Фалсафаи асримиёнагии Аврупо — Донишхона

Фалсафаи асримиёнагии Аврупо

Фалсафаи асримиёнагии Аврупо бо давраи нави инкишофи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ин кишвари паҳновари олам алоқаманд аст. Асрҳои миёна, хусусан қарнҳои X — XV ба рушди феодализм, ташаккул ва ривоҷи тамаддуни нав, ки муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоиро дар бар дошт, рост меояд. Ҳаёти маънавии ҷомеа, ки ифодаи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад, ба куллӣ симои Аврупоро дигар сохтанд. Шикасти империяи Рими Ғарбӣ (476) такони бузурге ба ташаккули давраи нави ҳаёти иҷтимоӣ бахшид. Дини нав, дини масеҳӣ тафаккури нави фалсафӣ ба вуҷуд омад. Шартан инро метавон ба асрҳои I -IV мансуб донист. Аз байн рафтани мақоми фалсафаи атиқа маънии аз байн рафтани тамаддуни давраи бисёрхудоиро низ дорад. Ҳамин тавр, тағйирот дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавӣ дар тӯли чандин аср ба вуҷуд омаданд ва ба пайдоишу ташаккули фалсафаи асримиёнагии Аврупо сабаб гаштанд ва бо он пайвастанд. Тӯли ин асрҳо дар Аврупо дар радифи ҳамдигар таълимоти стоикҳо, эпикуреизм, навафлотуния, машшоияи қадим — давраи атиқа ва афкори нави фалсафӣ-динӣ, илоҳиёт ва фалсафаи асримиёнагӣ вуҷуд дошта, дар рақобати ҳамдигар қарор доштанд. Тафаккури масеҳӣ кӯшиш намуд, ки бозёфтҳои фалсафаи атиқаро дар шаклҳои ба худ мувофиқ қабул карда, тобеи таълимоташ созад. Фалсафаи Юнон Бостон бо тасаввуроти бисёрхудоӣ (политеизм) алоқаманд буда, хусусияти космологӣ дошт, зеро табиат дар ҳар шакле бошад, аз ҷумла инсон ҳам ҳамчун ҷузъи он ифодаи худро дар тасаввуроти фалсафӣ ва динии дунёи қадим ёфта буд. Аммо афкори фалсафаи асримиёнагӣ бошад, зери нуфузи дини тавҳидӣ (монотеизм), яъне масеҳият қарор дошт. Ин ҳодиса танҳо хоси фалсафаи Аврупо нест, балки динҳои тавҳидӣ – яҳудия ва ислом низ афкори фалсафиро зери нуфузи худ қарор додаанд, пас он хоси тамоми ҷаҳони асримиёнагӣ аст, агар буддоияро, ки идеяи худои яккаву ягона чандон равшан дар он зоҳир нашудааст, сарфи назар кунем. Вале буддоия низ бисёрхудоиро тарғиб намекунад ва ба динҳои тавҳидӣ мухолифат надорад. Дар ҳар сурат ба таври куллӣ ба тафаккуури асримиёнагӣ теосентризм хос аст, дар маркази он на табиату инсон, балки Худо қарор дорад. Асоси таълимоти монотеизми масеҳиро ду асли муҳим, ки комилан ба шуури динӣ-мифологии дунёи қадим ва тафаккури фалсафии ҷоҳилият (бисёрхудоӣ) мухолиф аст, хилқат ва ваҳй ташкил медиҳад. Ҳардуи ин асл, ки ба худои ягона марбутанд, бо ҳам алоқаманданд. Ғояи хилқати илоҳӣ асоси онтологияи (таълимот дар бораи ҳастӣ) асримиёнагӣ ва ғояи ваҳйи худовандӣ асоси таълимоти он дар бораи маърифатро фаро гирифтаанд.

Мутобиқи таълимоти масеҳият худо аз ҳеҷ оламро офарида, доимо онро тағйир ва такмил медиҳад. Хилқат аз ҳеҷ қудрату тавоноии Худоро нишон медиҳад. Ҳеҷ чиз аз назари Худо пинҳон нест ва ҳар нафас ҳастиро Худованд худ меофарад ва нигоҳ медорад. Чунин нуқтаи назарро креатсионизм (аз лотинӣ creatio – халқ кардан, сохтан) меноманд. Дар ин таълимот таваҷҷӯҳ аз табиат ба фавқуттабиат (қувваи илоҳӣ) равона мешавад. Худо дар масеҳият дар фавқи табиат қарор дорад, аммо худоҳои атиқа ҳамрадифи табиат, ҷузъи он буданд. Азбаски Худо хислати фавқуттабиӣ дошта, онро халқ мекунад, он хусусияти транстседентӣ ба худ мегирад. Аз ин ҷо олам дигар абадӣ ва беинтиҳо нест, ки ба назари аксари файласуфони атиқа чунин менамуд ва мутобиқи ақидаи онҳо ду мабдаъ – фаъол ва ғайрифаъол, идея ва шакл, аз як тараф ва модда, аз дигар тараф, вуҷуд дошт. Акнун дар фалсафаи асрҳои миёна ба ҷои ин асли дуалистӣ асли монистӣ, яъне фақат як мабдаи фаъол – Худо ҳасту халос ва дигар ҳама чиз махлуқи ӯ аст. Худо абадӣ, тавоно, басиҷу бузург аст, на он сифатҳоро, ки файласуфони атиқа ба ҳастӣ марбут медонистанд. Дар китоби муқаддаси Аҳди қадим омадааст, ки Худо ба инсон фармудааст, ки: «Ман асли вуҷудам». Олами халқкардаи Худо чунин тавоноӣ ва қудратро надорад ва мустақил нест, зеро вуҷуди он ба иродаи Худо вобаста аст. Бинобар он дониши инсон дар бораи ҳастии Худо ба тарзи фавқуттабиӣ метавонад ҳосил шавад. Худо худро ба инсон бо ҳидояташ ошкор месозад ва калиди ин дониш эътиқод аст, ки барои фалсафаи атиқа чунин тасаввурот дастрас набуд. Аммо махлуқот, аз ҷумла олам ба воситаи ақл метавонад дастраси инсон бошад, он аз ҷониби инсон дониста шавад. Албатта, ки масъала ҳам хусусан дараҷаи дарки олам баҳсҳои зиёдеро дар фалсафаи асримиёнагӣ ба вуҷуд овардаанд. Дарки ҳастӣ дар асрҳои миёнаи Аврупо афоризмеро ба вуҷуд овардааст, ки бо забони лотинӣ «ens et bonum converituntur» — ҳастӣ ва беҳбудӣ мубаддалшавандаанд, мебошад. Азбаски Худо ҳастии олӣ ва хайри беҳад аст, пас махлуқи ӯ низ хуб ва мукаммал аст. Пас ғайриҳастӣ ин бадӣ – шарр аст. Шайтон аз ин нуқтаи назар ғайриҳастӣ, шарри абад аст ва дар ниҳояти кор некӣ оламро идора мекунад, зеро Худо некии бебаҳс аст ва ҳеҷ гоҳ бадӣ некиро мағлуб намесозад, ҳарчанд кӯшиши таъсир расонидан ба он дорад. Агар мо ин ақидаро бо таълимоти эпикуреизм ва стоитсизм муқоиса кунем, афзалияташ маълум мегардад. Дар ин ҷо назари некбинонаро ба оянда мушоҳида мекунем.

Тафаккури асримиёнагиро ду анъана- ваҳйи масеҳӣ ва фалсафаи атиқа муайян мекунад. Вале ин ду тамоюл на ҳамеша бо ҳам мувофиқат мекарданд. Агар юнониҳо мафҳуми ҳастӣ бо ғояи ҳастии маҳдуд (пифагориҳо), ҷавҳари ягона (элеатҳо) муайян ва тақсимнашаванда аст, ҳастии беинтиҳо, беҳудуд дар назари онҳо номукаммал менамуд, зеро юнониҳо хостори чизҳои мукаммал, дидашаванда, шаклгирифта буданд. Аммо дар анъанаҳои тавротӣ ҳастии мутлақ- Худо ҳамчун қудрати беинтиҳо тасаввур мешавад. ӯ бо иродаи худ ба ҳама кор тавоно аст ва ба ӯ ҳудудеро муайян кардан, интиҳо доштан шоиста нест. Қудрати Худо бемаҳдуд аст, махлуқи Худо маҳдуд ва нотавон аст. Агар як гурӯҳ Худоро чун хиради олӣ тасаввур мекарда бошанд, пас гурӯҳи дигартавоноии Худо, қудрати беҳудуди ӯрочун сифати Худованд арзёбӣ менамуданд. Дар баробари креатсионизм ва теосентризм ба фалсафаи асримиёнаигии Аврупо, чунон ки зикр шуд, инчунин муҳаққиқон провиденсиализм, персонализм ва консептуализмро марбути ин фалсафа медонанд.

 

Провиденсиализм (аз лотинӣ –providentia-провидение) дар фалсафаи асримиёнагӣ донистани таърих чун нақшаи пешакӣ муайянкардаи Худо барои наҷоти инсоният дониста мешуд. Ин назарияи аз ҷониби файласуфи давраи аввали патристика Аврелий Августин (354- 430), ки ҳаёту фаъолияти ӯ ба давраи фурӯравии империяи Рим рост меояд,то андозае асоснок гардидааст. Мувофиқи ақидаи ӯ, ду манбаи бадӣ- гунаҳгор будани инсон ва кӯшиши давлат барои афзалият пайдо кардан ба калисо вуҷуд дорад. Таърихи инсоният таърихи муборизаи ду нерӯ-кишвари рӯшноии сарзамини Худовандӣ (рӯҳонӣ) ва кишвари зулмот (давлат) аст. Кишвари нур-кишвари Худованд аст. Кишвари зулмот дар асоси дӯст доштани худ, худхоҳӣ ва бадбинии дигарон бино шудааст. Шикасти Рим натиҷаи дурусти шикасти империяи шайтон аст. Ба гуфти ӯ, таърих идома дорад ва бо ғалабаи пурраи масеҳият, баъди дубора баргаштани Худо ва қоим шудани қиёмат, ҷорӣ шудани хушбахтии абадӣ, оварда мерасонад. Нақшаи Худовандӣ амалӣ гашта, саодати абад ҳукмрон мегардад.[1] Ҳамаи тағйирот ва гузаштҳои таърих аз иродаи Худованд вобаста аст. Назарияҳои Юстин ва Августин дар фалсафаи схоластика инкишофи минбаъдаи худро пайдо кард.

Рушди фалсафаи асримиёнагии Аврупоро метавон дар давраҳои инкишофи он мушоҳида намуд. Аксари муҳаққиқон чунин марҳилаҳои инкишофи фалсафаи асримиёнагиро муайян кардаанд.

Давраи аввал — патристика. Ин даврае аст, ки файласуфон, монанди Филони Александриягӣ, Юстин, Климент, Ориген, Тертуллиан, Евсевии Кесариягӣ, Арий, падарони калисо Василийи Бузург, Григорий Назианзин, Григорий Нисский, Августин, Дионис Аэропагит, Максим Исповедник ва дигарон ба он дохиланд. Давраи дуюм: гузариш аз патристика ба схоластика (Северин Боэтсий), ва давраи сеюми: схоластикаро дар навбати худ ба се марҳила ҷудо мекунанд, аз қабили схоластикаи ибтидоӣ, схоластикаи миёна ва схоластикаи охир.

Оғози патристика бо номи Филони Александрӣ марбут аст. Вале фалсафаи Филон ҳоло пурра аз таъсири фалсафаи атиқа ҷудо нашудааст, дар он таъсири бонуфузи фалсафаи Гераклит ва Афлотун дар бораи логос (хирад) нигоҳ дошта шудааст. Масалан, агар дар фалсафаи Гераклит логос хусусияти умумӣ дошта бошад, дар фалсафаи Филон сифати Худо, хиради илоҳӣ мебошад. Худо ба воситаи он ҷаҳони моддиро халқ мекунад ва ба он низоми муайян дохил мекунад. Аввал аз ҳеҷ ҳастии беранг, ғайрифаъолро халқ карда, сипас бо ёрии логос ашёҳоро офарида , онҳоро сурат мебахшад. Ҳамин тавр ғояи Афлотун дар таълимоти Филон андешаи Худованд мегарданд. Дигар қисматҳои фалсафаи Филон аз таъсири ғояҳои атиқа озод нест. Филон ахлоқи масеҳиро мавриди баҳси фалсафӣ қарор дода, асосҳои онро кор карда мебарояд. Ба гуфти ӯ, инсон дорои се андозаи ҳаётӣ — ҷисмонӣ, ақлонӣ ва маънавӣ мебошад. Талаботҳои ҷисмонӣ аз асосан аз ғароиз, қонеъ сохтани талаботҳои физиологӣ, ҷисмонӣ, табиӣ иборат аст. Ҷиҳати ақлонӣ кӯшишҳои инсонро дар нисбати қаноатмандии рӯҳӣ ва интеллектуалӣ муайян мекунад ва ҷиҳати маънавии тамоми ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла эътиқоду имонро фаро мегирад. Ҷони инсон чун ҷисми ӯ миранда аст. Роҳи наҷот ин ҳаёт дар дин (эътиқод ) аст.[2]

Ба ақидаи мактаби патристика ва минбаъд схоластика, ҷаҳон макони тазоҳури фаъолияти офаридгории Худованд аст, зеро хилқати олам аз ҷониби Худо асли воқеият буда, шахсият, фаъолии ӯ на ба худи шахсият, балки дар ваҳдати ягона –Худо ҷойгир аст. Азбаски сухан дар бораи шахс меравад, ин назари теистии персонализм (аз лотинӣ –persona-шахс) номгузорӣ шудааст. Ин ақида дар ибтидо аз ҷониби мактаби патристика асоснок шуд ва минбаъд дар схоластика ривоҷи худро пайдо кард.

Дар фалсафаи асримиёнагӣ таълимоти Арасту дар бораи моҳият ва вуҷудият тафсири нав пайдо мекунад. Арасту ҳарчанд дар байни вуҷудият ва моҳият фарқ дошта бошад ҳам, онҳоро аз ҳам пурра ҷудо намекунад. Аммо дар фалсафаи асримиёнагӣ ҳастиро ба вуҷудият (экзистенсия) ва моҳият (эссентсия) ҷудо мекунанд. Фарқи ҷиддии ин мафҳумҳоро файласуфи Рим Боэтсий (480-524) нишон додааст, ки дар осори фалсафаи дигар файласуфони асримиёнагии Аврупо мавқеи хос пайдо кардааст. Мувофиқи гуфтаи Боэтсий, ҳастӣ (вуҷудият) ва моҳият ин як нест, танҳо дар назди Худованд ҳастӣ ва моҳият бо ҳам мувофиқат доранд. Махлуқот, ки чизҳо аз ҷумлаи онҳоянд, онҳо содда набуда, мураккабанд, зеро ҳастӣ ва моҳияти онҳо айният надорад. Барои ин ки ин ё он моҳият ҳастӣ пайдо кунад, бо он бипайвандад, яъне он бояд аз ҷониби Худо халқ шавад. Моҳияти ашё дар муайянии онҳо, дар мафҳуми он чиз, ки ба воситаи хирад дарёфт карда мешавад, ифода мегардад. Дар бораи вуҷудияти ашё инсон аз таҷриба фаҳмида мегирад, яъне бевосита мавриди бархӯрд бо он надорад, зеро вуҷудият на аз хирад, балки аз иродаи офариниши Худованд пайдо мешавад. Барои ҳамин ҳам, ба мафҳуми чиз дохил намешавад, балки аз дарки таълимоти офариниш ҳосил мегардад. Вале   на ҳамаи файласуфони ин давра ба чунин навъҳастӣ (вуҷудият) ва моҳиятро муқобил мегузоранд, балки чун Арасту, заминаи умумии онҳоро таъкид мекунанд. Масъалаи дигари баҳсноки фалсафаи асримиёнагӣ табиати мафҳумҳои умумӣ буд, ки файласуфонро ба ду гурӯҳ -реализм ва номинализм ҷудо кардааст. Баҳси тезутунди онҳо дар тӯли тамоми асрҳои миёна идома дошт. Реалистон ин гурӯҳи файласуфоне буданд, ки мафҳумҳои умумиро дорои воқеияти хақиқӣ мешумориданд, яъне на ашёҳои эмпирикӣ ё чизҳо, балки фақат универсалияҳо (мафҳумхои умумӣ) дар хақиқат вуҷуд доранд (universalia sunt realia). Наметавон гуфт, ки ақидаи вуҷуди мафҳумҳои умумӣ ҳодисаи нав дар фалсафа буд, балки ҳанӯз Афлотун вуҷуди воқеии ғояҳои чизҳоро таъкид кардааст, ғояҳое, ки тағйирнопазир ва абадианд. Аммо тасаввуроти реалистон аз афлотуниён фарқ дошт. Универсалияҳо то чизҳо дар хиради илоҳӣ, ба қавли реалистон, вуҷуд дошт. Фақат ба ҳамин сабаб хиради инсонӣ ҳозир нест моҳияти чизҳоро дарк кунад ва ин моҳият ҳамон мафҳумҳои умумӣ мебошанд. Аз ин хотир, масалан, аз рӯи ақидаи Акселми Кентерберӣ, маърифати чизҳо имкон дорад, зеро фақат хирад қодир аст чизҳои умумиро дарёбад. Гурӯҳи дигари файласуфон, баръакс чунин ҳисоб мекарданд, ки вуҷуди воқеӣ чизҳо доранд ва мафҳумҳои умумӣ номи он чизҳо мебошанд. Аз ин номи ин равия аз лотинӣ ‘’nomen’’,яъне ном, номинализм ба худ гирифтааст. Онҳо афзалияти иродаро бар ақл таъкид мекарданд. Мафҳумҳои умумӣ номҳое ҳастанд, ки инсон дар раванди маърифат хусусиятҳои умумии чизҳоро ба назар гирифта, ба маҷмӯи чизҳо додааст. Масалан, мафҳуми “инсон ”, ё ҳар мафҳуми дигареро, ки нагиред, хусусияти умумии он объектҳои фикрро ифода мекунанд ва онҳо танҳо ҷиҳатҳои умумиро фаро гирифтаанд. Масалан, дар мафҳуми инсон “мавҷуди боақл ”, “нотиқ” “қомати ростдошта”, “бо ду по ҳаракаткунанда” ва ғайра дар назар гирифта шудааст. Баъзе мутафаккирон дигар хислатҳои умумии инсонро низ муайян кардаанд, масалан, “баногӯши нармдошта”, ‘’қобилияти дигаронро хандонидан», «эътиқод доштан ’’, “соҳибахлоқ будан” ва ҳоказо. Баъзе номиналистҳо ҳатто фақат аз маҷмӯи овозҳо иборат будани мафҳумҳои умумӣ (Ростселин), фақат маҳсули хаёлот будани онҳо ва дар ақл вуҷуд надоштанашонро низ баён кардаанд. Баҳси реалистон ва номиналистон аз таносуби воҳид (ягона) ва кулл бармеояд. Масъалаи мазкур ҳанӯз дар фалсафаи атиқа мавриди баҳс буд. Аз ҷумла, Арасту онҳоро ба моҳиятҳои аввал ва дуюм тақсим кардааст.

Бузургтарин асари Августин, ки дар болои он тақрибан 30 сол заҳмат кашид, ”Илми масеҳӣ ё асосҳои Герменевтикаи Муқаддас ва маҳорати суханварии калисо” ба ҳисоб меравад. Ин асар дар воқеъ, аввалин асари комил дар герменевтика ба шумор меравад. ӯ чандин роҳҳои амалии тафсири Катибаи муқаддасро дар асараш нишон дода, ғояҳои семиотекии аломатҳоро тасвир намудааст. Герменевтика (аз юнонӣ-шарҳ медиҳам, тафсир мекунам маъно дорад )-илме аст, ки матнҳои адабиёт ,санъат, фалсафа, динро тафсир мекунад. Бештар ба таҳлили грамматикии забон машғул буда, ҷиҳатҳои таърихии он матнҳоро муайян месозад. Семиотика, ки ғояҳои он дар асари Августин ифода ёфтааст, илм дар бораи аломатҳо ва масъалаҳои ба ин аломатҳои забонӣ марбут мебошад. Худи аломат масъалаи баҳси мантиқ аст ва Августин фикрҳои муҳиме доир ба мантиқбаён доштааст. Яке аз шарҳҳое, ки нисбати аломат Августин иброз доштааст, муайян кардани маънои аломатҳо мебошад. Тасаввуротро ӯ мазмуни аломат медонад ва аз ин ҷо одамон якдигарро мефаҳманд ба он сабаб, ки ҷонҳо бо ҳам қаробат доранд ва бархӯрди ҷонҳо ба ҳамон як аломат тасаввуроти якхеларо дар онҳо ба вуҷуд меоварад. Аломатҳо инчунин дар матн якхела фаҳмида мешаванд.

Минбаъд ақидаҳои фалсафии аттиқа нуфузи худро хеле нақши додаанд. Ба қавли Юстин, “ Ман масеҳиям ва аз ин ифтихор намуда, худро чунин меномам ”. Назарияи Афлотун бо масеҳият созгор нест ва дигар ҳеҷ вақт онҳо бо ҳам наоянд, чунки он бо дигар назарияҳо, на назмӣ, на насрӣ мувофиқ нест, фаҳмида мешаванд, ӯ асли бисёр муҳими герменевтика асли конгениалиро ба миён мегузорад, яъне мувофиқ омадани имкониятҳои эҷодии созандаи матн ва шарҳдиҳандаи он. Аз ин ҷо мазмуни ин ё он нуқтаи Катибаи муқаддасро касе мефаҳмад, ки башорати илоҳӣ ба ӯ расида бошад. Ин ақида дар ислом низ вуҷуд дорад ва мазмуни бисёр оятҳоро танҳо росехон, шахсони дорои илҳоми худовандӣ метавонанд дарк кунанд. Ғояҳои мантиқӣ ва фалсафии Августин то давраи Реформатсия қариб, ки нуфузи худро аз даст надоданд. Аз оғози асри 6 патристика ба инқироз дучор мешавад ва оҳиста-оҳиста мавқеи худро дар афкори фалсафии давр аз даст медиҳад. Яке аз намояндагони шинохтаи охири патристика Дионисий Ареопагит мебошад. ӯ сохтори иерархии калисоро мувофиқ ба таълимоти масеҳӣ сохтааст. ӯ намояндаи илоҳиёти манфӣ мебошад.

Шахсияти машҳури ин давра Максим Исповедник буд, ки моҳияти дуҷиҳата ва ягона доштани Масеҳоро таъкид мекард. Ба қавли ӯ, Масеҳо ҳам дорои ҷисм ва ҳам улуҳият мебошад. Барои ин ақидааш забону дасти ӯро бурида, бадарғааш намуданд ва дар ғурбат вафот кард. Вале дере нагузашта Калисо тезисро дар бораи “Масеҳо ҳамчун инсони воқеӣ ва худованди хақиқӣ” қабул намуд ва ба Максим номи Исповедник, яъне шоҳиди эътиқоди Ҳақиқӣ ба Масеҳо доданд.

Аз оғози асри 6, баъди он ки император Юстиниан ҳамаи мактабҳои давраи ҷоҳилӣ (давраи эллинизм)-ро мебандад ва мактабҳои роҳибӣ, епископӣ, дарборӣ кушода мешаванд, давраи схолистика оғоз мешавад. Ба гузариш ба схолистика осори Северин Боэтсий (480-524) хеле мусоидат мекунад. ӯро охирин римӣ ва аввалин схоласт меноманд. Боэтсий ба забони лотинӣ осори Арастуро тарҷума намудааст. Хусусан, осори мантиқи Арастуро аз маҷмӯаи “Органон ”. Тақрибан то асри 13 ягонаи манбаи омӯзиши фалсафаи Арасту тарҷумаҳои Боэтсий ҳисоб мешаванд. Боэтсий дар доираи ахлоқи масеҳӣ муҳокима ронда, саодати абадро дар эътиқод ба Худо мебинад. Аммо таҳқиқотҳои Боэтсий дар соҳаи мантиқ хусусияти нав дошта, ҳукмҳои қатъиро бо ёрии квадратҳо ба система медарорад ва ба ин система модусҳои силлогизмҳои шартиро дохил мекунад. Бо оғози давраи схоластика фалсафа хусусияти нав пайдо карда, эътиқод ба хирад ва муҳокимаҳои фалсафӣ бештар мегардад. Гурӯҳи зиёди файласуфон, мисли Иоанн Скот Эруиген (810-877), ки асосгузори схоластика дониста мешавад, Акселми Кентерберӣ (1033-1109), Пйер Абеляр (1079-1142) ва дигарон ба фалсафаи давраи схоластика асос гузоштаанд. Иоанн Скот аслҳои илоҳиёти апофатикӣ (ба Худо хусусиятҳои олами маҳлуқро нисбат додан нашояд) баён карда, онҳоро бо аслҳои илоҳиёти катафитикӣ (ҳукмҳоро нисбати худованд бояд чун ба ваҷд омадан баён дошт) пайваст ва таъкид намуд, ки низоми дунявӣ ба низоми илоҳӣ мувофиқат мекунад ва ҳукуматҳои дунявӣ инъикоси ҳукумати илоҳӣ мебошад. Акселми Кентерберӣ аз ҷумлаи аввалин файласуфони схоласт ҳаст, ки далелро барои исботи вуҷуди Худо меоварад, зеро мафҳуми “Худо”,-мегуфт ӯ,-мо аз ҳама бузургтарин объекти фикрро мефаҳмем. Объекти аз ҳама бузурги фикр бояд вуҷуд дошта бошад, зеро дар акси ҳол боз объекти аз он ҳам бузургтар вуҷуд медошт. Барои ҳамин ҳам Худо вуҷуд дорад.[3]

Дигаре аз мутафаккирони барҷастаи асри XII Пйер Абеляр буд, ки дар баҳс доир ба мафҳумҳои умумӣ мавқеи номиналистиро ишғол мекард ва таъкид менамуд, ки ба таври воқеӣ танҳо чизҳои ҷудогона вуҷуд доранд, мафҳумҳои умумӣ дар фикр мавҷуданд, чун мафҳумҳои абстрактӣ. Хирад нисбатан мустақил аст. Катибаи Муқаддас мавриди баҳси ақлонӣ набояд қарор гирад, аммо нуқтаи назари калисо метавонад боиси танқид шавад.

Аз асри XI дар Аврупо миқдори университетҳо хеле зиёд мешаванд, ки асосан дорои чаҳор қисм -фалсафа, илоҳиёт, хуқуқ ва тиб буданд. Инкишофи университетҳо ба тадқиқотҳои илмӣ ва рушди фалсафа имкони бештар фароҳам оварданд. Дар натиҷа файлсафони асримиёнагӣ қуввати бештар гирифтанд ва дар рушди баландтари афкори фалсафӣ мусоидат намуданд. Ин давраро давраи схоластикаи миёна меноманд. Намояндагони барҷастаи фалсафаи ин давра -Фомаи Аквинӣ (1225-1274), Роҷер Бекон (1215-1292). Боневантура (1221-1274), Алберти Бузург (1206-1280), Иоанн Дунс Скот (1265-1308) ва дигарон мебошанд. Дар ин миён яке аз шахсиятҳои барҷаста, ки дар соҳаҳои гуногуни илм тадқиқотҳо дорад, Роҷер Бэкон буд. ӯ ба ғайр аз фалсафа, ба кимиё, астрология, математика, физика, астрономия машғул шуда, асоси табиатшиносиро гузаштааст. ӯ ихтирои телескопро пешгӯйӣ карда буд. Дониш ба гуфти ӯ, ба одамон манфиат меоварад. Бэкон санҷиши таҷрибавиро муҳим шумурда, онро воситаи исботи хақиқат медонад. Аммо ба дониши ақлонӣ чандон боварӣ надошт, ҳарчанд ки математикаро калиди дарвозаи (porta et clavis) илмҳо медонист.[4] Р.Бэкон таносуби фалсафа ва илоҳиётро омӯхта, онҳоро муқобил намегузорад. Ба қавли ӯ, таҷриба, дониш, фалсафа ба эътиқод мухолиф нестанд, зеро онҳо натиҷаи ваҳйи худовандӣ мебошанд. Фалсафаи ахлоқро дараҷаи олии дониши илмӣ мешумурд ва кашфиётҳои илмӣ бояд барои ташкили шароити ҳаётие, ки дар он некӣ ҳукмрон бошад, кӯмак кунанд.

Ҳамчунин Алберти Бузург донишманди бисёр соҳаҳо буд ва фалсафаро хеле ба дараҷаи баланд гузошта, муқобилони онро “хайвонҳои нодоне, ки он чиро намедонанд, дар борааш ҳукм мекунанд” ном бурдааст. ӯ синтези фалсафаи атиқа бо таълимоти масеҳиятро имконпазир дониста, мафҳумҳои фалсафаи Арастуро мисли “ҷон ҳамчун ҷавҳар ”, “таконбахши аввал” ва ғ.-ро бо таълимоти масеҳӣ мисли ”ҷон шакли ҷисм”, “ҳастии беҳудуд” ва ғ. мувофиқ мешумурд. Вале боварӣ дошт, ки фалсафа бояд тобеи дин бошад ва ба дин хизмат кунад.

Шинохтатарин ва бузургтарин намояндаи схоластика шогирди Алберти Бузург Фомаи Аквинӣ мебошад. ӯ мероси Арастуро ба фоидаи дини масеҳӣ истифода карда, нишон дод, ки “фалсафаи Арасту асосан дуруст аст ва бо ҳамин сифаташ метавонад воситаи пурқуввати бунёди ҷаҳонбинии умумии дини масеҳӣ бошад.[5] Мақсади Фома дар воқеъ ба вуҷуд овардани теологияи масеҳие, ки арзишмандтарин ақоиди фалсафиро, чӣ фалсафаи Арасту, чӣ фалсафаи исломию яҳудӣ ва чӣ патристика, фаро гирад, буд. Вале фалсафаи Арастуро дар ин байн аз ҳама мувофиқтар мешумурд. Пас, зарур буд, назари калисои масеҳӣ ба фалсафа тағйир ёбад, синтези фалсафа ва теология имконпазир бошад

ва теология аз асосҳои фалсафа ба фоидаи худ истифода кунад. Ин вазифаро Фома мақсади худ қарор дода, баҳри амалӣ шудани он кӯшиш намуд. Бо вуҷуди ин Фома вазифаҳои теология ва фалсафаро гуногун медонист. Он чи ки барои теология ва авторитети Катибаи Муқаддас бебаҳс аст, барои фалсафа муроҷиат ба авторитет заифтарин далел аст аз тарафи Фома таъкид шудааст, вале бо вуҷуди ин ҳамкории онҳо имконпазир ва зарур дониста шудааст, зеро фалсафа, ба қавли ӯ, метавонад дониши муфид барои тасаввуроти дуруст дар системаи донишҳо нисбат ба илоҳиёт мақоми поёнтарро ишғол менамояд. Фомаи Аквинӣ се намуди хақиқатро фарқ мекунад. Ҳақиқати ақлонӣ, намуде аст ба воситаи хиради табиӣ исбот мешавад; ғайриақлонӣ (ирратсионалӣ) ва сеюмӣ фавқулақлонист, ки дар фалсафаи исломӣ ин маърифати ақлро илҳом ва ваҳй гӯянд, муҳокимаҳои Фомаи Аквинӣ тақрибан ба ҳамин наздик аст. Масалан, дарёфти ягонагии Худо дар се сурат -(ипостас) офариниши олам аз ҳеҷ, маъод, (қиёмат зиндашавии мурдаҳоро) бо ақл фаҳмидан номумкин аст. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳоро рад намудан даркор аст, балки дар хиради илоҳӣ онҳо равшан ифода ёфтаанд, ин хақиқатро танҳо ба воситаи эътиқод метавон дарёфт. Фома бо ҳам пайвастани эътиқод ва хирадро, ки Августин баён карда буд, инкишоф дода боҳамсозии (гармонияи) онҳоро асоснок намуд. Фарқ гузоштан дар байни хақиқати фалсафа ва ҳақиқати дин, ба қавли В.В. Соколов, имкон медиҳад, ки асосе барои теологияро аз фалсафа ва илм болотар дониста ва теологияро илм эълон карда, шавад.

Барои исботи ҳақиқатҳои дин инчунин масъалаи фарқ гузоштан дар байни моҳият ва вуҷудият дар фалсафаи асримиёнагӣ самаранок истифода шудааст. Фомаи Аквинӣ низ моҳият ва вуҷудият аз ҳам фарқ мекунад. Ба қавли ӯ, инсон дар бораи чизе мафҳум дошта бошад, вале дар бораи вуҷудияташ чизе надонад. Масалан, кӯдак дар бораи кит ва динозавр мафҳум дорад, вале ӯ намедонад, ки кит вуҷуд дорад, вале динозавр не. Шояд ҳукми “ашёи бо мафҳумаш мувофиқ вуҷуд дорад ” дуруст бошад, вале ин дурустӣ тасодуфӣ аст. Мувофиқати моҳият ва вуҷудият танҳо дар хиради илоҳӣ   имконпазир аст. Айнияти вуҷудият ва моҳият дар хиради илоҳӣ абадӣ аст ,аммо дар чизҳо он муваққатӣ мебошад.

Чунон ки маълум мегардад, масъалаи вуҷудият ва моҳият дар баробари масъалаи эътиқод ва хирад аз муҳимтарин масъалаҳои баҳси фалсафа ба шумор мерафт. Фомаи Аквинӣ на танхо яке аз шинохтатарин чеҳраҳои фалсафии ин давр, балки ба системадарорандаи ин фалсафа мебошад. Фалсафаи асримиёнагии Аврупо аз мавқеи муқобилгузорие, ки дар аввал ба миён омад, дур шуда бештар ҳамоҳангии онҳоро таъкид намуд. Баръакси Тертуллиан, ки мегуфт “боварӣ дорам, барои он ки аз ақл берун аст”, Августин тезиси “боварӣ дорам, барои он ки бифаҳмам”- ро муқобил гузошт. Ин фикри Августинро инкишоф дода Фомаи Аквинӣ имконияти ҳамкорӣ ва мувофиқати дину хирадро ба таври зерин муайян кардааст:1. Дар байни методҳои маърифат ва эътиқод бисёр монандиҳо вуҷуд дорад.

— Ҳам эътиқод ва ҳам хирад он чизро -Худо ва олами офаридаи ӯро маърифат мекунанд.

— Ҳарду метод-ҳам эътиқод ва ҳам хирад-якдигарро истисно намекунанд, балки пурра месозанд.

— Ҳарду манбаи маърифатро Худованд сохтааст ва ҳар ду хаққи вуҷудият доранд.

  1. Вале монандии ин ҳарду манбаи дониш маънии боварӣ ва боварҳуқуқии онҳоро надорад. Байни онҳо фарқиятҳои ҷиддӣ вучуд доранд:

— Эътиқод хакиқатро қабул дорад (ба эҳсосот, хоҳиш ва ирода такя карда) пеш аз ҳама хақиқати вуҷудияти Худои офаридгорро.

— Хирад ҳамеша ба хақиқатҳои дарёфтааш шубҳа дорад, доимо дар ҷустуҷӯи далелҳо мебошад, ҳатто далелҳо дар бораи ҳастии Худо.

-Барои ҳамин ҳам эътиқод аз хирад болотар аст, ки “нури табиии илоҳӣ” мебошад, ки бевосита аз Худо бармеояд. Бо ин нур Таврот нуронӣ ва ҳақиқатҳои илоҳиёт низ нуронӣ шудааст. Хирад бошад, ин воситаи инсонӣ ва қобилияти он аст. Ин “нури табиӣ”, ки дар ҳақиқатҳои фалсафӣ таҷассум ёфтааст, ба он нигаронида шудааст, ки фақат “хизматгори илоҳиёт” бошад. Фомаи Аквинӣ ба ҳамин навъ таносуби эътиқод ва хирадро баён доштааст. Маҳз ба хирад такя карда, далелҳои ақлонӣ барои исботи вуҷуди Худо меоварад. Албатта, Фомаи Аквинӣ ягона шахсе набуд, ки ба исботи вуҷуди Худо даст зада бошад. Дигарон низ бурҳонҳое дар ин маврид овардаанд. Яке аз онҳо Акселми Кентерберӣ буд. Маҷмӯи бурҳонҳоеро, ки барои исботи вуҷуди Худо оварда шудаанд, дар фалсафаи дин бо номи “бурҳонҳои вуҷудӣ” маъруфанд. Он ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ дар байни файласуфон ба вуҷуд омада, минбаъд дар тӯли таърихи дурударози худ такмил ва тасҳеҳ шудааст. Аввалин касе, ки дар фалсафаи исломӣ ин бурҳонро асоснок намуд, Ибни Сино буд. Ибни Сино исботи вуҷуди Худовандро ба вуҷуди имконот ва воҷибот алоқаманд месозад. Ба фикри ӯ, ҳар имкон эҳтиёҷ ба воҷиб дорад, яъне имконулвуҷуд ба воҷибулвуҷуд вобаста аст. Офаридгор «воҷибулвуҷуд » аст, ки ҳама имконотулвуҷудро сабаб шудааст.

Аммо бурҳони вуҷудӣ дар таълимоти файласуфони Ғарб бо навъ ё истилоҳоти дигар ифода шудааст. Акселм, ки қаблан номаш рафт, аз касоне буд, ки бурҳони вуҷудиро асоснок намуд ва он ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифонро дар фалсафаи Ғарб пайдо кард. Бурҳони Акселм (1109-1193) чунин буд : Худованд мавҷуде аст, ки бартар аз ӯ қобили тасаввур нест. Чунин мвҷуде, ки бартар аз ӯ нест, ба зарурат мавҷуде аст на танҳо дар зеҳн, балки берун аз зеҳн (ба таври воқеӣ ) вуҷуд дорад. Бинобар ин Худованд на танҳо дар зеҳн, балки ба таври воқеӣ (берун аз зеҳн) мавҷуд аст.

Аз ҷумлаи мухолифини ин бурҳон дар радифи дигарон Фомаи Аквинӣ буд. Вале бояд зикр кард, ки умри ин бурҳон хеле тӯлонӣ шуда, то имрӯз аз ҷониби баъзе файласуфону мутафаккирони дин дастгирӣ мешавад. Танқиди шадиди ин бурҳонро файласуфи немис Кант (1724-1804) додааст. Кант заъфи бурҳонро дар он мебинад, ки он танҳо ба фарзия такя дорад на ба исботи воқеӣ, зеро ҳукмҳои он ба зиддият мувоҷеҳ мебошанд, роҳи исботи вуҷуд хоси таҷриба аст, на ин ки марбут ба таьрифҳо бошад. Фомаи   Аквинӣ дар нисбати ин бурҳон гӯяд, ки он тавр нест, ки ҳар касе дарк   кунад, ки Худованд   бартарин мавҷуде   аст, ки қобили тасаввур аст. Он шаьну мартабаи Худоро ҳамчун мавҷуди комили мутаол исбот   мекунад, на вуҷуди Худоро. Ба фикри аксари мутафаккирон бурҳони Акселм ҷустуҷӯе дар роҳи вуҷуди Худо аст,   на исботи вуҷуд. Фома кӯшиш намуда аст, ки ба таьлимоти Арасту   такя карда аслҳои илоҳиёти масеҳиро   нишон диҳад, дар шакле, ки таьлимоти Арасту бо таьлимоти   масеҳият ихтилоф пайдо накунад. Фомаи Аквинӣ   мабдаи Олӣ ҳастиро нишон   дода, Худоро чунин ҳастӣ медонад, ҳастие, ки ҷаҳонро офаридааст. ӯ барои   далел аз таносуби   мафҳумҳои моҳият ва ҷавҳар истифода мекунад. Ба қавли ӯ,   моҳият ҳамчун ҷавхар, ҳастии мустақил дорад. Аксидентсия (хусусият, сифат), баръакс чунин ҳастии мустақил надошта, вобастаи   ҷавҳар (субстансия) аст. Аз ин   ҷо шаклҳои субстансионалӣ ва аксиденсионалӣ ҳастанд. Аз шакли субстансионалӣ дида мешавад, ки чиз ҳаст ва чиз нест ва онҳо ҳастии содда доранд. Шакли   аксиденсионалӣ манбаи сифат, хусусияти   чиз аст. Аз ин   ҷо ҳолати фаъол (актуалӣ) ва имконият вуҷуд дорад. Ҳастӣ ҳолати аввали актуалии чиз аст. Ҳар як чиз он кадар ҳастӣ дорад, ки ҳамон қадар ҳолати актуалӣ дорад. Аз рӯи актуалӣ будан (воқеӣ будан), чизҳо чаҳор дараҷаи ҳастӣ доранд. Дар дараҷаи аввал шакл, ки муайянии зоҳирии чизҳо (causa formalis) мебошад. Дараҷаи дуюм — шакл сабаби ниҳоӣ (cousa finalis) аст, ончи, ки Арасту “ҷони растанӣ” меномид, ҳамчун ҷисме, ки аз дохил шакл ҳосил мекунонад, мисли растаниҳо. Дараҷаи сеюм ҳайвонот — шакл дар ин ҷо сабаби фаъол аст ва ниҳоят дар дараҷаи чорум — шакл асли воқеият бахши модда ҳаст, худ ба худ, новобаста ба модда (материя) вуҷуд дорад, яъне ҷони боақл олитарин шакли офаридаи Худованд мебошад. Бинобар он ҷон дар баробари марги ҷисм намемирад, дорои ҳастии худ аст. Ҷони ҳайвонот бо марги онҳо мемирад, ҷони инсон абадзинда аст. Хирадро Фома шакли олии қобилияти инсон дониста, мавқеи онро дар иродаи инсон муҳим мешуморад. Ба шарофати он инсон некию бадиро аз ҳамдигар фарқ мекунад ва онро ақли амалӣ меномад. Дар ниҳояти фалсафаи Фома фард (индивид) қарор дорад. Он фарде (персонае) аст, ки дар маркази фалсафаи Фома ва тамоми фалсафаи асримиёнагии Аврупо ҷой гирифтааст. Персонализм хусусияти муҳими ин фалсафа аст. Персонализм дар фалсафа (аз лотинӣ persona-шахсият) фардпарастӣ аст. Тамоми олам зуҳури фаъолияти эҷодкоронаи шахс-Худо аст. Худованд холиқи хама чиз мебошад ва он сарчашмаи фаъолияти эҷодкоронаи инсон, эҷодбахши он аст.

Персонализм асли теистии фалсафаи асримиёнагии Аврупоро боз ҳам равшантар намоён сохтааст. Фома ба зудӣ нишон додани асосҳои назарияи фалсафаи схоластикӣ нисбат ба табиат исботҳои вуҷуди Худоро низ додааст. ӯ панҷ бурҳони вуҷуди Худоро асоснок кардааст.

Далели аввал ба ҳаракат алоқаманд аст. Чун Арасту, ӯ ҳама чизро дар ҳаракат медонад. Вале ин ҳаракат бояд манбаи ҳаракатро дошта бошад, чунин манбаъ Худо аст, яъне Худо муҳаррики аввал, таконбахши ҳаракат аст. Ин далел, албатта, далели нав нест, ба ҳамин монанд чи дар фалсафаи гузашта ва чӣ замони ӯ дар Шарқи исломӣ низ вуҷуд дошт.

Далели дуюми ақлонӣ ба масъалаи сабабият иртибот дорад. Ҷаҳон аз маҷмӯи сабабиятҳо ва натиҷаҳо иборат аст. Вале ин сабабҳои бо ҳам алоқаманд, дар ниҳояти кор ба сабаби аввала вобастаанд. Чунин сабаби аввал Худо аст. Мафҳуми фалсафаи исломӣ “сабабуласбоб ” ин маъниро хеле равшан ифода карда аст.

Назари файласуфони исломӣ иллиятро асос карда, онро бурҳони вуҷуди Худо донистаанд, бо далели Фома наздик аст, вале фикри онҳо дар фаҳмиши иллат ва маълул ва мартабаи онҳо фарқ мекунад.

Далели чаҳорум аз фаҳмиши зарурат ва тасодуф сар мезанад.

Ҷаҳон дорои тасодуфот ва зарурат, қонунмандӣ мебошад. Олам ба қонунҳои зиёд амал мекунад. Мутобиқи қонунҳои муайян ҳаракати сайёраҳо сурат мегирад, чизҳои заминӣ, табиӣ, ҳаёти инсон низ ҳамин гуна қонунмандиҳо доранд. Кӣ ба олам қонунмандиро ворид сохтааст, қонуни якуми асосиро кӣ додааст? Холиқи чунин қонунмандӣ танҳо Худо метавонад бошад. Далели чаҳоруми Фома ба тасаввурот дар бораи камолоти ҷаҳон марбут аст. Ҷаҳон пирамидае аст, ки зинаҳои гуногуни камолот дорад. Ҳар як зина аз дигараш афзалтар аст. Дар ин пирамида бояд нуқтаи аз ҳама олии камолот бошад, камолоти мутлақ ва олӣ. Чунин камолоти олию мутлақ Худо аст. Таълимот дар бораи маротиби вуҷуд ё ҳастӣ дар фалсафаи тасаввуф хеле барҷаста зикр шудааст ва инъикоси худро дар исмоилия, хусусан тасаввуроти онҳо дар бораи олам пайдо кардааст.

Далели панҷум мақсаднокӣ, низоми муайян дар ҷаҳон аст. Олам бо тамоми дигаргуниҳо, гуногунрангияш ягона, бонизом, мақсаднок сохта шудааст, дар он мақсади ниҳоӣ вуҷуд дорад. Чунин манбаъ, ки ба олам низому тартиб ҷорӣ мекунад, Худо мебошад. Ин далелҳо ҳамаашон хусусияти абстрактӣ ва ақлонӣ доранд. Дар байни онҳо ҳатто як далели эмпирикӣ ,ки вуҷуди Худоро аз рӯи эҳсосот , хоҳиш , таҷриба нишон диҳад, вуҷуд надорад. Ин хусусияти далелҳои Фома бо вуҷуди таъсири зиёдашон ба фалсафаи дин, на якбору дубор мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Далоили исботи вуҷуди Худо бо номҳои далели онтологӣ-вуҷудӣ, бурҳони имкон, бурҳони иллият, бурҳони тартиб ва назм (мақсаднокӣ) ва бурҳони ахлоқӣ назди уламои исломӣ низ маъруфанд. Ва Фомаи Аквинӣ фақат як намуди аз ин бурҳонҳо (бурҳони вуҷудӣ)-ро исбот кардааст. Вале таълимоти Фомаи Аквинӣ ба тафаккури фалсафаи асраш ва асрҳои минбаъда таъсири амиқе гузошт ва бо номи томизм то ба ҳол вуҷуд дорад. Фалсафаи расмии калисои католикӣ-неотомизм, аз ҷумла, ин далелро ба субут мерасонад.

Танқиди томизм, пеш аз ҳама, ба далелҳои динӣ такя дошта, ба анъанаҳои масеҳият асос ёфтаанд. Аз рӯи таълимоти дин иродаи Худованди муқтадир аз хирад болотар буда, онро муайян мекунад. Ин танқид ба давраи инкишофи номинализм рост меояд, хусусан ба асри 14, ки намояндагони он Уилиям Оккам (1285-1349), Жан Прудин (1300-1384) Николай аз Отрекур (1300-1350) дар номинализм анъанаҳои таълимоти аристотелизм (Алберти Бузург, Фомаи Аквинӣ) аз нав дида баромада мешавад, аз ҷумла алоқамандии ҳастӣ бо категорияи моҳият. Фомаи Аквинӣ низ дар байни моҳият ва ҳастӣ фарқ мегузорад, зеро онҳо танҳо дар хиради илоҳӣ айният пайдо мекунанд, афзалияти хирад маълум мегардад, дар айни замон структураи иерархияи ҷаҳони махлуқ ошкор мешавад.

Номиналистҳо, қабл аз ҳама, ба таълимоти Дунс Скот такя мекарданд, ки афзалияти иродаро бар хирад нишон дода буд ва иродаи илоҳиро сабаби ҳар гуна ҳастӣ медонист. Ба қавли ӯ, Худованд аз рӯи иродаи худ аввал чизҳоро халқ мекунад ва баъд ғояи чизҳо дар хиради илоҳӣ ба шакли мафҳумҳои умумӣ ҷой мегирад. Таълимоти Арастуро онҳо тафсири нав медиҳанд, ба гуфти Оккам, ба таври воқеӣ танҳо чизҳои фардӣ вуҷуд доранд, танҳо дар ҷони маърифаткунанда мафҳумҳои умумӣ пайдо мешаванд. Ҷавҳар (субстансия) хислати мустақили худро ҷудо аз аксидентсия надорад. Худо, ба гуфти номиналистҳо, ҳар гуна аксидентсияро бе он ки эҳтиёҷ ба субстансия дошта бошад,меофарад. Дар натиҷа нуктаи асосии томизм -шакли ҷавҳарӣ ва аксидентсионалӣ қимати худро аз даст медиҳад, яъне он системаи иерархии ҳастӣ, ки томизм эътироф дошт, қимати худро гум карда , дар фалсафа рӯ ба таҷриба, ҷаҳони эмпирикӣ оварда мешавад. Асосе ба вуҷуд меояд, минбаъд дар ин асос эмпиризм рушд ёбад. Азбаски маърифат ба зот (мафҳумҳо) нигаронида нашуда, ба омӯзиши ҳаводис равона шудааст, пас мақсади маърифат донистани алоқамандии ҳодисаҳо, чизҳо мебошад. Қобилияти назариявӣ дар номинализм хусусияти онтологии худро аз даст медиҳад, ақл ҳамчун ҳастии олии махлуқ чандон эътибор надорад. Ақл на ҳастӣ, балки тасаввур дар бораи ҳастӣ аст, тасаввуроте дар бораи субъекти муқобил бар объект ҳосил мешавад, ки ба шарҳи субъективии ақл оварда, хусусиятҳои психикӣ бар физикӣ афзалият пайдо мекунанд, зеро ба инсон бе восита тааллуқ дорад, на ба восита. Чунонки маълумот бавосита дар инсон ҳосил мегардад. Дар ҳар сурат танқиди номиналистии реализми Фома таконе зиёде ба равияи ояндаи фалсафа -эмпиризм бахшидааст. Номинализм аз баҳс дар бораи мафҳумҳо ба нишон додани хусусиятҳои дониш гузашта, донишро ба дониши абстрактӣ ва эмпирикӣ ҷудо мекунад. Дониши абстрактӣ ҳақикатҳои равшан, бебаҳсро фаро мегирад, чунин навъи донишро реализм таъкид мекард. Дониши эмпирикӣ бошад, аниқу муайян нест, тасаввурот на дар бораи ҷиҳатҳои умумӣ, балки дар бораи ашёи ҷудогона мебошад, ки он ба воситаи индуксия ҳосил мегардад. Дониши абстрактӣ, агар ҳакиқатҳои аксиоматикиро фаро гирад, дониши эмпирикӣ маълумот дар бораи чизҳои ҷудогона ҳосил мекунад. Ташаккули мафҳуми конкретӣ дар бораи чизҳои ҷудогонаро ба вуҷуд меорад. Дунс Скот бори нахуст тақсими мафҳумҳоро ба конкретӣ ва абстрактӣ ҷудо карда, табиати онҳоро ошкор месозад. ӯ вуҷуди фардҳо -чизҳои алоҳидаро эътироф карда, дар айни замон мафҳумҳои умумиро натиҷаи фаъолияти фикрии инсон медонад. Ба қавли ӯ, агар инсон ба воситаи ҷинс, гурӯҳ, яъне мафҳумҳои умумӣ ашёҳоро ифода накунад ва онҳоро аз ҳам ҷудо накунад, бесарусомонӣ ба вуҷуд меояд. Муҳокима ва фаҳмиши онҳо имконнопазир мегардад. Қобили таваҷҷӯҳи таълимоти Дунс Скот дар бораи интенсия, яъне майли шуури инсон ба объект аст. Агар ин объектҳо ашёҳои воқеӣ бошанд, пас интенсия аввалин аст, агар ғайривоқеӣ, объектҳои фикрӣ бошад, он дуюмдараҷа аст. Инчунин таълимот дар бораи суппозитсия — ин истифодаи истилоҳи тағйирёбанда ба ҷои истилоҳи доимӣ, ки аз бисёрӣ гирифта шуда бошад, мебошад. Мафҳуми суппозитсия ду навъ абстрактсия-ҷудокунанда ва ҷамъбасткунандаро фарқ мекунонад, яъне ду намуди кванторҳо мисли “ҳама”, “баъзеҳо” истифода мешаванд. Ин кванторҳо дар қазияҳои мантиқӣ ҳукмҳои умумӣ ва хусусӣ, ҷузъӣ месозанд, мисли “Ҳамаи металлҳо ноқиланд”; “Баъзе донишҷӯён фанни мантиқро мехонанд” ва ғ.

Муҳокимаи мафҳумҳои умумӣ дар фалсафаи давраи охири схоластика низ идома ёфт. Шахсияти барҷастаи ин давраи фалсафаи Ғарб Уилям Оккам (1290-1349) мебошад. Оккам таъсири фалсафаи Шарқ, хусусан фалсафаи Ибни Сино ва файласуфи яҳудӣ Маймонид (1135-1204) –ро эҳсос кардааст. ӯ аз гурӯҳи мухолифати калисо спритуалҳо буда, папаро ба бединӣ маҳкум мекард. Ин равия шикаст мехӯрад ва Оккам гурехта худро дар паноҳи Людвиг Баварский мегирад. Шаҳзода Баварский ӯро ба ҳимояи худ мегирад. Оккам, гӯё гуфта бошад, ки “Ту маро бо шамшер ҳимоя кун, ман туро бо қалам ҳимоя мекунам. ”Оккам намояндаи номинализми танқидӣ аст. ӯ Худоро ҳамчун мавҷуди озоду муқтадир, орӣ аз ҳар гуна зиддият медонист. Табиатро, баръакс, зиддиятнок, тасодуфӣ мешумурд. ӯ навъҳои гуногуни донишро эътироф дошт: аз ҷумла, дониши интуитивӣ ва абстрактӣ, ки дар сатҳи он мафҳумҳои абстрактӣ ба вуҷуд меояд. Вале ин донишест, ки ба воситаи он инсон вуҷуди объектро дониста наметавонад. Мафҳумҳои универсалӣ асосҳои ҷавҳарӣ надоранд ва берун аз ақл вуҷуд дошта наметавонанд. Ҷиҳатҳои умумӣ ба калимаҳои онҳоро ифодакунанда нисбат доранд ва ҳам ба ҷонҳои дар ашёҳо ҷой дошта ва инчунин ба аломатҳо, ки ба хотира барои ёфтани образи ашёҳо кӯмак мекунад. Оккам хизмати зиёде дар инкишофи мантиқ кардааст. ӯ назарияи суппозитсияро бо тарзи ифода дар забон алоқаманд месозад. Барои он ки мазмуни мафҳуми умумии дар забон истифодашуда фаҳмида шавад, бояд он мафҳум дар шакли фардӣ, предмети ҷудогона тасаввур шавад. Масалан гуфта шавад, ки “инсон меравад”, на мафҳуми умумии инсон, балки инсони мушаххас дар назар дошта мешавад. Ҳама мафҳумҳои фикр ҳар интентсияи дуюмдараҷа истифода мешаванд. Таносуби моҳият ва вуҷудиятро Оккам ба тарзи нав ҳал мекунад. Ин мафҳумҳо, ба гуфти ӯ, аз ҳам ҷудо тасаввур нашаванд, зеро аз он ки моҳият дар вуҷудият тасаввур мешавад, дониши инсон дар бораи моҳият зиёд намешавад, яъне аз хусусияти вуҷудият бахшидан ба мафҳум чизе тағйир намеёбад. ӯ вуҷудиятро бо тарзи тафаккури инсон дар ашёҳои воқеӣ, яъне бо квантори вуҷудият дар мантиқ айният медиҳад. Квантори вуҷудият, чунон, ки аз таърихи илми мантиқ маълум аст, аз тарафи И. Кант ва Г.Фреге ба мантиқ муосир дохил карда шуд. Аз таҳлили боло бармеояд, ки дар баҳси тарафҳо нисбати табиати универсалияҳо, хоҳиши оштӣ додани ҳарду тараф, ҳалли мусолиматомези масъаларо бо номи констептуализм ба вуҷуд овард. Констептуалум (аз лотинӣ ба маънии пайвастан, алоқаманд сохтан) ақидаи гурӯҳеро аз мутафаккирони асримиёнагӣ мисли Дунс Скот (1270-1308) гӯянд, ки ягонагиии мафҳумҳои умумӣ ва ҷузъиро дар чизҳо тарафдорӣ мекарданд. Умумӣ ба таври воқеӣ вуҷуд дорад, вале танҳо дар худи чизҳо ҳамчун моҳият. Вуҷуди мустақили умумӣ ғайриимкон аст. Таълимоти Дунс Скот тақрибан ба таълимоти Арасту дар бораи ягонагии модда ва шакл мувофиқ аст.Маҳз номинализм бо вуҷуди таълимоти динӣ -идеалистӣ буданаш асосеро барои ривоҷи муқобилбароии фалсафаи дин ва фалсафаи илм, идеализм ва материализм, эмпиризм ва ратсионализм дар фалсафаи эҳё ва давраи нав омода сохт.

Фалсафа дар Византия (асрҳои IVXV)

Вазъият дар Аврупои шарқӣ нисбат ба Аврупои ғарбӣ фарқ мекард. Дар ин ҷо давлати пуриқтидори Византия (Рум) муддати тӯлонӣ мустақилияти худро нигоҳ дошт, аз тохтутозҳои барбарҳо то андозае эмин монд. Агар дар Аврупои ғарбӣ оғози асрҳои миёнаро аз 476 мелодӣ, баъди он ки германҳо ин сарзаминро забт намуданд, ҳисоб кунанд, Аврупои шарқӣ, яьне Византия ба ин қатор дохил нест. Аз ҳамин нуқтаи назар наметавон барои минтақа соли муайянеро барои оғози асрҳои миёна муқаррар сохт. Ин кор аз он ҷиҳат ҳам мушкил аст, ки ҷудоии   тамаддуни атиқа,   дар шакли эллинизм   аз таммаддуни нави асри миёнагӣ дар он шакли ошкорое, ки дар Ғарб мушоҳида мешуд, ба назар намерасад. Бо вуҷуди   ҳукмронии масеҳият,   коркарди асосҳои динӣ рушди таълимоти он дар Византия муқобилгузории тамаддуни масеҳӣ ва эллинизм мушоҳида намешавад. Анъанаҳои   тамаддуни   қадима идома доштанд. Тамаддуни Византия аз маҷмӯи анъанаҳои атиқа, халқҳое, ки дар   Византия иқомат доштанд, мисли   мисриҳо,   суриягиҳо, арманҳо, халқҳои Осиёи Хурд ва Кафқоз, қабилаҳои Қрим, қисман славяну арабҳо иборат буд. Ҳамаи ин   тамаддунҳо бо ҳам омехта ва дар тамаддуни масеҳӣ муттаҳид   шуда буданд. Дар мамлакат   ягонагии забонӣ, динӣ ва давлатӣ ҳукумрон буд, ки ин   хусусиятҳо Византияро   аз дигар қисмати Аврупо фарқ мекунонад.   Византия давлате мутараққӣ ва пешрафтаи минтақа буда, тамоми   соҳаҳои он- илм, маориф,   иқтисодиёт, бемайлон   пеш мерафт.   Ҳамаи ин наметавонист ба афкори илмию фалсафӣ бетаъсир бошанд. Ба илм дар Византия муносибати хосе зоҳир мешуд. Дар ин ҷо   анъанаҳои илмии давраи атиқа   ҷорӣ буда, бештар ба   илмхои назариявӣ   эътибор дода мешуд,   таҷриба ва илмҳои таҷрибавӣ касб   ба ҳисоб мерафт. Файласуфони Византия   ҳамаи илмҳоро дар фалсафа муттаҳид   карда   буданд. Фаҳмиши   атиқии илмҳоро яке   аз файласуфони   маъруфи   Византия Юҳаннои Димишқӣ (675-753) дар китоби худ «Манбаи дониш» он фаҳмишеро, ки фалсафаи атиқа нисбати фалсафа муайян карда буд, бо шарҳи нав ва хеле мӯъҷаз баён доштааст. Ба фикри ӯ, (1) фалсафа дониши табиати ҳастӣ ; (2) фалсафа дониши кори Худо ва инсон ; (3) фалсафа тамрини марг; (4) фалсафа монандшавӣ ба Худо; (5) фалсафа-аввали санъат ва илм ; (6) фаллсафа муҳаббат ба ҳикмат, яъне муҳаббат ба Худо мебошад. Ин гуфтаҳои Юҳаннои Димишқӣ моҳияти муносибат ба илмро нишон медиҳанд, яъне илм эътибори бузург дар Византия дошт.

Илоҳиётшиносони Византия боигарию дастовардҳои илмии пешгузаштагонро боэҳтиёт нигаҳдорӣ карда инкишоф медиҳанд. Ҳамчунин нисбати нисбати таълимоти фалсафӣ низ эҳтиёткорӣ карда, равияҳои дар Византия мавҷудбудаи фалсафаи Юнонро боз ҳам инкишоф медиҳанд ва ба воқеияти Византия мутобиқ месозанд. Яке аз ҳамин гуна равияҳои маъруф дар Византия фалсафаи навафлотуния буд. Ҳамчунон ки маълум аст, навафлотуния нуктаҳои асосии таълимоти Афлотунро ҳифз карда, онҳоро дар партави усулҳои мантиқи Арасту аз нав таҳким бахшида, хусусан, ғояи Афлотунро дар бораи ҳастии ҳақиқӣ ба низом дароварда буд. Ин ғояҳо ба онҳо имконият медод, ки таълимоти масеҳиятро ба воситаи истилоҳоти фалсафаи Афлотун баён кунанд. Фалсафаи навафлотуния ба мутафаккирони динии Византия таъсири босазое дошт. Яке аз ин гуна мутафаккирони шинохта Дионисий Ареопагит (асри 5) буд. Ареопагит дар фалсафа ва илоҳиёт равияи нави ирфонӣ – фалсафиро асос гузошт. Тасаввурот дар бораи ҳастии ҳақиқӣ –ғояҳо, назарияи тазаккур (баёдоварӣ)-и Афлотун дар ин равия бо таълимоти масеҳият пайваст гардидаанд ва ҳолати ирфонӣ-динӣ ба худ гирифтаанд.

Далелу истилоҳоти навафлотунияро дигар мутафаккирони Византия мисли Василий Кесарӣ, Григории Назианзин, Григорий Нисский ва дигарон дар шарҳу тафсири ақоиди масеҳӣ истифода бурдаанд. Вақте вазъи илм дар Византия таҳлил мегардад, маълум мешавад, ки на ҳамаи илмҳо баробар инкишоф ёфтаанд. Асосан он илмҳое, ки ба фоидаи дини масеҳӣ, асосноккунии таълимоти он хизмат карда метавонистанд, инкишоф ёфтаанд. Илмҳои табиатшиносӣ, хусусан математика тақрибан инкишоф наёфтаанд, балки дар ҳамон ҳолате, ки онҳо дар давраи атиқа қарор доштанд боқӣ мондаанд. Дар Византия бо истифода аз илми атиқа таълимоти хосе дар шарҳу баёни масеҳият ба вуҷуд омад, масалан дар баҳсҳо доир ба ягонагии “сегонаи муқаддас” онтология, дар баҳсҳои масеҳишиносӣ, антропология ва психология, дар баҳсҳо доир ба шахсият таълимот дар бораи ҷисм ва ҷон ба вуҷуд омаданд.

Ба таври куллӣ дар фалсафаи Византия ду равияи асосӣ мушоҳида мегардад, яке равияи ақлонӣ –таълимотӣ (догматикӣ) ва дигаре ирфонӣ –ахлоқист. Дар равияи аввал ба олами улё, астрономия ва астрология эътибор дода мешуд, он бо ҳаргуна илмҳои сеҳрангез таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, масалан сохтмони демонология, тафаккури инсонро муҳим мешумурд, яъне дар доираи навафлотунчигӣ ва таълимоти масеҳӣ хулосабарорӣ мекард. Инчунин ба таърих ва ахлоқ қимати бузурге қоил буд. Ҳамаи инро мо дар таълимоти мутафаккири тамаддуни Византия Михаил Пселл (асри 11) мушоҳида менамоем. Равияи дигар исихазм буд. Исихазм, аз юнонӣ гирифта шуда, ба маънии оромӣ, хомӯшӣ, парҳезкорӣ аст. Исихазм ба ду маънӣ дар равияи ирфонӣ – динии Византия истифода шудааст, яке таълимоти ахлоқӣ, аскетӣ дар бораи роҳи пайвастшавии инсон бо Худо ба воситаи “пок сохтани ботин”мебошад, ки бо ёрии гиряю зорӣ, ба худ фурӯ доштан, шуурро ба худаш равона кардан техника ва усулҳои махсусро истифода кардан амалӣ мешуд. Таълимоти мазкур аз ҷониби Маркарии Мисрӣ, Евагрий, Иоанн Листвичник дар асриҳои IV-VII асоснок шудааст. Он аз ҷониби Григорий Палама (1296-1359) ба тағйиротҳо дучор шуд, эътибори ҷиддӣ ба тасфияи ботинии инсон равона гардид. Минбаъд нуфузи ин таълимот дар Византия хеле афзуд. Вале бар муқобили он файласуф-гуманист Варлаами Калабрӣ (ваф. 1348) баромад, ки тезиси афзалияти хирадро бар эътиқод тарғиб мекард. Дар асрҳои минбаъда дубора нуфузи равияи ратсионалистӣ бештар мегардад ва чун Аврупои Ғарбӣ дар Византия низ заминаҳои мусоиди ғоявӣ, фалсафӣ барои пайдоиш ва ривоҷи ақидаҳои гуманистӣ (инсонпарварӣ) пайдо мешаванд. Ин қаробати ғоявӣ ба кӯшишҳои файласуфони номии ин замон Георгий Плифон (1355-1492) –навафлотунӣ, оташпараст ва ҳамчунин ҳамасрони ӯ Мануил Хрисолор (1355-1415) ва Виссариони Никеи (1403-1472) ба вуҷуд омад. Ҷиҳатҳои хоси таълимоти онҳо аз васфи инсон, тарғиби шахсият, тамаддуни атиқа ва ғ. иборат буд.

Мақоми таърихии фалсафаи асримиёнагӣ

Дар нисбати мақоми таърихии фалсафаи асримиёнагии Ғарб, на Шарқ, фикрҳо гуногунанд. Бисёр вақт он чиро мисол меоваранд, ки дар ин давра фалсафаи дин афзалият пайдо кард, озодандешӣ аз тарафи калисо маҳдуд карда шуд, файласуфони машҳур ва озодандеш таъқиб карда мешуданд. Инквизитсия ба таъқиби озодандешӣ, илм, фалсафаи атиқа машғул шуда ҷиноятҳои зиёде содир кард, ҷангҳои салибӣ ба роҳ андохта шуд, ки ҳамаи инҳо доғе дар таърих, аз ҷумла таърихи фалсафа гузоштанд. Вале чунин баҳои манфӣ наметавонад яктарафа, маҳдуд ва нодуруст набошад, зеро он лаҳзаҳои мусбате, ки дар таърихи ин давра буд, он бозёфтҳое, ки дар илму фалсафаи ин давра ба вуқӯъ пайвастанд, дар чунин баҳс сарфи назар карда мешаванд. Барои нишон додани мақоми таърихии фалсафаи ин давр кифоя аст, хотиррасон намоем, ки маҳз дар асоси фалсафаи динии асримиёнагӣ имкони баромадан аз бӯҳрони шадиди ғоявие, ки сабаби он аз байн рафтани тамаддуни атиқа гардид, имконият пайдо шуд, маҳз ба шарофати дин дар ин минтақа давлатҳое пайдо шуданд, ки то имрӯз арзи вуҷуд доранд ва идеологияи масеҳӣ яке аз нерӯҳои мустаҳками ғоявии вуҷудият ва рушди ин давлатҳо мебошад. Он чизро набояд аз назар соқит кард, ки фалсафаи асримиёнагӣ анъанаҳои мусбати фалсафаи атиқаро ривоҷ дода, замина барои давраи Эҳё муҳайё сохт ва андешаҳое доир ба мақоми инсон, ахлоқ ва ҳаёти иҷтимоӣ дар ин давра ба вуҷуд омад, ки боиси рушди фалсафаи ахлоқ ва ҷомеашиносӣ гардиданд. Ба таври куллӣ наметавон ин давраро, як давраи торик ва пур аз ҷаҳолат, таъқибу фишор донист, балки он мақоми муайян ва сазоворе дар рушди таърихии инсоният дорад. Мақоми фалсафаи асримиёнагӣ, дар пайванди таърихии меросияти фарҳангӣ, нигаҳдории осори мутафаккирони бузурги Юнон баръало ҳувайдо аст. Фалсафаи асримиёнагӣ дар таҳқиқи мафҳумҳои асосӣ ва масъалаҳои муҳими фалсафӣ хизмати шоиста кардааст, аз ҷумла коркарди мақулаҳои дин ва хирад, таносуби мафҳумҳои абстрактӣ ва конкретӣ, исботҳо ва масъалаҳои муҳими илми мантиқ ва ғ. аз ҳамин ҷумлаанд.

Бояд мутазаккир шуд, ки фалсафаи асримиёнагӣ фақат аз фалсафаи Ғарб иборат нест. Дар шарқи исломӣ фалсафа бо тамомии ғановати худ хеле рушд пайдо кард, он даврае буд, ки илму маърифат ба сатҳи камолоти инкишофи худ расид ва ба Ғарб низ таъсири бонуфуз расонид. Пас, метавон гуфт, ки фалсафаи асримиёнагӣ мақоми хос ва таъсири бонуфузе дар таърихи фалсафа ва илму тамаддуни инсонӣ дорад.

 

Боби 5. Инкишофи фалсафаи Аврупои Ғарбӣ

                           дар асрҳои XVXVII      

Фалсафаи Эҳё. Аз асри XIV сар карда, дар Аврупо равандҳое дар ҷомеа сурат мегиранд, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ сабаб мешаванд. Кӯшиши ҷиддие барои озод шудан аз ҳукмронии калисо дар ҳаёти маънавӣ, сиёсӣ ба амал меояд, таъсири калисоро дар ҷомеа хеле коҳиш медиҳад. Яъне, ба таври куллӣ дар ҷомеа ҳаракатҳои секуляристӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти маданӣ, иҷтимоӣ мушоҳида мешаванд. Дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ин раванд ба вуҷуд меояд, ҳарчанд, ки амали он дар кишварҳои ҷудогона ба тарзи гуногун, дар баъзе ҷо заифу суст, дар ҷои дигар босуръат ба мушоҳида мерасад. Дар ҷомеа мустақилияти иқтисодӣ, сиёсии берун аз таъсири калисо қувват гирифта, таъсири худро ба ҳаёти маънавӣ, илм, санъат мегузорад. Давраи нав худро эҳёгари тамаддуни қадима ё худ тамаддуни атиқа шуморида, ба асримиёнагӣ муқобил мегузорад. Давраи Эҳё ин давраест, ки арзишҳо дигар мешаванд, қимати онҳо аз нав баҳогузорӣ мегардад. Он тарзи зиндагии атиқа, тарзи тафаккур, эҳсосоти онро қабул мекунад ва онҳоро аз нав дар ҳаёт ҷорӣ месозад. Ба ҳамин маънӣ ҳам онро Эҳё, Ренессанс меноманд. Ренессанс ба маънии «аз нав зинда кардан», «эҳё сохтан» аст. Аммо дар асли ҳаёти ренессансӣ, фақат дубора такрор намудани он чизе, ки дар гузашта буд, нест. Балки бо вуҷуди инкораш давраи асримиёнагӣ натиҷаи инкишофи дастовардҳои он аст. Дар муносибат ба давраи атиқа, ҳатто, наметавон гуфт, ки асрҳои миёна тамаддуни атиқаро пурра рад карда бошад. Анъанаҳои муҳими он дар асрҳои миёна идома ёфта, ғанӣ ва мушаххас гардиданд. Бинобар ин бо ин ҳама муқобилгузорӣ давраи Эҳё хусусиятҳое дорад, ки давраи атиқа онро надошт, аз бисёр ҷиҳатҳо такмили минбаъдаи дастовардҳои асримиёнагӣ мебошанд. Агар фақат фалсафа барои мисол гирифта шавад, мо мушоҳида намудем, ки чи гуна ба фалсафаи асримиёнагӣ фалсафаи платонизм ва дар асрҳои охир, яъне дар давраи схоластика, аристотелизм таъсири бонуфуз доштанд. Инчунин метавон нуфузи Вергилий, Тситсерон, Сенека ва дигар мутафакирони асрҳои охири давраи атиқаро мисол овард.

Албатта, муносибат ба давраи атиқа дар давраи Эҳё нисбат ба асрҳои миёна хеле фарқ мекард, зеро агар осори атиқа дар асрҳои миёна фақат аз рӯи зарурат ва ба манфиати дин ва калисо истифода шуда бошад, дар давраи Эҳё арзишҳои он ба ҳадафи Эҳёи ҳамаҷонибаи онҳо ҳамчун идеал истифода шудаанд. Мутафакирони давраи Эҳё аз он арзишҳо ба ваҷд меомаданд ва кӯшиш мекарданд, ки дар шакли беҳтаре онҳоро тасвир ва мавриди омӯзишу пайравӣ қарор диҳанд.

Муҳимтарин ҷиҳати ҷаҳонбинии давраи Эҳё рӯ овардан ба санъат аст. Агар асрҳои миёна «давраи диндорӣ» номида шавад, пас давраи Эҳёро метавон давраи бадеӣ-эстетикӣ номид. Агар дар маркази ҷаҳонбинии асрҳои миёна Худо ва ғояи наҷотбахши дин қарор дошта бошад, пас дар маърази таваҷҷӯҳи давраи Эҳё инсон қарор дорад. Аз ин ҷо тафаккури фалсафии ин давраро антропосентрикӣ (инсонмеҳварӣ) меноманд. Маънии антропос-инсон, сентризм- марказ, дар маркази диққат инсон аст.

Вобаста ба рӯ овардан ба инсон хусусияти дигари фалсафа ва санъати ин давра ва тамоюли ғоявии давра Эҳё ба вуҷуд меояд, ки он гуманизм аст. Гуманизм, қабл аз ҳама, тарбия ва таълими инсон, ки онро дар сатҳи баланд бардорад, бар дигар унсурҳои табиат авло гардонад, мебошад.

Фаҳмиши инсон дар фалсафаи Эҳё ба куллӣ аз давраи атиқа фарқ мекунад. Дар фалсафаи атиқа инсон мавҷуди табиат аст ва ҳудудҳои фаъолияти ӯро табиат муайян мекунад, то чӣ андоза аз рӯи мақоми худ дар табиат амал мекунад, ӯ фаъол мебошад, яъне инсон аз табиат вобаста буд ва ахлоқи ин давра низ хусусияти ратсионалӣ дошт. Барои намуна Суқротро метавон мисол овард, ки мегуфт, дониши моҳияти хайр ба инсон имконият медиҳад, ки ӯ кори хайро анҷом диҳад. Дар давраи Эҳё бошад, инсон фақат мавҷуди табиӣ нест, балки ӯ офарандаи симои худаш аст, ӯ ҳукмрони табиат аст. Агар дар асрҳои миён инсон бо сабаби табиати «гунаҳкор» — и худ наметавонист мустақилона камбудиҳои худро бартараф созад, дар тафаккури давраи Эҳё ӯ офаридаи худ аст ва образи рассоми офаридгор рамзи даврии Ренессанс шуд. Меҳнат аз давраи атиқа хоси ғулом бошад, фақат фаъолияти фикрӣ инсонро ба чизҳои абадӣ -назариявӣ бурда, ҳақиқатро ошкор созад, дар асрҳои миёна бошад, тасаввур дар бораи он буд, ки инсон ба сабаби гунаҳгор буданаш бояд аз таҳти дил меҳнат кунад, то гуноҳҳои худро рафъ созад, дар тафаккури даврии Эҳё фаъолияти эҷодкорона хусусияти қудсият, бошарафонаро мегирад, ки ба воситаи он инсон на танҳо талаботи худро қонеъ мегардонад, балки ӯ ҷаҳони нав месозад, зебоӣ меофарад ва ба ин восита вуҷуди худро сайқал медиҳад. Аз ҳамин сабаб дар давраи Эҳё ҳудуди илм ва фаъолияти амалӣ васеъ мешавад, онҳо ба ҳам мепайванданд. Шахсияти инсон, ҷаҳони ботинии ӯ арзиши бузурге касб мекунад.

Хусусиятҳои муҳими антропосентризми Эҳё парастиши зебоии инсон буд. Маҳз зебоии рӯҳу ҷисми инсон дар санъати тасвирии ин давра инъикоси худро ёфта, беҳтарин шоҳкориҳои санъатро ба вуҷуд меорад, шоҳкориҳои Ботичели, Леонардо да Винчи, Рафаэл ва ғ. аз ҳамин ҷумлаанд.

Дигар ҷиҳати антропосентризми ин давра дар он зоҳир мешавад, ки ба ғайр аз васфи инсон, шахсияти ӯ, хусусияти фардии инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Антропосентризм бо индивидуализм зич пайваст аст, моҳият ва хусусиятҳои фардии инсонро ифода мекунад.

Антропосентризм заминаест, ки ба пантеизми фалсафии натурализми давраи Эҳё мебарад. Вақте дар давраи Эҳё муносибат ба табиат, ҳамчун соҳаи ғайри мустақил мавриди муҳокима қарор мегирад, тасаввуроти фалсафаи асрҳои миёна шарҳу тафсири нав пайдо мекунад. Худо, ки ба таври фавқуттабиӣ тасаввур мешуд, вориди табиат мегардид ва тамоми табиат хислати илоҳӣ пайдо мекунад, табиат ба тарзи пантеистӣ таҳқиқ карда мешавад. Пантеизм истилоҳи юнонӣ буда, ба маънии «ҳамахудоӣ» аст. Табиат дорои ҷон, чун мавҷуди зинда тасаввур мешавад. Он ягона ва комил аст. Он тақрибан ба мафҳуми «афлотунии «ҷони ҷаҳон» наздик буда, ба ин восита онҳо ғояи офаринишро зери шубҳа мегузоштанд.

Моҳияти умумии таълимоти фалсафаи Эҳёро гуманизм, инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ ташкил медиҳад. Истилоҳи «humanitas» (инсонгарӣ) калимаи лотинӣ буда, ҳамчун истилоҳ онро Тситсерон (106-43 то мелод) истифода бурдааст. Барои ӯ ин мафҳуме буд, ки баҳри рушди инсон ба воситаи таълиму тарбия равона шудааст. Фанҳои гуманитарӣ низ ба ҳамин истилоҳ нисбат доранд.

Шоир ва файласуф Франческо Петраркаро (1304-1374) асосгузори гуманизм медонанд. ӯ дар асари худ «Доир ба ҷаҳолати худ ва бисёре аз дигарон» донишмандии асримиёнагиро зери танқид мегирад ва чунин донишмандиро барои даври худ нозарур медонад. Ба фикри ӯ, мазмуни фалсафа бояд аз илм дар бораи инсон иборат бошад ва фалсафа ба ин кор бояд машғул шавад, зеро инсон бузургтарин арзиш аст. Гуманизм тарзи фикре аст, ки ғамхорӣ ба инсонро мақсад ва ҳадафи инкишофи тамаддун ва ҷомеа медонад. Фалсафаи давраи Эҳё ин ҳадафи олиро дар маркази таълимоти фалсафии худ қарор дод. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам, онро фалсафаи гуманизм меноманд. Гуманистони ин давра тарзи нави фаҳмиши инсонро ба миён гузоштанд, ки ба фаъолияти эҷодкоронаи инсон алоқаманд аст. Ба инсон на аз рӯи мансубияташ ба гурӯҳе, балки аз рӯи сифатҳои шахсияш, фаъолияти босамараш баҳо дода мешавад.

Петрарка донишмандии схаластикиро зери танқид гирифта, ҳатто, ҷаҳолати худро эътироф карда, чунин донишмандиро бе фоида ва чизи беҳуда барои инсони замонаш донистааст. Ба қавли ӯ, илм дар бораи инсон бояд мазмуни фалсафаи ҳақиқиро ташкил кунад. Нуқтаи хеле баланди фикри гуманистии ин давраро фикри Пико делла Мирандола (1463-1494) дар бораи арзиши воқеии инсон будани озодии ӯ ташкил дод, ки мутафаккирони ин давра ба он ҳамроҳ шуда, инсонро ба Худо наздик карданд.

Андешаи қаробати инсону Худо дар осори Ҷонатсо Манинити (1396-1472), Марсилио Фичино (1433-1499), Таммазо Кампанелла (1568-1639) ва дигарон ифодаи худро пайдо кардааст. Набояд тасавур кард, ки гуманистҳо атеист ё бедин буданд. Онҳо ҳамаашон диндор буда, аз ситоиши инсон ба васфи Худо мегузаштанд. Вале нисбати калисо назари манфӣ доштанд, яъне ҷаҳонбинии гуманистии онҳо ақидаи зиддиклерикализмро бо худ ҳамроҳ дошт. Зиддиклерикализм (аз лотинӣ anti- зид, clericalis-калисоӣ) ақидае буд, ки бар зидди ҳукмронии калисо дар ҷомеа нигаронида шуда буд. Онҳо ошкоро ақидаҳои зиддиклерикалии худро изҳор карда метавонистанд, зеро то замони реформатсия калисо онҳоро таъқиб намекард. Баъд аз оғози реформатсия калисо ба ҳуҷум гузашта, ба таъқиби озодиашон шурӯъ намуд.

Норозигии мардум аз калисои католикӣ дар авали асри ХVI ба ҳаракати ислоҳгароӣ – реформатсия овард. Ҳаракати реформатсия ба бунёди протенстатизм овард. Роҳбари ҳаракати протестантӣ монахи августинӣ Мартин Лютер (дар Германия 1483-1546) буд, ки бар зидди индулгенсия бо тезисҳои эътирозӣ баромад кард. ӯ 95 тезис барои барқарории ҳақиқат пешниҳод кард ва онҳоро дар дарҳои калисоҳои Витенбург 31 октябри соли 1517 часпонд. Дар тезисҳо асосан хусусияти ботинии эътиқод на зоҳирӣ таъкид карда мешуд. Соли 1519 Лютер изҳор намуд, ки калисо бе папа низ метавонад вуҷуд дошта бошад. ӯ миёнаравии калисоро дар байни инсон ва Худо рад намуд. Инсон танҳо бо имонаш наҷот ёбад, инро танҳо аз рӯи раҳмату шафқати Худо дарёбад, на ба воситаи хизматҳои шахсии папа, авторитети ягон Катибаи Муқадас дорад. Ҳаракати дигари реформатсиониро Томас Мюнсер роҳбарӣ мекард. ӯ ҷанги деҳқононро бар зидди зулми калисо ва феодалҳо роҳбарӣ намуд. Соли 1525 княз тавонист шӯриши деҳқононро фурӯ нишонад ва Мюнсерро ба қатл расонад. Вале ба вуҷуди ин баъзе князҳо реформатсияро дастгирӣ намуданд ва лютеранчигиро қабул карданд. Соли 1555 «Эътиқоди Аугусбург» қабул шуд, ки таълимоти Лютерро фаро мегирифт. Соли 1648 қарордоде ба имзо расид, ки баробарҳуқуқии католикҳо ва пратестантҳоро эътироф кард. Лютеранчиғӣ ҳоло яке аз равияҳои пурқуввату сернуфузи протестантизм аст. Дар Аврупо он дар Германия ва кишварҳои Скандинавия равияи аз ҳама бонуфуз аст. Тарафдорони ин равия тақрибан 80 миллионро нафарро ташкил медиҳанд (дар охири асри XX). Протестентизм дар Аврупо бо зудӣ паҳн гашт. Дар Шветсария он дар шакли англиканчигӣ (Уилдрих Свингли (1484-1531) ва калвинизм — Жак Калвин) паҳн шуд. Онҳо нисбат ба лютеранчигӣ моҳияти иртиҷоии реформатсияро беҳтар ифода карданд. Бисёр маросимҳоро Свингли ба тарзи нав маънидод кард. Масалан, дар ғусли тамъид маросими соддаю оддӣ ба хотири марги Исои Масеҳро медид. Нон ва шароб рамзи ҷисм ва хуни Исо шуморида мешавад, ҳар ҷомеаи динӣ рӯҳониёнашонро худашон интихоб мекунанд.

Жак Калвин дар асари худ «Таъкидҳо доир ба динни насронӣ» таълимоти калвинизмро асос гузошт. Дар маркази таълимоти ӯ тақдир ҷой дорад. Ҳеҷ кас наметавонад тақдири муайянкардаи Худовандро тағйир диҳад. Сарнавишт азалӣ аст. Соли 1536 тарзи ҳаёти калвинӣ ба қонун дар Женева табдил ёфт, ки ҳаргуна ҳашамат, сархушӣ, бозиҳо, суруду мусиқиро манъ мекард. Ҳама чизҳои зоҳирӣ иконҳо, либосҳои махсус, шамъҳо ва ғ. манъ карда шуданд. Иерархияи калисоӣ аз байн бурда шуд. Ба корҳои ҳаёти динӣ консистория, яъне просвитрҳо-воизон машғул шуданд. Масъалаҳои ҳалталаби конгрегатсияро маҷлиси воизон ҳал мекард.

Пртестантизм дар шакли калвинизм дар Англия низ нуфуз пайдо кард. Калисои протестантӣ пурра ба шоҳ тобеъ гардид ва соли 1571 парламенти Англия ваҷҳи дини англиканиро қабул кард. Мутобиқи он шоҳ ҳокимияти олиро дар калисо дар даст дорад. Ҳарчанд, ки ҳаққи роҳбарии маросимҳои диниро надорад.

Дигар равияи протестантизм баптизм аст. Дар оғози ташкули ин равия баъзе тарафдорони Томас Мюнстер қарор доштанд ва худро анабаптист (салибкашони нав) меномиданд. Онҳо соли 1533 шаҳри Мюнсерро ба ихтиёри худ гирифтанд, сохти ҳукмронро мехостанд барҳам зананд.

Воситаҳои истеҳсолотро ба дасти устоҳо (мастерҳо) доданд, заминҳоро байни мардум тақсим карданд, чизҳои қиматбаҳоро барои истифодаи умум аз соҳибонашои кашида гирифтанд, пул бекор карда шуд, истеъмолот дар асоси баробарӣ ба роҳ монда шуд. Баъди 11 моҳи мудофиа Мюнстер таслим шуд.

Комунаи анабаптистҳо барҳам хӯрд. Калисои католики бар зидди протестантизм муборизаи беамон мебурд. Аз ҷумла, дар Франсия шаби 24 августи 1572 куштори омавии калвинистҳо (гугенотҳо) дар рӯзи бахшида ба Варфолемеи Муқаддас ба амал омад. Дар муддати чанд соат дар Париж бештар аз 2 ҳазор гугенот кушта шуданд ва ду ҳафта дар тамоми Франсия куштор идома ёфт. Гугенотҳо аз Франсия ва Нидерландия гурехтанд. Дар натиҷа дар Англия дар асри XVII баптизм ба вуҷуд омад.

Баптистҳо ғусли тамъиди католикҳоро эътироф накарда, аз нав пайравонашро тамъид мекарданд. Аввалин ҷамоаи онҳо соли 1633 пайдо шуд.

Масъалаи давлат, назарияҳои сиёсӣ дар фалсафаи Эхё мақоми хос пайдо мекунад ва як гурӯҳ файласуфон, махсусан, ба ин масъала машғул мешаванд. Яке аз ҳамингуна файласуфон Николо Макиавелли буд, муаллифи асарҳои машҳур «Давлатдор», «Муҳокима оид ба даҳаи аввали Тит Ливий» мебошад. ӯ ба назарияи тақдири асрҳоимиёна ғояи фортунаҳо, яъне таъсири шароитро илова карда, нишон дод, ки тақдир бар инсон фақат то ба андозае ҳукмрон аст, шароит низ таъсир дорад, ки инсон бояд ба шароит мубориза кунад. Барои ҳамин ҳам Макиавелли нерӯи ҳаракатдиҳандаи таърих вирту (virtu) –ро ҳисоб мекард.

Вирту аз кӯшишу маҳорат, истеъдоди инсон иборат аст. Сиёсат, ба гуфти Макиавелли, иродаи озоди инсонро ифода мекунад. Дар он ҳам сабабҳои табиӣ ва ҳам қоидаҳои муфид, ки имконият медиҳад, равиши ҳодисаҳоро муайян карда, қарори мувофиқ қабул кард. Макиавелли ба сиёсат на аз нигоҳи ахлоқ, балки аз нигоҳи фоида ба ҷамият менигарист.

Реализми воқеии Макиавелли дар нисбати муқаррар намудани шаклҳои давлат низ намудор аст. ӯ ҳарчанд тарафдори ҷумҳурияти Итолиё бошад ҳам, аз рӯи зарурат шаклҳои дигари давлатро низ рад намекард. Ба фикри ӯ, шахси ҳукмрон (давлатдор) бояд хусусиятҳои ҳам рӯбоҳ ва ҳам шерро дошта бошад, чун рӯбоҳ аз макри қапқонҳо гурезад ва чун шер душманро дар набарди ошкор мағлуб созад. Ин навъ муҳокимаҳо бисёриҳоро ба хулосае оварданд, ки Макиавелли тарафдорӣ салтанат аст ва ҳадаф воситаро сафед кунад. Яъне фишору зӯрии сиёсӣ асоси таълимоти Макиавелли аст. Вале мақсади Макиавелли озод сохтани сиёсат аз ахлоқ бар зидди фишору таадии калисо нигаронида шуда буд. ӯ сиёсатро аз сохтакорӣ, беҳудагиҳо озод карда, заминае барои таҳлили илмии он эҷод намуд ва санъати идоракуниро ҷузъи сиёсат қарор дод.[6]

Назарияи сотсиализми хаёлии Т.Мор ва Томаззо Кампанелла дар таълимоти иҷтимоӣ ва фалсафаи таърихи давраи Эҳё мақоми хос дорад.

Томас Мор (1478-1535) дар «Китоби тиллоии фоиданок ва ҷолиб дар бораи сохти беҳтарини давлат дар ҷазираи нави Утопия» сохти нави иҷтимои хаёлиро нишон медиҳад, ки адолат ва баробарӣ дар он ҳукмрон аст ва вобаста ба тасвири ин сохт шароити онрӯзаи зиндагии Англияро зери танқид мегирад.

Дар ин ҷазира, ки меҳнат на меҳнати маҷбурӣ, балки ҳамчун талаботи табииӣ инсон қарор гирифтааст, кӯтоҳтарин рӯзи корӣ вуҷуд дорад ва ҳама онро софдилона ва барои фоидаи худ иҷро мекунанд. Сатҳи фарҳангии ин ҷазира, ки бо номи роҳбарашон Утоп аст, ба андозае баланд аст, ки мислаш дар дигар кишварҳо мушоҳида намешавад, аз ҷумла сатҳи маълумотнокии халқи он.

Дар он аз байни худ донишмандон сафирон, рӯҳониён амалдорон ва роҳбари давлаташонро интихоб мекунанд. Васфи сохти нави иҷтимоӣ, дар шакли хаёлӣ бошад ҳам, нишон медод, ки ҷомеаи онрӯзаи кишварҳои аврупоӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ зарурат дорад, адолат, баробарӣ, рушди фарҳангу саноат, беҳтар сохтани зиндагии мардуми оддӣ мақсади ояндаи ҷомеа қарор гирад.

Томаззо Кампанелла низ дар асари худ «Шаҳри офтоб» чунин ғояи хайёлии ҷамияти навро тасвир намудааст. Кампанелла низ доир ба соҳаи гуногуни илми замонааш асарҳо эҷод кардааст. ӯ дар фалсафа таҷрибаро асос мешуморад ва усули индуктивиро воситаи пайдо кардани дониши нав медонад. Вале ӯ дар Аврупо бештар ба асари худ «Шаҳри офтоб» шӯҳрат пайдо кард, ки дар он сохти нави иҷтимоии комунистиро васф кардааст. Роҳбарии ин ҷомеаро Офтоб ба маънии файласуф- метафизик бар ӯҳда дорад ва дар ин кишвари афсонавӣ адолати иҷтимоӣ, баробарии ҳама гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ вуҷуд дорад.

Васфи сохти боадолат дар асари класикони форсу тоҷик низ мушоҳида мешавад. «Искандарнома»-ҳо маҳз ба васфи ҳамин гуна сохт равона шудаанд. Вале дар Аврупо осори Т.Мор ва Кампанелла таъсири зиёде ба афкори иҷтимоӣ бахшид ва заминаи илмӣ барои пайдоиши сотсиализми илмӣ ба вуҷуд овард.

Николаи Кузанӣ ва асли айнияти зиддиятҳо. Яке аз намояндагони мушҳури фалсафаи ренесеансӣ Николаи Кузанӣ (14011-1064) ҳисоб мешавад. Николаи Кузанӣ ба анъанаҳои фалсафии навафлотиниён эътибор дода, таълимоти онҳоро дар барои ягона (фардият) тағйир дод. Агар дар фалсафаи Афлотун ва навафлотуниён ягона ба воситаи ғайри ягона муайян карда шавад ва ягона ба бисёрӣ, ҳудуд ба беҳудуд муқобил гузошта шавад. Николаи Кузанӣ аз рӯи асли ваҳдонияти масеҳӣ, формулаи атиқаро рад карда, нишон медиҳад, ки ба фардият чизе муқобил нест ва «Фард (ягона) ҳама аст». Ин гуфтаҳои Н.Кузанӣ ба тезиси масеҳӣ низ мувофиқ нест, зеро масеҳият махлуқро аз холиқ (Худо) фарқ мекунад, бо неоплатинизм низ мувофиқ нест, зеро неоплатонизм ҳеҷ гоҳ «Фардро ба ҳама» як намедонист. Аз ақидаи он, ки фард зидди худро надорад, Николаи Кузанӣ хулоса мебарорад, ки он ба «беинтиҳо», «беҳудуд» айният дорад. «Беинтиҳо» чизе аст, ки аз он бештар чизе нест, пас «беинтиҳо-максимум ва фард минимум» аст. Ҳамин тавр ӯ принсипи айнияти ба ҳамзидҳо (cincidentiu oppositarum)-ро максимум ва минимумро асос гузошт ва ин ақидаро дар мисоли доира ва секунҷа исбот кард. Масалан, агар аз тарафҳои секунҷа беохир бошад, пас дуи дигар низ беохир мешавад. Аз ин ҷо айният доштани баҳамзидҳо асли муҳими фалсафаи Николаи Кузанӣ мегардад.

Дар нисбати космология таълимоти Николаи Кузанӣ дар бораи бенитиҳо будани космос таълимоти диниро барои коинот зери шубҳа қарор дод. Худо дар фалсафаи Николаи Кузанӣ чун максимуми мутлақ, тасаввур мешавад, ки берун аз олам қарор надошта дар ягонагӣ ба он қарор дорад. Худо ҳама чизро ба худ гирифта, оламро дар худ нигоҳ медорад. Аз таносуби Худо ва олам метавон фалсафаи Н.Кузаниро ҳамчун пантеизм (аз лотинӣ рan-ҳама Тeоs-Худо) донист. Аз рӯи ақидаи Николаи Кузанӣ олам бе Худо вуҷуди мустақил надорад ва аз Худо вобаста аст. Олам «дар ҳама ҷо марказ дорад, вале дар ҳеҷ куҷо доира надорад, зеро доира ва маркази олам Худо аст, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳеҷ куҷо нест». Олам беинтиҳо нест, агар беинтиҳо мешуд, ба Худо баробар мегашт, вале онро боинтиҳо низ наметавон тассавур кард, зеро ҳудуде, ки бо он баста гардад ва охир шавад, вуҷуд надорад.2 Николаи Кузанӣ заминро дорои ҳаракат медонад. ӯ тасавуроти анъанавиро халалдор сохта, барои кам шудани таъсири тасаввуроти диннии кайҳон кумак намуд.

Натурфалсафаи Эҳё. Ба ҷуз Николаи Кузанӣ дар тасвири олам ва назарияи фалсафии табиат осори файласуфон Пиратселе (1493-1541), Бернардио Телезио (1509-1588), Франческо Патритси (1524-1597), Ҷордано Бруно (1548-1600) таъсири ба ғояи бузург доштанд. Махсусан дар осори Ҷордано Бруно натурфалсафа инкишофи бештар пайдо кард. Ғояи асосии таълимоти касмологии Ҷордано Бруно ғояи беинтиҳои коинот аст. Дар ақидаҳои худ оид ба коиноти беҳудуд ва космосентиризм Бруно на фақат ба Н.Кузанӣ, балки ба Николай Коперкин (1473-1543) такя мекард. Николай Коперник дар асоси принсипи нисбият системаи нави астрономиро асоснок намуд. Мутобиқи ин система маркази системаи офтобӣ на замин, балки офтоб буда, дигар саёраҳо дар атрофи он давр мезананд. Аз ҳаминҷо, маънии гелиосентризм офтоб марказ аст, мебошад. Коперник тасаввуроти анъанавӣ, аз ҷумла физика ва космологияи аристотелиро ба куллӣ тағйир медиҳад. ӯ нишон медиҳад, ки замин дар атрофи меҳвари худ ва офтоб давр зада, саёраи чандон бузург нест. Кайҳон бошад бе ҳудуд аст.

Бруно кайҳони беҳудудро бо Худои беҳудуд айният дода, ҳудуди байни офаридгор ва махлукро аз байн мебарад. Бруно ба табиат он чизеро, ки дар асрҳои миёна ба Худо нисбат медоданд, инчунин фаъолиро ба табиат медиҳад. ӯ дар шакли ибтидоӣ фаъолиро ба модда, ки дар фалсафаи арастуӣ ғайри фаъол тасаввур мешуд, интиқол медиҳад. Табиат ба гуфтаи Бруно Худо дар чизҳост. ӯ беҳудудии кайҳонро эътироф карда худро фарзанди кайҳони беҳудуд медонист. Маълум аст ки калисо ақидаҳои Бруноро бидъат эълон карда, аз ӯ талаб кард, ки аз ақидаҳояш даст кашад. Фйласуф маргро аз дасткашӣ аз ақидаҳои худ афзалтар донист ва дар майдони Гулҳои Рим бо амри инкивизитсия дар оташ сӯзонида шуд.

Метавон гуфт, ки таълимоти Бруно дараҷаи олии инкишофи тасаввуроти пантеистии давраи Эҳё мебошад. Фалсафаи давраи Эҳё заминаҳои мусоид барои табиатшиносии экперименталӣ, пайдоиши механикаи Нютон ва фалсафаи асри XVII-XVIII ба вуҷуд овард.

Инқилоби илмӣ ва фалсафаи асри XVII. Дар асри XVII марҳилаи дигари инкишофи фалсафа оғоз мешавад, ки онро Замони Нав меноманд. Ибтидои ин давра ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва инқилоби илмӣ дар Аврупо алоқаманд буд. Дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII инқилобҳои буржуазӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Аввал дар Нидерландия, сипас (1642-1688) дар Англия яке аз кишварҳои нисбатан тараққикардаи Аврупо чунин инқилобҳо ба амал меояд. Ин инқилобҳо дар заминаи мусоиди иҷтимоӣ доштанд ва маҳз ҳамин заминаҳо инқилобҳои мазкурро ба вуҷуд оварданд. Пеш аз ҳама, истеҳсолоти мануфактуравӣ, ки боиси босуръат инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолӣ, махсусан ҳосилнокии меҳнат, кооператсияи кормандон, ки ҳар кадом як вазифаро иҷро мекард, яъне ихтисосгардонии раванди истеҳсолот ба амал омад ва такони бузурге ба истеҳсолот шуданд. Саноат инкишоф ёфта, муносибатҳои нав – муносибатҳои сармоядорӣ мавқеи устувор ишғол карданд. Инкишофи ҷомеаи нави буржуазӣ дар сиёсат ва муносибатҳои иҷтимоӣ низ тағёиротҳои ҷиддӣ дохил намуд, шуури мардумро тағйир дод. Мақоми илм вобаста ба талаботи истеҳсолӣ афзуд. Илм дар ин давраи хеле пеш рафт. Инқилоби илмие ба вуҷуд омад, ки таъсири он дар ҳама соҳаҳои ҳаёт эҳсос карда мешуд. Яке аз натиҷаҳо ва дастовардҳои илмии ин давра табиатшиносии нав мебошад. Кашфиёти гелиосентрии Коперник таъсири бағоят бузурге ба пайдоиши табиатшиносии нав дошт. Аз нигоҳи илмӣ низ ин назария асоснок гардид ва дар инкишофи он кайҳоншинос Тихо де Браге (1546-1601), олими машҳури немис Иоганн Кеплер (1571-1630) саҳми арзанда гузоштанд. Кеплер ба мушоҳидаҳои кайҳонии Тихо такя намуда, қонуни ҳаракати сайёраҳоро муайян кард. Ба гуфти Кеплер ҳаракати сайёраҳо номутаносибан анҷом мегиранд, ҳар қадар сайёра аз офтоб дуртар бошад, ҳамон қадар ҳаракати он тезтар нисбат ба сайёраи ба офтоб наздик будааст ва ин ҳаракат аз рӯи эллипс (байзошакл) сурат мегирад, на аз рӯи доира. Вақте И. Нютон қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард, гуфтаҳои Кеплер амалан тасдиқ шуданд. Галилео Галилей (1504-1642) ҳаракати механикиро омӯхта, онро ба таври математикӣ тасвир намуд ва асоси устувори илмро дар кайҳоншиносӣ гузошт. ӯро асосгузори табиатшиносии илмӣ медонанд. Ба гуфти Галилей математика тартиби табиии кайҳонро муайян мекунад ва ҳаракати механикиро тасвир менамояд. Он ҷо ки шарҳи миқдории математикӣ тамом шавад, он ҷо илм ба охир мерасад. Бо дастрас шудани асарҳои Галилей табиатшиносии эксперименталӣ оғоз меёбад. Ин комёбии илмӣ дар табиатшиносӣ дар асарҳои олими англис И. Нютон ҷамъбаст ва такмили минбаъдаи худро пайдо мекунад. Комёбии муҳими Нютон (1642-1727) ба вуҷуд овардани назарияи ҳаракати сайёраҳо ва кашфи бо он алоқаманд – қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ мебошад. Нютон қонунҳои механикаро ба вуҷуд оварда, корҳои кардаи Галилей, Х. Гюгенс ва дигаронро дар ин соҳа ҷамъбаст намуд. Кашфиётҳои соҳаи механика, астрономия, математика асоси илмии тасаввурот дар бораи олам гардиданд.

Фалсафа дар инкишофи илм фаъолона иштирок дошт ва осори фалсафии Ф. Бэкон, Р. Декарт,Б. Спиноза, Г.В. Лейбнитс ва дигарон ба инкишофи табиатшиносии илмӣ мусоидат намуданд. Бо инкишофи илм дар давраи нав, аз байн рафтани муносибатҳои феодалӣ, таъсири калисо хеле суст мегардад ва фалсафа низ дорои таълимоти нав ва кӯшишҳои тоза барои асосноккунии тағйиротҳои нави ҳаёт мешавад. Барои дарки масъалаҳое, ки дар назди фалсафа қарор доштанд, бояд хусусияти нави илмро – табиатшиносии эксперименталӣ-математикиро дар назар гирифт. Ба сабаби мавқеи муҳим пайдо кардани илм дар фалсафа масъалаҳои назарияи маърифат ба мадди аввал баромада, он мавқеи асосиро ишғол намуд. Дар давраи Эҳё баҳси номинализм ва реализм ба ҷудоӣ ва танқиди якдигарии онҳо оварда буд, ки баҳс дар фалсафаи нав инкишоф ёфта, дар шакли эмпиризм ва ратсионализм идома меёбад.

Асосгузори эмпиризм дар давраи нав файласуфи англис Френсис Бэкон (1561-1626) мебошад, ки ӯ муҳимтарин вазифаи фалсафаро эҷоди методи нави маърифати илмӣ медонист. Ба вуҷуд овардани методи нави таҳқиқи илмӣ дар давраи протестантизм на танҳо диққати Ф. Бэкон, балки аксари файласуфонро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин давра мақсади асосии илмро фоида овардан ба ҷомеа медонистанд. Ба фикри Ф. Бэкон илм бояд ба ҳаёт, ба амалия хизмат кунад ва вазифаи он зиёд кардани имкони ҳукмронии инсон ба табиат мебошад. Агар дар илм пеши роҳи нисбатан амиқтар ва беҳтар ифода кардани табиатро медида бошанд, ба воситаи хирад дарк кардани онро мехоста бошанд, Бэкон ин навъ муносибат ба илмро сахт танқид карда, илмро восита, на мақсад медонист, вазифаи онро дар дарки алоқамандии сабабноки ҳодисаҳои табиат, барои беҳбудии зиндагии одамон медид. Афоризми «Дониш ин тавоноист» дар Ғарб ба Ф. Бэкон тааллуқ дорад, зеро дар Шарқ ифодаҳои дигаре чандин аср қабл аз Бэкон вуҷуд доштанд. Мисли байти маъруфи А. Фирдавсӣ:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Таваҷҷӯҳ ба фоидаи илм, донистани асрори табиат аз муҳити маънавии аср, ки сармоягузорӣ онро ба миён гузошта буд, аз таълимоти протестантӣ, ки даъват мекард илм ба табиат рӯй оварад, зеро донистани асрори илоҳӣ бе он ғайриимкон аст, зеро Худо берун аз табиату олам қарор дорад ва он асоси эътиқод аст, на дониш. Лютер кӯшишҳои калисоро, ки ба ёрии хирад ҳақиқати ваҳйи худовандиро асоснок карданӣ шуда буд, мавриди танқиди сахт қарор дода, ҷудоии дин ва илмро, дониши илмӣ ва эътиқодро тарғиб мекард. Ин таълимот доираи донишро бо ҳодисаҳои табиат, бо олами ашё маҳдуд сохт. Аз ин ҷо эҳтиром нисбати ҳама гуна меҳнат: меҳнати деҳқонон, косибон, соҳибкорон дар ахлоқи протестантӣ мақоми хос пайдо кард, инчунин тадқиқотҳои илмӣ, ки ба инкишофи ҳаёти моддӣ ҳидоят мекарданд, қадр карда мешуданд, он чи ки меҳнати одамонро сабук гардонад, ба онҳо фоида биёварад, он барои илм муҳим буд. Френсис Бэкон низ ин ҷиҳатро ба назар гирифта, ба донише, ки натиҷаи амалӣ наоварад, чун ба сарвати беҳуда баҳо медод. Барои он ки табиат аз худ карда шавад ва он ба хидмати инсон гузошта шавад, бояд ба куллӣ методҳои таҳқиқоти илмӣ тағйир дода шаванд. Дар асрҳои миёна, чун давраи атиқа илм методи дедуктивиро истифода мекард. Намунаи равшани он силлогистикаи Арасту ба шумор мерафт. Барои Ф. Бэкон дедуксияи мантиқи Арасту дар шароити кунунӣ аҳамияти худро гум карда буд ва он ба назари ӯ натиҷаи дилхоҳ намедод. Зеро ба фикри Бэкон он ба таҷриба такя намекунад, ҳар гуна таҳқиқот бояд аз омӯзиши ҳодисаҳои ҷудогона оғоз ёбад, ба таҷриба такя намояд ва баъд ба хулосаҳои умумӣ биёяд. Ин гуна метод танҳо методи индуктивӣ мебошад. Методи индуктивӣ, ҳарчанд дар мантиқи Арасту зикр шуда бошад ҳам, вале Арасту ба он эътибори ҷидди намедод. Дар воқеъ ҳам ҳарчанд усули индуктивӣ дар асосҳои таҷриба хулоса барорад, ба амалияи илмӣ наздик бошад ҳам, дар мантиқ он хусусияти дониши намоишӣ дорад. Танҳо индуксияи пурра метавонад касро ба хулосаи қатъӣ биёрад, яъне фақат дар асоси овардани тамоми ашёҳои ин ё он гурӯҳ метавон дар бораи хусусияти онҳо хулоса баровард. Масалан, агар гуфта шавад, ки «метал ноқис аст», бояд ҳамаи металҳо мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Агар тамоми ашёҳои ин гурӯҳ оварда шаванд, метавонад пас дониши ҳақиқӣ ҳосил кунад. Вале овардани тамоми ашёҳои гурӯҳ, агар гурӯҳо ашёҳо чизҳои хеле зиёдеро фаро гиранд, ғайриимкон аст, масалан агар растаниҳоро гирем, адади онҳо ба қадре зиёд аст, ки овардани далели онҳо ва дар асоси он ҳукм баровардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷо ҳукми чунин хулосабарориҳо таҷрибӣ мебошанд. Ф. Бэкон барои он ки дониши индуктивӣ дуруст бошад, таъкид мекард, ки ба ин масъала хеле ҷиддӣ муносибат кардан лозим аст ва мисолҳоеро, ки зидди ҳукм шаҳодат медиҳанд, низ овардан лозим аст.

Ф. Бэкон усули Арастуро бесамар дониста асари «Органони нав»- и худро бар хилофи «Органон» — и Арасту таълиф мекунад ва методи инфинитивиро ҳамаҷониба асоснок менамояд. Ф. Бэкон барои он ки методи ӯ натиҷаи дилхоҳ диҳад, бо ду роҳ меравад: бо роҳи номбаркунӣ (овардан) ва истисно ва дар ин ҷо истисно аҳаммияти махсус дорад. Бояд ин ҳамаи чизҳое, ки дар он ин хусусият мебошанд, оварда шаванд, агар аз ин миён фактҳо пайдо шаванд, ки чунин хусусият надоштани чизҳоро ба субут расонанд, пас онҳоро бояд истисно кард. Агар хосиятеро битавон пайдо кард, ки ҳамеша ин ҳодисаро бо худ дорад ва агар набошад, ин ҳодиса буда наметавонад, онро Бэкон «шакл» номидааст. Масалан, гармӣ натиҷаи ҳаракати ҳиссачаҳои хурдтарин мебошад. Ф. Бэкон дар асоси имкониятҳои хиради инсонӣ, имкониятҳои маърифатии он – хирад, хотира, тахайюлот таснифоти илмро тартиб дод, ба хотира, таърих ва нигоҳдории фактҳо, ба тахайюлот назм, адабиёт ва санъатро мансуб донист. Хирад бошад асоси илмҳои назариявӣ, ба таври умумӣ фалсафа мебошад. Фалсафаро «фалсафаи аввал», ки ба он теология дохил аст, антропология – таълимот дар бораи инсон ва фалсафаи табиат тақсим намуд. Мушкилии маърифати табиатро на дар илми табиатшиносӣ, балки дар ақли инсон, усули маърифат низ медонад. Метод ба фикри ӯ неруи тавоное аст, ки роҳи наздиктарини расидан ба кашфиётҳоро нишон медиҳад, қудрати инсонро бар табиат дучанд месозад. Пеш аз ҳама сабабҳои ақибмонии илмро аз ҳаёт ва таҷриба бояд муайян кард, ки ба ин кор бояд фалсафа машғул шавад. Чунин сабабҳо идолҳо – шабаҳҳо мебошанд. Шабаҳҳо ин раҳгум задани хирад аст, ки дар байни онҳо ҳам шабаҳҳои фардӣ ва ҳам умумӣ дар роҳи маърифат вуҷуд доранд.

Якум намудаи шабаҳҳо «шабаҳи ҷинс» мебошад, ки аз табиати инсон сар мезананд, ба номукаммалии органҳои ҳиссии инсон вобастаанд, ки касро фиреб медиҳанд ва ҳамчунин ғалатҳои инсонро нишон медиҳанд.

Дуюм намуди раҳгумзанӣ «шабаҳи ғор» аст, ки ба табиати инсон хос нест, вале аз сӯҳбат, аз тарбияи кас вобаста аст. Ҳар як инсон, ба фикри Ф.Бэкон, аз назари худ, яъне аз ғори худ ба ҷаҳон менигарад, ки ба маърифати ӯ таъсир дорад. Ин шабаҳро метавон бо истифода аз таҷрибаи каоллективӣ ва мушоҳидаи умрӣ бартараф намуд. Сеюм намуди раҳгум задан «шабаҳи бозор» аст, ки вобастаи ҳастии иҷтимоӣ мебошад, барои он ки аз рӯи одат, тасаввурот ва фикри дигарон ҳукм карда мешавад. Ин аз ҳама шабаҳи мушкил аст, зеро бо номҳо алоқаманд аст. Чорум намуди раҳгумзанӣ шабаҳи театр аст. Он ба боварӣ ва тақлид ба шахсони бонунфуз, назарияҳои нодуруст, таълимоти нодурусти фалсафӣ алоқаманд мебошад. Он ҳақиқатро аз назар пинҳон мекунад, тасаввуроти нодурустро ба вуҷуд меорад. Ба гуфти Ф. Бэкон «ҳақиқат фарзанди вақт аст, на авторитетҳо».[7] Роҳи дурусти маърифат индуксия аст, он компаси киштии илм аст. Бо вуҷуди баланд бардоштани мақоми индуксия ӯ мухолифи дедуксия ва мафҳумҳои умумӣ нест. Вале онҳо бояд пай дар пай дар асоси таҷриба ҳосил шавад. Дурустии ҳақиқати методи дедуктивӣ ба тадриҷ дар натиҷаи усули индуктивӣ ба вуҷуд меояд. Унсурҳои аввала, аввалиндараҷаро омӯхта асрори табиатро метавон дар кард. Таъсири Ф. Бэкон ба пешрафти илми замонааш хеле зиёд аст, зеро таълимоти ӯ ифодакунандаи табиатшиносии эксперименталии замонаш мебошад.

 

Бо инқилоби илмии асри XVII инкишофи математика хос аст. Истифодаи методҳои математикӣ ба пешрафти табиатшиносии илмӣ кӯмаки зиёде намуд. Математика идеали дониши илмӣ ҳисоб мешуд. Аз ин мавқеъ ратсионализми ин давра таҷрибаро сарчашмаи дониши ҳақиқӣ намедонист, зеро ба фикри онҳо таҷрибаи ҳиссӣ боэътибор нест, доимоивазшаванда ва тағйирёбанда аст. Ба фикри ратсионализма ин давра ҳамчунонки дониши математикӣ ба воситаи усули ақлӣ-дедуктивӣ ҳосил мешавад, ҳамин тавр ҳам фалсафа, дониши фалсафӣ бояд аз ақл гирифта шавад ва бо он асоснок гардад. Боварии ратсионализм ба қудрати ақл, имконияти он барои дарёфти ҳақиқати мутлақ дар ин давраи хеле боло рафта буд. Дониши бо ин роҳ ҳосилшуда ба қавли онҳо ҳақиқӣ, ҳаматарафа буда, хусусияти умумӣ ва ҳатмӣ дорад.

Асосгузори ратсионализми асри XVII файласуф ва физики Фаронса Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Яке аз хусусиятҳои фалсафаи ин давра назари танқидӣ на фақат ба дониши инсонӣ, ба фалсафаи асримиёнагӣ, балки ба вуҷуди воқеии худи олам буд ва онҳоро дари шубҳа қарор дода буд. Кӯшишҳои Декарт ба он нигаронида шуда буд, ки тамаддуни анъанавӣ ва навъи шуури анъанавӣ аз миён бардошта шуда, барои дониши нав, бунёди иморати нави тамаддун роҳ кушода шавад. Зиддитрадитсионализм мағз андар мағзи фалсафаи Декартро ташкил медиҳад. ӯ инқилобчие аст, ки бо кӯшиши ӯ ва пайравонаш илми Давраи нав ба вуҷуд омад, ҷамъияти наву инсони типи нав пайдо шуд ва замина барои идеологияи маорифпарварӣ ҳосил гардид. Худи Декарт мазмуни метод ва фалсафаи худро хеле равшан баён кардааст: «ҳеҷ чизро чизи ҳақиқӣ набояд қабул кард, вақте ки ман онро ҳамин тавр ба таври равшан дониста нагирам, дар муҳокимаҳои худ танҳо он чиро ҷой медиҳам, ки барои ақли ман ошкор ва равшан намоён аст, ба андозае, ки ҳеҷ асоси шубҳа кардан нисбати онҳо вуҷуд надошта бошад».[8] Принсипи ошкору равшан будани ҳақиқат бо зиддитрадитсионализми Декарт пайваст аст. Дониши ҳақиқӣ ба гуфти Р. Декарт барои он лозим аст, ки дар ҳаёти амалиамон бо он такя намоем, ҳаёти худро дар асоси онҳо бино созем. Инсон бояд таърихро дар ҳамаи шаклҳояш назорат кунад, аз сохтмони шаҳрҳо, муассисаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ сар карда, тамоми ҷаҳони махлуқро Декарт ба ду ҷавҳар ҷудо мекунад: ҷавҳари моддӣ ва маънавӣ. Ҷавҳари маънавӣ тақсимнашаванда аст, аммо ҷавҳари моддӣ то андозаи беҳудуд тақсимшаванда мебошад. Атрибути асосии ҷавҳари маънавӣ – тафаккур ва ҷавҳари моддӣ-дарозӣ аст. Дигар атрибутҳо аз ин ду атрибут пайдо мешаванд. Хаёлот, эҳсосот, хоҳиш модусҳои тафаккуранд. Фигура, вазъият, ҳаракат – модуси дарозӣ мебошанд. Ҷавҳарҳои маънавӣ дар худ ғояҳо доранд, ки зотӣ буда, дар таҷриба ҳосил намешаванд. Дар таълимоти Декарт дар бораи ғояҳои зотӣ таълимоти Афлотун дар бораи дониши ҳақиқӣ, ки ба воситаи тазаккур (ёдоварӣ) ҳосил мешавад ифода шудааст. Ба ҳамин гуна ғояҳои зотӣ, ӯ ғояи Худоро дохил намудааст. Худо мавҷуди комил аст, сипас ғояҳои адад, фигураҳо ва мафҳумҳои умумӣ, мисли аксиомаи «аз ҳеҷ ҳеҷ чиз ҳосил намешавад», дохиланд.

Дар натиҷа Декарт вобаста ба ҷавҳари моддӣ физикаи материалистӣ ва вобаста ба ҷавҳари маънавӣ психологияи идеалистии таълимот дар бораи ҷавҳари мутафакирро ба вуҷуд овард. Алоқаи ин ҳар дуро, ба гуфти Декарт, Худо таълим мекунад. Маҳз Худо ба табиат ҳаракат ва низом дохил карда, суботи қонунҳои табиатро муҳайё месозад. Маҳз Декарт механикаи классикиро асоснок намуда, замина назариявӣ барои идеализатсияҳое, ки Галилей истифода кард, ба вуҷуд овард таълимоти Декартро дар бораи табиат ҳамчун системаи механикӣ, ки ба он Худо ҳамчун муҳаррик ҳаракатро офаридааст. Ҳамаи инро дар маҷмӯъ бо номи «физикаи картезианӣ» ном мебаранд. Картезиан, номи лотинии Р. Декарт мебошад. Новобаста ба таълимоти дуалистии худ Р. Декарт дар пешрафти илми замони нав ҳиссаи арзишманди худро гузошта, методи ратсионализмро методи асосии фалсафаи худ қарор додааст, ҳарчанд ки метод дар таълимоти Декарт бо метафизика алоқаманд буд. ӯ мӯътақид аст, ки методи нави тафаккур бояд асос дошта бошад ва ин асос бояд дар хирад, дар худшиносии тафаккур мавҷуд бошад, аз ин ҷо: «Фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам», ки тезиси Декарт буд. Ин тезисро ҳамчун ҳақиқати аз ҳама ошкор нишон дода, то ҳадде ӯ ба гуфтаҳои Августин дар бораи вуҷуди ақаллан касе, ки шубҳа дорад, наздик мешавад. Худшиносӣ бештар дар тамаддуни масеҳӣ мавқеи устувор пайдо кардааст, он арзише аст, ки моҳияти ботинии шахсият, ҳолати рӯҳонии шахсро ифода мекунад. Ақидаи Декарт асли тафаккур – Логосро, ки раванди объективӣ ва умумӣ буд, гузошт, балки таассуроти субъективии шахсро асос қарор дод. «Ғайри имкон аст, ки вуҷуднадошта чизе тасаввур шавад, ки фикр кунад, ақаллан дар мавриде, ки ӯ фикр мекунад».[9]

Барои Декарт худшиносӣ роҳи дарёфти субъективии дониш, дарки ҳақиқат аст, ки ба объект мухолиф мебошад. Муқобилгузории субъекту объект, ки на танҳо хоси фалсафаи Декарт, балки фалсафаи асри XVII аст, чи ратсионализм ва чи эмпиризм. Ҷустуҷӯи дониши ҳақиқӣ дар баёни Декарт дар худи субъект ҷой дорад ва ӯ худшиносиро василаи дарёфти дониш, воситае медонад, ки тамоми бинои маърифат дар ин асос бунёд мегардад. Яъне «ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам», аксиомаи дурусту мутлақе аст, ки аз он бинои дониш бунёд мегардад.

Аз аввали асри XVII баҳсҳо дар атрофи «ғояҳои фитрӣ», тарзи вуҷудият, манбаи «ғояҳои фитрӣ» шурӯъ шуда буданд. «Ғояҳои фитрӣ» чун имконияти мавҷудияти дониши умумӣ, зарурӣ, аз ҷумла илм ва фалсафа шинохта шуданд. Аз назари Р. Декарт ҷон моҳият ё ҷавҳари маънавӣ аст ва он аввалин ашёи маърифатии инсон аст. Дар ҷон ду намуди ғояҳо ҳастанд, ки якеро инсон дар тӯли ҳаёти худ касб кардааст (аз худ кардааст), дигарӣ бошад, фитрӣ ҳастанд, ғояҳое, ки дорои ақлу хираданд. Муҳимтарин ғояи фитрӣ, ғояи Худо мебошад. Азбаски инсон ин ғояи фитриро соҳиб аст,пас, манбаи ин ғоя низ вуҷуд дорад. Декарт асоси мустаҳкаме ба тасаввуроти механикии олам гузошт, ки дар маҷмӯъ ин тасаввур асоси фалсафаи давраи нав ва дарки метафизикӣ гардид.

Дар баробари Декарт файласуфи голландӣ Г. Гротсейн яке аз файласуфоне буд, ки назарияи ҳуқуқи табииро тарафдорӣ мекард. Асоси ҳуқуқ, барои Г. Гротсейн (1583-1645) ҳолати табиии инсоният (давраи ибтидоӣ), меъёрҳоеро, ки аз тарафи тамоми инсонҳо эътироф шудааст, аз ҷумла дар ҷомеаи начандон мутамаддин низ ҷой доранд, меъёрҳои фитрии инсон мебошанд. Ба аслҳои ҳукмронии ҳолати табиӣ кӯшиши одамон барои муттаҳидшавӣ низ дохил аст. Аз инкишофи ин асл, ба сабаби набудани меҳр ва адолат ба воситаи шартномаи ҷамъиятӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо мешавад. Ҳамчунон ки давлат аз шартномаи одамони ҷудогона пайдо мешавад, ҳамин тавр дар асоси шартномаи байни давлатҳо метавонад иттиҳоди халқҳо ва иттиҳоди давлатҳо ба вуҷуд ояд. Ба хотири он ки чунин иттиҳодияҳо дар замони ӯ ба вуҷуд омада истодаанд, Гротсейн ба коркарди ҳуқуқи байналхалқӣ машғул шудааст, ки чунин иттиҳодияҳо дар асоси эгоизми халқҳо ва ҳукуматҳо ба вуҷуд намеоянд, пас бояд аз рӯи принсипи алоқа (робита) амал кунанд. ӯ бар зидди ҷангҳои динӣ баромад карда, таҳаммулпазирии комилро мавзӯи андешаи худ қарор додааст, ки бар чор асл бояд такя намояд: ягонагии Худо, вале на чизи ноаён, он офаридгори ҳама чиз ба ҷуз худаш ва ба инсон ғамхор. Гротсейн интихоби ҳукумат, аз ҷумла княз, ҳоким ё валиаҳди шоҳро зарур мешуморад. Азбаски ҷумҳурият шакли қадимаи ба ҳолати табӣӣ мувофиқ аст, пас хоҳ-нохоҳ ҳокимият бояд ба халқ баргардад. Ғояҳои Гротсейн ба пешрафти ҳуқуқҳои табиии инсон кӯмак намуданд.

Таълимоти фалсафии Г. Гоббс. Эмпиризми Ф. Бэкон давоми мантиқӣ ва инкишофи минбаъдаи худро дар таълимоти Г. Гоббс (1588-1679) пайдо кард. Гоббс намояндаи номинализм аст. ӯ таъкид мекард, ки ба таври воқеӣ чизҳои алоҳида вуҷуд доранд, мафҳумҳои умумӣ фақат номанд. Аз ин ҷо сарчашмаи дониш танҳо таҷриба метавонад бошад. Як намуди дониш идрок, эсосот аст, яъне он дониши аввала аст, дигар намудаш дониши номҳои чизҳо. Манбаи намуди дуюми дониш ақл аст, ки номгузорӣ мекунад ва онҳоро алоқаманд месозад ва дар шакли дуруст калимаҳоро истифода мекунад. Масалан, фалсафа ҷисм аст, ки пайдоиши онро ба воситаи мафҳумҳои илмӣ дармеёбем. Ҷавҳари маънавӣ бошад, ба мо маълум нест, агар бошад ҳам мо дар бораи он чизе гуфта наметавонем. Ба қавли ӯ рӯҳ бе ҷисм наметавонад вуҷуд дошта бошад. «Зери мафҳуми рӯҳ гуфта мо ҷисми табиии нозукро мефаҳмем. Ба ҳадде он нозук аст, ки ба эҳсосоти мо таъсир расонида наметавонад, вале фазоро пур кардааст».[10]

Гоббс системаи фалсафаи худро ба вуҷуд овард, ки дар ин система ба ғайр аз онтология ва гносеология инчунин масъалаи давлат, қонуният, сулҳ ва низоми давлат дохил буд. Дар асари машҳури худ «Левиафан» (ном аз Таврот гирифта шудааст, номи мавҷуде аст, ки нерӯи бузург дорад ва аз ӯ нерӯмандтар қуввае нест), ҳамчун намояндаи материализми механикӣ ҳодисаҳои ҷамъиятро низ дар асоси қонуни табиатсшиносӣ шарҳ медиҳад. Азбаски методи математикӣ методи умумии таҳқиқот аст, пас он дар нисбати ҳодисаҳои ҷамъиятӣ низ метавонад истифода шавад. Ҷамъияту давлат механизми бузургеанд дорои унсурҳои зиёд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо карда, ба осонӣ метавон бо ёрии қонунҳои соддаи табиӣ баён кард. ӯ ду ҳолати ҷамъиятро фарқ мекунад: табиӣ ва шаҳрвандӣ. Агар ҳар он чӣ ки давлат ба муносибатҳои инсонӣ дохил кардааст, хориҷ карда шавад, ҳолати табиии ҷамъият ҳосил мешавад. Дар ҳолати табиӣ одамон аз рӯи ғароизи табиии худ амал мекунанд ва онҳо дар ин ҳолат баробаранд, зеро табиат ба ҳамаи онҳо ҳама чизро додааст. Ба ҳамин хотир, ҳар як нафар кӯшиш дорад, ки озодии худро нигоҳ дорад ва дигаронро мутеи худ созад. Бархӯрди кӯшишҳои одамон доимо тазодҳо ва «ҷанги ҳамаро ба ҳама» ба вуҷуд меоварад. Барои он ки инсон ғароизи худро амалӣ созад, аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонад. Дар ин задухӯрд ғолиб ва мағлуб нест. Одамон барои он ки ҳаёти худро ҳифз кунанд, роҳи сулҳро бояд меш гиранд. Он ҳам аз тарси марг ва ҳам аз рӯи талаботи ақл бармеояд. Талаботи ақлро Гоббс қонунҳои табиӣ меномад. Аз ин ҷо аввалин қонуни табиӣ «сулҳро ҷустуҷӯ кардан аст». Инсон бояд аз дарёфти миқдори муайяни чизҳо ба хотири ба даст овардани сулҳ даст кашад ва шартнома имзо кунад, ки дар он ҳуқуқҳои дигарон низ эътироф шаванд. Вобаста ба шартнома, бояд одамон шартномаи бастаашонро иҷро кунанд. Барои иҷрои ҳамин шартнома ҳукумати умумӣ лозим аст, ки одамонро дар тарс нигоҳ дошта, иҷрои шартномаро маҷбур созад, ба хотири манфиати умум. Чунин ҳокимият танҳо ба воситаи дар дасти ягон нафар ва ё маҷлиси одамон супурдани қудрат ба вуҷуд меояд, ки дар он иродаи одамон дар иродаи нафаре ё маҷлисе гирд омадааст. Дар натиҷа давлат ба вуҷуд омадааст, ки вай иродаи аксариятро ба худ тобеъ сохта, ба хотири сулҳ ва амният дар ҷомеа аз қудрат истифода мекунад. Давлат мисли ҳамон Левиафан аст, ки қудрати тавоно дорад ва ба ҷои қонунҳои табиӣ қонунҳои ҷамъиятро мегузорад.

Ҳукумат қонунҳои шаҳрвандӣ эҷод мекунад ва одамонро вазифадор месозад, ки онҳоро риоя кунанд. Вақте ки ҳокимият интихоб мешавад, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба ихтиёри ҳукумат мегузарад, ба ҷуз он ҳуқуқу озодиҳое, ки ҳукумат онҳоро ба ихтиёри шаҳрвандон вогузор мекунад.[11] Ба назари Гоббс дар ҳокимият шакл: монархия, аристократия, демократия муҳим нест. Муҳим он аст, ки ҳокимият ягона, мустақил ва мутлақ бошад. Вале таваҷҷӯҳи Гоббс бештар ба ҳокимияти мутлақ (монархия) аст. Зеро он қудрати сиёсии давлатро беҳтар таъмин мекунад.

Ҷон Локк (1632-1704) таълимоти Т. Гоббсро дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ инкишоф дода, ғояҳои либерализми буржуазиро тақвият бахшид. Дар асари маъруфи худ «Ду рисола дар бораи ҳукумат» аз ҳолати табиии ҷамъият баҳра гирифта, онро чун «подшоҳии озодӣ ва баробарӣ» намудор сохт. Ба ҳуқуқҳои табиии инсон Ҷ. Локк се навъи ҳуқуқро дохил намуд: ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликияте, ки ба меҳнати худ кас ба даст овардааст. Баръакси Гоббс шаҳрванд набояд аз ҳуқуқҳои табиии худ даст кашад ва ин корро карда ҳам наметавонад. Он ба андозае ҳуқуқҳои худро метавонад маҳдуд созад, ки барои ҳимояи шахсияту моликияти вай зарур бошад. Вобаста ба ин Локк хулоса мебарорад, ки ҳукумат наметавонад шакли мутлақият дошта бошад. Аз ин нуқтаи назар ӯ тарафдори ҳокимияти мутлақа (монархия) нест, зеро ба фикри ӯ ҳолати табиии худро инсон бояд ҳимоя кунад, вале инсон ташкили ҳокимияти мутлақаро, ки ҳуқуқҳои вай бо қонун маҳдуд карда шуда бошад, рад намекунад. Дар ин давра дар Англия чунин ҳокимият ташкил ёфта буд ва мавқеи Локк бо он хеле мувофиқ буд. ӯ яке аз аввалин мутафаккироне аст, ки тақсимоти ҳокимиятро ба шохаҳои ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва федералӣ пешниҳод мекард. Дар ҳокимияти иҷроия иҷрои қонунҳо, татбиқи сиёсати амалии давлатро бар ӯҳда дошта, ҳокимияти қонунгузор ба тартиб додани қонун ва иҷрои онҳо назорат куна два ҳокимияти федералӣ (шоҳ, вазирҳо) ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ бояд машғул шаванд. Ҳокимияти олӣ дар дасти қонунгузор аст ва он бояд дигаронро идора кунад. Чунонки аз таърих маълум аст ин нуктаҳо дар инқилобҳои буржуозии Фаронса ва Амрико дар асри XVIII татбиқи худро ёфтанд. Назарияи иҷтимоии Ҷ. Локк таъсири зиёде ба афкори сиёсӣ-иҷтимоии давраи маорифпарварӣ дар Аврупо гузошт ва инкишофи минбаъдаи худро дар осори Ш. Монтескё ва Ж.Ж. Руссо пайдо кард.

Назарияи маърифатии Ҷ. Локк хусусияти сенсуалистӣ (аз лотинӣ sensus – эҳсосот: яъне асоси дониш эҳсосот аст) дошт. Ба қавли Локк хотираи инсон ба мисли тахтаи (лавҳи) холӣ аст , ки инсон аз рӯи эҳсосоти худ онро пур месозад. ӯ тарафдори дониши таҷрибавӣ буд ва чизҳоро дорои вуҷуди воқеӣ медонист. Ба қавли Локк, дар хирад чизе нест, ки дар эҳсосот набошад. Ҷ. Локк алоқаи эҳсосот ва ақлро таъкид карда, бо ин роҳ алоқаи манфии гносеология ва онтологияро нишон дод.

Таълимоти Б. Спиноза оид ба ҷавҳар. Ҳамчунон ки аз таълимоти Р. Декарт бармеояд, ҷавҳар дар фалсафаи ӯ чандон равшан баён нашудааст ва муайян нест, зеро аз як тараф ҳастии воқеӣ танҳо ҷавҳари беҳудуд –Худо дорад ва ҷавҳарҳои ҳудуддор, яъне ҷавҳарҳое, ки аз ҷониби Худо халқ шудаанд. Яъне олами ашё аз ҷавҳари беҳудуд вобастагӣ дорад. Ҳамин норавшанӣ ва муайян набудани таълимот дар бораи ҷавҳарро Б. Спиноза, қабл аз ҳар масъалаи дигари фалсафа хост тағйир диҳад. Спиноза дуализми Декартро дар бораи ҷавҳар дигар карда, таълимоти худро дар бораи ҷавҳари ягона ба вуҷуд овард ва ин ҷавҳарро Худо ё табиат номид. ӯ ҷавҳар будани чизҳои алоҳидаро қабул надорад ва анъанаи фалсафаи номинализм ва эмпиризмро дар ин бора рад мекунад. Мавқеи Б. Спинозаро метавон чун реализми қатъӣ баён кард, зеро ӯ ҷавҳарро ҳамчун сабаби худ (causa sua) чизе, ки ба воситаи худ вуҷуд дорад ва ба воситаи худ дониста мешавад, шарҳ додааст. Ҷавҳарро ӯ Худо ё табиат номида, ақидаи пантеистиро дастгирӣ мекунад. Вале Худои Б. Спиноза хусусияти шахсиятро, мисли шуур, ирода, қудрат надорад, ӯ офаридгор нест. Он мабдаи ғайришахсӣ аст, ки дорои вуҷудият, ҳастӣ (ба сифати мабдаъ) — ро ва сабаби ҳамаи мавҷудот аст. ӯ анъанаи фалсафаи Николаи Кузанӣ ва Ҷордано Бруноро   идома дода, пантеизмро инкишоф медиҳад. Атрибутҳои (хосиятҳои) ҷавҳар   — тафаккур ва дарозиро, ки Р. Декарт муайян карда буд, Б. Спиноза модусҳои ҷавҳари ягона медонад. Ба назари Б. Спиноза, ҳамаи ҳодисаҳои олами физикӣ, ҳамчун модуси атрибути дарозӣ пай дар пай ҳамчуноне ки модусҳои тафаккур тағйир ва инкишоф меёбанд, дигар мешаванд. Тартиб ва алоқаи ғоя ба тартиб ва алоқаи чизҳо мувофиқанд ва ҳар ду натиҷаи моҳияти Худованд аст. Бинобар ин ба гуфти Б. Спиноза ҷон ғояи ҷисми инсон аст. Тамоми ҳодисаҳои олами танҳо бо амри зарурат ба амал меоянд ва иродаи инсон чизеро тағйир дода наметавонад. Спиноза умуман озодии иродаи инсонро эътироф надорад, ҷони инсон мустақил нест, он ҷавҳар нест, балки модуси тафаккур аст. Бинобар он «ирода ва хирад як чиз аст».[12]

Ба фикри Спиноза модуси аз ҳама мураккаби ҷавҳар ин инсон аст, ки дорои ҷон ва имкони худро маърифат кардан дорад. Хосиятҳои ҷавҳарро Спиноза таҳқиқ карда, хусусиятҳои маърифатии инсонро муайян мекунад. Дар асари худ «Рисола дар бораи тоза кардани интеллектҳо» Б. Спиноза 4 тарзи касби донишро муайян кардааст. Ба воситаи намуди аввал, мегӯяд Спиноза мо аз рӯи шунидамон дониш пайдо мекунем. Вале ин роҳро дар дониш муҳим намедонад. Онро бештар хоси дин медонад, ки дар он аз рӯи катибаи муқаддас ва гуфтори муқаддас дониш ҳосил мешавад.

Намуди дуюми касби дониш пайдо кардани он аз таҷрибаи бенизом, ки аз мушоҳида бармеояд ва таҷрубаи бесомон аст, яъне барои он бесомон аст, ки мушоҳида хусусияти тасодуфӣ дорад. Ин навъи дониш бо доираи зиндагии муқаррарии инсон маҳдуд мешавад. Барои дониши илмӣ ва таҳқиқоти илмӣ он ба кор намеравад.

Тарзи сеюми касби дониш дар асоси натиҷаҳо, дарёфти сабабҳо ва баровардани хулосаҳо дар бораи чизҳо аз мафҳумҳои умумӣ мебошад, вале он дониши ҳақиқӣ дар бораи моҳияти чизҳо намедиҳад, зеро ба воситаи мафҳумҳо дар бораи хосияти чизҳо дониш ҳосил кардан мушкил аст.

Чорум тарзи ҳосил кардани дониш бевосита аз моҳияти чизҳо аст. Ҳамин роҳи чорум дониши ҳақиқӣ медиҳад, ки онро Спиноза дониши интуитивӣ меномад. Ҳамин тавр, маърифат зинаҳои муайянро тай мекунад: аввал доимо таҷрубавӣ, ки хосиятҳои ғайримуҳими чизҳоро фаро мегирад. Моҳият бошад ба воситаи ақл фаъолияти ақлонӣ дониста мешавад. Инчунин дониши интуитивӣ, ки аз «абстрактсияҳои» барғалат ба куллӣ фарқ мекунад. Новобаста ба муҳокимаҳои зиёди назариявӣ дар бораи ҷавҳар, атрибутҳо, модусҳо фалсафаи Спиноза ҷиҳатҳои амалӣ низ дорад, ҷиҳати амалӣ аз ҷумла ҷиҳати ахлоқӣ. Инсон раванди ҷаҳониро дарк карда, зиндагии худро бо он мувофиқ сохта, ҳаёти худро пеш мебарад. Ба қавли Б. Спиноза «Озодӣ ин донистани зарурат» аст.

Фалсафаи Лейбнитс. Ба таълимоти монизми Спиноза дар бораи ҷавҳари ягона Г.В. Лейбнитс (1646-1716) таълимоти худро дар бораи ҷавҳарҳои зиёд – монадаҳо муқобил гузошт. Монадаҳо (дар юнонӣ ба маънии ягона «як» аст) дар таълимоти Лейбнитс чизи сода, тақсимнашаванд аст. Вале ин маънои онро надорад, ки монадаҳои Лейбнитс чизҳои моддӣ бошанд, зеро онҳо агар чизи моддӣ бошанд, ба дарозӣ мутааллиқ мешаванд ва дарозӣ, яъне чизи моддӣ беҳудуд аст ва беохир тақсим мешавад. Пас моҳияти монадаҳо аз чӣ иборат аст? Моҳияти онҳоро фаъолият, на дарозӣ, ташкил медиҳад. Ин фаъолият, ба гуфти Лейбнитс, он чизе аст, ки сабаби механикӣ надорад, он аз тасаввурот ва кӯшиш иборат аст. Ҳамон тавре маълум аст, тасаввурот идеалӣ (ғоявӣ) мебошад. Бинобар ин онҳоро аз таҳлили дарозӣ ё ба воситаи комбинатсияи физики (механикии) атомҳо наметавон ҳоисл кард. Аз ин ҷо онҳо воқеияти соддае ҳастанд, ки хосияти ҷавҳарҳои соддаро ташкил мекунанд. Фаъолияти монадаҳо дар ҳолати доимоивазшавандаи худ, вақте ки мо ҳаёти ҷони худро тасаввур менамоем, мушоҳида мешавад. Ба монадаҳо тасаввурот ва кӯшишҳоро нисбат дода, онҳоро дар муқоиса бо ҷони инсон нишон медиҳад ва дар воқеъ Лейбнитс гӯяд, ки монадаҳо ҷонҳо ҳастанд, ки эҳсосот ва рӯҳ доранд, вақте ки онҳо дорои ақл бошанд. Дар табиати ғайриорганикӣ бошад, онҳо ба монанди шаклҳои ҷавҳарӣ мебошанд, ки ҷону рӯҳ доранд ва тамоми табиат дар ин сурат зинда ва дорои ҷон аст. Ҳатто дар он ҷое, ки пораи чизеро мебинем, мавҷуди дорои ҷон монадаҳо вуҷуд дорад. Агар дар табиат, дар ҳар қатраи об ё дигар чиз ҳуҷайраҳои зиёдро тасаввур намоем, пас ин суханони Лейбнитс ҳақиқат пайдо мекунанд. Пас монадологияи Лейбнитс ба микромир (ҷаҳони зарраҳо ва ҳуҷайраҳои ноаён) алоқаманд аст. Он вақте пайдо шуд, ки микроскоп ихтироъ шуд. Яке аз ихтироъкорони микроскоп А. Левенчук анатомияи микроскопии чашм, асабҳо, дандонҳоро омӯхт, бактерияҳоро мушоҳида кард. Дар ин асос тасаввуроти нав дар бораи табиат ба вуҷуд омад. Агар гуфтаҳои Лейбнитсро аз ин нигоҳ таҳлил намоем, пас маълум мешавад, ки он дар ҳамон заминаҳои илмӣ ба вуҷуд омадааст.

Барои Лейбнитс ҳар як монада ҷаҳони сарбастае аст, ки дар худ тамоми низоми ҷаҳонро инъикос кардааст. Барои он ки монадаҳо тамоман аз ҳам ҷудо тасаввур нашаванд, Лейбнитс таъкид мекунад, ки принсипи ҳамоҳангӣ (гармония), ки аз Худо сар мезанад вуҷуд дорад ва низоми дохили монадаҳоро намоён мекунад. Монадаҳо аз тариқи табиӣ пайдо намешаванд ва аз байн намераванд, балки аз шуоъҳои нури Худованд ба вуҷуд меоянд. Се намуди монадаҳо вуҷуд доранд: монадаҳои дорои дараҷаи ҳастие , ки ҷисмҳои физикиро ба вуҷуд меоранд, монадаҳо – ҷонҳо, ки дорои тасаввурот ва эҳсосот ҳастанд ва олами растаниҳо ва ҳайвонотро ифода кардаанд. Монадаҳо рӯҳҳо, ки дорои дараҷаи баланди инкишоф мебошанд. Онҳо инкишофи табиати инсонро таҷассум кардаанд. Монадаҳо танҳо ба воситаи ақл дониста мешаванд. Лейбнитс дар мавқеи ратсионализм қарор дошта бошад ҳам, онро бо эмпиризм алоқаманд сохтааст ва ду намуди ҳақиқиро эътироф дорад: «ҳақиқати ақл (хирад)» ва «ҳақиқати фактҳо». Чун Декарт «ҳақиқати ақл» — ро фитрӣ медонад, вале он бар хилофи Декарт якбора ҳосил намешавад, балки он дар шакли имконият, номукаммал дар интеллект дода шудааст, ки ба тадриҷ инкишоф меёбад. Хусусияти «ҳақиқати ақл» умумӣ ва зарурӣ будан аст, ки пеш аз ҳама дар дониши математикӣ ва мантиқӣ зуҳур мешавад.

«Ҳақиқати бурҳон» умумӣ ва зарурӣ нест, хусусияти эмпирикӣ ва тасодуфӣ дорад ва аз роҳи дедуктивӣ ҳосил карда намешавад. Усули дарёфти «ҳақиқати факт» индуксия аст. Ба «ҳақиқати факт» қонунҳои табиатро, ки табиатшиносӣ кашф кардааст, дохил мекунад.

Низоми ратсионалии Лейбнитс ҷамъбасти фалсафаи асри XVII аст. Фалсафаи асри XVII асоси тасаввури метафизикӣ ва механики оламро гузошт, ки он дар асрҳои минбаъда аз тарафи материалистон тақвият бахшида шуд. Тасаввури метафизикӣ оламро якранг, беҳаракат ва якнамуд тасаввур мекунад, дар он шаклҳои гуногуни ҳаракат вуҷуд надоранд, манбаи ҳаракат аз беру наст, сарчашмаи дохилии тағйирот ва дигаргуниҳо дар ин тасаввурот ноаён мемонад.

Фалсафаи маорифпарварӣ . Асри XVIII-ро беҳуда давраи маорифпарварӣ дар Аврупо намегӯянд, чунки илму маърифат аз доираҳои танги олимон, донишгоҳҳо баъди давраи инқилоби илмии асри XVII баромада, дастоварди доираҳои васеи аҳолӣ гардид, дар салонҳои Парижу Лондон аз комёбиҳои илм пайваста сӯҳбату баҳсҳо доир мегардид, бисёр адибон бо забони содда ва фаҳмо кашфиётҳои илмро маънидод мекарданд. Боварӣ ба нерӯи ақлонии инсон хеле зиёд гардид. Он имкониятҳои васеъ барои пешрафти иқтисодӣ, некӯаҳволии аҳолӣ фароҳам овард. Танқиди схоластикаи асримиёна, ки мутафаккирони давраи Эҳё ва инқилоби илмии асри XVII сар карда буданд, дар ин давра хеле вусъат пайдо кард. Асри XVIII худро чун асри ақлу хирад ва рӯшноӣ намудор сохт. Бо вуҷудияти умумияташ бо асри қаблӣ давраи маорифпарварӣ хусусиятҳои худашро дошт. Аввалан, алоқаи илм бо амалия таъкиди бештаре аз тарафи мутафаккирон пайдо кард, сониян ба танқиди схоластикаи асримиёнагӣ, танқиди метафизика илова шуд. Баъди Нютон дар илм ва Локк дар фалсафа танқиди сахти метавизикаи картезианӣ оғоз меёбад. Шиори ин давра илм ва прогресс буд, ки ба васфи хиради илмӣ, ки на танҳо аз хурофоти илмӣ, балки аз фарзияҳои метафизики ғайритаҷрибавӣ озод бошад, нигаронида шуда буд. Некбинии (оптимизми) маорифпарварӣ ба фаъолии табақаи буржуазия, ки ба саҳнаи таърих ворид шуда буд, алоқаманд аст. Аз ҳамин сабаб ҳам Англия, ки нисбатан кишвари пешрафта буду сохти буржуазӣ инкишофи бештаре пайдо карда буд, ватани маорифпарварӣ шуд. Маорифпарварӣ инъикоси худро дар осори маорифпарварони англис Ҷ. Толанд, А. Коллинз, А. Шефтбери, Т. Рид, А. Смит, Д. Юм ва дигарон пайдо кард.

Маорифпарварӣ махсусан дар Фаронса ривоҷи бештар пайдо намуд ва гурӯҳи калони маорифпарварон бо осори гаронбаҳои худ ғояҳои маорифпарвариро инкишоф медоданд. Аз ҷумла Волтер, Ж.Ж. Руссо, Д. Дидро, Ж. Доламбер, Э. Кондлияк, Б. Голбах, Ж. Ламетри. Дар Германия ғояхои маорифпарвариро Г.Е. Лессинг, И.Г. Гердер, И. Кант инкишоф доданд. Ҷ. Локкро аз аввалин маорифпарварон медонанд

Ба насли авали маорифпарварони Фаронса Шарл Волтер (1694-1778) ва Луи Монтескё (1689-1755) дохиланд, ки маҳз осори онҳо ба инкишофи маорифпарварӣ дар Фаронса такони зиёд бахшид. Махсусан асари зиддисалтанатии Монтескё «Мактубҳои форсӣ» таъсири зиёд дошт. Дар солҳои 40-уми асри XVIII, вақте илмҳои табиатшиносӣ, адабиёти бадеӣ, драматургия, фалсафа дар Фаронса хеле инкишоф меёбад, афкори маорифпарварӣ дараҷаи баланди инкишофи худро пайдо мекунад. Маҳз дар ҳамин давра насли дуюми маорифпарварон ба воя мерасид, мисли Ж.Ж. Руссо, Ж. Ламетри, Д. Дидро, П. Голбах, Э. Кондиляк, Ж. Кондорсе. Осори ин гурӯҳи маорифпарварон анъанаҳои илмӣ, фалсафии мутфаккирони давраи Эҳё ва Давраи навро давом дода, онро бо ғояҳои нав ғанӣ гардониданд. Бо вуҷуди монандӣ фалсафаи маорифпарварони фаронсавӣ, баъзе ҷиҳатҳои хусусӣ доранд:

  • тамоюли зиддиклерикалии онҳо хеле равшан ифода ёфтааст; мавқеи онҳо ба ҳадде буд, ки онҳоро метавон на танҳо зиддитеологӣ, балки зиддидинӣ номид (Дидро, Голбах);
  • алоқаи зичи ақоиди фалсафаи маорифпарварӣ бо комёбиҳои табиатшиносӣ;
  • майли гуманистии фалсафа бо масъалаҳои иҷтимоии инсон;
  • тамоюли ақидаҳои фалсафии маорифпарварон барои тағйири воқеияти иҷтимоӣ ба манфиати пешрафти ҷамъият ва беҳтар шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ҳадафи асосии худ маорифпарварони фаронсавӣ муборизаи зидди хурофоти диниро қарор дода буданд ва ҷомеаро мехостанд аз таъсири таълимоти ортодоксияи католикӣ озод намоянд. Албатта, ин ҳадаф аз шароити Фаронса бармеомад. Таъсири калисои католикӣ дар ин кишвар хеле зиёд буд, калисо заминҳо ва сармояи хеле зиёде дар ихтиёри худ дошт. Илова бар ин калисо бар зидди озодфикрӣ муборизаи беамон мебурд. Аз ин ҷиҳат, бо барҳам задании ин нуфуз маорифпарварон таъмини озодии фикр, рушди илмро алоқаманд месохтанд. Бедодгарии калисоро бар ақлу хирад ва дониш, олимон, озодфикрон Ш. Монтескё, Ж.Ж. Руссо, П. Голбах, Дидро ва дигар маорифпарварони фаронсавӣ зери танқиди сахт гирифта буданд.

Ба таълимоти клерикалӣ ва таассуби динӣ маорифпарварони фаронсавӣ назаряи «дини табиӣ» — ро муқобил гузоштанд. Волтер дар асарҳояш «Достони қонуни табиӣ», «Асосҳои фалсафаи Нютон» ва Дидро дар асараш «Дар бораи кифоя будани дини табиӣ» ин ақидаро асоснок кардаанд. «Дини табиӣ» гуфта маорифпарварони фаронсавӣ динеро дар назар доштанд, ки ба табиати инсон мувофиқ буда, асосҳои ахлоқи умумибашариро фарогир бошад. Дар он мафҳумҳои некӣ ва бадӣ бояд мустақил ва аз Худо вобаста набошад, ки ин ақида асосан ифодаи космополитизми ахлоқӣ аст. Мазмуни ин динро ахлоқи космополитӣ, барои ҳамаи инсонҳо мувофиқ ташкил мекунад. Ин ғоя, чунонки маълум аст, дар инқилоби бузурги Фаронса истифода шуд. Таваҷҷӯҳи ҷиддӣ маорифпарварони фаронсавӣ ба асосноккунии назарияи материалистии табиат додаанд. П. Голбах (1723-1789) дар асараш «Системаи табиат» табиатшиносии материалистиро асоси таҳқиқоти мазкур қарор медиҳад ва табиатро чизи ягона ва бузурге медонад, ки аз пайвастшавии унсурҳои гуногун, таркиботи мухталиф ва ҳаракатҳои гуногун ҳосил мешавад. Асоси ҳамаи равандҳои табииро, ба гуфти Голбах – ҳамаи он чизе аст, ки ба тавре ба эҳсосоти мо таъсир мерасонад.[13]

Инчунин ӯ дар шарҳи сабабият ва зарурат низ асли материалистиро баён кардааст. Ба ҳамин сабаб ҳам Голбах кайҳонро чун маҷмӯи сабабияту натиҷаҳо дониста тарафдори он аст, ки дар олам асли детерменизми қатъӣ амал мекунад. Ҳодисаҳои тасодуфиро ӯ истисно карда, ҳукми заруратро то ба андозаи фатализм мерасонад. Албатта, чунин зарурати қатъӣ, ки ба фатализм мебарад, то ба андозае натиҷаи таъсири тасаввуроти механикӣ аст, ки дар ин аср дар табиатшиносӣ ҳукмрон буд.

Ҳамчунон ки зикр шуд, масъалаи инсон барои фалсафаи гуманистӣ ва маорифпарварӣ муҳимтарин масъалаи фалсафа буд. Дар ҳалли ин масъала дар байни ду равияи маорифпарварони фаронсавӣ, яъне равияи деистӣ – Волтер, Руссо ва материалистони фаронсавӣ – Дидро, Ламетри, Гелветсий, Голбах фарқи ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Асоси равияи деистиро чунонки аз фаҳмиши деизм бармеояд, ақидае ташкил мекард, ки Худо офаридгори олам мебошад, вале баъди халқи олам дигар ба корҳои табиат дахолат намекунад. Деистҳо эътиқоди калисоро дар бораи мӯъҷизаҳо рад карда, маориф ва илмро ҳимоя менамуданд. Бинобар он дар нисбати инсон низ ҷовидон будани ҷон ва ҳаёти пас аз маргро эътироф доштанд.

Волтер яке аз намояндагони барҷастаи равияи деизм, адолат ва баробарӣ дар ҷомеаро ба пешрафти илму маърифат вобаста мекард. ӯ дар бораи маърифатнокии ҳукмронон сухан ронда, ақида дошт, ки ҳукмрони мутлақ (шоҳи одил дар адабиёти классики тоҷик) низ метавонад, адлу баробариро дар ҷомеа татбиқ намояд, агар ӯ фазои маърифати баланд ва ахлоқ бошад. «Мутлақияти мутараққӣ» шояд шакли беҳтари ҳокимият бошад. Аз ин ҷо ӯ тарафдори монархия, вале монархияи мутараққӣ ва бомаърифат буд.

Аммо материалистони фаронсавӣ табиат, материяро асос шумурда, ҳеҷ гуна дахолат ба табиат ва ҳодисаҳои тасодуфиро эътироф надоштанд. Барои ҳамин онҳо дугонагии табиати инсонро рад карда, асоси фалсафаи антропологии худ ягонагии моддии онро қарор дода буданд. «Инсон-навишта буд Голбах – мавҷуди танҳо физикӣ аст. Ҳамаи ғояҳо, хоҳишҳо, амалиёт натиҷаи зарурии моҳият ва сифате аст, ки табиат ба мо гузоштааст».[14]

Табиати психикӣ ва қобилияти фикрии инсон мавриди баҳси дигар маорифпарварон қарор гирифта буд. Аз ҷумла Клод Гелветсий (1715-1771) ва Жюлен Ламетри (1709-1751) ба ин масъала эътибори ҷиддӣ додаанд. Ламетри дар асараш «Инсон-машина» таълимоти теологиро дар бораи ҷон рад намуда, таъкид менамояд, ки эҳсосот, тафаккур пурра аз «ҷавҳари ҷисмӣ» вобаста аст, агар ҷисм осеб бинад, фаъолияти психики инсон осеб мебинад. ӯ инсонро чун мошини мураккаб ва ба таври махсус ташкилшуда медонад, ки қобилияти фикр кардан, эҳсос карданро дорад. Аввалан, он ба тарзи махсус ташкил ёфтааст, сониян, тарбия ва таълим инсонро бар дигар махлуқот бартарӣ медиҳанд.

Баръакси Ламетри Денни Дидро ғояи фитрӣ будани ахлоқро дастгирӣ мекунад. Инсон ба кори хайр майл дорад ва намунаи ошкори он зоҳиршавии муҳаббат байни инсонҳост. Вале ин табиати инсон дар ҳаёт ба воситаи тарбия боз ҳам такмил меёбад ва симои ахлоқии инсонро ташаккул медиҳад. Дар асари худ «Унсурҳои физиология» Дидро маводи зиёди илмӣ-табиатшиносиро овардааст, ки назари ӯро дар бораи пайдоиши табиии инсон, ташаккули психикаи ӯ ба субут мерасонанд.

Аз мавқеи деизм Волтер дар бораи заифии инсон муҳокима меронад. Ба назари ӯ инсон ба қонунҳои табиат тобеъ аст ва тақдири инсонро ҳамин қонунҳо муайян мекунанд, яъне тақдири инсон мутобиқи детерменизми табиӣ-илмӣ амалӣ мешавад. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст, «ҳайвони ҷамъиятӣ» мебошад, ба ҷамъият эҳтиёҷ дорад ва хусусиятҳои иҷтимоӣ муҳимтарин нишонаи инсон аст. К. Гелветсий аз равияи материалстӣ шакли сесуалистии моҳияти инсонро тасвир мекунад. ӯ чунин ҳисоб мекард, ки дар инсон аз ҳама муҳим эҳсосот аст. Бинбар он муайянкунандаи рафтору кирдори инсон лаззати ҷисмонӣ ва азоб аст. Инсон кӯшиш менамояд, ки аз ҳаёт қаноатманд бошад ва азобу шиканҷаро дур созад, ҳатто Гелветсий маҷмӯи амалҳоеро ки инсон дар фаъолияти худ ба онҳо майл мекунад, тартиб дода буд. Бо вуҷуди ин Гелветсий чун ҳамаи маорифпарварон мақоми тарбияро дар ташаккули инсон хеле баланд мебардорад.

Дар фалсафаи иҷтимоӣ маорифпарваронба донишу маърифат такя карда, беҳбудии ҷомеа, инкишофи онро ба савияи маърифат алоқаманд сохтаанд. Дар тасаввури онҳо, агар ҳукмронон бомаърифат бошанд, адлу инсонф дар ҷомеа ҳукмфармо хоҳад шуд ва зиндагии босаодат ҷорӣ мегардад. Танҳо хираду дониш, к ибо нури фалсафа нуронӣ шудааст, метавонад такягоҳи устувор барои ҷомеаи боадолат гардад. Ламетри дин ва ахлоқро шаклҳои робитаи ҷамъиятӣ дониста, онҳоро барои ҷомеаи боадолат муҳим мешуморад. Вале ӯ ҷомеаи ахлоқии бединро низ истисно намекунад. Манфиати ҷамъиятиро ӯ маҳаки накӯкорӣ дар ҷомеа медонад, зеро ба ҷомеа хушбахтӣ оварда кас метавонад саодатмандии худро низ таъмин созад.[15] Вале дар ҷомеа ба қавли ӯ шахсони накӯкор камтар аз шахсони бадкоранд, аксарият кӯшиш мекунанд, ки фақат беҳбудии ҳаёти худро таъмин созанд. Аз ин ҷо ҷиҳати муҳими тамаддун зиддияти доимӣ дар байни табиати зишти инсон ва накӯкорӣ аст. Ақидаи Ламетри бо тасаввури адибони форсу тоҷик дар бораи муборизаи хайру шарр наздик аст. Ж.Ж. Руссо (1712-1778) пешниҳод мекунад, ки ҳокимияти сиёсӣ ва маориф ба ҳам пайваст шаванд. Танҳо чунин пайваст имкон медиҳад, ки ҳукмрононро соҳиби маърифат сохта онҳоро ба накӯкорӣ барои инсоният водор созад. Дар асари асосии худ «Дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ ё принсипи ҳуқуқи сиёсӣ» Руссо чун дигар маорифпарварон назарияи озодиҳои инсонро баён кардааст. Инсон озод таваллуд мешавад, вале дар ҳама ҷо ӯ дар асорат мемонад.[16] ӯ баробариро ҳолати табиии инсон тасвир кардааст. Сабаби асосии нобаробариро дар ҷомеа, ӯ дар моликияти хусусӣ мебинад. Ин ақида заминае гардид, барои тарафдорони оҷомеаи сотсиалистӣ ва коммунистӣ. Руссо дар ҳама кор ҳадди миёнаро тарафдор аст, аз ҷумла зидди беҳудахарҷкунӣ, даст кашидан аз истифодаи беҳуда, маҳдуд сохтани миқдори амволи сарватмандон ва ашрофон мебошад. Барои нобаробариро кам кардан андозҳо ҷорӣ намудан лозим аст, аз ҷумла маҳдуд сохтани миқдори мероси молу мулк, сармоя, озод кардан аз андоз онҳоеро, ки миқдори танҳо зарурии воситаҳои меҳнатро доранд. Умуман назари Руссоро метавон чун эгалитаризми иҷтимоӣ баҳо дод. Аз байн бурдани нобаробарӣ ба воситаи тақсим кардани моликияти хусусӣ дар байни ҳама ақидаи муҳими Руссо мебошад. Татбиқи озодӣ ва баробарӣ дар ҷомеа танҳо дар шакли ҳукмронии сохти ҷумҳуриявӣ имконпазир аст, зеро дар ҷумҳурият халқ офарандаи воқеии қонунҳо мебошад. ӯ ақидаи худро дар бораи ба таври табиӣ пайдо шудани давлат баён карда нишон медиҳад, ки дар рафти инкишофи ҷомеа давлат аслиҳаи ҷорӣ намудани беҳуқуқӣ мегардад, боиси нобаробарии шаҳрвандон шуда, ба ҳукумати мутлақа ва салтанат табдил ёфтааст. ӯ ҳолати табиии инсониятро чун давраи «гузаштаи босаодат» нишон додааст.

Ақидаҳои Руссоро дар бораи шартномаи иҷтимоӣ на ҳамаи маорифпарварон дастгирӣ намудаанд. Масалан, моҳияти ҷамъиятро Голбах дар қаноатманд сохтани талаботҳои ҳаётии одамон ва таъмини манфиатҳои онҳо мебинад. Ҳамин зарурати қаноатмандсозии талаботи одамон онҳоро водор месозад, ки муттаҳид шаванд, шартнома банданд. Шартномаи ҷамъиятӣ ҳам манфиатҳои шаҳрвандон, ҳам манфиатҳои ҷомеаро фаро мегирад. Вазифаи ҷамъият аст, ки ҳаёти босаодатро барои аъзоёнаш таъмин намояд ва шаҳрвандон низ вазифдоранд, ки ба ҷомеа хизмат карда, тамоми қобилияти худро барои пешрафти он сарф кунанд. Камбудии ҷомеа ба назари ӯ нофаҳмии одамон аст, ки манфиати воқеии худро дарк намекунанд, ҷоҳилу раҳгумзадаанд, роҳи беҳбудии ҳаёти худро намеёбанд.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ақидаҳои иҷтимоии маорифпарварон патсифизми маорифпарварӣ буд. Онҳо зидди ҳар гуна ҷангу низоъ буданд. Ҳама гуна ҷангро маҳкум мекарданд, ба ғайр аз ҷангҳое, ки барои ҳимояи кишвар аз ҳуҷуми истилогарон бошад. Онҳо тарафдори дигаргуниҳо ва ислоҳот дар ҷомеа буданд, вале роҳи сулҳомези онро пешниҳод менамуданд, ки аз «ҳукмрони бомаърифат» бармеояд. Роҳи инқилобро дар сурате имконпазир мешумурданд, ки агар ҳеҷ имкони дигари ислоҳи ҷомеа набошад, барои сарнагун сохтани ҳокимияте, ки аз идоракунии бомаърифат даст мекашад ва ҷомеаро бадбахт месозад, ягон роҳи дигаре боқӣ намонад.

Бояд гуфт, ки маорифпарварони фаронсавӣ барои инқилоби бузурги Фаронса (1789-1794) заминаи мусоиди маънавӣ омода сохтанд, алалхусус дар соҳаи озодӣ, баробарию бародарӣ, адолати иҷтимоӣ ва гуманизм. Онҳо умеди ҷомеаро барои таъмини идеалҳои иҷтимоӣ қувват бахшиданд.

Инкишофи ояндаи ҷомеаро гурӯҳе аз маорифпарварони фаронсавӣ дар инкишофи минбаъдаи иқтисодӣ медиданд ва ҷомеаи хаёлии сотсиалистро орзу мекарданд. Бунёди ҷомеаи ормонӣ дар таълимоти сотсиалистони хаёлии фаронсавӣ, ки баробарӣ, бародарӣ, некӯаҳволии тамоми табақаи ҷомеаро орзу мекарданд, онҳоро ба асосноккунии чунин ҷомеа водор сохт. Дар натиҷа шаклҳои гуногуни назарияи ҷомеаи ормонӣ ба вуҷуд омад. Аксари маорифпарварон ислоҳоти ҷомеаро аз тариқи тарғиби илму маърифат, маърифаткунонии ҳамаи табақаҳои ҷомеа имконпазир шуморида, сулҳу ҳамкориро барои ҳамаи аҳли ҷомеа асос мешумориданд. Онҳо мехостанд дар асоси боқӣ мондани фарқиятҳои табақотӣ ҷомеаи одилонаро бунёд созанд. Дар ин миён мутафаккироне низ буданд, ки бунёди ҷомеаи бесинфро орзу доштанд. Зери нуфузи ақидаҳои эгалитаризм, махсусан Ж.Ж. Руссо назарияи «сотсиализми хаёлӣ (утопиявӣ) ба вуҷуд омад.

Инқилоби буржуазии Фаронса ғояҳои сотсиализми хаёлиро инқилобӣ гардонид. Ғояҳои ҳаракатҳои оммавии эгалитаристӣ сабаби пайдоиши талаботҳо нисбати тақсими баробари заминҳо, маҳдудиятҳо дар нисбати моликият, саноат ва савдо, зери назорати ҷомеа қарор додани ҳуқуқи моликият ва ғайра гардид. Тағйироти ҷиддӣ дар инкишофи ғояҳои коммунистӣ Г. Бабёф дошт. ӯ барномаеро зери унвони «Сӯиқасд ба умеди баробарӣ» тартиб дод, ки он ба амал овардани инқилоби коммунистиро фаро мегирифт. Бори аввал ӯ масъалаи зарурати инқилоби коммунистиро бо роҳи шӯриши яроқнок ва ташкили диктатура ба миён гузошт. Идеали иҷтимоии ин ҷомеа баробарии комил ва аскетизм буд. Ҷомеаи коммунистии Г. Бабёф дар асоси истеҳсолоти хурд , меҳнати дастӣ бунёд шуда, ҷомеаи коммунистии аграрӣ ва косибӣ буд.

Бунёди ҷомеаи дорои баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ дар назарияи «сотсиализми хаёлӣ» мутафаккирони бузурги ин давр Сен-Симон, Ш. Фурйе ва Р. Оуен ифодаи худро пайдо кард. Онҳо равияи нави танқидӣ –утопиявии сотсиализмро ба вуҷуд оварданд, анархияи истеҳсолиро дар ҷомеаи сармоядорӣ нишон доданд, зиддияти манфиатҳои моликияти хусусиро ба манфиатҳои ҷомеа кушоданд, камбудиҳо ва норасоиҳои ин ҷомеаро равшан сохтанд.

Сен-Симон (1760-1825) тағйирёбии сохтҳои иҷтимоиро аз рӯи ивазшавии ғояҳои динӣ-фалсафии ҳукмрон маънидод карда, нишон дод, ки дар таърих индустрия мақоми муайянкунанда дорад. Зери мафҳуми «индустрия» ӯ ҳамагуна фаъолияти иқтисодии одамонро мефаҳмид. Ба қавли ӯ инсоният аз шаклҳои ноаёни иҷтимоӣ ба шаклҳои баландтари он мегузарад. Давраҳои асосии прогресси иҷтимоиро Сен-Симон аз давраҳои гузариш аз асномпарастии ибтидоӣ ба политеизм ва сохти ба он алоқаманди ғуломдорӣ ва баъд аз политеизм ба монотеизм, яъне сохти феодалӣ ва аз асри XV ҷаҳонбинии илмӣ, ки барандаи он олимон ва саноатчиён мебошанд, иборат медонист. Инқилоби Фаронса ҳамин гунна ивазшавии пешқадам буд, вале он вазифаҳои худро иҷро карда натавонист. Бинобар ин ба гуфти Сен-Симон роҳҳои нави ҷомеаи боадолатро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. Роҳи бунёди ҷомеаи нав, он барои аксари аҳолӣ фоидаовар аст, инкишофи умумиҷаҳонии қувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаи саноат ва кишоварзӣ ва бартараф сохтани паразитизм мебошад. Хусусиятҳои муҳими ҷомеаи нави «системаи саноатӣ» табдили ҷомеа ба ассотсиатсияи умумии одамон, ҷорӣ намудани меҳнати маҷбурӣ, ба вуҷуд овардани имкониятҳои баробар барои ҳама, барои амалӣ шудани қобилиятҳои онҳо, тақсимоти неъматҳои ҷамъиятӣ аз рӯи қобилият, аз ҷониби давлат ба нақша гирифтани инкишофи саноат ва хоҷагии қишлоқ ва табдили ҳокимияти давлатӣ ба аслиҳаи ташкили истеҳсолот, минбаъд ба вуҷуд овардани ассотсиатсияи халқҳо ва сулҳи умумӣ бо аз байн рафтани ҳудудҳои миллӣ мебошанд. Сен-Симон зиддияти манфиатҳои буржуазия ва пролетариатро дарк карда, дар охирин асараш «Масеҳияти нав» ошкоро манфиати табақаи коргарро дастгирӣ мекунад. «Системаи саноатӣ»-и Сен-Симон бо вуҷуди шкали илмӣ-назариявӣ ва хусусияти детерменистии иқтисодӣ доштанаш дар доираи ҷомеаи хаёлӣ қарор дошт ва ҳамчун оромону орзу боқӣ монда, асоси илмии бунёди ҷомеаи навро фаро намегирифт. Сен-Симон назарияи «Масеҳияти нав» — ро ҳамчун стимули маънавии «Системаи саноатӣ» истифода бурданӣ мешавад, зеро асоси таълимоти ахлоқии масеҳиятро шиори «ҳамаи одамон бародаранд» ташкил медиҳад ва ин ба қавли Сен-Симон метавонад зиддиятҳои синфиро аз байн бара два барои бунёди ҷомеаи нав асос шавад. Ақидаҳои Сен-Симон ба рушди назарияи сотсиализм таъсири бағоят зиёд дошт ва яке аз манбаъҳои сотсиализми илмӣ гардид.

Яке аз мутафаккироне, ки кӯшиш кард ҷомеаи нави боадолатро асоснок намояд, Шарл Фурйе (1772-1837) буд. ӯ фалсафаи иҷтимоии маорифпарвариро рад намуда, нишон додани он ба таҷруба мухолиф аст ва сохти нодурусти иҷтимоиро асоснок мекунад. Фурйе мақсади ҳаёти худ коркарди илми иҷтимоиро чун қисми «назарияи ягонагии умумиҷаҳонӣ» ба қонуниятҳои умумии майли одамон ба меҳнати коллективӣ такя мекард. Ҷамъият ба фикри Фурйе сохтҳои эдимизм (ҷомеаи ибтидоӣ), давраи ваҳшоният, барбарият ва тамаддунро тай кардааст. Ба ҷои давраи тамаддун (сивилизатсия) бояд давраи нав – гармония (ҳамоҳангӣ) биёяд. Ин сохт на танҳо боа мри Худо, ба вуҷуд меояд, балки инчунин натиҷаи зарурати таърихӣ аст. Дар сохти ормонии Фурйе моликияти хусусӣ нигоҳ дошта мешавад, вале дар он рушди ҳосилнокии меҳнат ба андозае боло меравад, ки некӯаҳволии ҳамаи аҳли ҷомеаро таъмин карда метавонад. Сохти ассотсиатсияи механиконидашудаи бузургро, ки хоҷагии қишлоқи механиконидашуда дар он бо саноат пайваст аст, ба вуҷуд меоварад. Ин пайванд ва сохтори ҷамъият ба барҳамхӯрии фарқи шаҳру деҳот , намуди нави иттиҳоди фаъолияти меҳнатии одамон сабаб мешавад. Армияи бузурги пурқудрати минтақавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ симои заминро дигаргун месозанд. Дар чунин шароит инсони нав, шахсияти аз ҳар ҷиҳат комил ба воя мерасад. Тасаввуроти Фурйе доир ба ҷомеаи ормонии ӯ дар асоси фаҳмиши идеалистии таърих ба вуҷуд омадааст ва прогрессии таърихиро дар шакли тахайюлӣ ифода кардааст. Бо вуҷуди ин таълимоти Фурйе чун дигар сотсиалистони хаёлӣ ба афкори ҷамъиятӣ бисёр кишварҳои Аврупо, Амрико таъсири зиёд гузоштааст.

[1] Д. Реале, Д Антисери. Западная философия: от истоков до наших дней. Средневековье, с. 48.

[2] А.Ф. Лосев. История античной философии в конспективном изложении. Поздний эллинизм. – М., 1998,с. 87-88.

[3] В.В. Соколов. Средневековая философия. -М., 1997, с. 349.

[4] В.В.Соколов. Средневековая философия. -М., 1979.,с. 320.

[5] Ф.Ч. Коплстон. История средневековой философии. -М., 1997,с. 214.

[6] Макиавелли.Государ// Избранные сочинение.-М., !982,с.373.

[7] Ф. Бекон. Сочинения. Т. 2. – М.: Мысль, 1977, с. 48.

[8] Р.Декарт. Избранные произведения. – М., 1956, с. 272.

[9] Р.Декарт. Избранные произведения,с. 479.

[10] Т.Гоббс Избранные произведения. Т. I. – М., 1965, с. 498.

[11] Т. Гоббс. Левиафан // Избранные произведения. Т. II. – М., 1965, с. 185-196.

[12] Б. Спиноза. Избранные произведения. Т. II. – М., 1957, с. 447.

[13] П.А. Гольбах. Избранные произведения. Т.I. – М., 1963, с. 84.

[14] П.А. Гольбах Избранные произведения. Т. I. – М., 1963, с. 60.

[15] Ж.О. Ламетри. Сочинения. – М., 1976, с. 278.

[16] Ж.Ж. Руссо. Об общественном договоре или принципы политического права. – М., 1938, с.3.

Фалсафаи асримиёнагии Аврупо: 295 комментариев

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *