Парвози Шаҳбоз — Донишхона

Парвози Шаҳбоз

Нур дар нигоҳи ӯ шикаст, пеши чашмонашро моеи сурхи гарм фаро гирифт. Оламу одамро сурхпӯш, ғарқи хун медид. Зарбҳо ба сару рӯяш меомаданд, бо азобе худро ҳимоя мекард. Ҳатто мехост ба зарбҳо ҷавоб диҳад, лек қувваташ намерасид. Дастонашро ба сараш гирифту оҳиста ба замин нишаст…

Офтоб ғуруб мекард, дар шафақ лола мекошт. Не, офтоб ҳангоми ғуруб хун мегирист. Овозе ба гӯшаш ҳалқа мешавад.

— Эй ноинсофҳо, о, ин ҷавон ҳеҷ кор накардааст, пеши ман барои сӯҳбат омада буд. Шумо одами давлатро ҳамин хел пешвоз мегиред, пагоҳ чӣ ҷавоб медиҳед?

Ин овози гоҳе илтиҷоомезу гоҳе таҳдиддор аз гӯшаш намерафт. Ӯ худро ғунча карда ба замин нишасту фикраш ба як чиз банд буд, «Кош фиттаро наёбанд», — охир, овозгирро, бо сандуқчааш зада пора-пора карданд. Ҳатто бо қундоқи автомат задан бас набуд, ки чанд тирро ба сараш рехтанд.

Шаҳбоз аз паси хуну ашкҳо чеҳраҳои онҳоро ба чашмонаш аксбардорӣ мекард. Бо он силоҳбадастҳои сархушу маст аз бангу шароб ҳоҷати гап набуд. Онҳо чун ҳайвонҳои ваҳшӣ буданд, не аз ҳайвон бадтар, бераҳмтар.

— Ку, бигӯ, ту бо чӣ мақсад омадӣ, киро сабт кардӣ?

Аз хомӯшию оромии Шаҳбоз боз ба ғазаб омада ба сараш бо қундоқи автомат заданд. Сараш чарх зад, пеши чашмонашро ранги сурх ба сиёҳӣ бадал кард. Бехуд шуд. Ӯро кашон-кашон болои боми дупӯши мактаб бароварданд. Ба сутуни мобайнаш дастонашро ба пушт бурда ба он бастанд. Дар гӯши ӯ танҳо овозҳо, садоҳо омада боз гум мешуданд.

Мусиқии ҳазин ҳастиашро фаро гирифта буду дар гӯшаш садо медод, гӯё оҳанги дутори падараш бошад. Вале рӯҳаш бедор буд, ҳамаро медид, мешунид. Ҳатто он занҳое, ки дар сари кӯча ҷамъ омада, доду фиғон мекарданд. Барои халосии ӯ ягона яроқашон, гиряву зора, нолаашонро ҳис менамуд.

— Сайрам, о Сайрам куҷо шудӣ, о, ин бечораро овардию худат куҷо рафтӣ? — гуфтани ҳамон зани солхӯрда, ҳеҷ аз гӯшаш намерафт.

Охир, ӯро Сайрам, ки либоси низомӣ дар бар дошт, оварда буд.

Саҳар дар назди радиои Тоҷикистон бо ӯ рӯ ба рӯ шуд.

— Шумо, Шаҳбоз?

— Ҳа.

— Ман ба шумо кор дорам.

— Марҳамат.

— Барномаи “Хоки Ватан”-ро шумо менависед?

— Яке аз рӯзҳояшро ман омода мекунам.

— Намедонам, модарам фақат номи шуморо шунидаанду медонанд. Бо хоҳиши ӯ назди шумо омадам.

— Модаратон дар куҷо?

— Дар шаҳраки Лоҳутӣ….

Ӯ хост пурсад, ки ин шаҳрак дар куҷост, шарм кард, ки ту чи хел корманди радиои давлатӣ шуда, ин шаҳракро надонӣ. Хомӯш монд.

— Ман бо мошин омадам, илтимос тезтар равем, ки модарам чашм ба роҳ нигарон.

— Майлаш, ман аз директор иҷозат мегираму меравем.

“Хоки Ватан” гуфтори хеле маъруфу машҳур ва ҳамчунин дардхӯри мардуми сарсону саргардон ва парешонафтода аз ҷангу ҷидоли бемаънӣ, бепоя гашта буд. Умуман дар куҷое алангаи ҷанг баланд шавад, аввало қотилону ғоратгарон ва дуздону хиёнаткоронро рӯи об мебарорад. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба манфиати нафси худ, ба манфиати кори худ шабохун мезананд, ба миллату Ватан фақат хиёнатро раво мебинанд. Онҳо на Ватан доранду на миллат. Худи ҷанг чунин инсонҳоро тавлид мекунад, ҷанг бераҳмиро ба дилҳои чунин ашхос ҷой менамояд. Ва боз онҳоро маҳв месозад, нест мекунад.

Дар давоми кори рӯзноманигорӣ Шаҳбоз чандин бор бо чунин нокасону ноодамон вохӯрдааст, даст ба гиребон шудааст, аз чандин нафар зарбу шатта хӯрдааст. Вале дар вуҷуди ӯ тарс набуд. Худ ба худ мегуфт: “Ватан бемор аст, бояд бо одамони солим як ҷо гирд омада, онро табобат кард, сабзу хуррам ва обод намуд…”

Ӯ ба рағми ҳама ноҷуриҳо, ноадолатиҳо мебаромад, бо гуфтори “Хоки Ватан” ҳамагонро ҳушдор медод, ки Ватанро танҳо нагузоранд, аз ҷанг ҳазар кунанд, ба ҳар хел иғвоҳо дода нашаванд.

Халқи мо аз азал ба ҷанг нафрат дорад, халқи ҷангҷӯй нест. Биёед якдилу яктан шавем, ба ватан, ба халқ имон оварем…

Чи хуб, ки ин гуфтор ҳамсадоӣ ёфт, обрӯ пайдо кард, дар дилҳо умедро ҷо намуд ва барои васл кардан, нақш бозид…

— Шаҳраки Лоҳутӣ дур аст?

— Не, дур нест, дар қариби сарҳади Ӯзбекистон, баъди Шаҳринав. Чӣ, шумо он ҷоро намедонед?

— Шунидаам , аммо надидаам, — гӯё иқрор шуд Шаҳбоз.

— Он шаҳраки зебо ва бисёр обод буд, аммо ҳоло…, — духтар хомӯш монд.

Боз ба рӯи Шаҳбоз нигаристу гуфт:

— Шумо аз ҷони худ наметарсед?

— Чаро?

— Охир ба ҷойҳои хавфнок ва маргзо меравед, дирӯз дар қариби марзи Афғонистон гузориш медодед.

— Вақти телевизионро тамошо кардан доред?

— Имшабу рӯз гӯшу ҳуш ва чашми мардум ба радиою телевизион аст.

— Медонам, охир шумо бо ин сару либосҳо..

— Маро, ака нав ҳамчун корманди амниятӣ қабул карданд. Номам Сайрам.

Шаҳраки Лоҳутӣ дар назар шаҳраки мотамзадаро мемонд. Шаҳбозро рост ба мактаб бурданд, ҳамон вақте расид, ки як духтарчаи панҷсоларо 25 – 30 зану духтар бо оҳу афғон ба сӯи манзили хомӯшон мебурданд.

Аз дур чанд марди яроқбадаст гуё бепарво онҳоро назора мекарданд. Духтарча дар рӯи даст мерафт, ҳар як зан бо гиря дарди худро мегуфт, сӯзи дили худро ифшо мекард. Ҳолати рафтани онҳо Шаҳбозро ба риққат овард, дилаш сих заду сараш гирд гашт.

— Ака, ба шумо чӣ шуд, — гуфтани Сайрам ӯро ба худ овард.

— Ҳамту, ин лаҳзаи дардовар, диламро реш – реш кард.

— Ҳоло шумо бо модарам ҳамсӯҳбат шавед, боз аз ваҳшонияти инсонҳои бераҳму бетараҳҳум огаҳ хоҳед шуд.

Селаи занҳо бо нолаву лоба мерафтанд.

— Духтараки рӯз надидаам,

— Нури дидагонам…

— Кош, очат мемурд, кош аз дасти ин қотилон халосӣ меёфтему ором зиндагӣ мекардем.

— Эй худо, ин ҷанги беамон аз куҷо ба сари мо омад…

Шаҳбоз бо ашк онҳоро гусел мекард. Аз паси пардаи ашк он лаҳзаеро пеши назар меовард, ки ӯ наврас буду дар паҳлӯи падари чӯпонаш дар дашту даман баробари баррачаҳо, гӯсфандон медавид. Падараш вақти шом дутор мезад, оҳангҳои классикӣ менавохт. Оҳанги дутор Шаҳбозро ба олами беғашу пурнур мебурд. Бо маҳу ахтарон ҳамнаво мекард. Гӯё ӯ дар само парвоз дошт.

Махсусан ҳангоми баҳор, вақти тулгирӣ Шаҳбоз доимо бо падараш буд. Ва як рӯз раиси колхоз бо чанд нафар омада, бо падараш чизе гуфтанд. Падараш сар ҷунбонд, ки розӣ нест. Раисро ҳукмаш раво буд, бо он марди савдогар, ки номаш Ботур аст, ба кор шурӯъ карданд. Тамоми баррачаҳои навзодро дар назди гӯсфандон аз пӯст ҷудо мекарданд. Он чанд қассоби бераҳме, ки парвои замину замон надоштанд, аз кори худ завқ менамуданду бо хандаву қиву чив гӯё қассобӣ мекарданд. Шаҳбоз аз ин ҳолат ба риққат омада ҳой–ҳой гирист. Гӯсфандҳо ҳам бо дили реш овоз бароварда баррачаҳои худро ба наздашон мехонданд. Мошини ЗИЛ омаду баррачаҳои бепӯстро ба он бор карданд. Ва пӯсташонро, ки барои телпак бисёр мувофиқ ба мошини сабукрав рахт карда чинданд.

Шаҳбоз аз дарду алами ба дилаш расида тоқат накарду бо асои чӯпониаш ба сари раис зад. Хун шорид. Чанд нафар Шаҳбози гирёнро хостанд дастгир карда ҷазо диҳанд, лек ӯ гурехт. Бачаи чаққону даванд, ки буд, дошта натавонистанд. Ва алами Исоро аз Мӯсо гирифта, падарашро лату кӯб карданду ба бурс бастанд. Шаҳбоз аз дур дид, ҳамаи инро. Ва вақте ки мошини ЗИЛ ба ҳаракат даромад, тамоми гӯсфандон бо як овоз “ба-а-а, ба-а-а”, гуфта аз ақиби мошин медавиданд. Гӯё мегуфтанд: “Эй инсонҳои аз гург бадтар, аз Заҳҳок хунхортар фарзандони моро бидиҳед, то мо аз бӯяшон сер шавем, магар мо ба ҳамин умед насли худро ба дунё оварда будем?!”

Шаҳбоз гӯё девона шуд, ӯ ҳам баробари гӯсфандон медавид. Ва чи чизе аз замин ба дасташ меомад, сӯи мошин ҳаво медод. Вақте ки аз раҳи морпечи кӯҳистон мошинҳо поён мехазиданд Шаҳбоз санги калонеро аз боло ба сӯи онҳо ғелонд. Санг рост ба мошини сабукрав бархӯрд. Раису Ботур аз мошин берун шуданду мошин дар гирифт. Пӯстҳои барраҳо ҳама сӯхтанд. Чанд рӯз ӯро бо падараш бурда маҳкам карданд. Аммо кори худи раис ғайриқонунӣ будаасту ба бало печид. Ӯро панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Падари Шаҳбоз, ки аз зарбу лати онҳо ҷароҳатҳои сахт бардошта буд, аз даъво гузашт, вагарна аз 10 сол кам намегирифт. Ботур ҳам се сол ҷазо гирифт. Аммо аз чӣ бошад, дар бораи Шаҳбоз чизе нагуфтанд, гӯё ӯ худашу падарашро ҳимоя карда бошад…

Ана, ин рӯзи маҳшарро имрӯз ӯ дар симои ин модарони бепушту паноҳ ва мушти пар медид, ки яроқи асосии онҳо гиря асту халос…

— Ҳа, писарам, омадӣ, ба қадамот садқа, сухани мани пирро ба замин намондӣ. Ман дигар илоҷ надоштам, дидӣ, беморам, умрамро ғаму ғуссаи ин занҳою духтарҳо тамом кард. Ман гап мезанаму ту навис…

— Майлаш, модарҷон.

Ӯ як оҳи бадард мекашаду мехоҳад, ки сухан гӯяд, яке ба гиря медарояд, ҳой, ҳойкунон гирист. Баъди хеле ба нақл медарояд.

— Бачам, ман аз ту умед дорам, суханони маро, ба гӯши сардорони давлат мерасонӣ…

Шаҳбоз овозгирро ба кор меандозад…

Момаи Шарифа нақл мекарду мегирист, нақл мекарду аз дарду алам мӯйю рӯй меканд…

— Медонӣ, бачам, аз шаҳраки Лоҳутии мо 25 кӯдакро куштанд…

— Кӯдаконро?

— Ҳа, ҳамон кӯдакҳое, ки бо модарашону апаҳояшон монданд. Барои аз дасти дузду қотилон халос шудан, бо маслиҳати ман ҳама ба мактаб ҷамъ шудем. Вале шабона чор–панҷ яроқбадасти масту хунталаб ба мактаб омада, мехоҳанд модарони онҳоро бо худ баранд. Чун хурдсолон мебинанд, ки модарашонро кашола доранд, чирросзанон аз бари куртаи онҳо медоранд. Он бераҳмону ваҳшитинатон кӯдакҳоро бо қундоқи автомат, бо тир дар пеши чашми модаронашон мекуштанд.

Баъзе занҳо аз ақл бегона шуда худкушӣ карданд. Охир кӯдак чӣ гуноҳ дорад, паноҳгоҳи вай оғӯши модар аст, ватанаш ҳам оғӯши модар. Ҷудоӣ аз модар барои кӯдак ҷаҳаннам аст, марг аст… Духтарам , Сайрам, як пиёла об деҳ…

Пиразан обро хурду боз гирист.

— Эй писарам, медонӣ, духтарчае, ки имрӯз ба қабристон бурданд, чӣ даҳшатеро дид.

Шаб хостанд, модарашро кашола карда, он ҳайвонтинатон бо худ бубаранд. Духтарча, ки номаш Ситора буд, аз дасти модараш дошта фиғон кашид. Бо шатта ҷудо карданд, ба замин заданд, боз хесту давида рафта дасти он марди беинсофро газид. Мард аз дард, модари ӯро раҳо карду бо корд ба ҷисми духтарча задан гирифт. Вай кайҳо ҷон дода буд, аммо он лаънатбор аз алам намедонист, чӣ кор кунад ва ман ҳам бо оҳанге ба сари он ҷаллод задаму овози тир баромад. Занҳо чун шер ба ҳуҷум гузашта, яроқҳои онҳоро гирифтанд. Бори аввал дидам, ки модар барои фарзанд худро ба ҳар бало мезадааст, тарсро намедонистааст.

Он мардҳо гурехтанд. Чун занҳо гурехтанд. Аммо акнун оромӣ нест.. Аз дур як–як занҳоро нишони тир мекунанд…

Пиразан як – як кӯдаконе, ки қурбони ин ҷанг шуда, аз дасти он сангдилҳо кушта шуда буданд, гуфту гирист. Шаҳбоз аз чунин бераҳмию ноадолатӣ ба ғазаб омад, як дарди ҷонсӯзе дилашро пахш кард. Рангу рӯяш сап – сафед канд. Ба рӯяш об заданд. Ба худ омаду фитаро аз овозгир гирифту ба рӯймолча печонда ба банди пояш баст.

Сайрамро ки чанд нафар ҳарбипӯш ҳамроҳӣ мекарданд, ба коре муддате берун рафтанд.

— Ака, то омадани мо, шумо ҳеҷ куҷо наравед.

— Майлаш…

Шаҳбоз сабт карду дилаш ғалаён дошт, ки тезтар аз ин воқеа ҳамаро огаҳ намояд. Тоқат накард. Бо пиразан Шарифамоҳ хайру хуш карду ба гуфти ӯ эътибор надода берун шуд. Охир хеле дер шуда буд…

Аз мактаб ба хами кӯча гашта буд, ки якбора чанд нафар ба ӯ ҳуҷум карданд. Аввалин коре ки карданд овозгирро ба замин зада майда – майда намуданд.

Баъд бо мушту лагад ва қундоқи автомат сару рӯяшро рангин сохтанд. Кисаҳояшро кофтанд, куртаашро лахт –лахт намуданд…

— Ту барои мурдан омадӣ?

— Аз он кампир чӣ гап гирифтӣ!

— Ту худат кӣ?

— Ана, ба ту ана…

Ҳамин вақт агар пиразан Шарифамоҳ тани беморашро кашида бо чанд зан намеомаданд, ақин буд, ки аз сад ҷонаш як ҷонаш халосӣ надошт.

Ӯ ҳоло дар болои боми дупӯши мактаб баста…

Шаб тор танида. овози чирчиракҳо аз замине ба гӯш мерасид. Аз дур гоҳ – гоҳ садои тир мебаромад. Шаҳбоз боз қувваташро ҷамъ карду худро ба пеш кашид. Нохост, сутун канда шуд. Дастонашро аз он баровард, бандҳоро бо дандонаш кушод. Оҳиста ба поён нигарист. Хомӯшӣ ва нафаре дар дами дари мактаб бо яроқ нишаста, ки хоб ё бедор буданаш номаълум.

Аз дигар тараф рафт. Худро паси дарахти сафедор гирифт. Бо саду як фикру хаёл хам шуда, рустӣ ба канори роҳ баромад. Ва лаҳзае нагузашта мошине бо суръат омаду дар назди ҷуйбори қади роҳ қарор гирифт. Ӯ мошинро шинохт ҳамон мошине ки ӯро оварда буд. Сайрам аз он берун шуд. Шаҳбоз худро намоён кард.

— Ака, хайрият, шумо зинда, мо омадем, ки модарам беҳушу беёд, ба беморхонаи шаҳр бурдем. Нав ба худ омаданду шуморо пурсиданд. Ростӣ мо сарҳисоби худро гум кардем, болои ин мошинамон вайрон шуд.

Дар равшании мошин сару рӯи кафидаю пурхуни Шаҳбозро Сайрам дида монд.

— Оҳ, акоҷон мебахшед, ин нокасон ба шумо чӣ кор карданд?

— Ҳеҷ гап не, ҳоло зинда мондам, сад шукр…

Рӯзи дигар дар гуфтори «Хоки Ватан» суханони он пиразани ҷасур садо доду як ғулғула хест. Ба зудӣ он гурӯҳи дуздону қотилон ва зинокоронро нест карданд.

Директори радио Шаҳбозро гуфт, ки як ҳафта ба кор наояд. Шаб писарчаи хурдиаш дар таҳи кӯрпа ҳиқ – ҳиқ гирякунон ӯро аз хоб бедор мекунад.

— Рӯзбеҳ чаро гиря мекунӣ?

— Додо, гурусна мондам, нон надорем…

Ин сухан дили Шаҳбозро пора кард. Ду рӯз аз паи ёфтани нон шуд, навбат нарасид. Ҳама гурусна, аммо писарчаи хурдиаш ба гуруснагӣ тобу тавон надошт. Ба нею нестони ҳамсараш Латофат гӯш надода, ба кӯча баромад. Надонист, чӣ сон ба корхонаи нонпазӣ омад. Замин кафидаю одам руста. Ин сӯ он сӯ гашт, илоҷ нашуд. Бо як азоб ба ҷавонони низомипӯш наздик шуд.

— Нон …

Ҷавоб надод..

— Кӯдакҳоям гурусна…

— Ҳама ин ҷо гурусна… — гуфту ба Шаҳбоз нигарист. Ва бо чеҳраи кушод гуфт:

— Шумо корманди радио нестед?-

— Ҳа.

— Акаи Шаҳбоз ман, додари ҳамкори шумо Саидаҳмадам. Ман ҳозир, — гуфту ба як ҳамкораш ишора кард.

Ӯро раҳ доданд, ки ба дохили корхонаи нонпазӣ шавад. Бо ёрии он ҷавон чаҳор дона хлеб гирифт. Ва аз дари эҳтиётӣ баромаду сӯи хона шитофт, шод буд, гӯё ганҷе ёфта бошад.

Ҳоло саҳар нашуда буд, ба даромадгоҳи хонааш омад. Нохост чаҳор нафар ба ӯ дарафтоданд. Задухӯрде ба амал омад. Шаҳбоз танҳоӣ кашид. Корди яке аз он ноҷавонмардон ба синааш омад. Дигаре аз таппонча, ки садои кунду ношунаво дошт, ду-се тир парронду зуд баромада ғайб заданд. Шаҳбоз чун шоҳини захмхӯрда, болаш шикаста замин нишаст. Пеши чашмонаш хира мешуданд. Дар ин задухӯрд халтаи нонҳоро аз дасташ раҳо накарда буд. Тамоми дармонашро ҷамъ карду аз ҷой хест ва ҳафт қадаме ки то дари хонааш монда буд, бо ҷонканӣ кӯтоҳ кард.

Дар ба рӯяш боз шуд. Халтаи нонро ба ҳамсараш Латофат доду оҳиста дар паҳлӯи дар нишаст.

— Ба шумо чӣ шуд?

Духтарчааш Нозгул ба пешвози падараш омаду ӯро хомӯшу бесадо диду гуфт:

— Додоҷон, ана ман омадам, додоҷон шумо маро мебинед?

Ва бо дастаконаш арақҳои пешонаи падарашро пок мекард. Писарчааш Рӯзбеҳ бо чашмони ҳайратбор ва ашкҳои шашқатор ба падараш менигарист.

Рӯҳи ӯ ҳамаро гӯё медид, ҳис мекард. Пас аз се рӯз Шаҳбоз дар беморхона ба худ омад. Ҳамсараш, ки дар паҳлӯяш буд, сар ба рӯи синаи Шаҳбоз монду талх гирист. Ӯ хона равшан карда буд. Дутори падараш дар хаёлаш ҳазин нола мекард, яке тораш канда шуд.

Имшаб ёди он ҷавонмарди ҷасуру ғаюр Шаҳбози Шамсзодро кардему он рӯзҳоро ба ёд оварда гуфтем:

— Некон намемиранд…

Худ нигоштаҳояш дар бораи «Хоки Ватан», бо ҳукми таърих даромаданд. Ӯ бо мо, дар дили мост. Оҳанги ёд дилу дидаи моро фаро гирифта, симои Шаҳбозро зинда мекард.

Шаб қисса мегуфт, маҳу ахтарон шоҳиди ин афсона буданд.

Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР, ҶТ

Парвози Шаҳбоз: 78 комментариев

  • в
    Permalink

    Heya just wanted to give you a brief heads up and let you know
    a few of the pictures aren’t loading properly.
    I’m not sure why but I think its a linking issue. I’ve tried it in two different internet browsers
    and both show the same outcome.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s a pity you don’t have a donate button! I’d without a doubt
    donate to this brilliant blog! I suppose for now
    i’ll settle for book-marking and adding your RSS feed to my Google account.
    I look forward to brand new updates and will talk about
    this blog with my Facebook group. Chat soon!

    Ответ
  • в
    Permalink

    This is really interesting, You’re a very skilled blogger.
    I have joined your rss feed and look forward to seeking
    more of your fantastic post. Also, I have shared your site in my social
    networks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s a pity you don’t have a donate button! I’d definitely donate to this
    outstanding blog! I suppose for now i’ll settle for bookmarking and adding
    your RSS feed to my Google account. I look forward to fresh
    updates and will talk about this website with my
    Facebook group. Talk soon!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Great post. I used to be checking constantly this weblog and I
    am impressed! Very useful information specially the ultimate phase 🙂 I maintain such info much.
    I used to be looking for this certain information for a very
    lengthy time. Thank you and good luck.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey very cool web site!! Man .. Excellent .. Superb ..

    I’ll bookmark your website and take the feeds additionally?
    I’m satisfied to find a lot of helpful info here in the put up, we want develop extra strategies in this regard,
    thanks for sharing. . . . . .

    Ответ
  • в
    Permalink

    What’s up to every one, as I am genuinely eager of
    reading this web site’s post to be updated regularly.

    It contains fastidious information.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Does your site have a contact page? I’m having a tough time locating it but, I’d like
    to send you an email. I’ve got some suggestions for your blog you might be interested in hearing.
    Either way, great site and I look forward to seeing it grow over time.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I have been surfing on-line greater than three hours nowadays,
    yet I never found any interesting article like yours. It’s beautiful value enough for me.
    In my view, if all site owners and bloggers
    made good content as you probably did, the internet can be much more helpful than ever before.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi! I know this is somewhat off topic but I was wondering if you knew where I could find a captcha plugin for my comment form?
    I’m using the same blog platform as yours and I’m having problems finding one?
    Thanks a lot!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wonderful beat ! I wish to apprentice while you amend your
    site, how could i subscribe for a blog web site? The account aided me a applicable deal.

    I have been tiny bit familiar of this your broadcast
    provided brilliant clear idea

    Ответ
  • в
    Permalink

    I know this web site gives quality dependent articles or reviews and additional data, is there any other web site which gives these kinds of data in quality?

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am extremely impressed with your writing skills and also with the layout on your weblog.
    Is this a paid theme or did you customize it yourself?
    Either way keep up the excellent quality writing, it is rare to
    see a nice blog like this one nowadays.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Thanks , I have recently been searching for information about this
    subject for a while and yours is the best I have discovered till now.
    But, what in regards to the bottom line? Are you positive about the supply?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi, i think that i saw you visited my blog thus i came to “return the favor”.I’m attempting to find things to improve my web site!I suppose its ok to use a few of your ideas!!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I’m excited to discover this page. I want to to thank you for ones time
    just for this fantastic read!! I definitely savored
    every part of it and I have you saved as a favorite to look at new things on your blog.

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am regular visitor, how are you everybody? This article
    posted at this site is actually nice.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Magnificent beat ! I wish to apprentice while you amend
    your web site, how can i subscribe for a blog website?
    The account aided me a acceptable deal. I had been a
    little bit acquainted of this your broadcast offered bright clear concept

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hello, i think that i saw you visited my website thus i came to “return the favor”.I’m trying to
    find things to enhance my website!I suppose its ok to use some of your ideas!!

    Ответ
  • в
    Permalink

    You really make it appear so easy with your presentation however I in finding this topic to
    be really something which I think I would by no means understand.
    It seems too complicated and extremely extensive for me.
    I am looking forward for your next publish, I’ll try to get the
    cling of it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Good day! I simply would like to offer you a big thumbs up for the excellent information you have got right here
    on this post. I am returning to your website for more
    soon.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey are using WordPress for your blog platform? I’m new to the blog
    world but I’m trying to get started and set up my own. Do you require any coding knowledge to make your
    own blog? Any help would be really appreciated!

    Ответ
  • в
    Permalink

    When someone writes an piece of writing he/she retains the image of
    a user in his/her brain that how a user can understand
    it. Thus that’s why this piece of writing is perfect.
    Thanks!

    Ответ
  • в
    Permalink

    What’s up it’s me, I am also visiting this site regularly, this site is actually
    good and the viewers are truly sharing pleasant thoughts.

    Ответ
  • в
    Permalink

    This article gives clear idea in support of the new people of blogging, that genuinely how to do blogging.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey there just wanted to give you a brief heads up
    and let you know a few of the images aren’t loading correctly.
    I’m not sure why but I think its a linking issue.
    I’ve tried it in two different web browsers and both show the same outcome.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi, I do believe this is a great blog. I stumbledupon it 😉 I’m going to come back
    once again since I bookmarked it. Money and freedom is the greatest way to
    change, may you be rich and continue to help other people.

    Ответ
  • в
    Permalink

    It’s a pity you don’t have a donate button! I’d definitely donate to this superb blog!
    I suppose for now i’ll settle for book-marking and adding
    your RSS feed to my Google account. I look forward to brand new updates and will share this blog with my Facebook group.
    Chat soon!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I am sure this piece of writing has touched all the internet visitors, its really really pleasant post
    on building up new webpage.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Just desire to say your article is as surprising. The clearness to your submit is just cool and i could suppose you’re
    a professional in this subject. Well along with
    your permission allow me to snatch your RSS feed
    to stay updated with imminent post. Thanks a million and please carry on the rewarding work.

    Ответ
  • в
    Permalink

    That is a great tip particularly to those new to the blogosphere.
    Simple but very accurate info… Thank you for sharing this one.
    A must read article!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Greetings! This is my first visit to your blog! We are a collection of volunteers and starting a new initiative in a
    community in the same niche. Your blog provided us valuable information to work
    on. You have done a extraordinary job!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Admiring the dedication you put into your website and detailed
    information you present. It’s awesome to come across a
    blog every once in a while that isn’t the same old rehashed material.
    Great read! I’ve saved your site and I’m adding your RSS feeds to my Google account.

    Ответ
  • в
    Permalink

    What’s Going down i’m new to this, I stumbled upon this I have discovered It absolutely helpful
    and it has helped me out loads. I’m hoping to give a contribution & aid different
    customers like its helped me. Great job.

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *