Фалсафаи аҳди бостон — Донишхона

Фалсафаи аҳди бостон

Фалсафаи Ҳиндустони бостонӣ. Ҳиндустон дар таърихи башарият бо тамаддуни бою кӯҳан ва макотиби гуногуни фалсафии худ маъруфият ёфтааст. Тибқи   сарчашмаву маъхазҳо мардуми ҳинду аз давраҳои қадим ба фалсафа ва табииёт ошноӣ доштанд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар риштаҳои дигари фалсафа, хусусан дар он риштаҳое, ки ба мушоҳида ва таҷриба иртибот доранд, дар ин сарзамин пешрафти назаррасе ҳосил нагардид. Дар илми илоҳиёт ва риёзиёт бошад, баръакс, ба комёбиҳои бузурге ноил шуданд, зеро дини Браҳма, яъне дини ҳиндуёни қадим, ба ҷуз аз масоили динӣ чизи дигареро намеандешид, аммо ба гуногунандешӣ дар ҷомеаи Ҳинд мусоидат менамуд.

Қобили зикр аст, ки афкори фалсафии мардуми ҳинду боиси таваҷҷӯҳи ҷаҳониён гардида буд ва   ҳатто донишмандони Юнон баъзе афкору ақоиди худро аз ин сарзамин ба даст оварданд. Чунончи, истилоҳи қувва ва феъл, ҳаюло ва сурат аввалин бор дар фалсафаи няя ба забон оварда шуданд ва таълимоти атомистии Демокрит низ аз фалсафаи Ҳинд – вайшешика  об мехӯрад. Инчунин рақамҳои ҳандасӣ ва илми ҳандаса (ҳандаса аз калимаи Ҳинд гирифта шудааст) ва илми риёзиёт маъруф бо ҳамин ном аз ин ҷо ба дунё паҳн шуданд.

Оғози фалсафа дар Ҳиндустони қадим ба миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз милод  рост меояд ва ин давра дар таърихи қавмҳои ҳиндӣ ҳамчун давраи пайдоишу ташаккулёбии давлат ва нашъу намо ёфтани он маълум аст. Дар ин давра идоракунии давлат дар ихтиёри роҷа қарор дошта, ҳокимияти ӯ бошад, асосан ба табақаҳои аристократияи заминдор ва коҳинони сарватманд, яъне ба браҳманҳо такя мекард.

Ҷамъияти Ҳинди қадим ба чор варна ҷудо мешуд, ки ин ҷиҳати муҳим ва фарқкунандаи он ба шумор меравад: браҳманҳо (дар забони санскритӣ вожаи «браҳма» ба маънии дуо ва «браҳман» ба маънии дуогӯй омадааст),кшатриҳо (Кшатри аз феъли «кши», яъне доштан, ҳокимият доштан, ҳукмрон будан, куштан, задан гирифта шудааст), вайшиҳо (вайши аз вожаи «вайшя» гирифта шуда, маънии садоқату тобеиятро дорад) ва шудраҳо (пайдоиши калимаи «шудра» номаълум аст). Калимаи санскритии «варна» маънои «ранг, парда, тобиш» — ро дорад,   вале дар   Аврупо ба маънии «каста» (табақа) истеъмол мешавад. Ҳар як табақаи зикршуда ранги хоси худро дошт: браҳманҳо-сафед, кшатриҳо-қирмизӣ, вайшиҳо -зард, шудраҳо – сиёҳ. Ин табақаҳо аз гурӯҳҳои муайяни одамон иборат буда, ҳар яке дар ҷамъият мавқеи муайяни худро доштанд. Дар ҳамаи табақаҳо муносибати эндогамӣ ҳукмрон буд, ки мувофиқи он никоҳи байни табақаҳои бегона манъ карда мешуд. Мансубияти табақавӣ модарзодӣ буда, хусусияти меросӣ дошт. Меҳнати фикрӣ мутааллиқ ба табақаи олӣ, яъне браҳманҳо буда, соҳаи ҳарбӣ ба табақаи кшатриҳо, зироаткорӣ, ҳунармандӣ, косибӣ, савдо ба вайшиҳо ва меҳнати аз ҳама вазнину токатфарсо ба шудраҳо мансуб буд. Се табақаи аввал ориёнажод буда, аз табақаи чорум шудраҳо, ки аслан аз мардуми бумӣ буданд, фарқ мекарданд. Рӯҳонияти Ҳинд низ фақат табақоти сегонаро мӯҳтарам мешумурд ва мӯътақид бар он буд, ки онҳо чандин зинаро паймуда, акнун дар зинаи такомул қарор доранд. Аммо табақаи охир, яъне сиёҳон ва ашхоси ноқисулақлро мардуми наҷис шумурда, даъвои онро дошт, ки сиёҳон ва ашхоси ноқисулхилқа ҳанӯз по ба марҳалаи сайри такомул наниҳодаанд ва рӯҳи шар дар тани онҳо ҷой гузидааст. Тай намудани зинаҳои тукомул барои мардони гурӯҳи чорум ва занҳои ҳамаи табақаҳо мамнӯъ буд, зеро ки мувофиқи қонуни мавҷуда онҳо аз ҳайвон ҳеҷ фарқе надоштанд. Браҳманҳо дар идоракунии давлат таъсиру нуфузи зиёде доштанд, лекин ҳокимияти воқеӣ аслан дар дасти кшатриҳо буд. Танҳо онҳо донандагони асили матнҳои динӣ ва расму оинҳое, ки қасдан аз тарафи худи онҳо мураккаб карда мешуданд, ба ҳисоб мерафтанд. Браҳманҳо ба ҷаҳонбинии динӣ ва асотирие, ки дар Ҳинд ҳукмрон буд, такя намуда, миёнравии байни олами табиӣ ва ғайритабиӣ, байни одамон ва худоҳоро иҷро намуда, ба идеологҳои расмии ориёиҳо табдил ёфта буданд.

 

Адабиёти динӣ. Доир ба ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафии мардуми Ҳинд асарҳои зиёде вуҷуд доранд. Осори қадимтарини адабиёти Ҳинд «Веда» (Веда калимаи санскритӣ буда, маънии донишро далолат мекунад) ном дошта, дар охири ҳазорсолаи II ва ҳазорсолаи I пеш аз эраи мо ба забони қадимаи ҳиндӣ (яъне ведӣ) эҷод шудааст. «Веда»-ҳо аз чор қисм: «Ригведа», «Самаведа», «Яҷурведа» ва «Атҳарваведа» иборат буда, маҷмӯи гимнҳо, муноҷот ва дуоҳои маросимиро дар бар мегирад. Мураттабсозӣ ва тафсири «Веда»-ҳо дар нимаи якуми ҳазорсолаи пеш аз эраи мо анҷом пазируфтааст. Хондан ва аз худ кардани онон танҳо ба мардони се варнаи (табақаи) аввал раво буду халос. Занҳо ва шудраҳо аз қироату азбар кардани ин маҳрум буданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа «Веда» — ҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд: якум-самхита, ё ки худи «Веда»-ҳо, дуюм-Браҳманҳо, сеюм — Аранякҳо, чорум – Упанишодҳо. «Веда»-ҳо, ки асосан аз маҷмӯи ҷаҳонбинии қабоили ориёӣ бармеоянд, хусусияти асотирӣ ва бисёрхудоӣ доранд. Чунончи, танҳо дар «Ригведа» номи зиёда аз се ҳазор худоён зикр ёфтаанд. Дар ибтидо онҳоро миранда мешумурданд, аммо баъдтар онҳо хислати намирандагӣ ва абадиятро гирифтанд. Худоёни ведӣ аслан таҷассуми ҳодисот ва равандҳои табиат буда, офаридгор ва содиркунандагони онҳо ҳисоб мешуданд. Зинаи қадимаи ривоятҳои ориёӣ ба сӯи давраи модаршоҳӣ (матриархат) майл мекард. Дар ин давра мавқеи асосиро дар пантеони (Пантеон – номи умумии ҳамаи худоёни динҳои политеистӣ буда, инчунин маъбади қадимаи худоёнро низ ифода мекунад) ориёӣ Адита-Притхива- «Модар-худои беинтиҳо», ки 12 писар дошт, ишғол мекард. Худои Варуна таҷассуми осмони ситоразор ва ҳамзамон ҳокими шаб ба шумор мерафт. Митра, Суря, Пушан, Савитар бошанд, таҷассумгари Офтоб буданд. Аз ҳамин сабаб, Митра ҳокими рӯз ҳисобида мешуд. Варуна ва Митра (аввал шаб, баъд рӯз) одамонро назорат карда, ба онҳо ҷазо таъин мекунанд ва ҷазо медиҳанд. Арянам-ҳокими рӯҳи аҷдодони фавтида ва ғайра ба шумор мерафт. Баъдтар ба ин пантеон Индра ва Вишну илова шуданд. Ҳамаи ин худоҳо аслан, таҷассуми ҳаводиси табиат буда, ҳар кадом ба андозае кӯшидааст онро ба таври худ шарҳ диҳад. Масалан, кусуфу хусуф чунин шарҳ дода мешуд, ки гӯё азозил Раҳу гоҳ Офтоб ва гоҳ Моҳтобро фурӯ мебурда бошад. Пайдарпай омадани субҳ ва баромади Офтоб чунин шарҳ дода мешуд, ки гӯё худои Офтоб Суря худои субҳ Ушасро таъқиб мекарда бошад.

Вақте ки қабилаҳои ориёӣ дар Ҳинд маскан ихтиёр кардаанд, аз шуғли чорводорӣ ба зироаткорӣ гузаштанд. Онҳо аз ҷангалзорҳо заминҳои киштбоб тайёр мекарданд. Чи хеле ки маълум аст, зироаткорӣ аз боронгариҳои пайдарпай ва хушксолию беборонӣ вобастагӣ дорад, ки ин дар асотири ин давра бевосита инъикос меёфт. Маҳз аз ҳамин ҷо давраи дуввуми мифологияи (асотири) ориёӣ оғоз мешавад. Дар мадди аввал худои оташ Агни, худои Офтоб Суря-Савитар, худои тӯфон, раъду барқ Индра арзи ҳастӣ карданд. Маҳз худои Индра осмонро аз замин ҷудо кард. ӯ доимо бо худои хушксолӣ Вритра дар набард буд. Хулоса, давраи дуввуми ташаккули мифологияи Ҳинд дар алоқамандии зич бо ҳодисаҳои табиат ва таъсири онҳо ба тарзи истеҳсолот ба вуҷуд омаданд ва маҳз бо ҳамин хусусиятҳо ҷаҳонбинии ин давра аз ҷаҳонбинии пешин фарқ мекунад.

Хусусияти хоси ҷаҳонбинии Ҳинди қадим дар он аст, ки дар ин давра дар соҳаи маънавиёт пешрафти назаррасе мушоҳида мешавад ва он, бешубҳа, гузариш аз асотир ба оғози фалсафа мебошад. Чунин гузариш ҳанӯз дар Ригведа мушоҳида мешуд, аммо танҳо дар қисмати Упонишодҳо он ба қуллаи баланд мерасад.

Дар байни гимнҳои зиёди Ригведа, ки дар ситоиши худои Индра суруда мешуданд, ишораҳое вуҷуд доштанд, ки мавҷудияти Индраро инкор мекарданд. Ба ин мазмун чунин саволҳо буданд: «Касе ӯро дидааст?» ё ки «Вай дар куҷост?» ва ғайра. Дар гимни дигар бошад оиди ягонагии худоён ишораҳо ба чашм мерасанд. Худоҳои Агни, Индра, Яма, Варуна ва номгӯи гуногуни онҳо аз тарафи донишмандон ҳамчун «ҳастии ягона» тавсиф шудаанд. Дар гимни «Пуруша» бошад, асоси антропоморфӣ (антропоморфӣ ба чизҳои беҷон, ҷисмҳои осмони ва ҳайвонот нисбат додани хислатҳои одамӣ, ҳамчунин худоро ба шакли одами тасаввур кардан) доштани ҷаҳонбинии асотирӣ баръало намоён мешавад. Чунончи, Пуруша («мард») айни Коинот шумурда мешуд: «Охир Пуруша ин коинотест, ки аз қадим вуҷуд дорад ва хоҳад дошт», омадааст дар яке аз гимнҳои Ригведа. Ҷаҳонбинии ведӣ аслан динию асотирӣ буд ва маҳз аз ҳамин ҷиҳат пайдоиши олам аз Пуруша ҳамчун маросими динӣ ҷилвагар шудааст. Мувофиқи ин ривоятҳо аспу гов, гимну сурудҳо, Офтоб, фазо, бод, осмон, замин ва ҳатто худоҳои Индра ва Агни офаридаи Пуруша мебошанд. Дар гимни «Пуруша» лаҳзаи ғоявии он, нобаробарии иҷтимоии одамон, низоми варнагии Ҳинди қадим асосонок карда мешавад: браҳманҳо аз даҳони Пуруша, кшатриҳо аз бозувон, вайшиҳо аз миён ва шудраҳо бошанд, аз пойҳои он пайдо шудаанд. Бояд гуфт, ки дар маъхазҳои Ҳинди қадим доир ба варнаҳо аввалин маротиб дар ҳамин ҷо ишора рафтааст.

Дар қатори гимнҳои «Пуруша» ва «Гармои кайҳонӣ» дар қисмати охирини Ригведа гимнҳои дигаре дучор мешаванд, ки дар он масъалаи офариниши олам мавриди таваҷҷӯҳи бештаре қарор гирифтааст. Чунончи, дар қисмати «Гимн доир ба офариниши олам» масоили хусусияти ҷаҳонбинӣ дошта, аз қабили пайдоиши олам, хушкӣ, намӣ, гармӣ, пайдоиши ҳаёт ва ғ. гузошта шудаанд ва боз дар худи ҳамин гимн ба хулосае меоянд, ки дар ибтидо ҳеҷ чиз вуҷуд надоштааст. Маргу зиндагӣ, намию хушкӣ, шабу рӯз вуҷуд надоштанд ва тамоми фазоро пардаи торикӣ пӯшонда буд. Танҳо мавҷудияти кадом як навъи гармие, ки манбаи он номаълум буд, эътироф мешуд ва такони аввалинро низ ба он нисбат медоданд.

Зинаи дуввуми ҷаҳонбинии асотирии ориёӣ дар адабиёти дигари ведӣ-Браҳма инъикос ёфтааст. Таълимоти Браҳма, ки тӯли қарнҳо дар ин сарзамин ташаккул ёфтааст, аз маҷмӯи дуоҳое иборат аст, ки зимни онҳо тавсияҳои динию мазҳабӣ ва андарзҳои ахлоқӣ ифода ёфтаанд. Сабаби Браҳма ном гирифтани он низ дар ҳамин аст, ки таълимоташ аслан дар шакли муноҷот ва суруду доуҳо баён шудаанд.

Мабдаи нахустини олам аз нигоҳи браҳманҳо рӯҳи ягонаи ҷовид буда, рӯҳи инсон ҷузъи таркибии он аст. Браҳманҳо чунин мепиндоштанд, ки рӯҳи одами фавтида ба ҷисми дигари тавлидшаванда мегузарад. Чунон ки онҳо гумон мекарданд, рӯҳ пас аз марг ва нестшавии ҷасад дар олами малакутӣ ё дӯзахҳои бистуҳаштгона сукунат кардан боз ба замин фуруд меояд. Агар аз олами малакутӣ омада бошад, ба ҷисми одамони нек, яъне браҳманҳо ва худоён ва агар аз дӯзах баргашта бошад, ба ҷисми сифлагону табоҳкорон дохил мешавад.

Браҳманҳо офарида шудани оламро инкор мекарданд. Онҳо коинотро айни Браҳма ва Браҳмаро айни Коинот медонистанд. Мувофиқи ақидаи браҳманҳо, Майя, яъне тарсу ҳарос, ваҳму хаёл онҳо (Коиноту Браҳма)-ро аз ҳам ҷудо карда, якеро холиқу дигареро махлуқ, якеро сабабу дигареро оқибат мепиндорад, ҳоло он ки ҳарду як вуҷуду як ҳақиқатанд.

Браҳма идора кардани Коинотро ба салоҳияти ду худои дигар, ки дар пояи арши ӯ меистоданд, супурдааст: Яке вишнуи валинеъмат, яъне худои некӣ ва дигаре Шиваи даҳшатангез, яъне худои бадӣ. Ба ҷуз инҳо боз се худои бузурги дигар мавҷуданд. Муҳимтаринашон инҳоянд: Индра – худои осмон, Агати – худои оташ, Яма – худои дӯзах, Суря – худои хуршед (Офтоб).

Зарурати диниро браҳманҳо дар тиловати дуоҳо, ибодати доимӣ, риёзат кашидан, ба даргоҳи Браҳма қурбонӣ кардан, рӯза доштан, садақа кардан, меҳмоннавозӣ ва тарбияи фарзандон медиданд. Хислатҳои золимӣ, ҷоҳилӣ, дурӯғгӯӣ, дуздӣ, зинокорӣ, таносоӣ, бадгӯию бадандешӣ ҳаром шумурда мешуданд. Браҳманҳо нобаробарии иҷтимоӣ, ба кастаҳо ҷудошавии ҷомеаро аз мавқеи динӣ шарҳ медоданд ва асоснок мекарданд. Тобеияти бечунучаро ба браҳманҳо, эътирофи ҳукумати шоҳӣ, иҷроиши браҳмаҳои (ӯҳдадориҳои динию шаҳрвандӣ) варнаи худ накӯкориҳои муҳимтарин ҳисоб мешуданд. Ба ақидаи онҳо, иҷрои расму оинҳои муайян воситаи покшавӣ аз гуноҳ ба ҳисоб мерафт.

Дар муносибати оилавӣ мард мавқеи фахрӣ дошта, барои завҷа ҳамчун чизи муқаддас ҳисоб мешуд ва пас аз марги шавҳар зан бояд худкушӣ мекард, то дар он дунё низ хизмати ӯро ба ҷо орад. Зан бо рӯи кушод мегашт ва дар муомилоту ҳуқуқ бо мард баробар буд.

Браҳмания ба пайдоиши макотиби мухталифи фалсафии Ҳинд аз қабили будоия, ҷайния, ҳиндуия ва ғайра замина гузошт. Ҳоло браҳмания дар шакли ҳиндуизм, яъне дини давлатии Ҳиндустон вуҷуд дорад.

Бо мурури замон браҳманҳо китоби дигареро, ки мазмуну мундариҷааш аз таълимоти браҳмания фарқ мекард, ба вуҷуд оварданд. Ин таълимот бо номи «Дастури бешагӣ» маълум буда, ин қисматро асосан, Аранякҳо меномиданд. «Дастури бешагӣ» барои зоҳидоне, ки дар ҷангалҳо гӯшанишинӣ ихтиёр карда буданд, таъин шуда буд. Гузариш аз ҳолати гӯшанишинии хонагӣ бо риёзаткашӣ ҳамчун пеш гирифтани «роҳи дониш» фаҳмида мешуд. Дар шароити ҷангал иҷро намудани расму русуми хонагӣ ғайриимкон буд ва ин шакли риёзат барои ташаккули порсоёна мутобиқат мекард ва имкон медод, ки Аранякҳо нисбат ба браҳманҳо дорои идроки баландтар гарданд.

Қисмати хотимавии «Веда»-ҳоро «Упанишодҳо» ташкил мекунанд, ки дар он аслан рисолаҳои мазмуни фалсафидошта гирд оварда шудаанд. Упанишад калимаи санскритӣ (упа – ни – шад) буда, маънояш дар назди устод нишаста таълим гирифтан мебошад. Воқеан, дар ин асар панду андарзҳо кам нестанд. Аз ин рӯ, дар байни ном ва моҳияти ин мафҳум пайвастагии ногусастание вуҷуд дорад. «Упанишодҳо» аз 108 матни ҳаҷман гуногун (аз як то сад саҳифа) иборат буда, қисмати аввали он дар асрҳои 6-3 пеш аз милод ва қисмати охири он дар асрҳои ХIV-ХV эраи мо офарида шудаанд.

Теъдоде аз файласуфон «Упанишодҳо» — ро ҳамчун асари фалсафӣ қаламдод кардаанд. Чунончи, олими аврупоӣ П.Дейсен, муаллифи «Фалсафаи Упанишод» таълимоти «Упанишодҳо» — ро ба назарияҳои Афлотун мусовӣ донистааст. Илова бар ин, дар «Упанишодҳо» гӯё таълимоти (доктринаи) Кант эҳсос карда мешавад. Олими Ҳинд С. Чакрабортӣ бошад, дар «Упанишодҳо» «авҷи аълои фалсафаи Ҳинд» — ро мебинад. Гӯё маҳз ташаккули афкори ақлгароёна (ратсионалистӣ) дар таълимоти «Упанишодҳо» муаллифро ба чунин андеша водор карда бошад. Бояд гуфт, ки «Упанишодҳо» таркибан хело ҳам мураккаб буда, асосан аз маҷмӯи гуфторҳо, андарзҳо, муноҷот, дуою гимнҳо, маросимҳо, истиораю муаммоҳо иборат аст. Маросимҳо дар «Упанишодҳо» нисбат ба «Браҳманҳо» хеле кам дучор мешаванд. Лекин бо вуҷуди ин унсурҳои динию асотирӣ дар «Упанишодҳо» афзалият доранд.

Дар «Упанишодҳо» миқдори худоҳо хеле зиёданд. Пеш аз ҳама номи худои Проҷапатӣ ва баъд Браҳма, яъне офаридгори варнаҳо ва дҳармаҳо дучор мешаванд. Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки чӣ тавр аз торикии кулл худои Проҷапатӣ ва аз зарраҳои он Шива, Вишну ва Браҳма пайдо шуданд. Аз ин рӯ, асотири «Упанишодҳо» ба расму оин сахт марбут аст.

Қобили тазаккур аст, ки дар қисматҳои минбаъдаи «Упанишодҳо» аз бисёрхудоӣ ба яккахудоӣ рӯ оварда шудааст. Чунончи, шумораи худоҳо аз 3306-тои аввал ба 33 ва ниҳоят танҳо ба Браҳма омада қарор мегирад. Аз ҳамин ҷо шурӯъ карда, дар таълимоти «Упанишодҳо» гузариш ба фалсафа оғоз мешавад. Мафҳуми Браҳма акнун на танҳо ҳамчун Худо, балки ҳамчун мабдаи (субстансияи) ягона таҷассум меёфт. Баъзан Браҳма айни Атман доиниста мешуд ва дар ҷаҳонбинии онҳо омезиш ва таҷассуми субъекту объект ба назар мерасад. Дар таълимоти «Упанишодҳо» аломатҳои диалектика (ба маънии таълимот дар бораи ягонагию муборизаи ба ҳам зидҳо) низ дучор мешаванд. Чунончи, дар он омадааст: «Дар асл Браҳман ин Атман аст, ки … аз гармию сардӣ, аз хостану нахостан, дҳарма ва ғайридҳарма таркиб ёфтааст». Нисбати Атман гуфта мешавад, ки ӯ аз донаи биринҷ хурдтар ва аз Замин бузургтар аст. Ё худ Шива нисбати худ мегӯяд: «Ман аз ҳама хурд ҳастам ва аз ҳама бузург менамоям» ва ғ.

Дар «Упанишодҳо» масъалаи мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Назарияи маърифати он ба таҷассуми Браҳман-Атман нигаронида шудааст. Мувофиқи таълимоти он, «агар Атман дониста шавад, пас ҳама чиз дониста мешавад». Мақсади олӣ дар зиндагӣ, тибқи ин таълимот, ин якшавии Браҳман ба Атман ҳангоми зиндагӣ, аз сансара наҷот ёфтан ва баъди марг ба «олами Браҳма» мушарраф шудан ба шумор меравад. «Упанишодҳо» «чобукӣ, саховатмандӣ, софдилӣ, ҳақиқатпарастӣ» — ро тарғиб мекарданд. Проҷапатӣ ба фарзандонаш се васият карда буд. Васиятҳои ӯ хомӯш кардани шаҳват, садақа ба бечорагон, ҳамдардӣ ба наздикон мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар ташаккули афкори ақлгароёнаи (ратсионалистии) Ҳинди бостон «Веда»-ҳо, хусусан қисматҳои «Ригведа» ва «Упанишодҳо» нақши муҳим доранд. Маҳз дар ҳамин қисматҳо мафҳумҳо ва таълимоти асосии ведӣ, аз қабили браҳман, атман, рита, дҳарма, карма, мокша ва ғ. баён шуда, масъалаҳои ҷаҳоншиносиву илоҳиёт, таълимот дар бораи охират ва наҷот, назарияҳои ҳастӣ ва маърифат, манбаъҳои асосии он баррасӣ шудаанд. Дар «Веда»-ҳо роҳҳои амалии бартараф кардани шар, ранҷу азоб, инчунин роҳҳои дарёфт кардани саодату озодӣ нишон дода шудааст. Қобили қайд аст, ки «Веда»-ҳо дар таъсису ташаккули макотиби гуногуни фалсафии Ҳинд, алалхусус будоия ва ҷайния мақоми муҳим дорад.

           Унсурҳои фалсафӣ. Дар миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз эраи мо дар Ҳиндустон дар заминаи ҷамоаи деҳотӣ  шакли нави муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул ёфт, ки ба ҷудошавии косибӣ аз хоҷагии қишлоқ, ба вуҷуд омадани марказҳои тиҷоратию косибӣ, ибтидои асри санг ва инкишофи муносибатҳои пулию молӣ алоқаманд буд. Бӯҳрони низоми кастагӣ дар ин давра боло гирифта, муборизаи кшатриҳо ва вайшиҳо ба муқобили браҳманҳо шиддат меёфт. Дар Ҳиндустон дар ин давра давлатҳои зиёде вуҷуд доштанд, вале Магадҳа нисбат ба ҳамаи онҳо афзалият дошт ва қуллаи баланди тараққиёти он ба давраи салтанати Ашокҳо (273 — 232) рост меомад. Дар чунин шароит нахустин мактабҳои фалсафии Ҳинд ба вуҷуд омаданд, ки доир ба баъзеи онҳо мухтасар маълумот хоҳем дод.

Мактабҳои фалсафии Ҳинд гуногунанд, лекин муҳимтаринашон фалсафаи Буддо, ҷайния, чорвакҳо, веданта, вайшешика, няя, санкҳя ва йога ба шумор мераванд.

Буддоия. Таълимоти Буддо дар асрҳои VI-V пеш аз милод ба вуҷуд омада, асосгузори он писари шоҳзодаи Ҳинд мулаққаб ба Сидҳартҳа, ки падараш ҳокими Банорас буд, ба шумор меравад. Тибқи ривоятҳо гӯё вай дар 29-солагӣ аз кохи падар фирор карда, рӯ ба биёбон меорад ва ба риёзату ибодат машғул мешавад. ӯ чанд муддате кӯшиш мекунад то ҳақиқатро дарёбад, вале ин ба вай муяссар намешавад. Дар охир зери дарахте мешинад ва аҳд мекунад, ки то ҳақиқатро дарк накунад, аз ҷой барнамехезад ва ниҳоят рӯзи чорум ба мақсадаш ноил мешавад, яъне «ҳақиқат»-ро дарк мекунад ва аз ҳамин ҷо ба таблиғи он мепардозад. Қобили қайд аст, ки ин таълимот, бо вуҷуди дар Ҳинд зуҳур карданаш, дар ин ҷо чандон густариш наёфта, балки он дар Чину Ҷопон бештар ривоҷ ёфт. Тибқи маълумотҳо пайравони мазҳаби Буддо 15 миллионро ташкил мекунанд, ки аз он танҳо дусад ҳазораш сокини Ҳиндустон мебошанд. Боқимондаашро аслан сокинони Чин, Ҷопон ва Сейлону Тибет ташкил медиҳанд.

Оид ба буддоия матнҳои қадимаи буддоӣ, ки бо номи «Типитака» .маъруфанд, маълумоти дақиқ медиҳанд. Матнҳо бо хати паҳлавӣ навишта шуда буданд (ёдовар мешавем, ки кулли адабиёти ведӣ бо забони санскритӣ навишта шуда буд), аз ин рӯ, онҳоро «қонунҳои паҳлавӣ» низ меноманд. Азбаски ин мантҳо дар рӯи баргҳои палма навишта шуда буданд ва ин навиштаҳо се сабадро ташкил медоданд, онро «Типитака», яъне «Се сабад»(се сабади хирад) ном гузоштаанд.

Буддоия дар ибтидои ташаккулёбияш ҳамчун таълимоти ахлоқӣ зуҳур намуд. Аз рӯи ривоятҳо Буддо аз масоили оид ба Коинот, ҷон ва алоқамандии он ба тан ва ғайра қасдан дурӣ ҷустааст. Тахмин меравад, ки ӯ ба масоили абадияту фонӣ будани олам, беинтиҳо ё боинтиҳо будани он, айнияти нафсу тан сарфаҳм рафтааст, лекин дар ин бора чизе нагуфтааст. Чунончи, ба суоли шогирдонаш роҷеъ ба асрори Коинот чунин гуфтааст: «Маро ба олами Коинот ва асрори печидаи он чӣ кор? Ман фақат барои он омадаам, то аз ранҷҳои зиндагӣ бикоҳам».

Фалсафаи Буддо асосан дар чор мавзӯъ баҳс мекунад: аввал, дар бораи дакҳа, яъне муносибатҳои зиндагӣ; дуввум, дар бораи самудая, яъне нокомиҳо; саввум, дар бораи марка, яъне роҳи покии (тозагӣ, тазкия) нафс ва растагорӣ; чаҳорум, нирвана, яъне тариқаи хомӯш намудани шаҳват. Мавзӯи охирӣ дар таълимоти Буддо мавқеи хос дорад ва маҳз барои ҳамин баъзе муҳаққиқони Ғарб ҳикмати Буддоро ҳикмати нирвана, яъне ҳикмати хомӯшӣ номидаанд. Маънии ҳақиқии нирвана фурӯ нишондани оташи шаҳват, нафрат ба ҷаҳолат аст. Нирвана хоби амиқест, ки таи он одамӣ аз шарри фардият раҳоӣ ёфта, ба кулл мепайвандад.

Буддо ба салтанати хурофот хотима гузошта, фалсафаеро ба вуҷуд овард, ки он ба хиради мутлақ такя мекард. ӯ аз шогирдонаш ҳамеша талаб мекард, ки бо ӯ баҳс кунанд ва сухани ӯро ҳаргиз бе далелу исбот, яъне бе чуну чаро қабул накунанд. Тибқи таълимоти буддоия даҳ гуноҳи азим вуҷуд дорад. Аз ин се гуноҳ ба ҷисм марбутанд ва иборатанд аз зӯроварӣ, дуздӣ ва зино кардан. Чаҳор гуноҳ вобаста ба забонанд ва аз дурӯғ гуфтан, тӯҳмат задан, дашном додан, бад гуфтан иборатанд. Се гуноҳи дигар ба зеҳн марбутанд, ки аз тамаъ, нафрат ва иштибоҳ иборатанд.

Буддо риёзаткашӣ ва азият додани ҷисмро сахт маҳкум мекунад. Танро бо рӯзадорӣ ва ранҷ озор додан нашояд. Аз нигоҳи Буддо зоҳид он касе нест, ки бадани худро бо воситаҳои гуногун танбеҳ мекунад, балки зоҳид он касе аст, ки ба тарбияи нафс мепардозад ва худро ба ганҷинае аз афкору амоли некӯ мубаддал мегардонад.

Мувофиқи таълимоти Буддо, вуҷуди одамӣ ба шӯълае монанд аст, ки на танҳо месӯзад, балки доиман дигаргун мешавад. Аз ин сабаб, ҳеҷ кас наметавонад он одаме бошад, ки чанд лаҳза пеш буд. Ҳар инсон дар ҳар лаҳза инсони дигар мегардад, лекин ин тағйиротҳо бидуни сабаб набуда, ҳама тавассути сабабу оқибат бо ҳам мепайванданд. Ба ақидаи Буддо, ҳама чизе, ки чашм мебинад месӯзад ва ҳатто худи чашм дучори сӯхтор аст. Ва ӯ роҳи гурезро аз ин сӯхтор дар ноил шудан ба нирвана мебинад, яъне бо оби ақлу хирад оташи шаҳватро бояд хомӯш намоем ва коре кунем, ки дигар дучори мусибати ҳастӣ нагардем. Буддо тавлиди наслро бузургтарин ҷинояте мешуморад, ки шахс нисбати худ содир мекунад. Зеро ки бо тавлиди насл одамӣ боз ба ҳастӣ майл мекунад. Бинобар ин дар буддоия тавлиди насл бадтарин гуноҳ аст.

Маргу зиндагӣ аз нигоҳи Буддо, ду ранги вуҷуд (ҳастӣ) мебошанд, аз ин рӯ, ҳарду шарранд ва он чӣ хайр аст, нестии мутлақ аст. Барои дарки сабаби ин, ки чаро бояд аз тавлиди насл худдорӣ кунем, Буддо савол гузошта худ посух медиҳад:

Савол: Марг чаро вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Барои он ки мо ба дунё омадаем ва бояд бимирем.

Савол: Чаро ба дунё омадем?

Ҷавоб: Барои он ки хостем аз ҳастӣ бархӯрдор шавем.

Чун тавлиду марг ду ҷанбаи вуҷуданд ва марг моро ба ҳаёт ва ҳаёт моро ба марг ҳидоят мекунад. Бинобар ин сабаб, решаи маргу зиндагиро, ки тавлиди насл мебошад, бояд қатъ кард, то аз мусибати ҳаёту марг раҳоӣ ёбем.

Буддо ҳеҷ гоҳ ақидаи худро ҳақиқати комил ва пурра намеҳисобид. Чунончи, ӯ боре панҷаашро пури барги хушк намуда, аз шогирдаш мепурсад, ки оё ғайр аз инҳо барги дигаре вуҷуд дорад. Шогирдаш посух медиҳад, ки баргҳои хазон зиёданд ва шумораашон беохир аст. Буддо ҷавоб медиҳад: «Ман ҳам ба ҳамин монанд муште аз ҳақиқатҳоро ба шумо додам ва ба замми инҳо ҳазорон ҳақиқати дигаре ҳаст, ки шумурданашон ғайриимкон аст»( Ниг.: Меҳрдоди Меҳрин. Фалсафаи Шарқ// Рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравӣ».- 1991. -№155).

Зуҳури буддоия ин инкори диалектикии браҳмания ба шумор меравад. Буддо бештар мекӯшид, ки мардумро аз зери бори гарон ва тоқатфарсои дини Браҳма раҳо созад. ӯ зидди тафовути каставӣ, ки браҳмания онро қонунӣ гардонида буд, баромада, онро маҳкум кардааст. Чунончи, ӯ гуфтааст: «Ҳамон тавре, ки браҳман аз шиками модаре берун омада, як сиёҳи ҳиндӣ низ аз модаре мутавваллид шуда, пас ба чӣ иллат аввалиро асилзода ва дуввумиро ноаслу бадниҳод мехоҳем?».

Лекин лаҳзаҳои ошӯфтаҳолию дунёбезорӣ (пессимистӣ) дар буддоия нисбат ба браҳмания бештар дучор мешаванд. Масалан, дар таълимоти Браҳма ранҷу азоб ҳамчун ҷазо барои гуноҳҳо дониста шуда, роҳи наҷоти онро дар накӯкорӣ мебинанд. Аммо Буддо ҳаётро маҷмӯи ранҷу азоб мешуморад ва дар сансара мавҷудияти шодиву сурурро рад мекунад. Умуман дар сансара ҷараёни беохири тавлиду марг инкор карда мешавад.

Ҷавҳари таълимоти Буддо тарғиби «чор ҳақиқати наҷиб» — азоб, сабаби азоб, раҳоӣ аз азоб ва шартҳои раҳо ёфтан аз азоб мебошад. Мувофиқи ҳақиқати аввал: ба дунё омадан-азоб, беморӣ-азоб, марг- азоб. Хулоса, мавҷудияти инсон ин сар то по ранҷу азоб аст. Ҳақиқати дуввум сабабҳои ранҷу азоби одамро шарҳ медиҳад, ки онҳо аз роҳат, хоҳиши хушбахт будан, майли зиндагӣ доштан иборат мебошанд. Ҳақиқати саввум роҳи наҷот ёфтан аз азобро нишон медиҳад. Барои ин дар худ майли роҳат, сурур, ташнагии ҳаёт, ҳокимиятхоҳӣ, бадзабонӣ, мағрурӣ ва ғайраро хомӯш сохтан зарур аст. Ҳақиқати чорум барои аз азоб раҳоӣ ёфтан иҷроиши шартҳои зеринро тавсия медиҳад: эътиқоди қавӣ ба Буддо; пайравии қатъӣ ба дин ва таҳқир накардани он; кирдору муносибати нек ба одамон бе куштору зӯроварӣ; хотираи қавӣ, ки доим худоро дар ёд дорад; афкори ҳақ.

Дар буддоия азоб ва озодӣ ҳолатҳои гуногуни ҳастии ягонаанд: азоб – ҳолати ҳастии воқеӣ (билфеъл), озодӣ – ҳолати имконӣ(билқувва) ба шумор меравад.

Дар асри III пеш аз эраи мо шоҳ Ашока таълимоти Буддоро чун идеологияи расмӣ қабул намуд. Баъдтар буддоия ба ду равия: ҳинаяна ва маҳаяна ҷудо шуд. Маънии ҳинаяна «роҳи кӯчаки наҷот» ва маҳаяна «роҳи васеи наҷот» мебошад. Маҳаяна маҳдудиятҳои шохаи ҳинаянаро бартараф намуда, бархилофи он таблиғ мекард, ки ҳар як фард метавонад ба нирвана мушарраф шавад. Маҳз ҳамин имконият дод, ки дини буддоӣ васеъ паҳн шавад ва ба дини ҷаҳонӣ табдил ёбад. Лекин зикр кардан зурур аст, ки буддоия дар худи Ҳиндустон худро нигоҳ дошта натавонист. Браҳмания, ки акнун дар шакли нав, яъне ҳиндуия зуҳур мекард, мавқеи буддоияро танг сохта, онро аз миён рабуд ва худи Буддо ба гурӯҳи ҳиндуия дохил шуда, ҳамчун таҷассуми Вишну арзи вуҷуд мекунад.

Таълимоти Буддо аз чанд ҷиҳат пешқадам ҳисоб мешуд. Ҷиҳати хуби ин оин аввалан, пойбанди олами ғайб набудани он мебошад. Тарафи дигари афзалиятнокаш аз он иборат аст, ки Буддо дар чорчӯбаи одоб ва русуми мазҳабӣ маҳдуд нагардидааст. Бузургии Буддо дар он аст, ки ӯ ҳаргиз даъвои пайғамбарӣ накарда, тасдиқ намуд, ки мумкин аст иштибоҳе рух дода бошад ва аз шогирдонаш талаб мекард, ки ҳеҷ кадом ақидаи ӯро бечунучаро қабул накунанд, балки худашон ҳам ба кашфи ҳақиқат пардозанд ва кӯшиш намоянд иштибоҳоти ӯро бартараф созанд.

Ҷайния. Ҷайния таълимоти динию фалсафиест, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод зуҳур карда, бо мурури замон ба яке аз динҳои Ҳиндустони қадим табдил ёфт. Асосгузори он Вардҳамана ба шумор меравад, ки бо лақаби Маҳавира («Қаҳрамони бузург») ва Ҷина («Ғолиб») маъруф буд. Ин таълимот аслан дар қисмати шимолу шарқии Ҳиндустон арзи ҳастӣ намуда, баъдтар дар саросари ин кишвар густариш ёфт.

Мувофиқи таълимоти ҷайниҳо, Маҳавира ба шогирдонаш 14 китоб ба мерос мондааст, ки онҳо маҷмӯи ақидаҳои ӯро фаро мегирифтанд. Дар асри III то милод дар шаҳри Пачалипутра ҷамъомади умумии ҷайниҳо баргузор мегардад. Дар он ҷамъомад таълимоти ҷайниҳоро бо номи «Сиддханта» мураттаб месозанд. Бояд гуфт, ки Ҷайния асосан дар муқобили браҳмания қарор гирифтааст ва аз ин рӯ, қисмати муҳими матнҳои «Сиддханта» — ро мазаммати таълимоти Браҳма ташкил мекунанд. Чунончи, дар яке аз матнҳо омадааст: «Агар тавассути ғусл кардан дар оби хунук ба зинаи такомул расидан мумкин бошад, он гоҳ қурбоқа, сангпушт ва мор ба зинаи такомул мерасиданд ва агар об корҳои бад ва наҷосатро мешуста бошад, пас корҳои некро низ мешӯяд».

Дар қонунҳо (Сиддханта) инчунин оид ба астрономия, ҷуғрофия, кайҳоншиносӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва ғ. маълумотҳои хусусияти илмию амалидошта низ ҷой доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ҷайния маърифати илмӣ чандон бегона набудааст. Ҷайния қурбонӣ кардани ҳайвонро маҳкум менамуд ва ҳисси тараҳҳумро нисбати ҳамаи мавҷудоти ҷондор таблиғ мекард. Бархилофи браҳмания, ки занҳо ва шудраҳоро ба ҳайвон баробар медонист ва онҳоро аз ҳуқуқи тиловати китобҳои муқаддас маҳрум сохта буд, ҷайния ба занҳо зоҳидӣ ва хондани китобҳои муқаддасро раво медонист. Ҷайния худоҳоро не, балки тиртҳингерҳо ва ҷинро парастиш мекарданд.

Ғайр аз ин ихтилофот дар байни ҷайния ва браҳмания умумиятҳо низ вуҷуд доранд. Чунончи, сансара, карма, мокша ва мақсади он, яъне наҷот ёфтан аз зиндагӣ, ки ҳамчун ранҷу азоб ва мусибат дониста мешуд.

Ҷайния ҳамчун ҷаҳонбинӣ аслан дар атрофи ду мавзӯъ, яъне табиат ва илоҳиёт баҳс ба миён мегузошт. Тибқи фалсафаи ҷайн акаша (алога) фазои холиест, ки як қисми онро олами моддӣ, яъне лока фаро гирифтааст. Олами моддӣ аз зарраҳои хурди ҷондор ва ҳаракаткунанда иборат аст, ки ин зарраҳо ҷамъ омада, бо ҳам часпида чун пардае тамоми оламро фаро мегиранд. Аз нуқтаи назари онҳо ин зарраҳо аз қадим вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ нест намешаванд. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ин зарраҳо ба берун не, балки ба дохили онҳо мансуб дониста мешавад, ки онҳо бо мафҳумҳои дҳарма (қувваи муҳаррика) ва адҳарма (қувваи монеъшаванда) ифода ёфтаанд. Ҳама чиз баъди он, ки шакли муайянеро соҳиб шуд, тавассути чор чиз -дҳарма-он чӣ ки ба он ҳаракат мебахшад, адҳарма-нерӯе, ки онро дар маконе нигоҳ медорад, пудгала-он чӣ ки ба ҷисм тамъ ва рангу бӯй мебахшад ва кала-он чӣ ки имконияти тағйиру табдилрофароҳам меорад, вуҷуд дошта метавонаду халос. Азбаски ин зарраҳои хурд аз қадим вуҷуд доранду абадӣ мебошанд, ҷисмҳое, ки аз ин зарраҳо пайдо мешаванд низ абадӣ буда, баъди марг боз ба зарраҳои хурд ҷудо шуда ва боз дар шакли ҷисми дигаре зуҳур мекунанд.

Фалсафаи ҷайния чун таълимоти Буддо зиндагиро мусибат ва ранҷу азоб мешуморад. Онҳо инчунин бар он ақидаанд, ки мусибат на танҳо мансуби одамон, балки домангири тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Ба ақидаи ҷайниҳо, ҳаёт хориқаи абадӣ аст, пас мусибат ҳам азалию абадӣ мебошад. Ҳеҷ чизеро аз ин имконият халосӣ нест, ба ҷуз худоёнро, ки онҳо аз шарри мусибат эмин мебошанд. Лекин ин роҳи наҷот барои инсон ҳам дастрас шуморида шудааст, ба шарте, ки ба воситаи тақво ва риёзат нафси худро ба мартабаи худоён бирасонад.

Дар таълимоти ҷайния «се ҷавҳар» василае ҳисоб мешуданд, ки барои наҷот ёфтан аз мусибат ҳангоми зиндагӣ риояи онҳо ҳатмӣ шумурда мешавад. Аввал, рафтори нек, дуюм, пиндори нек ва сеюм, эътиқоди нек. Эътиқоди дуруст-ин эътиқод ба нуфузи тартхингерҳо, рафтори нек-ин риояи панҷ савганд, яъне ахимса-беозорӣ, сатя-ростӣ, астея-дуздӣ накардан, апариграҳа-гушанишинӣ (дунёбезорӣ, зоҳидӣ) ва браҳмачаря-аз никоҳ худдорӣ кардан. Ҷавҳари сеюм, яъне маърифати дуруст, назарияи дониши ҷайниҳо ба шумор меравад.

Дар таълимоти ҷайния бадтарин хислатҳои инсонӣ крудҳа – кина, мана – ғурур, майя – ҷаҳл, лодҳа – ҳирс ба шумор меравад.

Ҷайния ба ду равия — дигамбарҳо ва шветамбарҳо тақсим мешавад. Шветамбарҳо равияи нисбатан мӯътадил буда, онҳоро «сафедпӯшон» низ меноманд. Дигамбарҳо равияи оштинопазир (дағал) ба шумор рафта, пайравони он баъзан тани урён мегаштанд. Онҳо қонунҳо, яъне «Сиддҳанта» — ро эътироф намекарданд, аз истеъмоли хӯрок то ҳадди ниҳоӣ худдорӣ мекарданд ва бар чунин ақида буданд, ки занҳо қобилият надоранд ба мокша, яъне комилан наҷот ёфтани рӯҳ ноил шаванд. Низоми каставиро маҳкум мекарданд: аз оиладоршавӣ дурӣ ҷӯстан, мӯи сарро гирифтан ва дар ибодатгоҳ бо садақа зистан. Шудраҳо аз риёзат маҳрум буданд. Риёзати дигамбарҳо бошад, чандон талаботи ҷиддӣ надошт. Онҳо фақат либоси сафед пӯшида, одатан дар як макон сукунати зиёд надоштанд ва аксаран дар саёҳат буда, ҳаёти қаландарӣ мегузаронданд. Лекин онҳо фақат рӯзона ҳаракат мекарданд, то ки дар торикӣ ягон ҷонзодеро осеб нарасонанд.

Ҷайниҳо имрӯз ҳам дар Ҳиндустон вуҷуд доранд ва шумораи онҳо ҳамагӣ 0,5 фоизи аҳолиро ташкил мекунад.

Таълимоти чорвакҳо. Фалсафаи чорвакҳо, ки бо номи локаята .низ маъруф аст, таълимоти материалистии аҳди бостони Ҳинд ба шумор меравад. Локаята-аз калимаи санскритии «лока» гирифта шуда, маънии «макон, кишвар, мамлакат, олам, Коинот, замин, ҳаёт»-ро ифода намуда, дар шакли ҷамъ ба маънии «халқ, мардум, одамият» фаҳмида мешавад. Баъзеҳо мафҳуми «локаята»-ро дар шакли «локаятама» пазируфтаанд, ки маънии «нуқтаи назари мардуми оддӣ»-ро дорад. Синоними мафҳуми «локаята» калимаи «чарвака» мебошад, ки маънояш нисбатан норавшан аст. Аз рӯи баъзе тахминҳо «чарвака» ибтидои номи асосгузори ин таълимот аст. Мувофиқи ақидаи дуюм, ин калима аз феъли чар — хӯрдан, хойидан гирифта шудааст, зеро пайравони ин таълимот «хӯрдан, нӯшидан, хушҳолӣ» — ро таблиғ мекарданд. Гурӯҳи сеюм бошад, бар онанд, ки мафҳуми «чарвака» аз калимаи «чару» — форам, хуш ва «вак» — калима гирифта шудаанд, ки ҳамчун «каломи хуш» фаҳмида мешавад. Муассиси онро Берхесити (Браҳаспати) меноманд, ки яке аз пайравони намоёни мактаби настика буд. Настика-мактаби фалсафиест, ки бо тамоми маъниаш даҳрӣ мебошад. Тибқи таълимоти он, дар олам ҳарончӣ ҳаст ва узвҳои ҳис онро эҳсос мекунанд ва берун аз он чизеро эътироф намекарданд. Зиндагиву маргро шаклҳои тавофутноки модда медонистанд. Бархилофи дигар макотиби фалсафии Ҳинд равияи чорвакҳо «Ведаҳо» — ро эътироф намекард, ба зиндагии баъди марг бовар надошт, мавҷудияти худоро куллан инкор мекард ва ҷаҳонбинии он бошад, аслан ба нахустин будани модда ва дуюм будани шуур асос ёфтааст.

Чорвакҳо дар муқобили ҷаҳонбинии ведӣ қарор гирифта, адабиёт, таълимот ва дини онҳоро ҳадафи танқиди сахт қарор додааст. Онҳо чунин ақида доштанд, ки нуқсони асосии «Ведаҳо» сохтакорӣ, зиддиятнокӣ ва пургапӣ буда, касоне, ки худро донандаи «Ведаҳо» мешумориданд, қаллоб ва фиребгари гузаро мебошанд. Умуман, «Ведаҳо» ба фикри онҳо «сергапии беақлона буда, маросимҳои он бошад, воситаи шикамсеркунист».

Лаҳзаи муҳими таълимоти материалистии чорвакҳо ин назарияи онҳо оид ба пайдоиши шуур ба шумор меравад. Онҳо ба дарки он омада расиданд, ки шуур ин хосияти материяи олиташкил аст.

Шуур аз маҳабҳут (яъне модда) – об, оташ, хок ва ҳаво ба вуҷуд оварда шудааст ва ҳангоми муттаҳид шудани онҳо ҷисми зинда тавлид мешавад. Худ аз худ ваю – ҳаво, агни – оташ, ап – об ва кшити — хок шуурро ба вуҷуд оварда наметавонанд. Мадҳавачоря дар бораи мактаби чорвакаҳо менависад: «Дар ин мактаб танҳо чор унсур эътироф мешавад: хок, об, оташ, ҳаво. Ва маҳз ҳамин чор аслро асоси пайдоиши шуур медонанд». Мувофиқи ақидаи онҳо бо фасод шудани тан нафс ҳам нест мешавад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мувофиқи таълимоти чорвакҳо, танҳо олами воқеӣ ва ҳаёти воқеӣ вуҷуд дораду халос. Онҳо худоёнро эътироф надоранд ва аз ин рӯ, даҳрӣ (атеист) мебошанд.

Ахлоқи чорвакҳо хусусияти гедонистӣ дошт. Онҳо мақсаду мароми зиндагиро дар хушбахтӣ медиданд, хушбахтиро бошад, чун ҳаловату фараҳ мефаҳмиданд. Дар ин масъала онҳо қатъиян дар муқобили буддоиҳо қарор доштанд, ки онҳо зиндагиро танҳо аз ранҷу азоб иборат медонистанд ва бояд гуфт, ки гедонизми чорвакҳо ба муқобили ҳақирӣ ва худро маҳкуми марг сохтани буддоиҳо дар нирвана нигаронида шуда буд.

Чорвакҳо дар назарияи маърифат дар мавқеи сенсуалистӣ меистоданд. Онҳо ҳама гуна хиради фавқулоддаро маҷмӯи эҳсосот медонистанд.

Бояд гуфт, ки чорвакҳо дар замони худ, яъне дар аҳди бостон шӯҳрату нуфузи зиёдеро касб карда буданд. Лекин бо мурури замон ин мактаб таъсири худро гум кард ва асарҳои онҳо бошад, нобуд шуданд, ё ки қасдан аз тарафи браҳманҳо, ки бештар ҳадафи мазаммати чорвакҳо гашта буданд, сӯзонда мешуданд, ки имрӯз чизе аз онҳо боқӣ намондааст.

Санкҳя. Санкҳя — яке аз макотиби қадими фалсафии Ҳиндустон ба шумор меравад, ки дар асри VII пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст. Санкҳя калимаи санскритӣ буда, маънояш адад, ҳисоб, ҳисобдон, ҳисоб кардан мебошад. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин таълимот барои он чунин ном гирифтааст, ки пайравони он бо мақсади маърифати дурусти воқеият объектҳои асосӣ ва воситаҳои онро аз нав дида баромаданд. Фикри дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он мафҳуми «санкҳя» аз калимаи самяг-ҷаняна, яъне такмилёфта, асил гирифта шуда, маънии «дониши аслӣ» — ро дорад. Асосгузори санкҳя ҳокими афсонавӣ Капила ба шумор меравад. Осори қадимтарине, ки оид ба ин таълимот хабар медиҳад, асари Ишвара-Кришна «Санкҳя — карика» мебошад. Санкҳя Ведаҳоро эътироф мекунад, лекин таълимоташ дар асоси матнҳои он не, балки дар асоси таҷриба ва ҷаҳонбинии хоси худ ташаккул ёфтааст.

Таълимоти Санкҳя асосан дуалистӣ мебошад. Вай кӯшидааст, ки оламро аз мавқеи ду воқеияти ибтидоӣ-пракритӣ ва пуруша шарҳ диҳад. Тибқи маълумоти баъзе муҳаққиқон, сарчашмаи ин таълимот афкори Зардушт мебошад. Зеро, ҳамон тавре ки Зардушт ба ду қувваи хайру шарр мӯътақид буд, фалсафаи Санкҳя низ ба ду қувва: моддӣ (шарр) ва маънавӣ (хайр) мӯътақид аст, ки бо номҳои Пуруша ва Пракрити маъруфанд. Пуруша дар оини Зардушт бо Спантомину (рӯҳи хайр) ва Пракрити бошад, бо Анграмину (рӯҳи шарр) баробарандва роҳи наҷот аз ранҷу азобро дарёбад. Лекин бояд ёдовар шуд, ки фақат санкҳяи классикӣ хусусияти дуалистӣ дорад. Шаклҳои дигари он материалистӣ ва атеистӣ мебошанд.

Санкҳяи классикӣ, чи хеле дар боло зикр шуд, хусусияти дуалистӣ дорад. Чаҳонбинии ин шакли санкҳя аз тасаввурот оиди мавҷудияти ду мабдаи мустақил, яъне пракрити (иллати моддӣ) ва пуруша (ман, рӯҳ, шуур, субъект) маншаъ мегирад. Таносуби пракрити ва пуруша чун таносуби сабабу натиҷа ҷилвагар шуда, ҳамчун ду лаҳзаи (феъл ва қувва) як ҷавҳар дониста мешаванд. Прокрити нисбат ба пуруша фаъол ва дар ҳаракат буда, онро аз сукунату карахтӣ раҳо месозад ва ба дониста гирифтани олами моддӣ водор мекунад. Олам бошад, маҳз ба шарофати таъсири пуруша ба пракрити зуҳур мекунад.

Санкҳя аз тарафи худоён офарида шудани оламро инкор мекунад. Аз ин лиҳоз, вай даҳрӣ мебошад. Мавҷудияти худоро инкор карда, умуман ҳастии онро исботнашаванда мешумориданд. Муассиси Санкҳя таълим медод, ки олам офарида нест ва офаридагор ҳам надорад.

Няя. Тамоили дигари фалсафии Ҳинди қадим мактаби няя ба шумор меравад. Няя калимаи санскритӣ буда, маънояш қоида, муҳокима, тадқиқот, мантиқ мебошад. Асосгузори он мутаффакири Ҳинд Готама — муаллифи рисолаи «Няя — сутра» мебошад, ки тахминан дар ибтидои эраи мо умр ба сар бурдааст.

Няя нуфузи Ведаҳоро эътироф дошта бошад ҳам, таълимоташ мутобиқ ба матни он не, балки дар заминаи таҷриба ва тафаккури мустақили худ асос ёфтааст. Мувофиқи таълимоти няя роҳҳои дарки дурусти маърифатро танҳо илми мантиқ ва қонунҳои он муайян мекунанд. Барои маърифати олам чор манбаъ — идрок, қиёс, исбот ва хулосаро эътироф мекард. Мақсади ниҳоии ҳаётро дар ноил шудан ба мокша (озодшавӣ) ҳисоб мекард ва дар донистани олами воқеӣ сабру таҳаммулро афзал медонист.

Бархилофи дигар равияҳои фалсафӣ няя браҳмаро бо модда (материя, ҷаҳон) айниятдор намедонист. Балки онро ҳақиқати алоҳидае медонист, ки бо қувваи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда, боиси ба ҷунбиш даромадани он гаштааст. Мувофиқи таълимоти няя инсон аз ду қисм- ҷисм ва манас, яъне нафси нотиқа ва атман (рӯҳ) иборат аст.

Вайшешика. Фалсафаи вайшешика (аз калимаи санскритии вашеша – тафовут, хусусият) бошад, дар асри V пеш аз эраи мо ба миён омада, асосгузори он Канада, ки бо номи Улука низ маъруф аст, ба шумор меравад. Таълимоти вайшешика дар китоби «Вайшешика — сутра» гирд оварда шудаанд.

Фалсафаи вайшешика ақлгароёна (ратсионалистӣ) буда, бо няя қаробат дошт. Барои маърифати олами воқеӣ ба донишҳои ақлӣ эътимод доштанд. Ведаҳоро инкор намекард, лекин таълимоташ дар асоси заминаҳои махсуси назариявӣ ва амалии худ ташаккул ёфтаанд. Фалсафаи вайшешика ҷаҳонро пур аз зарраҳои хурди ба чашм ноаён ва номутаҳаррик иборат медонист, ки тамоми ҷисмҳои дигар аз ин зарраҳо ба вуҷуд меоянд. (Чи хеле ки мебинем, аз ин таълимот бӯи назарияи атомистӣ меояд).

Дар масоили ахлоқ вайшешика дар муқобили таълимоти анъанавии макотиби дигари фалсафаи Ҳинд меистод. Чунончи, ба ақидаи он, инсон дар фаъолияти хеш озод буда, табиатан на нек мешавад ва на бад. Инро ба рафтори шахс ва муҳит вобаста медонад. Лекин агар ба бадӣ майл кунад, ба дараҷаи пасти ҳайвонӣ мерасад ва агар ба некӣ гарояд, ба зинаи малакутӣ мерасад.

Йога (калимаи санскритӣ буда, маънояш фикри амиқ, иштирок, якшавӣ, риёзати фикриву ҷисмонӣ мебошад). Фалсафаи йога низ мансуби мактабҳои қадими фалсафии ведӣ буда, аввалин бор дар «Упанишодҳо» ёдрас шуда буд, ки йогаро воситаи асосии дарки асрори ботинӣ ва ба даст даровардани донишҳои ҳақиқӣ мешумориданд. Лекин баъдтар (яъне дар асри II милодӣ) ин таълимот дар шакли мукаммалтарин аз тарафи Патанҷали таҳия карда шуд, ки он асосан аз маҷмӯи машқҳои фикрӣ ва ҷисмонӣ иборат буда, ҳадафи асосии он ҳосил намудани ҳолати махсуси рӯҳӣ мебошад.

Ба ақидаи йога, инсон қодир аст, ки бидуни ёрию мадади ҳис ҳақиқатро дарк намояд ва онро ошкоро мушоҳида намояд. Узвҳои ҳис, ки воситаи ҳосилшавии ақли инсонӣ мебошанд, метавонанд ба хато бираванд ва ҳақиқатро сарозер (чаппа) нишон диҳанд. Барои дарёфти ҳақиқати аслӣ инсон бояд ба олами атроф аз равзанаи дил нигоҳ кунад ва он гоҳ муваффақ мешавад, ки ашёҳоро дар шакли асл дарк намояд. Лекин дарки ҳақиқат ба ҳама муяссар намешавад. Барои ин йога таълим медиҳад, ки инсон бояд аз олоишоти дунявӣ ва асирии шаҳват дилро раҳо кунад ва бо риёзату ранҷу азоб нафси саркашу ҳукми шаҳватро занҷир занад. Танҳо дар чунин сурат дили инсон бо нури илоҳӣ равшан мешавад ва ҳақиқатро ба он сурате ки ҳаст, дарк мекунад. Вобаста ба хислати одамон Йога се роҳи ба озодӣ расидани инсонро нишон дода аст: 1) йога – ҷняна, яъне роҳи маърифату дониш; 2) йога – бҳакати, яъне роҳи муҳаббат ба худо; 3) йога – карма, яъне роҳи накӯкории беғаразона дар ҳаёт.

Барои покшавии ботадриҷи бадан ва тафаккур йога дар ибтидо силсилаи 8-гонаро талаб мекард, лекин баъдтар аз тарафи мутафаккири бузурги Ҳинд Шанкара боз ҳафт зинаи дигар илова карда шуд ва ба ҳамин тариқ, барои покшавӣ сисилаи иборат аз 15 зина, яъне иҷроиши 15 шарт муқаррар шуд.

Бояд гуфт, ки дар байни риёзаткашони Ҳинд риёзати йога аз ҳама вазнин ва тоқатфарсо ба шумор меравад. Навъҳои он ҳаштоду панҷто буда, пайрави йога бояд оддитарин қоидаҳо аз қабили хӯрдан, хобидан, нафас кашидан, нишастан, бархостанро дақиқкорона риоя намояд.

Мақсади асосии йога ба дарки асрори худи инсон расидан аст. Таълимоти йога дар китоби «Йога — сутра» гирд оварда шудаанд. Бояд гуфт, ки йога ҳамчун ҷузъи фалсафаи қадими мардуми Ҳинд имрӯз ҳам дар сайри такомул аст ва дар байни халқҳои гуногун низ маъруфият пайдо карда истодааст.

 

 

 

 

Ташаккули фалсафа дар Чини Қадим. Пайдоиши афкори фалсафӣ дар Чин ба давраҳои ниҳоят кӯҳани таърихӣ тааллуқ дорад. Ҳанӯз дар асрҳои VIII-VI пеш аз милод дар ҷаҳонбинии мардуми ин кишвари мутамаддин ду тамоил арзи вуҷуд карда буд. Яке консерватививу дигаре прогрессивӣ (мистикӣ)-ву атеистӣ аст. Дар ҷараёни муборизаи байни ин тамоилҳо ғояҳои соддалавҳонаи материалистӣ оид ба панҷ мабдаи пайдоиши ашё бештар инкишоф ёфта буд. Лекин ба вуҷуд омадани тамоилҳои фалсафӣ асосан ба асрҳои VI-V пеш аз мелод рост меоянд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги умумибашарӣ ҳодисаҳои нодире вуҷуд доранд, ки онҳо ба тамаддуни Чини қадим робитаи зич доранд. Чунончи, илми ҳисоб, кашфи қутбнамо, харитаҳои ҷуғрофӣ, кашфи борут, ихтирои коғаз ва ғайра аз қабили онҳоанд. Дар баробари падидаҳои фарҳангӣ дар Чини қадим тасаввуроти динию асотирӣ низ ташаккул ёфта буд. Лекин бархилофи қавмҳои дигар чиниҳо рӯҳ ва маънавиёти диниро асоси зиндагии худ қарор надода, балки танҳо тарафҳои моддӣ ва арзишҳои дунявии онро қабул карданду халос. Пешвоёни адёни хешро на ҳамчун пайғамбарон ва фариштаҳои осмонӣ, балки чун афроди оддию заминие мешумориданд, ки аз дигарон бо донишу заковат ва ҳулқу фазилати хеш бартарӣ доштанд.

Оғози фалсафа дар Чин бо китобҳои қадимае алоқамандӣ дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ «Панҷкитоб» меноманд. Аксари ин китобҳо, аслан таҷассуми ҷаҳонбинии асотирӣ ва то андозае мунъакиси ғояҳои мактаби фалсафии конфутсийчигӣ ба шумор мераванд.

Дар ҷаҳонбинии анъанавии динию асотирии чиниҳо он масоиле қарор доштанд, ки ҳар лаҳза дар зиндагии хеш ба он дучор мешуданд. Қабл аз ҳама барои чиниҳои қадим масъалаи ҷаҳолату зулм, манбаъҳо ва офарандагони он, инчунин роҳҳои бартараф намудани он мароқангез буд. Дар китоби «Ши Сзин» («Китоби сурудҳо») муаллифи номаълуме оид ба ин масъала ба худ савол медиҳад, баҳс мекунад ва дар охир ба хулосае меояд, ки офарандаи кулли мусибату бадбахтӣ ва ҷаҳлу зулмот худи инсон аст ва ӯ худоро ҳамчун офаридгору танзимгари ҳаёти одамӣ инкор кардааст.

Дар китоби дигари ин давра «Шу Сзин» («Китоби таърих») дар бораи мавҷудияти панҷ мабдаъ -об, оташ, дарахт, фулузот ва замин сухан меравад. Илова бар ин, дар бораи панҷ ҳодисаи табиат — борон, нури офтоб, гармӣ, сардӣ ва бод низ дар он маълумот дода шудааст. Саривақтӣ ва мӯътадилии онҳоро асоси некӯаҳволии мардум медонистанд ва инчунин мекӯшидаанд, ки сабабҳои мусоидӣ ва номусоидии онҳоро низ шарҳ диҳанд. Шарҳи ин ҳодисаҳо хеле соддалавҳона буда, хусусиятҳои хоси шуури ибтидоиро инъикос менамуданд, ки он пеш аз ҳама дар алоқаманд намудани ҳодисаҳои табиат ба ахлоқи ҷомеа ва ҳодисоти иҷтимоӣ зоҳир мешуданд. Чунончи, боронҳои мусоид, нури офтоб, гармию сардӣ ва бод ба ақидаи онҳо, аз рафтори шоистаи ҳокимон, аз тартибу низом дар мамлакат, аз хирадмандии сарварони давлат вобаста буда, бепарвогию саҳлангорӣ, хатокорию ҷоҳилии ҳокимон боиси боронҳои тӯлонӣ, офтоби сӯзон, гармои тафсон ва хунукию тӯфони сахт мегарданд.

Баъдтар барои чиниёни қадим ҷаҳонбинии хеле муҳим- «Дао» («роҳ») ба вуҷуд омад. Он қонуни ҷаҳоние ҳисоб мешуд, ки ҳам табиат ва ҳам инсон ба он итоат мекард. «Дао» — ин қонуни ҳам кайҳонӣ ва ҳам ахлоқӣ буд. Ахлоқ дар Чини қадим аз меъёрҳои таркибии он- «Ли» — «боэҳтиром будан», «Сяо» — «парастиши волидайн», «Ди» — «парастиши бародари бузург» сахт алоқаманд буд.

Сароғози фалсафаи Чин дар худ аллакай ҷанини илмҳо, аз он ҷумла риёзиёт, ситорашиносӣ, тиб ва ғайраро гузошта буд. Лекин бо вуҷуди ин, дар ин давра дар Чин илм ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дошт, ки ин, бешубҳа, ба фалсафа низ таъсири худро расонда буд.

Фалсафаи Чини қадим дар давраи Чжанго, ки бо номи «асри тиллоии фалсафаи Чин» низ ёдрас мешавад, ба вуҷуд омадааст. Таърихи онро ба давраҳои Тсин ва Хан ҷудо мекунанд. Фарқияти ин давраҳо аз он иборат аст, ки дар давраи Тсин гуногунии макотиб, муборизаи ақоид ва дахолат накардани ҳукуматдорон ба фалсафа маъмул буд.

Дар фалсафаи Чини қадим шаш мактаби асосӣ — Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, легизм, ин-ян (файласуфони табиатшинос) ва софистҳо вуҷуд дошт. Қисми асосии ин макотиб ахлоқию сиёсӣ буда, қисми хурди онҳо характери метафизикӣ доштанд. Дар макотиби Чини қадим фалсафаи амалӣ, масоили идороти халқу мамлакат афзалият доштанд. Тарафи ҷаҳонбинии он бошад, хеле суст инъикос ёфта буд. Умуман, фалсафаи Чини қадим ба низоми муайян надаромада буд, зеро ки бо илмҳои мавҷудаи замон алоқа надошт ва сабаби ин, пеш аз ҳама дар он буд, ки илми мантиқ ҳанӯз дуруст ташаккул наёфта буд.

Бояд гуфт, ки миёни макотиби номбурда оид ба масоили гуногун ақоиди мухталиф вуҷуд доштанд, лекин ҳадафи ягона ва ниҳоии онҳо наҷот додани қавму мамлакати худ аз ҳолати ҷоҳилию қашшоқӣ буд.

 

Таълимоти Конфутсий. Бунёдгузори фалсафаи қадими Чин Кун-фу-сзи (дар забони аврупоӣ Конфутсий) соли 551 пеш аз милод дар иёлоти Шан-Тунғ дар оилаи ашрофи маҳаллӣ таввалуд ёфтааст. Конфутсий аз оилаи ашроф ба дунё омада бошад ҳам, ҳаёти камбағалонаро аз сар гузаронидааст ва аз ин рӯ, дар хурдӣ чӯпонию фаррошӣ низ карда буд. ӯ дар синни 50 – солагӣ мактаби худро таъсис дода, шогирдони зиёдеро тарбия намуд.

Маъхази асосӣ дар омӯзиши таълимоти Конфутсий мероси хаттии худи пайравони Конфутсий ва дар мадди аввал «Чаҳоркитоб» ба шумор мераванд. «Чаҳоркитоб» инҳоро дар бар мегирад: 1) «Да — сюэ» — роҳнамо барои амалдорон; 2) «Чжун-Юн»; 3) Лун- юй («Мусоҳибот ва мулоҳизот»); 4) «Мэн — Сзи» (китоби пайрави Конфутсий Мэн — Сзи).

Таълимоти Конфутсий, инчунин дар «Панҷкитоб», ки зикраш дар боло рафта буд, низ инъикос ёфтааст. Дар байни китобҳои мансуб ба таълимоти Конфутсий муҳимтаринаш «Мусоҳибот ва мулоҳизот» («Лун-Юй») ба шумор меравад. Ин китоб дар давраи империяи Тсин сӯзонда нест карда шуда, баъдтар аз сари нав дар се шакл барқарор карда шуд, ки онро ҳар як чиноии соҳибмаълумот аз ёд медонист ва тамоми умр раҳнамои худ меҳисобид.

Давраи аввали пайдоиш ва барқароршавии Конфутсийчигӣ ба фаъолияти худи Конфутсий мансуб аст. Дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба табиати маънавии инсон, ахлоқу одоб, оиладорӣ, идоракунии давлат мавқеи марказиро ишғол мекунанд.

Тибқи таълимоти Конфутсий дар ҷомеа қонуни «Жен» («инсондӯстӣ») амал мекунад, ки он лаҳзаҳои асосии таълимоти ахлоқии ӯро дар бар гирифта, қонуни олии муносибати тарафайни одамон дар оила ва ҷомеа ба шумор меравад. Асоси инсондӯстӣ аз «парастиши волидон ва эҳтироми бародари бузург» ва умуман, аз «одамро дӯст доштан» («Жен») иборат аст. Афроде, ки банди тахайюлоти инсондӯстӣ мебошанд, ин ғояҳо чун ришта онҳоро печонда асири худ месозанд ва аз содир намудани ҷиноят ва хислатҳои ҷоҳилӣ эмин медоранд. Конфутсий дар боби ахлоқ ба мафҳумҳои «тарафайн» (яъне «муҳаббати тарафайн») ва «инсондӯстӣ», ки ба фикри ӯ ҷавҳари «роҳи дуруст», яъне «Дао» — ро ташкил мекунад, такя намуда таълим медиҳад, ки касоне хоҳиши зиндагии хушбахтона доранд, зарур аст, ки аз ин пайравӣ кунанд. Аз ин рӯ, Конфутсий пайравони худро даъват мекард, ки зимни гуфтор самимияту ростӣ ва дар кирдор ҳақиқату назофатро риоя кунанд, аз нодорӣ шарм надоранд ва ҳамеша баҳри расидан ба роҳи рост, яъне ба «Дао» ҷадал кунанд. Моҳияти гуманистӣ ва ахлоқии таълимоти Конфутсий дар посухи ӯ ба пурсиши шогирдонаш низ ҳувайдост: «Он чиро нисбати худ раво намебинӣ, ба дигарон ҳам раво мабин» ( А. Н. Чанышев. Начало философии. -М., 1982,с.67).

Бояд гуфт, ки «инсондӯстӣ» аз нигоҳи Конфутсий хоси ҳамаи одамон нест. «Инсондӯстӣ» хусусияти табақавӣ дошта, ба фикри ӯ маҳз хоси ашрофон мебошад. Аз ин бармеояд, ки ӯ асосан ба табақаи ҳукмрон такя мекунад, на ба мардуми оддӣ. ӯ одамонро ба «асилзода» ва «авом» ҷудо намуда, хислатҳои шоистаро маҳз мансуби гурӯҳи аввалӣ медонад. Чунончи, ӯ гуфтааст: «Марди асилзодаеро ёфтан мумкин, ки хислати инсондӯстӣ надошта бошад, лекин авомеро, ки инсондӯст бошад, ёфтан номумкин аст»( А. Н. Чанышев. Ҳамонҷо, с.69).

Мардуми асилзода на танҳо инсондӯст, балки хушахлоқ низ мебошад, таъкид мекунад ӯ. Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки Конфутсий ҷонибдори аристократия (ашрофсолорӣ) буда, тафовути синфию табақавиро аз ҷиҳати ғоявӣ асоснок намудааст.

Чи хеле ки дар боло қайд намудем, дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба давлатдорӣ ва идора намудани мардум ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Оид ба ин масъала низ Конфутсий аз мавқеи ахлоқ ва расму оини анъанавӣ муносибат кардааст. Тибқи таълимоти ӯ калиди асосии идоракунии мардум дар афзалияти ахлоқии табақаи болоӣ нисбат ба поёнӣ мебошад. Агар «болоӣ»-ҳо «Дао» ( роҳи рост)-ро риоя кунанд, он гоҳ халқ шиквае нахоҳад кард. ӯ, инчунин ҳамзамон паҳн намудани «Сяо» ва «Ди»-ро гарави асосии тобеияти раият ба ҳукумат мешуморад. Зеро ӯ муддаӣ буд, ки ашхосе, ки волидонро мавриди парастиш қарор дода, нисбати бародарон ҳисси эҳтиром доранд, наметавонанд, ки алайҳи ҳукумат тазоҳур кунанд. Аз ин рӯ, таъкид мекунад, ки агар ҳокимон ба некӣ майл дошта бошанд, он гоҳ мардум низ ба некӣ мегаравад. Шоҳ барои ҷорӣ намудани низом набояд касеро ҷазо диҳад, зеро агар худи ӯ хуб бошад, мардум низ хуб хоҳанд шуд. Ахлоқи марди асилзода бодро мемонаду ахлоқи марди авом майсаро. Бод ба ҳар сӯе вазад, майсаҳо низ ба ҳамон сӯ майл мекунанд.

Конфутсий парастиши император-«фарзанди осмон»-ро тарғиб намуда, онро татбиқкунандаи «иродаи осмон» эълон мекунад ва мардумро дар рӯҳи вафодории мутаассибона ба император даъват мекунад. ӯ ҷонибдори пойдорӣ ва бақои сохти мавҷуда буда, ба гузашта ва арзишҳои он таваҷҷӯҳи хоса дошт. Аз ин рӯ, таъкид мекард, ки ашёҳои олам дар робита бо якдигар вуҷуд доранд ва ин ҳамоҳангӣ вақте бақо дошта метавонад, ки кулли ашёҳо дар мақоми пешин ва аслии худ бошанд, яъне «падар – падар бошаду писар – писар, шӯй шавҳарӣ кунаду зан шавҳардорӣ. Император фармонравоӣ кунаду раият итоат» (Ниг.: А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии. –М., 1981, с.35).

Конфутсий дар таълимоти худ ба назарияи дониш низ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Донистан аз нигоҳи ӯ, ин донистани инсон аст. Дониши олӣ дониши модарзодӣ ба шумор мерафт, лекин он тасодуфӣ ва хеле кам ба назар мерасид. Тибқи таълимоти Конфутсий шахсе, ки дорои дониши модарзодӣ буд, шахси аз ҳама олӣ буда, баъд аз он ашхосе меистанд, ки бо роҳи таълим дониш андӯхтаанд.    Омӯзиши        ақоиди нодурустро зарарнок мешуморид. Хондану фикр накардан, ин беҳуда гузаронидани вақт аст, — таъкид мекард ӯ.

Конфутсий ва пайравони ӯ ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиёт шуғл надоштанд ва таваҷҷӯҳ низ зоҳир накардаанд. Онҳо асосан, дар атрофи масоили ҳукуматдорӣ ва шаклҳои махсуси рафтору муносибати байни одамон меандешиданд. Ин буд, ки таълимоти Конфутсий дар тӯли зиёда аз ду ҳазор сол дар ин сарзамин арзи ҳастӣ намуда, дар зери таъсири он шаклҳои хоси сохтори иҷтимоию оилавӣ, низоми сиёсию маъмурӣ, инчунин арзишҳои ахлоқию шаклҳои устувори рафтор, тарзи зист ва ғайра ташаккул ёфта, то имрӯз боқӣ мондаанд.

Конфутсий соли 479 пеш аз милод дар 72 – солагӣ вафот намуд. Баъди вафоташ таълимоти ӯ ривоҷу равнақ ёфта, пайравони зиёде пайдо намуд, ки намоёнтарини онҳо Мэн-сзи ва Сюн-сзи ба шумор мераванд.

Мэн-сзи тахминан дар солҳои 372-289 пеш аз милод умр ба сар бурда, шогирди Сзи-Си, яъне набераи Конфутсий ба шумор меравад. Китоби «Мэн-Сзи» қисмати охирини «Чаҳоркитоб»-ро ташкил мекунад. Китоби «Мэн — Сзи» дар шакли диалогу сӯҳбатҳои файласуф бо шогирдону ҳакимон мураттаб шудааст.

Ҷаҳонбинии Мэн-Сзи оид ба осмон ҳамрадифи таълимоти Конфутсий буда, осмонро ба сарнавишт ва сарнавиштро ба зарурияти объективӣ ва зарурияти объективиро бо иродаи мардум наздик мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар таълимоти Конфутсий осмон қувваи бешахс, тақдир, қонун, дао, яъне чун роҳи дуруст ва принсипҳои ахлоқие ба шумор мерафт, ки инсон бояд онро пайгирӣ мекард. Тибқи таълимоти Мэн- Сзи осмон манбаи сифатҳои ахлоқии инсон ба шумор рафта, зарурияти воқеӣ бошад, дар соҳаи иҷтимоиёт чун иродаи халқ зуҳур кардааст. Мэн-Сзи иродаи осмонро ба иродаи мардум тавъам шуморидааст ва таъкид мекунад, ки осмон тарзе мебинад ва мешунавад, ки худи мардум мебинад ва мешунавад.

ӯ таълимоти макотиби дигарро дар хусуси он ки инсонро табиатан ҷоҳил ё оқил мешумориданд, инкор кардааст. Тибқи ин таълимот табиати инсонӣ оби пуртуғёнро мемонад, ки тафовути ғарбу шарқро намедонад ва ба кадом самте роҳ кушоӣ, ҷорӣ мешавад. Табиати инсон ҳам ба ҳамин монанд аст ва ба неку бад ҷудо намешавад. Дар ҷавоби ин Мэн-Сзи менависад, ки об ба кадом самте ҷорӣ нашавад, ҳатман сӯи пастиро интихоб мекунад ва табиати инсонӣ ҳам чунин аст, яъне танҳо ба некӣ майл дорад. Дар ин ҷо дар таълимоти Мэн-Сзи ва Конфутсий дуршавӣ аз якдигар ба назар мерасад.

Масоили гносеологӣ ва онтологӣ дар таълимоти Мэн-Сзи аслан дар таркиби масоили антропологӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ омадаанд. Касе, ки табиати худро дониста мегирад, осмонро низ дарк мекунад. Ибодат кардан ба осмон ин нигоҳ доштани қобилияти фикрии худ, ғамхорӣ нисбати худ ба шумор меравад.

Дар масоили ҳукуматдорӣ Мэн-Сзи пайрави Конфутсий буда, муносибати аъзои давлатро чун муносибати фарзандону волидон шарҳ додааст. Император бояд раияташро чун фарзанд ва раият ӯро чун падар дӯст дорад. Мэн-Сзи зидди диктатураи қонун буд ва мӯътақид буд, ки агар ҳокимият дар итоати шахси инсондӯст бошад, қонуншиканӣ кам рух медиҳад.

Сюн-Сзи (тахминан солҳои 313-238 пеш аз милод) ҳангоми вафоти Мэн-Сзи 24 сола буд, лекин дар бораи вохӯрии онҳо маълумоте вуҷуд надорад. Сюн-Сзи аз оилаи сарватманд буда, маълумоти хуб гирифта буд. Китоби ӯ бо номи «Сюн-Сзи», ки аз 23 боб иборат аст, то имрӯз пурра боқӣ мондааст. Маҳз дар боби 23 – юм, ки «Оиди табиати инсон» ном дорад, Сюн-Сзи таълимоти Мэн-Сзиро дар масъалаи моҳияти инсон ҳадафи танқид қарор медиҳад. ӯ на танҳо Мэн-Сзи, балки кулли макотиби фалсафиро, ки аллакай дар ин давра вуҷуд доштанд, зери танқид мегирад ва таълимоти онҳоро барои халқу мамлакат зарарнок эълон менамояд. Бояд гуфт, ки Сюн-Сзи охирин намояндаи «Асри тиллоӣ»-и фалсафаи Чини қадим (ӯ дар давраи охирини Чжанго зиндагӣ карда буд) ба шумор меравад ва ӯ ба маънии пуррааш мутафаккири асил буд.

Чун дигар пайравони мактаби Конфутсий масъалаи инсон ва ҷамъияти инсонӣ дар маркази диққати Сюн-Сзи қарор дошт. ӯ таъкид мекард, ки тамоми умр, то нафаси охирон омӯхтан лозим, лекин аз баски теъдоди ашёҳои омӯхташаванда беинтиҳоянд ва инсон дар тӯли умри худ ба ин муваффақ шуда наметавонад, бояд, ки усули омӯзишро амиқ кард. Тибқи он, одамони оддӣ принсипҳои умумии рафтори одамӣ ва ашрофон бошанд, барпо намудани низоми такмилёфтаи иҷтимоиро бояд омӯзанд.

Лекин ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки Сюн-Сзи омӯзиши коинотро сарфи назар карда бошад. Баръакс, тасвири олам асоси таълимоти ахлоқию сиёсии он ба шумор меравад. Масъалаи асосии ҷаҳонбинӣ дар таълимоти ӯ дар шакли талаботи ахлоқӣ ва мутобиқ ба сохтор ва сифати худи коинот пешкаши одамон гардонда шудаанд. Лекин бинобар дар сатҳи паст қарор доштани илм дар Чини қадим Сюн-Сзи дар бораи табиат маълумоти умумӣ дошту халос. Олами воқеӣ барои вай танҳо аз осмон ва дао иборат буду бас.

Сюн-Сзи мӯътақид буд, ки осмону замин ашёҳоро ба вуҷуд меоранд. Муҳимаш он аст, ки ӯ одамонро бовар мекунонд, ки осмон аз рӯи қонунҳои худ вуҷуд дорад ва ҳаракати ӯ абадист. Дар табиат ҳама чиз аз рӯи қонунҳои худ амал мекунад. Аз ин гуфтаҳо Сюн-Сзи ду хулосаи муҳим мебарорад. Аввалан, ҳеҷ чиз аз рӯҳ пайдо намешавад ва дар ин ҷо ӯ дар мавқеи материалистӣ қарор дорад. Сониян, ин ки доимияти осмон ва номӯътадилии ҳаёти ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки осмон бо он чӣ ки дар ҳаёти одамон рух медиҳад, ҳеҷ гуна иртиботе надорад ва ҳамаи он чӣ ки сар мезанад, маҳз натиҷаи фаъолияти худи инсон мебошад.

Тавре ки дар боло зикр намудем, Сюн-Сзи исбот мекунад, ки инсон табиатан ҷоҳил аст. Қимати фалсафаи Сюн-Сзи низ дар он аст, ки ӯ баҳри асоснок намудани ақоиди худ кӯшиш кардааст. Тибқи таълимоти файласуф, одам вақте ба дунё меояд, на танҳо қобилияти шодию ғам, балки рашку ҳасад ва ҷоҳилӣ низ дорад. Дар ин масъала ӯ мутлақо дар муқобили таълимоти Мэн-Сзи қарор дошт.

Сюн-Сзи донисташаванда будани оламро эътироф дошт ва мӯътақид буд, ки инсон қобилияти донистани онро дорад. Қобилияти маърифати олам ин хосияти модарзодии инсон аст, имконияти донисташаванда будан, ин қонунияти ашёҳост– гуфта буд ӯ. (Ниг.: А.Н.Чанышев. Курс лекций по древней философии, с.40).

Таълимоти Мотсзи. Тавре ки медонем, дар Чини қадим макотиби гуногуни фалсафӣ арзи ҳастӣ мекарданд ва байни онҳо оиди ҷаҳонбинӣ муборизаи ғоявӣ идома дошт. Таълимоти Конфутсий ҳанӯз ба ғояи ҳукмрони давлатӣ табдил наёфта буд ва ҳар лаҳза аз ҷониби равияҳои мухталиф ҳадафи танқид қарор меирифт. Яке аз мунаққидони он Мотсзи ва пайравони ӯ ба шумор мерафтанд.

Мотсзи дар соли вафоти Конфутсий ба дунё омада дар охири асри IV пеш аз милод аз олам гузаштааст. Доир ба зиндагии ӯ чизе маълум нест. Китобе, ки бо номи «Мотсзи» боқӣ мондааст, ба гурӯҳи муаллифон мансуб буда, дар тӯли фаъолияти дусадсолаи мактаби мазкур таълиф шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки «Инқилоби маданӣ» — и якум дар Чин ба мавҷудияти ин мактаб хотима гузошт.

Пайравони Мотсзи дар ҷаҳонбинии худ аҳамияти осмон ва иродаи онро инкор накардаанд. Онҳо аз бузургии нуфузи он дар байни чиниҳо истифода бурда, ғояҳои худ, хусусан, гуманизми худро ба он нисбат медоданд. Осмон ҳамчун намуна барои идораи давлат қабул мешавад ва бояд ҳокимон амали худро ба иродаи осмон мутобиқ созанд. Мотсзи мегуфт, ки зери гунбази лоҷвардӣ ҳокимон зиёданд, лекин одамдӯсташ дар байни онҳо кам аст. Аз ин рӯ, зарур мешуморад, ки танҳо аз рӯи иродаи осмон бояд амал намуд. Чунончи, ӯ иродаи осмонро ёдовар шуда, муқоиса мекунад, ки он чиро мехоҳаду чиро намехоҳад: «Осмон намехоҳад, ки давлати бузург ба давлати хурд ҳуҷум кунад, оилаи тавоно оилаи заифро танг кунад, зӯр нотавонро ғорат кунад, маккор содаро фиреб диҳад, ашроф дар назди фақир такаббур кунад». Баръакс, осмон мехоҳад, ки «одамон дастгири якдигар бошанд, тавонманд нотавонро ёрӣ диҳад, одамон якдигарро омӯзанд, хирадманд нодонро таълим диҳад, бойигариашонро бо ҳам бинанд» ( Ниг.: А.Н. Чанышев. Ҳамонҷо, с.90).

Дар фаҳмиши муҳаббат низ Мотсзи ва пайравонаш аз мактаби Конфутсий фарқи ҷиддӣ доштанд. Пайравони Конфутсий муҳаббатро дар маънии танги он, яъне муҳаббат ба падару модар, ба сарварони ҳукумат ва баъд аз он ба дигарон мефаҳмиданд. Чунин шакли худпарастонаи муҳаббат, ба ақидаи Мотсзи, на танҳо беифода, балки зарарнок ва ҳатто манбаи ҷаҳолат ба шумор меравад. Мотсзи муҳаббатро ба «алоҳида» (ҷудогона) ва «кулл» (умумӣ) ҷудо мекунад. Ҳарду қисм таркибан ягона набуда, балки оштинопазиранд. Иродаи осмонро пайравӣ кардан, ин маънии пайравӣ аз муҳаббати куллро дорад. Мотси мафҳуми «одамони ҷоҳил» — ро васеътар кор фармуда, ба он на танҳо ашхосе, ки касеро дӯст намедоранд, балки онҳоеро низ мансуб мешуморад, ки хайрхоҳи ҳама нестанд ва ҳамаро дӯст намедоранд. Танҳо муҳаббати кулл метавонад манфиати умумӣ биёрад. Зеро зиндагӣ, агар сӯи муҳаббат майл дошта бошад, натоиҷи некӯтаре ба бор меорад. Агар бо касе аз рӯи муҳаббат суде расад ӯ ҳам дар ҷавоб ба аввалӣ суде мерасонад. Аз ин рӯ, таълим медиҳад Мотсзи, хуб мешуд мансабро ба мафҳуми муҳаббат ва иҷборро ба ихтиёр табдил кунем. ӯ набудани муҳаббати баробар миёни ҳамаи одамонро сабаби муҳимтарини рух додани бенизомӣ дар мамлакат мешуморад.

Манфиати мардум, аз нигоҳи Мотсзи арзиши олиест барои ҳокиме, ки дар фаъолият пайрави осмон бошад. ӯ ҳама гуна амалеро, ки майли осмон ва манфиати мардуми авомро ифода мекард, ҳақ мешумурд ва иҷроиши ҳатмии онҳоро тақозо мекард. Мардуми авомро пайваста се мусибат думболагир аст: гуруснагӣ ва танқисии хӯрок, хунукию набудани либос, хастагию набудани фароғат. Аз ин се фалокат мардуми оддӣ пайваста дар азоб аст, лекин айни замон ванҳо, гунҳо ва дигар ашрофон бо ҳузуру ҳаловат зиндагӣ ба сар мебаранд.

Мотсзи чунин тарзи зиндагиро дар шароити асорати табақавии асри V пеш аз мелоди Чин маҳкум намуда, ба куллӣ нест кардани онро талаб намудааст. ӯ фарқи инсонро аз ҳайвон дар меҳнат медид. Танҳо тавассути меҳнати пурмаҳсули худ халқ метавонад ба сарнавишт, яъне ба он чи ки аз худи инсон вобастагӣ надорад, муқобилият намояд.

Оид ба масъалаҳои идораи давлат ва мардум Мотсзи бар он ақида буд, ки ҳокимон бояд пайваста баҳри некӯаҳволии мардум кӯшиш намоянд. Бунёди идоракунии мамлакат-парастиши хирад аст. Ҳокими оқил, ба фикри ӯ, бояд аз субҳ то шом миёни мардум бошад, арзу доди онҳоро шунида чораҳои таъҷилӣ бинад. Ин гуна ашхосро дар ҳама ҷо, аз ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҷустан лозим. Беэҳтиромӣ нибати хирад ва ашхоси бехирадро мансаб додан боиси бенизомӣ ва рух додани фалокат дар ҷомеа мегардад. Хулас, Мотсзи дар соҳаи идоракунии мамлакат фақат тағйир ва такмил додани усулҳои идоракуниро талаб мекунад.

Мотсзи ҷанг ва оқибатҳои онро таҳлил намуда, бо роҳи зӯроварию хунрезӣ ҳал намудани масоили сиёсиро маҳкум мекунад. Зеро, вақте лашкар ба замини бегона даромад ғаларо поймол, ҷангалзорҳоро несту нобуд ва шаҳру деҳотро хароб мекунад. Барои ғосибон низ ҷанг оқибатҳои нохуш дорад, зеро бар асари он ҳазорон оилаҳо бесаробон мемонанд. Ҳоло он ки «муҳаббати кулл» тақозо мекунад, ки инсоният ва кулли кишварҳо якдигарро дӯст доранд. Лекин, мутаассифона, ғояҳои иҷтимоии Мотсзи ва пайравонаш дар ҳаёти воқеии Чин амалӣ нагардиданд.

Таълимоти Мотсзи оид ба дониш низ аз таълимоти Конфутсий қатъиян фарқ мекард. Мактаби Мотсзи ҳамагуна дониши модарзодиро инкор мекард. Онҳо донишро маҳсули фаъолияти амалии инсон медонистанд. Дониши халқ ин меъёри ҳақиқат аст. Дониш бояд қимати амалӣ дошта ба мардум нафъовар бошад. Мотсзи маҳз ба санъати муҳокимаронӣ ва мантиқ диққати ҷиддӣ медод. Бархилофи Конфутсий, ки ба мардуми авом эътимод надошт, Мотсзи ба донишу заковати онҳо баҳои баланд медод. Инчунин тақсимоти меҳнатро аз рӯи қобилият ҷонибдорӣ мекард ва бар он буд, ки ҳар кас бояд аз рӯи истеъдод шуғле интихоб кунад. Онҳо нобаробарии қобилият ва манфиатҳо, тафовути касбии одамонро чун пайравони Конфутсий нобаробарии табақавӣ надониста, балки зуҳуроти адолати иҷтимоӣ ва омили пешравии ҷомеа шуморидаанд.

Мотсзи ба ҳаққоният ва асоснокии таълимоти худ эътиқоди қавӣ дошт ва ба он баҳои баланд медод. Ва агар таълимоти Мотсзиро ба дигар макотиби фалсафии Чини қадим муқоиса кунем, дар асл мебинем, ки ӯ барои чунин ҳукм асоси басанда доштааст.

Таълимоти Лаотсзи (даосизм).Таълимоти Лаотсзи дар қатори ҳикмати Конфутсий яке аз равияҳои асосии фалсафии Чини қадим ба шумор меравад, ки дар нимаи 2-юми ҳазорсолаи якум таъсис ёфтааст. Баъди ба Чин сар даровардани буддоия ин се мактаби динию фалсафӣ дар рақобат ба якдигар ташаккул ёфта, то асри 20-ум ҳаёти маънавии онро муайян мекарданд.

Низоми фалсафии Лаотсзи дар китоби «Даодетсзин» инъикос ёфтааст. Бар хилофи макотиби Конфутсий, Мотсзи ва «Қонунпарастон», ки асосан ба масоили ахлоқ ва ҷомеаи инсонӣ сару кор доштанд, дар таълимоти Лаотсзи тасвири воқеии олам, масоили ҳастию нестӣ, фарду кулл ва ғайра мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Асосгузори даосизм файласуфи Чини қадим Лаотсзи ба шумор меравад. Лаотсзи тахминан ҳамзамони Конфутсий мебошад, вале бар хилофи Конфутсий оид ба ҳаёти Лаотзси дар маъхазҳо ягон маълумоти амиқе вуҷуд надорад ва бинобар ин, баъзе муаллифони муоссир ӯро ҳамчун шахси афсонавӣ қаламдод кардаанд. (Ниг.: А.С. Васильев. История религий востока. –М., 1983, с.311). Мувофиқи ривоятҳо ӯро модараш солҳои зиёде дар батни худ нигоҳ доштааст ва ҳангоме, ки таваллуд мешавад, аллакай ӯ пир шуда буд. Аз ин рӯ, ӯро «Кӯдаки пир» меномиданд ва азбаски нишонаи «тсзи» ҳамзамон маънии «ҳаким»-ро низ ифода мекунад, бинобар ин онро ҳамчун «Ҳакими пир» низ тарҷума кардаанд. Умуман, шахсияти Лаотсзи чандон аниқ нест ва ин масъала мавриди баҳси олимон қарор дорад. (Донишманди эронӣ Муҳаммад Рашшод Лаотсзиро чун шахсияти таърихӣ муаррифӣ кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ, Лаотсзи соли 604 пеш аз милод дар хонаводаи гумноме дар иёлоти Чу таваллуд ёфтааст. (Ниг.: М.Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих. –Душанбе, 1990, с.52)

Мазмуни асосии таълимоти Лаотсзиро «дао», ки чун моҳият, нахустасос ва сабабгори кулли олам қаламдод шудааст, ташкил мекунад. Дар бораи «дао» дар фалсафаи Конфутсий, Мотсзи ва «Қонунпарастон» (легистҳо) низ гуфта шудааст, лекин бояд гуфт, ки агар «дао» барои онҳо пеш аз ҳама роҳи ташаккули Чин ва ҷаҳонбинии ахлоқию сиёсӣ бошад, пас барои пайравони Лаотсзи «дао» мафҳуми ҷаҳонбинии ҳамаро фарогиранда мебошад. Ғайр аз ин, «дао» на танҳо нахустсабаб, балки қонуни умумии коинот ҳам мебошад. Муаллифони рисолаи «Даодетсзин» решаҳои чуқури пайдоиш ва мавҷудияти тасаввуротро оид ба «дао» қайд намуда таъкид мекунанд, ки аз замонҳои қадим то замони мо номи он нест намешавад.

Оид ба субстанция ва нахустасос будани «дао» дар рисолаи номбурда ба такрор омадааст, ки: «дао» — модари кулли ашёҳо …, «дао» тавлид мекунад…, ба шарофати он кулли мавҷудот пайдо мешаванд…» ва ғайра. Дар рисола таъкид карда мешавад, ки «дао» асоси пайдоиши ҳамаи ашёҳост ва нисбат ба онҳо на танҳо ҳамчун ҷанин, балки аз ҷиҳати ибтидои замонӣ доштан ҳам пешӣ дорад. Дар ин қисмат лаҳзаҳои материалистии он бештар ошкор гардида, «дао» нисбат ба худо ҳам ҳукми муайянкунандагӣ мегирад. Илова бар ин, зимни шарҳи «дао» элементҳои антропоморфизм низ дучор мешаванд ва борҳо «дао» чун мавҷудоти зинда ёдрас шудааст.

Дар таълимоти Лаотсзи унсурҳои диалектика дучор шуда, мафҳумҳои фалсафии «ҳастӣ» ва «нестӣ» низ баррасӣ шудаанд, ки тибқи он ин мафҳумҳо дар алоқамандӣ бо якдигар вуҷуд дошта, баъзан бо «дао» айният дода мешаванд. Чунончи, дар рисолаи «Даотсензин» омадааст: «…ҳастӣ ва нестӣ якдигарро тавлид мекунанд», «…дар олам ҳама аз ҳастӣ пайдо мешавад ва ҳастӣ бошад аз адам пайдо мешавад» ва ғ. (Ниг.: А.Н. Чанышев. Начало философии, с.107).Диалектика бошад, дар таълимоти Лаотсзи дар шакли ихтилоф ва муборизаи боҳамзидҳо ҷилвагар шудааст. Чунончи, муқобилгузории мафҳумҳои «пирию ҷавонӣ», «устуворию заифӣ», «бисёрию камӣ», «хушбахтию бадбахтӣ» ва ғайра. Баъзан андешаҳое дучор мешаванд, ки диалектикаи бе ин ҳам содалавҳонаи Лаотсзиро халалдор месозанд. Масалан, ӯ муддаӣ буд, ки «оромӣ ин асоси ҳаракат мебошад» ва бешубҳа, ин тезис хилофи диалектикаи ӯст.

Назарияи маърифати Лаотсзи ба онтологияи он пайвастагӣ дошт. ӯ донишро дастраси ҳамаи одамон надониста, балки танҳо хоси мардони оқил медонист. Ба фикри ӯ, ин гуна одамон дар паси муборизаи ашёҳо мутобиқшавӣ, баъди ҳаракат оромӣ, баъди ҳастӣ нестиро дарк мекунанд. Он кас ба ин муваффақ мешавад, ки аз тарсу ҳарос озод бошад ва касе аз тарс озод аст, ба дидори «дао» муваффақ мешавад ва «дао» дар шакли ниҳоияш ин «олами ашёҳо» мебошад.

Ғояҳои ахлоқии Лаотсзи-«Марди оқил» (Шен-жен) бо ғояи ахлоқии Конфутсий «марди асил» ( Сзюн — Сзи) муқобил гузошта шудааст. Онҳо арзишҳои ахлоқии Конфутсий, аз қабили инсондӯстӣ, адолат, эҳтиромпазирии фарзанд, муҳаббати падарона ва ғайраро инкор карда, онҳоро моҳиятан нодаркор мешумориданд. Ба ақидаи Лаотсзи ва пайравонаш инсони дорои ахлоқи олӣ (дэ) барои амали хайре кӯшиш намекунад, зеро ки ӯ худ табиатан накӯкор ва хайрхоҳ аст. Дар масоили идороти давлат Лаотсзи бар он ақида буд, ки ҳоким набояд ба фаъолияти рӯзмарраи раият дахолат кунад. Ҳокими оқил шароит фароҳам меорад, ки ҳама бо роҳи табиии худ, яъне «дао» ҳаракат кунанд ва он набояд «дао» — ро халалдор созад.

Ғояҳои иҷтимоии Лаотсзи ҷиҳатҳои реаксионӣ(иртиҷоӣ) доштанд, зеро ки онҳо дуршавӣ аз «дао»-ро бо маданият марбут медонистанд. Онҳо бар он ақида буданд, ки дар қадим пайравони «дао» мардумро маърифатнок не, балки ҷоҳил намуданд. Халқе ки дониши зиёд дорад, идора карданаш душвор аст. Аз ин рӯ, ба гуфти онҳо идора кардани халқ тавассути дониш ба мамлакат хушбахтӣ меорад. Онҳо бозгашт ба давраҳои пешинро зарур мешумориданд. Пайравони Лаотсзи дар муқобили Конфутсий ва Қонунпарастон қарор доштанд ва муддаӣ буданд, ки мавҷудияти қонунҳои манъкунанда дар мамлакат халқро ба харобӣ меорад.

Лаотсзи ҷонибдори сулҳ буд ва онро таблиғ мекард. Роҳи «дао» ин роҳи сулҳ аст. Онҳо ҳокимеро ситоиш мекарданд, ки доимо нисбати ҳамсояҳо гузашт кунад ва ҳеҷ гоҳ аввалин шуда ҳуҷум накунад. Аз ғалаба ифтихор кардан, маънии аз марги одамон шодӣ карданро дорад.

Хулоса, дар таълимоти Лаотсзи лаҳзаҳои торик ва зиддиятнок зиёданд. Лекин ба ин нигоҳ накарда ҳадафҳои асосӣ амиқанд. Тибқи он «дао» якум, нахустасос ва осмон, ки дар таълимоти Мотсзию Конфутсий аввалин шуморида мешуд, дар муносибат ба «дао» дуюм шумурда мешавад. Замин дар муносибат ба осмон дуюм буда, нисбат ба инсон якум аст. Замин қонунҳои осмонро пайравӣ менамуд, осмон бошад, қонунҳои «дао»-ро ва «дао» бошад худашро. Чунин аст ҳалли масъалаи асосии ҷаҳонбинӣ, яъне масъалаи муносибати инсон ва коинот дар таълимоти Лаотсзи.

Қонунпарастон (легистҳо)Таълимоти Конфутсий ва Мотсзи бо ҳама фарқияту гуногунии худ якдигарро инкор намекарданд. Чунончи, ҳар дуи онҳо аз эътирофи арзишҳои накӯкорӣ, адолат, инсондӯстӣ маншаъ гирифтаанд, лекин дар фаҳмиши онҳо дар мавқеи мухталиф қарор доштанд. Аммо таълимоти дигари фалсафию сиёсие вуҷуд дошт, ки ҳамаи инро инкор мекард. Ин равия бо номи «Мактаби қонун», яъне «Фа — сзя» маъруфият ёфта буд.

«Қонунпарастон», ки дар Аврупо бо номи «легистҳо» маълуманд, дар муқобили таълимоти Конфутсий «қонун» — ҳои худро гузоштанд, ки моҳиятан зидди якдигар буданд. Дар риштаи идороти давлатӣ онҳо аз ишораҳои ахлоқӣ қатъиян даст кашида, сиёсати маҷбуриятҳои ҳуқуқӣ ва ҷазоро пеш гирифтанд. Инсофу виҷдонро ба тарсу ҳарос иваз намуданд ва фишанги асосии идоракуниро низ маҳз дар ҳамин медиданд. Онҳо тасаввуроти содалавҳонаро оид ба давлат ҳамчун оилаи бузург бартараф сохта, дар риштаи идоракунӣ ҷои оқилону донишмандонро бо амалдорони зинаҳои гуногун иваз менамуданд. Ҳокимиятро доҳӣ идора мекард, ки он манбаи қонунҳо шумурда мешуд ва барои ӯ чизе болотар аз иродаи худаш вуҷуд надошт: на иродаи осмон, на мероси аҷдодон ва на майлу хоҳиши мардум. Доҳӣ рамзи ягонагии давлат ба шумор мерафт, ки ба хотири якпорчагӣ ва муттаҳидӣ ҳамаро дар атрофи худ ҷамъ месохт, мардумро аз ҳаёти маънавӣ барканор мекард ва шакли сахттарини идоракунии мутамарказро ҷорӣ мекард.

Асоси иқтисодии давлатро дар зироаткорӣ медиданд. Ҳунармандӣ, хусусан савдоро маҳдуд мекарданд. Зироаткорӣ ва ҷангро омили асосие мешумориданд, ки давлат бояд ба он такя мекард.

Нахустин назариётчӣ ва раҳнамои «Қонунпарастон» Гунсун Ян ба шумор мерафт. ӯ баъди вафоти Мотсзи ба дунё омада, ҳамзамони Мэн Сзи буд ва соли 338 то эраи мо кушта шуда буд. Қобили қайд аст, ки аксари «Қонунпарастон»-и машҳур ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуда, қурбони назарияи эҷодкардаи худ гаштаанд. Гунсун Ян як муддат дар шоҳигарии Син мушовир шуда хизмат кард ва баъдтар ба ивази ин ҳокими вилояти Шан таъин гардид, ки аз ҳамин ҷо номи Шан Ян-ро гирифт ва дар таърих низ бо ҳамин ном маълум аст. Соли 356 – 350 пеш аз милод дар шоҳигарии Син ислоҳоте гузаронида шуд, ки бо номи «ислоҳоти Шан Ян» маълум аст ва он масоили иқтисодиёт ва идоракуниро дар бар мегирифт. Баъди ин давлат ҳуқуқ дошт, ки ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба ҳаёти шахсии одамон дахл кунад.

Ба номи Шан Ян китобе бо номи «Шан – сюн — шу» («Китоби ҳокими вилояти Шан»), ки аз 26 боб иборат буд, мансуб аст. Бар хилофи ҳамаи файласуфони пешин, яъне Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, Сюн Сзи ва дигарон, ки нисбати табиати инсонӣ ақоиди гуногун доштанд, Шан Ян ва дигар пайравонаш мӯътақиди табиати бад ва тағйирёбандаи инсонӣ буданд ва нигоҳ доштани онро бидуни ҷазодиҳӣ ва тарсу ҳарос номумкин мешумориданд.

Шан Ян ҳаёти ҷомеаро ба се давра ҷудо мекунад: 1) нафъҷӯӣ, 2) инсондӯстӣ ва 3) қонунпарастӣ. Давраи аввал замонест, ки одамон модарони худро шинохтанд ва падарони худро не ва кӯшиш мекарданд, ки худию бегонаро фарқ кунанд. Давраи дуюм, давраи шуру балво ва рақобати хирадмандон. Давраи сеюм бошад, давраи зуҳури маҳдудиятҳои иқтисодӣ, қонунҳо, манъкуниҳо буда, амалдорон бошанд сарварони давлат ба шумор мерафтанд. Бо ташаккулёбии ҷомеа на танҳо худи ҷомеа, балки одамон низ тағйир меёбанд. Чунончи, дар қадим одамон оддӣ буданд, бинобар ин онҳо пок буданд ва имрӯз, ки одамон маккор шудаанд, нопокӣ низ содир мекунанд. Аз ин рӯ, агар пештар одамонро аз мавқеи хайрхоҳӣ ва накӯкорӣ идора кардан мумкин бошад, пас имрӯз бо ин амал идора кардан номумкин аст, зеро ҳолати кунунӣ қабл аз ҳама «қонун дар бораи ҷазо» — ро талаб мекунад, — таъкид мекард Шан Ян. ( Ниг.: А.Н.Чанышев. Начало философии, с.101).

Бояд гуфт, ки ислоҳоти Шан Ян ҷомаи амал напӯшид, зеро ки раияти шоҳигарии Син усулҳои идоракунии онро напазируфтанд ва баъди вафоти Син Шан Ян ба қатл расонда шуд.

Қобили қайд аст, ки ҳикмати Чини қадим дар тӯли садсолаҳо бегазанд аз офатҳои сиёсию иҷтимоӣ то рӯзҳои мо омада расидаанд ва он то имрӯз ва аз ин пас ҳам арзиши аслии худро гум накарда, чун ситораи рахшоне дар ганҷинаи маънавии башарият абадӣ нурпошӣ хоҳад кард.

Пайдоиши фалсафа дар Юнони Қадим. Фалсафаи аҳди бостони Юнон аз асрҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфта, ибтидо дар шаҳр-давлатҳои юнонӣ, яъне қисмати ғарбии Осиёи Хурд (дар полиси Иония), баъд аз он дар шаҳрҳои Италияи Ҷанубӣ, ҷазираи Ситсилия ва охирон дар худи Юнон, дар шаҳри Афина (а.V) арзи ҳастӣ намудааст. Фалсафаи антиқии Юнон, ин маҷмӯи таълимоти фалсафиест, ки давраи хеле ҳам тӯлонӣ, яъне аз асри VII пеш аз мелод то асри VI-и милодиро дар бар мегирад. Омӯзиши таърихи фалсафа нишон медиҳад, ки пайдоиши он дар Юнонзамин ба илму фалсафаи Шарқи қадим робитаи ногусастанӣ дорад. Хусусан, пайдоиши тамаддун, хат, асотир, баъзе нишонаҳои илм оид ба табиат ва фалсафа дар Мисру Бобулистон ва Ҳинду Чину Эрон ба ташаккули илму фалсафаи Юнони қадим таъсири амиқ расонидаанд. Ва қобили қайд аст, ки баъзан дар ташаккули илму фалсафаи Юнон ва Шарқ як ҳамоҳангию мувофиқат ба чашм мерасад. Масалан, чунин мувофиқатро дар инкишофи софистика ва мантиқ дар фалсафаи асри IV пеш аз милоди Юнон ва ташаккули мантиқ дар фалсафаи Чини қадим мушоҳида кардан мумкин аст. Равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сиёсии юнониҳо бо мардуми Шарқ, ки нисбатан дар зинаи баланди тамаддун қарор доштанд ва ҳамчунин, истеъдоди фавқулодда баланди худи онҳо (яъне юнониҳо) боиси дар шаҳрҳои юнонӣ, пеш аз ҳама дар Милет ба вуҷуд омадани донишҳои илмӣ оид ба физика, риёзиёт, астрономия ва ғайра гардиданд. Дар айни замон асотир дар санъату шеър дар шакли нав таҷассум ёфта, фалсафа бошад, аз банди тасаввуроти асотирию динӣ дар бораи одаму олам раҳоӣ пайдо мекард. Бояд гуфт, ки ин гузариш ончунон тез ба вуқӯъ пайваст, ки аллакай дар асри V пеш аз милод дар ин ҷо системаҳои фалсафию космологие ба вуҷуд омаданд, ки асотир дар муқоиса ба онҳо мавқеи тамоман ночизро ишғол мекард (масалан, системаҳои фалсафии Эмпедокл ва хусусан, Анаксагор, атомизми Левкипп ва Демокрит ва ғ.).

Ҷиҳати фарқкунандаи фалсафаи Юнони қадим робитаи бевоситаи он бо табииёт мебошад, ки дертар дар заминаи ин илмҳои физика, астраномия ва биология ба вуҷуд омаданд. Дар асрҳои VI-V пеш аз милод фалсафа ва табииёт ҳанӯз дар шакли алоҳида вуҷуд надоштанд. Чунин ҷудоинопазирӣ ба давраҳои пеш, аз он ҷумла ба афкори фалсафии Мисру Бобулистони қадим низ мутааллиқ буд. Файласуфони Юнони қадим физику риёзидон ва астраному физиологҳои аввалин ба шумор рафта, инчунин аз аввалинҳое буданд, ки дар заминаи илмҳои табиатшиносӣ ба ҳалли масоили фалсафӣ кӯшидаанд. Ва тарафи муҳим дар инкишофи минбаъдаи фалсафаи антиқӣ он чиз буд, ки вай аз худи ибтидо хусусияти материалистӣ дошт. Файласуфоне, ки дар асри VI умр ба сар бурдаанд, масалан Фалес, Анаксимандр, Анаксимен дар Милет, Гераклит дар Эфес ва Ксенофан дар Колофан бо ҳама гуна тафовуте, ки миёни афкори онҳо вуҷуд дошт, нигоҳ накарда, як хулосаи умумӣ доштанд. Тибқи таълимоти онҳо тамоми ашёҳо, ки бо роҳу тариқи мухталиф ба вуҷуд омадаву нест мешаванд, маҳсули як мабдаъ буда, асоси моддӣ доранд. Чунончи, Фалес-об, Анаксимен-ҳаво, Гераклит-оташ ва Ксенофан-хокро нахустасоси олам мешумориданд. Ҳамин тариқ, фалсафае, ки дар Юнони қадим ба вуҷуд омад, сарфи назар аз ҷиҳатҳои соддалавҳонааш, фалсафаи материалистӣ буд.

Дар асрҳои V-IV пеш аз милод дар фалсафаи Юнони қадим тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Ин дигаргунӣ бо номи мутафаккирони бузурги ин давра Суқрот ва Афлотун, ки дар ташаккули афкори фалсафии аҳди бостон саҳми босазое гузоштаанд, мансуб мебошад. Суқрот ва Афлотун бунёдгузорони фалсафаи идеалистӣ буда, дар муқобили таълимоти материалистӣ ва хусусан, назарияи атомистӣ қарор дошта, нисбати ин таълимот муносибати оштинопазир доштанд. Аз ҳамин давра сар карда, дар таърихи фалсафаи антиқа муборизаи кушоду равшани ду тамоил – идеализм ва материализм оғоз меёбад.

Таърихи фалсафаи Юнони қадим на танҳо бо айёнию амиқии афкор ва тамоюлоти мухталиф, балки бо усулҳои тафаккури диалектикӣ ва метафизикӣ аз фалсафаи пешин фарқ дошта, шакли олии он ба шумор меравад. Унсурҳои диалектика дар фарзияҳои мутафаккирони Милет, ки доир ба мабдаи ягонаи ашъёҳо, тағйирпазирӣ ва табдилёбии ҳодисаҳо пешниҳод мекарданд, аллакай намоён буданд. Дар таълимоти Гераклит бошад, ин заминаҳо ба таълимот ва ҷаҳонбинии тому такмилёфта табдил ёфтаанд. Умуман, инкишофи фалсафаи Юнони қадим ин таърихи муборизаи байни материализм ва идеализм, диаллектика ва метафизика мебошад.

Ташаккули фалсафа тамоми манотиқи Юнони қадимро дар як вақт фаро нагирифта буд. Барои пешрафти фалсафа дараҷаи баланди инкишофи маданият, донишҳо оид ба табиат, ҷамъият ва инсон заруранд. Чунин дараҷаи тараққиёт бошад, маҳз дар зинаи муайяни инкишофи иқтисодию сиёсии ҷамъият муяссар мешавад. Аз ин рӯ, фалсафаи антиқӣ низ на дар байни ҷомеаҳои юнонӣ, ки дар нимҷазираи Балкан ба кишоварзӣ машғул буданд, балки дар марказҳои тиҷоратию саноатии шаҳрҳои Иония, дар Милет тавлид ёфтаанд. Шиносоӣ бо маданият, илму фарҳанг ва афкори фалсафии Шарқ дар ин кишвар заминаҳои даркориро ба вуҷуд овард ва қобилияти баланди фикрии юнониҳо бошад, ба инкишофи босуръати фалсафа мусоидат намуд. Ин пешравӣ ғайр аз файласуфони материалисти Милет, инчунин ба сокинони Эфес, материалист ва диалектик Гераклит ва Пифагор низ таъсири бузург расонда буд. Лекин ҷараёни воқеаҳои сиёсӣ дар ҳаёти иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Юнони қадим тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Баъди ҷанги юнону форс маркази Юнон ба Афина кӯчид ва ин шаҳр ба яке аз марказҳои пуриқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт ва барои инкишофи илму фалсафа дар ин ҷо шароитҳои мусоид ба вуҷуд омад. Аввалин файласуфи материалист, ки дар Афина фаъолият кардааст, Анаксагор мебошад. Баъд аз он давраи фаъолияти Суқрот (асри V п.аз м.) оғоз меёбад, ки ӯ зодаи Афина буда, дар атрофи худ пайравони зиёдеро ҷамъ карда буд. Инчунин асосгузори таълимоти идеалистӣ дар таърихи фалсафаи Юнони қадим, шогирди Суқрот Афлотун низ зодаи Афина буд. Ҳамзамон бо инкишофи фалсафа дар Афина дар шимол ва дар Абдера, ки дар роҳи калони тиҷоратии Юнону Форс қарор дошт, мактаби бузурги материализми атомистӣ, яъне мактаби Левкипп ва Демокрит ба вуҷуд омад. Лекин диққати сокинони Афинаро ашхоси наве бештар ба худ ҷалб мекарданд, ки одатан аз шаҳрҳои Италия (масалан, Протагор аз Абдера) ба ин ҷо омада буданд. Чунки инкишофи институтҳои демократӣ аз қабили маҷлиси халқӣ, суд, характери интихобии мансабҳои давлатӣ дар асри V пеш аз милод зарурияти тайёр намудани шахсонеро пеш овард, ки дорои дониши сиёсӣ, судӣ ва санъати хуби суханварӣ бошанд. Муаллимони нахустини чунин шакли дониш аз макотиби Ситсилия, ки файласуф Эмпедокл таъсис дода буд, баромада буданд. Ин муаллимони ситсилиягӣ ва дигар муаллимони хориҷиро «софист» меномиданд. Устодони машҳури таълими «софистика» мунтазам ба Афина омада, шунавандагони зиёдеро ҷалб намуда, дар назди онҳо вазъ мегуфтанд. Чунончи, Протагор, Горгий, Гиппий, Продик аз ҷумлаи онҳо буданд. Хулоса, «софистика» дар ин давра (а. 5 пеш аз милод) дар Юнон хеле пеш рафта, «софистҳо» миёни мардум ба эътибору нуфузи калон соҳиб гардида буданд.

Лекин ба ҳама комёбиҳо нигоҳ накарда, софистҳо ба муқобилияти сахт дучор шуданд. Мубориза алайҳи таълимоти «софистӣ» аз ҷониби файласуфони гуногунақида дастгирӣ ёфта, пурқувват мешуд. Дар муқобили мактаби «софистӣ», пеш аз ҳама материализми атомистии Демокрит ва баъд аз он илеализми объективии Афлотун ва шогирди ӯ Арасту қарор доштанд. Бояд гуфт, ки назарияи атомистӣ дар Афина ҳанӯз пояи устувор надошт ва бинобар ин, нерӯҳои мухолифи «софизм» асосан, дар атрофи мактаби Афлотун (дар Академия) ва мактаби Арасту (дар Ликей) муттаҳид шуда буданд. Вале аллакай дар асри IV пеш аз милод материализми атомистӣ дар шакли наву такмилёфтаи он, яъне назарияи атомистии Эпикур арзи ҳастӣ намуда, дар Афина ва баъдтар ба дигар марказҳои фарҳангии Юнон ва ҳатто ба Рим интиқол ёфт. Осори Левкипп ва Демокрит бар асари воқеаҳои таърихӣ несту нобуд шуданд ва оиди таълимоти онҳо бошад, аз асарҳои нависандагон ва дигар мутафаккирони Юнони қадим маълумот пайдо кардан мумкин аст. Лекин бар хилофи ин осори Афлотун, асосгузор ва классики идеализми объективӣ дар шакли пуррааш боқӣ мондааст ва ин асарҳо имконият медиҳанд, ки ба ҷаҳонбинии файласуф, ба мероси фалсафии ӯ аз наздик ошно шавем. Ҷиҳати хоси таълимоти Афлотун аз он иборат аст, ки дар он идеализми объективӣ ба методи идеалистии диалектика пайваст карда шудааст. Хусусан, Афлотун диалектикаи фарду кулл, айнияту тафовут ва ҳаракату оромиро возеҳу рӯшан нишон додааст. ӯ фалсафаи табиатро ба илми риёзиёт алоқаманд намуда, маҳз дар заминаи чунин пайвастагӣ таълимоти худро оид ба ҳастӣ, оид ба олам ва рӯҳи ҷаҳонӣ, оид ба инсон ва ҷомеаи инсонӣ, оид ба маърифат офаридааст. Маҳз дар зери таълимоти Афлотун ва мактаби ӯ Арасту, ки аз Стагир ба Афина омада буд, ба камол расид, ки вай баъдтар дар осмони илму фарҳанги Юнони қадим чун ситораи рахшоне ҷилвагар шуд. ӯ дар Академияи Афлотун таълим гирифт, аммо системаи ақоид ва тафаккури фалсафии он хилофи талимоти устодаш ташаккул ёфта, аслан дар муқобили он қарор доштанд ва ӯ дар ин бора чунин гуфта буд: «Афлотун пеши ман азиз аст, лекин ҳақиқат азизтар аст». Нуқсони асосии таълимоти Афлотунро Арасту дар «идея»-ҳои вай, яъне аз ашёҳои фардии ҳиссӣ ҷудо будани онҳо медид. ӯ «идея»-ҳои Афлотунро ҳамчун як чизи номуайяне, ки заминаи моддие надоранд, қаламдод намуда, ба зери танқид гирифтааст. Арасту соли 335 пеш аз милод дар Афина мактаби фалсафии худро таъсис дод, ки бо номи Ликей маълум аст. Дар Ликей силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ таълим дода мешуд ва ҳадафи асосии он мураттаб сохтани донишҳои илмию фалсафӣ буд.

Ҳамин тариқ, омӯзиши мероси фалсафии Юнони қадим моро ба олами беканори илму фарҳанг ва афкори безаволи мутаффакирони он ошно месозад, ки мо иддае аз онҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Кайҳоншиносӣ ва ҳастишиносӣ дар марҳилаи аввали фалсафаи юнонӣ. Фалес яке аз аввалин файласуфони мактаби Милет ба шумор меравад. ӯ дар охирҳои асри VII ва аввалҳои асри VI-и пеш аз милод умр ба сар бурдааст. Тибқи маълумотҳо аҷдодони вай аз Финикия буда, худи ӯ бошад, дар Юнон ба воя расидааст. Фалес ба маданияти Шарқ ошноӣ дошт, зеро ки ӯ як замоне дар байни мисриён зиста, илми ҳандасаро дар ҳамон ҷо аз бар карда, сонитар онро дар Юнон ривоҷ дода буд. ӯ як муддате ба тиҷорат низ шуғл варзида, ҳангоми сафар ба кишварҳои гуногун аз илму фарҳанги қавмҳои мухталиф бархӯрдор гардида, далелу санадҳои илмӣ ҷамъ мекард. Фалес аз илми муҳандисӣ ҳам огоҳӣ доштааст. Мувофиқи ривоятҳо дар муборизаи зидди форсҳо бо маслиҳат ва роҳнамоии ӯ канале кофта шуд, ки ба воситаи он рӯди Галис ба дигар тараф ҷорӣ карда шуда, сатҳи об паст шуд ва киштиҳои форсҳо аз ҳаракат бозмонданд. Фалес як қатор асарҳои фалсафӣ низ таълиф карда буд, аммо аз онҳо то имрӯз чизе боқӣ намондааст. Фалес дар Юнони қадим ҳамчун астроном ва риёзидони аввалин маъруфият ёфта буд. Чунончи, Демокрит ӯро фақат ҳамчун астрономе мешинохт, ки ҳодисаи гирифтани офтобро пешгӯи карда метавонист. Лекин ӯ (Фалес) низ ба мисли мардуми Бобулистону Миср ба асли воқеа сарфаҳм намерафт, яъне намедонист, ки дар вақти гирифтани офтоб дар осмон чӣ ҳодиса рух медиҳад. Тасаввуроти ӯ доир ба осмон аслан нодуруст буданд. Фалес пешгӯии ин ҳодисаро аз қоҳинони Аккаду Шумер ва Миср омӯхта буд, лекин аз шарҳи илмии он дур буд. ӯ ба комёбиҳои илмии бобулиён такя намуда, кӯшиш кардааст, ки сохти Коинот ва тартиби ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ — Моҳу Офтоб ва ситораҳоро нисбат ба замин муайян намояд. Лекин дар тасаввуроти ӯ воқеият баръакс инъикос ёфтааст. Мувофиқи фаҳмиши ӯ, ситораҳо аз ҳама бештар ба замин наздик ва офтоб аз ҳама дуртар ҷойгир шудаанд. Ҳамин тариқ, Фалес донишҳои ҷуғрофӣ, астрономӣ ва физиологии худро ба фаҳмиши фалсафии олам, мабдаи моддии он алоқаманд намуда, тасвири илмии оламро ҳосил кардан мехост.

Фалес ҳамчун файласуф нахустин бор дар асари Арасту «Метафизика» ёдрас шудааст. ӯ Фалесро асосгузори материализм ва аввалин мунаҷҷим, риёзидон ва табиатшинос номидааст. Дар масъалаи офариниш Фалес бар он ақида буд, ки олам асоси моддӣ дорад. Мувофиқи ақидаи файласуф асоси пайдоиши ҳамаи мавҷудот об ба шумор меравад. ӯ обро ҳамчун асос, мабдаъ доимӣ шуморида, ашёву ҳодисаҳоеро, ки аз он ба вуҷуд меоянд, муваққатию гузаранда ҳисоб мекунад. Ҳамаи ашёҳо аз як шакл ба шакли дигар гузашта, ба якдигар мубаддал мешаванд. Ин фаҳмиши материалистии тағйирпазирӣ ва табдили ашёҳо буда, бевосита тамоили диалектикии маърифати оламро пайгирӣ мекард.

Дар баробари ин дар таълимоти Фалес унсурҳои асотир, политеизм (бисёрхудоӣ) ва баъзе падидаҳои идеализм низ ҷой доранд. Чунончи, ӯ коинотро пур аз худоҳо тасаввур карда, ҳамаи ашёҳоро соҳиби ҷон, рӯҳ медонист. Қувваи кашиши оҳанраборо ӯ чун қувваи ашёи зинда шарҳ медод. ӯ исбот мекард, ки ҷазб шудани оҳан дар муқобили оҳанрабо ин хосияти ботинии ҳамаи ашёҳост, яъне кулли ашёҳо дорои рӯҳ ва қувваи ҳаётӣ ҳастанд ва қодиранд, ки худ пайдо шуда инкишоф ёбанд ва ба ҳеҷ гуна муҳаррики беруна эҳтиёҷ надоранд.

Анаксимандр (610-540 пеш аз милод) дуюмин файласуфи мактаби Милет буда, шогирд ва дӯсти Фалес ба шумор мерафт. ӯ низ чун муаллими худ ба масоили марбут ба сохти олам, ҷуғрофия, физика, пайдоиши ҳаёт ва худи инсон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда буд.

Анаксимандр муаллифи аввалин асари фалсафиест, ки он бо номи «Пери фюсеос», яъне «Доир ба табиат» маълум аст. Худи номи ин асар ва даҳҳо асари мутаффакирони дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки файласуфони нахустини Юнони қадим бар хилофи файласуфони Ҳинду Чини бостон бештар ба табииёт майл доштаанд. Анаксимандр ин асари худро дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод таълиф намуда буд ва дар айни ҳол бидуни баъзе порчаҳои пароканда аз он чизе боқӣ намондааст. Асарҳои дигари файласуф бо номи «Харитаи замин» ва «Глобус» маълуманд, ки бар асари воқеоти замонҳои мухталиф нобуд шудаанд.

Анаксимандр нахустасоси оламро як чизи номуайне мешуморад, ки он ба фикри ӯ апейрон ном дошт. Апейрон, ба гуфти ӯ на ранг дорад, на шакл ва на оғозу на анҷом, ҳамеша, беохир ва муттасил тағйир ёфта, ашёву ҳодисаҳои мушаххасро ба вуҷуд меорад.

Аксари муаллифони давраи қадим бар он ақидаанд, ки апейрони Анаксимандр характери моддӣ, ҷисмонӣ дорад. Лекин касе аниқ гуфта наметавонист, ки ин чист. Баъзеҳо апейронро ҳамчун мимга, ё худ омехта (замин, об, ҳаво ва оташ), иддаи дигар онро чун метакс, яъне ким- кадом чизе байни ду ҳодиса-байни оташу ҳаво маънидод мекарданд. Гурӯҳи сеюмӣ бошад, тахмин мекарданд, ки апейрон чизи тамоман номаълум аст. Лекин ҳаминаш маълум, ки апейрон абадӣ, чи тавре ки худи Анаксимандр таъкид мекунад, он (апейрон) кӯҳнашавиро намедонад ва «маҳвнашаванда» аст.

Анаксимандр доир ба пайдоиши коинот низ факрҳои ҷолиби диққат дорад. Мувофиқи ақидаи ӯ, апейрон ҳамаи чизро худ аз худ меофарад. Апейрон дар ҳаракат ва гардиши доимӣ буда, зимни ин гардиш тазодҳои намӣ ва хушкӣ, сардӣ ва гармиро ҳосил мекунад. Гардиши мутаносиб ва ҷуфти ин хосиятҳои асосӣ-замин (масалан, якҷояшавии хушкию сардӣ), об (рутубату сардӣ), ҳаво (рутубату гармӣ) ва оташ (хушкию гармӣ)-ро ба вуҷуд меоранд. Баъд аз ин замин ҳамчун ҷисми вазнин дар марказ ҷой гирифта, атрофи онро бошад, қабатҳои об, ҳаво ва оташ мепӯшонанд. Дар байни обу оташ ва ҳавою оташ таъсири мутақобила ба вуқӯъ меояд. Аз таъсири гармӣ як қисми об бухор шуда, замин аз зери уқёнус қисман озод мешавад ва ҳамин тариқ? хушкӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, Анаксимандр асоси оламро аз чор унсур: об, оташ, ҳаво ва хок иборат медонад.

Доир ба масъалаи пайдоиши ҳаёт Анаксимандр чунин ақида дорад, ки мувофиқи он гӯё нахустин мавҷудоти зинда дар соҳилҳои баҳр, яъне дар сарҳади обу хушкӣ, аз таъсири гармӣ ба лойқа падид омадааст. Мавҷудоти зинда ибтидо дар об зиндагӣ мекарданд ва баъдтар як қисми онҳо ба хушкӣ баромада, пулакчаҳои баданашонро партофта, худро ба ҳаёти берун аз об мутобиқ намуданд. Баъдтар аз ин ҳайвонот ва одам ба вуҷуд меоянд. Лекин дар фаҳмиши Анаксимандр инсон на аз ҳайвоноти хушкӣ, балки аз ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадааст. Инсон аз нигоҳи ӯ, дар дохили моҳии бузурге пайдо шуда, инкишоф ёфта баъд ба хушкӣ баромадаст.

Материализми Анаксимандр хусусияти монистӣ (монизм – таълимотест, ки пайдоиши ҳамаи ашёҳоро ба як мабдаъ мансуб медонад) дошт. Ҷаҳонбинии ӯ ҳатто мутафаккирони Юнони қадимро ба ҳайрат гузошта буд. Муаллифи давраи антиқӣ Псевдо-Плутарх қайд кардааст: -«Анаксимандр тасдиқ мекунад, ки апейрон сабабгори ягонаи тавлиду марг аст». (А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии, с. 131).Илоҳиётшиноси насронӣ қайд кардааст, ки ӯ (Анаксимандр) барои хиради илоҳӣ ҷой намондааст. (Ниг.: Ҳамон ҷо). Диалектикаи Анаксимандр бошад, дар таълимоти ӯ доир ба абадӣ будани ҳаракати апейрон, дар тавлиди тазодҳо, дар пайдошавии чор унсур аз тазодҳо зоҳир мешавад ва таълимоти ӯ доир ба кайҳон, яъне аз мавҷудоти ғайризинда ба вуҷуд омадани мавҷудоти зинда, пайдо шудани инсон аз ҳайвон дар маҷмӯъ ғояи эволютсияи табиати зинда мебошад.

Анаксимен охирин намояндаи мактаби фалсафии Милет ба шумор меравад, ки дар давраи аз тарафи форсҳо забт шудани Милет ба воя расида, доир ба олам тасаввуроти навинро инкишоф додааст. Анаксимен, чун дигар файласуфони Милет олим буд ва ба илмҳои биология ва риёзиёт (бар хилофи гузаштагонаш) чандон мароқ зоҳир намекард. ӯ бештар ба астраномия таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар асараш «Доир ба табиат» аслан масоили марбут ба олами коинотро баррасӣ кардааст. Ба ақидаи ӯ на «апейрон»-и Анаксимандр ва на «об»-и Фалес нахустасоси олам буда наметавонанд. ӯ ба сифати нахустасос ҳаворо қабул намуда, чунин ақида дошт, ки дар протсесси ғафсу тунук шудани қабатҳои ҳаво ҳамаи ашёҳои дигар, аз қабили об, хок, маъдан ва оташ ба вуҷуд меоянд. Агар ҳаво тунук шавад, ба оташ ва агар ғафс шавад, вобаста аз дараҷаи ғафсияш аввал ба об, баъд ба хок ва ниҳоят ба маъдан табдил меёбад. Яъне, ба гуфти мутафаккир ҳамаи ашё ва ҳодисаи олам аз ҳаво пайдо шуда, боз ба он табдил меёбанд ва иллати асосии тағйироти мавҷудотро дар мутаҳаррикии ҳаво медид. Дар замоне, ки Анаксимандр мавқеи ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ-Моҳу Хуршед ва ситораҳоро барғалат нишон дода буд, Анаксимен ин хаторо ислоҳ намуда, тасвири воқеии ҷойгиршавии онҳоро муайян намуд, ки мувофиқи он аз Замин дар масофаи аз ҳама наздик Моҳ, баъд Офтоб ва аз ҳама дуртар ситораҳо ҷойгир шудаанд. Қобили қайд аст, ки файласуфони ҳамин давра ва баъдинаи Юнони қадим нисбат ба дигар файласуфони Милет ба Анаксимен таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардаанд. Масалан, пифагорчиён баъзе унсурҳои таълимоти ӯро доир ба ҳаво (ё ки хало) ва дар бораи нурҳои осмонӣ аз худ карда буданд.

Анаксимен нисбат ба масоили физикӣ дар соҳаи астрономия пешгӯиҳои амиқ ва боҷуръатона дошт. Чунончи, мувофиқи ақидаи ӯ ҷирмҳое, ки дар осмон медурахшанд, аз рӯи табиати худ ба замин монанд мебошанд. Файласуфони он давра ин ақидаро ба ҳақиқат наздик мешумориданд ва ин баъдтар аз тарафи материалистони атомист инкишоф дода шуд.

Ҳамин тариқ, дар ибтидои асри V пеш аз милод дар натиҷаи ҳуҷумҳои пай дар пайи форсҳо Милет   мустақилияти сиёсии худро аз даст   дода, заволи гулгулшукуфӣ ва оғози таназзули фалсафаи он фаро расид. Лекин таълимоти материалистони Милет дар шаҳрҳои дигари Юнони қадим боқӣ монда, мутафаккирони он замон онро идома ва такмил   медоданд. Масалан, Гиппон аз Самоса, ки аз таълимоти Фалес пайравӣ мекард, Диоген аз   Аполлон (а. V пеш аз милод), ки назарияи Анаксименро оид ба «ҳаво» пайгирӣ мекард ва дигарон аз қабили онҳоанд.

Пифагор, ки дар таърихи илм   ҳамчун падари риёзиёт маъруфият ёфтааст, соли 532 пеш аз милод дар ҷазираи   Самоса ба дунё омадааст. ӯ дар синни ҷавонӣ ин ҷазираро   тарк   гуфта, муддати дуру дарозе дар мусофират умр ба сар бурда, зимни ин мусофиратҳо   аз мамолики   Миср, Аккад ва Шумер, Ҳинду   Эрон   дидан карда, бо аҳли илми ин   кишварҳо ошноӣ пайдо намуда, аз афкори онҳо   огоҳ гардид ва сипас ба   Юнон баргашта, дар   шаҳри Кротон   ҷомеаи динии худ (иттифоқи пифагориён )-ро таъсис дод. Дар ин   мактаб, ки асосан заминаи динӣ дошт, барои шогирдон (онҳо   аз 600 нафар зиёд будаанд ) муқаррароте вуҷуд дошт, ки риояи он барои ҳамаи таълимгирандагон ҳатмӣ буд.   Дар он ҳуқуқи   зану мард   баробар   ва амволи онҳо умумӣ буда, хӯроки якхела хӯрда, либоси якхела мепӯшиданд. Барои шогирдон интизоми сахт ҷорӣ буда, ба монанди   риёзаткашони Ҳинд аз истеъмоли гӯшт парҳез карда, зери тобеияти пурраи устод қарор доштанд. Ҷиҳати дигари таълимоти динии Пифагор аз он иборат буд, ки ӯ ба реҳлати нафс аз як ҷисм ба ҷисми дигар эътиқод дошт.

Дар сиёсат бошад, ӯ ва шогирдонаш тарафдори аристократия (тарзи давлатдории ҳокимияти асилзодагон, яъне табақаи олии синфи давлатмандон буда, душмани ҳукумати омма мебошад). Вақте ки шогирдони ин мактаб дар Юнон нуфузу эътибор пайдо карданд, дар ҷунбишҳое, ки бар зидди ҳукумати мардумӣ равона мешуданд, ширкат меварзиданд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро чашми дидан надошт ва замоне, ки дар Кротон доҳиёни ҷомеаи пифагориён ба сари ҳокимият омаданд, мардум бар зидди онҳо шӯрида, ҳукуматашонро сарнагун сохтанд.

Бояд гуфт, ки худи Пифагор асаре таълиф накардааст, лекин таълимоти ӯ барои асрҳои V-IV пеш аз милод табаддулоти бузурге дар соҳаи илм ба шумор мерафт. Ба ҷаҳонбинии фалсафӣ бошад, ӯ тавассути риёзиёт ворид шудааст. Азбаски ӯ мудом бо ададҳои риёзӣ сарукор дошт, дар байни рақамҳои риёзӣ ва ашёҳои конкретӣ шабоҳате медид ва дар охир ба хулосае омад, ки тибқи он ададҳои риёзӣ асли ашёҳо буда, осмон ҳам ба ҷуз як адад чизи дигаре нест. Лекин ғофил аз он ки адади бевазн наметавонад маншаи ҷисми вазндор бошад. (Ниг.: М. Рашшод. Ҳамон ҷо, с. 200). Қобили тазаккур аст, ки то ҳол моҳияти афкори фалсафии Пифагор пурра аниқ нашудааст ва маълум нест, ки ӯ ба чӣ мақсад ададҳои риёзиро асли ҷаҳон пиндоштааст. Ин ҳолат аз он сабаб рух додааст, ки мактаби ӯ дар шароити махфӣ амал карда, аз асрори таълимоти он касе огоҳӣ намеёфт ва дуюм ин ки, чи тавре дар боло ёдрас шудем, худи Пифагор чизе таълиф накардааст ва афкори ӯ асосан тавассути шогирдон гирд оварда шудаанд. Аз ин рӯ, муайян кардан душвор аст, ки ин ақида аслан мансуби худи ӯст ё ки таҳрифи шогирдон.

Таълимоти Пифагор доир ба олам бо тасаввуроти асотирӣ омехта буд. Мувофиқи ақидаи ӯ, олам ин ҷисми зинда ва оташини куррашакл мебошад. Олам аз фазои беканор халоро нафас мегирад. Хало,  ки    аз

берун ба олам ворид мешавад, ашёҳоро ташкил медиҳад. Қобили қайд аст, ки дар  таълимоти пифагориён нисбат ба пешгузаштагони онҳо, яъне мактаби Милет масоили фалсафӣ рӯшантар зоҳир шудаанд. Агар дар таълимоти Фалес «нафс як чизи берун аз тан», аз нигоҳи Анаксимен «ҳаво» бошад, вале аз нигоҳи пифагориён «нафс» ҷовидонӣ буда, аз як ҷисм ба ҷисми дигаре мегузарад ва тан барои нафс хусусияти тасодуфӣ дорад. (Ниг.: К. Маркс., Ф. Энгельс. Соч. Т.1, с.500).Дар охир ҳамаи ин гуногунандешӣ ба пайдоиши идеализм ва оғози муборизаи бепоёни материализму идеализм оварда мерасонад.

Бояд ёдовар шуд, ки шогирдони Пифагор баъди марги ӯ низ як муддате мактаби ӯро нигоҳ дошта, таълимоти устоди худро такмил додаанд. Аз он ҷумла, муайян намуданд, ки замин куррашакл буда, маркази олам нест. Балки сайёраест, ки ҳамроҳи Моҳу Хуршед ва Аторуду Зӯҳра, Мирриху Муштарию Зӯҳал, ки ҷамъашон нӯҳро ташкил мекунад, дар атрофи як курраи оташин чарх мезананд. Дар давраи шогирдони Пифагор илмҳои мухталиф аз қабили ҳандаса, ҳисоб ва мусиқӣ ривоҷ ёфта, илми ситорашиносӣ низ ба пояи баландтаре расид. Масалан, то ин дам назарияи геосентризм ҳукмрон буда, курраи замин маркази олам ҳисоб мешуд ва нахустин бор ин таълимоти анъанавӣ шикаст хӯрда, замин ҳам ба соири сайёраҳо дохил шуд. Албатта, ин ақида дар он замон қобили қабул набуд, лекин дар қарнҳои охир он ҷиҳати илмӣ гирифт.

Қобили қайд аст, ки дар мактаби пифагориён илми тиб низ мавқеи асосӣ дошт. Онҳо танро аз тариқи варзиш ва доруҳои молиданӣ ва рӯҳро бошад, ба воситаи мусиқӣ табобат мекарданд. Онҳо аз эҳсосоти манфӣ: доду фиғон, безобитагӣ, бадзабонию дағалӣ худро канор мегирифтанд. Барои ин онҳо аз равонпизишкӣ (психотерапия) истифода мебурданд. Инчунин ба масъалаи таваллуд ва парвариши тифлон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекарданд. Яке аз шогирдони Пифагор Демокед, ки дар соҳаи тиб истеъдоди беназир дошт, ҳангоми ҷанг асири форсҳо мешавад. Азбаски ӯ табиби машҳур буд, аз қатли ӯ худдорӣ мекунанд ва ӯ подшоҳи форс Дороро табобат мекунад ва подшоҳ аз дониши ӯ ба ҳайрат афтода, дар ивази ин занҷирҳои оҳанини дасту пои ӯро ба занҷирҳои тиллоӣ иваз мекунад.

Яке аз пайравони дигари мактаби Пифагор, ки дар соҳаи тиб шӯҳрат ёфта буд, Алкмеон мебошад. Таваллуди ӯ ба давраи пирии Пифагор рост меомад. Табиб ва файласуф бо сабабҳои умумии сар задани беморӣ диққат медод. Алкмеонро асосгузори анатомия меноманд. ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки функсияи мағзи сарро муайян карда, онро органи тафаккур номидаст. Алкмеон ба фарқи эҳсосу идрок сарфаҳм мерафт. ӯ мегуфт, ки ҳайвон эҳсос мекунад, аммо фикр намекунад. ӯ нафсро абадӣ ва мутаҳаррик мешумурд.

Зодгоҳи Гераклит шаҳри Эфес мебошад, ки он баъди Милет дуюмин макони пайдоиш ва рушду такомули фалсафаи Юнони қадим ба шумор меравад. Файласуфи бузург тахминан дар солҳои 530-470 пеш аз милод умр ба сар бурда, аз табақаи аристократия буд. Баъди аз сари ҳукумат дур шудани аристократҳо Гераклит ба сарзамини форсҳо ҳиҷрат накарда (бар хилофи аристократҳои дигар), балки дар танҳоӣ ва қашшоқона дар зодгоҳаш умр ба сар бурдааст.Ба Гераклит асарҳои фалсафие мансубанд, ки ӯ низ чун Анаксимандр ва Анаксимен онҳоро дар маҷмӯъ «Доир ба табиат» номидааст. Тибқи маълумотҳои Диоген Лаэртсий асарҳои файласуфи эфесӣ аз се қисм иборат буданд: оид ба давлат, оид ба коинот ва оид ба худо. Лекин асарҳои ӯ пурра то замони мо нарасидаанд. Ба ақидаи баъзе муаллифон 130 ва баъзе дигараш 150 порча аз мероси фалсафии Гераклит боқӣ мондааст. (Ниг.: В.Ф. Асмус. История античной философии; А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии;Философский энциклопедический словарь). Ва бояд гуфт, ки дар асарҳои ӯ нисбат ба материалистони Милет аз илм дида асотир мавқеи васеътар дорад.

Дар сиёсат ҷонибдори аристократия буда, нисбат ба ҳокимияти демократӣ назари душманона дошт. Масалан, дар яке аз порчаҳои асари ӯ «Доир ба табиат», ки то имрӯз боқӣ мондааст, дар бораи пешвоёни демократҳои Эфес менависад, ки онҳо (яъне демократҳо) хиради солим надоранд, зеро ба гӯяндагони халқӣ бовар мекунанд ва тӯдаро пешвои худ мешуморанд.  Онҳо дарк намекунанд, ки аблаҳон зиёданду оқилон кам. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с.24). Ё ин ки дар ҷои дигар нисбати ҳамшаҳриёнаш навиштааст: Мардуми Эфес сазовори он аст, ки бояд тамоми мардони болиғ якдигарашро ба дор овезанд ва шаҳрро ба ноболиғон вогузоранд, чунки онҳо фарди беҳтарини шаҳри худ, яъне Гермодорро аз ин ҷо рондаанд. Баҳона, шиори: «Бигузор дар байни мо беҳтаринҳо набошанд. Модоме, ки аллакай пайдо шудаст, пас бигузор дар мулки дигар бо дигарон зиндагӣ кунад». (Ҳамон ҷо, с. 25). Гераклит дар гуфтугӯ ниҳоят дағал ва тундхӯ буда, ба ҳама кас ҳисси бадбинӣ дошт, нисбати муосиронаш ба таҳқир ва бадӣ ёд мекард. ӯ, азбаски ба ҳукумати омма (яъне демократӣ) душманӣ дошт, дар асоси ҳамин ақида зӯриро муфидтарин воситаи тарбия мешумурд.

Гумон меравад, ки маҳз оҷизии ӯ дар муқобили ҳукумати мардумӣ ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Эфес таъсире расонда натавонистанаш, ӯро ба рӯҳафтодагию ноумедӣ водор сохтааст. Аз ин рӯ, баъзе муаллифони қадим бар хилофи Демокрит (материалисти а . V-IV пеш аз милод), ки бо лақаби файласуфи «хандон» маълум буд, ӯ яъне Гераклитро бо лақаби файласуфи «гирён» ёдрас шудаанд. Аз нигоҳи Гераклит таваллуд ин бадбахтӣ аст. Чунончи, ӯ навиштааст.

 

«Таваллуд шуда, онҳо (яъне одамон) мехоҳанд зиндагӣ кунанд ва бимиранд, ё ҳар чӣ тезтар мемиранду атфолро мегузоранд, то ки онҳо низ бимиранд». (В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с.26).

Лекин бояд тазаккур дод, ки на рӯҳафтодагӣ (пессимизм) ва на аристократизм наметавонистанд ба он мушоҳидакории амиқе, ки файласуф оид ба табиат ва ҳаёти ҷомеа дошт, садди роҳ шаванд ва онро халалдор созанд. Гераклит дигаргуниҳо, тағйирпазирӣ ва тазодҳоро дар ҳаёти инсон ва дар табиат амиқ ва хеле чуқур дарк намуда буд.

Таълимоти Гераклит оид ба моҳияти ашёҳо ва манбаи пайдоиши олам комилан тоза ва бесобиқа мебошад. Лаҳзаи асосии таълимоти ӯ дар он аст, ки файласуф ҳама чизро дар ҳаракат ва дар ҷараён мешуморад. Чун файласуфони Милет ӯ низ таъкид мекард, ки пайдоиши ҳамаи ашёҳо асоси моддӣ доранд. Ин нахустасосро Фалес дар «об», Анаксиманд дар «апейрон», Анаксимен дар «ҳаво» медиданд. Гераклит бошад, ба ҳайси нахустматерия, яъне мабдаи асосӣ «оташ» — ро қабул кард. Оташро нахустасоси олам интихоб кардани Гераклит тасодуфӣ набуд. Ин натиҷаи донишҳои астрономӣ ва мушоҳидаю нигоҳи ӯ ба характери табиати зинда ва ғайризинда мебошад. Ба фикри файласуф олам, ё худ табиат доим дар ҳаракату тағйирёбӣ мебошад, лекин оташ нисбат ба кулли мавҷудоти табиӣ ба тағйирёбию ҳаракат моилтар аст. Дар яке аз порчаҳои матне, ки то имрӯз расидааст, Гераклит тасдиқ мекунад, ки олам ягона буда, онро на ягон худо ва на ягон инсон наофаридааст, вай аз қадим буд, ҳаст ва чун оташи ҷовидон, ки гоҳе ба андозае хомӯш ва ба андозае шӯълавар мешавад, боқӣ хоҳад монд. (Материалисты древней Греции. –М.,1955, с. 44).

Ба гуфти ӯ, ҳаракат ин ҷиҳати умумитарини равандҳои   олам буда, тамоми табиат, ашёҳо ва ҳодисаҳоро фаро мегирад. Ҳукм дар бораи умумияти ҳаракат ба ашёҳои абадӣ, ки дар ҳаракати абадӣ мебошанд ва ашёҳое, ки дорои ҳаракати муваққатӣ мебошанд, як хел тааллуқ дорад. Ҳаракати абадӣ   ҳамзамон тағйирёбии доимӣ низ мебошад, гуфта буд Гераклит: «Офтоб на танҳо ҳар рӯз, балки ҳар лаҳза, муттасил иваз шуда меистад». (В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с.26).

Дар таълимоти Гераклит на танҳо материализми стихиявӣ, балки элементҳои диалектика (албатта,   шакли соддалавҳонааш) низ баръало

инъикос ёфтаанд. ӯ ба мисли баъзе файласуфони муосири худ мӯътақид

буд, ки дар олам ягон чиз бетағйир намемонад ва таъкид мекард, ки ҳама чиз дар ҷараён аст («панта рей»). Олам аз нигоҳи файласуф чун дарёест, ки ба он ду маротиб даромадан номумкин аст, зеро рӯде, ки мо ба он медароем, доим дар ҷараён буда, оби он пайваста дар тағйирот аст. Дар

 

олам ҳама чиз нотакрор ва даргузар аст. Қобили қайд аст, ки дар таълимоти Гераклит оид ба диалектика, дар шакли хира ҳам бошад, қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо инъикос ёфтааст. ӯ қайд мекунад, ки худи як чиз дар як вақт метавонад гуногун ва ҳатто ихтилофнок бошад. Масалан, оби баҳр дар як вақт ҳам тоза аст ва ҳам ифлос: барои моҳӣ – воситаи наҷот ва манбаи ҳаёт, барои инсон, беморию марг. Ё худ зеботарин маймун дар муқоиса ба насли инсон ҳеҷ аст, аммо дар муқоиса ба зоти худ зеботарин аст. Яъне дар як вақт маймун метавонад ҳам зебо ва ҳам зишт бошад. Аз ин ҷо хулосае бармеояд, ки як чиз дар айни ҳол метавонад дар муносибат ба ашёҳои гуногун (дар муносибат ба моҳӣ, дар муносибат ба инсон, дар муносибат ба маймунҳо ва боз дар муносибат ба инсон) дорои хосиятҳои гуногун (оби тоза ва оби ифлос, зеботар ва баднамо) ва ихтилофнок бошад.

Гераклит ба тағйирнопазирӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мегӯяд, ки тағйироти куллӣ ин тағйироти дохили тазодҳост (масалан, чизи гарм сард ва сард гарм мешавад) ва як тазод арзиши тазоди дигарро ошкор мекунад (масалан, беморӣ арзиши сиҳатӣ ва бадӣ арзиши некиро). Ва бояд гуфт, ки мутафаккир дар ин ҷо дар бораи ягонагии баҳамзидҳо хулосаи ҷасурона ва то андозае содалавҳона баровардааст.

Қобили қайд аст, ки Гераклит айнияти тазодҳоро на дар алоқамандӣ, балки дар муборизаи байни онҳо медид. Ин мубориза қонуни асосии олам ба шумор меравад. Вай сабабгори пайдоиши ҳама чиз аст. ӯ гуфта буд, ки мубориза-падари кулл ва шоҳи ҳамаи мавҷудот аст, тамоми ҳодисот дар натиҷаи мубориза аз рӯи зарурат ба вуҷуд меоянд.

Гераклит аз нахустин мутафаккирони қадим ба шумор меравад, ки матнҳои марбут ба назарияи маърифати ӯ то кунун боқӣ мондаанд. Бояд гуфт, ки дар фалсафаи Фалес, Анаксимандр ва Анаксимен масоили дониш ва дарки олам баррасӣ нашудаанд. Аз муосирони Гераклит танҳо Ксенофан ба ин масъала дахл намуда, қобилияти инсонро дар дониста гирифтани моҳияти ашёҳо инкор кардааст. Ва умуман, худи Ксенофан ба масъалаи маърифати олам чандон таваҷҷӯҳ зоҳир накарда буд.

Бар хилофи файласуфони Милет Гераклит ба масъалаи дониш ва дониста гирифтани табиат мароқи калон дошт. ӯ ду шакли дониш- ҳиссӣ ва ақлиро эътироф мекард. Мутафаккири бузург проблемаи ҳосил шудани дониши ҳақиқӣ, хусусан донишҳои доир ба табиатро эҳсос карда, таъкид мекунад, ки дарки олам ба ҳама муяссар намешавад ва он дар ашёҳо не, балки дар қаъри табиат воқеъ аст. ӯ муқобили донишандӯзии кӯркӯрона буда, таъкид мекард, ки дониши бисёр ҳанӯз нишонаи хирадмандӣ буда наметавонад ва ҳадафи ниҳоии маърифат донистани «логос» мебошад, ки он дар айни ҳол маънии донистани табиат ва ноил шудан ба хиради олӣ (логос)-ро дошт.

Гераклит барои ҳосил кардани дониши воқеӣ нақши ҳис, хусусан, биноию шунавоиро муҳим медонист. Лекин ба фикри ӯ донишҳои ҳиссӣ дар бораи табиати ашёҳо дониши аслиро дода наметавонанд. Танҳо тафаккур қодир аст, ки чунин донишро ҳосил намояд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, тафаккур дар тасаввуроти ӯ чун фаъолияти маърифатие, ки аз донишҳои ҳиссӣ ҷудо не, балки дар пайвастагӣ бо онҳо ва ҳамчун зинаи охирини маърифати олам вуҷуд дорад, ҷилвагар шудааст. Ба ҳамин маънӣ ӯ гуфтааст, ки тафаккур нисбат ба эҳсосот афзалияти бузург дорад ва хирад он аст, ки воқеиятро инъикос намуда, ба ҳукми табиат гӯш кунад ва мувофиқи он амал кунад. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с.33). Мувофиқи ақидаи Гераклит ҳамаи одамон қобилияти донистани олам ва ҳосил кардани донишро доранд. Аз ин рӯ, таъкид намудааст, ки ҳама метавонад худро бишносад ва бохирад бошад.

Муносибати тафаккур ва ҳисро, чи тавре ки ҳал накарда бошад ҳам, лекин файласуф рӯҳро ба асоси моддии он алоқаманд кардааст. Аз нигоҳи Гераклит чунин асоси моддӣ оташ ба шумор меравад. ӯ тасдиқ мекунад, ки рӯҳи беҳтарину бохирад рӯҳест, ки табиати хушк дорад ва рӯҳи харобу заиф табиати рутубатнок дорад. Чунончи, одами маст ба ҳар тараф мекалавад ва ба мисли тифлон ҳаракати худро идора карда наметавонад. Зеро ки дар ин ҳолат рӯҳи ӯ рутубатнок шудааст. (Ҳамон ҷо, с.34).

Қобили қайд аст, ки дар таърихи фалсафа таълимоти Гераклит, қабл аз ҳама диққати он файласуфонеро ба худ ҷалб кардааст, ки ба диаллектика таваҷҷӯҳи хос доштанд. Чунончи, Гегел ба фалсафаи Гераклит таваҷҷӯҳи хосса доштааст. Тавре ки худи ӯ қайд мекунад, ҳеҷ як масъалаи таълимоти Гераклит намондааст, ки ӯ дар «мантиқ» — и худ истифода набурда бошад. Албатта, дар байни фалсафаи Гераклиту Гегел тафовути ҷиддӣ вуҷуд дошт. Зеро ки Гераклити материалист ба сифати нахустасос оташро қабул карда буд, ки он асоси моддӣ дорад ва Гегели идеалист бошад, рӯҳи мутлақро асоси олам медонист. Лекин, чи тавре ки набошад, ин гуфтаи Гегел аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ ба диалектикаи Гераклит таваҷҷӯҳи зиёд доштааст.

        Хусусияти диалектикаи атиқа. Апорияҳои Зенон. Мактаби фалсафии Элей аз охирҳои асри VI оғоз ёфта, то нимаи дуюми асри V пеш аз милод арзи ҳастӣ намудааст. Намояндагони асосии он Ксенофан, Парменид, Зенон ва Мелисс ба шумор мераванд. Аз инҳо ду нафар, яъне Пармениду Зенон зодагони шаҳри Элей, Ксенофан аз Колофан ва Мелисс бошад, аз шаҳри Самоса буданд. Азбаски асоси ҷаҳонбинии ин мактаб ба Парменид ва Зенон-шаҳрвандони Элей тааллуқ дошт, вай бо ҳамин ном, яъне мактаби Элей маъруфият ёфт.

Таълимоти элейиҳо дар ташаккули фалсафаи Юнони қадим, дар инкишофи категорияҳо, хусусан категорияи субстансия (мабдаъ, ҷавҳар, нахустасос) қадами тозае ба шумор мерафт. Зеро ки дар таълимоти файласуфони Милет ҷисмҳои физикӣ, дар пифагориён адади риёзӣ мабдаи ягона ҳисоб мешуд. Аммо дар таълимоти элейиҳо бошад, мафҳуми фалсафии ҳастӣ нахустасоси олам шуморида мешуд. Ба замми ин, маҳз мутафаккирони Элей масъалаи асосии фалсафа, яъне таносуби ҳастӣ ва тафаккурро ба миён гузоштанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки ташаккули фалсафаи антиқӣ дар мактаби элейиҳо анҷоми худро меёбад.

Ксенофан аз мутафаккирони асри VI пеш аз милоди Юнон буда, соли 569 дар шаҳри Колофан таваллуд ёфта, охирҳои умрашро дар Элей гузаронидааст. ӯ ҳаёти қаландарӣ дошт ва аз шаҳре ба шаҳре сафар карда, дар байни мардум ашъори шоиронаи худро қироат мекард ва аз ин ҳисоб зиндагӣ мекард.

Ксенофан муассиси мактаби Элей буда, дар шеърҳои ӯ ҷаҳонбинии динию асотирӣ, ки дар шуури мардум мавқеи ҳукумрон доштанд, ҳадафи танқид қарор гирифтаанд. ӯ аз нахустин ашхосе буд, ки ҷуръат карда худоёнро маҳсули фикри одамон номидааст. Мувофиқи ақидаи ӯ одамон худоҳоро ба монанди худ тасаввур мекунанд. Масалан, худои эфиопиягиҳо ба монанди худашон сиёҳу ҷингиламӯй ва аз фракиягиҳо чашмкабуди малламӯй тасвир шудаанд. Одамон гумон мекунанд, ки худоҳо низ тавлид мешаванд, либос мепӯшанд ва умуман шаклу хислатҳои одамӣ доранд. ӯ шоирон Гомер ва Гесиодро барои он масхара мекард, ки онҳо ҳамаи хислатҳои одамиро ба худоён низ мансуб мешумориданд. Агар аспу гову шер, низ истеъдоди расмкашӣ медоштанд, худоёнро монанди худашон тасвир мекарданд. Ҳамин тариқ,   Ксенофан тавонистааст,   ки    манбаи «антропоморфӣ» -и динро ошкор созад. Атропоморфӣ – ба чизҳои беҷон, ҷисмҳои осмонӣ, ҳайвонҳо нисбат додани хислатҳои одамӣ, инчунин, худоро ба шакли одамӣ тасаввур кардан мебошад.

Ба ақидаи Ксенофан, дар ибтидо рӯи заминро об пӯшонида буд ва бо мурури замон сатҳи об паст шуда хушкӣ пайдо шуд ва ҳамаи мавҷудот аз он, яъне аз хок пайдо шудаанд. Пас хок мабдаи ягона аст. Об, ба фикри мутафаккир, қисми таркибии хок буда, асоси пайдоиш ва нашъу намои чизҳои дигар мебшад. Ҳатто рӯҳ, ба ақидаи ӯ аз обу хок пайдо мешавад. Ва бояд гуфт, ки Ксенофан низ чун файласуфон ва олимони пешин ба ҳодисаҳои кайҳонӣ ва метеорологӣ (метеорология илм дар бораи обу ҳаво) дуруст сарфаҳм намерафт. Ба фикри ӯ, офтоб ҳар рӯз нав мешавад. Бо фаро расидани субҳ фурӯзон шуда, ба вақти шом хомӯш мешавад. Офтоб маҷмӯи заррачаҳои оташин мебошад ва худи ин заррачаҳо бошанд, аз оби бухоршуда ба вуҷуд меоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳонбинии Ксенофан низ анъанаи файласуфони табиатшинос таҷассум ёфтаанд. ӯ низ яке аз чор унсурро, ки асоси моддӣ доранд, нахустмодда ё худ субстансия шуморидаст. Ҳамин тариқ, Фалес – об, Анаксимен – ҳаво, Гераклит – оташ ва Ксенофан – хокро ба сифати нахустасос интихоб намудаанд.

Танқиди бисёрхудоӣ (политеизм) дар таълимоти Ксенофан на аз мавқеи атеизм, балки аз мавқеи яккахудоӣ (манотеизм) сурат гирифтааст. Дар танқиди ӯ маҳдудият ва бесуботӣ вуҷуд дошт. Худое, ки Ксенофан тасаввур мекард, ҷисман вуҷуд надошт, лекин қобилияти ҳамаро дидан, шунидан ва дарк кардан дошт. Аз ин рӯ, «худо»-и ӯ низ ҷиҳатҳои антропоморфӣ дошт. «Худо»-и Ксенофан ин шуури муқаррарии юнониҳо ва арзишҳои онро ҳадафи танқид қарор дода, таъкид мекунад, ки хирад басо некӯтар аст нисбат ба қувваи одаму асп. Аз ин рӯ, ба гуфти ӯ як файласуф барои ҷомеа нисбат ба чандин чемпиони олимпӣ зарур ва фоиданоктар аст.

Дар маърифати олам Ксенофан ба донишҳои ҳиссӣ эътимод надошт. Ба ақидаи ӯ, ҳисҳо ба мо маълумоти аниқи боварибахш дода наметавонанд. ӯ ба донишҳои ақлӣ такя мекард, лекин барои дарки ҳақиқат инро низ басанда намедонист. Аз нигоҳи ӯ, дарки ҳақиқат ин тасодуфист. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки Ксенофан дониста гирифтани оламро инкор накардааст. ӯ маърифати оламро аз тариқи дониш шубҳанок шуморида, аз роҳи тасодуф онро имконпазир мешумурд. Ҷиҳати характернокаш он аст, ки файласуф дарёфти ҳақиқатро ваҳйи илоҳӣ не, балки маҳсули ҷустуҷӯи худи инсон мешуморад.

Парменид. Асоси фалсафии мактаби Элейро таълимоти Парменид ташкил мекунад. ӯ ғояи худои ягонаи Ксенофанро инкишоф дода, онро ба мафҳуми мабдаи ягона табдил дод ва масъалаи муносибати тафаккур ва ҳастиро ба миён гузошт. Илова бар ин, Парменид метафизик буда, ҳамаи ашёҳоро тағйирнопазир мешумурд. Агар Гераклит ҳамаро дар ҷараёну тағйирот мепиндошт, Парменид бар хилофи он ҳамаро орому сокит ҳисоб мекард.

Парменид соли 540 пеш аз милод таваллуд ёфта, шогирди Ксенофан ва ҳамзамони Гераклит буд. Парменид дар ибтидои фаъолияташ нисбат ба Ксенофан ба доираи пифагориён наздикӣ дошт. Лекин, вақте ки ба зинаи камолот мерасад, таълимоти томи фалсафии худро ба роҳ мемонад, ки баъзе қисмҳои он бар зидди пифагориён нигаронда шуда буд. Аммо қисмати асосии он ба танқиди Гераклит ва Анаксимен, яъне материаслитони Иония бахшида шуда буд.

Асари муҳимтарини Парменид «Доир ба табиат» ном дошта, аз он порчаҳои пароканда ва гуногун боқӣ мондаанд. Ин асар аз дебоча ва ду қисмати дигар иборат аст. Дебочаи он аслан маҳсули ҷаҳонбинии асотирию бадеӣ буда, гузариш ба қисматҳои асосии он зуҳуроти ошкорои фалсафа мебошад.

Мувофиқи ақидаи баъзе файлсуфон Парменид идеалист буд. Чунки худи мантиқи инкишофи мактаби Элей аз материализм ба идеализм моил буд. Чи хеле ки рафти таърихии инкишофи фалсафа нишон медиҳад, дар таълимоти Пармениду Афлотун як ҳамоҳангӣ ва пайвастагӣ ба чашм мерасад. Намояндаи чоруми мактаби Элей Мелиси самосӣ аллакай ба идеализм рӯ оварда буд. Инчунин, дар таълимоти Парменид ва шогирди ӯ Зенон низ дар масъалаи назарияи маърифат муқобилгузории донишҳои ақлию ҳиссиро дучор мешавем. Албатта, ин муқобилгузорӣ ҳанӯз маънои исботи идеализмро надорад, лекин он, бешубҳа, ба тамоили идеалистии фалсафаи элейиҳо метавонад мусоидат кунад.

Парменид бар он ақида буд, ки асоси ашёҳоро ҳастии ягонаи тағйирнаёбандае ташкил мекунад, ки он ягона, тағйирнаёбанда, якҷинса, беҳаракат, бефосила, муттасил буда, пайдо ва нест намешавад.

Дар маркази диққати Парменид ду масъалаи муҳимтарини фалсафӣ қарор дошт: аввал оид ба масъалаи муносибати ҳастӣ ва нестӣ ва дуюм доир ба таносуби ҳастӣ ва шуур. ӯ таъкид мекунад, ки ҳарду масъаларо низ маҳз тавассути ақл ҳал намудан мумкин аст.

Мувофиқи ақидаи ӯ фикр ва ашёи фикр ҳарду як чизанд. Парменид тасдиқ мекунад, ки ҳама гуна фикр ба ивази мавҷудияти ашёи он вуҷуд дорад. Ҳар як фикр ҳамеша мансуби мавҷудият мебошад ва бинобар ин, чизи мавҷуд набударо тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ин ҳукми Парменид хулосаи физикӣ, космологӣ дорад. Ба ақидаи мутафаккир нестӣ маънии хало, яъне фазои холиро дорад. Модоме ки дар табиат хало, яъне фазои холӣ вуҷуд надорад, пас олам якҷинса буда дар байни ашёҳо ҳеҷ гуна фосилае вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ашёҳои алоҳида низ наметавонанд вуҷуд дошта бошанд.

Ин таълимоти Парменид, асосан ба муқобили пифагориён нигаронида шуда буд. Зеро ки маҳз Пифагор ва шогирдони ӯ мавҷудияти халоро тасдиқ намуда буданд. Мувофиқи ақидаи онҳо маҳз мавҷудияти   хало ашёҳоро аз якдигар ҷудо мекард ва боиси ҳастии онҳо мегардид. Элейиҳо барои ботил сохтани ҳамин тасаввурот мавҷудияти халоро инкор мекарданд.

Парменид мавҷудияти халоро инкор карда, дар масъалаи маърифати олам ба хулосае меояд, ки агар дар ҳақиқат олам ягона ва якҷинса буда, чизҳои ҷудогона вуҷуд надошта бошанд, пас маҷмӯи ашёҳое, ки мо мушоҳида мекунем, дар асл аз фиреби ҳисҳои мо сар мезананд. Тасвири олам, ки мо эҳсос мекунем, ҳақиқат набуда, балки хаёлоти дурӯғанд. Ба ҳамин тариқ, Парменид ба таълимоти худ дар масъалаи айнияти ҳастӣ ва нестӣ дар остонаи идеализм меистод.

Бояд гуфт, ки Парменид на танҳо дар муқобили пифагориён, балки бар зидди Гераклит низ дар мавқеи ихтилофнок ва шадиди ғоявӣ қарор дошт.

Гераклит тасдиқ мекард, ки ҷиҳати характерноки табиат ҳаракати абадии он меошад. Илова бар ин, ӯ мӯътақид буд, ки манбаи ин ҳаракат мавҷудияти баҳамзидҳо мебошад.

Парменид ин таълимотро танқид намуда, мавҷудияти ашёҳои алоҳида, тағйирпазирии онҳоро рад карда, дар айни ҳол тасдиқ мекард, ки олам пайдо ва нест нашуда ҳамеша беҳаракату ором аст.

Қобили қайд аст, ки таълимоти Парменид аввалин кӯшиши фалсафиест, ки ба фаҳмиши метафизикии табиат нигаронида шуда буд. Агар Гераклит диалектики бузурги фалсафаи антиқӣ бошад, пас Парменид нахустин метафизик, нахустин антагонисти диалектика ба шумор мерафт.

Зенон. Намояндаи сеюми мактаби Элей Зенон мебошад. ӯ шогирди Парменид буда, дар таърихи фалсафа бо афкори тозаи худ шӯҳрат ёфтааст. Зенон тахминан дар солҳои 490 – 430 пеш аз милод зиндагӣ кардааст ва дар бораи ҳаёти ӯ маълумоти дақиқ ва муфассал вуҷуд надорад. ӯ асарҳои зиёде таълиф карда буд (масалан, «Баҳсу мунозирот », «Бар зидди файласуфон», «Оид ба табиат» ва ғайра), ки аз онҳо ба ҷуз порчаҳои алоҳида чизе боқӣ намондааст. Ягона манбае, ки мақоми Зенонро дар илму фалсафаи Юнони қадим нишон медиҳад, «Физика» — и Арасту мебошад.

Таълимоти Зенон пеш аз ҳама ба ҳимояи ақидаҳои Парменид, асоснок намудани таълимоти он дар хусуси тағйирнопазирӣ, номутаҳаррикӣ ва абадияти ашёҳо ва ҳодисаҳо нигаронда шуда буд. Арасту усулҳои мантиқии баҳс ва муҳокимаронии Зенонро ба инобат гирифта, ӯро асосгузори диалектика номида буд. Лекин бояд гуфт, ки он диалектикаи субъективӣ, яъне санъати мубоҳиса аз тариқи истифода кардани тазодҳои дохилии фикри ҳариф мебошад.

Зенон мавҷудияти хало ва ҳаракатро инкор мекард. Мувофиқи ақидаи ӯ, олам тому якҷинса буда, дар он ҷои холӣ вуҷуд надорад. Аз баски хало вуҷуд надорад, пас мавҷудияти ҳаракат низ ба ақл созгор нест.

Зенон дар таърихи илму фалсафа бо аппорияҳои худ шӯҳрат пайдо кардааст, ки онҳо асосан, ба инкори мавҷудияти ҳаракат нигаронда шудаанд. Аппорияҳои Зенон то замони мо тавассути «Физика»-и Арасту расидаанд, ки баъдтар бо номҳои «Дихотомия» (дутақсимкунӣ), «Ахиллес ва Сангпушт», «Тир» ва «Стадион» маъруфият ёфтаанд. ӯ мавҷудияти ҳаракатро бо ин далелҳо, яъне чор муаммо инкор кардааст. Мувофиқи аппорияи якум, яъне «Дихотомия», ки ҳаракатро имконнопазир мешуморад, ҷисм ҳангоми ҳаракат бояд масофаи муайянеро тай кунад. Барои аз нуқтаи А то нуқтаи В расидан лозим аст, ки аввал ними ин масофа тай карда шавад. Барои нимаи аввалро тай кардан, бояд ними он ва барои ин нима боз нимаи дигарро тай кардан лозим ва ин дутақсимкунӣ беохир идома меёбад. Дар натиҷаи чунин тақсимкунӣ ҷисм на танҳо масофаи байни А ва В-ро тай карда наметавонад, балки аз нуқтаи А берун намешавад. Ҳамин тариқ, ҳаракат аз нуқтаи А ба нуқтаи В на танҳо анҷом, балки оғоз ҳам намеёбад.

Ғайри имкон будани ҳаракатро файласуф бо далели дигар инкор кардааст, ки «Тир» ном дорад. Аз рӯи тасаввури мо,- мегӯяд Зенон, тир парвоз мекунад, яъне дар фазо ҳаракат мекунад. Лекин дар айни ҳол бояд эътироф кард, ки он дар ҳар лаҳзаи парвоз фазои муайянеро ишғол мекунад, ки ба дарозии худи он баробар аст ва дар муносибат бо ҳамин масоҳати ишғолкардааш дар ҳолати оромӣ, беҳаракатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо гумони номуайяне ҳосил мешавад, ки тир ҳаракат мекунад ва тир ҳаракат намекунад.

Бояд гуфт, ки Зенон дар аппорияҳои «Ахилл ва сангпушт» ва «Стадион» низ кӯшиш кардааст, ки мушкилоти ҳаракатро инъикос намояд. Лекин ҳадафи асосии ӯ на танҳо инкори ҳаракат, балки исбот намудани он буд, ки фазои холӣ вуҷуд надорад ва тасаввурнашаванда аст.

Аппорияҳои Зенон дар ташаккули минбаъдаи риёзиёт, мантиқ ва диалектикаи антиқӣ таккони бузургеро ба вуҷуд овардаанд. Ин муаммоҳо мавҷудияти тазодҳои доир ба фазо, фард ва кул, том ва ҷузъ, ҳаракат ва оромиро дар илмҳои замони Пармениду Зенон ошкор намуданд. Ва бояд гуфт, ки масоиле, ки онҳо оид ба ягонагиву гуногуншаклӣ, ҳаракату оромӣ ба миён гузошта буданд, то имрӯз ҳалли пурраи худро наёфтаанд. Илова бар ин, дар таълимоти Пармениду Зенон мо нахустин бор ба қонуни мантиқии истиснои салоса (сеюм) рӯ ба рӯ мешавем.

Мелисс. Намояндаи охирини мактаби Элей Мелисс ба шумор меравад. Мелисс фармондеҳи қушунҳои баҳрии Самоса буда, дар ҷанги Афинаю Самоса (соли 440) бевосита ширкат варзида буд. Фаъолияти ӯ ба миёнаҳои асри V мансуб аст. Тахмин меравад, ки ӯ дар оғоз аз файласуфони Иония сабақ гирифта будааст.

Мувофиқи маълумотҳое, ки вуҷуд доранд, ӯ таълимоти Парменидро дар хусуси ягонагӣ, дар бораи абадият ва тағйирнопазирии ашёҳо такрор кардааст. Лекин дар таълимоти Пармениду Зенон ӯ навоварии дигарро зам кардааст. Парменид тасдиқ мекард, ки олам радиуси муайян дорад. Мелисс бошад, бар хилофи он исбот мекард, ки олам танҳо дар сурате абадӣ буда метавонад, ки беинтиҳо бошад.

Дар масъалаи назарияи маърифат бошад, ӯ дар мавқеи Парменид меистод. Мелисс мӯътақид буд, ки ҳисҳо дар маърифати олам моро фиреб медиҳанд ва тасвири ҳақиқии оламро танҳо донишҳои ақлӣ дода метавонанд.

Тавзеҳи материалистӣ ва идеалистии ҳастӣ дар фалсафаи атиқа. Дар нимаи 2-юми асри V пеш аз милод дар қатори манбаъҳои дигари инкишофи илму фалсафаи Юнони қадим маркази илмию фарҳангии дигаре ба вуҷуд омад, ки дар рушду такомули минбаъдаи фалсафа ва умуман, ҳаёти маънавии ин сарзамин нақши муҳим гузошт. Чунин маркази нави илму фалсафа шаҳри Абдера буд, ки ҳаёту фаъолияти як қатор мутафаккирон, аз он ҷумла Левкиппу Демокрит дар ҳамин шаҳр сипарӣ шудааст.

Доир ба ҳаёти Левкипп маълумотҳои амиқ каманд. Ҷои таваллуди ӯро тахминан шаҳрҳои Абдера ва ё Милету Элей меҳисобанд. Айёми зиндагии ӯ ба давраи Филолай, Эмпедокл, Анаксагор ва Зенон (муаллими Левкипп) рост меояд. Эпикур бошад, мавҷудияти файласуферо бо номи Левкипп умуман инкор мекард. Инро асос намуда Эрвин Родэ дар охири асри XIX Левкиппро ҳамчун шахсияти воқеӣ рад намудааст. Бояд гуфт, ки тадқиқотҳои олимони зиёде ботил будани ин ақидаро собит намудаанд.

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Демокрит низ фикрҳои мухталиф вуҷуд доранд. Лекин мувофиқи маълумоти аксари муаллифон давраи зиндагии Демокрит солҳои 460-370 пеш аз милод қабул шудааст. Падари Демокрит шахси сарватманд буда, баъди маргаш ба писаронаш мероси калоне гузошт, ки як қисми хурди онро Демокрит соҳиб шуд ва ин ба файласуф имконият дод, ки ба сайёҳати дарозмуддат барояд.

Маъхазҳои антиқӣ шаҳодат медиҳанд, ки Демокрит ба мамолики Шарқ сафар карда, ҳангоми сафарҳояш дар Мисру Бобулистон ва Ҳинду Эрон бо олимону фузалои ин кишварҳо вохӯрда, аз илму фалсафаи онҳо бархӯрдор шудааст.

Демокрит баъди сафарҳои тӯлонӣ ба Абдера баргашта, то охири умраш дар ҳамин ҷо мемонад. Ғайри Демокрит ва Левкипп, инчунин софист Протагор ва олими табиатшиносу табиби машҳур Гипократ низ ҳаёту фаъолияти худро дар ҳамин ҷо сипарӣ кардаанд. Номи ин се мутафаккири бузург, яъне Демокрит, Протагор ва Гиппократ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Абдера дар нимаи дуюми асри V п. аз милод ба маркази илму фалсафаи Юнон табдил ёфта будааст.

Доир ба зиндагии Демокрит ривояте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он гӯё Демокрит сарвати ба мерос мондаи падарашро зимни сафарҳояш пурра харҷ менамояд. Тибқи қонунҳои ондавраи Абдера   харҷи беҳудаи   мероси падар ҷиноят ҳисоб мешуд ва барои содир намудани чунин амал шахси гунаҳкор аз ҳуқуқи дафн шудан дар ин шаҳр маҳрум мегардид. Мувофиқи ин қонун Демокритро ба суд кашиданд.   Демокрит дар назди суд баромад карда, доир ба ҳадафҳои сафар ва натиҷаҳои он, доир ба асарҳои илмие, ки ҳангоми сафарҳояш таълиф кардааст, маълумот дода худро сафед мекунад. Ин ривоят аз он шаҳодат медиҳад, ки Демокрит дар ҳақиқат ташнаи илм буда, дар ин роҳ ҳамаи дороияш, ҳатто мероси падарашро дареғ надошта сарф кардааст.

Бархилофи Гераклит-«файласуфи гирён» Демокрит дар таърихи фалсафа ҳамчун «файласуфи хандон» маълум аст. ӯ ба ҳама гуна кор бо ханда ва истеҳзо нигоҳ мекард, зеро, ба гуфти ӯ, ҳамаи кори инсон сазовори ханда аст.

Демокрит дар мавзӯи ахлоқ, табииёт ва ғ. қариб ҳафтод асар таълиф намудааст, ки ягонтои он то имрӯз боқӣ намондааст. Инро, бешубҳа, фоҷиаи бузурги материализми антиқӣ номидан мумкин аст. Тахмин меравад, ки сӯзонда нест намудани асарҳои Демокрит амали дасти идеалистон мебошад. Мувофиқи шаҳодати маъхазҳо, ҳанӯз худи Афлотун ба ин кор даст   зада будааст, зеро ӯ дар шахси Демокрит душмани пурқувват ва ашаддии ғоявии худро медид. (Ниг.: А.Н. Чанышев. Курс лексий по древней философии, с.182).

Материализми атомистӣ. Номи ин таълимот-«материализми атомистӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки асоси ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафии Левкипп ва Демокритро фарзия оид ба мавҷудияти зарраҳои хурди тақсимнашаванда, яъне «атом»-ҳо ташкил медиҳад. Онҳо асоси оламро аз атом ва хало иборат медонистанд. Атомистҳо таълимоти файласуфони Элейро оид ба хало инкор карда, нахустин шуда мавҷудияти онро асоснок намуданд.

Чи тавре ки маълум аст, файласуфони Элей мавҷудияти халоро инкор мекарданд. Левкипп дар муқобили таълимоти онҳо ақидаеро баён кард, ки тибқи он мавҷудияти хало дар баробари ҳастӣ, яъне атомҳо тасдиқ карда мешуд. Аз нигоҳи Левкипп, хало ҳамчун фазои холие фаҳмида мешуд, ки ҳамаи чизҳои дигар метавонистанд дар он сокит ё дар ҳаракат бошанд.

Ҳастӣ ва хало мафҳумҳои зиддиятноке мебошанд, ки ба аломатҳои гуногуни фарқкунанда дар муқобили якдигар қарор доранд. Чунончи, хало зичӣ надорад, ҳастӣ бошад, тамоман зич мебошад. Агар хало бешаклу беинтиҳо бошад, ҳастӣ бо ҳамаи ашёҳои алоҳидааш дорои шакл мебошад. Ва ниҳоят, зиччии мутлақе вуҷуд дорад, ки дар он хало умуман вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, вай тақсим намешавад. Бинобар сабаб онро «тақсимнашаванда» ё худ дар забони юнонӣ «атом» меноманд. Ҳастӣ ин маҷмӯи атомҳои сершумору беинтиҳо мебошад ва ин хулосаи дуюми атомистҳо   хилофи таълимоти элейиҳо мебошад. Бояд гуфт, ки мушоҳидаи ҳодисоти муқаррарию ҳаррӯза   атомистҳоро маҷбур кард, ки мавҷудияти чунин ҷисми хурди тақсимнашаванда, яъне атомро эътироф кунанд. Масалан, хӯрдашавии тангаҳои тилло ва зинапояҳои мармарин, паҳншавии бӯй, хушкшавии чизи намнок ва дигар ҳодисаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ашёҳо аз зарраҳои хурде иборатанд, ки эҳсосоти мо қобилияти дарки онҳоро надоранд.

Атомҳо он хосиятҳоеро дар худ доранд, ки файласуфони Элей ба ҳастӣ мансуб мешумориданд. Вай тақсимнашаванда, абадӣ, тағйирнаёбанда буда, дар дохили он ҳеҷ гуна ҳаракат вуҷуд надорад. Инҳо хосиятҳои дохилии атомҳо мебошанд. Дар баробари ин атомҳо нишонаҳои зоҳирӣ, яъне шакли муайян низ доранд. Чуноне ки атомистҳо тасдиқ мекунанд, атомҳо куррашакл, кунҷдор, печутобдор, чангакмонанд, фурӯхамидаю барҷаста ва ғайра мешаванд.

Таълимоти Левкипп ва Демокрит дар бораи хосияти ҷисмҳо назарияи наве ба шумор мерафт, ки нахустин бор дар илму фалсафаи Юнони қадим ворид шуда буд. Вай дар инкишофи минбаъдаи фаҳмиши физикӣ, химиявӣ ва фалсафии табиат нақши муҳим гузошт.

Назарияи атомистии Демокрит дар якҷоягӣ бо таълимот оид ба абадияти вақт, яъне ибтидо ва интиҳо надоштани он ташаккул ёфтааст. Ҳодис набудани вақт барои Демокрит воситаи исботи ҳодис набудани олам аст. Азбаски вақт ҳодис нест, яъне касе онро наофаридаст, -таъкид мекунад Демокрит, — пас ҳодис будани ашёҳои дигар низ ғайриимкон аст.

Ба ғайр аз шакли зоҳирӣ, тартиб ва бузургӣ атомҳо инчунин тағйирпазир буда, дар фазо ҳаракат мекунанд. Ҳаракат-хосияти муҳимтарини на танҳо атом, балки кулли олами воқеӣ мебошад. Атомистҳо халоро тавсиф намуда, мӯътақид буданд, ки ҳаракат бидуни он (яъне хало) вуҷуд дошта наметавонад. Атомҳо дар фазо ба мисли заррачаи хурде, ки мо дар рӯшноии офтоб мушоҳида мекунем, парвоз мекунанд ва ҳангоми парвоз ба якдигар бархӯрда, самти ҳаракати худро иваз мекунанд. Лекин маълум нест, ки атомистҳо ҳаракати атомҳоро натиҷаи ба ҳам бархӯрдани онҳо мешуморанд, ё ки ба ҳам бархӯрдани онҳоро натиҷаи парвози озодонаи атомҳо. Ба ҳар ҳол, сабаби ҳаракати атомҳо номаълум мемонад. Онҳо ҳаракатро хосияти абадии атомҳо шуморида, ба масъалаи манбаи пайдоиши он таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд.

Атомҳо аз нигоҳи Левкипп ва Демокрит ранг, бӯй,   тамъ ва ғайра надоштанд, яъне онҳо аз ҳамаи хосиятҳои ба ҳисҳои инсон таъсиркунанда маҳрум буданд. Ҳамаи ин хосиятҳо дар субъект дар натиҷаи таъсири мутақобилаи атомҳо ва органҳои ҳис ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тариқ, атомистҳо дар таърихи фалсафаи қадим нахустин шуда, хусусияти субъективӣ доштани эҳсосотро таълим доданд. Онҳо мӯътақид буданд, ки атомҳо тамъи муайян, масалан, ширинӣ ё турширо ифода намекунанд, балки эҳсосоти мо онҳоро чунин қабул мекунанд.

Атомҳо ба якдигар табдил намеёбанд. Олами ашёҳо ва ҳодисаҳо барои атомистҳо воқеӣ буд ва он аз атому хало иборат буд. Пайдошавӣ ва нестшавии ашёҳоро атомистҳо ҳамчун ҷудошавӣ ва ҷамъшавии атомҳо, тағйирёбии ашёҳоро бошад, чун тағйирёбии тартиб ва ҷойгиршавии атомҳо шарҳ медоданд. Тасвири олам дар фаҳмиши онҳо тарзе сохта шудааст, ки дар он имконияти пайдошавӣ, нестшавӣ ва ҳаракат вуҷуд дорад.

Коинот ва масоили кайҳоншиносӣ дар таълимоти атомистҳо дар мавқеи мухталиф қарор доштанд. Онҳо доир ба масъалаҳои кайҳоншиносӣ аз илми замони худ пеш гузашта буданд ва доир ба баъзе илмҳои дигар бошад, қафо мемонданд ва дар он сатҳе меистоданд, ки мактаби Милет ва намояндаи охирини он Анаксимен қарор доштанд.

Комёбиҳои тозаи атомистҳо дар омӯзиши коинот аз он иборат аст, ки: 1) онҳо оламро беинтиҳо мешумориданд ва 2) дар фазои беканори коинот мавҷудияти якчанд оламро эътироф мекарданд. Атомистҳо ба сабабҳои пайдоиши олам таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд.

Олам, ба ақидаи онҳо фазои беинтиҳоест, ки ашёҳои гуногун ва бешуморе онро пур кардаанд ва ин ашёҳо маҷмӯи атомҳои бешумор ва гуногуншакл мебошанд. Фазо аз атомҳо пур буда, онҳо бетартибона ҷойгир шудаанд. Зичии атомҳо дар фазо гуногунанд. Вақте ки дар ягон қисмати фазо атомҳо бештар ҷамъ мешаванд, онҳо бо ҳам бархӯрда, оҳиста-оҳиста гирдбод, яъне ҳаракати даврашакли атомҳоро ба вуҷуд меоранд ва дар натиҷа, атомҳои нисбатан вазнинтар дар марказ ва атомҳои хурду лағжонак дар канораҳои он ҷойгир мешаванд. Ҳамин тариқ, замин ва осмон пайдо шуданд.

Атомистҳо, асосан геосентрист буданд. Мувофиқи ақидаи онҳо, Замин маркази ягонаи коинот буда, дар як нуқта беҳаракату сокит меистад ва ситораҳо дар атрофи он чарх мезананд.

Таълимоти Демокритро дар бораи абадӣ будани коинот ба фаҳмиши абадӣ будани ашёҳо айният додан лозим нест. ӯ танҳо коинотро ҳамчун маҷмӯи атомҳои абадӣ медонист. Ашёҳои ҷудогонаро баръакс, муваққатӣ медонист: онҳо тавлид мешаванд, як муддате арзи ҳастӣ намуда, баъд аз он пароканда ва ба атомҳои алоҳида ҷудо мешаванд.

Дар космологияи атомистҳо мафҳумҳои «Кайҳони кабир» ва «Кайҳони сағир» дучор мешаванд. «Кайҳони кабир» гуфта, атом ва хало ҳамчун нахустасоси олам фаҳмида мешаванд. «Кайҳони сағир» бошад, табиати зинда дар маҷмӯъ ва табиати инсонро қисман дар бар мегирад.

Космологияи атомистҳо характери дугона дошт. Левкипп ва Демокрит доҳиёна ба таълимот дар бораи беинтиҳо будани олам асос гузоштанд. Онҳо пешгӯиҳои Анаксагорро дар хусуси на моҳияти илоҳӣ, балки моҳияти табиӣ (физикавӣ) доштани нурҳо ва ҳамаи ҳодисоте, ки дар осмон мушоҳида мешаванд, давом додаанд.

Лекин дар шарҳи тартиби ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ дар муносибат ба Замин онҳо ба ақидаи кӯҳнашудаи юнониён баргаштанд. Атомистҳо ҳамаи ситораҳоро аз ҷиҳати масофа ба Замин дар байни Моҳу Офтоб тасаввур мекарданд.

Дар масъалаи пайдоиши ҳаёт Демокрит роҳи материалистонаи Анаксимандр ва Эмпедоклро пайгирӣ намудааст. Мувофиқи ақидаи ӯ, мавҷудоти зинда аз мавҷудоти ғайри зинда, аз рӯи қонунҳои табиат бе дахолати ягон офаридгор пайдо шудаанд.

Зарурат ва тасодуф.Атомистҳо аз қадиму абадӣ будани вақт ва кулли мавҷудоте, ки асоси моддӣ доранд, зарурати ҳамаи равандҳо ва ҳодисоти табиатро натиҷагирӣ кардаанд. Демокрит таъкид мекард, ки ягон чиз бесабаб пайдо намешавад. Ҳамаи ашёҳо дар ин ё он замина ва бо амри зарурият ба вуҷуд меоянд. Зарурат, ба ақидаи ӯ муқовимат, ҳаракат ва таъсири модда (материя) мебошад. Ба ибораи дигар, зарурат дар таълимоти Демокрит маънии физикӣ, механикиро мегирад. Ва дар алоқамандӣ ба ин Диоген Лаерсий таъкид мекунад, ки Демокрит зарурат гуфта, «гирдбод»-ро дар назар дошт, ки он аз нигоҳи ӯ сабабгори пайдоиши ҳама чиз ҳисоб мешуд. Дар баробари ин, Левкипп ва Демокрит таълимоти амиқи фалсафиро, дар хусуси он ки кулли мавҷудоти олам тобеи ҳукми заруратанд, инкишоф додаанд.

Таълимоти атомистҳо ба муқобили фаҳмиши антропоморфӣ, асотирӣ ва фалсафӣ-идеалистии мафҳуми зарурат нигаронда шуда буд. Демокрит таълимоти идеалистиро дар хусуси офариниши олам ва мавқеи хирад дар он рад намуда, таъкид мекунад, ки бе раҳнамоии ҳама гуна хирад мумкин аст, ки чизҳои наҷиб ба вуҷуд оянд.

Бархилофи асотир ва идеализм Левкиппу Демокрит заруратро ҳамчун сабабият, ҳамчун тавлиди сабабу натиҷа шарҳ додаанд. Ҳеҷ чиз бо худии худ, бесабаб пайдо намешавад. Масалан, атомҳо ҳеҷ гуна ҳаракати озодона ва худ аз худ надоранд. Ҳаракати атомҳо натиҷаи бо ҳам бархӯрдани онҳо мебошад, — таъкид мекарданд атомистҳо.

Атомистҳо ба ҷои он ки сабабиятро асоси зарурат шуморанд, баръакс, заруратро асоси сабабият донистанд. Зеро ба ақидаи Демокорит зарурат характери куллӣ дошт. Албатта, кулли ҳаводис, ки бо амри зарурат ба вуқӯъ меоянд, дар худ сабабе доранд. Аммо ин ҳаргиз чунин маъноеро надорад, ки сабаби мазкур ҳатман бояд натиҷаи пешбинӣ кардаи моро ба вуҷуд орад. Барои чунин натиҷа ҳосил кардан, шароити мусоид лозим аст, ки он дар навбати худ аз сабабҳои дигар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, алоқамандии сабабу натиҷа муқаррарӣ набуда, он дар алоқамандӣ бо ҳолатҳои номусоид ва ғайричашмдошт амалӣ мешавад. Ҳар қадар таъсири муҳит, яъне таъсири берунӣ камтар бошад, ҳамон қадар сабабият низ аз рӯи зарурат натиҷа медиҳад ва нақши тасодуф ҳам маҳдудтар мешавад. Лекин чунин муносибат дар алоқамандии зарурат танҳо дар шароити эксперимент, дар лаборатория имконпазир асту халос. Умуман, Демокрит дар ҳалли масъалаи робитаи зарурату тасодуф ба бесуботӣ роҳ дода, тасодуфро бо мафҳуми бесабабӣ омехта, хусусияти объективии тасодуфро инкор мекард. Демокрит таъкид карда буд, ки одамон мафҳуми тасодуфро барои он бофта баровардаанд, ки нотавонӣ ва заифии дониши худро дар ҷустуҷӯ ва дарки сабабият пинҳон доранд. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с.99).

Дар хусуси робитаи тасодуф ва бесабабӣ ривояте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он гӯё аз Демокрит мепурсанд: — Шахсе дар биёбон мегашт ва нохост сангпуште аз осмон ба сараш афтода, ӯро ҳалок сохт. Оё ин тасодуф аст ё не? Не,- посух мегардонад Демокрит. Зеро ки сангпуштро уқоб ба осмон бардошта мехост ба рӯи санге ҳаво диҳад, то ки косаи он пора шавад ва аз баски роҳгузар сари тос дошт, уқоб аз баландӣ онро санг гумон карда сангпуштро ҳаво дод… ва натиҷаи зерин ҳосил шуд. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна тасодуф вуҷуд надорад, -таъкид мекард Демокрит, -зеро ки ҳодисаи мазкур сабаби муайян дорад. Барои атомистҳо тасодуф характери субъективӣ дошт. Тасодуф, аз нигоҳи онҳо сабабест, ки инсон онро дарк накардааст.

Бояд гуфт, ки дар таълимоти атомистҳо унсурҳои фатализм   дида мешаванд. (Фатализм (аз лотинӣ, яъне сарнавишт, тақдир) – ҷаҳонбиниест, ки кулли ҳаводиси табиату ҷамъиятро ба сарнавишт вобаста намуда, мавҷудияти ҳамагуна тасодуф ва озодиро дар ҷараёни маърифат рад мекунад). Чунончи, аз мисоли дар боло оварда метавонем хулоса барорем, ки дар он фатализм нест. Лекин агар ҳисоб кунем, ки маҳз ҳамин уқоб, маҳз ҳамин сангпуштро бардошта, бо амри зарурат, маҳз ба сари ҳамин одам ҳаво дода бошад, он гоҳ ин фатализм мебошад. Лекин, аз афташ худи Демокрит низ маҳз дар ҳамин ақида буд.

Назарияи маърифат. Дар робита ба атомизми Левкипп ва Демокрит оид ба маърифати олам масоили наве ба миён омадаанд, ки дар ҳалли онҳо таълимоти мазкур нақши муҳим гузоштааст.

Дар назарияи маърифат атомистҳо дар муқобили файласуфони Элей қарор доштанд, ки онҳо донишҳои ҳиссиро беэътимод шумурда, барои дарки олами воқеӣ танҳо ба дониши ақлӣ такя мекарданд. Атомистҳо барои ҳосил кардани дониш ба ҳисҳо ва ақл рӯ меоваранд. Лекин донишҳои ҳиссиро барои дарки ҳамаҷонибаи ашёҳо, яъне атомҳо нокифоя мешумориданд. Файласуфони Элей мӯътақид буданд, ки донишҳои тавассути ақл ҳосилгардида мутлақо хилофи идроки ҳиссӣ мебошанд. Атомистҳо бошанд, баръакс, донишҳои ақлиро на хилофи донишҳои ҳиссӣ, балки давоми онҳо, такмилу амиқии онҳо мешумориданд.   Идроки ҳиссӣ,   ба   гуфти   онҳо,   манбаи   пайдоиши

донишҳои ақлӣ мебошанд. Лекин бояд гуфт, ки дар таълимоти Демокрит оид ба маърифати олам фикрҳои хилофи ягдигар низ вуҷуд доранд. Масалан, маълумоти ҳисҳоро аз як тараф ҳақиқӣ мешуморад ва аз тарафи дигар таъкид мекунад, ки на ҳамаи он сифатҳое, ки тавассути ҳисҳо ба мо маълум мешаванд, дар худи ашёҳо вуҷуд доранд. Чунончи, ранг, бӯй, овоз, гармию сардӣ ва ғайра ба фикри Демокрит дар асл вуҷуд надоранд, яъне онҳо сифатҳои аслии чизҳо набуда, балки маҷмӯи эҳсосҳо мебошанд.

Демокрит маърифтро ба ду навъ ҷудо мекард: маърифати ҳақиқӣ ва маърифати хира (ноқис). Маърифате, ки ба воситаи тафаккур ҳосил мешавад, эътимоднок буда, воқеиятро дуруст инъикос мекунад ва он маърифати ҳақиқӣ (ё худ зотан қонунӣ) мебошад. Маърифатеро, ки аз тариқи ҳисҳо ҳосил мешавад, маърифати хира (ё худ зотан ғайри қонунӣ) номидааст ва онро дар дониста гирифтани ҳақиқат ношоям шумурдааст.

Мувофиқи таълимоти Демокрит, атом ва хало ҳамчун нахустасоси олам берун аз ҳудуди донишҳои ҳиссӣ қарор доранд ва дониста гирифтани онҳо фақат аз тариқи донишҳои ақлӣ муяссар мешавад. Лекин барои ин донишҳои ақлӣ ба мушоҳидаи эмпирикӣ такя мекунанд. Дар ин ҷо, тавре ки маълум аст, Демокрит кӯшиш намудааст ҳисҳоро ба ақл созиш диҳад. Зеро ки ақл ба фикри ӯ чӣ қадаре, ки моҳияти ашёҳоро чуқуртар дарк накунад, он пеш аз ҳама ба маълумоти ҳисҳо эҳтиёҷ дорад.

Атомистҳо нафсро дорои хосиятҳои физикӣ медонистанд. Мавқеи материалистии яктарафаи онҳо дар ин масъала нодуруст буд, чунки шуур на худи материя, балки хосияти материяи олиташкил мебошад. Материализми онҳо характери соддалавҳона дошт. Мувофиқи ақидаи онҳо, нафс аз маҷмӯи атомҳо иборат аст. Муҳимтарин шарти зиндагӣ нафас гирифтан аст, ки он ба ақидаи атомистҳо ивазшавии мӯътадили атомҳои нафс бо табиат мебошад.

Аз нигоҳи Левкипп ва Демокрит, нафс миранда аст. Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ зиндагӣ ва маргро ифода мекунанд. Марг, ба фикри онҳо навъи атомҳое мебошад, ки ҷисмро тарк мекунанд. Ҳамин тариқ, нафси инсон пайваста атомҳои худро бо муҳити табиӣ иваз карда меистад. Нафас баровардан маънии онро дорад, ки нафс кӯшиш мекунад ҷисмро тарк кунад ва нафас кашидан, яъне атомҳо ба нафс бармегарданд. Нафас баровардан ва нафас нагирифтан ин аллакай марг аст. Атомҳои нафс ҷисмро тарк намуда, дар осмон пароканда мешаванд. Ҳеҷ гуна ҳаёти баъди марг вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад. Ба ақидаи атомистҳо, нафс миранда буда, якҷоя бо ҷисм нест мешавад. Хулоса, тамоми ривоятҳои динӣ доир ба зиндагии баъди марг, ки юнониҳо ва аз он ҷумла файласуфони идеалист аз қабили пифагориён ва Афлотун ба он эътиқод доштанд, барои Демокрит гапи беҳуда буданд.

Ғояҳои ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ. Дар таълимоти Демокрит ахлоқ мавқеи намоён дорад ва қобили қайд аст, ки таълимоти ахлоқии ӯ лаҳзаҳои асосии ғояҳои сиёсиашро ташкил мекунад.

Демокрит демократияро шакли беҳтарини давлатдорӣ мешуморид. Афзалиятҳои сохти демократӣ назар ба сохти монархӣ то дараҷае бузурганд, ки ба фикри ӯ зиндагии қашшоқона дар шароити демократия аз зиндагии сарватмандони сохти монархӣ болотар меоистад.

Демокрит ба оила, занон ва кӯдакон назари нек надошт. Ба ақидаи ӯ ба занҳо умуман наздик шудан лозим нест. Лекин, агар ташкили оила зарур шавад, он гоҳ зани оддӣ, хурдакак ва камгапро интихоб кардан лозим. Таваллуд ва тарбияи фарзандонро кори беҳуда мешумурд, зеро он заҳмати зиёд ва манфиати ночиз дорад.

Бояд гуфт, ки Демокрит ба масъалаи дӯстӣ диққати махсус додааст. Дар интихоти дӯстон боэҳтиётиро таъкид мекард. Дӯстӣ ба як нафари бохирад қиматтар аст аз дӯстӣ бо сад нафари бехирад.

Мувофиқи ақидаи ӯ, асоси тарбияро бедор кардани ҳисси шарм ва виҷдон ташкил медиҳад. Аз муошират ба ашхоси бетарбия канораҷӯӣ бояд кард, чунки ахлоқи хуб дар натиҷаи омӯзиш ва заҳмати зиёд ба даст меояд ва ахлоқи бад бошад, худ аз худ ва безаҳмат.

ӯ таълиму тарбияро дар пайвастагӣ бо якдигар тасаввур мекард. Қобилияти дарк намудани шарму ҳаё ҳангоми таълим пайдо мешавад. Нотавонӣ ва камдонишии худро ҳис карда, одам шарм мекунад ва дар фикри ислоҳи он мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи   нишондодҳои ахлоқӣ ба ашхоси бохираде нигаронда шудаанд, ки бо қонунҳои ахлоқ зиндагӣ мекунанд. Агар ҷомеа танҳо аз донишмандону оқилон иборат мебуд, зарурате ба ин намемонд. Лекин оқилон аз мардум дар каноранд. Зеро онҳо бори фалсафаро мекашанд. Онҳо зиндагии фақирона доранд,- таъкид мекард Демокрит. Марди оқил аз фаъолияти сиёсӣ бояд худро канор гирад. Донишмандонро шаҳрвандони кулли олам мешуморид. Барои оқилон тамоми олам ватан аст. Ҳамаи ин шоҳиди он аст, ки Демокрит худ ташнаи илму дониш буд ва чи тавре ки медонем, ӯ дар ин роҳ ҳамаи дороияшро сарф карда буд ва нисбат ба оқилону донишмандон эҳтироми бепоён дошт.

Софистҳо, Суқрот: кашфи дониши эътимодбахш. Дар асри V пеш аз милод дар аксари шаҳрҳои Юнони қадим заволи системаи аристократӣ фаро расида, демократияи антиқӣ дар арсаи сиёсӣ мавқеи онро танг намуд. Маҳз дар ҳамин давра дар Юнон софистҳо пайдо шуданд. (Софист – пайрави таълимоти софизм, ки моҳияти он чунин аст: муҳокима ва мулоҳизае, ки дар тафсири духӯраи мафҳумҳо асос ёфта, зоҳиран дуруст менамояд, аммо дар ҳақиқат беасос ва ботил аст). Инкишофи шаклҳои нави давлатдорӣ, тарзи интихобии маҷлиси халқӣ ва суд, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа нақши муҳим доштанд, зарурати таёйр кардани ашхосеро ба вуҷуд овард, ки қобилияти баланди баҳс ва санъати сухан дошта, аз ӯҳдаи ҳалли масоили ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ баромада тавонанд. Бинобар ин, мауллимони кирояе пайдо шуданд, ки ба мардум санъати фикрронию суханвариро таълим медоданд ва онҳо бо номи софист маъруфият ёфтанд.

Калимаи «софист» дар Юнони қадим ифодакунандаи донишу хирад буд, лекин сифистҳо донандагони навъи дигари дониш буда, санъати ғолиб омадан дар баҳсро таълим медоданд. Барои онҳо (яъне софистҳо) исботи ҳақиқат муҳим набуд, балки муҳим он буд, ки бо усули раҳгумсозӣ сиёҳро сафед ва сефедро сиёҳ гуфта, одамонро ба ин бовар кунонанд. Онҳо адвокатҳои беҳтарин буданд.

Софистҳо дар ҳаёти маънавии Юнони қадим нақши муҳим гузоштаанд. Онҳо илми баёнро инкишоф дода, ба пояи баланд расониданд. Дар соҳаи мантиқ низ хизмати онҳо калон аст. Онҳо барои кашфи қонунҳои тафаккур замина гузоштанд. Дар фалсафа бошад, ба масоили инсон, ҷомеа ва дониш таваҷҷӯҳ доштанд. Дар масъалаи назарияи маърифат софистҳо аз аввалин агностикҳо ба шумор мерафтанд, зеро онҳо маърифати оламро барои тафаккури инсонӣ дастнорас шумурда, онро донистанашаванда ҳисоб мекарданд. Ба гуфти онҳо ҳақиқат дар назари ҳар кас ҳар хел ҷилвагар мешавад. Касе онро чӣ тавре тасаввур мекунад, он бояд ҳамон хел бошад. Аз ин рӯ, онҳо на худи ҳақиқат, балки ҳақиқати объективиро инкор мекарданд ва ҷонибдори ҳақиқати субъективӣ буданд.

Софистҳоро одатан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: софистҳои насли аввал ва насли дуюм, яъне насли охир. Ба софистҳои аввал Протагор, Горгий, Гиппий, Продик, Антифонт, Ксениад дохил мешуданд, ки ҳамаи онҳо ҳамзамони Зенону Мелисс ва Анаксагору Левкипп буданд.

Ба насли дуюми софистҳо, ки дар охири асри V ва ибтидои асри IV пеш аз милод зиндагӣ кардаанд, Алкидам, Трасимах, Критий ва Калликл дохил мешуданд.

Бояд гуфт, ки аз асарҳои сершумори софистҳо танҳо як қисмати хурди он боқӣ мондааст.

Протагор дар солҳои 80-уми асри V пеш аз милод дар шаҳри Абдера аз оилаи сарватманд ба дунё омадааст. ӯ муаллими риторика (илми баён) ва эристика (санъати мубоҳиса) буд. Чун дигар софистон, ӯ низ бештари умри худро ба саёҳат бахшида, тамоми Юнонро гашта буд. Барои таълифи китоби «Оид ба худоён» мувофиқи қонунҳои мавҷуда ба қатл   ҳукм шуда буд. Лекин ҳукми қатл амалӣ нашуда китобро сӯзонданд ва муаллифро аз Афина бадарға карданд. ӯ ҳангоми сафари Ситсилия дар халиҷи Месси ғарқ ва ҳалок мешавад.

Протагор асарҳои зиёде таълиф карда буд. Чунончӣ, «Оид ба ҷавҳар», «Оид ба илмҳо», «Оид ба давлат», «Оид ба худоён», «Санъати мубоҳиса» ва ғайра аз қабили онҳоанд. Лекин аз ин асарҳо ба ҷуз порчаҳои ҷудогона дигар чизе боқӣ намондааст. Ягона манбае, ки оид ба Протагор маълумот медиҳад, диалогҳои Афлотун мебошанд.

Дар заминаи релятивизм (таълимоти идеалистиест, ки имконияти дарки олами объективиро инкор мекунад ва ҳамаи донишҳоро нисбӣ мешуморад, ва таълимоти он оид ба нисбӣ будани дониш Протагор фаҳмиши онтологии оламро пешниҳод намудааст.

Мувофиқи ақидаи ӯ, сабаби пайдоиши ҳамаи ҳодисот дар дохили худи материя мебошанд. Хусусияти асосии материя на объективӣ будани он, балки тағйирпазирӣ ва дар ҷараён будани он мебошад. Агар Гераклит ба як об ду маротиб даромаданро ғайриимкон шуморида бошад, Протагор ҳатто як маротиб даромаданро ҳам имконнопазир мешуморад. ӯ тағйирёбиро ба ҳадди мутлақ расонда, онро ба рафти дарккунӣ ҳам мутааллиқ шуморидааст. Ба фикри ӯ, на танҳо олам, балки маърифати он ҳам ҳар лаҳза дар тағйирёбӣ ва дар ҷараён аст.

Ҳукми дигари Протагор аз он иборат аст, ки тибқи он ҳеҷ чиз бо худии худ вуҷуд надорад ва ҳамаи ашёҳо маҳз дар заминаи алоқамандии тарафайн пайдо мешаванд ва вуҷуд доранд.

Горгий дар шаҳри Леантини Ситсилия ба дунё омадааст. ӯ шогирди Эмпедокл буд. Горгий зиёда аз сад сол умр дида, тамоми умр

муҷаррад  буд. ӯ нотиқи  машҳур   буда,   метавонист   бадеҳатан   дар

ҳар гуна мавзӯъ соатҳои тӯлонӣ суханронӣ кунад ва бо санъати баланди нотиқияш диққати оммаро ба худ ҷалб намояд.

Горгий ба фалсафа таваҷҷӯҳи хос дошта, онро аз фанҳои дақиқ, ки акнун аз фалсафа ҷудошавиро сар карда буданд, боло гузоштааст. Ба ӯ асарҳои зеринро мансуб медонанд: «Поломед», «Доир ба табиат» ва ғайра.

Дар масъалаи ҳастию тафаккур бар хилофи файласуфони Элей, ки тафаккур ва ҳастиро айниятдор мешумориданд, Горгий онҳоро аз ҳам ҷудо тасаввур мекард. ӯ мавҷудияти ҳама чизро инкор мекард ва ба фикри ӯ агар ҳастиро эътироф кунем, он гоҳ бояд донем, ки он барои мо дастнорас ва донистанашаванда аст.

Горгий   мавҷудияти фикр ва ашёи фикрро ҷудо мекунад. Аз он ки касе хаёл мекунад, ки одам парвоз мекунад ё фойтун дар уқёнус шино мекунад, ҳаргиз хулосае барнамеояд, ки дар асл одам парвоз ва фойтун дар уқёнус шино мекарда бошад. Зеро мо метавонем дар бораи чизе биандешем, ки дар асл он тамоман вуҷуд надошта бошад. Дар ин ҷо Горгий ақидаи Парменидро ислоҳ кардааст, ки он мавҷудияти ашёро бо худии худ, яъне мавҷудияти воқеӣ ва мавҷудияти фикр дар бораи ашёро як чиз медонист.

Дар масъалаи ахлоқу ҳуқуқ Горгий дар мавқеи релятивизм меистод. ӯ низ чун дигар софистҳо таълими медод, ки арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ меъёрҳои шартие мебошанд, ки одамони заифу ҷисман камқувват барои ҳимояи худ дар ҷомеа фикр карда баровардаанд.

Таълимоти софистҳо диққати мутафаккирони бузурги Юнони қадимро ба худ ҷалб карда буд. Хусусан, Афлотун ва Арасту-ин ду донишманди бузурги Юнони қадим фалсафаи онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, онро зери тозиёнаи сахти танқид гирифтаанд.

Афлотун дар асарҳои худ намояндагони мухталифи софистҳоро ҳамчун мардумфиребу дурӯғгӯй ончунон саркӯб ва маҳкум кардааст, ки онҳоро то имрӯз мардуми лаққӣ ва сафсатагӯ номида, бо бадӣ ёдовар мешаванд. Афлотун дар муколама (диалог)-и «Эвтидем» намунаеро аз сӯҳбати софистҳо, яъне мусоҳибаи Эвтидеми маккор ва Ктизиппии соддаро овардааст, ки он чунин аст:

«- Шумо бигӯед, ки саг доред?

Бале, дорам ва ниҳоят бадчаҳл аст.

Саги Шумо бача дорад?

Бале , онҳо низ бадҷаҳланд.

Ва, бешубҳа, падари онҳо низ саг аст? – мепурсад софист.

Бале.

Ин падар низ аз они шумост?

Ҳа, аз они ман», — ҷавоб медиҳад Ктизиппи

Софист дар ин ҷо хулосае ғайричашмдошт мебарорад: «Маълум мешавад, ки ин падар аз шумост, пас падари ту саг ва бачаҳояш (яъне кучукҳо) бошанд, бародарони туанд». (Платон. Сочинение в 3-х т., ч.1. –М., 1968, с.204).

Аз ин мисол маълум мешавад, ки онҳо қасдан нишонаву хосиятҳои як чизро дар муносибат ба чизи дигар нишон медиҳанд. Масалан, падари сагбачаҳо дар муносибат ба онҳо ( кучукҳо) – падар, лекин дар муносибат ба соҳиби худ моли ӯ ҳисоб мешавад. Лекин софистҳо барқасд саволро дар чунин шакл намегузоранд: «Падари ин сагбачаҳо аз они шумост?», балки маҳз мепурсанд: «Ин падар аз шумост?», ки баъди ин дарҳол ифодаи «Ин падари шумост» – ро ҳосил кардан осон мешавад.

Арасту доир ба мантиқ асари махсус «Оид ба радди софистҳо» — ро таълиф кардааст, ки дар он софистика чунин таъриф дода шудааст: «Софистика – ин хиради қалбакӣ аст, на воқеӣ ва софист он касест, ки аз хиради қалбакии худ манфиат меҷӯяд, на аз хиради ҳақиқӣ». (Античные риторики. –М., 1978, с. 183). Арасту дар ин асар усулу найрангҳои софистҳоро ошкор месозад. Масалан, софист аз ҳад зиёд тез ҳарф мезанад, то ки мусоҳиби ӯ ба моҳияти фикр сарфаҳм наравад. Софист қасдан нутқи худро дарозу тумтароқ баён мекунад, то ки мусоҳиби ӯ тамоми ҷараёни гуфтори ӯро дар хотир гирифта натавонад. Софист дар ибтидо бо хушсуханӣ ҷиддияти ҳарифашро бартараф месозад, баъд онро ба ҳаяҷону саргумӣ меандозад ва баъд аз он фавран ба оҳангу хулосаи ҷиддӣ мегузарад. Чунинанд нишонаҳои зоҳирии софистика.

Суқрот. Чи хеле ки маълум аст, дар асрҳои VI-V пеш аз милод дар Юнони қадим мактабҳои гуногуни фалсафӣ арзи ҳастӣ мекарданд ва миёни онҳо рақобату ихтилофоте вуҷуд доштанд, ки онҳо боиси нашъу намо ёфтани фалсафа дар ин сарзамин гардиданд. Баъди таназзул ёфтани сохти монархистӣ ва барқарор шудани тарзи демократии давлатдорӣ дар Юнон, барои ташаккул ёфтани таълимоти софистҳо имкониятҳои мусоид ба вуҷуд омаданд. Лекин баъдтар мактаби софистҳо ба муқобилияти оштинопазири материалистон ва идеалистон тоб наоварда, рӯ ба таназзул ниҳод. Маҳз дар ҳамин давра Суқрот бо таълимоти пуршӯри худ ба миён омад ва тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ дар атрофи худ шогирдони зиёдеро ҷамъ намояд. Суқрот ва аксари пайравони ӯ, асосан, дар муқобили сохти афинагии демократия қарор дошта, душмани сохти иҷтимоӣ-сиёсии мавҷуда ҳисоб мешуданд. ӯ аввалин файласуфи Афина ва бунёдгузори идеализми объективӣ ба шумор меравад. Суқрот ҳамзамони Демокрити материалист буда, дар фалсафаи ҷаҳонӣ, хусусан, дар инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ дар Юнони қадим нақши муҳим гузоштааст.

Доир ба зиндагӣ ва фаъолияти илмии Суқрот маълумоти амиқу кофӣ вуҷуд надорад. Чунки ӯ аслан дар баҳсу мунозираҳо фаъолона ширкат меварзид, лекин чизе наменавишт, аз ин рӯ, аз ин мутафаккири бузург асаре боқӣ намондааст. Азбаски аз Суқрот дар шакли хаттӣ чизе боқӣ намондааст, баъзе муаллифон кӯшиш кардаанд, ки ӯро на шахси таърихӣ, балки чун образи бадеӣ қаламдод намоянд. Бинобар ин, дар омӯзиши таълимоти Суқрот асарҳои шогирдони ӯ-Ксенофанти муаррих ва Афлотуни файласуф манбаи асосӣ ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, дар асарҳои теъдоде аз муаллифони аҳди антиқа оид ба Суқрот ишораю маълумотҳое вуҷуд доранд, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи таълимот ва шахсияти файласуф аз аҳамияти холӣ нестанд.

Суқрот соли 469 пеш аз милод дар шаҳри Афина ба дунё омадааст. Падари ӯ устои сангтарош буд ва тибқи маълумотҳо худи Суқрот ҳам дар овони ҷавонӣ дар ин касб шуғл варзидааст ва ҳатто сохтани муҷассамаи Грасҳоро ба ӯ нисбат медиҳанд. (Грасҳо- номи худоёни зебоӣ дар Юнони Қадим аст, ки муҷассамаҳояшон дар қалъаи Афина гузошта шуда буданд. Онҳо Аглоа, Тесали ва Уфрузинанд). Модараш Фенарст момодоя буд. Инчунин, тибқи маълумотҳо ӯ ду маротиб издивоҷ карда, се писар доштааст. Суқрот дар ҷангҳои Пелопонес бо сарбозони Афина дар муҳорибаҳо ширкат меварзид. ӯ се маротиба дар задухӯрдҳои зидди Спарта, дафъаи охирон соли 422 пеш аз милод дар муҳорибаи Амфинол иштирок намуда буд. Дар давраи дуюми ҷанги Афина бо Спарта Суқрот шахсан иштирок надошт, лекин воқеае рух дод, ки ӯро низ шарики бевоситаи он гардонд. Соли 406 то милод афинагиҳо баъди ноомадиҳои пай дар пай дар муҳорибаи назди ҷазираҳои Аргинус ба ғалаба ноил шуданд, лекин бар асари тӯфони сахт онҳо натавонитанд, ки мурдаҳои худро ҷамъ оварда гуронанд. Барои чунин амал бошад, қонуни онвақтаи Афина ҷазо муқаррар карда буд ва мувофиқи қонуни мазкур ғолибони муҳорибаро ба суд кашиданд. Суқрот, ки дар ин давра ба сифати машваратчӣ дар суд иштирок дошт, бар зидди қонуни мавҷуда баромад карда, раҳо намудани фармондеҳонро талаб кард. Лекин ба муқобилияти Суқрот нигоҳ накарда, суд ҳамаи ҳашт нафар лашкаркашро ба қатл ҳукм кард.

Агар иштироки ӯро дар ҷанг сарфи назар кунем, пас Суқрот дар тӯли зиндагияш ҳамагӣ як маротиба сафар кардааст ва ин ҳам бошад барои ширкат варзидан дар бозиҳои Истимк (бозиҳои Истимк – ҷашну мусобиқаҳои анъанавии Юнони қадим, ки ба хотири бузургдошти худои олимпӣ Посейдон дар ду сол як маротиба дар гарданаи Истмик барпо мегардид). Дигар тамоми умр аз Афина хориҷ нашудааст. Лекин аз рӯи одат, ӯ вақти ками худро дар хонааш сипарӣ мекард ва тамоми рӯз дар кӯчаҳои Афина, дар байни издиҳом, дар сӯҳбати одамони гуногун буд.

Суқрот ба фаъолияти иҷтимоӣ чандон мароқ зоҳир накардааст. ӯ ҳамчун файласуф зиндагии муқаррарӣ, оддию хоксорона дошт. Бар хилофи софистҳо, ӯ аз шогирдон ҳаққи таълим намегирифт. Чи тавре ки шогирдаш Ксенофант ёдовар мешавад, ӯ рӯзгори фақирона дошта, аксари вақт пои бараҳна мегашт ва фақат дар рӯзҳои ба меҳмонӣ рафтанаш кафше мепӯшид. Бояд гуфт, ки Суқрот низ чун Демокрит ба оила ва зану фарзандон эътибор намедод. Чунки ӯ тамоми вақти хешро дар сӯҳбату баҳсҳои фалсафӣ сипарӣ мекард.

Чи тавре ки дар боло зикр кардем, Суқрот душмани сохти иҷтимоӣ-сиёсии мавҷуда буд ва ин оштинопазирии ӯ дар синни пирӣ ба сараш тӯҳматеро овард, ки он боиси марги файласуф гардид. Тибқи маълумотҳо шоири фоҷианавис Мелет, чармгари сарватманд Анит ва нотиқи афинагӣ Ликон ӯро ба бехудоӣ гунаҳгор карда, овоза паҳн карданд. Соли 399 пеш аз милод Суқротро ба суд кашиданд. Ҳангоми суд Мелет ба сифати даъвогар баромад карда, Суқротро ба он гунаҳкор донист, ки ӯ (Суқрот) худоёни мардуми Афинаро парастиш ва эътироф намекунад ва худоёни навро тарғиб мекунад. Ба ғайри ин, бо нутқҳои худ шуури ҷавононро фосид мекунад ва аз ин рӯ, ӯ сазовори марг аст.

Суқрот бо мақсади исбот намудани бегуноҳии худ ду маротиб нутқ мекунад, лекин ҳарду баромадаш низ натиҷаи мусбат надоданд. Ва ниҳоят, дафъаи сеюм нутқ мекунад ва ба ҳозирон изҳор мекунад, ки ӯ ба марг омодааст ва аз он дар ҳарос нест (дар ин лаҳза ӯ 70 сол дошт).

Суд ба Суқрот қатлро ҳукм кард, лекин иҷроиши он сӣ рӯз тӯл кашид. Ин аз он сабаб рух дод, ки дар арафаи суд киштие аз Афина ба ҷазираи Делос барои иҷроиши муқаррароти динӣ ба сафар баромад ва мувофиқи анъана, то гашта омадани он дар ин ҷо қатли инсон мамнӯъ буд. Рӯзи бозгашти киштӣ фаро мерасад ва пагоҳии барвақт дӯсти Суқрот Критон вориди маҳбас шуда, ӯро гурезониданӣ мешавад. Суқрот таклифи дӯсташро рад мекунад ва таъкид мекунад, ки ин кор хилофи қонун аст ва ӯ амалеро алайҳи қонун раво намебинад. Дар ҳаққи ӯ беадолатӣ карда бошанд ҳам, лекин вай эҳтироми қонунро ҳатмӣ медошт. Дар ин хусус дар муколама (диалог)-и «Критон»-и Афлотун маълумот дода шудааст. Дар муколамаи «Федон» бошад, Афлотун лаҳзаҳои охири ҳаёти Суқротро нақл мекунад. Мувофиқи он файласуф ин рӯзро бо шогирдонаш мегузаронад. ӯ занаш Ксантиппи ва ҳар се писаронашро даъват карда бо онҳо хайрухуш мекунад ва баъд дар ҳузури шогирдонаш пиёлаи заҳрро менӯшад ва оромона ҷон медиҳад. Хуллас, Суқрот на танҳо таълимоти фалсафӣ, балки зиндагии наҷибонае дошт. К. Маркс маҳз ҳаминро дар назар дошта, қайд карда буд, ки фалсафаи Суқрот таҷассуми зиндагии худи ӯ мебошад. (Ниг.: К.Маркс., Ф. Энгелс. Из ранных произведений, с.131-132).

Доир ба Суқрот нақлу ривоятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо мо ба ҳаёти ботинии файласуф ошноӣ пайдо мекунем. Суқрот бо ҳама донишмандӣ ва афкори олии худ нигоҳ накарда, зимни суханронӣ бо алфози содда ва далелу исботҳои оммафаҳм ибрози андеша мекард. Бо ҳамин васила, сомеонро ончунон шефтаи сухани хеш мегардонд, ки онҳо муқовиматро аз даст медоданд ва гуфтаҳои ӯро бечунучаро мепазируфтанд.

Суқрот шогирдони зиёде дошт, ки онҳо ба синфу табақоти мухталиф мансуб буданд. Дар байни онҳо ашрофзодагон, анархистҳо, сотсиалистҳо, софистҳо ва ҷавонону ашхоси солхӯрда низ дучор мешуданд. Дар сӯҳбатҳо бештар масоили дин ва муқаррароти он, тарсу шуҷоат, давлату сиёсат, саодат ва хулоса, он чӣ ки дастраси аҳли башар буд, баррасӣ мешуданд. Ақли тез ва дониши фавқулоддаи ӯ файласуфро дар байни шогирдонаш маҳбуб гардонда, мақомашро баланд бардошта буд. Лекин худи ӯ бошад, ҳаргиз даъвои донишмандӣ намекард, балки худро хоксорона танҳо дӯстдори хирад ҳисоб мекард. ӯ дар хусуси донишмандӣ ва маъруфияти худ дар байни мардум бисёрҳо мешунид, лекин вай бо тавозӯъ афзалияти худро бар дигарон чунин шарҳ медод: «Ман фақат як чиз медонам ва он ин ки ҳеҷ чиз намедонам».

Дар маркази диққати Суқрот масъалаи инсон меистод. ӯ танҳо ба ҷанбаи ахлоқии инсон мароқ зоҳир мекард. Аз ин рӯ, фалсафаи Суқротро антропологизми ахлоқӣ номидан мумкин аст. Суқрот ба асотир ва масоили марбут ба табииёт таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст. Лекин ба ҳукми тақдир лозим омад, ки барои «Физика»-и Анаксагор ба ҷои ӯ Суқрот ҷазо гирад. Зеро ки маҳз баъди паҳн шудани назарияи Анаксагор доир ба ҷирмҳои осмонӣ дар Афина қонуне қабул карда шуд, ки тибқи он парастиш накардани худоҳои анъанавӣ ва ба таври илмӣ шарҳ додани ҳодисоти осмонӣ ҷинояти давлатӣ ҳисоб карда мешуд. Суқротро ба он низ гунаҳкор карда буданд, ки гӯё мувофиқи таълимоти ӯ Офтоб-санг ва Моҳ-хок мебошанд. Суқрот дар рафти суд ҳарчанд кӯшиш кард, ки мансуби ӯ набудани ин таълимот ва ба Анаксагор тааллуқ доштани онро исбот намояд, аммо натиҷае надод. ӯ моҳияти фалсафаи худро дар ифодаи зер ошкор сохтааст: «Ман ҳеҷ наметавонам мувофиқи навиштаҷоти маъбади Делф худро дарёбам». (Платон. Соч. в 3-х т., т.2, с. 163). Ҳамин тариқ, баъди тасдиқи он, ки «Ман як чиз медонам ва он ин ки ҳеҷ чиз намедонам» даъвати «Худро бишнос» шиори дуюми Суқрот ба шумор мерафт ва бояд гуфт, ки ҳар дуи ин моҳияти асосии фалсафаи ӯро муайян менамуданд.

Худшиносӣ барои Суқрот маънои амиқ ва рӯшан дошт. Худро шинохтан, яъне худро ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, на ҳамчун шахсияти ҷудогона, балки умуман ҳамчун инсон шинохтан. Аҳдоф ва мазмуни асосии фалсафаи Суқротро масоили марбут ба ахлоқ ташкил мекунанд. Дар ин хусус баъдтар Арасту дар «Метафизика» ёдовар шудааст: «Суқрот ба масоили ахлоқ сару кор дошта, табиатро умуман таҳқиқ накардааст». (Аристотель. Соч., т.1, с.79).

Аз нигоҳи фалсафӣ усули Суқрот ҳангоми таҳқиқи масоили ахлоқӣ хеле муҳим аст. Усули онро, умуман, усули диалектикаи субъективӣ номидан мумкин аст. Суқрот устоди баҳс, сӯҳбати шифоҳӣ ба шумор мерафт. ӯ бештар ба моҳият такя мекард ва ба шакл чандон диққат намедод. Алкибадис дар ин бора қайд мекунад, ки вақте кас ба ҳарфҳои ӯ гӯш мекунад, нахуст ба назараш хандаовар мерасад. Аммо вақте ки ба мазмуни онҳо сарфаҳм рафтанд, иқрор хоҳанд шуд, ки суханоне ҳастанд пур аз маъно. ӯ, бешубҳа, суханвари варзида, устоди баҳс буд ва идеализми субъективии ӯ низ ҳамчун усули маърифати илмӣ ба ҳамин иртибот дорад.

Суқрот аввалин касе буд, ки нақши мафҳумҳоро дар ҳосил кардани дониш қайд кардааст. То Суқрот низ файласуфон ба мафҳумҳо муроҷиат карда буданд, лекин он дар шакли стихиявӣ буд. Суқрот таъкид мекард, ки агар мафҳумҳо набошанд, дониш низ буда наметавонад.

Эътирофи ҳақиқати объективӣ дар таълимоти Суқрот чун эътирофи меъёрҳои объективии ахлоқ ҷилвагар шудаанд, ки мувофиқи он тафовути байни некӣ ва бадӣ нисбӣ не,   балки мутлақ мебошад. Суқрот ба мисли софистҳо саодат ё хушбахтиро бо манфиат айниятдор намедонист. ӯ саодатро бо некӯкорӣ айниятдор медонист. Барои некӣ кардан аввал фаҳмидан лозим, ки некӣ чист. Танҳо шахсе шуҷоат зоҳир карда метавонад, ки медонад шуҷоат чист. Донистани он ки шуҷоат чист, одамро шуҷоъ мекунад. Фаҳмиши он, ки хуб чисту бад чист инсонро ба некӯкорӣ ҳидоят мекунад. Ҷохилӣ ин натиҷаи надонистани некӣ аст. Ахлоқ, ба ақидаи Суқрот натиҷаи дониш аст.

Дар боби сиёсат ва давлатдорӣ низ Суқрот фикрҳои ҷолиби диққат дорад. Дар ин давра дар Афина аҳзобу гурӯҳҳои мухталифе вуҷуд доштанд, ки нерӯмандтарини онҳо ҳизби миллӣ, ки аз ҳукумати мардумӣ ҷонибдорӣ мекард ва ҳизби олигархӣ, ки сохти аристократиро пуштибонӣ мекард, ба шумор мерафтанд. Аммо Суқрот дар муқобили ҳар ду гурӯҳ қарор дошт ва таъкид мекард, ки: «Он чӣ ки барои як ҳукумати хуб лозим мебошад, ҳамоно дониш асту бас». Аз ин рӯ, ҳар ду дастаро низ дар идоракунии давлат бесалоҳият мешуморид.

Суқрот хусусан нисбат ба сохти давлатдории демократӣ бадбин буд ва аз ин рӯ, онро истеҳзо ва масхара мекард. Масалан, бо усули қуръа кашидан интихоб намудани роҳбаронро ӯ танқиду масхара мекард, ки бо ин усул ҳар гуна шахси тусодуфӣ метавонист ба сари қудрат барояд.

Идеализми Суқрот дар таълимоти ӯ ба таври ошкоро зуҳур накардааст. Имконияти зуҳури идеализм дар услуби Суқрот ҷой дошт. Ғайр аз ин, дар фаъолияти Суқрот объекти фалсафа тағйир ёфт. То Суқрот мавзӯи асосии фалсафа-табиат ба шумор мерафт. Суқрот тасдиқ мекард, ки он (табиат) донистанашаванда буда, фақат нафс донисташаванда аст ва аз нигоҳи ӯ вазифаи фалсафа низ маҳз аз донистани он (нафс) иборат аст.

Баъди марги Суқрот шогирдону пайравонаш барои ҳимоя ва идома додани таълимоти устодашон бархоста, мактаби фалсафии худро таъсис доданд, ки баъдтар бо номи суқротиён ё худ мактаби суқротӣ маъруфият ёфтанд, ки дар зер доир ба ҳар яки он дар шакли мухтасар маълумот дода мешавад.

1.Мактаби мегариён. Асосгузори ин мактаб сокини шаҳри Мегар, шогирд ва пайрави Суқрот Евклид (Евклиди математик дар назар дошта нашудааст) ба шумор мерафт. Ин мактаб то миёнаҳои асри 3 пеш аз милод арзи ҳастӣ намудааст. Асоси мактаби мегариёнро таълимот дар бораи «навъи беҷисм» ва масоили мантиқу санъати баҳс ташкил медоданд.

2.Мактаби Элида. Асосгузори он сокини Элида Федон ва намояндаи дигари он Менед мебошанд. Федон ва Менед устоди баҳс ва суханварӣ буданд. Лекин мактаби онҳо чандон ривоҷ наёфт ва дар фалсафа низ онҳо ақидаи ҷолибе ба вуҷуд оварда натавонистанд.

3.Мактаби калбиюн. Муассиси ин мактаб Антисфен (нимаи дуюми асри V ва нимаи аввали асри IV пеш аз милод) мебошад. ӯ дар ибтидои фаъолияташ пайрави софистҳо буда, баъд аз ин ба таълимоти Суқрот рӯ овард. Антисфен зидди Афлотун ва таълимоти ӯ дар бораи «навъҳо» ё худ «идеяҳо» буд. Намояндаи машҳури ин мактаб шогирди Антисфен Диогени синопӣ буд. Пайравони ин мактаб воқеияти кулро инкор карда, мавҷудияти ашёҳои ҷузъро эътироф доштанд. Мувофиқи ақидаи онҳо вазъи на танҳо қашшоқона, балки аз ҳад зиёд таҳқиромез тарзи беҳтарини ҳаёт ба шумор меравад. Онҳо тамоми намуди фақри ҷисмониву рӯҳониро аз зиндагии боҳаловат боло медонистанд.

4.Мактаби Киреника. Асосгузори ин мактаб Аристиппи киренӣ буд. Аристипп ва пайравони ӯ мӯътақид буданд, ки ҳисҳо манбаи ягонаи дониш мебошанд. Ҳисҳо, мувофиқи ақидаи онҳо на хосияти ашёҳо, балки ҳолатҳои гуногуни вазъи инсонро инъикос мекунанд. Пайравони Киреника, асосан ба таҳқиқи саодат, яъне маҷмӯи лаззатҳои табиӣ ҳамчун хайри олӣ ва мақсади ҳаёт машғул буданд. Мақсади асосии ҳаётро танҳо дар ҳузуру ҳаловат медиданд ва чунин ҳаловате, ки маҳз тавассути ҳисҳо ба вуҷуд ояд.

Инсон, ҷамъият ва давлат аз нигоҳи Афлотун. Аз Фалес то Демокрит дар таърихи фалсафаи Юнони қадим чун давраи пайдоиш ва инкишофи материализм  ҳисоб мешавад. Дар таълимоти Демокрит (охири асри V ибтидои асри IV пеш аз милод) материализми Юнони қадим ба зинаи олии худ расид, яъне он ба материализми атомистӣ табдил ёфт. Таълимоти Суқрот, ки асосан дар заминаи идеализм инкишоф меёфт, то он дараҷае ташаккул наёфта буд, ки муқобили материализми Эмпедокл ва Анаксагору Демокрит истодагарӣ карда тавонад. Дар ибтидои асри IV то милод таълимоти пурқуввати идеализми объективӣ ба таърихи фалсафа ворид гардид, ки он ба рақиби тавонои фалсафаи материалистӣ табдил ёфт. Пайдоиш ва рушду такомули ин таълимот бо номи файласуфи бузурги Юнони қадим Афлотун мансуб буд. Аз ҳамин давра фалсафаи Юнони қадим ба ду шоха – идеализм ва материализм ё худ «равияи Демокрит» ва «равияи Афлотун» ҷудо мешавад.

Афлотун соли 427 дар ҷазираи Эгина воқеъ дар наздикии Афина дар оилаи ашрофи бузурги юнонӣ ба дунё омадааст. Номи асли ӯ Аристокл буд ва бинобар ҷуссаи бузург, синаи фарроху шонаҳои паҳн доштанаш бо лақаби Афлотун маъруфият ёфт. Афлотун дар забони юнонӣ маънои паҳн, васеъро ифода мекунад. Афлотун ду бародар ва як хоҳар дошт ва азбаски ӯ дар умраш издивоҷ накарда буд, насле низ аз худ боқӣ нагузоштааст.

Афлотун дар ҷавонӣ чун дигар ҷавонони Афина ба варзиш ва шеъру мусиқӣ машғул буд. Муаллимони ӯ оид ба фалсафа Кратил ва Суқрот буданд. Афлотун дар бистсолагӣ бо Суқрот шиносоӣ пайдо кард ва баъди ин аз шуғли пештарааш ба тамом даст кашида ба омӯзиши фалсафа пардохт.

Ҳангоми марги Суқрот Афлотун бисту ҳашт сол дошт. Баъди марги устодаш (399) ӯ тарки ватан мекунад, ки ин мусофираташ дувоздаҳ сол давом мекунад. Дар тӯли мусофират ба мамолики Миср, Италияи Ҷанубӣ ва Ситсилия сафар мекунад ва инчунин як муддат дар Мегара, ки сарварии олимон ва файласуфони ҷавони онро Евклид (ҳамноми Евклиди математик) ба ӯҳда дошт, сукунат варзида, ба омӯзиши таълимоти фалсафаи мактаби мазкур мепардозад. Соли 387 пеш аз милод дар синни чилсолагӣ ба Афина баргашт. Дар ин асно, яъне баъди мусофирати дувоздаҳсола ӯ марди таҷрибадоре шуда буд ва доир ба илмҳои замон тасаввуроти амиқ дошт. Баъди бозгашт Афлотун аз маҳалли Академа замине хирадорӣ намуда, дар он ҷо мактаб бино кард, ки баъдтар бо номи Академия маълуму машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ дар атрофи Афлотун ҷавонони зиёде ҷамъ омаданд, ки теъдоде аз онҳо барои аз худ кардани илм ва теъдоди дигар ба мақсади маълумоти умумӣ гирифтан ва ба фаъолияти сиёсӣ тайёр шудан ба ин мактаб рӯ меоварданд. Бояд гуфт, ки аксари кулли ин ҷавонон фарзандони ашрофони Афина буданд. Мактаби Афлотун бо мурури вақт ба манбаи асосии инкишофи риёзиёт табдил ёфт, зеро ки ӯ дар инкишофи фалсафа донистани ин фанро зарур мешуморид. Бинобар ин, шарти асосии ворид шудан ба ин мактаб донистани математика ҳисоб мешуд. Бо ҳамин мақсад, Афлотун дар болои даромадгоҳи он навишта буд: «Касе, ки риёзиёт намедонад, ворид намешавад!».

Афлотун то охири умраш дар Академия монда, бо ҳамроҳии шогирдонаш зиндагии шоду хуррамона дошт. ӯ дар 81 – солагӣ (с. 347 пеш аз милод) дар рӯзи таваллуди худ ва тӯи арӯсии яке аз шогирдонаш, ки ҳарду якҷоя ҷашн гирифта мешуданд, вафот мекунад.

Асарҳои Афлотун дар шакли пурраашон то имрӯз боқӣ мондаанд. Дар байни онҳо инчунин асарҳое низ ҳастанд, ки ба Афлотун тааллуқ доштани онҳо шубҳаовар аст. Асарҳои ӯ аз як монолог – «Апологияи Суқрот» ва 34 диалог (муколама) иборат мебошанд. Қариб ҳамаи асарҳои Афлотун дар шакли бадеии муколама таълиф шудаанд.

Вобаста ба мазмун ва замони таълиф шудани асарҳо онҳоро ба тариқи зайл гурӯҳбандӣ мекунанд:

Гурӯҳи аввал, «муколамаҳои суқротӣ» ном дошта, дар давраи шогирди Суқрот буданаш таълиф шудаанд ва инҳоро дар бар мегиранд: «Лахес» (оид ба шуҷоат), «Хармид» (оид ба ақлмандӣ), «Лисис» (оид ба муҳаббату дӯстӣ), «Критон», «Евтифрон», «Протагор» ва ғайра.

Гурӯҳи дуюм, муколамаҳое мебошанд, ки давраи гузариш аз таълимоти Суқрот ба таълимоти худи Афлотунро дар бар мегиранд. Инҳо «Горгий», «Кратил» ва ғайра мебошанд, ки дар онҳо афкори муҳимтарини ӯ доир ба маърифат инъикос ёфтаанд.

Ба гурӯҳи сеюм он муколамаҳое дохил мешаванд, ки таҷассуми таълимоти пухтарасидаи Афлотун мебошанд. Масалан, «Менексен», «Пир», «Федр», «Федон» ва «Давлат».

Гурӯҳи чорумро бошад, муколамаҳои «Теэтет», «Софист», «Парменид», «Тимей», «Критий» ва «Филеб» ташкил мекунанд.

Ба гурӯҳи панҷум асарҳое дохил мешаванд, ки Афлотун дар охири умраш эҷод кардааст. Ин гурӯҳро асосан «Қонун» -ҳо ташкил медиҳанд.

Идеализми Афлотун. Таълимоти фалсафии Афлотун системаи идеализми объективӣ мебошад. Идеализми объективӣ чунин таълимотест, ки тибқи он рӯҳ, тафаккур, идеяҳо дар муносибат ба табиат якум буда, новобаста аз шуури инсонӣ ба таври объективӣ вуҷуд доранд. Бояд гуфт, ки Афлотун идеалисти босубот буда, ин равияро бошуурона инкишоф додааст. Пеш аз Афлотун танҳо баъзе нишонаҳои идеализми фалсафӣ дар таълимоти Гераклит, Пифагор, Филолай, Парменид, Эмпедокл ва мафҳумҳои ахлоқии Суқрот зоҳир шудаанду халос. Умуман, материализми стихиявӣ то замони Афлотун дар ҷаҳонбинии фалсафии он давра афзалият дошт. Материализми атомистии Левкипп ва Демокрит дар муқоиса бо материализми антиқӣ мукаммал ва хеле бошуурона ҳисоб мешуд. Лекин идеализми объективии Афлотун низ бошуурона буда, дар муқобили материализм ва атеизми антиқӣ қарор дошт.

Афлотун аввалин файласуфест, ки муборизаи байни ду равияи фалсафӣ будани таърихи фалсафаро дарк намуда буд. ӯ дар бораи муборизаи байни ин равияҳо мегӯяд, ки гурӯҳи аввал файласуфонеанд, ки мавҷудияти чизеро бидуни ашёҳо эътироф надоранд ва гурӯҳи дигар бошад, ҷисмро ба сифати ҳастӣ қабул надоранд. Дар ин замина миёни ҳарду тараф муборизаи шадид сурат мегирад. (Ниг.: Платон. Софист 246 В С // Платон. Соч. в 3-х т.). Афлотун дар мавқеи гурӯҳи дуюм қарор дошт. ӯ муқобилгузории файласуфонро давом дода менависад: аввалиҳо (материалистҳо) таълим медиҳанд, ки «ҳама чиз аз табиат пайдо мешавад», «ба оташ, об, хок ва ҳаво ҳамчун нахустасос нигоҳ карда, онро табиат номиданд. Нафсро бошад, баъди онҳо мегузоранд». (Платон. Законы, 889 С). Гурӯҳи дигари файласуфон бошанд (идеалистон), муддаиянд, ки «он чӣ ки дар табиат вуҷуд дорад, маҳсули хирад ва дар вобастагии он аст. Аз ин рӯ, нахустасосро нафс (ҷон) ташкил медиҳад, на оташ ва на ҳаво. Тан дар муносибат ба ҷон дуюмин аст». (Ҳамон ҷо, с. 896). Ҳамин тариқ, мувофиқи ақидаи Афлотун, рӯҳ (ҷон) дар муносибат ба ашёҳо якумин буда, ашёҳо маҳсули рӯҳ мебошанд.

Афлотун олами моддиро, ки ашёҳои гуногуни ҳисшавандаро дар бар мегирифт, олами ҳақиқӣ ва воқеӣ ҳисоб намекард, зеро ки вай мутаҳаррик ва тағйирёбанда мебошад. Олами идеявии Афлотун абадӣ ва бетағйир буд. Аз ин рӯ, идеализми ӯ характери метафизикӣ дошт. Мувофиқи таълимоти Афлотун, сабаб ва моҳияти ҳақиқии ашёву ҳодисаҳои алоҳидаи ҳисшаванда як зоти ғайриҷисмонии ҳиснашаванда аст. Ин сабабият ё шаклро Афлотун идея, эйдос ё навъ номидааст. Эйдос ё умуман, идеяи Афлотун ин «мавҷудияти бо худии худ» мебошад. Ба ҳар як ашёи ҳисшаванда идея ё «эйдос» — и хос мувофиқ меояд, ки вай сабаб ва дар айни замон тимсоли ашёи ҳисшаванда мебошад. Дар назари Афлотун идея нисбат ба ашёву ҳодисаҳои олами моддӣ нахустин ва ҳақиқӣ ба шумор меравад.

Бархилофи таълимоти мегариён, ки танҳо мавҷудияти кулро эътироф мекарданд, Афлотун кӯшиш кардааст, ки коинот, яъне олами ҳисшаванда, ҷисмониро шарҳ диҳад. Барои чунин ташреҳ, як худи идеяҳо басанда нестанд, зеро ки идеяҳо сабабҳои гуногуншаклӣ, сабабҳои ҳодисот, тағйирпазирӣ ва ғайраро шарҳ дода наметавонанд. Чунин сабабиятро Афлотун дар материя, ки баъди идея дуюмин буд, мушоҳида   мекард.   Ҳамин   тариқ,   материя – манбаи   гуногуншаклӣ,

ягонагӣ, тағйирпазирӣ, маргу зиндагӣ ва ғайра ҳисоб мешуд. Дар ин ҷо Афлотун дар мавқеи дуалистӣ меистад. Чунки дар баробари идея ӯ мавҷудияти мабдаи мустақили дигар, яъне материяро эътироф мекунад.

Ашёҳо — сояи идеяҳо, акси онҳо, таҷассуми онҳо мебошанд. Идеяҳо намуна, образи ашёҳо мебошанд.

Тан ва нафс. Идеализми фалсафии Афлотунро мафҳумҳои бо ҳам зидди материя ва идея, тану нафс пурра мекунанд. Аз нигоҳи Афлотун тан миранда буда, нафс намиранда аст. Тани мавҷудоти зинда аз заррачаҳои оташ, хок, об ва ҳаво таркиб ёфтаанд, ки онҳо бо тани коинот робита доштанд ва ин заррачаҳо бояд ба соҳибашон (яъне ба коинот) бозгардонда шаванд. Вазифаи тан аз он иборат аст, ки муваққатан нафсро дар худ ҷой диҳад, яъне оромгоҳи он бошад. Тан ва нафс ҳар ду офаридаи худо мебошанд.

Афлотун нафсро ба хирадманду бехирад ҷудо мекунад, яъне онро аз ду қисм иборат медонад. Бо ёрии аввалӣ, инсон метавонад фикр кунад, муҳокима ронад, ки ин нафси хирадманд аст. Бо ёрии дуюмӣ бошад, одам дӯст медорад, гуруснагию ташнагиро эҳсос мекунад ва майлу хоҳиши шаҳват ӯро фаро мегирад. Бинобар ин дуюмиро нафси бехирад ё ки шаҳвонӣ номидааст.

Афлотун ривоятҳои қадимаро дар бораи реҳлати нафс такмил дода, онро ба таълимоти худ мутобиқ намудааст. Тибқи он худоён нафсро офарида дар ситораҳо ҷой додаанд. Ҳар як нафс ситораи худро дорад. Шумораи нафс ба шумораи ситораҳои осмон баробаранд. Пас, шумораи нафс хеле зиёд, лекин ба замони гузашта мансуб буда, баъди он фақат аз як тан ба тани дигар реҳлат мекунад. Афлотун барои намирандагии нафсро асоснок кардан, чунин далел меорад, ки агар нафс миранда мешуд, то имрӯз аллакай аз он ягонто боқӣ намемонд.

Ҳамин тариқ, мувофиқи таълимоти Афлотун инсон миранда буда, нафси он намиранда мебошад. Нафси инсон тани ӯро тарк намуда, як муддат дар олами қудс сайругашт мекунад ва баъд аз он ба тани дигаре ворид мешавад. Мувофиқи ин назария, нафси одамони доно дар тани хирадмандон ва нафси одамони бехирад дар тани одамони оддӣ маскан мегиранд.

Назарияи маърифат. Доир ба масъалаи маърифати олам дар фалсафаи антиқӣ, хусусан, дар замони Афлотун ду равия вуҷуд дошт. Равияи аввал ҳисро маншаи пайдо шудани дониш ва дарки олам мешуморид ва равияи дуюм бошад, бар он ақида буд, ки ақл ягона манбаи илм ва маърифати олам аст. Пайравони равияи аввал иддао доштанд, ки то инсон чизеро бо яке аз узвҳои зоҳирии худ эҳсос накунад, дар бораи он маълумоти амиқ ҳосил карда наметавонад. Пас, ҳис ягона воситаи ҳосил кардани дониши воқеӣ мебошад. Пайравони равияи дуюм, ки Суқрот низ дар мавқеи онҳо қарор дошт, ҳисро ҳамчун манбаи боъэтимоди ҳосил намудани дониш инкор намуда, барои маърифати олам танҳо ақлро қодир мешумориданд.

Афлотун дар муколамаи «Теэтет» тасдиқ карда буд, ки ҳисҳо наметавонанд манбаи дониш бошанд. Ҳамаи нишондодҳои органҳои ҳисро боъэтимод мешуморид. Дар ин муколама Афлотун аз забони Суқрот тамоми донишҳои таҷрибавӣ, яъне донишҳоеро, ки тавассути ҳисҳо ҳосил мешаванд, инкор ва танқид кардааст. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки Афлотун бо таълимоти худ дар муқобили сенсуализм меистод ва аслан ба донишҳои априорӣ такя мекард. Мувофиқи ақидаи ӯ «навъҳо» ё ки «идеяҳо» новобаста аз дарки ҳиссии олами моддӣ тавассути интуитсия дониста мешаванд. Ҳодисот ва ашёҳои воқеӣ, ки дар фикр инъикос мешаванд, ба фикри ӯ дониши ҳақиқӣ нестанд. Тавре ки Афлотун тасдиқ мекунад, дарки ақлии олами идеяҳо дониши навъи якум, яъне дониши ҳақиқӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки моҳияти назарияи маърифати Афлотун аз «назарияи тазаккур» иборат аст. Мувофиқи ин назария, дониш ин ба хотир овардани он чизе аст, ки нафс кадом вақте медонист ва бо гузашти айём фаромӯш шудааст. Дар муколамаи «Менон» омадааст, ки Суқрот бо писарбачае, ки савод надошт ва ҳеҷ гоҳ илми риёзиётро наомӯхта буд, ҳал намудани масъалаи геометриро пешниҳод мекунад ва писарбача тавассути саволҳои пайдарпайи мантиқии Суқрот онро дуруст ҳал мекунад. Афлотун аз ин далел чунин хулосаи фалсафие мебарорад, ки агар одам ягон чизро надонистанашро фаҳмад дар ӯ тасаввуроти дурусте ҳосил мешавад, ки ӯ дар ҳақиқат ҳамин чизро намедонад. Акнун онҳо чун дар хоб ба хотири ӯ омаданд. Аз ин рӯ, аз касе наомӯхта ӯ ба саволҳо ҷавоб медиҳад, яъне ҷавобҳо худ аз худ пайдо мешаванд. Агар ҷавобҳо худ аз худ пайдо шуда бошанд, пас ин ба хотир овардан аст. Яъне донишест, ки кайҳо ҳосил шуда, бо гузашти вақт фаромӯш шудааст. (Ниг.: В.Ф. Асмус. История античной философии, с.147).

Назарияи «тазаккур»-и Афлотун бо таълимоти ӯ дар бораи бақои нафс пайвастагии зич дорад. Дониши тайёр дар нафси одам, чуноне ки дар мисоли боло дидем, ба фикри ӯ нишонаи абадӣ будани нафс мебошад ва он вақте ҳосил шудааст, ки нафси мазкур (яъне нафси писарбача) дар тани шахси дигар маскан дошт.

Диалектика. Азбаски истилоҳи мантиқ дар замони Афлотун вуҷуд надошт, бинобар ин, ӯ калимаи диалектикаро васеъ истифода бурдааст, яъне ҳам дар ҷои худаш ва ҳам дар ҷои мантиқ. Афлотун диалектикаро ҳамчун санъати мунозира таъриф додааст. Дар муколамаи «Кратил» Афлотун   аз   забони   Суқрот (Афлотун дар муколамаҳои худ аксари андешаҳои худашро аз забони ӯ баён мекунад) шахсеро    диалектик    номидааст, ки   «қобилияти савол гузоштан ва ҷавоб гуфтанро дорад». (Платон. Кратил, 390 С). Дар асари дигараш «Давлат» диалектикаро ба эристика, яъне санъати баҳс муқобил гузоштааст. Қобили қайд аст, ки Афлотун душмани ашадӣ ва мунаққиди тавонои софистҳо буд ва санъати баҳси онҳоро пургапии беҳуда меномид ва аз ҳамин хотир дар ин асараш маҳз диалектикаро дар муқобили таълимоти онҳо, бахусус, дар муқобили эристика мегузошт. ӯ таъкид мекунад, ки эристикҳо (баҳсчиён) ашёро, ки дар бораи он сухан меравад, нигоҳ намекунанд. Онҳо танҳо ба нутқи мусоҳибашон диққат дода, дар он тазодҳоро меҷӯянд ва бо ӯ сӯҳбат не, балки дар баҳс мусобиқа ташкил мекунанд. Ҳақиқат барои онҳо муҳим нест. Ҳатто ба моҳият ва худи чизе, ки дар хусуси он баҳс меравад, таваҷҷӯҳ надоранд. Диалектик бошад, баръакс, ба сӯи ҳақиқат майл дошта, барои дарки моҳияти ашёе, ки мавриди муҳокима қарор ёфтааст, ҷадал мекунад. Аз ин рӯ, Афлотун диалектик гуфта шахсеро дар назар дорад, ки ӯ аз ӯҳдаи исботи моҳияти ҳар як ашё баромада тавонад.

ӯ таъкид мекунад, ки барои исбот намудани моҳияти ашёҳо фикри солим ва муҳокимаронии дуруст зарур аст. Афлотун дар ин ҷо ба кашфи қонунҳои тафаккур наздик шудааст. Хусусан, дар муколамаи «Софист» ин наздикшавӣ бештар ҳис карда мешавад, чунки дар он доир ба қонуни айният ишораҳо вуҷуд доранд. Дар «Давлат» бошад, нишонаҳои қонуни «зиддият» бештар ба назар мерасад. Афлотун дар диалектика (мантиқ) усули тафаккури муҷаррад(абстрактӣ), тарзу роҳҳои ҳосил шудани донишро мебинад. Ба ҳар ҳол, диалектикаи Афлотун аз диалектикаи муосир фарсахҳо дур буд. «Диалектика»-и ӯ идеалистӣ, метафизикӣ буда, мафҳумҳоро бе ҳаракату бе тағйирот медонист ва аз дарки ягонагии зидҳо дур буд.

Лекин бояд ёдовар шуд, ки ба ҳама камбудиҳояш нигоҳ накарда, «диалектика»-и Афлотун дар ташаккули илм нақши муҳим гузоштааст. «Диалектика»-и Афлотун дар инкишофи мантиқ, таълимот оид ба категорияҳо, оид ба ҷинсу навъи мафҳумҳо, оид ба усулҳои таъриф, индуксия ва ҷудокунии мафҳумҳо ва ғайра қадами муҳиме ба шумор мерафт.

Ахлоқ ва сиёсат. Дар ҷаҳонбинии Афлотун масъалаҳои марбут ба давлат ва ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Афлотун мутафаккирест, ки ба ҳаёти ҷомеа ва созмонҳои сиёсӣ муносибати бетарафона надошт. ӯ бо идеализми фалсафии худ дар боби сиёсат ва оини давлатдорӣ фикрҳои бағоят ҷолибе дорад. Бояд тазаккур дод, ки ақоиди сиёсии ӯ ба таълимоти ахлоқияш робитаи ногусастанӣ доранд, зеро ки файласуфи бузург аз боби сиёсат, тарзу усулҳои давлатдорӣ ҳарф зада, ҳамзамон масоили марбут ба тарбия ва нақши он дар идоракунии давлатро баррасӣ намудааст. Давлат шабеҳи инсон  ва инсон шабеҳи давлат   мебошад, — таъкид   мекунад Афлотун.   Зеро ки адолат, чи дар давлат ва чи дар инсон як чиз аст. Бинобар ин, одам танҳо дар сурате ахлоқан такмил меёбад, ки давлат комилан ташаккулёфта бошад.

Давлат, мувофиқи ақидаи Афлотун, ин маҳсули талаботҳои мухталифи инсонӣ мебошад. Таълимоти Афлотун дар масъалаи тақсимоти меҳнат характери прогрессивӣ дошт. Тақсимоти меҳнат дар ҷомеа зарур аст, — таъкид мекард ӯ. Чунки одамон табиатан барои дар соҳаҳои махсус шуғл варзидан офарида шудаанд ва инро пеш аз ҳама дар талабот ва истеъдоди фардии онҳо медид.

Афлотун ба сохти мавҷудаи давлатдорӣ, яъне демократияи ҷомеаи ғуломдорӣ ҳисси бадбинӣ ва душманона дошт. ӯ барҳақ қайд мекунад, ки дар ин давлатҳо нобаробарии моликият вуҷуд дорад ва танҳо дар ҳамин замина мардумро ба ду гурӯҳи бо ҳам душман- қашшоқону сарватмандон ҷудо мекунанд. Лекин Афлотун аслан муқобили нобаробарӣ набуд ва танқиди ӯ ҳамчун намояндаи идеологияи аристократияи антиқӣ пеш аз ҳама бар зидди демократия равона карда шуда буд.

Ҳукумат шаклҳои мухталиф дорад, — қайд мекунад Афлотун. Ҳукумати аристократӣ барои манфиатҳои ақаллият, яъне ашрофон, ҳукумати демократӣ барои омма ва ҳукумати диктаторӣ ба қудрати фард ҷадал мекунанд, вале ҳар яки онҳо ба иллати муболиға дар ҳамон асос ва шакл, ки буд, мемонанд ва таназзул меёбанд. Чи тавре ки маълум аст, демократия дар асоси принципи тобеияти ақалият ба аксарият бунёд меёбад ва Афлотун маҳз ба «кӯтоҳандешии издиҳом», яъне аксарият танаффур дошт.

Афлотун иллати сари қудрат омадани ҳар яке аз шаклҳои ҳукуматро аз тағйиротҳое вобаста медонад, ки дар соҳаи иқтисод ва тарзи тақсими сарват зуҳур мекунанд. Агар сарват дар дасти ашроф бошад, ҳукумати аристократӣ ҳокимияти мутлақ мегардад ва агар сарват ба дасти нафари дигаре аз мардуми авом афтад, ҳукумат низ ба дасти онҳо мегузарад ва сохти демократӣ мешавад. Афлотун, ки душмани демократия буд, принсипҳои онро зери танқид гирифта қайд мекунад, ки маънии сиёсат аз ҳамоҳанг сохтани нерӯҳои мухталифи ҷомеа баҳри рушду тараққӣ иборат аст, лекин дар байни мардуми авом сиёсат маънои дигар мегирад ва табдил меёбад ба гурӯҳбозӣ ва фирқабозӣ баҳри ноил шудан ба мақому мансаб. Мардуми авом, чи тавре ки дар нӯшидани асал ҳарис ҳастанд, ба шунидани суханони ширини нотиқон низ ҳарисанд. Пас, як забонбоз метавонад бо чанд ибораи ширину дилфиреб одамонро ба худ ҷалб кунад ва ниҳоят рӯи мансаб ояду диктатор шавад. Аз ин рӯ,- таъкид мекунад Афлотун, — ба мо зарур аст, ки ба роҳбарии ҷомеаи худ бояд оқилтарин ва донишмандтарин одамро интихоб кунем, на нотиқтаринро.

Афлотун ба донишу хиради мардуми авом эътимод надошт ва аз ин рӯ, ин қавмро дар сиёсат ноустувору раҳгум мешуморид. ӯ барои сохтани ҳукумати комилан пешқадаму намунавӣ, қабл аз ҳама савияи баланди донишу заковати мардумро зарур медонист. Зеро ки ҳар ҳукумат шабеҳ ба афроди хеш аст ва бурду бохти он аз инҳо вобаста аст. Агар ки мо афроди хуб парвариш накардаем, пас, набояд ҳукумати хуберо интизор бошем.

Афлотун ҷомеаро ба бадани инсон, ки дорои се узви асосӣ, яъне сару синаву шикам аст, ташбеҳ дода таъкид мекунад, ки ҳакимону файласуфон ба мисли сари ҷомеа мебошанд ва онҳо бояд дар ҳайати ҳукумат қарор бигиранд, зеро ки то фалсафа ба мақоми салтанат нарасад ва салотину умаро файласуф нашаванд, ҷинси башар рӯи хушӣ нахоҳад дид.

Давлати идеалие, ки Афлотун тасаввур мекард, маҳз чунин аломатҳоро дошт, яъне дар он се табақа вуҷуд дошт ва табақаи олӣ ҳакимону файласуфон ба шумор мерафтанд. Барои он давлати идеалӣ буд, ки онро донишмандон идора мекарданд. Табақаи дуюм сипоҳиён буданд, ки вазифаи онҳо ҳимояи давлат буд. Ва табақаи сеюм ҳунармандону кишоварзон. Дар ин давлат ҳар кас аз рӯи лаёқати худ шуғле дорад ва мувофиқи ақидаи Афлотун, машғул шудан ба кори худ ва дахолат накардан ба кори дигарон – ин худ адолат аст. (Ниг.: Платон. Государство, 433 Л). Дар ҷомеа ҳар кас агар аз рӯи истеъдоду лаёқат мавқеъ наёфт, он гоҳ ҷомеа бебунёд ва маҳви бенизомию анархия мегардад.

Арасту: ташаккули таълимот оид ба инсон, нафс ва хирад. Арасту яке аз шогирдони беҳтарини Афлотун ба шумор меравад. ӯ соли 384 пеш аз милод дар шаҳри Стагир ба дунё омадаст. Падари Арасту Никомах табиби дарбори шоҳони мақдунӣ буд. Арасту аз падар барвақт ҷудо шуд ва то ҳабдаҳсолагӣ зери сарпарастии яке аз дӯстони падараш қарор дошт ва баъди ин, яъне соли 367 пеш аз милод барои таҳсили илм ба Афина рафт ва шунавандаи мактаби Афлотун гардид. ӯ бо истеъдод ва зеҳни тезаш аз дигар шогирдон бартарӣ дошт. Арасту дар Академияи Афлотун бист сол, яъне то вафоти устодаш (с. 347) ба омӯзишу тадқиқот машғул буд. Баъди марги Афлотун сарварии Академия ба дасти Спевсипп гузашт ва шогирдони Афлотун Арасту ва Ксенократ аз Академия баромада, Афинаро низ тарк намуданд. ӯ дар тӯли чанд соли мусофират дар шаҳри Асеос ва баъд дар Митилен зиндагӣ ихтиёр кард.

Дар соли 343 ё 342 пеш аз милод Арасту ба дарбори шоҳи муқдуниҳо даъват шуда, мураббии писари ӯ Искандар (Александр) таъин гардид. Искандар дар ин давра сездаҳ сол дошт. Дар бораи самту воситаҳои тарбия ва таълими ӯ ҳеҷ гуна маълумоте вуҷуд надорад. Лекин ҳаминаш маълум, ки Искандар хеле ҳам писари саркашу душвортарбия буд. Арасту чор солро дар тарбияи Искандар сипарӣ намуд, вале тарбияи ӯ чандон натиҷаи дилхоҳ надод. Умуман, байни устоду шогирди саркаш муносибати гарм вуҷуд надошт ва аз ин рӯ, баробари ба тахт нишастани Искандар Арасту ба зодгоҳаш, ба шаҳри Стагир бармегардад ва се соли дигар дар ин ҷо зиндагӣ мекунад.

Соли 338 пеш аз милод, яъне дар синни чилушашсолагӣ Арасту аз Стагир ба Афина меравад. Вақте ки Арасту дуюмбора вориди Афина шуд, ӯро аллакай ҳамчун файласуфи намоён ва устоди Инскандари Мақдунӣ ҳама мешинохт. ӯ ба Афина баргашта, аз замини назди ибодатгоҳи Апполон Ликей порчаеро харидорӣ кард ва дар ин ҷо мактабе таъсис дод, ки он бо номи мактаби Ликей маъруфият ёфт.

Қобили тазаккур аст, ки мактаби навтаъсиси Ликей дар муддати кӯтоҳ пайравони зиёде пайдо кард ва дар муқобили Академияи Афлотун, ки акнун онро Ксенократ сарварӣ мекард, ба рақобат бархост. Тибқи маълумотҳо, таълим дар Ликей ба ду қисмат ҷудо мешуд: риторика (суханварӣ ё худ илми баён) ва эсотерика (физика, метафизика ва диалектика). Таълими эсотерика, яъне масоили назарӣ ва истилоҳоти илмӣ аввали рӯз ва таълими ҳикмату суханварӣ бошад, вақти шом таъин шуда буд. Азбаски атрофи Ликейро дарахтзори серсоя иҳота карда буд, аксари вақт дарсҳо дар боғ ҳангоми сайру гашт ва қадамзанӣ сурат мегирифтанд. Бинобар ин, мактаби Арастуро машшоъ (калимаи юнонии перипатетикос-қадамзан) ва пайравонашро машшоиён (перипатетикҳо) меномиданд. Арасту дар Ликей дувозаҳ сол ба таълиму тадрис машғул шуда, садҳо шогирд тарбия намуда, инчунин пайравони зиёде дошт.

Бо вуҷуди он ки Арасту бо шогирдаш Искандари Мақдунӣ чандон муносибати хуб надошт, лекин баъди марги Искандар (с. 323) ӯ дар вазъияти хатарнок қарор гирифт. Чунки дар ин давра дар Афина шӯриши зидди мақдуниҳо сар зада буд ва Арастуро якбора ба ду масъала муттаҳам карда буданд. Аввал, бо гумони он, ки ҳамчун устоди Искандар бо мақдуниҳо робита дорад ва дуюм, барои суруде, ки ба Гермий бахшида ӯро ҳамчун худо ситоиш карда буд, Арастуро бехудо эълон карда буданд. Тавре ки ба Анаксагор ва Суқрот рӯй дода буд, Арастуро низ ба суд кашидад. Лекин Арасту судро интизор нашуда роҳбарии Ликейро ба Теофраст супурда, Афинаро тарк намуд. ӯ соли 323 ба ҷазираи Эвбей рафта, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кард ва соли 322 пеш аз милод дар ҳамон ҷо вафот кард.

Арасту аз худ мероси бағоят бузурги илмӣ ва фалсафӣ боқӣ гузоштааст, лекин на ҳамаи он то рӯзҳои мо расидаанд. Дар соҳаи фалсафа бошад, асарҳои ӯ асосан, иборатанд аз «Категорияҳо», «Аналитикаи якум», «Аналитикаи дуюм», «Топика», «Рисолаи нафс», «Физика» ва «Метафизика». Бояд гуфт, ки «Метафизика» аз асарҳои муҳимтарини фалсафии Арасту ба шумор меравад. Истилоҳи «Метафизика» ба замони баъдтар, ба Андроники Радосӣ мансуб аст. ӯ ҳангоми ба тартиб даровардани китобҳои Арасту асарҳои доир ба табииёт, яъне физикаро аз аввал ҷой дода, асарҳои боқимондаашро баъди физика ҷой медиҳад. Калимаи юнонии «мета» маънии баъд, яъне аз пас ояндаро дорад. «Метафизика»-он чӣ, ки баъд аз физика меояд. Ҳамин тариқ, истилоҳи мазкур ба вуҷуд омад ва бо мурури замон дар фалсафа мазмуни дигар гирифта васеъ паҳн шуд.

Арасту ва Афлотун. Чи хеле ки дар боло зикр кардем, Арасту яке аз шогирдони беҳтарини Афлотун буд ва ӯ низ дар навбати худ ба устодаш эҳтироми беандоза дошт. Лекин ҷаҳонбинӣ ва таълимоти онҳо куллан хилофи якдигар буд. Арасту ҳанӯз ҳангоми таълим дар Академияи Афлотун идеализми ӯро пайхас намуда, онро барои худ номақбул мешуморид. Дертар Арасту дар ин хусус гуфта буд, ки «Афлотун бароям азиз аст, лекин ҳақиқат пеши ман азизтар аст».

Бояд қайд намуд, ки таълимоти худи Арасту низ материализми яклухт нест. Ҷаҳонбинии ӯ аслан дар байни идеализм ва материализм мекалавид. Падидаҳои материализм дар таълимоти вай асосан ҳангоми танқиди идеяҳои Афлотун зоҳир мешаванд. Мазмуни асосии танқиди идеяҳои Афлотун аз он иборат аст, ки ӯ, чи тавре ки Арасту дар «Метафизика» таъкид кардааст, мавҷудияти идеяҳои худро бо ягон далел асосонок накардааст, яъне мавҷудияти идеяҳои ӯ беисботанд. Аз нигоҳи Арасту, нуқсони асосии фалсафаи Афлотун аз он иборат аст, ки ӯ идеяҳои худро аз ашёҳои ҷудогонаи ҳиссӣ ҷудо кардааст. Аз ин рӯ, идеяҳои Афлотун робитаи «идеяҳо»-ро ба ашёҳои фардии ҳисшаванда муайян намекунад. Идеяҳо, таъкид мекунад Арасту, нусхаҳои муқаррарии ашёҳо буда, бо худии худ барои маърифат чизе намедиҳанд. Дар «идея»-ҳо ҳеҷ гуна мазмуни наве вуҷуд надорад, ки онҳо дар ашёҳо набошанд. Масалан, идеяи одам моҳиятан аз маҷмӯи нишонаҳое, ки мансуби ҳар одами алоҳида мебошанд, фарқе надорад. Олами идеяҳои Афлотун аз олами ашёҳо ҷудо мебошад ва аз ҳамин сабаб, «идеяҳо» дар хусуси мавҷудияти ашёҳо ҳеҷ гуна маълумот намедиҳанд ва наметавонанд, ки омили маърифати ашёҳо ва ҳодисаҳои мушаххас бошанд. Ба ақидаи Арасту, «идеяҳо»-и Афлотун як чизи муҷарраде (абстракте) мебошанд, ки заминаи моддӣ надоранд.

«Идеяҳо»-и Афлотун моҳиятро аз ашёҳо ҷудо мекард. Арасту зидди ин таълимоти ӯ баромада, таъкид мекунад, ки агар «идеяҳо» моҳияти ашёҳову ҳодисаҳоро ифода кунад, он гоҳ вай бидуни онҳо (ашёҳо ва ҳодисаҳо) вуҷуд дошта наметавонад. Илова бар ин, «идеяҳо» иллати ба вуҷуд омадан, гуногунӣ, мавҷудият ва инкишофи табиат ва ҷомеаро шарҳ дода наметавонанд. Чунки моҳият бидуни ашёҳое, ки моҳият доранд, мустақилона вуҷуд дошта наметавонад. Арасту таъкид мекунад, ки агар идеяҳо абадию тағйирнопазир буда, бо худии худ, яъне мустақилона вуҷуд дошта бошанд, пас бо чизҳое, ки доимо дар инкишофу дар тағйиротанд, робитае дошта наметавонанд. Таълимоти Афлотунро доир ба «идеяҳо» танқид намуда, Арасту ба хулосае меояд, ки иллати асосии бенизомию берабтӣ дар назарияи идеяҳои ӯ (яъне Афлотун) мутлақо инкор намудани робитаи кул ва ҷузъ, аз ҳам ҷудо кардани онҳо мебошад. (Ниг.: Аристотель. Метафизика. –М.-Л., 1934, с. 30).

Назарияи ҳастӣ (онтология)- и Арасту. Арасту мавҷудияти олами моддиро эътироф мекард ва онро маҷмӯи ашё ва ҳодисаҳо медонист. Нақши материя дар ҷаҳонбинии Арасту бағоят муҳим аст. Ҳамаи он чӣ ки дар табиат вуҷуд дорад, аз материя ва шакл иборат аст. Бе материя на табиат буда метавонад, на ашёҳо. Арасту материяро субстрат(ҷавҳар), яъне асоси ҳар як ашё медонист. Ашё ҳамчун «моҳият — фард» дар муносибат ба материя дуюм ҳисоб мешавад. Ашё, — таъкид мекунад Арасту, — дар натиҷаи ба материя ворид шудани шакл ба вуҷуд меояд.

Дар таълимоти Арасту вобастагии материя ва ашёҳо ҳамчун вобастагии ҷинсу навъ ҷилвагар шудааст. Агар материя ҷинс бошад, ашёҳои воқеӣ навъи он ҳисоб мешаванд. Арасту таъкид мекунад, ки мавҷудияти абадии нахустмодда ҳастии воқеӣ нест, балки ҳастии имконӣ мебошад. Яъне мавҷудияти материя ин ҳанӯз воқеият набуда, танҳо имкониятест, ки аз ҳолати имконӣ ба ҳолати воқеӣ мегузарад. Материя ҳамчун    имконият   зоҳир  мешавад, — менависад Арасту,  зеро ки он

метавонад ба шакл табдил ёбад ва замоне ки дорои шакл гардид, он гоҳ

 

ба воқеият табдил меёбад. Лекин воқеияти аслӣ воқеияти ашёҳо не, балки воқеияти шакл ба шумор меравад. Аз ин ҷо хулосае ҳосил мешавад, ки материя дар ҳар як пайдоишу тағйирёбӣ имконият буда, шакл воқеияти он мебошад. Арасту воқеиятро нисбат ба имконият пеш гузошта, бо ин шаклро аввал ва материяро дуюмин ҳисоб кардааст ва дар ҳалли ин масъала дар мавқеи идеализм қарор гирифтааст.

Мафҳуми имконият дар таълимоти Арасту роҳе буд ба сӯи диалектика ва материализм. Мувофиқи қонун дар бораи ҳастӣ Арасту мавҷудияти тазодҳоро дар ашёҳо инкор мекард. Лекин ин қонун дар муносибат ба имконият ба эътибор гирифта намешуд. Моҳияти имконият дар он аст, ки он дар худ тазодҳоро нигоҳ медорад. ӯ қайд намудааст, ки дар имконият метавонанд тазодҳо вуҷуд дошта бошанд, лекин дар ҳастии воқеӣ ин ғайри имкон аст. Умуман, дар таълимоти Арасту оид ба материя ва шакл нишонаҳои материализм ва диалектика вуҷуд доранд. Инро пеш аз ҳама дар он дидан мумкин аст, ки ӯ мавҷудияти моддии ашё ва ҳодисаҳои табиатро эътироф намуда, онро дар инкишофу тағйирот мебинад. Лекин дар айни ҳол дар баъзе мавридҳо дар байни материализму идеализм ва метафизикаю диалектика калавидани ӯ ба чашм мерасад. Чунончи, ҳангоми шарҳ додани таносуби материя ва шакл ин чиз баръало мушоҳида карда мешавад. Материя, аз нигоҳи Арасту мабдаи ғайрифаъол ва шакл бошад, мабдаи фаъол ба шумор меравад. ӯ аз фаҳмиши диалектикаи материя ва шакл ва материяи мутаҳаррик будани табиат ҳанӯз дур буд. ӯ худоро ҳамчун нахустсабаб ва муҳаррики аввал ва ҳамчун шакли шаклҳо қаламдод кардааст.

Физика ва космология. Ҷиҳатҳои фалсафии таълимоти Арасту оид ба ҳастӣ дар физика ва космологияи ӯ низ таҷассум ёфтаанд. Арасту кӯшиш намудааст, ки физикаро аз метафизика ва аз риёзиёт ҷудо намояд. Умумияти метафизика ва риёзиёт, ба ақидаи Арасту дар он аст, ки онҳо ашёҳои номутаҳаррикро меомӯхтанд. Физика бошад, бар хилофи метафизикаю математика ҷисмҳои мутаҳаррикеро меомӯзад, ки онҳо берун аз табиат вуҷуд дошта наметавонанд.

Арасту мафҳуми ҳаракатро ба тариқи зайл муайян кардааст: 1) зиёдшавӣ ва камшавӣ; 2) тағйиротҳои сифатӣ ё худ табдилёбӣ; 3) пайдошавӣ ва нестшавӣ; 4) ҳаракат ҳамчун ҷойивазкунӣ дар фазо. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки миёни мафҳумҳои номбурда ва категорияҳои Арасту пайвастагии муайяне вуҷуд дорад. Чунончи, категорияи мазкур ба навъи якуми ҳаракат, ки он камшавию зиёдшавӣ номида шудааст, мувофиқат мекунад. Категорияи сифат ба тағйиротҳои сифатӣ, категорияи моҳият ба пайдошавӣ ва нестшавӣ ва ниҳоят, категорияи макон ба ҳаракат дар фазо мувофиқат мекунанд. Арасту қайд мекунад, ки дар байни ин намудҳо ҳаракати маконӣ аз ҳама муҳимтар буда, он шарти мавҷудияти ҳамаи шаклҳои боқимонда мебошад. Зеро ки мувофиқи ақидаи ӯ, камшавӣ ва зиёдшавии ашёҳо, тағйиротҳои сифатӣ ва пайдошавию нестшавии онҳо маҳз дар дохили фазо (макон) ба вуқӯъ меояд ва берун аз он вуҷуд дошта наметавонад.

Арасту дар пайвастагӣ бо таълимоти Эмпедокл ва Анаксагор таъкид мекунад, ки мафҳумҳои пайдошавӣ ва нестшавӣ ба маънои аслии калима вуҷуд надоранд. Чунки «шакл» абадӣ аст ва наметавонад, ки пайдо шавад ва «материя» низ ба мисли ҳамин пайдо ва нест намешавад. Он чӣ ки одамон барғалат «пайдошавӣ» ва «нестшавӣ» номидаанд, маҳз тағйирот ва гузариши як хосият ба дигараш мебошад.

Арасту ҳаракати макониро дар баробари ҳастӣ абадӣ ва муттасил мешуморад. ӯ ҳаракати макониро таҳқиқ намуда, навъҳои онро шарҳ медиҳад. Ҳаракат дар фазо, ба ақидаи вай дар се шакл сурат мегирад: 1) даврашакл; 2) ростхата; 3) пайвасткунандаи ҳаракати ростхата бо даврашакл. Шаклҳои дуюм ва сеюм, аз нигоҳи файласуф, ҳаракати муттасил набуда, танҳо шакли якум, яъне ҳаракати даврашакл такмилёфта ва муттасил ҳисоб мешавад.

Таълимоти Арасту доир ба ҳаракати маконӣ ба пояи материализми атомистӣ расида наметавонист. Новобаста аз он, ки ҳаракати маконӣ дар космологияи Арасту дар кадом мавқеъ қарор дорад, асоси физикаи ӯро тағйиротҳои сифатӣ ташкил мекунанд. Арасту воқеӣ будани тавофутҳои сифатӣ ва табдили сифатии ашёҳоро тасдиқ мекард. Дар муқоиса бо атомистҳо ва элейиҳо ӯ ба маълумоти ҳисҳо бештар эътимод дошт. Физикаи Арасту, ки асоси онро таълимоти фалсафии ӯ доир ба имконият ва воқеият ташкил медод, дар муқобили назарияҳои физикии атомистҳо ва элейиҳо қарор дошт. ӯ баъзе ақоиду фарзияҳои оид ба физикаи атомистҳоро танқид ва инкор кардааст. Масъалаи якуме, ки мавриди баҳси Арасту бо атомистҳо қарор гирифтааст, масъалаи теъдоди шакли атомҳо мебошад. Чи хеле ки медонем, атомистҳо мӯътақид буданд, ки теъдоди атомҳо аз ҷиҳати шакл низ беинтиҳо мебошанд. Агар чунин бошад, — қайд мекунад Арасту, — пас миқдори гуногунии хосиятҳое, ки дар ҷисм вуҷуд доранд ва миқдори тарзҳои ҳаракат низ бояд беинтиҳо бошад, ки ин хилофи таҷриба мебошад ва ба ақидаи файласуф, ҳам миқдори хосият ва ҳам миқдори тарзҳои ҳаракат интиҳо доранд.

Дуввум, физикаи атомистҳо атомҳоро табиатан тағйирнопазир мешумориданд. Лекин ин фарзия, мувофиқи ақидаи Арасту, ба таълимот оид ба таъсири мутақобилаи ҷисмҳо мухолифат мекунад. Агар таъсири мутақобилаи ашёҳо имконпазир бошад, пас тағйирпазирии худи атомҳо низ ҳатмӣ аст.

Саввум, Арасту таълимоти атомистҳоро доир ба сабаби ҳаракати атомҳо инкор кардааст, ки мувофиқи он атомҳо ба худии худ ҳаракат мекарданд ва манбаи он номуайян буд. Таҳлили ин ҳукм чунин хулосаеро ба вуҷуд меорад, ки ҷисмҳо аз ду элемент, яъне ҳаракатдиҳанда ва ҳаракаткунанда таркиб ёфтаанд. Агар чунин бошад, он гоҳ дар атомҳо низ бояд ду элемент вуҷуд дошта бошад, ки мувофиқи ин атом наметавонад зарраи тақсимшаванда бошад.

Чаҳорум, атомистҳо низ чун Афлотун хосияти вазниниро ба таври возеҳ шарҳ надодаанд. Мувофиқи фарзияи онҳо атомҳо дар ибтидо ба поён майл доштанд. Суръати афтиши ҳар атомро вазни он муайян мекард ва вазн бошад, аз андозаи он вобаста буд. Атомҳои нисбатан вазнинтар бо суръати баланд афтида бо атомҳои хурд бархӯрда, онҳоро аз поён ба боло тела медиҳанд. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи таълимоти атомистҳо гирдбоди атомҳо бархост, ки он баъдтар Замин ва дигар ҷирмҳои осмониро ба вуҷуд овард.

Бояд ёдовар шуд, ки назарияи оид ба мақсаднокии табиат ва тамоми равандҳои табиӣ дар физика ва космологияи Арасту мавқеи ҳукмрон дорад. Космологияи Арасту ба телеология (таълимоти идеалистиест, ки мувофиқи он дар табиат ҳама чиз гӯё аз азал мувофиқи мақсад буда, ба ягон қонуният тобеъ нестанд) пайвастагии зич дорад ва он дар муқобили телеологияи атомистҳо ва Анаксагор қарор дошт. Таълимоти Арасту оид ба нафс дар ташаккули телеология ва то ба принсипҳои космологии ӯ расидани он нақши бағоят бузург доштааст. Чунки нафси инсон барои Арасту, пеш аз ҳама воқеиятест, ки тан ҳамчун имконият дар он вуҷуд дорад. Ва дигар ин ки, Арасту функсияи мақсаднокии нафсро ба тамоми ашёҳои олам мансуб медонист. Ба фикри ӯ кулли олами ҳайвонот ва ҷирмҳои осмонӣ дорои нафс мебошанд. Ғояи мақсаднокии Коинот ҳанӯз дар заминаҳои онтологии таълимоти ӯ мушоҳида мешуданд. Арасту моҳияти ҳастиро дар он медид, ки ашёҳо ҳамчун имконият ба сӯи шакли худ майл мекунанд. Маҳз амалӣ шудани ҳамин кӯшиш мақсади асосии ҳаракат мебошад.

Телеологияи Арасту на танҳо характери мақсадноки раванди ҷаҳонӣ, балки инчунин ягонагии ин мақсадро низ муайян мекунад. Ин ягонагӣ дар таълимоти космологӣ ва телеологии ӯ асоснок карда шудаанд. Сабаб ва манбаи ҳаракат, ба ақидаи ӯ худои ягона ҳисоб мешавад. Ба ақидаи файласуф, худо худ бевосита дар ҷараёни ҳаракат ширкат надорад, лекин ҳаракати мӯътадил ва бефосилаи даврашаклро таъмин мекунад.

Космологияи Арасту дар масъалаи интиҳои олам бо космологияи атомистҳо дар рақобати шадид қарор дошт. Материализми атомистӣ дар таърихи илм таълимоти аввалинест доир ба беинтиҳо будани олам ва бешумор будани ҷирмҳои кайҳонӣ. Левкипп ва Демокрит нахустин мутафаккироне буданд, ки беинтиҳо будани фазоро дар афкори юнонӣ ворид сохтанд.

­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­

Таълимоти Арасту дар бораи олам дар муқоиса бо атомистҳо қадаме ба қафо ҳисоб мешуд. Ба ақидаи Арасту олам куррашакл буда, радиусаш ниҳоят васеъ аст, лекин интиҳо дорад. Дар бораи куррашакл будани олам Анаксимандр, Парменид ва Зенон ҳам ишораҳо доштанд, лекин дар хусуси он ки берун аз худи олами куррашакл ҳастӣ чӣ гуна зоҳир мешуда бошад, чизе нагуфтаанд.

Доир ба ин масъала Арасту таълим медиҳад, ки дар қабати охирини олам танҳо худо ҳасту халос. Берун аз оламе, ки моро фаро гирифтааст, ҳеҷ гуна ҳастӣ вуҷуд надорад. Арасту ҳатто мавҷудияти худоро низ берун аз ҳудуди олам рад кардааст.

Ба ақидаи ӯ, Замин маркази олам буда ҳаракат намекунад. Бо тасдиқи ин фикр космологияи Арасту дар муқоиса ба космологияи Афлотун ва пифагориён низ як қадам ақиб меистад. Чунки ҳам Афлотун ва ҳам пифагориён Заминро дар ҳаракат мешумориданд.

Бояд гуфт, ки Арасту бо ин ақидааш назарияи гелиосентризмро ба муддати тӯлонӣ ба ақиб партофт. Мутаҳаррик будани Заминро ӯ қатъиян рад мекард.

Сарфи назар аз ҳамаи ин, дар космологияи Арасту ақидаҳои ҷолиби диққат низ вуҷуд доранд. Лекин комёбии беҳтарини космологияи ӯ исботи амиқи куррашакл будани Замин аст.

Назарияи маърифат. Масъалаи маърифати олам дар таълимоти Арасту мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Арасту доир ба маърифат асари алоҳида надорад, лекин дар асарҳояш доир ба метафизика, физика, мантиқ ва ғайра ин масъаларо баррасӣ намудааст. Кӯшиши инсон баҳри маърифат, муҳаббат ба дониш, — таъкид мекунад Арасту, ин хислати модарзоди ӯ мебошад.

Арасту дар назарияи маърифати худ дар байни сенсуализм ва ратсионализм мекалавид. ӯ донишҳои ҳиссӣ ва ақлиро бо ҳам муқобил нагузоштааст, чи хеле ки Парменид ва Афлотун чунин карда буданд. ӯ бештар ба ягонагии ҳисҳо ва ақл майл дошт. Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи таносуби донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ баъди масоили таносуби фарду кул ва нафсу тан масъалаи сеюм ба шумор меравад, ки Арасту дар ҳалли онҳо оҷиз мондааст.

Дар назарияи маърифати Арасту таълимоти сенсуалистӣ мавқеи бештар ва устуворро ишғол намудааст. Файласуф бар он ақида аст, ки ҳама гуна дониш аз дарки эҳсосот, яъне аз зинае оғоз мешавад, ки он ба инсону ҳайвон як хел мансубият дорад. Арасту дар ин ҷо ба ҳисҳо баҳои баланд медиҳад, зеро ки ба ақидаи ӯ маҳз онҳо донишҳои муҳимтарини моро доир ба ашёҳои фардӣ ташкил медиҳанд. Зинаи дуюми дониш, баъди идроки ҳиссӣ таҷриба мебошад, ки он ба инсон ва як қисми ҳайвонҳо мансубият дорад. Таҷриба, мувофиқи ақидаи ӯ, натиҷаи такроршавии идроки ҳиссӣ ва захира шудани он дар хотира мебошад. Таҷриба низ ба мисли зинаи якум ба мо доир ба ашёҳои фардӣ маълумот медиҳад. Арасту ба таҷриба ҳамчун манбаи асосии дониш баҳои баланд додааст. Ҳамин тариқ, ду зинаи аввал фақат дар маърифати ашёҳои фардӣ ҳиссагузор мебошанд.

Зинаи дигари такомули дониш зинаи «санъат» мебошад. Ин санъати тасвирӣ ё зебоӣ набуда, балки зинаи махсуси маърифат аст, ки дар заминаи таҷриба зуҳур кардааст. Чи тавре ки Арасту қайд кардааст, таҷриба «санъат»-ро офаридааст. Агар таҷриба маърифати ашёҳои фардӣ бошад, пас «санъат» ин маърифати кул ва сабабият мебошад.

Ва ниҳоят, зинаи охирин зинаи илм ба шумор меравад, ки ба ақидаи Арасту, шакли олии он фалсафа аст. Илмҳо аз «санъат» бо хусусиятҳои гносеологӣ ва бо аломатҳои иҷтимоӣ тафовут доранд.

Арасту дар «Рисолаи нафс» дар баробари нишон додани нақши идроки ҳиссӣ ва таҷриба дар раванди маърифат, инчунин кӯшиш намудааст, ки роҳу тариқи онро низ кушода диҳад. ӯ дар ин асар таъкид мекунад, ки кулли ҳайвонот дорои ҳис, алалхусус, ҳисси ломиса мебошанд. Арасту масоили ҳисҳо – ломиса, тамъ, шунавоӣ, босира ва шомеаро муфассал баррасӣ намуда, нақши онҳоро дар раванди маърифат амиқ намудааст.

Мувофиқи таълимоти Арасту наботот эҳсос намекунанд, зеро ки онҳо таъсири муҳитро якҷоя бо материя қабул мекунанд ва онҳо қобилияти аз материя ҷудо кардани шаклро надоранд. Ҳайвонот бошад, аз наботот бо он фарқ мекунанд, ки онҳо қобилияти дарк намудани шакли эҳсосро бидуни материя доранд.

Воқеан, дар таълимоти Арасту мо мебинем, ки ҳар як узви ҳис ашёи худро бидуни материя дарк мекунад. Ин чунин маънӣ дорад, ки идроки ҳиссӣ ба мо нусхаи ашёҳоро медиҳад, ки онҳо новобаста ва берун аз шуур вуҷуд доранд, лекин чунин нусхаҳо моддӣ нестанд. Аз ин рӯ, Арасту узвҳои ҳис ва қобилияти эҳсос карданро айният, яъне як чиз мешуморад. Донишҳои ҳиссӣ комилан дуруст ва объективӣ мебошанд. Тавассути онҳо мо доир ба рангорангӣ ва хосиятҳои гуногуни ашёҳо маълумот пайдо мекунем. Чунончи, бо узви босира рангҳои мухталифро дарк мекунем ва ҳоказо. Лекин ғайр аз ин, хосиятҳои умумие вуҷуд доранд, ки аз тариқи ҷамъи ҳисҳо дарк карда мешаванд, чунончи, бузургӣ, адад, ягонагӣ, ҳаракат, оромӣ ва ғайра.

Дар баробари нафси наботию ҳайвонӣ Арасту навъи сеюми нафсро эътироф мекунад, ки он нафси ақлонӣ буда, танҳо мансуби инсон аст. ӯ нафси ақлониро мустақил, яъне новобаста аз тан тасаввур мекард, зеро ки вай абадӣ ҳисоб мешуд ва он ҳамаро фарогиранда буд.

Мантиқ. Арастуро падари илми мантиқ меноманд, зеро ки ӯ аввалин шахсе ҳисоб мешавад, ки масоили мантиқро васеъ ва ҳарҷониба мавриди тадқиқот қарор додааст. Аз нигоҳи Арасту мантиқ илми алоҳида не, балки калиди ҳамаи фанҳо ва аслиҳаи дониш аст. Арасту мантиқро анатилика номидааст ва дар рисолаи махсус, ки номи «Аналитикаи якум» ва «Аналитикаи дуюм»-ро гирифтаанд, таълимоти асосии худро доир ба хулосабарорӣ ва исботкуниҳо қаламдод намудааст.

Омӯзиши асарҳои Арасту, ки ба масоили мантиқ бахшида шудаанд, шаҳодат медиҳад, ки дар таҳқиқи мантиқ ӯ ба се масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст:

1) масъалаи усули дониши эҳтимолӣ, ки ин қисматро Арасру «диалектика» номидаст ва шарҳи он дар китоби «Топика» омадааст;

2) масъалаи ду тарзи асосии шарҳи дониши боэътимод: таъриф ва исбот;

3)масъалаи усулҳои дарёфт кардани далелҳои илмӣ, яъне индуксия.

Арасту қонунҳои асосии тафаккур, яъне қонуни айният, зиддият ва истиснои салоса (сеюм)-ро тадқиқ намуда, муайян намудааст, ки ҳиқиқат чист ва фикри дурӯғ чист. Ҳақиқат, ба ақидаи ӯ мувофиқ омадани фикр ба воқеият мебошад. Фикри дурӯғ бошад, инъикоси ғалати воқеият мебошад. Ин таърифи Арасту таърифи материалистии ҳақиқат буда, ба таърифи семантикии он замина гузошта буд.

Қайд намудан зарур аст, ки қонуни зиддият дар таълимоти онтологии Арасту низ ҳамчун қонуни асосии ҳастӣ омадааст, ки он дар шакли мухтасараш чунин ифода меёбад: «дар як вақт ҳам будан ва ҳам набудан мумкин нест» ё ин ки «номумкин аст, ки худи ҳамон чиз дар худи ҳамон вақт ҳам бошаду ҳам набошад». Дар «Метафизика» бошад, ҷиҳати мантиқии қонуни зиддият нишон дода шудааст, ки он дар чунин шакл ифода ёфтааст: «гапи рост гуфта, дар айни замон чизи дигареро тасдиқ ва ё рад кардан номумкин аст».

Мувофиқи таълимоти Арасту, қонунҳои мантиқӣ зотӣ ё априорӣ набуда, балки инъикоси робитаю муносибати ашёҳову ҳодисоти воқеӣ мебошанд. Хусусияти хоси мантиқи Арасту аз он иборат аст, ки ӯ тафаккурро дар алоқамандӣ бо олами моддӣ ва ашёву ҳодисаҳои он медид.

Бояд гуфт, ки Арасту дар тадқиқи усули донишҳои эҳтимолӣ, донишҳои боэътимод, таърифу исбот ва усули донишҳои дедуктивӣ хеле пеш рафта буд. Чи тавре ки Б.Ф. Асмус навиштааст:«Муқоисаи таълимоти Арасту дар бораи дониш бо таълимоти баъзе ақлгароёни (ратсионалистон) намоёни асри ХVII, масалан, Декарт, нишон медиҳад, ки дар яке аз масоили фавқулодда муҳими назарияи маърифат ва мантиқ Арасту нисбат ба файласуф ва олими машҳури франсавӣ дуртар ва рӯшантар фикр кардааст. Ин доир ба масъалаи донишҳои эҳтимолӣ буд». (В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с. 242).

Лекин бояд ёдовар шуд, ки Арасту ба масъалаҳои зиёди маърифат

ва мантиқ аз нигоҳи материалистӣ баҳо дода бошад ҳам, ба диалектикаи шаклҳои дониши ҳиссӣ ва мантиқӣ сарфаҳм нарафтааст. ӯ дар ин масъала низ дар байни материализм ва идеализм мекалавид ва умуман, назарияи маърифати Арасту, чи хеле ки Асмум В.Ф. қайд кардааст, ба мисли назарияи «шаклҳо»-и ӯ, назарияи идеализми объективӣ мебошад. (В.Ф. Асмус. Ҳамон ҷо, с. 263).

Таълимоти ахлоқии равоқиён ва Эпикур. Навафлотуния. Дар охири асри IV пеш аз милод нишонаҳои бӯҳрони сохти демократияи ғуломдории Юнон рӯшантар ба чашм мерасиданд. Болоравии бӯҳрон ба аз даст рафтани мустақилияти сиёсии як қатор шаҳрҳои юнонӣ оварда расонд. Лекин дар як империяи бузург муттаҳид намудани ин халқҳо аз тарафи Искандари Мақдунӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ- сиёсӣ ва фарҳангии ин кишвар бетаъсир намонд. Ин пеш аз ҳама дар болоравии эллинизм тасири мусбат гузошт.

Баъди марги Искандар империяи ӯ завол ёфт ва ин ба шиддат ёфтани бӯҳрон мусоидат кард, ки он дар ҳаёти маънавии ҷомеаи Юнони қадим тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Дар ин давра ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ ба вуҷуд омаданд, ки муҳимтаринашон спектитсизм ва эпикуризм ба шумор мераванд.

Скептицизм. Пайдоиш ва мавҷудияти скептитсизм ду давраро дар бар мегирад: давраи якум аз асри IV-и пеш аз милод то асри III-и пеш аз милод ва давраи дуюм аз асри I-и пеш аз милод то асри II-и милодӣ. Бояд гуфт, ки моҳияти асосии таълимоти спектикҳоро шакку шубҳа ба имконияти маърифати олами воқеӣ ташкил медод. Ин таълимот дар заминаи ғояҳои дигар пешгузаштагони фалсафа ба вуҷуд омад. Ҳанӯз дар диалектикаи соддалавҳонаи макотиби нахустини юнонӣ оид ба тағйирпазирӣ ва дар ҷараён будани ашёҳову ҳодисаҳо, оид ба нисбӣ будани маълумоти ҳисҳо ва ғайраҳо гуфта шуда буд. Чунин ақидаҳо ҳанӯз дар таълимоти элейиҳо, софистҳо ва Афлотун инкишоф ёфта буданд, лекин танҳо дар давраи эллинизм ин ғояҳо ба пайдоиши скептитсизм чун равияи махсуси фалсафӣ оварда расонд.

Асосгузори скептитсизм Пиррон (тахминан солҳои 365 – 275 пеш аз милод) ба шумор меравад. Мувофиқи ақидаи ӯ, файласуф шахсе мебошад, ки ба саодат майл дорад ва ашхосе, ки мехоҳанд ба саодат ноил шаванд бояд, се чизро бидонанд: 1) ашёҳо аз чӣ таркиб ёфтаанд; 2) мо (инсон) бояд ба онҳо (ашёҳо) чи хел муносибат дошта бошем; 3) аз муносибати мо ба ашёҳо чӣ манфиат ҳосил мешавад. Файласуф таъкид мекунад, ки доир ба саволи якум мо чизе гуфта наметавонем, зеро ки мо нисбат ба ягон ашё ҳукм бароварда наметавонем, ки он аз чӣ таркиб ёфта ва моҳияти онро чӣ ташкил мекунад. Бинобар ин, ҳеҷ як усули маърифатро мо гуфта наметавонем, ки он ҳақиқӣ аст ё ки дурӯғ. Чунки дар муқобили ҳама гуна тасдиқ боз фикри мухолифе қарор дорад, ки он аввалиро инкор мекунад.

Азбаски дар бораи ашёҳо ҳукми дақиқ баровардан ғайриимкон аст, Пиррон ҳангоми ба саволи дуюм ҷавоб додан ба хулосае меояд, ки усули асосии фалсафии муносибат ба ашёҳо худдорӣ кардан аз муҳокимаи онҳо мебошад. Инро ба он маъние фаҳмидан лозим нест, ки гӯё ҳеҷ чизе саҳеҳ ва амиқ вуҷуд надошта бошад, — таъкид мекунад Пиррон. Ба ақидаи ӯ, идроки ҳиссӣ ва тасаввуроти мо, бешубҳа, дурустанд, лекин саргумии мо маҳз ҳангоми муҳокима рух медиҳад, ки ҳар муҳокимакунанда ақидаи худро доир ба ин ё он ашё ҳамчун ҳақиқати воқеӣ қаламдод мекунад. Ба гуфти файласуф ҳалли масъалаи дуюм ба саволи сеюм низ пайвастагӣ дорад. Яъне он манфиате, ки бар ивази худдорӣ кардан аз ҳар гуна ҳукмҳо ҳосил мешавад, ин оромиву тамкин ба шумор меравад, ки ба қавли скептикҳо ин зинаи олии фароғат барои файласуф мебошад. Ва ҳамин скептитсизм таълим медод, ки дар ҳеҷ мавриде, аз ягон мавқеъ набояд даъвои илм ва ҳукми қатъие зоҳир кард, балки баръакс, ҳамеша ва дар ҳама чиз бояд шубҳа кард. Аз ин рӯ, Пиррон таъкид мекард, ки : «Оқил касе аст, ки ҳаргиз сухане аз худ нагӯяд ва сухане ҳам аз ғайр тасдиқ накунад ва низ оқил касе аст, ки дар муқобили ҳар гуна исбот бигӯяд: на ин асту на он». (М. Рашшод. Ҳамон ҷо, с. 386).

Лаҳзаҳои асосии фалсафаи Пиррон дар таълимоти пайравону шогирдони ӯ Тимон, Энесидем ва Секст Эмпирик инкишоф ёфтаанд.

Эпикуризм. Таълимоти фалсафии Эпикур зинаи баландтарини инкишофи материализми атомистии Юнони қадим ба шумор меравад. Эпикур соли 341 пеш аз милод дар ҷазираи Самос аз оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. ӯ дар назди яке аз шогирдони Демокрит Навсифон таълим гирифта, баъди чанд соли омӯзиши фалсафа ба Афина сафар мекунад. Эпикур дар канори Афина боғеро харидорӣ намуда, дар он ҷо мактаби худро таъсис дод, ки он ҳам ба монанди Академияи Афлотун ва Ликейи Арасту шӯҳрат пайдо карда, бо номи «Боғи Эпикур» муъруфият ёфт. Бояд гуфт, ки Эпикур то охири умр, яъне то соли 270 пеш аз милод дар Афина дар боғи номбурда умр ба сар бурдааст.

Вазифаи муҳимарини фалсафаро Эпикур дар ба вуҷуд овардани ахлоқ, яъне маҷмӯи рафтору кирдоре медид, ки инсонро ба сӯи саодат раҳнамудӣ кунад. Лекин бунёди ахлоқ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки инсон ҳамчун ҷузъи табиат дар он мавқеи муайян дошта бошад. Аз ин рӯ, ба ақидаи файласуф ахлоқ, қабл аз ҳама бояд ба физика, ки масъалаи инсонро низ дар бар мегирад, такя кунад ва физика бошад, дар навбати худ бояд ба таҳқиқи маърифат ва меъёри он машғул шавад.

Эпикур асосан, материализми сенсуалистиро инкишоф додааст. Ҳамаи он чӣ ки мо эҳсос мекунем, ҳақиқӣ мебошад ва ҳисҳо ҳеҷ гоҳ моро фиреб намедиҳанд, — таъкид мекард ӯ. Бар хилофи Демокрит Эпикур дарки эҳсосотро дуюмдараҷа ва барои илм бегона ҳисоб намекард. ӯ фаъолияти асосии тафаккури мантиқиро дар индуксия ва умумиятдиҳӣ медид. Агар идрок меъёри ягонаи ҳаққоният бошад, — таъкид мекунад файласуф, он барои хулосабарорӣ доир ба чунин ашёҳое, ки мо бевосита дарк карда наметавонем, низ бояд меъёри асосӣ ҳисоб шавад, то ин ки миёни хулоса ва маълумотҳои идрок тазоди мантиқӣ ба вуҷуд наояд. Аз ин рӯ, Эпикур асоси мантиқӣ доштани фикрро шарти муҳими ҳақиқат шуморидааст.

Эпикур ғайр аз олами ҷисмонӣ олами дигареро эътироф намекард. Мувофиқи таълимоти ӯ, тамоми мавҷудот аз атом, яъне аз заррачаҳои хурди тақсимнашаванда иборатанд. ӯ лаҳзаҳои асосии таълимоти Демокритро қабул намуда, кӯшиш намудаст исбот кунад, ки эътирофи сабаби зарурӣ доштани ҳамаи ҳодисоти табиат набояд ба маҳдуд кардани озодии инсон бурда расонад. Дар чорчӯбаи зарурат бояд, ки масъалаи озодӣ низ ба эътибор гирифта шавад. Эпикур таълимоти Демокритро такмил додааст. Мувофиқи таълимоти Демокрит, ҳаракати атомҳо дар хало ба таври механикӣ аз рӯи зарурате, ки манбаи он номаълум буд, сурат мегирифтанд. Эпикур бошад, муайян намуд, ки ҳаракат ин натиҷаи хосиятҳои дохилии атом, яъне вазн доштани онҳо мебошад. Ба ақидаи Эпикур атомҳо танҳо дорои ҳаракати ростхата набуда, балки метавонанд аз хатти рост бароянд ва каҷхата низ ҳаракат кунанд. Эпикур мавҷудият ва ҳаракати атомҳоро азалию абадӣ шуморида, мавҷудияти халоро эътироф мекард. Ба гуфти ӯ, агар хало вуҷуд надошта бошад, ҳаракату ҷойивазкунии атомҳо имконнопазир мегардад.

Назарияи ахлоқии Эпикур асосан, зидди хурофоти динӣ, ки ба ақидаи ӯ эътибори инсонро паст мекунад, равона шуда буд. ӯ сарнавиштро инкор намуда, худоёнро ҳамчун офаридгор ва ҳамчун идоракунандаи олами кул эътироф намекард. Файласуф меъёри ягонаи саодатро дар ҳаловат ва хушиҳои дунё медид ва барои мушарраф шудан ба он бартараф намудани ҳама гуна монеаҳо, яъне тарсу ҳарос аз дахолати худо ба ҳаёти инсон, тарсу ҳарос дар назди марг ва зиндагии охиратро зарур мешуморад. Эпикур беасос будани ҳамаи ин тасаввуротро исбот намуда, таъкид мекард, ки раҳо ёфтан аз зери фишори тарсу ҳарос ин роҳест ба сӯи саодату хушбахтӣ.

Файласуф лаззатҳои дунёиро ба се гурӯҳ ҷудо кардааст: 1) табиӣ ва барои зиндагӣ зарур; 2) табиӣ, лекин барои зиндагӣ нозарур; 3) ғайритабиӣ ва барои зиндагӣ нозарур. ӯ фақат ба гурӯҳи якум майл дошта, аз боқимодааш худдорӣ мекард. Натиҷаи чунин худдорӣ кардан ва дурӣ ҷустан, ин оромӣ ва фароғати том мебошад, ки аз нигоҳи Эпикур саодати файласуф маҳз ҳамин ба шумор меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки таълимоти Эпикур мактаби охирини материалистии Юнони қадим ба шумор меравад. Мутафаккирони минбаъда ба таълимот, афкор, хислат ва тарзи зисти Эпикур баҳои баланд дода, онро ниҳоят гиромӣ медоштанд.

Навафлотуния. Макотиби фалсафии ин давра, аз ҷумла таълимоти Эпикур ва равоқиён, ки то асри III дар империяи Рим ба таври васеъ паҳн гардида буданд, ба истиснои таълимоти Афлотун, баъди шикасти империя пурра аз миён рафтанд. Ғояҳои ирфонии пайравони файласуф ва риёзидони Юнони Қадим Пифагор, баъзе ғояҳои Арасту ва дигар афкори фалсафиро дар худ гирифта, ин мактаб дар давраи охири фалсафаи атиқӣ бо номи навафлотуния ворид гардид. Намояндаи асосии ин таълимот Плотин (204-269) ба шумор меравад. ӯ зодаи Ликопол (Миср) буда, дар бистуҳаштсолагӣ ба Искандария рафт ва дар тӯли 11 сол дар ин ҷо, дар назди асосгузори мактаби навафлотуния Аммониус Саккаси таълим гирифт. Плотин бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан ба таълимоти   ирфонии Шарқ дар юришҳои императори Рим Гардиан ба сарзамини Форс ширкат варзида, дар он ҷо бо паҳлавиён, пайравони макотиби Монию Маздак ва афкори зардуштиён ошноӣ пайдо намуд. Пас аз кушта шудани императори Рим аз ҷониби эрониён ҳамроҳи артиши шикастхӯрдаи римиён раҳсипори Рим гардид ва дар он ҷо сукунат ихтиёр кард. ӯ дар ин ҷо баъди муддате ба таълими фалсафа машғул гардида, шогирдони зиёде пайдо намуд ва маъруфияти он то ҷое расид, ки бо император Галиенус дӯстӣ пайдо кард. Пас вафоти император ӯ дар гӯшаи замини шогирдаш Компаниа мактаберо таъсис дод, ки он дар пайравӣ аз фарзияи Афлотун оид ба мадинаи фозила асос ёфта буд. Плотин бо таъсиси ин мактаб мехост ғояҳои Афлотунро оид ба ҷумҳурӣ аз марҳалаи тахайюл ба марҳалаи озмоиш ворид созад, вале умри файласуф барои амалӣ намудани он кифоят накард ва соли 269 фавтид. ӯ марди нексиришту хушахлоқ ва хоксору шикастанафс буда, дунёро ҳақир мешуморид. Маҳз ҳамин фазилатҳояш мунъакиси осору афкор ва таълимоти фалсафии ӯ гардиданд.

Плотин дар ибтидо танҳо ба таълим ва тарғиби шифоҳии ақоиди худ иктифо мекард. Вале баъдан бо хоҳиши шогирдон ба таълифи афкори фалсафии худ шурӯъ намуд. Тибқи маълумоти муҳаққиқон ӯ осори фалсафии худро дар панҷоҳу чаҳор рисола таълиф сохта буд. Шогирд ва муҳаррири асарҳои Плотин Порфирий баъди вафоти устодаш рисолаҳои ӯро тарзе ҷобаҷо намуд, ки он аз шаш боб таркиб ёфта, масоили ахлоқ, табииёт, илоҳиёт, илми нафс, ақл ва ваҳдатро дар бар мегирифтанд.

Ба ақидаи файласуф, асли вуҷуд ва он Воҳид (офаридгор) як буда, ӯ асли коинот аст ва ақли инсонӣ аз дарку эҳсоси моҳияти ӯ оҷиз мебошад. ӯ масдари кулл аст, воҳидест якто, вале на бо адад, балки бо ваҳдаташ мутлақ аз теъдоду миқдор ва таркибу тақсим ба тамоми неку бади башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, наметавон ӯро бо сифатҳои зебоӣ, доноӣ ё бузургӣ васф намуд, зеро ҳамаи онҳо айни зоти ӯ ҳастанд ва ӯ айни онҳост.

Аз нигоҳи файласуф, ӯ вуҷуд аст, вале на вуҷуде, ки дастраси ҳиссу ақли башарӣ бошад. Мушоҳида ва идроки ӯ фақат ба ақлҳое имконпазир аст, ки бо сайру сулук ба дараҷаи малакутӣ расидаанд.

ӯ офарандаи ҳамаи мавҷудот аст, вале онҳоро аз рӯи майлу ирода интихобан наофаридааст, балки онҳо аз вуҷуди файзи Он зуҳур намудаанд, чунон ки хуршед бидуни майлу ирода нур мепошад ва бо нури худ оламро мунаввар месозад.

Тибқи таъкиди файласуф, қисмати аввалине, ки аз файзи ӯ ҷудо гардид, ақли кулл мебошад. Ақли кулл, ки файзи аввал аст, нафсро падид овард ва нафс дар дарку донистани ҳаводиси олам ба таҳлилу таҷзия мӯҳтоҷ аст ва ақл чароғи раҳнамои дарки олами кулл мебошад.

Нафси кулл файзи дуввум буда, ба ҷисм ворид мегардад, ба он ҳаёту ҳаракат мебахшад ва нафсҳои ҷузъиву алоҳидаро падид меорад. Ин нафсҳо дар танҳоӣ вуҷуди алоҳида бошанд низ, вале бо нафси кулл муттаҳиданд.

Аз нигоҳи Плотин, олам аз ду қисм иборат аст, яке олами лоҳут ва дигаре олами носутанд, яъне ончи ки дар боло қарор гирифта ва ончи ки дар поён қарор дорад. Худо бо ақли кулл ва нафси кулл дар олами лоҳут, яъне олами улвиву нафсҳои ҷузъӣ ва ҷисмҳо дар олами носут, яъне дар олами зери Қамар сукунат доранд.

Сокинони олами лоҳут, яъне Худо, ақли кулл ва нафси кулл се зоте мебошанд, ки дар ҳолати касрати теъдод воҳид ва дар айни ваҳдат бисёранд.

Ба ақидаи файласуф, пайвастшавии ақли кулл ба Худо тавассути ақл ва пайвастшавии нафсҳои ҷисмонӣ ба олами лоҳут тавассути нафси кулл сурат мегирад. Ҳамин тариқ, тамоми мавҷудот ба Худо пайвастагӣ дошта, ба зоти кибриёии ӯ муттаҳиданд.

Тибқи таълимоти Плотин, нафси инсонӣ, ки аз олами лоҳут ба носут омадааст, дар ин ҷо ба зиштиҳову палидиҳо олуда мегардад. Он ҳар қадар, ки ба модда майлу наздикӣ пайдо кунад, ҳамон қадар дучори сифлагӣ ва таназзул хоҳад гашт. Барои ин бояд ботадриҷ худро аз олоишоти дунявӣ ва шаҳватҳои фиребандаи он раҳо созад, вуҷуди худро аз наҷосатҳо пок созад ва бо ин васила марҳалаҳоеро, ки барои бозгашт ба олами лоҳут ва расидан ба висоли мабдаи нахустин вуҷуд доранд, тай намояд.

Ба ақидаи ӯ, дар ин сайру сулук нахустин марҳала ҳунар мебошад ва ин ҳунар иборат аст аз садоқату дурустӣ ва покии ботин. Марҳалаи дуввум марҳалаи ишқ аст, аммо ишқ на ба зебоиҳои дунявӣ, балки ишқ ба камолу зебоии рӯҳонӣ равона шудааст. Инсон дар паси зебоиҳои зоҳирӣ бояд зебоиҳои рӯҳониро ҷӯяд ва дар ин марҳала чашми сарро баста, чашми дилро ҳатман кушояд ва бо ин васила роҳи пайвастшавиро ба Зоти олӣ боз намояд.

Ҳамин аст мӯҳтавои мухтасари ҳикмати навафлотуниён, ки он марҳалаи охири фалсафаи аҳди бостон буда, қисмате аз афкори фалсафии Афлотуну Арасту ва дигар файласуфони Юнони Қадимро бо ақоиди мутасаввифони Шарқ омезиш дод ва таълимоти наверо ба вуҷуд овард. Ин таълимот зиёда аз се қарн дар Шарқу Ғарб густариш ёфта, пайравони зиёде пайдо намуд. Навафлотуния ба фалсафаи насронӣ, фалсафаи давраи Эҳё, Замони Нав ва хусусан, ба ҳикмати тасаввуфии асримиёнагии форсу тоҷик таъсири бузургу файзбахше расонидааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Адабиёт

 

  1. Аникеев Н.П. О материалистических традициях в индийской фи-

лософии. -М., 1965.

  1. Античная цивилизация. -М., 1973.
  2. Античные риторики. -М., 1978.
  3. Аристотель. Соч. в 4 — х т. Т. 1-2. -М., 1975 – 1978.
  4. Асмус Б.Ф. История античной философии. -М., 1967.
  5. Бонгард-Левин Г. М. Древнеиндийская цивилизация, философия,

наука, религия. -М., 1980.

  1. Брихадараньяка. Упанишада. -М., 1964.
  2. Буддизм: История и культура. -М., 1989.
  3. Васильев А.С. История религий Востока. -М., 1988.
  4. Васильев А.С. Культуры, религии, традиции в Китае. -М., 1970.
  5. Гусева И.Р. Джайнизм. -М., 1968.
  6. Гостеева Е.И. Философия вайшешика. -Ташкент, 1963.
  7. Гуляев А.Д. Лекции по истории древней философии.    -Казань,

1945.

  1. Гердер И.Г. Идеи к философии истории человечества. -М., 1977.

 

  1. Индийская культура и буддизм. -М., 1972.
  2. История китайской философии // Под. ред. М. Л. Титаренко. М.,

1989.

  1. Крамер С. История начинается в Шумере.   Пер. с англ.  -М.,

1965.

  1. Кессиди. Сократ. -М., 1976.
  2. Кочетов А.Н. Буддизм. -М., 1965.
  3. Комрова В.Я. Становление  философского  материализма   в

Древней Греции. -Л., 1975.

  1. Краткий очерк история философии //Под ред. Иовчук М.Т.,

Ойзерман Т.И., Щипанова И.Я. -М., 1975.

  1. Кун Н.А. Легенды и мифы древней Греции. -Душанбе, 1988.
  2. Лосев А.Ф. Античная философия истории. -М., 1977.
  3. Лурье С.Я. Демокрит. -М. – Л., 1937.
  4. Ленин В.И. Философские тетради. Полн. собр. соч., т. 29.
  5. Маркс К. Различие между натурфилософией Демокрита и

натурфилософией Эпикура. Маркс К., Энгельс Ф. Из ранных

произведений. -М., 1956.

  1. Маркс К. Тетради по истории эпикурейской, стоической и

скептической философии. Маркс К., Энгельс Ф. Из ранных

произведений. -М., 1956.

  1. Рашшод М. Фалсафа аз оғози таърих. -Душанбе, 1990.
  2. Меҳрин М. Фалсафаи Шарқ. «Тоҷикистони Шӯравӣ», 1993. № 257 –

298.

  1. Мифология древнего мира // Пер. с англ. -М., 1977.
  2. Маковельский А.О. Древнегреческие атомисты. -Баку, 1946.
  3. Никольский Н. Культура Древней Вавилоний. -М., 1959.
  4. Новицкий О. Постепенное развитие древних философских уче-

ний в связи с развитием языческих верований. -Киев, 1960.

  1. Нарсеянц В.С. Сократ. -М., 1977.
  2. Очеркҳои таърихи фалсафа //Муҳ. масъул  Н. Қулматов.

-Душанбе, 1982.

  1. Петров А.А. Ван Чун древнекитайский материалист и просве-

титель. -М., 1954.

  1. Платон. Сочинения в 3-х т. -М., 1968-1972.
  2. Платон и его эпоха. -М., 1979.
  3. Покровский З.А. Античный философский эпос. М., 1979.
  4. Рожанский Н.Д. Анаксагор. -М., 1972.
  5. Соколов В.В. Античная философия. -М. , 1958.
  6. Тайлор Э.Б. Первобытная культура. -М., 1989.
  7. Токарев С.А. Религии в истории народов мира. -М., 1976.
  8. Чанышев А.И. Начало философии. -М., 1982.
  9. Чанышев А.И. Курс лекции по древней философии. -М., 1981.
  10. Чернышев Б. Софисты. -М., 1929.

47. Ченкинс Н. Ладья под пирамидой. -М., 1986.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *