Фалсафаи классикии немис

Сарчашма ва заминаҳои фалсафаи классикии немис.Мафҳуми «фалсафаи классикии Олмон»-ро аввалин бор Ф. Энгелс истифода бурдааст. Дар асарҳои марксистӣ ин мафҳум дар маънои самти фалсафии нисбатан мустақилеро, ки аз нимаи дуввуми асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX ташаккул ёфта, таълимоти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербахро дар бар мегирад, мавриди истифода қарор дорад. Ба андешаи намояндагони фалсафаи марксистӣ, новобаста аз фарқияте, ки дар таълимоти ин мутафаккирон мавҷуд аст, ин андешаҳои фалсафӣ бо риштаи муттасилӣ ба ҳам пайванданд.

Баъд аз Кант ҳар яке аз ин мутафаккирин аз таълимоти пеш аз ӯ мавҷудбуда истифода бурдаанд. Дар фалсафаи марксистӣ чунин ақида роиҷ аст, ки дар таълимоти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербах ғояҳои асосии фалсафаи Олмон ҷамъ омадаанд. Ба ғайр аз ин ақидаи дигаре низ пойбарҷост, ки мувофиқи он дар охирҳои асри XVIII таълимоти Кант, Фихте ва Шеллинг дар фалсафаи Аврупои Ғарбӣ мақоми хосаеро соҳиб гаштааст ва баъдан пас аз фалсафаи Гегелу Фейербах рисолати таърихии худро ёфтааст.

Дар муқоиса бо таълимоти фалсафии англис ва фаронсавии асри XVIII, ки онҳо ҳарчи бештар кӯшиши оммафаҳмгардонии фалсафаро доштаанд, файласуфони олмонӣ бошад, баръакс, саъй намудаанд, ки бо тариқи академиявӣ сухан гӯянд ва андешаҳои онҳо танҳо мавриди таваҷҷӯҳи мутахассисини файласуф қарор дошта бошанд. Аз ин хотир, фалсафаи донишгоҳӣ ва академиявӣ бо мураккабии забон ва гуфтори худ, ки бо мафҳумҳои абстрактӣ оро дода мешуд, аз доираи шуури омма берун буд.То ҳатто худи Гегел дар ин хусус чунин гуфтааст: «Дар бораи мо чун шӯҳратдоштагон дар пурмаъногӣ (чуқурфикрӣ) ҳарф мезананд, вале бештари вақт моро мутафаккирони норавшанбаён меҳисобанд».[1]

Фалсафаи классикии олмонӣ дар шароите ташаккул ёфта буд, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Аврупо дигаргуниҳои назаррасе ба амал омада буданд. Чунин дигаргуниҳо ба ҳаёти сиёсию идеологии давлати Олмон таъсири ҳамаҷониба расонида, онҳо боиси андешаронии файласуфони дар боло зикргардида гаштаанд.

Пас аз таҳаввулоти ҷаҳонбинии ҷараёни маорифпарварӣ таҳаввулоти бузурги фаронсавӣ (1789-1794) ба амал омад, ки худ ангезаи умумиҷаҳониеро мемонд. Ин ангеза, пеш аз ҳама, давлатҳои феодалии ҳамсоя, аз он ҷумла Олмонро дар раванди ҷанги 1792-1815, ки аввалин дар шакли ҷанги таҳаввулотӣ ва баъдтар ҷанги наполеонии Фаронса сурат гирифта буд, ором нагузошт.

Дар ин давра муборизаҳои мафкуравию назариявӣ байни озодандешию шуури динӣ сурат гирифт. Маҳз дар ҳамин давра аз Кант як қатор мутафаккирон сарчашма гирифта,фалсафаи Олмонро то ба дараҷаи камолоти ғоявӣ расонидаанд.Чунин камолоти ғоявӣ, пеш аз ҳама, таҳаввулоте дар ҷодаи андешаронии фалсафӣ гардид, ки мутафаккирон навовариро дар эҷодиёти худ эътироф намудаанд.

Таҳқиқотчиёни эҷодиёти Кант бар чунин ақидаанд, ки баромади ин мутафаккир ба саҳнаи фалсафа таҳаввулоте буд, ки онро дар муқоиса ҳамчун таҳаввулоти кооперникӣ дар ин самти дониш номид.

Бояд қайд намуд, ки фалсафаи классикии олмонӣ аз Кант оғоз гардида, мутафаккирони зиёдеро дар бар мегирад, вале, чуноне ки дар боло зикр гардид, дар зери мафҳуми «фалсафаи классикии Олмон», мутаассифона, дар адабиёти марксистӣ танҳо панҷ нафар файласуф нисбат дода мешавад. Бинобар ин, дар ин гузориш низ ҳамчун анъана арзишгузорӣ аз эҷодиёти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербах оғоз мегардад.

Фалсафаи Кант. Иммануил Кант (1724-1804) дар шаҳри Кёнигсберги Пруссияи шарқӣ таваллуд ёфтааст. Падари Кант аз диди иқтисодӣ то андозае таъмин буд ва метавонист барои писари худ шароити таълимӣ фароҳам оварад. Падари Кант орзу дошт, ки писараш баъд аз таълим ихтисоси динӣ, яъне пасториро интихоб мекунад. Вале Кант пас аз хатми факултети фалсафаи донишгоҳи Кёнигсберг, ки шавқу рағбаташ ба фалсафа хеле зиёд буд, нахост, ки тахассуси ходими калисоиро бипазирад. Муддате чанд машғули дарс гуфтан ба сифати муаллими хонагӣ буд ва ҳамзамон таҳқиқотро дар самти масоили фалсафӣ идома дод. Натиҷаи заҳмати зиёде дар анҷом расонидани ду рисола ва дифои онҳо буд, ки Кантро дар донишгоҳи номбурда ба ҳайси приватдотсент ба кор қабул намуданд. Дар баробари хондани лексияҳо аз фанҳои метафизика, мантиқ ва ахлоқ, вай аз математика, физика, ҷуғурофияи физикӣ ва антропология низ дарс мегуфт. Чунин фаъолияти таълими гуногунсамт дар донишгоҳ боиси он гашт, ки дар натиҷа Кант ба яке аз машҳуртарин мутафаккири замони хеш табдил ёбад.

Дар рисолаи доктории Кант, ки ҳамчун «Фалсафаи танқидӣ» машҳур гашт, бунёди фалсафаи навин гузошта шуд. Баъдтар дар асоси ин фалсафа асарҳои муназзами ӯ «Танқиди хиради ноб» (1781), «Танқиди хиради амалӣ»(1788) ва «Танқиди қобилияти мулоҳиза»(1790) ба миён омаданд. Асарҳои номбурда заминае баҳри ба анҷом расонидани консепсияи «идеализми трансенденталӣ», гардиданд. Дар навбати худ, консепсияи «идеализми трансенденталӣ» асоси ташаккулёбии фалсафаи классикии Олмонро фароҳам овард.

Ақидаи дар асарҳои номбурда баёншуда дар муддати 20 сол ба тамоми Аврупо маълум ва машҳур шуданд. Ба вазифаи декани факултети фалсафа ва баъдтар ректори донишгоҳи Кёнигсберг (1786-1790) таъин шудани Кант, натиҷае аз шӯҳратманд гардидани ин мутафаккир буд. Масъалаи синнусол ва саломатӣ Кантро маҷбур намуд, то ки аз вазифаи раиси донишгоҳ ва фаъолияти омӯзгорӣ худдорӣ намояд.

Умуман, ҳама умри сермаҳсули Кант дар ҷодаи таҳқиқ ва таҳлили масоили асосии фалсафа гузаштааст. Дастхатҳои боқимонда ва корҳои илмии то ба анҷом нарасондаи Кант далели чунин умри пурбаракатест.

Консепсияи ҳастишиносӣ ва маърифатшиносии Кант. Яке аз андешаҳои абадзиндаи Кант, ин ҷудо намудан ё шинохтани тафовути байни «ашё дар худ» ва «ҳодисоти ашё» ба шумор меравад. Дар баробари ин андеша Кант равшан намуд, ки байни ашёҳо ва мо – одамон хирад ҷойгир аст. Чунин вазъият сабаби он гаштааст, ки мо ҳақиқати олами атрофро дар ҳақиқат чӣ буданашро дарк карда наметавонем. Кант дар асоси омӯзиши асарҳои Ҷон Локк ба ин ақида омада буд (ниг. ба асари Кант «Пролегоменҳо барои ҳар як метафизика»).

Локк бар чунин ақида буд, ки сифатҳои дуввумини ашёҳо, ба монанди садо, бӯй, ранг, мулоимӣ ва ғ. аз сабаби он ки аз дарки ҳиссии мо сарчашма мегиранд ва аз чунин дарк вобастаанд, наметавонанд ба «ашё дар худ» нисбат дошта бошанд. «Ашё дар худ», ба андешаи Локк, танҳо дорандаи сифатҳои нахустин, ки ин сифатҳо аз фазо ва ногузарӣ (ношаффофӣ) иборатанд, вобаста мебошад. Ба қатори сифатҳои нахустин дарозӣ, шакл, ҷафсӣ, шумора ва мутаҳаррикӣ дохиланд. Вале чунин шинохти сифатҳо, ки дар ашёҳо мушоҳида мешаванд ва диққати Локкро ба худ ҷалб намуда буданд, дар муқоиса бо дарки Кант хеле сатҳӣ ба назар мерасад. Дар навбати худ, Кант исбот намуд, ки сифатҳои нахустини «ашё дар худ», ки Локк мушоҳида намуд, дар ҳақиқат на ба «ашё дар худ», балки ба ҳодисоти ӯ, ки аз қобилияти дарки мо вобастагӣ доранд, мансубанд. Чунки муҳити ин сифатҳо фазо, вақт ва сабабият буда, аз ҷониби мо (то ба ҳолати пешазтаҷрибавӣ) даркшаванда мебошад.

Бо ҳамин тариқ, Локк аз «ашё дар худ» ҷузъиётеро ҷудо намуд, ки ин ҷузъиётро танҳо ҳиссиёти мо ба «ашё дар худ» вобаста намуда буд. Кант бошад, ин ҷузъиёти аз ҳисси мо ба болои «ашё дар худ» боркардаро низ берун намуд ва бо ин андешаи худ ба тафовути байни «ашё дар худ» ва «ҳодисоти ашё» боз бунёди қавии моҳиятӣ бахшид. Бо ин ҳадаф Кант мебоист кори мушкилеро дар ҷудо сохтани ҷузъиёти тобатаҷрибавии маърифатии мо аз ҷузъиёти пасазтаҷрибавӣ анҷом диҳад. То ба давраи Кант чунин кореро дар фалсафаи Аврупо ба сомон нарасонида буд. Чунин натиҷагирӣ маҳсули беназири андешаронии Кант дар фалсафаи навини Аврупо гардид. Аз ин меъёр, фалсафаи Кант дар доираи се муносибат дар муқоиса ба фалсафаи гузаштагон қарор дорад: (1) фалсафаи Кант андешаҳои Локкро асоснок карда, онро моҳиятан арзишгузорӣ намуд; (2) фалсафаи Давид Юмро аз андешаҳои нолозим тоза намуда, ба иштибоҳоти ӯ хотима бахшид (дар сарсухани Пролегоменҳо ин масъала равшан матраҳ шудааст); (3) фалсафаи Кант ботилсозандаи низоми фалсафии Лейбнитс — Волф гардид. Аз ин рӯ, пеш аз омӯзиши фалсафаи Кант, беҳтар мебуд, агар хонанда бо андешаҳои фалсафии ин се ҷараёни номбурда ошно мебуд.

Агар шинохти тафовут байни «ашё дар худ» ва «ҳодисоти ашё» ё худ тафовут байни реалияти объективӣ ва идеалӣ дастоварди беназири Кант ба шумор равад, пас андешаи баъдина, ки «ашё дар худ» ва «ҳодисоти ашё» мутааллиқан аз якдигар фарқе надоранд, камбудии бузурги назариеро дар фалсафаи баъдазкантии Аврупо бояд эътироф намуд.

Дар ҳақиқат Кант мустақилона ва бо усули ба худ хос ба чунин натиҷае расида буд, ки Афлотун низ дар асри худ ва бо усули ба ӯ хос ба чунин натиҷа ноил шуда буд. Аз забони Афлотун нисбат ба ин масъала чунин андешаҳоро мехонем: ин ҷаҳони дар ҳиссиёти мо даркшаванда ҳастии мутлақе надорад. Вай танҳо ташаккули бефосилаеро мемонад, ки ҳам замон ҳаст ва ҳам замон нест, фаҳмиш, дониш дар бораи ӯ на дониши ҳақиқӣ, балки дониши фиребандаест. Ин андешаро Афлотун дар ниқоби устуравӣ дар аввали дафтари XII-уми китоби худ «Ҷумҳурият» чунин баён намуда буд: Одамон ба монанди маҳбусонеанд, ки дар мағоре рӯй ба тарафи девор нишастаанд, ки на рӯшноии ҳақиқӣ ва на ашёҳои ҳақиқиро, ки дар пушти онҳо пайдост, дида наметавонанд ва танҳо сояи ашёҳои реалиро, ки дар девори мағора пайиҳам пайдо мешаванд, мебинанд. Онҳо гумон доранд, ки ин сояҳо ашёи ҳақиқӣ буда, дидани бефосилаи онҳо ҳикмати асил аст. Ин андеша дар таълимоти Кант бо як намуди нотакрор бо тафаккури нозукбинона то ба дараҷаи ҳақиқати собитшуда расонида шудааст. Ин андешаи собитшуда асоси фалсафаи Кантро ташкил медиҳад. Кант исбот намуд, ки қонунҳои дар олами ҳастии моддӣ ҳукмронбуда, бо ҳеҷ ваҷҳ барои фаҳмиши худи ҳастӣ басанда ва эътиборнок нестанд ва ҳастии олам ва инсонро шарҳ нахоҳанд дод.

То ба давраи Кант чунин андеша ҳукмрон буд, ки гӯё қонунҳои алоқамандии ҳодисот ин қонунҳо мутлақе мешаванд, ки худ бевоситаанд ва худи олам тавассути онҳо пойдор аст ва ба воситаи фаҳмиши чунин қонунҳо асрори ҳастиро инсон хоҳад фаҳмид. Ихтирооти чунин андешаҳо ба он оварда расонд, ки «ҳодисоти ашё» ба ҷои «худи ашё», «олами соягон»-и Афлотунро ба ҷои «ашёи ҳақиқӣ» эътироф намуданд. Кант нишон дод, ки ин қонунҳо ва ҷаҳони моддӣ аз тарзи фаҳмиши субъект вобастаанд. Ҳарчи бештар таҳлилу таҳқиқ дар ин ҷода, (яъне такя ба ин қонунҳо) моро ба ҳадаф ё худ фаҳмиши ҳақиқати аслӣ расонида наметавонад. Аз ин ҷост, ки файласуфони догматикиро метавон бо чунин ташбеҳ ифода намуд. Мардумоне, ки ба як самти рост ҳаракат мекунанд, орзуманди онанд, ки ба канораи олам мерасанд. Кант бошад, саёҳати даври оламро ба анҷом расонида, нишон дод, ки аз сабаби курашакл будани замин бо ҳаракат ба самти уфуқ ба охири замин наметавон расид. Таълимоти Кант нишон дод, ки аввал ва охири оламро на берун аз мо, балки дар ботини мо бояд дарёфт. Чунин фаҳмиш аз тафовут байни фалсафаи догматикӣ ва фалсафаи трансенденталӣ бармеояд.

Кант исбот намуд, ки олами моддӣ ҳам ба субъект ва ҳам ба объект вобастагӣ дорад. Вай шаклҳои умумии ҳодисоти оламро нишон дода, таъкид намуд, ки ин ҳодисотро бапуррагӣ ҳам аз тарафи субъект ва ҳам объект фаҳмидан мумкин аст, чунки муносибати субъект ва объект моҳиятан ду қутби бо якдигар алоқамандро мемонанд. Вале бо шаклҳои ин ҳодисот мо ҳаргиз ба ботини субъект ва объект ворид нахоҳем гашт ва моҳияти «ашё дар худ»-ро нахоҳем фаҳмид.

Кант дар тинати «ашё дар худ» ягон қувваи дигареро эътироф накард, вале дар ин самт ҳамчун нахусткашшоф моҳияти ахлоқии кирдори инсонро, ки аз қонунҳои «ҳодисоти ашё» бо тафовути худ бартарият дорад, дарёфт. Дарёфти чунин моҳият нишон дод, ки ахлоқ ҳамчун феномен (падида) дар тинати «ашё дар худ» мақомеро соҳиб аст. Чунин фаҳмиш хизмати дуввумини Кант дар таърихи фалсафаи Аврупо буд.

Хизмати сеюмини Кант дар таърихи фалсафаи Аврупо аз он иборат аст, ки ӯ фалсафаи схоластикиро, ки аз Августин эҳё шудаву то ба замони худи Кант идома меёфт, бо далелу бурҳони зиёде маҳкум намуд. Моҳияти фалсафаи схоластикӣ, пеш аз ҳама, дар таъмини амнияти дини давлатӣ зоҳир мегашт. Одатан чунин мешуморанд, ки фалсафаи схоластикӣ то замони Декарт ҳукмрон буда, аз Декарт инҷониб оғози таҳқиқоти озодфикрронӣ дар фалсафа ба вуқӯъ пайвастааст.

Кант бо кӯшишу ғайрати зиёде тафаккурро аз шакли догматикии он озод намуд. Теология ё худ илоҳиётшиносии спекулятивӣ ва равоншиносии ратсионалии бо он пайваста аз дасти Кант ба зарбаи ҳалокатоваре дучор омаданд. Аз ҳамон вақт пояи бинои ин ду самти фалсафӣ дар Олмон хароб гашт ва ба нобудӣ расид. Баҳои созовор додан ба хизматҳои шоёни Кант дар ин давра ба шахсе муяссар мегардад, ки таъсири ақоиди догматикиро ба раванди табиатшиносии он замон бифаҳмад. Хизмати Кант боз дар он зоҳир мегардад, ки раванди эътирофи қонунҳои «ҳодисоти ашё»-ро бар болои «ашё дар худ» пешгирӣ намуда, нагузошт, ки реализми бехирадона, ки дар фалсафаи қадим, асрҳои миёна ва замони навин ҳукмрон буд, боз салтанати худро дар тафаккури фалсафӣ идома диҳад. Файласуф Беркли ва баъдан Малбранш маҳдудияти реализмро дарк намуданд, вале дар мубориза ба ин ҷараёни фалсафӣ қобилияти лозимаро соҳиб набуданд.

Танҳо Кант тавонист, ки фаҳмиши трансенденталии оламро дар Аврупо ба миён оварад. Бесабаб нест, ки мегӯянд: то ба Кант мо дар вақт вуҷуд доштем, ҳоло бошад, вақт дар ботини мост. Маълум аст, ки ахлоқ то замони Кант бо кӯшиши фалсафаи реалистӣ аз диди қонунҳои «ҳодисоти ашё» шарҳ дода мешуд ва ин қонунҳо барои фаҳмиши «ашё дар худ» низ мавриди истифода қарор доштанд. Аз ин рӯ, таълимоти ахлоқӣ гоҳе ба ақоиди эвдемонистӣ такя мекард ва гоҳе ҳамчун натиҷаи иродаи Кирдгор шуморида мешуд. Дар ин самт ба маъно ва моҳияти мафҳуми «мукаммалкунӣ» низ такя менамуданд. Дар асрҳои пеш аз эҷодиёти Кант, чи тавре ки маълум аст, мафҳуми «мукаммалкунӣ» дар таълимоти ахлоқӣ ва илоҳиётшиносӣ хеле зиёд истифода мешуд. Танҳо Кант ҳақиқати амали ахлоқиро аз қонунҳои «ҳодисоти ашё» ҷудо намуда, моҳияти онҳоро наздик будан ба «ашё дар худ» асоснок намуд, ки ин кашфиёти бузурге дар илми ахлоқ буд. Чунон ки маълум аст, қисми аввали фалсафаи танқидии Кантро консепсияи гносеологӣ (маърифатӣ)-и ӯ номидан мумкин аст.

Қаблан зикр гардид, ки камбудиҳои метафизикаи кӯҳанро ёфтан ва дар ин асос кушодани роҳ барои метафизикаи навин асоси консепсияи гносеологии Кантро ташкил менамуд.

Барои фаҳмидани моҳияти усули метафизика ва истифодаи он, Кант дар нисбати Юм чунин меҳисобид, ки на танҳо натиҷаҳои математикӣ, балки натиҷагирӣ аз илмҳои табиатшиносӣ низ мувофиқи мақсад аст. Азбаски хулосабарориҳо дар илмҳои табиатшиносӣ кори хирадро металабанд, онҳо барои асоснок намудани метафизика маълумоти лозимӣ ба ҳисоб мераванд.

Дигар дастоварди илмии Кантро дар шаклгирии консепсияи маърифатшиносии ӯ назарияи априористиаш ташкил медиҳад. Ба ақидаи Кант, мо бояд мавҷуд будани асоси тобатаҷрибавиро на танҳо дар хирад, балки дар ҳиссиёт низ эътироф намоем. Андешаи дар ҳақиқати илмӣ мавҷуд будани ҳолати тобатаҷрибавӣ бесабаб нест. Кант мутмаин буд, ки аз дониши муқаррарӣ сарчашма гирифтани хирад ҳаргиз басанда нахоҳад буд. ӯ чунин меҳисобид, ки зарурат ва умумият нишонаҳои боварибахши дониши тобатаҷрибавӣ ба шумор мераванд. Ин андешаҳои Кант дар таърихи фалсафаи нави Аврупо дар бахши табиатшиносию гуманитарӣ сабаби табадуллоти фикрии зиёде гардидаанд.

Консепсияи метафизикии Кант. Файласуф дар асари худ «Танқиди хиради ноб» чун пешгузаштагони худ, (яъне тарафдорони фалсафаи догматикӣ) бар он ақида буд, ки: (1) метафизика илмест дар бораи ҳар ончики берун аз ҳамагуна таҷриба бошад; (2) ҳар ончики берун аз таҷриба қарор дорад, ҳеҷ гоҳ бо принсипҳое, ки худ маҳсули таҷрибаанд, дарёфт намешавад; (3) дар хиради мо дар ҳақиқат принсипҳое мавҷуданд, ки вазифаашон ташкил намудани дарк аз хиради ноб аст.

Дар ҳар яке аз ин се андеша Кант бо файласуфони гузашта ҳамфикру ҳамақида мебошад. Вале минбаъд ӯ дигар бо файласуфони пешин ҳамфикр нест. Зеро онҳо бар чунин ақида буданд, ки ин принсипҳо ё худ фаҳмиш аз хиради ноб, ин ифодаи имконоти ашёст. Имконоти ашё ҳамчун ҳукмрон дар низоми олам монанди сарнавиште бар болои фариштагони дунёи атиқа мебошад. Кант бошад, дар навбати худ мегӯяд, ки онон шаклҳои хиради мо ва қонунҳои ҳастии ашё набуда, танҳо қонунҳои тасаввуроти мо дар бораи ашёҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки онҳо фақат дар раванди дарки ашё қувват доранд ва берун аз таҷрибаи имконпазир ҳастие надоранд. Танҳо дониши тобатаҷрибавӣ будани ин шаклҳои маърифатӣ, ки худ дар асоси субъективият ба вуқуъ пайвастаанд, моро ҳамеша аз фаҳмиши моҳияти ашёҳо ҷудо намуда, дониши моро дар атрофи танҳо ҳодисоти олами моддӣ маҳдуд сохтаанд. Бинобар ин, мо ҳеҷ гоҳ на танҳо дар намуди тобатаҷрибавӣ, балки дар шакли пасазтаҷрибавӣ низ дар бораи ҳастии ботинии ашёҳо донише ба даст нахоҳем овард.

Аз ин сабаб метафизика наметавонад пойдор монад ва зарур аст, ки ҷои онро танқиди хиради ноб гирад.

Кант бо ин андеша ҳамчун азбайнбарандаи догматикаи кӯҳан гардид, аз ин рӯ, догматикҳои навине зарур буданд, ки роҳи наверо дар ин ҷода ҷустуҷӯ намоянд.

Кант дар зербоби аввали асари худ «Пролегоментҳо», менависад: «Сарчашмаи дониши метафизикӣ набояд аз олами эмпирикӣ (муқаррарӣ) бошад. Принсип ва мафҳумҳои асосии метафизика набояд аз дониши тобатаҷрибавӣ мавод ба даст оваранд, агарчи чунин дониш дар асоси таҷрибаи ботинӣ ва зоҳирӣ ҳам бошад».[2] Аммо, мутаассифона, барои исботи ин андеша Кант ягон мисоле ба ғайр аз истилоҳи мафҳуми «метафизика» наовардааст.

Дар ҳақиқат фаҳмиши масъала чунин аст: Олам ва ҳастии худи инсон барои ӯ асрори фалокатоваре ба ҳисоб меравад. Бе муҳокимаронии дигаре гуфта мешавад, ки ҳалли ин муаммо ҳеҷ гоҳ бо усули фаҳмиши олами моддӣ ба даст нахоҳад омад ва ин муамморо дар чиз ва ҷои дигар, ки берун аз олами моддӣ бошанд, ҷустуҷӯ бояд кард (чунки маънои мафҳуми «берун аз ҳар як таҷрибаи имконпазир» низ ҳамин аст). Баъдан аз ҳалли ин масъала мебоист ҳар ончики дониши бевоситае, ки мо ба даст меоварем, бояд сарфи назар кунем ва дар охир ҷавоб ба ин муамморо мо бояд танҳо дар ончики бавосита, яъне бо усули хулосабарорӣ аз андешаҳои тобатаҷрибавӣ бадастомада ҷустуҷӯ кунем. Бо ҳамин тариқ, бо далели инкор намудани манбаи асосии маърифат ва аз ин ҷо манъ намудан роҳи пешгирии расидан ба ҳақиқат буд, ҷои тааҷҷубе нест, ки кӯшишҳои догматикӣ муваффақият пайдо накарданд ва ба Кант муяссар гардид, ки сабаби чунин бемуваффақиятиро исбот намояд. Бояд гуфт, ки пеш аз ин, ягонагии метафизика ва маърифати тобатаҷрибавӣ эътироф шуда буд. Вале баҳри ин далел мебоист, пеш аз ҳама, маълум шавад, ки дониши барои ҳалли муаммои олам лозимро дар дигар макон ҷустуҷӯ бояд кард. Роҳи дурусти ҳалли ин масъала дар он буд, ки аввалан фаҳмиши олам ба мо муяссар гардад. Аз ин рӯ, вазифаи метафизика на дар он аст, ки аз таҷриба сарфи назар кунад, (чунки айнияти олам бевосита ба мо ошкор аст), балки аз таҷрибаи ботинӣ ва зоҳирӣ дуруст истифода барад. Танҳо бо усули ягонагии дониши аз таҷрибаи ботиниву зоҳирӣ ҳосилшуда фаҳмиши асрори олам ба мо муяссар мегардад. Вале дар ин самт мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки дониши мо ҳадду ҳудудеро дорост ва берун аз он ҷаҳидан хатост. Аз ин ҷо, роҳи дурусти ҳалли ин масъала роҳи мобайнист, ки дар як тарафаш роҳи «ҳамадонӣ»-и догматикӣ ва дар тарафи дигараш «танқиди хиради ноб»-и Кант ҷойгиранд.

Консепсияи зебошиносии Кант. Зебошиносии трансенденталӣ яке аз кашфиётҳои дар самти метафизикӣ анҷомдодаи Кант мебошад, ки кас назирашро дар таърихи фалсафа нахоҳад ёфт. Таҳқиқотчиёни осори Кант бар ин ақидаанд, ки агар ӯ ба ғайр аз ин асар, асари дигаре эҷод наменамуд, зебошиносии трансенденталӣ кифоя мебуд, ки номи Кант дар таърихи фалсафа ҷовидона бимонад. Дар ҳақиқат асари номбурда, яке аз нодиртарин асари мутафаккир ба ҳисоб меравад.

Дар ин асар Кант андешаеро баён менамояд, ки мувофиқи он як қисми маърифати инсонӣ аз тарафи мо то ба ҳолати таҷрибавӣ даркшаванда аст. Ин андеша далолати он аст, ки чунин маърифат шакли бевоситаи хиради мо ба шумор меравад. Чунки мафҳуми «тобатаҷрибавӣ» («априорное») чунин маъноро дорост: «на бо роҳи таҷриба бадастомада ё дониши на азберуномада». Агар чунин дониш хоси хиради мо бошад, пас вай тарзи маърифатомӯзии инсон будааст. Аз ин рӯ, «маърифати то ба хирад тааллуқдошта» мафҳумҳои муродифианд. Зебоишиносии тарнсенденталӣ маълумоти зиёдеро оид ба шаклҳои умумии ҳадс (интуитсия) дар бар мегирад. Асоси назариёти Кантро дар ин асар андешаҳои дар «Танқиди хиради ноб» овардашуда ташкил медиҳанд. Дар ин асар, аз он ҷумла гуфта шудааст, ки «маърифати мо ду манбаро дорост», яке дарки таассурот ва дигаре худфаъолиятии мафҳумҳост. Якумаш тарзи дарки тасаввурот буда, дуввуми он қобилияти фаҳмиш бо воситаи чунин тасаввурот мебошад. Бо ёрии қобилияти якум ашё ба мо дода мешавад ва бо қобилияти дуввум ашё дар намуди фикршакл тасаввур мегардад.[3] Чунин ақидаи Кантро на ҳама таҳқиқотчиён пазируфтаанд, чунки дар чунин ҳолат таассуроте, ки худ барои мо ҳамчун объекти қобилияти дарки мо аз олами берун бевосита дода шудааст, мебоист тасаввурот ё предмете мебуд. Вале дар асл таассурот худ ҳиссест дар узви ҳискунанда ва бо воситаи истифодаи ҳуш ва шакли ҳадс (вақт ва фазо) хиради мо онро аз ҳис ба тасаввур мубаддал мегардонад ва баъдан ҳамчун ашё (предмет) ҳувайдо мегардад. Бо ин амал кори ҳуш ва дарки ҳадсӣ ба анҷом мерасад. Барои чунин фаъолият на мафҳум ва на тафаккур лозим аст. Аз ин сабаб чунин қобилияти тасаввуриро ҳайвонҳо ҳам доранд. Ҳангоме ки мафҳум ва тафаккур ба саҳна ворид мешаванд, қобилияти дарки тасаввури айёният саҳнаро тарк мекунад ва дар шуур як қатор мафҳумҳои ғайриинтуитивӣ ва абстрактӣ пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат фаъолиятро хирад ба дасти худ мегирад ва маводи тафаккурро аз андешаҳои пешин ва муқоисаи худи мафҳум ҷамъоварӣ менамояд.

Зебошиносии трансенденталии Кант барои математика асоси тобатаҷрибавӣ медиҳад. Зебошиносии трансенденталӣ чунин асосро барои мантиқ низ муҳаё месозад. Дар натиҷа зебоишиносии трансенденталӣ дар симои мантиқи трансенденталӣ анҷоми худро ёфт. Пас аз ин анҷомпазирӣ Кант на ҳамчун муҳақкиқ, балки ҳамчун мушоҳидачӣ ба назар мерасад.

Агар хонанда аз андешаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, метафизикӣ, зебоишиносӣ, антропологӣ ва табиатшиносии Кант маълумоте ба даст оварад, пас дар бораи хусусияти умумии фалсафаи ӯ ба чунин хулоса омаданаш аз эҳтимол берун нест.

Фалсафаи Кант дар муқоиса бо фалсафаи гузаштагон ва баъдина фалсафаи трансенденталист, амиқтарин идеализми трансенденталист. Дар ин маъно мафҳуми «трансенденталӣ» хусусияти на матиматикӣ, балки фалсафиро дорост, чунки ин мафҳум кайҳо боз дар фалсафаи схоластикӣ мавриди истифода қарор дошт. Дар математика ин мафҳумро аввалин бор Лейбнитс истифода бурдааст.

Бо ибораи дигар, трансенденталӣ гуфта дараҷаи «тобатаҷрибавӣ»-ро дар назар доранд. Мутобиқ ба ин андеша Кант метафизикаро ҳамчун фалсафаи трансенденталӣ меҳисобад. Вале дар асарҳои ӯ на ҳамеша мафҳуми «трансенденталӣ» ва мафҳуми «метафизика» мафҳумҳои муродифанд.

Дар ҳақиқат асари ӯ «Танқиди хиради ноб» дар худ мазмуни трансенденталиро дорост. Андешаҳои метафизикӣ бошанд, бештар хоси асари «Асосҳои табиатшиносӣ»-и мутафаккиранд.

Ба асари метафизикӣ ҳама андешаҳои Кант дар боби ахлоқ низ дохиланд. Анъанаи асосии фалсафаи Кант фаҳмонда додани тафовут байни реалиёт ва идеалиёт мебошад.

Яке аз дастовардҳои дигари Кант дар фалсафа андешаҳои ӯ дар бахши диалектикаи трансенденталӣ ба шумор меравад. Хизмати Кант дар шарҳ ва тафсири теологияи назарӣ низ кам нест. Дар ин бахш ҳама кӯшиши файласуфони баъд аз Кант натиҷаи дилхоҳе надодаанд. Бо ҳадафи маҳдуд намудани қувваи танқидӣ дар теологияи назарӣ, Кант андешаҳоро дар бораи теологияи ахолқӣ бештар матраҳ намудааст.

Ба тариқи хулосавӣ бояд қайд намуд, ки эҷодиёти фалсафии Кант табаддулоти бузургеро дар илм ва фарҳанги Аврупо ба миён овард.

Илмшиносии Фихте ва натурфалсафаи Шеллинг. Иоган Готлиб Фихте (1762-1814) намояндаи фалсафаи классикии немис дар шаҳри Берлин ба дунё омадааст.

Таҳсилро аввал дар донишгоҳи Йен ва баъдан Лейпсиг ба итмом расонидааст. Дар зери таъсири табаддулоти фаронсавӣ асарҳоеро дар мавзӯи озодии фикрронӣ ба табъ расонид. Солҳои 1794-1799 профессори донишгоҳи Йен маҳсуб мешуд. Соли 1810 нахустин ректори интихобии донишгоҳи Берлин таъин гардид.

Соли 1791 ба ҳадафи вохӯрӣ бо Кант, Фихте ба Кёнигсберг омад. Пас аз шиносоӣ бо Кант, Фихте асаре бо номи «Таҷрибаи танқиди ҳар як ваҳй»-ро эҷод намуд, ки аз тарафи Кант пазируфта шуд. Асари асосии Фихте «Таълимот дар бораи илм» мебошад.

Асоситарин андешаҳои фалсафаи Фихтеро метавон чунин шарҳ дод. Фихте фалсафаро ҳамчун илми бунёдӣ (фундаменталӣ) меҳисобид. Илм, ба ақидаи ӯ, дониши танзимшудаест, ки аз сарчашмаи боэътимод бояд бурун ояд. Ба хотир овардан зарур аст, ки нисбат ба дониши илмӣ ратсионализми классикӣ низ бар чунин ақида буд.

Дар пайравии Кант, Фихте фалсафаи худро ҳамчун фалсафаи танқидӣ мухолифи фалсафаи догматикӣ мегузорад. Ба андешаи Фихте, догматикҳо дар таҳлили ҳастӣ аз ашё ё субстансияи ашёҳо оғоз менамоянд. Фалсафаи танқидӣ бошад, аз шуур оғоз намуда, ҷаҳони моддиро бо ҳама ҷузъиёташ аз судури хирад бармеоварад.

Асоси андешаҳои фалсафии Фихтеро боварӣ ба он далел ташкил медиҳад, ки гӯё муносибати амалии инсон ба ашё нисбат ба муроқибаи назарӣ бо вай аввалиндараҷа мебошад. Чунин фаҳмиш дар арзишгузории табиати худшиносӣ, ки ҳамчун нахустасоси басанда аст, Фихтеро аз пешгузаштагонаш фарқ мекунонад. Шуур, мувофиқи фаҳмиши Фихте, дода нашудааст, балки азалӣ бо мо пайваст аст ва худ офарандаи худ аст. Яқинан шуур на дар муроқиба, балки дар амал намудан пайдост. Ба андешаи Фихте, яқинан шуур на аз тарафи хирад, балки аз тарафи ирода тасдиқ мегардад.

Табиатан фард, мегӯяд Фихте, якхела, якнавохт ва поянда нест: ҳиссиёт, майл, хоҳиш ва димоғи ӯ ҳамеша аз чизе ва касе тағйирёбандаанд. Аз таъсири ин ҳолатҳо инсон танҳо ҳангоми худшиносӣ озод мегардад. Бо воситаи худшуурӣ инсон рӯҳ ва озодии худро ҳифз мекунад. Худмуайянкунӣ ҳамчун талабот ва вазифа ҳамеша водор месозад, ки субъект бояд ҳамзамон кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар ин ҷо мо ба тазоде рӯ ба рӯ мешавем. Худшиносӣ ҳамчун ибтидо ва бунёди танзимшуда ҳамеша ҳадафи аз худ дар масофа нигоҳдорандаи «ман»-и инсон аст. Фихте ин тазодро қабул намуда, онро асоси низоми худ қарор медиҳад. Ба тариқи пайдарпай густурдани вай системаро бо воситаи истифодаи усули диалектикӣ ба миён овард.

Низоми Фихте шакли доираро мемонад: дар оғозаш анҷом низ дида мешавад. Ҳаракати ба анҷомрасонанда худ бозгашт ба оғоз аст.

Принсипи худмухтории ирода, ки ба Кант тааллуқ дорад ва хиради амалӣ барои худ қонун меофарад, бо кӯшиши Фихте, ба бунёди тамоми система табдил ёфтааст. Бо ҳамин тариқ Фихте санавияти дар фалсафаи Кант мавҷудбударо аз байн бурда, мақсад гузошт, ки аз принсипи хиради амалӣ «озодӣ» ва хиради ноб «табиат»-ро бароварад. Ба ақидаи Фихте, маърифат ҳолати вобастагӣ аз ҳаракати амалӣ-ахлоқиро мемонад. Ҳар як реалияти объективӣ, ба андешаи ӯ, натиҷаи фаъолияти «ман»-и инсон аст ва вазифаи «Таълимот дар бораи илм» аз нишондоди он ки чигуна ва барои чӣ фаъолият ҳатман шакли ашёро мегирад. Мавҷуд будани «ашё дар худ»-ро, ки бидуни шуур аст, Фихте напазируфта маҷбур шуд, ки ду «ман»-и аз якдигар тафовутдошта- якеаш «ман» бо шуури фардӣ дар ваҳдат ва дигари он дар мухолифат қарордоштаро ихтироъ намояд.

«Ман»-и фардӣ (индивидуалӣ) ва «ман»-и мутлақ дар таълимоти Фихте гоҳе бо ҳам муродифанд ва гоҳе бо ҳам мухолиф. Ин «тапиш»-и ягонагӣ ва бегонагӣ ҷавҳари диалектикаи Фихте буда, принсипи ҳаракатдиҳандаи тафаккурро ташкил медиҳанд. Дар якҷоягӣ бо худшиносии «ман ҳастам» мухолифи ӯ – «ман нестам» дар назар дошта мешавад. Ҳамзистии ин ду мухолифият дар як «ман» танҳо бо роҳи маҳдудсозии якдигар, яъне якдигармаҳкумкунӣ муяссар мегардад.

Агар «Ман» тавассути «ман нестам» муайян шавад, пас субъект ҳамчун назариявӣ, агар баръакс бошад – ҳамчун амалӣ сурат мегирад.

Ба ақидаи Фихте, ҳар ончи нисбат ба шуури назариявӣ ҳамчун муҳит истифода бурда мешавад, ин маҳсули фаъолияти бешууронаи хаёлот дар ҳисоб аст ва онҳо барои шуур ҳамчун ҳиссиёт, муроқиба, ҳуш, хирад ва ғ., то ба фазою вақт ва системаи мақулаҳои «ман»-и назарӣ шакл мегиранд.

Дар назар доштани ин маҳдудиятҳо ва ҳатто «ман»-и назарӣ ҳам аз он сабаб лозим аст, ки «ман»-и амалӣ пойдор буда, ҳадаф гузорад ва баҳри иҷрои ҳадафҳои худ кӯшиш намояд. Фаъолияти «ман», аз диди Фихте, дар шакли мутлақ аст. Вай қодир аст худ барои худ вазифа гузорад ва ин вазифагузорӣ аз тарафи ӯ одатан бешуурона сурат гирад.

«Ман»-и мамоният эҷодкунанда ва «ман»-и мамониятро аз байнбаранда аз ҳамдигар бехабаранд. Ҷаҳон, ки маҳсули таҳтулшууронаи «ман»-и мутлақ аст, мустақилиятро соҳиб нест. Табиат танҳо объект, мавод ва мамониатест барои аз байн бурдани чунин мамоният. Вай ҳастии мутлақ нест ва арзиши мустақиле низ надорад. Субъекти амалӣ пайи ҳамдигар мамониатҳоро бартараф намуда, худ дар аввал нафаҳмида, ба ягонагӣ бо худ меояд.

Барои Фихте ҳама ҳаракат ва ташаккулёбии ҷамъият, мувофиқати «ман»-и фардиву «ман»-и мутлақ ва фаҳмиши онки ҳама муҳити моддии инсонро иҳотанамуда ин маҳсули амали худи «ман» аст, ки аз худи ӯ бегона шуда, дар сифати олами беруна омадааст. Вале ба ҳадафи идеалӣ расидан ғайриимкон аст, чунки ба барҳам хӯрдани фаъолият оварда мерасонад. Фаъолият бошад, мутлақ аст ва таърихи башарият худ кӯшиши ба ин идеал расидан аст.

Дар фалсафаи Фихте андешаҳои дигаре низ ба чашм мерасанд. Дар «Асосоҳои ҳуқуқи табиӣ» бо усули аз кулл ба ҷузъ Фихте амали «ман»-и дигареро иҷро менамояд, ки мувофиқи чунин фаҳмиш, мавҷуд будани фардҳои зиёди озод далели имкониятҳои худи «ман», яъне махлуқи озод аст. Дар ин ҷо мақулаҳои ҳуқуқии аз ҷониби мутафаккир эътирофшуда ҳамчун асоси ҳолатҳои равонии инсонро ташкил медиҳанд. Баъдтар Фихте ба назарияи фаъолият дигаргунии зиёде ворид сохт. Бо ин дигаргунӣ ин назарияро аз хусусияти универсалидошта пок намуд. Агар то ба ин пок гардонидан, мутафаккир байни амал ва ахолқ тафовуте намегузошт ва ҳамчунони дигар, ӯ фаъолиро мутобиқи ахлоқи протестантӣ ҳамчун амали хайр мешуморид. Ҳоло бошад, вай тайёр буд, ки ахлоқро аз амал бутунан ҷудо созад.

Дар масъалаи алоқаи «ман»-и мутлақ бо фардияти фаношаванда низ Фихте андешаҳои худро такмил дод. Пештар аз ин «ман»-и мутлақ ҳамчун ҳадафи барои субъект дастнорас, манбаи беохирии амал дониста мешуд. Акнун ҳақиқати мутлақ ҳамчун ҳастии ҳатмӣ, офаридгор ва ҳар ончики берун аз вай, аз он ҷумла, амали «ман»-и нисбӣ, танҳо ҳамчун образи ҳастӣ, ки худ дар худ ҳақиқати реалӣ набуд.

Ақоиди иҷтимоию сиёсии Фихте низ такмил ёфтанд. Замони муайяне мутафаккир саргарми андеша ва натиҷаҳои таҳаввулоти бузурги фаронсавӣ буд. Андешаи интихоби миллати ҷудогона дар фалсафаи таърихи Фихте ба анҷом расид. Таърихи башарият, ба андешаи Фихте, ин раванди ташаккулёбии аз ҳолати бегуноҳӣ ба ба ҳолати вайроншавӣ афтидан мебошад.

Бо ҳамин тариқ, фалсафаи Фихте барои эҳё ва такомули идеализм ва эҷодиёти Шеллинг ва Гегел дар фалсафаи классикии немис мусоидат намуд. Баъд аз ин Шеллинг ва Гегел идеализми субъективии Фихтеро бартараф намуда, андешаҳои фалсафии ӯро зери интиқод қарор доданд.

Фридрих Вилгелм Йозеф Шеллинг (1775-1854) дар шаҳри Рагатси Швейтсария таваллуд ёфтааст. Аз соли 1790 дар Институти илоҳиётшиносии Тюбинген бо ҳамроҳии Гегел таҳсил намудааст. Шеллинг солҳои 1798-1803 бо ӯ дар раванди маҳфил бо романтикҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Шеллинг дар давоми фаъолияти эҷодии худ мақоми профессори донишгоҳи Мюнхен (1806), Эрлинген (1820-1826) ва Берлинро ишғол менамуд.

Фалсафаи Шеллинг дар давоми ташаккули ҷаҳонбинии ӯ якнавохт ва бо як принсипи фаҳмиш боқӣ намондааст. Аз ибтидои фаъолияти фалсафии худ Шеллинг ба таҳқиқи фалсафаи табиат (натурфилософия) (1790) пардохт. Баъдтар таваҷҷӯҳи ӯро фалсафаи трансенденталӣ ё худ зебошиносии идеалистӣ (1800-1801) ба худ ҷалб намуд. Замоне ӯ масоили «фалсафаи айният» ва «фалсафаи озодӣ»-ро (1800-1813) мавриди таҳлил қарор дод. Дар охир майли мутафаккир ба таҳқиқи «фалсафаи ваҳй» бештар гардид. Асосан Шеллинг муддати дароз дар зери таъсири андешаҳои фалсафии Фихте қарор дошт. Фаҳмиши масоили фалсафаи табиат сабаби аз ҳамфикрӣ бо Фихте даст кашидани Шеллинг шуд. Чунон ки маълум шуд, табиат дар фалсафаи Фихте танҳо воситае барои ба ҳадаф расидани андешаҳои ахлоқӣ, ба ибораи дигар, маводе барои хиради амалӣ истифодашуда ҳисобида мешуд. Хиради амалӣ ба воситаи табиат мебоист қувваи худро бисанҷад.

Шеллинг дар назди худ вазифа гузошт, ки дараҷаҳои таҳаввулоти табиатро нишон дода, вайро ҳамчун омили ба мақсади олӣ расидани ҳастӣ баррасӣ намояд, ки вазифааш тавлид намудани шуур буд.

Масъалаи таносуби шуур ва бешуурӣ ҳамеша объекти таҳқиқи Шеллинг қарор дошт. Усули диалектикие, ки Фихте дар таҳқиқи фаъолияти «ман» истифода мебурд, ин усулро Шеллинг дар таҳлили равандҳои табиат ба кор бурд. Ҳар як ҷисми табиат ҳамчун маҳсули фаъолияти динамикии қувваҳои мутақобила шарҳ дода мешуд.

Кашфиётҳои Волт, Лавуазе дар физика ва кимиё, Браун, Галлера дар биология Шеллингро ба ин андешаҳо водор сохтанд. Принсипи мақсаднокӣ, ки дар бунёди ҷисми зинда сабт шудааст, барои Шеллинг принсипи умумӣ барои шарҳ додани табиат истифода шуд.

Фалсафаи табиати Шеллинг ба андешаҳои табиатшиносони замони ӯ бетаъсир намонд. Шеллинг дар ин давра ба ақоиди навафлотуния нисбат ба идеализми Фихте наздиктар буд.

Шеллинг фалсафаи табиатро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи идеализми трансенденталӣ меҳисобид.

Фаъолияти «ман», тибқи андешаи Шеллинг, ба фаъолияти назариявӣ ва амалӣ тақсим мешавад.

Фаъолияти назариявӣ аз ҳиссиёт шурӯъ шуда, ба муроқиба, тасаввур, муҳокимаронӣ ва дар охир, дар дараҷаи хирад, ба нуқтае мерасад, ки «ман»-и назариявӣ худро ҳамчун мустақил, худфаъол, яъне «ман»-и амалӣ, ирода мебинад.

Ирода, дар навбати худ, якчанд зинаҳои инкишофро тай менамояд, ки баландтараш фаъолияти ахлоқӣ мебошад, ки худ худҳадаф аст. Агар дар муҳити назариявӣ шуур бо фаъолияти таҳтулшуурии «ман» муайян шавад, пас дар муҳити амалӣ, баръакс, бешуурӣ аз бошуурӣ вобаста аст. Аз Фихте ин ду раванди гуногунсамт танҳо дар беохирӣ ҳамҷоя мешаванд.

Шеллинг ба таҳлили ҷадиди «Танқиди қобилияти муроқиба»-и Кант, дар санъат муҳити мухолифии назария ва амалияро мебинад, ки ин муҳит бартарафшаванда ба назар мерасад. Дар фаъолияти бадеӣ ва асарҳои бадеӣ беанҷомии идеал дида мешавад, вай дар маърифати назарӣ ва амалӣ мушоҳиданашаванда аст. Рассом, ба андешаи Шеллинг, ин «интеллигенсия»-е ҳаст, ки ҳамчун табиат амал мекунад. Аз ин рӯ, фалсафаи санъат, мегӯяд Шеллинг, ин органони фалсафа, ҷамъбасти он аст. Ин андешаҳоро Шеллинг дар асари худ «Фалсафаи санъат» (1802-1803) баён намудааст.

Масъалаи ҳадси интеллектуалӣ, ки яке аз намудҳои ҳадси санъатӣ мебошад, таваҷҷӯҳи Шеллингро ба худ ҷалб намуда буд.

Дар фалсафаи Ваҳй Шеллинг ҳадси интеллектуалиро чун пештара на ҳамчун муроқибаи «ман», балки чун худмуроқибаи ҳақиқати мутлақ, ки ягонагии объект ва субъектро фаро гирифтааст, медонад. Ин андешаҳои Шеллинг бештар ба натурфалсафаи Бруно шабоҳат дорад.

Ба ақидаи Шеллинг, кайҳон ҳамчун ягонагии мутлақ ва ягонагии асари санъат аст. То ҳамон дараҷае, ки рассом кайҳонро меофарад, то ҳамон дараҷа судур ва офариниш ба ҳамдигар мухолифии бетафовутро меофаранд. Дар ин системаи пантеизми эстетикӣ, ки аз навафлотуния сарчашма мегирад, Шеллинг ба пантеизми ирфонии Экхарт наздик мешавад. Дар асари худ «Фалсафа ва дин» Шеллинг саволҳоеро ба миён мегузорад, ки онҳо ӯро аз андешаҳои фалсафаи айнияташ берун намуданд. Дар натиҷа андешаи офариниши олам аз ҷониби ҳастии мутлақ ҳақ буда, андеша дар бораи мутавозӣ будани идеалӣ ва реалӣ иштибоҳ мебошад.

Дар «Таҳқиқоти фалсафӣ дар бораи озодии инсон» Шеллинг бар чунин ақидааст, ки ба тариқи ратсионалӣ исбот намудани офариниши олам ғайриимкон аст. Дар ин ҷо Шеллинг аз офаридгор худи офаридгорро ҷудо месозад, ки асоси он иродаи бешуур аст. Тавассути дар вай мавҷуд будани қувваи зулмот ҳастии мутлақ ба санавият табдил меёбад ва лаҳзаи худтаъинкунии иродаи озод ба миён меояд, ки ба тариқи ратсионалӣ ин раванд қаламдод нахоҳад шуд ва бо қонуни хирад ва табиат исбот нахоҳад гашт. Амали гунаҳкоршавӣ амали аз вақт берун аст. Иродаи бешуур то ҳолати худшиносӣ амал мекунад. Зеро инсон ҳангоми таваллуд ёфтанаш аллакай гунаҳкор ба дунё меояд. Ҷуброни ин гунаҳкории пешина ва ба ҳам пайвастани он бо ҳастии мутлақ, ба ақидаи Шеллинг, ҳадафи таърих будааст.

Аз сабаби он ки ирода худ хоҳиши нахустини ирратсионалӣ ва омили аввалини даркнашаванда мебошад, вай наметавонад мавзӯи таҳлили фалсафӣ қарор дошта бошад. Ин фалсафаи ирратсионалиро Шеллинг мехоҳад то фалсафаи позитивистӣ пурра гардонад. Дар фалсафаи ваҳй Шеллинг моҳиятан аз фалсафаи ратсионалӣ ба теософияву ирфон мегузарад.

Бо ҳамин тариқ, фалсафаи Шеллинг ба андешаҳои фалсафии асрҳои XIX-XX-и Аврупо бетаъсир намонд. Асосан дар асри ХХ идеяҳои ирратсионалии Шеллинг дар фалсафаи экзистенсиализм ҷадидан эҳё шуданд.

Идеализми мутлақи Гегел. Георг Вилгелм Фридрих Гегел (1770-1831) намояндани фалсафаи классикии Олмон, эҷодкунандаи назарияи диалектикаи муназзами ҷанбаи идеализми объективидошта мебошад. ӯ солҳои 1788-1793 дар донишгоҳи илоҳиётшиносии Тюбинген ҳамроҳи Шеллинг таҳсил намудааст. Аз соли 1808-1816 дар вазифаи директории гимназияи Нюренберг фаъолият кардааст. Аз соли 1816 то охири ҳаёти худ ҳамчун профессори фалсафа дар донишгоҳи Гейделберг ва Берлин кор кардааст.

Фаъолияти фалсафии Гегел дар аёми таҳсил ва минбаъд асосан дар доираи таҳқиқи фалсафаи танқидӣ ҳамчун пайрави Кант ва Фихте гузаштааст. Вале дере нагузашта Гегел бо таъсири фалсафаи Шеллинг аз системаи фалсафаи танқидӣ ба самти идеализми трансенденталӣ мегузарад.

Ба ҳар ҳол дар фалсафаи классикии Олмон Гегел дар муқоиса бо дигарон ба таърихи фарҳанги маънавӣ бештар диққат дода буд. Гегел дар оғози эҷоди фалсафи худ зуҳуру ташаккулёбии динҳои яҳудия, атиқа ва насронияро ҳамчун дараҷаҳои ташаккули рӯҳ шарҳ дода буд. Дар асари «Фалсафаи рӯҳ» (1807)-и худ маданияти маънавии башариятро ҳамчун ташаккулёбии бонизоми ошкорсозандаи қувваи «хиради ҷаҳонӣ» нишон додааст.

Ба андешаи Гегел, ташаккули маънавии фард такрори худшиносии рӯҳи кайҳонист. Аз амали ҳис намудани ашёҳо то ба дониши мутлақ, яъне дониши шакл ва қонунҳое, ки аз ботин тамоми раванди маънавиро роҳбарӣ менамояд, дар бар мегирад. Тасвири умумие, ки фаъолияти эҷодии «рӯҳи умумиҷаҳони»-ро нишон медиҳад, дар фалсафаи Гегел ҳамчун «идеяи мутлақ» номгузорӣ шудааст. Илми мантиқ бошад чун назарияи илми «худшиноси»-и «идеяи мутлақ» ба ҳисоб меравад. Ин андешаҳо дар асари ӯ бо номи «Илми мантик» машҳур аст. «Идеяи мутлақ» дар мазмуни умумии худ ҳамчун системаи мақулаҳо кушода шуда, муайянкунандаҳои зиёдеро ба монанди ҳастӣ, нестӣ, ҳастии нақд, сифат, шумора, меъёр, ҳақиқат, кимиёи ҷисм ва ғайраро дар худ гирифтааст.

Ба ақидаи Гегел, ташаккули маънавии фард такрори худшиносии рӯҳи кайҳонӣ мебошад. Аз амали ҳис намудани ашёҳо то дониши мутлақ, яъне дониши шаклу қонунҳое, ки аз ботин тамоми раванди маънавиро роҳбарӣ менамояд, дар бар мегирад. Манзараи умумие, ки фаъолияти эҷодии «рӯҳи умумиҷаҳонӣ»-ро нишон медиҳад, дар фалсафаи Гегел ҳамчун «идеяи мутлақ» номгузорӣ шудааст. Илми мантиқ бошад, чун назарияи илми «худшиносӣ»-и «идеяи мутлақ» ба ҳисоб меравад. Ин андешаҳо дар асари «Илми мантиқ»-и ӯ баён ёфтааст. «Идеяи мутлақ» дар мӯҳтавои умумии худ ҳамчун низоми мақулаҳо (категорияҳо) ифшо шуда, мафҳумҳои зиёде, ба монанди ҳастӣ, нестӣ, ҳастии нақд, сифат, шумора, андоза, ҳақиқат ва ғ.-ро фаро гирифтааст.

Тафаккурро ҳамчун субъекти офарандаи тамоми сарватҳои маънавӣ ва ҳамчун тасвири фаъолияти эҷодӣ баррасӣ намуда, Гегел кӯшиш намуд, ки мафҳуми идеяро бо мафҳуми офаридгор наздик гардонад. Вале дар муқоиса бо офаридгори теистӣ, идея барандаи шуур, ирода ва шахсият дар симои инсон гардид. Тибқи баёни Гегел, «рӯҳ» дар инсон дар дараҷаи худшиносӣ, аввалан дар намуди калима, нутқ ва забон зуҳур мекунад. Ҳамаи олами ашё, маданияти моддӣ, тамаддун ва ғ. чун шаклҳои баъдинаи қувваи рӯҳи ба миён омадаанд. Нахустини қадами инкишоф бо ҳамин тартиб дар қобилияти инсон баҳри дарки худ, ки ҳамагуна образҳоро таҷассум намудааст, ҳувайдо мегардад.

Мақулаи тазод ҳамчун барандаи маънои «ҳамдигарро истиснокунанда» ва «бо ҳам робита доштан» дар диалектикаи Гегел мавқеи хосеро соҳиб аст. Тазод дар ин ҷо ҳамчун «муҳаррик»-и ташаккули рӯҳ дониста мешавад. Ҳаракат ин сайр аз ҳолати «абстрактӣ ба конкретӣ» мебошад, ки ҳар лаҳза бештар бо гуногуншаклии худ ба натиҷае мерасад. Ба ақидаи Гегел, кифоя нест, ки тазодро мо дар шакли антиномӣ пазируфта бошем ва онро бояд амиқтару мушаххастар бифаҳмем.

Таҳлили танқидии ҳолати илмии замони хеш Гегеглро ба андешаҳои догматикӣ оварда расонд. Ин тазод на танҳо мантиқ, балки қисмҳои дигари фалсафаи табиат ва фалсафаи рӯҳи ӯро низ фаро гирифт. Андешаҳои доир ба «фалсафаи рӯҳ» ва «фалсафаи ҳуқуқ» иброздоштаи мутафаккир идома ёфтаанд. Чунончи, Гегел дар фалсафаи табиат аз назари танқидӣ андешаҳои дар илм пайдошударо таҳлил намуд, ки ин пешгӯии ӯ дар раванди ташаккули минбаъдаи табиатшиносӣ собит гардид.

Гегел фалсафаи таърихро бо ситоиши монархияи конститутсионӣ ба анҷом расонид. Кӯҳнапарастии системаи Гегел бархилофи усули ба корбурдаи вай сурат гирифт. Андешаҳои «фалсафаи ҳуқуқи»-и Гегел дар бораи «рӯҳи объективӣ» барои рушди ҷомеашиносӣ мусоидат намуд. Маҳз таъсири ҳамин асар буд, ки баъдан таълимоти Маркс дар бораи фарҳмиши материалистии таърих ба миён омад.

«Рӯҳи объективӣ» дар ҳуқуқ ва ахлоқ зоҳир гардида, дараҷаҳои объективияти озодии инсонро дар шакли оила, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлатро низ дар бар мегирад.

Ба андешаи Гегел, таърих ҳамчун «пешрафти рӯҳ» дар шуури озодӣ дониста мешавад. Ин пешрафт бо рӯҳи халқҳои алоҳида, ки ҳамдигарро иваз намудаву рисолати худро ба ҷо меоранд, амалӣ гардонда мешавад.

Дар ҷодаи зебоишиносӣ бошад, Гегел масъалаи зебоишиносиро ҳамчун «падидаи идея» шарҳ додааст. Чунин муносибати ӯ дараҷаҳои ташаккули минбаъдаи идеяро ҳам муайян менамояд. Андешаҳои Гегел доир ба раванди мунтазами таърих ва ҳақиқати мутлақ низ зиёданд.

Диалектикаи Гегел дар рушду ривоҷи фалсафаи экзистенсиалистӣ нақши муҳимеро доро буд.

Антропологияи Фейербах. Людвиг Фейербах (1804-1872) дар шаҳри Рехенберги Олмон таваллуд ёфта, баъди хатми гимназия ба факултети илоҳиётшиносии донишгоҳи Гейделберг (1823) дохил шуд. Дере нагузашта аз андешаҳои догматикӣ ва ортодоксалӣ даст кашида, ба шаҳри Берлин омад ва дар машғулиятҳои тадрисии Гегел ширкат варзид ва дар ҳамин замина андешаҳои фалсафии Фейербах сурат гирифтааст.

Пас аз хатми донишгоҳи Берлин (1828) дар мавзӯи «Оид ба ягонагӣ, умумият ва беинтиҳоии хирад» рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Элан дифоъ намуд.

Вале пас аз мӯҳлате андешаҳои фалсафии Фейербах бо фалсафаи Гегел созгор наомаданд. Асоситарин ихтилофи мафкуравии Фейербаху Гегел дар муносибати гуногуни онҳо ба дин зоҳир мегардид. Ба андешаи Фейербах, ақоиди динӣ ба ҳақиқат ва хирад рост намеояд.

Фейербах пас аз дифои рисола приват-дотсенти донишгоҳи Эрланген таъин гардид. Соли 1830 бе зикри номи муаллиф ӯ бо номи «Андешаҳо дар бораи марг ва бемаргӣ» асаре ба табъ расонд, ки дар он масъалаи ҷовидона будани рӯҳро инкор намуд. Баъдан аз ошкор гаштани муаллифиаш Фейербахро аз ҳуқуқи омӯзгорӣ дар донишгоҳи номбурда маҳрум сохтанд. Вале Фейербах ҳамчун пазирандаи андешаҳои Гегел боқӣ монда, ҳамзамон фалсафаи материалистӣ ва атеистиро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

 

 

Ҳадафи асосии Фейербах дар фалсафа ин мубориза бар зидди андешаҳои динӣ буд. Дар муқоиса бо фаҳмиши фалсафаи динии Гегел, Фейербах фалсафа ва динро мухолифи якдигар меҳисобид.

Вай сабаби асосии бақопазир будани динро на танҳо дар нодонию нотавонии омма, балки дар табиати худи инсон ва муҳити зисти ӯ медонист. Нахустасоси фиребу найранги диниро Фейербах дар ҳисси маҳдудияту тобеияти инсон медид.

Офаридгор, ба назари Фейербах, ҳамчун проексияи рӯҳи одамист, ки аз рӯҳ бегона шуда, шакли объективиро мегирад. Дин, ба андешаи ӯ, инсонро барои зиндагӣ шикастабол мегардонад.

Фейербах парастиши рамзҳои диниро ба парастиши инсон табдил дод ва таъбири «Одам барои одам Худо»-ро шиори худ гардонид. Танқиди дин Фейербахро тадриҷан ба танқиди фалсафаи идеалистӣ оварда расонид.

Боварӣ ба ягонагии дин ва идеализм Фейербахро маҷбур сохтанд, ки муқобили идеализми аз ҳама ташаккулёфтаи он замон, хусусан, идеализми классикии Олмон дар симои Гегел, муборизаро пурзӯртар намояд.

Ба андешаи Фейербах, камбудии асосии идеализм дар махлут сохтани ҳастӣ ва тафаккур зоҳир мешавад.

Асоси фалсафаи Фейербахро принсипи «…Ҳастӣ-субъект, тафаккур-хабари мантиқӣ» ташкил медиҳад. Дар назарияи маърифат Фейербах самти материализми сенсуалистиротақвият бахшидааст.

Вале нуктаи мобайнии фалсафаи Фейербахро масъалаи инсон ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ, инсон объекти ягона ва универсалии фалсафа мебошад. Материализми антропологии Фейербах инсонро ҳамчун махлуқи психофизиологӣ медонад. Инсон, мегӯяд Фейербах, объекти материалӣ ва ҳамзамон субъекти тафаккур аст. Аз ин нукта бармеояд, ки антропологияи Фейербах дар илми биологӣ асос ёфтааст.

Чунин фаҳмиши антропологӣ ба он оварда расонд, ки таълимоти ахлоқии Фейербах аз шиори ягонагӣ ва ба ҳам алоқамандии «ман» ва «ту» сарчашма мегирад. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз диди Фейербах, ба мафҳумҳои «ҷинс» ва «муоширати байниҳамдигарӣ» табдил ёфтаанд, чунки агар «ту» набудӣ, «ман» ҳаргиз наметавонад хушбахт бошад,.

Кӯшиши расидан ба хушбахтии фардӣ доираи худбиниро маҳдуд сохт, зеро беягонагию ваҳдати инсон ҳадафе ба даст нахоҳад омад.

[1] Г.В.Ф.Гегел. Энциклопедия философских наук: В 3 т. Послесловие. Е.П. Ситковского и А.П. Огурцова.       -М., 1977.

[2] И.Кант. Пролегомены к всякой будущей метафизике, которая может появиться как наука// И.Кант. Собр. соч. В 8 томах. Т.4.-М., 1994,с.131.

[3] И.Кант. Критика чистого разума//И.Кант.Собр. соч. В 8 т. Т.3.-Москва,1994, с. 50.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *