи илм таъкид менамуд. Ақлгаройӣ, ба андешаи ӯ, метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад ва тасаввуфи шарқӣ метавонад намунаи он бошанд.

Бо назардошти муҳокимаҳои баёншуда дар аксар адабиётҳо орои фалсафии намояндагони равияи мусбатгаро ҳамчун орои сирф моддигароёна арзёбӣ мешавад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала дар ин ҷо зарурияти муайян кардани чунин умумияти байни орои фалсафии мусбатгароён ва моддигароён пеш меистад. Материализм таърихан чун равияи фалсафӣ  аз мусбатгаройӣ барвақттар  пайдо шуд. Он дар атомизми атиқӣ ва натурфалсафа реша дорад ва дар давраи маорифпарварӣ (материализми фаронсавии асри 18) ҳастии мустақилона касб кард. Баъди инқилоби кабири фаронсавӣ анъанаи материалистӣ дар Фаронса муваққатан  канда  мешавад. Бозгашти материализм ба андешаи аврупоӣ солҳои 40-ми асри XIX дар Олмон оғоз ёфт, ки дар он бо якчанд гуногуншаклиҳо пешниҳод шуд, аз қабили материализми антропологӣ (Л.Фейербах), материализми табиӣ- илмӣ ( Л.Бюхнер, Я.Молешот, К.Фохт) ва материализми диалектикӣ ( К. Маркс, Ф. Энгелс), ҳамзамон дар Фаронсаву Англия позитивизм ( О.Конт, Ҷ.Милл, баъдтар  Г. Спенсер). Густариши материализм ва позитивизм ифодаи Эҳёи натуралистӣ буд, ки миёнаи асри XIX дар Аврупо ба вуҷуд омаду дар ин ё он андозае қариб тамоми мамолики ин минтақаро фарогир шуд. Он ба  инқилоби саноатӣ алоқаманд буд, ки бо кашфиёти илмӣ, комёбиҳои техникӣ таассуротбахш буду дар дилҳо шӯълаи эътимод ба пешрафт  ва қудрати бузурги илмӣ меафрӯхт. Пайдоиши ҳамзамони материализм  ва позитивизм  дар ин шароитҳо аллакай метавонад нишонаи қаробати  ҳамин равияҳо бошад. Онҳоро воқеан бисёр чизҳо наздик месозад. Аввалан, материализм ва позитивизм ба илм                       ( табиашиносӣ) баҳои баландро қоиланду онро сарчашмаи муҳими дониши  ҳақиқӣ маҳсуб мекунанд. Дуюм, ҳардуи онҳо нисбат ба фалсафа рӯҳияи интиқодӣ доранд ва онро бо як овоз «метафизикаи кӯҳна» ном бурда, онро бо ҳама проблемаю мафҳумҳояш инкор мекунанд.Сеюм, ин ҷараёнҳо дар соҳаи шинохт майл ба сенсуализм ва эмпиризми гуногунҷилва доранд. Чаҳорум, онҳо чун шаклҳои ҷаҳонбинии натуралистӣ умуман рақибони эътирофи ягон мабдаи нисбат ба табиат мовароҳастӣ (трантседентӣ) мебошанд. Панҷум, материализм ва позитивизм ба тасдиқи ягонагии метод, аниқтараш, ба соҳаи ҳаёти рӯҳонию ҷамъиятӣ густариш додани қонунҳои методологие талош варзиданд, ки дар табиатшиносӣ татбиқ мегарданд. Намояндагони ҳарду равия ба мавҷудияти қонунҳои умумитарини обективии рушди на фақат табиат, балки ҳам ҷомеа ва ҳам шуур мӯътакид буданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Боби 12. Феноменология (падидашиносӣ). Герменевтика (таъвилшиносӣ). Таҳаввули фалсафаи динии асри XX

Поягузори феноменалогия чун равияи маъруфи фалсафаи муосири ғарбӣ Э.Гуссерл (1859-1938) аст, ки проблемаи фалсафаро чун илми дақиқ ва ҷиддӣ ба миён гузоштааст. Падидашиносӣ иборат аз шаклҳои зерин аст:падидашиносии воқеъгароёна, падидашиносии таъвилшинохтӣ ва падидашиносии вуҷудгароёна (экзистенсионлистӣ). Падидашиносии воқеъгароёна ба таълимоти Гуссерл такя мекунад. Падидашиносии таъвилшинохтӣ ин шевае аст, ки Хайдеггер шакли падидашиносии худро тавсиф мекунад, ки тибқи он падидашиноси ҳастишиносӣ аст. Падидашиносии вуҷудгароёнаро Мерло – Понти ба беҳтарин сурат пешниҳод намудааст. Мафҳуми меҳварии он «зистҷаҳон» (Lebenswelt) аст.

Аз назари Гуссерл, ҳама таълимотҳои фалсафии замони ӯ ба талаботҳои илмияти ҷиддӣ мувофиқат намекарданд, зеро илмҳои мавҷударо оид ба табиат ва ҷомеа ҳамчун намунаи илмият пазируфтанд.  Ҳамаи илмҳоро метавон ба ду намуди асосӣ ҷудо кард илмҳои эйдетикӣ, ки ба онҳо мантиқ, риёзиёт, фалсафа шомиланд ва илмҳои далелӣ             ( фактуалӣ ), ки муҳокимаҳои худро бо истинод ба далелҳо асоснок мекунанд. Охириҳо характери тасодуфӣ доранд. Муҳокимаҳои фалсафӣ на соҳиби аниқияти ҳақиқатҳои риёзӣ, на мушоҳидашавандагии ҳиссии ҳақиқатҳои физикӣ ҳастанд, зеро фалсафа ченаки билкул нави дониш аст, ки бо кӯшиш ба дониши софу мутлақ алоқаманд аст. Фалсафаи ҳақиқӣ ё феноменологияи мовароҳастӣ (трантседентӣ) дар тафовут аз илмҳои фактуалӣ илмест на дар бораи далелҳо, балки дар бораи моҳиятҳост. Аммо дар тафовут аз дигар улуми эйдетикӣ( масалн, риёзиёт) он наметавонад аз он далел сарфи назар намояд, ки ҳама маълумотҳо ба мо тавассути шуур дода шудаанд. Фалсафа ба сифати предмети худ бо андешаи ба предмет нигаронидашуда сарукор дорад ва дар ин маъно он на ақлӣ (дискурсӣ), балки тафсирист                                     ( интерпретативист). Худяқинияти мутлақ-чунинанд вижагиҳои дониши фалсафӣ, аз назари Гуссерл. Илми ҷиддӣ дар ин маъно номи арзишҳои мутлақ ва берунизамониест, ки тартиби оддӣ ва бечунучаро фаҳморо ташкил мекунанд.

Дар зеҳният сохтан ё бунёд кардани моҳияти (конституировать) предмети фалсафа дар маънои феноменологии ин калима танҳо тавассути методи махсус — методи таҳфифи (редуксияи) феноменологӣ имконпазир аст ва феномен ҳамон моҳиятест, ки худро дар шуур ба туфайли редуксияи феноменологӣ зоҳир мегардонад. Он дар ду марҳила амалӣ гардонида мешавад: дар марҳилаи редуксияи эйдетикӣ мо «олами берунаро ба қавс мегирем», яъне арзиши нахуст эътиқоди барои бисёр илмҳо ибтидоиро ба воқеияти олами беруна таҳти шубҳа қарор медиҳем. Редуксияи мовароҳастӣ «худшиносии таҷрибавиро ба қавс мегирад», яъне нахуст эътиқодро ба воқеияти Ман ҳамчун қисми  воқеияти олами берунӣ таҳти шубҳа мегузорад. Олам, бад-ин тариқ, ба феномени холис ё эйдос (дар шакли мантиқан ва шифоҳӣ муайяншуда), тарҳу сӯроби (конфигуратсияи ) тамоми маълумоте таҳфиф мегардад, ки ҳамчун «андозаи воқеият, амалият» баромад мекунад. Дониши падидашиносона дониши мутлақ дар бораи моҳият аст, ки ҳар гуна донишро доир ба далел асоснок мекунад.

Падидашоносӣ бартарияти мақоми равиши табиатгаройӣ, равоншинохтӣ ва таърихиятро дар фалсафа танқид менамояд. Таҳти табиатгаройӣ дар фалсафа падидашиносӣ тафсири воқеият ва шуурро ҳамчун раванди табиие мефаҳмад, ки дар шакли объективӣ – маънодор маърифат карда мешавад. Тибқи ин андеша пайгирӣ кардан аз намунаи табиӣ – илмӣ, ки барои он табиат олами ҷисмонии фазоию замонист, маънои нусхабардории ҳаётии ногузири шуурро дорад. Дар чунин муносибат ба шуур аз назари чизи аз ҳама муҳим – алоқамандии байнисубъектӣ нопайдо мешавад, ки онҳо моҳияти шууро муайян мекунанд ва барои тадқиқоти таҷрибавии ҳамчун асоси илмҳои фактуалӣ хизматкунанда дастнорас мешаванд. Таърихият ба мисли усули равоншинохтӣ мекӯшад фалсафаро аз тариқи такя ба таърих чун илм дар бораи далелҳо асоснок кунад. Далел бошад, ба андешаи падидашиносон, наметавонад арзиши мутлақ бошад. Ҳам таърихият ва равоншинохтӣ аз дидгоҳи падидашиносӣ намунаҳои фалсафаи дурӯғинанд, на ин ки дониши ҷиддӣ ва аниқи фалсафӣ. Ягона фанне, ки қодир аст фалсафаро илми ҷиддию аниқ гардонад, падидашиносӣ аст. Падидашиносӣ илмест дар бораи падидаҳо. Падида он чизест, ки зоҳир гаштани он тавассути шуур ба амал меояд. Майнаи инсонӣ ва ҳамаи чизҳои ӯро иҳотакарда моҳиятан падида мебошанд. Ба туфайли редуксияи феноменологӣ, яъне парҳез аз эътиқод ба воқеияти олами объективии атроф мо эйдоси олам, арзиши идеалии онро муроқиба мекунем. Азбаски падида фақат дар шуур ва фақат тавассути амали шуур зоҳир мегардад, редуксия ҳамчун мовароҳастӣ (трантсендентӣ) низ ҳаст. Ҳамзамон дар тафовут аз тафсири кантии шуур чун офарандаи объект падидашиносӣ чунин меҳисобад, ки шуур танҳо объектро ба ман зоҳир мекунад ва дигар ҳеҷ.

Эдмунт Гуссерл яке аз поягузорони падидашиносӣ дониста мешавад. Нахустин асари ба ин мавзуъ бахшидашудаи ӯ «Тадқиқоти мантиқӣ» (1900-1901) мебошад, ки дар асоси он равияи мазкур ташаккул меёбад. Падидашиносии аввала, пеш аз ҳама, таҳти таъсири шиори «бозгашт ба худи чизҳо» қарор дошт, зарурияти андешарониро оид ба он, ки чизҳо (ашёи моддӣ, ниҳодҳо, осори ҳунарӣ, ашхос ва ғ.) чи гуна бояд худро дар таҷриба билфеъл нисбат ба аҳкоми назария ё низомҳо ифода намоянд, пайваста таъкид менамуд ӯ. Ин равия равиши равоншинохтиро қабул надошт ва онро танқид мекард. Ҷаҳонбинии онҳо хусусияти объективӣ дошт ва ба таври куллӣ тамоюли зиддикантӣ доштанд. Хусусан, дар асари «Идеяҳо дар бораи падидашиносии ноб» Гуссерл зарбаи таккондиҳандае ба ин равияҳо ворид мекунад.

Барои дарки хусусияти андешаронии Гуссерл, пеш аз ҳама, мӯҳтавои мафҳуми меҳварии таълимоти ӯ «ваҷҳи илтифотӣ» ё «қасдият» (интенсионалность)-ро бояд шарҳу тавзеҳ дод. Мафҳуми аввал ба ифодаи ҳолатҳои гуногуни огоҳӣ ва шуурнокӣ нигаронида шудааст. Огоҳӣ дар ҳолатҳои мухталифи худ хосияти огоҳ будан «аз» чизе ё вобаста будан ба чизеро дорад. Масалан, дар ҷараёни андешаронӣ дар бораи чизе андеша меравад; дар идроки ҳиссӣ чизе ба таври ҳисс эҳсос мешавад; дар тахайюл чизе ба хаёл меояд; дар тарс одамӣ аз чизе метарсад ва ба ҳамин тариқ, Гуссерл ин ҳолатҳои гуногуни огоҳиро таҷриба ё рафтори қасдӣ меномад. Баръакс яке аз устодонаш Брентано мавзӯи огоҳии даруниро дар ҳамаи маврид зоти зеҳнии дарунӣ намедонад. Вақте ки ман оид ба тасвири зеҳнӣ фикр мекунам, огоҳии ман ба сӯи зоти зеҳнӣ равона шудааст. Аммо вақте ки ман барои мисол ин китобро рӯи мизам мебинам, ин таҷрибаи қасдӣ буда, ба сӯи шайъи моддӣ нигаронида шудааст. Он чи ман аз он огоҳӣ дорам, танҳо тасвири зеҳнии дарунӣ аз як китоб нест, балки дақиқан худи китоб аст. Ҳатто вақте ки ман китобро бевосита дар хаёл тасвир мекунам чунин нест, ки огоҳии ман ба суи як тасвири зеҳнӣ нигаронида шуда бошад. Ҳар як таҷрибаи илтифотӣ, ки фарогирандаи истифода аз забонанд, шомили чизе аст, ки Гуссерл онро маъно ё мафҳум мехонад ва ҳамин мафҳум аст, ки сабаби мутаваҷҷеҳ шудани таҷриба ба сӯи мавзӯи он аст.

Падидашиносии Гуссерл ба тамоми фалсафаи баъдина таъсири  калон расонид. Мутафаккирони бузурги асри ХХ мафҳумҳои асосӣ ва равишҳои таълимоти ӯро васеъ истифода мебурданд. Дар навбати аввал чунин таъсири таълимоти Гуссерл бо назардошти дар худ доштани тасаввуроти нав оид ба предмети фалсафа ва аҳдофи он шарҳ дода мешавад. Ба андешаи Гуссерл, фалсафа ин навъе низоми мантиқӣ- ақлонии ақидаҳою исботҳост, балки саъйю талошест, ки объектро ба «зоҳир шудан» маҷбур мекунад. Барои Гуссерл, усули олии фалсафа на усули картезианӣ-кантии «ман фикр мекунам», балки усули «ман метавонам» мебошад, яъне фаросату ҳадс (интуитсия)-и яқин ва яқинкунанда. Пайвастори(корреляти) объективии «ман метавонам» ончи баромад мекунад, ки Гуссерл онро уфуқ меномад. Уфуқ ин тайф ё спектри имкониятҳои зоҳиршавии объект аст, ки дар дохилаш доираи интенсияҳои актуалии охирини як ва ҳамон як объект муайян карда шудааст. Сониян, хидмати Гуссерл тафсири нави шуур маҳсуб меёбад. ӯ шуурро на аз нуқтаи назари мӯҳтавои он, балки аз дидгоҳи мақсади интенсионалии он ё ин ки ноэма таҳлил мекунад. Ноэма ин як чизест, ки дар шуур зоҳир мегардад, аммо на худи шуур асту на қисмати он.

Герменевтика (таъвилшиносӣ). Истилоҳи «герменевтика аз калимаи лотинии hermeneno гирифта шуда маънояш шарҳ ва тафсир додан аст. Дар Юнони бостони санъати маънидоди матнҳо герменевтика ном дошт. Тибқи тасаввуроти устуравии юнониён забони худоён ба раият фаҳмо нест. Гермес ба сифати миёнчии худоён ва одамон иродаи худоёнро тафсир мекунад, онро барои инсон фаҳмотар месозад. Пайдоиши санъати фаҳмидан ва истилоҳи герменевтика ба номи Гермес алоқаманд аст. Дар ҳоли ҳозир герменевтика ин назарияи фалсафии фаҳмидан ва тафсир намудан аст. Асосҳои герменевтикаи фалсафӣ дар осори Ф.Шлейермахер, В. Дилтей, П. Рикёр, Х.Гадамер ва диг. ниҳода шудааст. Дар илми муосир поягузори герменевтикаи фалсафӣ Ф.Шлейермахер (1768-1834) дониста мешавад, ки ӯ ҳамзамон ва ҳарифи мунозиравии Гегел маҳсуб меёбад. Шлейермахер чун фақеҳи протестантӣ ба тафсири «Инҷил» шуғли зиёд дошт ва ҳамчунин бо усулҳои мухталифи тафсири матнҳои ҳуқуқӣ, филологӣ, таърихӣ ва устуравӣ низ шинос буд. ӯ назди худ мақсади ба як методи умумӣ муттаҳид сохтани усулҳои гуногунранги герменевтикиро гузошт, то ин ки раванди фаҳмиданро, новобаста аз он, ки дар бораи фаҳмидани кадом матн (ҳуқуқӣ, устуравӣ, динӣ) сухан меравад, ба силки тасвир оварад. Фаҳмидан дар консепсияи Шлейермахер усули универсалии дарёфти маънои матн аст. ӯ герменевтикаашро универсалӣ, яъне татбиқшаванда нисбати ҳамаи матнҳо номид. Ба андешаи ӯ, ҳар як раванди фаҳмидан ба як ва ҳамон як принсипи доира ва муколамаи герменевтикӣ тобеъ аст. Ин принсипҳо, ба фикри ӯ, раванди фаҳмиданро тасвир мекунанд. Шлейермахер мӯътакид буд, ки ҳадафи асосии фаҳмидан ин фаҳмидани муаллиф аст ва бинобар ҳамин ҳам рағбати ӯ ба фардияти муаллиф бештар буд.

Шахсияти дигаре, ки дар вусъати ин усул саҳм дорад, ин В. Дилтей (1833-1911) аст. ӯ дар баррасии методҳои маърифати гуманитарӣ фарқиятҳои қатъии байни илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ё «илмҳо дар бораи рӯҳ»-ро ба асос мегирфт. Дилтей фаҳмидани маънои падидаҳои фарҳангию таърихиро тарзи махсуси маърифати илмҳои гуманитарӣ маҳсуб мекард. Худро ба ҳайси намояндаи герменевтика надониста, Дилтей консепсияи фаҳмидани худро кор карда баромад ва бо ин дар рушди герменевтикаи фалсафӣ саҳми бориз гузошт.

Дар ташаккул ва тавсиаи герменевтика саҳми Ханс Гадамер(1900-2001) файласуфи олмонӣ, шогирди Хайдеггер бештар аст. ӯ фаҳмиданро чун тарзи универсалии ҳастии инсонӣ баррасӣ мекунад. Инсон бо мурури дарки зарурати фаҳмидани худ бо зарурати фаҳмидани дигарон, ҳодисаҳои рухдода, таърих, санъат ва ғ. бармехӯрад. Ҳастии инсонро аз ин рӯ метавон фаҳмидан номид. Ҳамин тариқ, герменевтикаи Гадамер онтология (таълимот дар бораи ҳастӣ) мешавад. Дар ин маврид бояд қайд кард, ки Гадамер вазифаҳои методологии герменевтикаро инкор намекунад.

Барои герменевтика вазъияти нафаҳмидан, нофаҳмо будани маънои матни бутун ё қисмҳои он ибтидоист. Фаҳмидан чун раванди ба даст овардан ва барқарор кардани маънои матн падидор мешавад. Герменевтикаи атиқӣ чун санъати тафсири манобеи динӣ, фалсафӣ, таърихӣ ва ҳуқуқие рушд кард, ки маънояш аз байн рафта ё яқин нест. Масъалаи фаҳмидани қисмҳои зиддиятноку гуногунмаънои китобҳои динӣ навъи махсуси санъати тафсирро ба вуҷуд овард, ки онро аслан экзегетика( маънидод мекунам) меноманд. Минбаъд дар асоси герменевтикаи атиқӣ ва экзегетикаи динӣ герменевтикаи фалсафие арзи ҳастӣ намуд, ки назарияи куллии фаҳмиданро коркард мекунад.  Барои герменевтикаи фалсафӣ масъалаи фаҳмидан чист? муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҷустуҷӯи посух ба ин савол герменевтикаи фалсафӣ як қатор проблемаҳоро баррасӣ кардаю ба миён мегузорад. Оё фаҳмидан нисбат додани маънои матн аст ё маъно аллакай дар матн ниҳода шудааст ва вазифаи фаҳмидан иборат аз он аст, ки маъноро ошкор кунад? Оё метавон фаҳмиданро чун расму қоидаи ақлонӣ, бозтавлидӣ тасаввур кард? Ё ки он ҳамеша дарёфти ҳадсии маъно боқӣ мемонад?  Ба ибораи дигар, герменевтикаи фалсафӣ як қатор проблемаҳоеро тасвият додаю муҳокима мекунад, ки бо сохтор, шароитҳо ва аҳдофи фаҳмидан, бо тавсифи субъект ва объекти фаҳмидан алоқаманданд.

Ҳамин тавр, барои герменевтика мафҳуми фаҳмидан мафҳуми меҳварӣ ба шумор меравад. Ба мавҷудияти тафсирҳои мухталифи фаҳмидан нигоҳ накарда, ҳамаи онҳо ин ё он тавр фаҳмиданро чун ошкор кардани маънои матн баррасӣ мекунанд. Дар ин ҳол таҳти матн на фақат сарчашмаҳои адабӣ, динӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ дар назар дошта мешавад, балки ҳаводиси таърихӣ, асарҳои санъат, амалу рафтори инсон, ҳодисаҳои сиёсӣ низ метавонанд дар шакли аломатию рамзӣ ҳамчун матн дар маънои васеи ин калима баррасӣ карда шаванд. Раванди фаҳмидан аксаран чун ҳаракат аз рӯи доираи герменевтикӣ ба амал меояд. Аз як тараф, принсипи доираи герменевтикӣ ба баррасикунии матн чун ҷузъ дар нисбати забони давр, жанри адабӣ, эҷодиёти муаллиф ва ҳамчун том дар нисбати қисматҳои матн ҳидоят мекунад. Аз дигар ҷониб, матн қисмати ҳаёти маънавии муаллиф аст, худи ҳаёти маънавӣ бошад, қисмати даврони таърихӣ ва фарҳанг аст. Ҳаракат аз рӯи доираи герменевтикӣ аз том ба ҷузъ ва баръакс ҳамчун раванди фаҳмидани маънои матн падидор мегардад. Гадамер одилона тахмин мезанад, ки ягон раванди фаҳмидан аз «варақи сафед» оғоз намеёбад. Дар рафти азхудкунии забон, маълумотгирӣ, андӯхтани таҷрибаи ҳаётии ҳар як фард беихтиёр ба анъанаҳои муайяни фарҳангӣ-таърихӣ ворид мегардад. Анъанаҳои азхудкардашуда он асосе мешаванд, ки бар он фаҳмидан бунёд мегардад. Раванди фаҳмидан аз нафаҳмидан оғоз меёбад. Гадамер ба мисли Хайдеггер қайдҳои хомакии пешакӣ ё пешсуварӣ (прообраз)-и маънои матн, интизории маъноиеро фаҳмидан меномад, ки дар заминаи анъанаҳои азхудкардашуда бархостаанд. Баъди хондани матн пешсувари маъно бо он маъно муқоиса карда мешавад, ки дар натиҷаи хондан ба вуҷуд омада буд, тасҳеҳи пешакии лоиҳаи маъно сурат мегирад. Ҳамин тариқ, фаҳмидан ҳамчун гузариш аз пешфаҳмидан ба фаҳмидани нав ба назар меояд. Фаҳмидани нав минбаъд метавонад ҳамчун пешфаҳмидан барои фаҳмидани оянда баромад кунад. Ҳаракат аз пешфаҳмидан ба фаҳмидан дар консепсияи Гадамер доираи герменевтикист. Гадамер дар бораи мавҷудияти пешфаҳмидан сухан ронда амалан тасдиқ мекунад, ки пурра бартараф сохтани фосилаи таърихӣ ва фикран ба дигар даврон кӯчидан имконнопазир аст. Одаткунии муфассир ба образҳои маданияти бегона ҳамеша бар пешфаҳмидан асос хоҳад ёфт, ки муфассирро ба даврони ӯ ва анъанаҳои фарҳангии дигар алоқаманд менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Боби 13.    Структурализм

Стуруктурализм (сохторгаройӣ) равияест дар афкори фалсафӣ, ки афзалан дар Фаронса солҳои 60-уми асри ХХ паҳн шуда буд. Намояндагони асосиаш Клод Леви Строс (тав.1908), Жак Лакан(1901-1981) буда, дар марҳилаи муайяни эҷодиёташ (то солҳои 1968) Мишел Фуко низ қаробати худро ба структурализм эътироф дошт. Ин равия диди наверо дар илмҳои гуманитарию ҷамъиятӣ, ки то ин муддат таҳти таъсири ғояҳои мусбатгароию равоншинохтии фрейдӣ қарор доштанд, ворид сохт. Сохторгароёнро ҳадафи умумии методологӣ марбут ба афзалият додан ба таҳлили сохторӣ ба сифати усусли пешбари пажӯҳишӣ бо ҳамдигар муттаҳид менамуд. Омӯзиши на мазмун, балки шакл, на аносир, балки робитаи байни аносири объект афзалиятнок дониста мешавад. Онҳо мӯътакиданд, ки дар ин самт маърифати илмии иҷтимоию гуманитарӣ бояд бо методҳои умумии табиатшиносию улуми дақиқ такя кунад, зеро созмони(ташкилаи) маданӣ чун объекти ба созмони табиӣ мувофиқ баррасӣ карда мешавад. Вижагии объекти маданӣ дар он аст, ки он сохтори амиқеро дорост, ки бешуурии дастаҷамъона ( коллективӣ) офаридааст ва асосаш ин ё он низоми аломатию рамзист.

Ин андешаҳо сарчашмаи худро аслан дар заминаи забошиносии таркибӣ ва мушаххасан таълимоти поягузори он Ф. Соссюр (1857-1913) пайдо намуданд. Соссюр поягузори лингвистикаи сохторӣ шинохта мешавад. ӯ бо китоби «Давраи забоншносии умумӣ» таъсири умдае ба омӯзиши фалсафии забон гузошт. Ин китоб асоси шаклгирии сохтогаройии забоншиносиро фароҳам овард. Нахустин манбаи таъсиргузор ба афкори Соссюр мактаби омӯзиши таърихии забон буд, ки вай дар ҷараёни таҳсилаш дар Донишгоҳи Лейпсиг ба он бархӯрд, ҳарчанд баъдан онро зери танкид гирифт. Ончи вай дар таҳқиқоти худ ҷустуҷӯ мекунад, сохторҳои зербинои забон аст ва ин равиш ӯро аз дигар мактабҳои забоншиносӣ ҷудо мекунад. Вай забонро навъи низом медонист, яъне забон, аз назари ӯ, аз нишонаҳои пайваста ба якдигар аз тариқи қарордодҳои дастурӣ созмон ёфтааст. Замоне, ки мо ба нишонае дар даруни як низом вокуниш нишон медиҳем, ҳамчун вокуниш нисбат ба ранги чароғаки роҳнамо, ин корро мутобиқ бо дарк ва фаҳми худ аз дастури (грамматикаи) он низоми хос анҷом медиҳем. Қарордоди унвон кардани нишонаҳо маънои дилхоҳ будани онҳо аст – ҳар калимае барои тавсифи як чиз ҳамон қадар хуб аст, ки калимае дигар. Дилхоҳ будани калима ба он имкон медиҳад, ки дар тӯли замон таҳаввул ёбад. Аз ин замина Соссюр байни забон дар шакли ҳамзамонӣ (синхронӣ) ва замонӣ (диахронӣ)-и он фарқ мегузошт. Аввалӣ ба забон ба манзалаи тамомияти статикӣ (исто) ва тамому камол бо аҷзои собиташ (дастури забони  он) ишора дорад ва дуюмӣ ба забон дар мароҳили такомули он дар тӯли замон дар ҷойе, ки мумкин аст ба тағйирот дучор ояд, масалан, дар маънои калима.

Моҳияти сохторгаройии фалсафӣ аз он ғояе иборат аст, ки асоси объектҳои маданиро сохтор ташкил медиҳад, ки ҳамчун маҷмӯи равобиту муносибатҳои муттаҳидсозандаи унсурҳое фаҳмида мешавад, ки бесимоянд, мустақиман мушоҳида намешаванду дарк намегарданд, инвариантианд,  яъне бетағйир боқӣ мемонанд, ҳарчанд, ки зуҳуроти онҳо гуногунранг ва тағйирпазиранд. Маданият аз рӯйи принсипҳои ташкил ва амалкарди забони табии бунёд шудааст. Маданият худ дар маънои васеъ забон, яъне низоми мураккаб ва аломатию рамзист. Сохторҳои он аксар маврид аз мадди назари инсон пинҳон боқӣ монда, бо вуҷуди ин самти фаъолияти ӯро равона месозанд, ҳамшабеҳ ба он, ки чи гуна шаклҳои забон муоширати нутқии ҳаррӯзаро имконпазир месозанд. Сохторгароён образи классикӣ инсонро ҳамчун эҷодкори бошуури фарҳанг, субъекти бохиради сохти ҳаёти ҷамъиятиро муайянкунанда дурӯғ меноманд. Онҳо мавқеи худро оид ба ин масъала чунин муайян намудаанд, ки инсон не, балки забон сухан мегӯяд, шахсият не, балки сохтори бесимо амал мекунад. Афкори маъруфияти ҷанҷоли касбкардаи М. Фуко дар бораи «марги субъект», «марги инсон» дар ҳамин маъно тафсир карда мешавад. Аз ин рӯ, сохторгаройии фалсафӣ дар дараҷаи бештари вокунише ҳаст ба субъективизм ва фардгаройӣ (индивидуализм)-и вуҷудгароён, ки ғояҳои онҳо дар Фаронсаи солҳои 60-ум шакли тундгаройии сиёсӣ касб карда, бо ҳамин маъруф гашта буд. Ба андешаи сохторгароён, вуҷудгаройӣ зуҳуроти ниҳойии хаёлоти дар фалсафаи классикӣ решадавонда дар бораи он аст, ки олами инсонӣ дар заминаи худшиносии субъект бунёд мегардад. Ба як чунин гумроҳии Декарт бо пешниҳоди ҳикматаш «Меандешам, пас вуҷуд дорам» ибтидо гузошт.

Мардумшиносу фарҳангдони маъруфи фаронсави Карл Леви-Стросс поягузори сохторгаройи фалсафӣ дониста мешавад. Асари асосиаш «Антропологияи сохторӣ» буда, ӯ дар он имконияти маърифатии усули сохторгаройиро дар омӯзиши ҷомеаҳои ибтидойӣ татбиқ мекунад. Олим низоми хешутаборӣ, қоидаҳои издивоҷу никоҳ, расму оинҳо, маросимҳо, ривоятҳо ва ғайраро чун забон, тарзи муошират, рамзҳои иттилоотӣ баррасӣ мекунад. Дар асоси онҳо сохтор қарор дорад, ки принсипи нисбатан муҳимашон муносибати антиномӣ(дузиддӣ)-ист: хунук-гарм, худӣ-бегона ва ғ. Ба назари Леви-Стросс, дузиддӣ присипи ташкилшавии маданият аст, азбаски худи ҳастии инсонӣ аз ибтидо тазоддор аст. Файласуф тахмин мекунад, ки ҷомеаҳои ибтидоӣ дар тафовут аз ҷомеаҳои муосир тарзи пайванди мавзуни зиддиятҳоро нигоҳ доштан; онро ӯ зуҳури фавқулақлгаройӣ номгузорӣ кардааст. Ин пайванди ба устура хоси мабдаъҳои ақлонӣ ва ҳиссӣ аст, ки ҳангоми он баёни ғайримустақими баҳамзидҳо рух медиҳад. Сохторҳои бешууронаи хирад, ки атои табиатанд, хусусияти дузиддӣ доранд. Ба инсони муосир фаҳмидани табиати худ ва барқарор сохтани тавозун(гармония)-и гумкардаи баҳамзиддҳо лозим аст.

Барои бештар ба даст овардани маълумот оид ба шеваи андешаронии фалсафии намояндагони мактаби сохторгаройии давраи ба балоғатрасида баррасии васеътари таълимоти яке аз чеҳраҳои барҷастаи он Жек Лаканро дар ин ҷо зарур меҳисобем. Ҳарчанд баррасии андешаҳои Лакан дар мавриди психоанализӣ таркиби бо сабаби печидагиҳои қазоватҳояш кори саҳлу осоне нест. Бо вуҷуди ин роҳи наздик шудан ба дарки мӯҳтавои андешаҳои ӯ он аст, ки аввалан таълимоташро оид ба забон мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем ва сипас дигар мафҳумҳоеро, ки таълимоти вай бо онҳо пайвастагӣ дорад, дида бароем. Дар робита бо ин Лакан чунин андеша дорад, ки забон иборат аз ду ҷанбаи муҳим аст. Яке аз онҳо сохтори умумӣ, қоидамандӣ ва наҳви забон аст. Дигаре сатҳи таъодии озоди маъноӣ дар ҷинсҳо, бозӣ бо калимаҳо мебошад. Ҳарчанд Лакан дар ин масъала аз Соссюр пайравӣ мекунад, вале дар фарқият аз ӯ Лакан на ҷанбаи аввал, балки ба ҷанбаи дуюм, яъне таъодии озодмаъноӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир  мекунад. Дар таълимоти Лакан шарҳи хусусияти иҷтимоӣ доштани ҷанбаҳои дар боло зикршудаи забон мавқеи муҳим пайдо мекунад ва сабаби онро ӯ дар он мебинад, ки аслан забон таҷассумгари вижагиҳои қудрати ҷинсӣ дар ҷомеа аст. Яъне ҷанбаи умумии забон, ки бештар ба сохтор ва қонунмандӣ такя мекунад, таҷассумгари афзалияти қудрати мардона дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Баръакси он тамоюл ба озодмаъноӣ, бартарияти бозӣ бо калимаю ибораҳо ишора ба талошкунии қудрати феминистӣ, занона дар ҷомеа аст. Ба андешаи Лакан, ин ду ҷанбаи забон ҳамеша дар муборизаи ҳамдигар қарор доранд ва баъзан ин зиддият хусусияти харобкорона ба худ мегирад.

Ба андешаи Лакан, ду ҷанбаи зикршудаи забон ҳамчунин ба мундариҷаи нохудогоҳӣ ё бешуурии инсон таъсир мегузоранд. Бинобар ҳамин ҳам нохудогоҳӣ офаридаи худи забон ва таҷассумгари вижагиҳои он аст. Ҷанбаи сохторию қонунмандонаи забон саҳнаи зуҳури нохудогоҳиро ба қадри имкон маҳдуд месозад ва аксар маврид онро саркӯб менамояд. Дар баробари ин нохудогоҳӣ низ барои зуҳури худ пайваста талош меварзад ва мекӯшад пояи суботи сохторию қонунмандона доштани забонро суст кунад. Нохудогоҳии инсон тӯли ҳаёташ ҳамчунин пайваста бо нафси ормонӣ(идеал) ё худи пӯёӣ(self dynamic) талош меварзад ва ин талошҳо зинаҳои муайянро пушти сар мекунанд. Дар марҳилаи аввал, ки марҳилаи «ойинаӣ» (mirror) ном дорад, кӯдак нахустин бор талоши худро барои офаридани худ ё ба даст овардани мафҳуме аз ҳуввият амалӣ месозад. Чунин талошҳо дар бисёр мавридҳо бо шикаст рӯ ба рӯ мешаванд, зеро худ сирфан қолаби мунтазам тағйирёбанда (matrix) мебошанд ва худро ба сурати куллияти фиребдиҳанда ё ғайриҳақиқӣ намоиш медиҳанд. Забон дар ин маврид навъе аз заминаҳо барои зуҳури чунин фиреб аст. Назму тартибе, ки дар забон мавҷуд аст, ҳам имконияти чунин айниятбахшиданиро медиҳад ва ҳам онро ҳидоят мекунад.

Лакан иброз медорад, ки он чизеро, ки мо ҳамчун воқеият тасаввур  ва тасвир мекунем дар асл бо ёрию иштироки бевоситаи забон сохта мешавад ва дар забон таҷассум ёфта бо мурури таҳаввулоти забонӣ он низ ба таҳаввулот дучор мешавад. Яъне сохтори воқеиятро забон ифода мекунад ва мавҷудияти воқеият ба туфайли забон аст. Ҳеч гуна фарозабонӣ барои тавсифи воқеият вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, Лакан низоми суннатии байни амри рамзии забон ва он чизеро, ки намоён менамоёнад, инкор мекунад, аввалӣ охириро меофарад.

Зимнан бояд қайд намуд, ки даъвои сохторгароён барои эҷоди методологияи аниқи илмии хос барои ҳосил кардани донишҳои иҷтимоию гуманитарӣ аз бисёр ҷиҳатҳо асоснок нагардиданд, зеро татбиқи он натиҷаҳои хеле муҷаррад дод, ки санҷишашон на ҳамеша бо натоиҷи эътимодбахш ба даст меояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Боби 14. Фалсафаи постмодернизм

Постмодерн хориқаи мураккаб, гуногунранги иҷтимоъфарҳангӣ ва фалсафиест, ки дар ҷомеаи ғарбӣ солҳои 70-80-уми асри ХХ пойдор гашт. Постмодерн истилоҳи байналмиллалии фаннӣ ба шумор омада, (онро Р.Паннавитс соли 1917 ба доираи истифода ворид  кард), чунин фаҳмида мешавад: ҳамчун шакли худҳамшабеҳгардонии маданияти ғарбӣ-аврупоӣ; ҳамчун тарзи ҳаёт, низоми оламэҳсоскунии арзишӣ ва амсилаи муносибат ба олам, ки дар ҷомеаи пасосаноатӣ шакл гирифт; ҳамчун маҷмӯи ғояҳои фалсафию иҷтимоӣ, ки замони «навтарин»-ро тавсиф медиҳад. Постмодерн дар Аврупо пайдо шуда, вазъияти нави иҷтимоъфарҳангӣ-қатъгардии алоқа бо замони гузашта, тафтиши ҳама лоиҳаҳои маданиро (ба шумули лоиҳаҳои фалсафӣ) ифода мекард. Муқобилгузорӣ бо замони гузашта бо пешванди «пост»(ба тоҷикӣ-«пасо») маъмул гашт: пасомуосир (постмодерн), пасоколлективизм, давраи пасоиқтисодӣ, пасотамаддунӣ.

Назариётчиёни постмодерн инҳоянд: Ж.Ф.Лиотар, М.Фуко, Э.Деррида, Р.Барт, Ф.Гваттари, Ж.Делез, Р.Рорти,Ж.Бодрийар. Бисёр постмодернистон аз рӯйи маълумот филологу адабиётшиносанд (У.Эко), ки ин дар сатҳи бештаре таваҷҷӯҳ ба матн , ба характери бадеии он ва баробарҳуқуқии унсурҳои онро, ки дар намуди бозиҳои забонӣ мавҷуданд, муайян кард.

Постмодернӣ таърихи гузаришро аз Замони Нав (modern) ба муосир (modernity) ифода кард ва ҳарифи мунозиравии арзишҳои фалсафӣ ва мадание баромад намуд, ки дар чорчӯбаи зеҳнияти (менталитети) ақлонии  асри ХV11 ташаккул ёфт. Даврони Модерн характери аврупомарказӣ дорад ба сарчашмаҳои атиқӣ мерасад (Лиотар Арастуро аввалин модернист меҳисобад). Саноатикунонӣ, кӯчиши деҳотиён ба шаҳр (урбанизатсия), фардгароӣ (индивидидуализм) аз таъсири масоҷиду калисо раҳоӣ ёфтан, оммавӣ будан, қолабӣ будан ва ихтисосмандикунониро бояд параметрҳои асосии ҷомеаи модерн маҳсуб кард. Дар соҳаи назариявӣ аносири муҳимтарини лоиҳаи модерн хиради маорифпарварона (ратсионализм), бунёдгароӣ (фундаментализм)-ҷустуҷӯи асосҳои устувор ва кӯшишҳо ба муайяният, универсализми нақшаҳои ташреҳӣ ва назарияҳои ҷамбасткунанда мебошанд. Барои асри хирад эътиқод ба пешрафт ва таҷдиди мутассил, инсонгароӣ, озодӣ, инқилоб, яъне он чизҳое хосанд, ки пасомуосир (постмодерн) инкорашон карда, хаёлпарастии хатарнокашон меҳисобад.

Постмодерн аз лиҳози иҷтимоӣ-таърихӣ ин «мантиқи мадании сармоядории дерист». Дар ин муносибат постмодерн чун «афзоиши идоранашавандаи мураккабият» (Ж.Ф.Лиотар), «давраи бетартибии афзояндае, ки табиати ҳамагонӣ дорад», баромад мекунад. Маданияти иттилоотӣ омили муҳимтарини истиқрори постмодерн буд, сабабгори гузариш аз истеҳсоли чизҳо (модерн) ба истеҳсоли аломатҳо, рамзҳо, иттилоот гашт.

Тамоюлоти арзишии постмодерн дар нисбати тамоюлоти модернӣ комилан дигаранд. Агар модерн озодӣ, баробарӣ, бародарӣ, инчунин ормонӣ «ҷомеаи комил» ва «инсони комил»-ро арзишҳои асосӣ ҳисобад, дар постмодернизм озодӣ, гуногунрангӣ, таҳаммулпазирӣ ва назаркунӣ ба ҷомеа, ки дар он «ҳама муаллиф ва актёранд », чунин арзишҳои асосианд (Луман). Мафҳумҳои калидии постмодерн чандандешӣ (плюрализм) ва деконструктивизм мебошанд, ки қатъиян даст кашидан аз ғояҳои том, универсалӣ ва мутлақ, аз «гранд-парративҳо» («саргузашту нақлҳои калон» ва баён (тасвир) – ҳои илмӣ), инчунин аз расму тартиби таҳлилии ҷустуҷӯи маъноро дар назар доранд. Бо худи ҳамин образи «провокативӣ»-и илм бунёд карда мешавад, ки худро дар зарурати кардани исбот, озод намудан аз хурофот, қонунӣ эътироф кардани донишҳо дар тамиизоти (экспертизаҳои) илмӣ, истифода бурдан аз диалектикаи ақлӣ (спекулятивӣ) мукаммал мегардонад. Аммо постмодерн имконияти «парративҳо»-и нав, ба мисли перфоманс-воқеанокии ҷорӣ, вазъиятнокӣ, симулакр (танзими эҷодии воқеияти сунъӣ сохташуда); самаранокӣ (на ин ки ҳақиқат); забон ва иртибот (коммуникатсия) ҳамчун манбаи қонунӣ эътирофшавии донишҳо; муҳимияти вазоифе, ки ба «ин ҷо ва ҳоло» мансубанд, даст намекашад.

Интеллектуализми постмодерн муносибати релятивӣ, ғайриақлонӣ (ирратсионалӣ), инкоркунандагӣ (нигилистӣ)-ро ба дастовардҳои маданият ба думбол дорад. «Маъно на ба баландию на ба умқ мутааллиқ нест. Ҳама чие дар сатҳ рӯй медиҳад» (Лиотар); «Ҳеҷ чизе на он қадар аст»; «Фаромӯш кардан!»; Ҳеҷ чизе кафолат дода нашудааст»; «Сухан мекунам, пас, вуҷуд дорам»; «Бар ҳамин андешаам, аммо чи хеле бихоҳед, метавонам».

Постмодерн корҳои зиёде ба сомон расонд, то ки тафаккурро аз нақшаҳою қолабҳои шахшуда, мифологемҳои кӯҳна, маҳдудияти манзараи позитивистии олам озод кунад ва ба онҳо тахайюли эҷодӣ, фазилати таърихӣ-фалсафӣ, истеъдоди адабӣ, маҷознокиро муқобил гузорад. Дар баробари ин танқиди мӯҳлики арзишҳои анъанавӣ, меъёрҳо ва танзимкуниҳо барои он ба амал бароварда мешавад, ки ба намунаи нави истеъмолкунандаи маданияти ҷой озод шавад, ки барояш иттилоъ арзиши парастишист. Бо ин постмодерн худро ҳамчун шакли муқтадири бегонакунии инсон аз лоиҳарезии ақлонии мақсаднок ва амали (таъсири) иҷтимоӣ зоҳир намуд.

Оё постмодернизм ақлгаройӣ (ратсионализм)-и классикиро ба майдон металабад? Постмодерн дар оғӯши дониши гуманитарӣ ва фалсафаи ғарбии таҳлилӣ пайдо шуда, хусусиятҳои амиқи бӯҳрони ақлгароии классикӣ, стсиентизм ва гуманизмро зоҳир кард. Манбаъҳои фалсафии постмодерн феноменология, структурализм, экзистенсиализм, герменевтика ҳастанд. Аниқияти таърифи навовариҳои ғоявӣ ва дидгоҳии (консептуалии) постмодерн ба ҷиҳати талфифӣ (компилятивӣ) будани андеша, тасвиятҳои ултрадиалектикӣ, неологизмҳои зиёд, назокати услуб, вусъати мавзӯии нашарот, наҷозпокӣ душвор гардидааст.

Консепсияи сохтзудойӣ (деконструктивизм). Сохтзудойӣ ҳамчун наҳзати мустакили фикрӣ дар дохили нақди фалсафӣ ва адабӣ ташаккул ёфтааст. Ин наҳзат аз дили сохторгаройӣ, ки ҷонибдори айнияти илмӣ, ҳифзи фосила (аз маосили мавриди баррасӣ) ва ҷомеъият буд, баромада дар шикастани анъаноти роиҷи андешаронии суннатӣ қадаме пештар аз сохторгаройӣ гузошт. Ҷонибдорони аслии он аз Жак Деррида, Жак Лакан, Жулио Криставо, Ҷон Франсуа Лиотар, Ролан Барт бо навиштаҳои мутаахираш иборатанд. Ин наҳзат аслан ҳамрадифи пасомодернизм қадам мезанад ва оғози он дар Фаронса ба охирҳои даҳаи 1970 рост меояд. Аз ин ҷо баъдан наҳзати мазкур ба дигар қисматҳои Аврупо ва Амрико доман паҳн намуд.

Сохтзудойӣ дар баёни андеша ва интихоби қолаби фикрияш маншаи зиддисуннатӣ дорад ва ин дар зиддияти он бо мобаъдултабиъа ва суннатҳои мафкуравии роиҷ зоҳир мешавад. Дар баёни андешаи фалсафияш сохтзудойӣ муддаӣ аст, ки бештари навиштаҳои фалсафӣ дар суннати ғарбӣ беихтиёр худро ба далели нотавонӣ дар ҳифзи мафрӯзотие, ки бар пояи он устуворанд, ноустувор мекунанд. Намунае аз ин амр дар нақди Деррида аз Леви Стросс ба назар мерасад, ки дар он ҷо Деррида ба ин фикр моил аст, ки тобу ба зино бо маҳорим табиӣ аст, аммо бо ин ҳол бояд бо муҷозоти иҷтимоӣ зӯран мувоҷеҳ шавад, тазод ва муғойирати зербинойӣ вуҷуд дорад. Намунаи дигар аз китоби «Эмил» -и Руссо ба даст меояд: чунин иддао шудааст, ки табиати равонии занон бо мардон тафовут дорад, аммо занон набояд (на ин ки наметавонанд) ҳамон муносибату касбҳоеро пайравӣ кунанд, ки мардон пайравӣ мекунанд.

Бинобар андешаи намояндагони мактаби пасосохторгаройӣ ҳеҷ гуна суботи маъно, ё бар асоси вожашиносии Деррида, ҳеҷ гуна «метафизикаи ҳузурӣ» ё дар забон вуҷуд надорад. Ин мавқеи  пасосохторгароён бархилофи назари Соссюр аст, ки тибқи он маънои калимаҳоро метавон аз тариқи маънои калимаҳои дигаре, ки дар ҳамон ҷумла ё ибора паси ҳам меоянд дарк намуд. Истидлоли пасосохторгароёна ин аст, ки маънои калима ба ин тартиб собит намешавад, зеро маъноҳои дигар калимаҳо низ ба ҳамон андоза бесубот аст.  Ҳамвора бо ин мавзӯъ ин назари куллӣ матраҳ аст, ки маънои матни адабӣ низ ба ҳамон тартиб номуайян аст. Ин ҳукмро метавон ба яке аз ду тариқи зерин дарк кард: ин ки ба ивази он, ки фақат як тафсири қатъӣ ва мӯътабар аз асари адабӣ вуҷуд дошта бошад, метавон маънои зиёде барои он пайдо кард; бо ин ки матн мумкин аст ғунҷойиши ҳар тафсирро аз ҳар сухан дошта бошад. Иддаои «мӯътадилтар» муфид воқеъ мешавад, зеро ба рӯйкардҳои ҷадид дар қаламрави нақди адабӣ имкон медиҳад.

Бархе аз пососохторгароён, аз ҷумла Деррида, аз мавзӯи тадоъии калимаҳо дар кори Соссюр дар бораи забон баҳра бурдаанд. Ин гуна тадоъӣ аз ончи бинобар қавли изҳоршуда табиати умумӣ ва қоидамандии забон аст, раҳоӣ меёбад ва намунае бартар аз озодӣ ва ҳалокият шумурда мешавад. Мақолаи Деррида «Шибулит» (дар асл ин калима дар достоне аз Китоби Муқаддас калимаи рамз ё исме аст, ки афроди Гилид барои ташхиси афроди қабилаи Афроим (Наводгон ҷавонтарин фарзанди ҳазрати Юсуф аз қабилаи бани Исроил), ки дар ҳоли фирор буданд, вазъ карданд: чун афройимиҳо «ш»-ро «с» талаффуз мекарданд, ин собиқа дар тадоъии вожаҳои Деррида мӯҷиби тадоъии вожгуни вожаҳои масъалаи дигар шудааст, ки барои ташхис ва тамойизи бархе қабилаҳои қавми яҳуд истифода мешавад, яъне хатнашудагӣ ё нашудагӣ ва тадоъии вожаҳо идома пайдо кардааст), фарогири тадоъии вожаҳои зерин аст: «шибулис», хатна», «шолгардҳо», «халқҳо» ва дар баробари онҳо калимаҳои олмонӣ низ тадоъӣ шудаанд. Ин бидуни шак баҳраҷӯйӣ аз ҳукми Соссюр мабнӣ бар ин аст, ки тақсим ва ба шохаҳо ҷудо шудани забонҳои табиӣ на амри қатъӣ, балки дилхоҳ аст.

Дар доираи постмодернизм минбаъд равияи дигари фалсафӣ бо номи сохтзудойӣ (деконструктивизм) ба вуҷуд меояд. Яке аз поягузорони ин равия файласуфи фаронсавӣ Жак Деррида мебошад. Асоси афкори ӯро таҷзия ва таҳлили матн ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он нишон додани бесуботӣ ва набудани қатъияти зотии маънои матн аст. Дар ин ҷода Деррида таваҷҷӯҳро ба ошкоркунонии моҳияти иҷтинобнопазири матни ҳама гуна осори фалсафӣ ҷалб мекунад. ӯ эҳсос мекунад, ки файласуфон бештар аз ҳама сайъ дар исботи мавҷудияти маънои аслӣ, ягонаи матнҳо мекунанд ва барои исботи ин силсилаи далелҳоро меоранд. Деррида баръакс дар саҳнаи андешаронии фалсафии баъдазафлотунӣ худро дар муқобили дигар файласуфон мегузорад. Зеро, ба андешаи ӯ, ин андешамандон ба тамоюл ба «метафизикаи ҳузур» чунин мепиндоштанд, ки маъно моҳиятан собиту мушаххас аст ва метавон онро дар куллият пайдо кард. Фалсафаи Ғарб дар ин маъно «калимамеҳвар»(logocentrism) аст, зеро он пойбанди ақидае аст, ки гӯё калимаҳо қобилияти интиқоли беолоиши маънои дар зеҳни фард ҷойдоштаро доранд. Ба андешаи Деррида, ин саҳеҳ нест ва бинобар ин ӯ тарҳи «овомеҳварӣ»-ро барои фалсафаи Ғарб пешниҳод менамояд, ки тибқи он сухани баёншаванда бо сабаби наздиктар будан ба андешаи аслӣ нисбат ба каломи навишташуда маъноҳоро ба шакли асилтар интиқол медиҳад. Аз ҷониби дигар, тибқи назари Деррида, мушаххасоти маънибозӣ дорои тафовутҳо аст ва тамоми осору таълифоти вай барои нишон додани воқеияти ин матлаб нигаронида шудаанд. Бо ин ӯ  мақсади таккон додани зербинои андешаронии фалсафии классикиро пеши худ мегузорад ва аз ин ҷихат ҳам онро сохторзудо номидаанд. Чуноне ки маълум гашт, таҳқиқотҳои фалсафии Деррида аз бисёр ҷиҳатҳо хусусияти забоншиносӣ доранд, ҳарчанд решаҳои тафаккури ӯ дар падидашиносӣ қарор дорад ва нахустин асари нашркардааш ба шарҳу тафсири осори Гуссерл бахшида шудааст.

Яке аз ҳадафҳои аслии танқиди Деррида аз усули андешаронии фалсафии Ғарб ба он нигаронида шудааст, ки пояи боварии усулиро ба суботи ҳамешагии маънои мафҳумҳо, калимаҳо ноустувор нишон диҳад. Барои татбиқи ин андешаи худ Деррида ба он таъкид мекунад, ки матни фалсафӣ чандинтабақа буда, даъвои он ба қотеъияти якмаъноӣ беасос аст. Барои исботи ин фикр ӯ, пеш аз ҳама, дар матн мақсади пайдо кардани мафҳумҳои такягоҳӣ ва қабати маҷозии онҳоро пеши худ мегузорад.  Матни ҷиддан якмаъно вуҷуд надорад, зеро дар он замонҳои гуногуни таърихӣ нишона, маъноҳо, акси худро мегузоранд. Ҳадафи фалсафа дар мавриди наздик шудан ба ин матнҳо бояд аз пайдо кардани маҳз ҳамин нишонаҳо, маъноҳо ва аксҳо иборат бошад. Зеро маҳз дар бозии ин маъниҳо тору пуди матн бофта мешавад ва матн пайваста барои хондани минбаъда бо мақсади дарёфти маъниҳои тоза худро дар маърази таваҷҷӯҳи соҳибназарон мегузорад. Масалан, симои Суқрот дар диалоги бо ҳамин номи донишманд маъруфи Афлотун ҳамчун «фармакос»(соҳир, ҷодугар) пеши назар меояд, ки маргаш ба асари «фармакона»(заҳр) ӯро «фармакос»(бомаки паст, гӯсфанди қурбонӣ) намуд. Чуноне ки мушоҳида мешавад, Деррида дар ин китобаш таҳти унвони «Дорухонаи афлотунӣ» дар атрофи калимаи меҳварии матни классикии Афлотун «фармакос» маъноҳои дигари бо ин калима алоқамандро пайдо намуда, пайроҳаи тайнамудаи ҳаётии Суқротро нишон додааст.

Ҳамин тавр, ба андешаи Деррида, ҳозираи зинда, ҳамзамонӣ вуҷуд надорад, зеро дар он гузашта ҳам акси худро мегузорад ва оянда низ тарҳу пешнависи шакли эҳтимолии худро наққошӣ месозад. Ин тавсифи Деррида аз замон то андозае монанди бо он тавсифе, ки дар давраи худ Августини Муқаддас ба замон дода буд, наздикии нисбӣ дорад. Чуноне ки медонем, ба андешаи Августин, фақат замони ҳозира вуҷуд дорад ва тақсимбандиҳои марбут ба гузаштаю ояндаи он аз ҳамин замони ҳозира вобастаанд. Бинобар ҳамин ҳам мо метавонем тафсири замонро чунин баён кунем: ҳозира, ҳозираи гузашта ва ҳозираи оянда. Вале Деррида ин масъаларо дар заминаи таҳлили матнҳо собит месозад. Ба назари ӯ, ҳозира бархӯрди бепоён бо «тафовут» ва «деромад, таъхирпазирӣ»(diferrent) дорад. Дар асл якумин барои он аввал аст, ки пас аз он дуюмин меояд: маҳз ҳамин «дуюм» ба хотири омаданаш имконияти мавҷудияти «якумин»-ро фароҳам меорад. Пас маълум мешавад, ки он чи ибтидоист ба худ шабоҳат надорад ва нусхаю такрор, нишонаҳо нисбат ба он чизе, ки асл дониста мешавад, аввалият доранд. Ҳамин тавр ҳаракати махсуси такмилёбию табдилёбие, ки зоҳиран монанд ба диалектика мебошанд, ба амал меояд. Такмилҳо аз берун ба куллияти худкифоя ҳамроҳ карда намешаванд, балки ба он чизе, ки норасоиро ҳис мекунанд, изофа карда мешаванд. Зеро кулл кулл нест ва ба он чизе ҳамроҳ, изофа карда шудааст ва барои чизеро ба он изофа кардан ҳамеша кушода аст. Тафаккури метафизикӣ (куллигаро ва ба ҷустуҷӯи асл таваҷҷӯҳдошта) аслан моил пок кардани нишонаҳо, чизҳои ба назар ноаёне аст, ки ҳузур доштанро имконпазир месозанд. Ин худ фаҳмост, зеро дар бораи ҳузурнадошта фикр кардан хеле душвор аст ба хотири он, ки таҷрибаи андешаронӣ озмоиш, тааммули ягон чизро дар ҳозира тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҳеҷ кадом таҷрибаи фардии моил ба тафовутҷӯӣ наметавонад ҳанӯз фалсафаи хузурро инкор кунад. Дар ин замина калимаи diferrent шояд яке аз шинохташудатарин ва маъруфтарин мафҳуми Деррида аст, ки барои нишон додани табиати пайваста тағйирёбандагӣ ва номуайянӣ доштани маънои истилоҳу калимаҳо аз ҷониби ӯ ҳамеша мавриди истифода қарор мегирад.    Мишел  Фуко аслан дониши тахассусиро дар риштаи фалсафа гирифтааст, вале дар асарҳояш таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои хусусияти равоншинохтӣ дошта мушоҳида мешавад. Вай дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули афкори фалсафияш майл ба марксизм, сохторгаройӣ, таълимоти Фрейд дошт, ҳарчанд ӯ баъдан таъсири андешаҳои ин ба ин равияҳо хосро ба афкори фалсафии худ пайваста инкор менамуд. Фуко дар мавриди омӯзиши мавзӯъҳои фалсафӣ онҳоро дар заминаи таърихӣ пайгирона баррасӣ намуданро афзалият медод. Истифодаи ин равиш дар баррасии масъалаҳое, чун: муносибат ба ҷунунзадагӣ (девонагӣ) дар ҷомеаи аврупойии пас аз замони Эҳё ва вобаста ба ин таҳаввули низоми зиндонҳою эҷоди қонунҳои ба танзими ин падида равонагардида, тағйирёбии муносибат ба амалҳои ҷинсӣ дар даврони бостон ва ғ. равшан мушоҳида мегардад. Дар таҳқиқотҳои Фуко оҳанги зиддиравшангаройӣ ё зиддимаорифпарварона огоҳона баланд садо медиҳад. Вай дар китоби «Низоми ҷазоҳо» дар шакли ошкоро «марги инсонӣ»-и дар қолаби ақлонияти хос тасаввуршавандаеро, ки маорифпарварӣ пешниҳод намуда буд, эълом медорад ва ҳаммонанди аксари андешамандони сохторгаро чунин қазоват мекунад, ки эътимод ба мӯҳтавои мафҳуми «инсон» бахусус «инсони нотиқ» ё «хирадпеша» ҳодисаҳои таассуфбореро (ҷангҳои ҷаҳонӣ, ихтирооти аслиҳаҳои маргбор, истисмор) барои ҷомеаҳои башарии муосир армуғон овард.

Фуко дар китоби «Девонагӣ ва бешуурӣ» (1941) таҳаввулеро дар таҳлили иҷтимоии падидаи ҷунунзадагӣ дар давраҳои муайяни инкишофи ҷомеаи аврупойӣ, бахусус бо мурури воридшавӣ ба давраи саноатии инкишоф, ба миён овард. Тибқи он бо мурури воридшавӣ ба давраи саноатии инкишоф  ва пайрави усулҳои ақлонии танзими муносибатҳо ва вокуниши ҷомеаҳо низ ба зуҳури рафторҳои аъзои ҷомеа дигаргун мешавад. Масалан, муносибат ба ҷунунзадагӣ дар даврони пештар аз инкишофи соноатӣ дар кишварҳои аврупойӣ нисбатан таҳаммулпазир буд ва онро маҳкум намекарданд. Бинобар ин дар зуҳури чунин рафтор нишонаи воридшавии халалро ба суботи низоми иҷтимоӣ мушоҳида намекарданд. Вале бо мурури ба зинаи инкишофи саноатӣ боло рафтани ҷомеаҳо эҳсоси таҳдиди зуҳури ин падида ба суботи иҷтимоӣ бештар мегардад ва аз ин рӯ, ҷомеаҳои мазкур бо масъулият ба танзими он даст мезананд. Барои ҳалли ин «мушкилӣ»-и иҷтимоӣ ҷомеаҳои мазкур ба эҷоди ниҳодҳои махсус (дармонгоҳҳою статсионарҳо барои беақлҳо) ва силсилаи қонунҳои барои аз атрофиён ҷудо кардани афроди мубталои ин вазъ даст мезананд. Акнун ин вазъе, ки дар замони пештар ҳамчун таҷаллии қудрати офаридгор арзёбӣ мешуду одамон нисбати чун афрод таҳаммулпеша буданд, аз ин пас зуҳури он ҳамчун беморӣ мафҳумбандӣ мегардад ва нисбати атрофиёну риояи низоми рафтори машрӯъиятдоштаи иҷтимоӣ хатарнок шуморида мешавад. Фуко ин тарзи муносибатро ба падидаи мазкур яке аз шаклҳои зоҳиршавии таҳдиди бартарият пайдо кардани ақлоният (ратсонализм) мешуморад, ки он барои таҳкими пояи қудрати идорӣ хидмат мекунад ва ҳаргуна падидаи мухолиф ба вусъати ин қудрат минбаъд дар истилоҳи «беақлӣ», «бехирадӣ» маънидод мешавад. Фишангҳои саркӯб кардани зуҳури чунин падидаҳои марбут ба «беақлӣ», «бехирадӣ» ва ғ. дар доираи ниҳодҳои махсус, аз ҷумла зиндонҳо, хеле нозукона тарҳрезӣ мегардад. Яъне, ба андешаи ӯ, ниҳодина (институтсионализатсия) шудани қудрат дар асоси афзалият додан ба меъёрҳои ақлӣ боиси «хатарнок» эълон шудани ҳамагуна зуҳуроти «бехирадӣ» барои таъмини суботи иҷтимоию сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамин тавр, таҳлили қудрат ва вобастагии суботи он бо дараҷаи ақлонияти тобеъонаш минбаъд яке аз ҷанбаҳои муҳим дар саросари фаъолияти эҷодии Фуко мегардад, ки он дар ҳамаи осори таълифкардааш ба чашм мерасад.

Ричард Рорти (1931) файласуфи амрикойӣ, намояндаи фалсафаи пасотаҳлилӣ ва амалгаройӣ мебошад. Ҳанӯз дар яке аз бобҳои китоби аввалинаш «Чархиши забонӣ» таҳти унвони «Мушкилоти фарофалсафии фалсафаи забон» оид ба масъалаи хоси равиши фалсафаи пасотаҳлилӣ фикри ҷолибро иброз дошта буд. Баъдан андешаҳояшро марбут ба ин масъала дар асари машҳураш «Фалсафа ва ойинаи табиат» инкишоф дод. Ба ақидаи Рорти, зеҳн ба сифати ойинаи зеҳнӣ ё субъектив аз табиати айнии хориҷи ҳузури конеъкунанда ва ғолиб дар андешаи ғарбӣ, ҳадди ақал аз замони Декарт, доштааст. Вай ба ин бовар буд, ки дар паси баёни масоили мутадовили маърифатшиносӣ навъе тазод байни зеҳн ва табиат вуҷуд дорад. Ин тазод, ҳангоме ки зеҳн(ба унвони саҳнае барои бознамойиҳо (презентатсия) дар қарни бистум ҷойи худро ба забон дод, масоили маърифатшиносӣ ба шакли масоили забонӣ даромаданд. Аз ин рӯ, фалсафаи муосирро метавон, ба андешаи ӯ, ҳамчун «фалсафаи адабӣ» баён кард. Андешаҳои умумии ӯро оид ба фалсафа чунин баён кардан мумкин аст: 1) агар ҳақиқати фалсафа ноб ва безамон нест, аммо дарбаргирандаи арзишҳои амалӣ аст. Маҳз дар масъалаи баёни мӯҳтавои ҳақиқат ӯ мансубияташро ба равияи амалгаройӣ эътироф мекунад; 2) Рорти зеҳни бознамояндаро сарчашмаи масоили зербинойи фалсафӣ медонад. Дар ин замина ӯ фалсафаро ба «манзалаи навъе аз нависандагӣ» тавсиф менамояд.

 

 

 

 

 

Фалсафаи асри 20: 62 комментария

  • в
    Permalink

    Hello! This is my first visit to your blog! We are a group
    of volunteers and starting a new project in a community in the same niche.
    Your blog provided us valuable information to work on. You have done a marvellous job!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thank you for the good writeup. It if truth be told used to be a leisure account it.
    Look complex to more added agreeable from you!
    By the way, how can we keep in touch?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Attractive element of content. I just stumbled upon your site
    and in accession capital to say that I acquire actually loved account your weblog posts.
    Any way I will be subscribing for your augment or even I success
    you access constantly fast.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think the admin of this site is really working hard in support of his web site, since
    here every stuff is quality based data.

    Ответ
  • в
    Permalink

    What a information of un-ambiguity and preserveness
    of valuable know-how regarding unexpected emotions.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I love your blog.. very nice colors & theme. Did you create this website yourself or did
    you hire someone to do it for you? Plz respond
    as I’m looking to create my own blog and would like to know where u got this from.
    thanks a lot

    Ответ
  • в
    Permalink

    Actually no matter if someone doesn’t understand after that its up to other visitors that they will assist, so here
    it happens.

    Ответ
  • в
    Permalink

    When some one searches for his necessary thing, so he/she desires to be available
    that in detail, thus that thing is maintained over here.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow, that’s what I was searching for, what a stuff!
    existing here at this blog, thanks admin of this site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Today, while I was at work, my sister stole my
    apple ipad and tested to see if it can survive a thirty foot drop,
    just so she can be a youtube sensation. My iPad is now destroyed and she has
    83 views. I know this is entirely off topic but I had to share it with someone!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I do not even know how I ended up here, but I thought this
    post was good. I do not know who you are but definitely you’re
    going to a famous blogger if you are not already 😉 Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Does your site have a contact page? I’m having problems locating it but,
    I’d like to shoot you an email. I’ve got some recommendations for your blog you might be interested in hearing.
    Either way, great website and I look forward to seeing it grow over time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello to every one, since I am truly eager of reading this web site’s post to be updated
    on a regular basis. It contains good information.

    Ответ
  • в
    Permalink

    We are a group of volunteers and starting a new scheme in our
    community. Your site provided us with valuable info to work on. You have done an impressive job and our whole community will be grateful to you.

    Ответ
  • в
    Permalink

    With havin so much written content do you ever
    run into any issues of plagorism or copyright infringement?
    My website has a lot of exclusive content I’ve either
    created myself or outsourced but it seems a lot of it
    is popping it up all over the internet without my agreement.
    Do you know any techniques to help stop content
    from being ripped off? I’d really appreciate it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I love what you guys tend to be up too. This kind of clever work and reporting!
    Keep up the good works guys I’ve incorporated
    you guys to my own blogroll.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings! Very helpful advice within this post! It’s the little
    changes that produce the most significant changes.
    Thanks for sharing!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wonderful blog! I found it while surfing around
    on Yahoo News. Do you have any suggestions on how to get listed
    in Yahoo News? I’ve been trying for a while but I never seem to get there!
    Many thanks

    Ответ
  • в
    Permalink

    Heya i am for the first time here. I came across this board and I in finding It really useful & it helped me out a lot.
    I am hoping to give something again and aid others like you helped me.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I like the helpful information you supply for your articles.

    I will bookmark your blog and test again here frequently.

    I am rather certain I will be informed many new stuff right right here!
    Good luck for the following!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Whats up this is somewhat of off topic but I
    was wondering if blogs use WYSIWYG editors or if you have to manually code with
    HTML. I’m starting a blog soon but have no coding know-how so I wanted to
    get advice from someone with experience. Any help would be enormously appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi! I could have sworn I’ve been to this blog before but after reading through some of the post I realized it’s new
    to me. Anyhow, I’m definitely delighted I found it and I’ll be book-marking and checking
    back often!

    Ответ
  • в
    Permalink

    An outstanding share! I have just forwarded this onto a coworker who was doing a little research on this.
    And he in fact ordered me dinner because I found it for him…
    lol. So let me reword this…. Thank YOU for the meal!!
    But yeah, thanx for spending some time to discuss this topic here on your site.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey I know this is off topic but I was wondering if you
    knew of any widgets I could add to my blog that automatically tweet my newest twitter updates.
    I’ve been looking for a plug-in like this for quite some time and was hoping maybe you would
    have some experience with something like this. Please let
    me know if you run into anything. I truly enjoy reading your blog and I look forward to your new updates.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings from Florida! I’m bored at work so I decided to check out your site on my iphone during lunch break.
    I really like the knowledge you provide here and can’t wait to take
    a look when I get home. I’m amazed at how quick your blog loaded
    on my mobile .. I’m not even using WIFI, just 3G
    .. Anyhow, awesome blog!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there, all is going fine here and ofcourse
    every one is sharing facts, that’s genuinely good, keep
    up writing.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I used to be recommended this website by my cousin. I am now
    not positive whether this post is written by him as no one else realize such special about my difficulty.
    You are wonderful! Thank you!

    Ответ
  • в
    Permalink

    With havin so much content and articles do you ever run into any
    issues of plagorism or copyright infringement? My website has a lot of exclusive content I’ve either created myself or outsourced
    but it looks like a lot of it is popping it up all over the internet
    without my permission. Do you know any methods to help reduce content from being ripped off?
    I’d really appreciate it.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I do not even know how I ended up here, but I thought this post was
    great. I don’t know who you are but certainly you are going to a famous blogger if you are not already 😉 Cheers!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m not sure why but this weblog is loading very slow for me.
    Is anyone else having this problem or is it a issue on my end?
    I’ll check back later and see if the problem still exists.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Link exchange is nothing else except it is simply
    placing the other person’s webpage link on your page at
    suitable place and other person will also do similar in favor of you.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there! I know this is kinda off topic however I’d figured I’d ask.
    Would you be interested in trading links or maybe guest
    writing a blog post or vice-versa? My blog addresses a lot of the same subjects
    as yours and I believe we could greatly benefit from each other.
    If you might be interested feel free to shoot me an e-mail.
    I look forward to hearing from you! Excellent blog
    by the way!

    Ответ
  • в
    Permalink

    When someone writes an article he/she maintains the image of a user in his/her mind
    that how a user can know it. Therefore that’s why this article is perfect.

    Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    This design is incredible! You obviously know how to keep
    a reader amused. Between your wit and your videos, I was almost moved to start my own blog
    (well, almost…HaHa!) Wonderful job. I really enjoyed what you had to say, and more than that, how you presented it.

    Too cool!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s perfect time to make a few plans for the long run and it is time
    to be happy. I’ve read this put up and if I could I wish to suggest you
    some attention-grabbing issues or suggestions.

    Maybe you could write next articles referring to this
    article. I desire to read even more issues about it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    What you wrote was very reasonable. But,
    what about this? what if you added a little information? I mean, I don’t want to tell you how
    to run your website, however what if you added a headline
    that grabbed people’s attention? I mean Фалсафаи асри 20 — Донишхона is a little plain. You might glance at Yahoo’s front page and
    watch how they create article titles to grab people to click.
    You might add a video or a picture or two to get people excited about what you’ve
    got to say. In my opinion, it might make your website
    a little bit more interesting.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think that is among the such a lot vital information for me.
    And i’m happy reading your article. But wanna statement
    on some normal things, The site taste is perfect, the articles is truly great :
    D. Excellent process, cheers

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *