Фалсафи тоҷику форс дар аҳди қадим ва асрҳои миёна — Донишхона

Фалсафи тоҷику форс дар аҳди қадим ва асрҳои миёна

Тавcифи умумии таърихи фалсафаи тоҷик: Фалсафаи тоҷику форс ва қавмҳои ҳамасли онҳо дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола мебошанд. Нахустин мактабҳои фалсафии онон — ҳикмати хусравонӣ, фалсафаи муғон, зурвония ва машшоияи даврони сосонианд, ки дар аҳди бостон ва ибтидои асрҳои миёна роиҷ буданд. Ақоиди зардуштия, монавия ва маздакия, ки дар он даврон ривоҷи тоза доштанд, саршор аз маъниҳои фалсафӣ буданд.

Фалсафаи тоҷику форс ва қавмҳои ҳамасли онҳо махсусан дар қарнҳои 1Х-Х -и мeлодӣ, яъне дар айёми таҳкими ҷомеаи феодалӣ ва рушди он такомули бештар касб намуд, зеро феодализм нисбат ба ғуломдорӣ низоми рушдёфтатар буда, ҷиҳати густариши нерӯҳои тавлидотӣ ва ҳаёти моддию маънавӣ шароити мусоидтар фароҳам меоварад. Дар натиҷаи пешрафти ҷомеа ва таҳаввули он бинобар талаботу ниёзҳои навини мафкуравии ҳаёт дар фалсафаи асрҳои Х-ХV-и мелодӣ тағйироти куллӣ ба  миён омад: (1) баъзе мактабҳои пешини фалсафӣ ва фалсафӣ-динӣ — фалсафаи муғон, зардуштия, монавия ва маздакия аз байн рафтанд; (2) қисме аз мактабҳои фалсафӣ тағйири мавзӯъ ва масоил карда, шакл ва мазмуни тоза пазируфтанд, ба таври мисол зурвонияи материалистӣ ба сурат ва сирати даҳрия ва фалсафаи асҳоби ҳаюло даромаданд, мактаби машшоияи сосонӣ бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравии давраи ҷадиди таърихӣ дар таснифоти Абӯнасри Форобӣ ва Ибни Сино ҷилва ва бозтоби тоза касб намуд; (3) як силсила мактабҳои навини фалсафӣ — динӣ арзи вуҷуд намуд, ки калом, тасаввуф, исмоилия ва ҳикмати ишроқ, аз ҷумлаи машҳуртарини онҳо аст. Омӯзиши таърихи фалсафаи тоҷик нишон медиҳад, ки тайи асрҳои Х-ХУ-и мелодӣ даҳрия, фалсафаи асҳоби ҳаюло, машшоия, калом, тасаввуф, исмоилия, Ихвон-ус-сафо, ҳикмати ишроқ, ҳикмати мутаолия муҳимтарин мактабҳои бонуфузи фалсафӣ ва фалсафӣ-мазҳабӣ будаанд.

Фалсафаи   тоҷику   форс ва   қавмҳои   ҳамтабори   онҳо   баъд аз   асрҳои -Х-ХV низ   вусъате  доштааст.   Ибтикороти   ба ҳам   омехтани   усули   низомҳои   фалсафии   гуногун   ва тадвини     як фалсафаи пайвастаю дарҳамрафта   беш аз пеш ривоҷ гирифтааст. Тамоили мазкурро дар фалсафаи Мирдомод, Ҳодии   Сабзаворӣ   ва   махсусан  дар   осори Садриддини Шерозӣ (Мулло Садро) ба возеҳӣ метавон мушоҳида намуд. Садриддини Шерозӣ бунёдгузори низоми фалсафии хоссаест, ки дар он ҳикмати баҳсия ва ҳикмати кашфия ба таври фавқулодда омезиш ёфтааст. Нимаи дуюми асри ХIХ дар афкори иҷтимоии Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон мактаби фалсафии маорифпарварӣ ё равшангарӣ ба вуҷуд омад, ки ин низ далели он аст, ки фалсафаи тоҷику форс ва ақвоми ҳамтабори онҳо баъд аз асри XV низ инкишоф ва такомул доштааст.

Бояд таъкид кард, ки такомули пурвусъати фалсафаи тоҷику форс ба таъсири равобити мутақобилаи он бо афкори фалсафии халқҳои мутамаддини ҷаҳон сурат гирифтааст. Дар аҳди бостон ва ибтидои асрҳои миёна фалсафаи тоҷику форс бо афкори фалсафии ҳиндустон, Хитой ва Юнон дар робитаи қавӣ қарор дошт ва таърих гӯвоҳи бисёр далелҳои таъсири мутақобилаи онҳост. Баъд аз истилои арабҳо ва истиқрори ислом миёни тамаддуни маънавии тоҷик ва форс, аз як ҷониб, тамаддуни арабҳо, аз ҷониби дигар, равобити бисёр фишурда барқарор гардид, ки он мазмун ва тарзи тафаккури фалсафиро барои чандин асри баъдӣ таъин намуд. Аз нимаи дуюми асри XIX ва баъд такомули афкори фалсафии тоҷик таҳти таъсири фарҳанги мутараққии демократӣ ва инқилобии рус сурат гирифт. Яке аз заминаҳои дар нимаи дуюми асри XIX пайдо шудани мактаби маорифпарварии тоҷик маҳз таъсири самарабахши фарҳанги мутараққӣ ва демократии рус ба афкори фалсафӣ ва иҷтимоии тоҷик буд.

Омӯзиши муфассали фалсафаи тоҷику форс шарҳи ҳамаҷонибаи макотибу назариёти   гуногуни фалсафӣ ва фалсафӣ-мазҳабӣ, таҳқиқи қонунҳои такомулу ташхиси хусусиятҳои инкишофи онро ҳатмӣ менамояд. Вале дар ин мавзӯъ кӯшиш   ба харҷ додем, ки роҷеъ ба муҳимтарин мактабҳои фалсафии тоҷик аз аҳди қадим то давраи камолоти онҳо ва мӯҳтавою хусусиятҳои хоси онҳо маълумот диҳем.

Фалсафаи тоҷик дар аҳди бостон

Ҳикмати хусравонӣ – ҷаҳоншиносии қавмҳои ориёиро гӯянд, ки аз оини Маздоясно то замони зуҳури зардуштиро дар бар мегирад. Дар адабиётҳои таърихиву фалсафӣ ҳикмати хусравонӣ бо унвонҳои ҳикмати каёниён, ҳикмати пешдодиён, ҳикмати ориёниён ва ҳикмати шоҳзодагон низ ба чашм мерасад. Ин ҷаҳонбинӣ,пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба дониш ва маърифатро тараннум ва тарғиб менамояд. Калимаи маздо аз ду қисмат- маз ва до иборат буда, маз маънои бузург ва до маънои донишро дорад. Яъне бузургманишӣ ва бузургдошти донишу маърифат. Донишу маърифат сухани воло ва андешаи созандаро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин аст, ки дар ҳикмати хусравонӣ қадри сухан бо зар ва гоҳо аз он ҳам баландтар будааст. Сухан аввалмояи ҷаҳони моддиву маънавист, ки кулли ҷузъиёти олами воқеиро маънии инсонӣ медиҳад. Ин андешаҳои воло боиси пайдо гаштани таълимотҳои оламшумули зардуштияву монавия ва маздакия гардиданд.

3ардуштия — ақоиди динӣ-фалсафист, ки асосгузораш Зардушт мебошад. Осораш «Авесто» аст, ки иборат аз панҷ китоб: «Ясно» — роҷеъ ба масоили шаръия ва давраҳо буда, «Готҳо» (сурудҳо)-ро низ фаро мегирад, «Виспарад» — маҷмӯаи намозҳо ва матнҳои маросимӣ, «Яштҳо» — ситоишу ниёиши Аҳурамаздо, «Вандидод» — қонуни зидди девҳо, ки дар хусуси масъалаҳои беҳдошт ва аҳкоми ҳуқуқӣ баҳс менамояд ва «Хурд-Авесто» дар бораи дуоҳову намозҳост.

Зардуштия яке аз нахустин мактабҳои фалсафаи бостонии мардуми тоҷику форс ҳисоб мешавад. Хусусияти умдаи ин ҷаҳонбинӣ аз ин иборат аст, ки он на танҳо масоили ҳикмати амалӣ, балки масъалаҳои ҳикмати назарӣ-ҳастишиносию маърифатшиносиро ҳам фаро мегирад ва тарҳи масъаларо аз диди ахлоқ арзёбӣ мекунад, нуру зулматро ду ҷавҳари баробари ҳастӣ медонад. Бинобар ин, дутопарастиро метавон аз хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинии ин мактаби динӣ-фалсафӣ донист. Вале бо гузашти замон, ҷаҳонбинии дутопарастии зардуштия ба ҷаҳонбинии яктопарастӣ табдил шудааст.

Масъалаи ҳастишиносию аслияти он аз масъалаҳои марказии фалсафаи зардуштия мебошад. Тибқи ин таълимот, оламро ду мабдаи ҳастӣ аст. Чунончи, дар китоби «Ясно» омадааст: Дар ибтидо ду ҷавҳар вуҷуд дошт, ки дар пиндор, гуфтор ва рафтори хайр ва шарр зидди якдигар буданд. Чун ин ду ҷавҳар тамос гирифтанд, аз ҷавҳари аввал бинои пуршукӯҳи ҳастӣ падид омад ва аз ҷавҳари дуюм маскани зулмати нестӣ оғоз ёфт. Ва ҳар яке аз ин ҷавоҳир одамонро ба дин ва парастиши Худо даъват мекард.

Мазмуни овардашуда далолат бар он мекунад, ки зардуштияи ибтидоӣ ҷаҳонбинии дутопарастист, ки он аз дутопарастии мазҳаби қадимии Маздаясно маншаи ғоявӣ мегирад. Дутопарастии зардуштияи ибтидоӣ решаҳои амиқи маърифатӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки он, пеш аз ҳама, натиҷаи маърифат намудани ихтилофҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ҳамин қабил зиддиятҳо (масалан, байни ахлоқи ҳамида ва ахлоқи замима, миёни пиндори нек ва пиндори зишт) барои ташаккул ва вусъати ҷаҳонбинии дутопарастӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Умуман, дутопарастии зардуштияи ибтидоӣ аз тафаккури интихоб байни хайр ва шарр, Аҳуромаздо ва Аҳриман, пиндори нек ва зишт, гуфтори нек ва зишт, рафтори нек ва зишт саршор аст.

Масъалаи дигаре, ки дар фалсафаи зардуштия мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифтааст, масъалаи инсону мақоми ӯ, муқаррар намудани ҳуқуқи одилона дар нисбати вай мебошад. Мувофиқи зардуштия, олам майдони рамзи Аҳуромаздо ва Аҳриман, хайр ва шарр аст. Дар ин рамз инсон, ки махлуқи Аҳуромаздост, бояд майли ӯ дошта бошад, то дар олам хайр ва адл пойдор шавад.

Тибқи ақидаи Зардушт, таркиби инсонро ду унсур ё мабдаъ ташкил додааст. Яке мабдаи моддӣ ва дигаре мабдаи рӯҳонӣ ё осмонӣ. Мабдаи моддӣ қисми инсонро ташкил медиҳад, ки чун аз ин рӯҳ хориҷ гашт, ба як мурдор ё ба чизи нодаркоре мубаддал мешавад. Мабдаи рӯҳонӣ ё осмонии он бошад, ҷон ва ё рӯҳ аст, ки аз ҷониби Аҳурамаздо офарида шудааст ва дар ниҳояти кор ба сӯи ӯ равона хоҳад шуд.

Зардуштия инсонро дар содир кардани аъмол комилан соҳибихтиёр медонад. Вай аз рӯи ихтиёри худ дар набарди байни Аҳуромаздо ва Аҳриман, хайр ва шарр, нур ва зулмат ширкат меварзад. Дар ин набард, ҷониби Аҳуромаздо хайр — ростиро интихоб карда, барои аъмоли худ масъулиятро бар дӯш мегирад. Маҳз ба сабаби дар ҷониби Аҳуромаздо қарор гирифтани инсон пирӯзии Аҳурамаздо бар Аҳриман, нур бар зулмат, хайр бар шарр таъмин мегардад.

Умдатарин масъалае, ки дар таълимоти Зардушт ҳамаҷониба арзёбӣ гардидааст, тавзеҳи фалсафаи амалӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин паҳлӯи фалсафиаш Зардушт кӯшидааст, ба мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ равшанӣ андозад. Фалсафаи амалии вай аз ҳидоят ба ахлоқи ҳамидаву ҳасана, ки ба гуфтору пиндор ва рафтори нек асос ёфтааст, сар шуда, то масоили бунёди оилаи солеха, кишоварзию ободонии олам ва истиқрори ҷомеаи адолатпеша ва ғайра доман паҳн кардааст.

Кишоварзию чорводорӣ, ки дар таълимоти зардуштия мартабаи хеле баланд дорад, аз шарифтарин машғулиятҳо дониста шудааст. Хушбахтии одамон аз кишоварзию муқаддас доштани замин вобаста аст. Ба ақидаи Зардушт, ҳосилхез гардонидани замин ба даҳ ҳазор дуохонӣ ва сад қурбонӣ баробар аст. Парвариши чорвои нафърасонро низ аз аъмоли неки инсонӣ медонад.

Бунёди оилаи солеҳа дар таълимоти зардуштия қавӣ   таъкид ёфтааст. Тибқи ин ақоид, занон бо мардон ҳуқуқи   баробар доранд. Аз ин   рӯ,   истиқрори   оила   низ   бо   ризоияти   баробару тарафайни зану мард бояд сурат гирад. Ҳар мард як зан дошта метавонад. Танҳо дар ҳолати безурётӣ бо ризоияти зан мард метавонист аз нав хонадор шавад. Никоҳ бе ризоияти тарафайн гуноҳи афвнопазир дониста мешавад.

Муқаррар сохтани низоми ҷомеаи адолатпеша аз муждаву ормонҳои ҳамешагӣ ва ниҳоии Зардушт ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Зардушт ақида дошт, ки ҷилави ҳукумат ба дасти шаҳриёре дода шавад, ки одилу оқил бошад ва ба василаи сифатҳои пок ва ахлоқи ҳамидаву ҳасанаи худ мардумро ба рифоҳияту ҳамоҳангӣ ва салоҳияту мурувватпешагии доимӣ таъмин намуда тавонад.

Нақши таълимоти фалсафии зардуштия дар рушду ривоҷи мактабҳои фалсафии минбаъдаи тоҷику форс -монавия, маздакия ва ҳамчунин ҳикмати ишроқ беҳамто бузург аст.

Зурвония. Зурвон дар Авесто-zrvana, дар забони паҳлавӣ- zurvana маънии замонро далолат менамояд. Дар Авесто Зурвон исми Худои марг ва нигаҳбони роҳи пули Сирот мебошад. Зурвония мабдаи тамоми ҳастиро зурвони беканора — замони беканора, ҷавҳари ба асли зоти худ пойдор медонад. Замон ба шакли низом ва қонуни табиӣ дар тамоми ҳастӣ таъсири қавӣ дорад. Аз ин зурвони беканора зурвони беканораи ҷаҳони моддӣ пайдо шудааст. Худи олами моддӣ, моддаи нахустин, ҳаюлои нахустин ё моддае аст, ки тамоми мавҷудот аз он падид омадааст. Аз ин моддаи нахустин, аввал сурати нахустин ё унсурҳои чоргона — оташ, бод, об ва хок пайдо шудааст. Дар «Бундаҳишн» омадааст: Аз рӯшноии беканор оташ ва аз оташ бод ва аз бод об ва аз об хок ба вуҷуд омадааст. Сипас, аз моддаи нахустин табоеъи чоргона (хушкӣ, гармӣ, тарӣ, сардӣ) ё сурати дуюм ва дар анҷом сурати сеюм — яъне зиндагии олӣ (узвӣ)-ҷонварон ва инсон қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштанд. ҷаҳоне, ки аз моддаи нахуст фароҳам омадааст, баъди дувоздаҳ ҳазор соли кайҳонӣ пора-пора шуда, ба сурати ғояти (ниҳояти) худ табдил меёбад ва ин дигаргунии навини он ба Зурвони беканора аст. Аз ин гуфтаҳо метавон натиҷа гирифт, ки яке аз нуқтаҳои умдаи назариёти зурвониён эътирофи ҷабр ва қонунияти табиӣ аст. Зеро назариёте, ки ҳастии Худоро инкор мекунад, ногузир ба ради сарнавишти илоҳӣ ва эътирофи қонуният мерасад.

Эътирофи зурвони беканора аз он дарак медиҳад, ки зурвониён ба азалӣ ва абадӣ будани замон ва модда эътиқод доштаанд ва собит мекарданд, ки замон на дар гузашта оғозе, дар оянда анҷоме надорад.

Азбаски зурвониён зурвони бекаронаро мояи ҳастӣ   ва ҷавҳару   тӯъмаи моддаи   нахустин   медонистанд,   бинобар ин ба азалият ва абадияти моддаи нахустин эътимоди комил доштанд. Эътирофи азалият ва абадияти моддаи нахустин нуқтаи муҳими озодандешии зурвонӣ аст.

Зурвония тарафдорони назарияи ҷавҳарияти замон буданд, зеро зурвонро ҷавҳари пойдор ва устувор ба сари худ медонистанд.

Онҳо моддаро аз рӯи мартаба ва ҳам аз рӯи замон бар сурат муқаддам медонистанд. Моддаи нахустин, ба қавли зурвониён, сурати муайяне надошта, зимни пойдор шудани унсурҳои чоргона, табоеъи чоргона ва нафс суратҳои мушаххасе касб кардаанд. Зурвониён моддаи нахустро азалӣ ва абадӣ медонистанд. Кайҳон, ки аз моддаи нахуст таркиб меёбад, азалӣ ва абадӣ нест. Вай баъди дувоздаҳ ҳазор соли кайҳонӣ бархоста, ба асли мояи худ, яъне моддаи нахуст бархоҳад гашт. Ин нуктаи назариёти зурвониён талаб менамояд бигӯем, ки бархостани кайҳон барои онҳо бенишоншавӣ нест, балки фақат баргаштан ба сӯи мояи аслии худ аст.

 

Монавия — таълимоти мазҳабӣ-ахлоқӣ ва фалсафиест, ки дар қарни сеюми мелодӣ ба миён омадааст ва аз кишвари паҳновари ҳиндустон то императории Рум доман паҳн кардааст. Муассиси вай Монӣ аст ва бинобар ин бо унвони монавия маъруф аст.

Масъалаи илоҳию роҳҳои васл ба он яке аз марказитарин масоили ҳикмати Монӣ ҳисоб мешавад. Мувофиқи таълимоти вай, ҳикмати илоҳӣ он аст, ки сари чанд вақт расулони Яздон барои тарғиби паёмҳои навини худоҳо ба замин фурӯд меоянд. Ҳамин тавр, ба ақидаи Монӣ, Буддо дар ҳиндустон, Зардушт дар Эронзамин ва Исои Масеҳ дар ғарб пайиҳам ворид гардида, аз розу ниёзи илоҳӣ башорат додаанд. Ва инак, ман, -мегӯяд Монӣ, -ба кишвари Бобул омадам, то аз ҳақиқати илоҳӣ хабар диҳам.

Ҷавҳари ҳикмати илоҳии монавияро таълимот роҷеъ ба ду сарманшаъ ва се марҳилаи ҳастӣ ташкил медиҳад. Ду сарманшаи ҳастӣ нур аз зулматанд. Нур холиқи хайр ва зулмат офаридгори шарр аст. Тибқи таълимоти монавия, оламро ду асли абадӣ -нур ва зулмат идора мекунад. Онҳо ду холиқанд-холиқи хайр ва шарр. Нур ва зулмат ҳар яке дорои хосиятҳои хос (ранг, бӯй, мазза, ламс ва самъ) ҳастанд ва ба василаи онон мешунаванд, мебинанд ва медонанд. Он чи хайр ва нек аст, махлуқи нур мебошад ва он чи шарр аст, самараи эҷоди зулмат мебошад. Ин ду сарманшаъ дар оғоз аз ҳам ҷудо буданд ва баъдан ба ҳам махлут гаштанд. Барандаи ҷовидона будани ин ду сарманшаъ он аст, ки агар танҳо   яке аз ин ду сарманшаъ ҳақиқат   дониста   шавад, пас   аз он ду   амали   мухталиф   падид намеомад. Чунончи, оташ, ки сӯзон ва гарм аст, сард кардан наметавон, ҳамчунин он чи сард мекунад, гарм кардан наметавон; шарр натиҷаи нек ба бор намеоварад. Ин ду сарманшаъ зинда ва фоиланд. Некӣ натиҷаи феъли нек, бадӣ натиҷаи феъли бад аст. Ин гуфтаҳо далолат бар онанд, ки монавия низ чун зардуштия моҳиятан ҷанбаи дутопарастӣ дорад.

Мувофиқи назарияи монавия, марҳилаҳои ҳастӣ-гузашта (мозӣ), кунун (ҳол) ва оянда (мустақбал) мебошанд. Дар марҳилаи мозӣ, ки ҳанӯз хилқат оғоз наёфта буд, олами нур ва олами зулмат аз ҳам ҷудо буданд ва ҳеҷ гуна ҳамзодӣ ба ҳамдигар надоштанд. Марҳилаи дуюм (кунун ё ҳол) давраи омезиши ду мабдаъ, яъне нур ва зулмот ба шумор меравад. Ин давра замони шурӯи муборизаҳои нуру зулмот дониста мешавад. Марҳилаи сеюм (оянда) ғалабаи пурраи нерӯҳои хайр ва рушноӣ бар торикию зулмот мебошад, ки идораи ҷаҳон пурра ба дасти қувваҳои некӣ мегузарад.

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи Монӣ қарор гирифтааст, масъалаи идрок ё худ маърифат аст. Вай мӯътақид буд, ки инсон фақат бо шарофати маърифат покии ботиниашро таъмин намуда метавонад ва ҳамчунин, он воситае аст, ки инсон ба саодату пирӯзии ҷовидонӣ комёб мегардонад.

Дар таълимоти монавия доир ба масъалаҳои ҳикмати амалӣ низ бисёр ақидаҳои ҷолиб рафтааст. ҳикмати амалии монавия бо чанд меъёру қоидаҳо устувор аст. қоидаи аввал аз ҳафт моҳият иборат аст. Чаҳор мамнӯъият ба масъалаҳои дину ахлоқ ва се манъкунӣ ба масъалаҳои феълу амал дахл дорад. Сеи охир аз манъи сухан (эҳтироз аз суханони куфр ва бидъатомез), манъи даст (даст кашидан аз амале, ки ба амри нур мухолиф бошад) ва манъи дил (ҳазар аз ҳавову ҳавас ва майлҳои зишт) иборатанд.

Монӣ бунёди оиларо ҳамчун яке аз унсурҳои таркиби иҷтимоӣ намедонист. Агар таълимоти зардуштия никоҳ ва тавлидро кори нек ҳисобад, дар монавия кори зишт дониста мешавад. Ба ақидаи монавиён, муносибатҳои ҷинсӣ ва тавлид бадтарин навъи фаҳш мебошанд.

Мувофқи ахбори баъзе сарчашмаҳо, дар таълимоти Монӣ роҷеъ ба сарзамини мусовоти (баробарии) ҳамагонӣ, ки ақидаи тахайюлии қадимии деҳқонист (гӯё ин замон дар гузашта, дар «аҳди тиллоӣ»-и башарият арзи вуҷуд намудааст), низ сухан рафтааст.

Маздакия — таълимоти динӣ — фалсафӣ ва ахлокию иҷтимоист, ки тақрибан дар қарни 1V-V-и мелодӣ пайдо шудааст. Бунёдгузори ин таълимот Маздаки Бомдод буд, бинобар ин бо унвони маздакия машҳур гардидааст.

Аз таҳлили ҷаҳонбинии Маздак бармеояд, ки фалсафаи ӯ дар ду самт –ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалӣ корбаст шудааст. ҳикмати назарии вай дар тавзеҳи масъалаҳои ҳастишиносӣ ифода ёфтааст. Мувофиқи ақидаи Маздак, нур ва зулмат ду омили асосии ҳастӣ ва офаринишанд. Нур офаридгори хайр, зулмат холиқи шарр аст. Ин ду омил ва ҷавҳар аз рӯи мақом ҳамоҳанганд. Вале тафовуташон ин аст, ки нур омил ва ҷавҳари бошуур, соҳиби эҳсос ва ирода буда, зулмат омил ва ҷавҳари бешуур ва нодон аст. Аз ин ҷиҳат, нур бар зулмат бартарӣ дорад ва пирӯзии аввалин бар дуввумин амрест азалан ногузир. Бо ин далел метавон гуфт, ки агарчи Маздак ду омил ва ҷавҳари ҳастиро қоил аст, вале таваҷҷӯҳи вай бештар на ба дутопарастӣ, балки ба ваҳдоният аст. Дар оғоз нур ва зулмат аз ҳам ҷудо буданд, сипас бо амри тасодуф ба якдигар махлут гаштанд. Аз омехташавии тасодуфии онон олами моддӣ ба вуҷуд омад, ки аз се унсур-об, оташ ва хок бино ёфтааст. Хайр ва шарре, ки дар олам вуҷуд дорад, маҳсули ҳамин се унсуранд. Хайр аз ҷузъҳои соф ва шарр аз аҷзои касиф падид омадааст. Вале ҳадафи асосии тараққӣ ва такомули ин олам озод кардани зарраҳои нур аз зиндони зулмат аст. Аммо то даме, ки олами моддӣ вуҷуд дорад, дар чаҳон шарр ва бенизомӣ вучуд хоҳад дошт ва набарди хайр ва шарр идома хоҳад кард.

Тавре ки аз ин гузориши Маздак бармеояд, усули ҷаҳонбиниаш ба назариёти Зардушт ва Монӣ басе шабеҳ аст. Вале дар айни ҳол, байни таълимоти онҳо тафовутҳои моҳиятӣ низ вуҷуд доранд. Яке аз тафовутҳои он ин аст, ки Монӣ пайдоиши оламро маҳсули амалӣ шудани нақшаҳои қаблӣ медонист, вале Маздак бар ин ақида буд, ки омехта шудани нур ва зулмат ва ба вуҷуд омадани ҷаҳон амри комилан тасодуфист. Ва таъсири ин омехташавии нур ва зулмот амри аразист, на чавҳарӣ. Озод шудани зарраҳои нур аз маҳбаси зулмат низ корест тасодуфӣ. Агар Монӣ барои нур чанд унсур -бод, оташ, ҳаво, рӯшноӣ ва обро муқаррар карда бошад, Маздак фақат се унсури нур –бод , оташ ва хокро эътироф мекард.

Бо андешаи Маздак ва пайравонаш, Худованди олами барин чун подшоҳи муқтадир   бар тахте нишаста, ба василаи чор қувва,  ки   аз ақл, шуур, ҳофиза ва шодӣ иборатанд, ҷаҳонро идора мекунад. Ин   чор   қувва ҳафт вазир доранд,   ки   дар   ботини   дувоздаҳ вуҷуди   рӯҳонӣ   дар   ҳаракатанд. Ҳар кас, ки ҳамаи ин омилҳоро дар вуҷуди худ гирд оварад, ба камолот ноил хоҳад шуд ва таҷаллии Худо дар рӯи замин хоҳад гашт. Вале барои раҳоӣ аз маҳбаси зулмат ин кофӣ нест. Барои растагории комил, инсонро зарур аст, ки фирефта ва дилбохтаи неъматҳои моддӣ нашавад ва аз ҳамаи чиз, ки ин дилбохтагӣ ва дилбастагиро вусъат медиҳад, ҳазар кунад. Дар роҳи наҷоти рӯҳ, аз маҳбаси нафс зурур аст, ки ҳаво ва ҳавас ба куллӣ саркӯб карда шаванд. Вале Маздак (бархилофи Монӣ) барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бекорӣ ва узлатнишиниро тарғиб накардааст.

Назариёти иҷтимоии Маздак нисбат ба таълимоти ҳастишиносиаш бештар ҷанбаи бозҷӯиву навпардозӣ дорад. Вай аз ҷумлаи нахустин мутафаккиронест, ки дар таърих бори аввал ақидаи дар ҷомеа муқаррар кардани моликияти ҷамъиятӣ ва баробарии иҷтимоиро бамиён гузоштааст.

Масъалаи марказие, ки дар назариёти иҷтимоии Маздак мавриди тавҷҷӯҳи хосса қарор гирифтааст, масъалаи адолату баробарии иҷтимоӣ мебошад. Мувофиқи таълимоти маздакия, неъматҳои моддиро Аҳуромаздо якнавохт дастраси мардум қарор додааст ва нобаробарӣ аз он бархост, ки касоне аз тариқи қаҳр ва ҷабр хостаанд амволи дигаронро таҳти тасарруфи худ дароваранд.

Маздак таълим медод, ки ҳамаи одамон бандагони Худоянд ва бандагони Худо баробарҳуқуқ мебошанд. Бинобар ин неъматҳои моддие, ки Худо дар рӯи замин барои онҳо офарид, бояд ба таври яксон тақсим шаванд. Вале агар дар ҷомеа ба сабабе тақсими нобаробар муқаррар шуда бошад ва ҳар гоҳ касеро амвол, занон ва ғуломон зиёда гардад, бояд ба мусовӣ байни дигарон қисмат шавад, то касеро бар дигаре бартарӣ набошад.

Шубҳае нест, ки Маздак ақидаи тақсими баробари неъматҳои моддиро аз вазъи иҷтимоии худ сарчашма дода бошад, зеро чунон ки аз манбаъҳо бармеояд, дар давраи Маздак кишвар ба як қаҳтсолии мудҳише рӯ ба рӯ шуда буд. Аз ин рӯ, метавон чунин натиҷа гирифт, ки шояд Маздак барои нигоҳ доштани камтарин оромиши иҷтимоӣ ақидаи тақсими баробари неъматҳои моддӣ ва назорати қатъӣ дар иҷроиши онро пешниҳод карда бошад.

Аз   масъалаи  мақоми   тақсимоти   баробари     неъматҳои моддию   танзими   адолати   иҷтимоӣ   тавзеҳи ҳамаҷониба   ёфтани аҳамияти оила, заношӯию хонадорӣ ҳам дар назариёти иҷтимоии Маздак хеле ҷолиб мебошад.

Назариёти иҷтимоии Маздак ҳамчун дастурамали фаъолияти амалию инқилобӣ, низомномаи баробарию додгустарӣ ва инсонпарварӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятию сиёсии минбаъдаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна нақши боризе дорад.

Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна

Даҳрия. Аксари сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва фалсафии баъди истилои араб дар хусуси даҳрия ба сифати яке аз мактабҳои фалсафии озодандешона сухан меронанд ва нуктаҳои моддии онро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳанд. Мутаассифона, аз осори худи даҳриён осори хаттие боқӣ нест ва таърих номи намояндагони онро низ маҳфуз надоштааст. Гузашта аз ин, доир ба даврони зуҳури ин мактаб ва муносибати он ба Зурвония маълумоту далелҳои эътимодбахш дар даст надорем. Фақат аз рӯи баъзе оёти қуръон боҷураътона метавон гуфт, ки ин мактаби фалсафӣ дар ибтидои зуҳури ислом ривоҷ ва нуфузи зиёд дошта, усули он ба ақидаҳои ислом мухолиф будааст. Чунончи , дар оёти 23-24-и сураи «Ал-Ҷосия» — и қуръони карим доир ба даҳрия сухан рафтааст: «(Эй Расули мо!) Менигарӣ онро, ки ҳавои нафсашро Худои худ қарор дода ва Худо ӯро дониста, гумроҳ сохта ва мӯҳр бар гӯш ва дили ӯ ниҳода ва ба чашми вай пардаи зулмат кашида. Пас ӯро баъд аз Худо дигар кӣ ҳидоят хоҳад кард. Гуфтаанд, ки зиндагии мо ҷуз ҳамин нишоти дунё ва марг ҳаёти табиат нест ва ҷуз даҳр ва табиат касе моро намемиронад…» (қуръони Карим, саҳ 501).

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои фалсафӣ, даҳрия оламро қадим ва абадӣ медонистааст, ки бисёр нукоти усули фалсафиаш ба усули фалсафии зурвония мувофиқ меояд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, усули умдатарини фалсафаи даҳрия инкори Худо, ҳаёти охират, вуҷуди рӯҳонӣ, эътирофи сабабияти моддӣ ва ғайра будааст. Муассиси ҳикмати ишроқ Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ аз хусуси даҳриён ёдрас шуда, нуктаи дигари назариёти даҳриёнро таъкид мекунад. Ин нукта иборат аз он аст, ки даҳриён нубувват ва пайғамбаронро низ инкор мекарданд. Ба ақидаи Сӯҳравардӣ, «даҳриён касонеанд, ки Офаридгор, пайғамбарон, рӯзи маҳшар, растохез, охират ва азобу роҳати баъди маргро инкор мекунанд».

Ақидаи даҳрия доир ба таносуби нафсу тан низ бо тобишу оҳанги тамоили озодандешидошта ба назар ҳувайдо мегардад. Тибқи назарияи даҳриён, нафси мардум пас аз он, ки аз ҷисм ҷудо шавад, ночиз шавад, ҳамчун нафсҳои наботию ҳайвонӣ ва беҷасад ӯро вуҷуде нест. Ҳол он ки гузориши ин масъала дар фалсафаи дунёи қадим ва асрҳои миёна ба куллӣ дигар буд. Ба ақидаи онҳо, нафси наботӣ ва ҳайвонӣ ба ҷисм зич пайвастаанд ва бо фанои он фосид мешаванд. Аммо нафси нотиқаи инсонӣ хосияти ҷисм нест ва бо нестшавии колбади он фосид намешавад.

Дар масъалаҳои тавзеҳи мақоми ақл бошад, назари даҳриён ин буд, ки ақлро сифати аълои одамӣ медонистанд. Мартабаи олии инсонро аз ақл иборат медонистанд ва мӯътақид бар он буданд, ки фарқи инсон ва ҳайвон аз ҳамин бармеояд. Умуман, нақши фалсафаи даҳрия дар рушди афкори фалсафии минбаъда, махсусан, фалсафаи табоия ва асҳоби ҳаюлло хеле калон аст.

Табоия. Дар хусуси усули фалсафаи табоия Носири Хусрав чунин овардааст: «Аҳли табоеъ мар оламро азалӣ гуфтанд ва гӯянд, ки чизҳо аз ин чаҳор табъ ҳамебуда шавад, чун гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ, бе он ки тадбире ва тақдире аз ҷуз эшон ҳалле бад-эшон пайванданд. Ва ҳамегуянд: Ин чаҳор чиз, ки ёд кардем, сифатро аз мавсуф чора нест, то бар ӯ падид ояд. Он мавсуф, ки мар ин чаҳор сифатро дар бар гирифтааст, ҷисм аст, мар ӯро ҳаракати касрӣ аст ва гаштани аҳвол ва маконгиру қисматпазир аст» (Носири Хусрав. «ҷомеъ-ул-ҳикматайн», саҳ.97).

Аз чунин гузориши табоиён бармеояд, ки бисёр нукоти усули фалсафиашон бо назариёти даҳрия ҳамоҳанг мебошад. Зеро, онҳо низ чун даҳриён, оламро ҷисмонӣ ва дар тағйироти доимӣ дониста, барои он Офаридгоре қоил нестанд.

Дар баёни масъалаи ҷавҳар ва араз ҳам табоиён тамоюлоти озодандеширо таҳким бахшиданд. Ба андешаи онҳо, ҷавҳар дар ҳастии худ ба араз эҳтиёҷманд нест, вале араз дар ҳастияш ба ҷавҳар ниёзманд мебошад. Тавре ки аз таҳлили назариёти зурвония, даҳрия ва табоия бармеояд, манбаъҳои иттилоотӣ роҷеъ ба усули ҳастишиносии ин мактабҳои фалсафӣ баҳс ба миён гузошта, аз баён ва интиқоди ақоиди маърифатии онҳо сарфи назар намуданд.

Фалсафаи асҳоби ҳаюло ҳикмати он мутафаккиронест, ки ҳаюлоро қадим медонанд ва мӯътақиданд, ки тамоми вуҷудоти олам аз ҷузъҳои ҷудонопазир таълиф ва таквин мегарданд. Ин мактаби фалсафӣ, ба иттилои манбаъҳо, тақрибан дар охири асри IX ва ибтидои асри X-и мелодӣ зуҳур кардааст. Фалсафаи асҳоби ҳаюло самти асосии фалсафаи даҳриёну табоиёнро идома додаст.Забардастарин намояндагони он Ибни Ровандӣ ва Эроншаҳрӣ маҳсуб мешванд.

Абдулҳасан Аҳмад   ибни Яҳё   ибни Исҳоқ маъруф ба Ибни Ровандӣ (816-899) аз    шаҳиртарин намояндаи фалсафаи   асҳоби ҳаюло маҳсуб мешавад. Вай дар оғози   фаъолияти илмию фалсафии худ ба ҷараёни мӯътазилия   майл доштааст. Баъдан ба ҳикмати дини мубини ислом — калом рӯ овардааст. Ибни Ровандӣ баъди гузашти айём аз он ҳам канорагирӣ карда ба ботил сохтани усули онҳо пардохтааст. Ба туфайли ақоиди илҳодии худ дар таърихи фарҳанги исломӣ бо номи Аҳмади Зиндиқ шӯҳрат   ёфтааст.

Ба иттилои сарчашмаҳо, Ибни Ровандӣ беш аз 114 асару рисолаҳо таълиф кардааст,ки онҳо ба таҳқиқи масъалаҳои муҳиму баҳсталаби   ақидатию мафкуравии замони худ  равона карда шудаанд. Осори ӯ аз «Китоб ут –тоҷ», « Китоб уз- зумуррад », «Наът ул-ҳакима», «Китоб ул -қасаб», «Китоб ул — фарид», «Китоб ул- марҷон», «Китоб ул-лӯълу» ва ғ. иборат аст, ки аксарияташон дар қураи оташ сӯзонда шудаанд.

Аз   омӯзишу баррасии баъзе порчаҳои осори фалсафии Ибни Ровандӣ, ки он порчаҳо тавассути манбаъҳо ҳифз шудаанд,бармеояд,ки усули ақоиди фалсафии мутафаккир аз инҳо иборатанд :

(1)   Ибни Ровандӣ монанди даҳриёну табоиён қадим будани оламро эътироф карда, ҳастии Худовандро инкор менамуд. ӯ ҳамчунин ҳудуси оламро рад карда собит менамуд,ки олам бо ин офтоб,моҳ ва ситораҳояш бе ҳеҷ гуна сонеъ ва мудаббиру холиқ қадим аст. Касоне,ки барои олам ба қадим будани Офаридгор қоил шудаанд, бо таноқузу муҳол сухан гуфтаанд.

(2) Ибни Ровандӣ ба ҳеҷ яке аз динҳои маъмул мӯътақид набудааст ва аз ин рӯ,усули дини тавҳидӣ ва ҳакиму раҳим будани   Худоро бо далелҳои ақливу мантиқӣ рад мекунад. Ба ақидаи ӯ, Худое,ки бандагони   худро бо касаливу заифӣ ва фақирӣ мубтало карда , ба онҳо бо назари раҳмат наменигарад,ҳаким нест. Касе,ки ба ӯ мутеъ набудани бандагонро дониста,онҳоро ба тоат даъват мекунад,набояд ҳаким бошад. Зеро ҳар касе,ки бандаи гунаҳкори худро то абад дар оташ сӯзонданист,ҳаргиз набояд ҳакиму олим бошад.Ба қавли Абулҳасани Ҳайёт, ин файласуф китобҳои зиёде дар исботи илҳод, ботил сохтани тавҳид, инкори нубувват ва пешвоён навиштааст,ки якеи онҳо «Китоб ут-тоҷ» мебошад.

(3) Азбаски Ибни Ровандӣ ба ақоиди динӣ мӯътақид набуд, китобҳои диниро ҳам муқаддасу осмонӣ намеҳисобид.Вай собит мекард,ки Қурон дар шакле,ки ба мо расидааст,на китоби муқаддасу осмонӣ ва ҳакимона,балки китобест пурихтилоф ва ба далелҳои ақливу мантиқӣ носозгор.

Дигар намояндаи ин мактаби фалсафӣ Абулаббос Муҳаммад бини Муҳаммад Эроншаҳрӣ (ваф.873) мебошад,ки ҳамчун ҳакими забардасти фарҳанги исломӣ маъруф мебошад.Тибқи иттилои сарчашмаҳо,вай китобе бо номи «Ҷалил ва асир» навишта будааст,ки он бо сабабҳои  номаълум боқӣ намондааст.

Носири Хусрав дар асари худ «Зод ул мусофирин» аз Эроншаҳрӣ ном бурдааст ва номгӯи осори ӯро зикр кардааст. Аз ишораҳои ӯ бармеоянд,ки ин Эроншаҳрӣ илова бар ин ки дар ҳайат, нуҷум ва риёзӣ устод будааст,ҳаким ва файласуф низ буда, нисбат ба Муҳаммад бини Закариёи Розӣ ҳаққи устодӣ доштааст.

Дар бораи ҷаҳонбинии Эроншаҳрӣ лозим донистем, ки мулоҳизаҳои Носири Хусравро аз «Зод ул- мусофирин» ва «ҷомеъ — ул – ҳикматайн»-и ӯ айнан биёварем, зеро ба ҷуз ин сарчашмаҳо дигар маълумоти басандае доир ба афкори фалсафии Эроншаҳрӣ пайдо накардем.

Носири Хусрав мегӯяд:(1)…асҳоби ҳаюло, чун Эроншаҳрӣ ва Закариёи Розӣ ва ҷуз эшон гуфтанд, ки ҳаюло ҷавҳари қадим аст»ва Муҳамад бини Закариё панҷи қадимро собит кардааст, яке ҳаюло,дуи дигар замону макон ва дуи дигар нафсу Бори субҳона.

(2)…ҷумлае,ки ёд кардем, қавли он гурӯҳе ҳаст,ки арконро қадим гуфтанд. Чун Ҳаким Эроншаҳрӣ, ки маъниҳои фалсафиро ба алфози динӣ иборат кардааст, андар китоби «Ҷалилу асир» мардумро бар дини ҳақ ва шинохти тавҳид таблиғ кардааст. Пас аз ӯ чун Муҳаммад бини Закариёи Розӣ ,ки қавлҳои Эроншаҳриро ба алфози зишти мулҳидона бозгуфтааст ва маъниҳои устод ва муқаддами хешро андар ин маъонӣ ба иборатҳои муваҳҳаш бигзоридааст, то касонеро,ки китобҳои ҳакимонро нахонда бошанд, ба шубҳа афтанд,ки ин маъниҳо худ истихроҷ кардааст. Ва аз он қавлҳои неку, ки Эроншаҳрӣ гуфтааст,яке доир ба қидамии макон аст, ки гуфтааст «макон қудрати зоҳирии Худост»ва далел ба дурустии ин қавл овардааст, ки қудрати Худой он бошад,ки мақдурот андар ӯ бошад.Ва мақдуроти ин аҷсоми мусаввар аст ,ки андар макон аст. Ва чун аҷсоми мусаввар,ки мақдурот аст, аз макон берун нестанд. Дуруст шуд,ки халоъ ,яъне макони мутлақ қудрати Худой аст. Қудрати зоҳирӣ,ки ҳамаи мақдурот андар ӯянд ва зишт кардани Муҳаммад Закариё ин қавли некӯро чунон аст, ки гуфтааст: «қадим панҷ аст,ки ҳамеша буданд ва ҳамеша бошанд, аз ин қарор: Худой, нафс, ҳаюло,макон,замон»ва зиштгӯитар аз он бошад,ки Холиқро бо махлуқ андар як ҷинс шумурд.

(3) Ва аз қавлҳои некӯ, ки Ҳаким Эроншаҳрӣ андар қадимии ҳаюло ва макон гуфтааст, Закариёи Розӣ онро зишт кардааст, он аст, ки Эроншаҳрӣ гуфт: «Эзид таъоло ҳамеша сонеъ буд ва вақте набуд, ки ӯро сунъ набуд то аз ҳоли бесунъӣ ба ҳоли сунъ омад ва ҳолаш бигашт, ва чун воҷибаст, ки ҳамеша сонеъ буд, воҷиб омад, ки ончи сунъӣ ӯ бар ӯ падид омад, қадим бошад. Ва сунъи ӯ бар ҳаюло падид ояндааст, пас ҳаюло қадим аст. Ва ҳаюло далели қудрати зоҳирии Худой аст. Ва чун ҳаюлоро аз макон чора нест ва ҳаюло қадим аст, воҷиб ояд, ки макон қадим бошад».Ва зишт кардани Закариёи Розӣ он қавлро бад –он аст,ки гуфт: «Чун андар олам чизе падид ҳаме наояд магар аз чизи дигар, ин ҳол далел аст бар он ки ибдоъ (офариниш) муҳол аст ва мукин нест,ки Худой чизе падид оварад на аз чизе, ва чун ибдоъ муҳол аст воҷиб ояд,ки ҳаюло қадим бошад.Ва чун ҳаюлоро,ки қадим аст, аз макон чора нест, пас макон кадим аст». Он сухани некӯ ва маънии латифро бад- ин иборати зишт бозгуфт то мутобеони ӯ аз бединон ва мудаббирони олам ҳамепиндоранд,ки аз зоти хеш илме истихроҷ кардааст,ки он илми илоҳӣ аст, ки ҷуз ӯ онро касе надошт ( аз саҳифаҳои 73,98,102-103 ва 443-и китоби «Зод ул-мусофирин»-и Носири Хусрав иқтибос гирифта шудааст).

Дар китоби «Баён ул- адён» низ омадааст: « Ин мард Муҳаммад бини ал- Эроншаҳрӣ буд ва даъвои нубувват дар Аҷам кард ва маводе ҷамъ карду ба форсӣ  гуфт,ин ваҳй аст, ки   ба ман расидааст.

Ҳарчанд Ибни Ровандӣ ва Эроншаҳрӣ асҳоби ҳаюло буданд, вале дар назария ва ақидаҳои фалсафиашон тафовутҳои муҳим ба назар мерасад. Масалан, Ибни Ровандӣ баъд аз пайвастан ба фалсафаи асҳоби ҳаюло Офаридгорро ба куллӣ эътироф намекард ва на танҳо ҳаюло, балки оламро низ ҷовидонӣ медонист. Эроншаҳрӣ бошад,ба қадимияти ҳаюло қоил буд, вале ақида дошт, ки он далели қудрати Худованд аст.

Бархилофи таъсири амиқи фалсафаи юнонӣ дар миёни мутафаккирони исломӣ, гурӯҳе низ буданд, ки аз пазируфтани бечунучарои он канорагирӣ ҷуста, мекӯшиданд то бо илтифоту озмоиши мактабҳои фалсафӣ ва мафкуравии гугогун равиши фалсафии мустақиле падид оваранд. Аксари онҳо озодандеш буданд. Ин мутафаккирон- Абӯбакри Розӣ, Абӯалои Маъарӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ буданд.

Абӯбакр Муҳаммад бини Закариёи Розӣ (865-925) табиби ҳозиқ, кимиёгари варзида, файласуфи барҷаста ва мутафаккири озодандеши тоҷику форс ва умуман ҷаҳони ислом буда, дар шаҳри Рай, ки дар наздикии шаҳри Теҳрони имрӯза воқеъ аст, таваллуд шуд. Илова бар онки, бинобар суннати он рӯз, дар мусиқии назарӣ ва амалӣ маҳорату таҷрибаи хубе касб кард, гуфтаанд, ки қабл аз тарбияти расмиаш дар пизишкӣ кимиёгар буд. Дар Рай ва баъдан дар Бағдод раиси бемористон буд. Тибқи иттилои манбаъҳо, ҳудуди дусад китоб навишта, муаллими файласуф буда ва «табиби беназири мусулмон» шинохта шудааст. Аммо баъдан аксарияти мутафаккирон назариёти фалсафии ӯро зоҳиран бо нафрат инкор кардаанд, ҳарчанд ҳатто дар ин кор таҳти таъсири ӯ будаанд.

Осори фалсафии Абубакри Розӣ «Самъ-ул-каён», «Ал-ҳаюло ас-сағир ва ал-ҳаюло ал-кабир», «Фи-з-замон вал-макон», «Ал-лаззат фил-одата ал-мадхалу ило ал-мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Фил фалсафати ал-қадими кайфият-ал-истидлол», «Ас-сират-ул-фалсафа», «Ат-тиб Ур-рӯҳони» ва ғайра мебошанд. Танҳо теъдоди ниҳоят ками рисолаҳои мухтасар аз осори фалсафии Абубакри Розӣ боқӣ мондаанд. Аз асарҳои боқимондаи ӯ бармеояд, ки ӯ фалсафаро ҳадафи нафс ё рӯҳи инсонӣ медонистааст.Аслан Абӯбакри Розӣ дар ибтидои ҷавонӣ ба илми кимиё шуғл варзида, сипас тарки он намуда, пизишкиро пеша кардааст.

Абӯбакри Розӣ аз рӯи усули таҷриби кор мекард. Назари ӯ асосан назари моддӣ буд ва аз хурофот сахт нафрат дошт. Аз ҳамин сабаб даъвогарони мафкуравии ӯ таънаю маломаташ мекарданд. Масалан, яке аз ин муддаиён Каъбӣ буд, ки дар бораи ӯ чунин гуфта будааст: «Ту кимиёгарӣ кардӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ даҳ динори қарзии занатро дар маҳзари қозӣ бипардозӣ. Ту муддаии табобат ҳастӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ чашмонатро дармон кунӣ ва нобино шудӣ». Дар ҳоле ки Алӣ Асғари Ҳалабӣ Розиро яке аз ситораҳои дурахшони илми тиб ном бурда, мегӯяд: «Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд,Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд, Абӯбакри Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд,Ибни Сино онро комил кард».Ин гуфта нодурустии таънаву маломати Каъбиро доир ба маҳорати фавқулоддаи Абӯбакри Розӣ собит менамояд.

Абӯбакри Розӣ мухолифи тамоми динҳо буд ва анбиёро бошиддат танқид мекард. Онҳо, ба қавли мутафаккир, омили аслии эҷоди нифоқ ва хараҷу мараҷ дар миёни ҷомеаи башарӣ ҳастанд. Вай мӯътақид буд, ки барои раҳоии ҷомеаи башарӣ аз хараҷу мараҷ ва нифоқ бояд аз фалсафаву истидлоли мантиқӣ мадад гирифт.

Усули ақоиди Абӯбакри Розӣ бинобар нақли Абӯҳотами Розӣ ин аст, ки Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар якдигар бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои роҳнамоии онон ҳоҷат ба интихоби кесе дошт, ҳикмати болиғаи Вай мебоист чунин иқтизо кунад, ки ҳамаро ба манофеъ ва мазореи ониву отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшони баргузидагон бартарӣ надиҳаду мояи ахлоқу низои онон нагардад ва интихоби имом ва пешво боиси он шавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро такзиб кунаду ба назари буғз бад-онон нангарад ва ҷамооти бузурге бар сари ин ихтилоф аз миён бираванд. Мӯъҷизоти мутаннабиён низ ҷуз хидъаву найранг нест ва ғолиби онҳо аз мақулаи афсонаҳои динӣ аст, ки баъд аз он падид омад. Мабониву усули адён бо ҳақоиқ мухолифату муғойират доранд ва ба ҳамин сабаб ҳам миёни онҳо ихтилоф дида мешавад ва иллати эътимоду эътиқоди мардум ба адёну итоат аз пешвоёни мазҳабӣ танҳо одат аст. Адёну мазоҳиб иллати асосии ҷангҳову мухолиф бо андешаҳои фалсафӣ ва таҳқиқоти илмӣ ҳастанд. Китобҳое, ки бо номи кутуби муқаддаси осмонӣ маъруфанд, кутубе холӣ аз арзишу эътиборанд ва осори касоне аз қудамо, монанди Афлотун, Арасту, Уқлидус ва Буқрот хидмати муҳимтару муқаддастаре ба башар кардааст(Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи улуми ақлӣ дар Эрон.-Теҳрон, 1331ҳ., саҳ. 187).

Чунонки аз «Сират ул-фалсафа»-и Абӯбакри Розӣ бар меояд, усули фалсафии мутафаккир бар исботи қадимияту абадияти ҷавоҳири панҷгона-модда (ҳаюло), замон, макон, Худованд ва нафс равона шудааст. Ҳастии ҳаюло ва бартарияту абадияти онро Абӯбакри Розӣ чунин баён намудааст: «Падид омадани табоеъ аз чизе будааст ва он чиз қадим будааст. Ва он ҳаюло будааст. Пас ҳаюло қадим аст ва ҳамеша будааст. Валекин мураккаб набудааст, балки кушода будааст. Ва ба охири кор, ки олам бархезад, ҳаюло ҳамчунон ки будааст кушода шавад ва ҳамеша кушода бимонад» (Очеркҳои таърихи фалсафа, саҳ. 33).

Абӯбакри Розӣ шаклҳои ҳастии ҳаюло-макон, замон ва ҳаракатро низ азалию абадӣ шуморида ва дар ин бобат чунин гуфтааст: «Чун, мар ҳаюлоро, ки қадим аст, аз макон чора нест, пас макон қадим аст» (Ҳамон ҷо). Ба ақидаи мутафаккир, далели аввалини қадамияту абадияти ҳаюло ва шаклҳои ҳастии он аст, ки чизҳои ҷисмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд бесабаб пайдо шаванд. Ҳар як чизи моддии пайдошуда бояд ҳатман сабаб, моя ва асоси моддии дошта бошад, яъне «ҳаюло қадим аст ва баҳри он ки раво нест, ки чизе қоил ба зот (ки ҷисм бошад), на аз чизе мавҷуд шавад, ки ақл мар ин суханро напазирад» (Носири Хусрав. Зод ул-мусофирин, саҳ. 74).

Масалаи қадимияту абадияти ҳаюло Абӯбакри Розиро ба таҳқиқи масъалаи ибдоъ ё хилқат (офариниш)-и олам овард, ки дар иртиботи ин гуфтааст: «Ибдоъ муҳол аст ва мумкин нест, ки Худой чизе падид оварад аз чизе … » ва «…чун ибдоъ муҳол аст, воҷиб ояд, ки ҳаюло қадим бошад» (Носири Хусрав. Ҳамон ҷо, саҳ. 103).

Назарияи қадимияти олам ва муҳол будани офариниши он файласуфро ба эътирофи назарияи атомистӣ овардааст. Ба ақидаи ӯ, ҳаюлои мутлақ аз ҷузвҳои номутаҷҷазо (атомҳо) иборат аст. Ҳар як номутаҷҷазо узмо (бузург)-и хосе дорад, ки аз он хурдтар шуда наметавонад, яъне ба ҷузвҳои аз он хурдтар тақсим намешавад. Олам аз аҷсому ҳаводиси рангини он аз ҳамин аҷсо таркиб ёфтаанд ва дар охир гусехта боз ба онҳо бархоҳанд гашт. Ҳаюлои мутлақ ҷузвҳо будааст номутаҷҷазо,-навиштааст мутафаккир,-чунонки ҳар якеро аз ӯ аҷмо будааст…Ва ҳар ҷузверо аз он узмо расо набошад, аз он хурдтар аҷмо раво бошад, ки бошад, чи агар ҷузви ҳаюлоро ҷузв бошад, ӯ худ ҷисми мураккаб бошад, на ҳаюлои мабсут бошад…Таркиби аҷсом аз он аҷзои номутаҷҷазо аст ва кушода шудани таркиби аҷсоми (олам) сӯи он ҷузв бошад ба охири кор» (Очеркҳои таърихи фалсафа, саҳ. 34).

Ҳамчунин Абӯбакри Розӣ гуногунияти аҷсоми оламро дар асоси назарияи атомистӣ чунин шарҳ додаст: «Аз он ҷузвҳои ҳаюло он чи сахт фароз омадааст, аз ӯ ҷавҳари замин омадааст. Ва он чи кушодатар фароз омадааст, аз ӯ ҷавҳари об омадааст. Ва он чи аз ӯ низ кушодатар омадааст, ҷавҳари ҳаво омадааст. Ва он чи аз ҷавҳари ҳаво кушодатар омадааст, ҷавҳари оташ омадааст…Таркиби ҷирми фалак ҳам аз он ҷузвҳои ҳаюло аст. Вале ин таркиб бархилофи он таркиб аст…Аз баҳри он ки ҷисми ӯ сахт кушода нест, чун ҷавҳари оташ ва ҷавҳари ҳаво» (Ҳамон ҷо).

Ҳамин тавр Абӯбакри Розӣ зимни ҳалли масоили гуногунияти олам, инчунин масъалаи мизон (андоза)-ро ба миён гузошта, кӯшиш кардааст нишон диҳад, ки ҳар як аҷсому ҳаводис мизони ҳастии худро дорад ва бо тағйири андоза моҳияташ низ тағйир хоҳад ёфт.

Абӯбакри Розӣ дар баёни масъалаи назарияи маърифат донисташавандагии оламро эътироф кардааст. ӯ дар асари худ «Тибби рӯҳонӣ» нақши ақл ё хирадро дар раванди маърифати олам чунин тафсир намудааст: «Ҳеҷ чизе дар судмандӣ бар мо бартар аз хирад нест. Мо бо ёрии хирад бар чорпоёни ногӯё бартарӣ ёфтаем то бар онон чирагӣ меварзем, ононро ба кори худ мегардонем ва ба шеваҳое, ки ҳам барои мо ва ҳам барои онҳо судбахш аст, бар онон фармонравоӣ мекунем. Бо ёрии хирад ба ҳамаи он чи, ки моро бартар месозад ва зиндагии моро ширину гуворо мекунад, даст меёбем ва ба хосту орзуи худ мерасем. Бо мадади ақл аст, ки сотанд ва ба кор бурдани киштиҳоро дарёфтем ва ба сарзаминҳои дур, ки ба василаи дарёҳо аз якдигар ҷудо шудаанд, мерасем. Пизишкӣ ба ҳамаи судҳое, ки барои тани мо дорад ва тамоми улуми дигари ба мо фоидабахш дар партави хирад маро ҳосил шудааст. Бо хирад умури ғализ ва чизҳоеро, ки аз мо ниҳон ва пӯшида будааст, дарёфтаем. Бо ёрии он шакли замину осмон азамати онҳоро донистаем…хуллас, хирад чизест, ки бе он ҳоли мо ҳамоно ҳоли чорпоён, кӯдакон ва девонагон хоҳад буд. Ва чизест, ки бо ёрии он афъоли ақлии худро пеш аз он ки дар ҳавас ошкор шаванд, тасаввур мекунем ва онҳоро гуногун дармеёбем, ки гӯё эҳсосашон карда бошем. Сипас ин суратҳоро дар афъоли ҳисси худ намоён мекунем ва мутобиқати онҳоро бо он чи пештар суратгирӣ ва тахайюл карда будем, ошкор мекунем»(Ҳамон ҷо, саҳ.35).

Аммо ин иқтибос чунин маънӣ надорад, ки файласуф нақши эҳсосотро дар маърифати олам нодида гирифта бошад. Баръакс, ӯ чунин мешуморид, ки ақл танҳо дар сурате василаи мӯътамади маърифат шуда метавонад, ки ба эҳсосот ва маълумоти аз он бадастомада такия намояд. Аз ин ҷиҳат, назарияи маърифати Абӯбакри Розӣ ба назарияи инъикоси дигар мутафаккирони ҳикмати машшоӣ хеле шабоҳат дорад. Чунончи, Абӯбакри Розӣ дониши ҳиссиро натиҷаи таъсири ашёву ҳодисаҳо ба эҳсосҳои ин медонад, яъне инсон, ба таъбири ӯ, ба донистани ҳамаи мавҷудот қодир аст ва дар олам чизе нест, ки ақли инсон онро дониста натавонад.

Абӯбакри Розӣ масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ роҳу воситаҳои хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф ва мақсаду мароми ҳаёти инсонро низ мавриди таҳқиқ қарор додаст: «Мартабаи бартарини мо,-навишта буд ӯ,-на ба лаззати ҷисмонӣ ғутавар шудан, балки касби илм, татбиқи адолат ва комёб шудан ба хайри умум аст. Ин бошад на бо зӯҳду тақво, балки дар натиҷаи иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъият ва ба туфайли омӯхтани фалсафа муяссар мешавад. «Он кас лоиқи роҳи ҳақиқат аст, ки ҷаҳд карда фалсафаро биомӯзад. Нуфуси инсонӣ фақат тавассути омӯхтани фалсафа метавонад аз зиштию ҷаҳолати дунявӣ наҷот ёбад. Ҳар гоҳ, ки марг онро омӯхт ва ҳатто камтарин қисматашро баргирифт, нафсаш аз разолату ҷаҳолат софӣ ва наҷот хоҳад ёфт» (Абӯбакри Розӣ.Расоил ул-фалсафия.-Қоҳира, 1939,саҳ. 65).

Нақши афкори фалсафии Абӯбакри Розӣ дар рушду инкишофи минбаъдаи фалсафаи асримиёнагии Шарқ хеле калон аст.

Абӯрайҳон Муҳаммад бини Аҳмади Берунӣ (973-1048) дар хориҷи Синд, ки рустое аз тобеоти Хоразм аст, таваллуд ёфтааст. Вай бо сабаби вазнинии авзои иҷтимоӣ аз зодгоҳаш ба Гурганҷ рафт ва сипас раҳсипори Гургон шуд. ӯ пас тасаллути Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Хоразм ва баъдтар ба Ҳинд рафтааст.

Берунӣ дар тамоми муддати умр машғули таҳқиқу омӯзиш буд. Вай забонҳои сурёнӣ, санскритӣ, форсӣ, арабӣ ва ибриро медонистааст. Абӯрайҳони Берунӣ ҳакими риёзидону олими хуби нуҷум буд ва ҳамчунин дар фалсафа, тиб, ҷуғрофия, таърих, адаб, шеър ва луғат низ маҳорат доштааст..

Осори Абӯрайҳони Берунӣ аз «Осор-ул-боқия», «Китоб фит-таҳқиқи мо лил-ҳинд», «Ал-қонун-ул-масъуди фи-л-ҳайат ва –н-нуҷум», «Китоб-ус-сайдана фит-тиб», «Китоби таҳдид ниҳоят ул- амокин лӣ тасҳеҳи масофат ил-масокин», «Китоб ут-тафҳим ли авоили саноат ит- танҷим» ва ғ. иборатанд.

Берунӣ дар афкори илмиаш ақидаҳои пешгузаштагони худ-Фарғонӣ ва Хоразмиро идома дода, бештар масъалаҳои табиию илмиро таҳқиқ кардааст. ӯро яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ дар Шарқи Миёнаву Наздик медонанд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи абадияти материя ақидае пеш нагузошта бошад ҳам, ба он хос будани ҳаракатро зикр намуда, дар асарҳояш аз Арасту ва Батлимус ном бурдааст.ӯ ба масъалаҳои ҳаракати нур, гармӣ ва хосиятҳои он диққати махсус додааст. Мутафаккир офтобро як ҷисми гарми оташин пиндошта, ҳаракати нурҳои онро ниҳоят сареъ медонад. Гармии заминро, ки дар натиҷаи ҳаракати моддаҳо дар қишри замин падид омадааст, ба миён мегузорад. Дар соҳаи кайҳоншиносӣ бошад, ӯ ба назарияи Батлимус шак оварда, аз рӯи муҳосибаи риёзӣ дар меҳвари худ давр задании заминро имконпазир мешуморид.

Ҳамчунин Абӯрайҳони Берунӣ масоили   маркази оламро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба чунин хулоса меояд, ки аз ҷиҳати системаи гелиотсентрӣ он қобили қабул аст, вале то охир дар ин фикраш собит намонд ва назарияи Батлимусро           дар ин масъала пазируфт. Мутафаккир барои ошкор сохтани арзу тӯли маҳалҳо усулҳои нав эҷод кард ва тӯли ҷуғрофиро бо усули мушоҳидаи гирифтани Моҳ аз ду нуқтаи замин мегузаронад. Нақши ӯ дар муайян намудани бисёр ҳаводису масъалаҳои гуногуни табиӣ низ хеле бузург аст.

Абӯрайҳони Берунӣ доир ба масоили забоншиносиву омӯзиши истилоҳоти илмии он, назарияи шеър ва дигар масъалаҳои таърихиву ҳаётӣ ҳам як силсила фикрҳои муҳиму пурарзиш баён намудааст.

Пурсишҳои Абӯрайҳони Берунӣ аз Ибни Сино фарогири даҳ масъала аст,ки онҳо аз эътирозоти мутафаккир бар китоби «Самои табиӣ»-и Арасту иборат мебошанд,. Ҳашт масъала доир ба саволҳои риёзӣ ва фалсафии мутафаккир аст, ки қисмате аз он пурсишҳоро шогирди Ибни Сино Абдуллоҳи Маъсумӣ аз ҷониби устодаш посух гуфтааст (Алӣ Асғари Ҳалабӣ. Таърихи фалсафаи эронӣ аз оғоз то имрӯз, саҳ. 358).

  1. Чаро фалак бевазн аст?
  2. Ба чи далел осмон кавну фасод намепазирад Ин баҳси фалсафӣ, сароғози ин баҳс гашт, ки оё асоси эҳтиёҷи маълул ба иллат, ҳудус аст ё имкон? Баҳси робитаи эҳтиёҷи маълул ба иллат, аз муҳимтарин масоили фалсафӣ аст. Ин масъала дар давраҳои гузашта ба ҳеҷ сурат матраҳ нашуда буд.
  3. Арасту ҷаҳонро маҳдуд ба шаш ҷиҳат донистааст. Дар ҳоле ки дар мукааб, беш аз шаш ҷиҳат ҳаст, дар курра низ шаш ҷиҳат фарз намешавад. Зеро курра беш аз як сатҳ надорад.

Дар ҷавоб бояд гуфт, ки шаш ҷиҳат, тақрибии хос аст ва ҳудуд надорад.

  1. Ҷузъи тақсимнопазир: Абӯрайҳони Берунӣ ҷузъи тақсимнопазирро низ инкор кардааст. Вай дар ин бора мегӯяд: Назари қоилон ба ҷузъи тақсимнопазир аз айб холӣ нест, валекин қавли тарафдорони инқисоми ҷисм ба аҷзо ғайриниҳояву қабеҳтар аст. Муртазо Мутаҳҳарӣ пас аз баёни назариёти сегонаи ҷузъи тақсимнопазир мегӯяд: Нуҳ савол дархӯри эътибори Абӯрайҳон аст ва се савол дархӯри эътибори Ибни Сино (Мақолоти фалсафӣ, саҳ. 96).
  2. Маънии ақли билқувва чист? Ақл будан бо билқувва будан созгор нест. Ҷавоби Ибни Сино ин аст, ки ду навъи муҷаррад-том ва ғайритом дорем. Муҷарради ғайритом монанди нафс, ки аз қувва ва истеъдоди чизи дигар шудан холӣ нест. Ба қавли Мутаҳҳарӣ, ин посухро ҷуз дар фалсафаи Мулло Садро дар дигар афкор наметавон ёфт.

6.Оё пас аз феълият, истеъдод ҳам аз байн меравад? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки истеъдод, имкони истиқболӣ аст, вале дар ҳақиқат, истеъдод имкони истеъдодӣ аст.

7.Чи гуна нафс, пас аз ҷудо шудан аз бадан, аз қувваи хаёл бениёз мегардад ?

8.Оё ақли фаъол, мустақил ҳам мешавад?

  1. Оё қувваи фоила, басити комил нест, дар ҳоле ки ҳар қувваае, ки маъқулот (куллиёт)-ро дарк мекунад, муҷаррад ва басит аст? Ҳақиқат ин аст, ки Ибни Сино дар посухи он нотавон аст ва ин масъала дар фалсафаи Мулло Садро ҳал шудааст ва он ҳам устувор ба назарияи ҳаракат дар ҷавҳар ва иттиҳоди оқилу маъқул аст, ки Ибни Сино ба он асл пойбанд набуд, агарчи мутафаккири машшоӣ дар китоби «Мабдаъ ва маъод», иттиҳоди оқил ва маъқулро пазируфта бошад ҳам, вале дар ниҳоят онро инкор кардааст (Мулло Садро.Мабдаъ ва маъод, саҳ. 122).

10.Чи гуна ақл, сувари хаёлияро мутолиа мекунад? Аз ҷавоби Ибни Сино маълум аст, ки ин посухро метавон дар фалсафаи Мулло Садро ҷуст.

11.Чи тафовуте байни аразҳои маъқулот ва аразҳои вуҷуду ваҳдат ҳаст? Ин масъала бар бурҳони маъруфи Арасту дар китоби «Ан-нафс» аст, ки аз роҳи тақсимпазирии сувари маъқула бар исботи таҷриди нафс оварда шудааст ва Ибни Сино ба он ҷавоб додаст. Шайхи ишроқ дар китоби «Мутораҳот», ҷавоби Ибни Синоро басанда намедонад. Вале Мулло Садро, ҷавоби Бӯалиро кофӣ дониста ва посухи Шайхи Ишроқро медиҳад. Дар миёни мусулмонон, аввалин касе, ки тавассути адами инқисоми сувари маъқула, бар таҷриди нафс истидлол кардааст, Абӯнасри Форобӣ дар китоби «Фусус ил-ҳикам» мебошад (Фусус ил-ҳикам,фасли 54,саҳ. 15).

12.Чи бурҳоне бар таҷриди ақлҳои фаъола вуҷуд дорад? Савол қадре душвор аст. Мулло Садро дар китоби «Ал-мабдаъ вал-маъод» ҳаммонанди Ибни Сино посух додаст (Мулло Садро. Ҳамон ҷо,саҳ. 207).

Саволҳои дигаре низ дар бораи ақл ва маъқул омадааст, ки матлаби онҳо такрорӣ аст (Муртазо Мутаҳҳарӣ. Мақолоти фалсафӣ,ҷилди 1,саҳ. 137).

Ҳамин тавр, нақши афкори табиӣ-илмӣ ва фалсафии Абӯрайҳони Берунӣ дар густариши минбаъдаи ақоиди фалсафии асримиёнагии тоҷик ниҳоят бузург мебошад.

Ҳикмати машшоия.   Машшоъ   вожаи арабист ва маънияш одами   тезгард   ё тезрав мебошад. Чун   истилоҳи фалсафӣ мутафаккирони шарқии пайрави Арастуро   дар шакли машшоиён гӯянд .   Дар маҷмӯъ мактаби гурӯҳе   аз   файласуфони   Юнони   қадим,   ки   масъалаҳои   мураккаби   фалсафиро   бо   роҳи музокираву мубоҳиса ҳал мекарданд. Фалсафаи машшоъ ҳикмати Арасту ва пайравони ӯст.

Бунёдгузораш дар Шарқи исломӣ Абӯюсуфи Яъқуб бини Исҳоқ ал-Киндӣ-файласуфи қарни IX мелодии араб ба шумор меравад. Вале дар Шарқи Миёнаву Наздик фалсафаи машшоъ қабл аз қарни IX низ маълум буд. Масалан, дар Фарҳангистони Гунди Шопур, ки тайи қарнҳои V-VI аз ҷумлаи муҳимтарин маркази илмӣ ва фалсафии давлати Сосониён буд, ин мактаби фалсафӣ нуфузи амиқ ва ҳаводорони зиёд доштааст. Аз пайравони бузурги фалсафаи Арасту метавон Павлуси Форс (асри VI) — файласуфи дарбори Хусрави Аввали Анӯшервонро (531 — 569м.) ном бурд, ки чи дар улуми динӣ ва чи дар улуми фалсафӣ дасти қавӣ дошт, вале ба улуми дунявӣ эътимоди бештаре зоҳир мекард, зеро мӯътақид буд, ки мавзӯи илм чизест ба фаҳми мо басе наздик ва мудрик ба ақл, вале мавзӯи дин чизест бо ақл дарнаёфтанӣ. Дар илм ҷои шак нест, вале дин шакки зиёд ба бор меоварад. Павлуси Форс китобҳои Арастуро ба паҳлавӣ тарҷима кард ва худ чандин таълифоти асил низ эҷод намуд.

Вале вусъати баланди фалсафаи машшоии тоҷику форс ва араб, бешак, ба садаҳои 1Х-ХV рост меояд ва ба фаъолияти файласуфони номвар ал-Киндӣ, ал-Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавайҳ, Умари Хайём, Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Насируддини Тусӣ, Ҷалолуддини Давонӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Афзалуддини Кошонӣ ва дигарҳо сахт марбут аст. ҳарчанд ҳама номбаршудагон аҳли ин мактабанд, вале фалсафаи машшоъ дар таълифоти ҳар яки эшон бозтоби хосса дорад. Масалан, ал-Киндӣ бунёдгузори фалсафаи машшоии Шарқ ҳисоб мешавад, лекин назарияи арастуии азалияти оламро қабул надорад. Форобӣ дар баъзе аз таснифоти худ ба созиш додани фалсафаи Афлотун ва Арасту мутамоил буда, ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ бештар шуғл доштааст. Ибни Сино дар навбати худ аз ҷумлаи ҷонибдорони назарияи арастуии азалият ва абадияти олам буд. Назарияи нузул (фурӯд омадан, поён рафтан) ва тазаккур (баёдоварӣ)-и Афлотунро инкор мекард ва ба созгор додани фалсафаи Афлотун ва Арасту эътимод надошт. Гузашта аз ин, ӯ дар таҳқиқи масъалаи фалсафаи иҷтимоӣ ва ҳикмати маданӣ саъю кӯшиш накарда, ҳама заковату қудрати худро сарфи омӯзиши масоили мантиқ, табииёт ва фалсафаи назарӣ намудааст.

Ибни Мискавайҳ, ки ҳамзамони Ибни Сино буд, аслан масъалаҳои ахлоқро мавриди баррасӣ хос қарор дода, ба ин васила чун муассиси ҳикмати ахлоқии Шарқи исломӣ шӯҳрат ёфтааст. Мутафаккирони минбаъда, чун Насируддини Тусӣ ва ҷалолуддини Давонӣ аз осори ӯ баҳраҳои зиёд бардоштаанд ва дар зери таъсири ӯ ҳикмати ахлоқро рушду такомул додаанд.

Ибни Рушд барои ҳимояи фалсафаи машшоъ зидди Имом ғазолӣ бархоста, сарфи назар аз пуштибонии фалсафаи Ибни Сино, ақоиди ӯро дар бораи тақсими ҳастӣ ба воҷиб-ул-вуҷуду мумкин -ул-вуҷуд ва назарияи вайро дар мавриди ҷовидонии нафси шахсӣ напазируфтааст. Хоҷа Насируддини Тусӣ ҳарчанд аз ҷонибдорони бисёр собитадами фалсафаи машшоъ буд ва ҳикмати Бӯалиро аз ҳамлаи Муҳаммади ғазолӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ ва Фахруддини Розӣ ҷасурона дифоъ кардааст, вале, дар айни ҳол, мавзӯи созиш додани фалсафаи машшоъ бо калом дар осори ӯ возеҳ ба назар мерасад.

Абӯнаср Муҳаммад бинни Муҳаммади Форобӣ (873-950) яке аз саромадони ҳикмати машшоии давраи тасаллути ислом маҳсуб мешавад. Вай дар соҳаҳои гуногуни илми замонаш дасти қавӣ дошт ва осори зиёде чун «Шарҳи мантиқи Арасту», рисолаҳое дар ахлоқ, сиёсат, тарбият, дин, риёзиёт, табииёт, мусиқӣ, таърихи табақабандии улум, омӯзиши артиш ва ғайра ба ёдгор мондааст. Бинобар ҳамин вусъати фарогир ва шабоҳаташ ба Арасту буд, ки ӯро Муаллими сонӣ (дуюм) лақаб додаанд. Бисёре аз осораш дар қарнҳои минбаъда ба ибораи лотинӣ тарҷима шудааст.

Форобӣ асарҳои зиёди фалсафӣ низ таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон -«Эҳсо-ул-улум», «Мақола фи маъонӣ ул-ақл», «Китоб-ул-ҷамъ байна-л-ҳакиматайни-Афлотун-ул-Илоҳӣ ва Аристотолис», «Китобу орои аҳли-л-мадинат-ил-фозила», «Китоб-ут-танбеҳ, ало сабили-с-саода», «Китоб ул-сиёсати-л-мадания», «Китобу фусул-ул-маданӣ» мебошанд.

Умдатарин асли фалсафаи ӯ назарияи Мавҷуд (Сабаби аввал, ақли аввал) аст.   Аз   рӯи   ин назарияи вай, Мавҷуди аввал   пойдор   ба зоти худ, дур   аз   ҳама   нуқс, ҳамеша   билфеъл,   азалӣ,   абадӣ, ғайримоддӣ, бесурат, беғоят, бешарик, якто дар ҳастӣ ва дар мартаба беҳад, ҳаким, олим, ҳақ ва мутлақ, аст.     Аз   ин   таърифот   ва тавсифот, пеш аз ҳама,   чунин   натиҷа   метавон   гирифт,   ки Мавҷуди   аввали   Форобӣ   асосан   ҳамон   Аллоҳи    ислом     ва   Воҷиб-ул-вуҷуди   дигар   файласуфон   аст.   Ва   ӯ   ба василаи Мавҷуди аввал фалсафаи худро тибқи тақозои замон ба сӯи ислом мутаваҷҷеҳ сохтааст. Натиҷаи дигар ин аст, ки Мавҷуди аввали Форобӣ як ҷавҳари комилан рӯҳонӣ, ғайримоддӣ ва ғайриҷисмонӣ аст. Аз назари Форобӣ, ҳамин Мавҷуди мутлақан рӯҳонӣ ва ақлонӣ «сабаби нахустини ҳастии ҳама мавҷуд аст», хоҳ ин мавҷудот рӯҳонӣ бошад, хоҳ моддӣ, вале ин ҷо саволе ба миён меояд, ки Мавҷуди аввал, ки зотан мавҷуди рӯҳонӣ, ғайримоддӣ ва ғайриҷисмонӣ аст, чи гуна метавонад сабаби нахустини ҳамаи мавҷудоти рӯҳонӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ бошад. Барои ба ин савол ҷавоб додан, Форобӣ ба назарияи судур ё файз муроҷиат мекунад. Тибқи он, баробари илми Мавҷуди аввал бар зоти худ ва файзу раҳмати Вай мавҷуди дуюм (ақли дуюм) падид меояд, ки ҷавҳари мутлақан ғайримоддӣ аст. Вай зоти мавҷуди аввал ва зоти худро тааққул (фаҳмишу идрок, фаҳм кардан) мекунад. Бар асари тафаккур дар бораи зоти мавҷуди аввал, аз он ақли сеюм ва бар асари тааққули зоти худ аз вай самои аввал ё фалак-ул-афлок ногузир содир мешаванд. Силсилаи судурот ба ин шева идома меёбад, то даҳ ақл ва нӯҳ фалак содир гардад. Уқули (ҷамъи ақл) даҳгона ва сабаби тафаккури ҳар як ақли минбаъда дар бораи зоти мавҷуди аввал, фалаки нӯҳгона (фалак-ул-афлоки кавокиби собита, Зӯҳал, Муштарӣ, Шамс, Зӯҳра, Уторид, Қамар) бар асари зоти худро тааққул кардани ҳар як ақл заруратан пайдо мешаванд. Аз мантиқи ин андешаҳои Форобӣ бармеояд, ки аз назари ӯ илм бар офариниш аст, зеро кофист, ки чизе тасаввур шавад, то мавҷуд ёбад. Форобӣ монанди дигар файласуфон мӯътақид аст, ки судуроти мавҷудоти мутлақ ва комил, ки зотан собитанд ва кавну (ҳастӣ) фасод намепазиранд, ба фалаки қамар анҷом меёбад. Аммо олами зери қамар, яъне олами моддӣ-ҷамодот (ҷамъи ҷамод-санг, минерал, чизи беҷон), наботот, ҳайвоноти ногӯё,ҳайвони гӯё (инсон) ҷаҳони кавну фасод ва табаддулоту таҳаввулот аст. Муваккили он ақли ёздаҳум аст, ки чун уқули дигар ҷавҳари ғайримоддист ва ақли фаъол номида мешавад.

Форобӣ роҷеъ ба қадимияти олам, масъалаи модда ва сурат, таносуби нафсу тан, назарияи маърифат ва масоили фалсафаи иҷтимоӣ низ андешаҳои басе ҷолиб баён намудааст.

Зимни таҳқиқи ҳастишиносӣ Форобӣ   ба   баррасии маърифатпазирии олам   низ   пардохтааст.   Ин   таҳқиқ   ӯро ба чунин натиҷа овардааст, ки тамоми мавҷудот донистанӣ аст ва инсон тавассути ҳис ва ақли худ ба донистани олам роҳ меёбад. Инсон,-навишта буд ӯ, — тавассути ақл ва ҳис таҳсили маърифат мекунад. Маҳсусот бо ёрии ҳаввос (ҷамъи ҳис-қуввае, ки ба воситаи он чизҳоро ҳис мекунанд), маъқулот (ба воситаи ақл даркшуда) тавассути ақл дониста мешавад. Аз ин ҷо метавон чунин натиҷа гирифт, ки Форобӣ ду шакли маърифат ҳиссӣ ва ақлиро шинохтааст.

Масоили ҳикмати иҷтимоӣ дар осори файласуф ба сифати яке аз масъалаҳои марказӣ ва басе доманадор таҳқиқу баррасӣ шудааст.

Инсон, ба қавли Форобӣ, дар мавҷудияти худ барои ба камолоту саодат расидан, ба чизҳои зиёде ниёз дорад. Вале ӯ наметавонад ҳамаи чизҳоро ба танҳойӣ омода бисозад. Аз ин рӯ, вай фақат тавассути иттиҳоди ашхос-мадади ҳамдигар ба камолот ноил мешаванд. ҳамин тавр, башар тавлид шуда, қисмати кураи арзро маскан кард ва дар натиҷа ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд омад. ҷомеаи башарӣ комила ва ғайрикомила мешавад. ҷомеаи комила се навъ дорад: ҷомеаи бузург-иттиҳоди ҳамаи одамони қисмати ободи кураи арз, ҷомеаи кураи арз, ҷомеаи хурд-иттиҳоди ақлӣ ин ё он шаҳр, ки ҷузъе аз маскани халқҳост. Масъалаи аввалине, ки Форобӣ ҳангоми баррасии моҳияти мадина ба риштаи таҳқиқ кашидааст, масъалаи сохтори он аст. ӯ сохтори мадинаи фозиларо ба сохтори бадани томи инсон ташбеҳ медиҳад, ки ҳар як узви он барои тамомият ва ҳифзи ҳаёти вай хидмат мекунад. ҳамчунон, ки бадани як узв Раиса (дил) дошта, тамоми аъзои дигари он хидмати вайро адо мекунанд ва яке бар дигаре аз рӯйи табиат ва қобилият бартарӣ доранд, айнан ба мисли ҳамин дар ҷомеа ҳам як шахсе раис аст, ки тамоми аъзои дигари иҷтимоии мадина тибқи тақозои ҳадафи ӯ амал мекунанд ва яке аз дигаре ба асари вазъи иҷтимоии худ тафовут дорад.

Аз назари Форобӣ масъалаи бисёр муҳими ҳаёти мадинаи фозила   масъалаи сарвар ё раиси он аст.ӯ мӯътақид аст, ки дар сари мадинаи фозила   наметавонад ҳар   шахсе,   ки   иттифоқ   афтод,   қарор   дошта бошад,   зеро   идора   аз   ду чиз вобаста аст: аввал,   аз   он,   ки   шахсе табиатан   барои идораи   мадина   омода   бошад,   дуюм, аз   вазъ   ва   қобилияте, ки   манбаи   ирода   аст,   бархӯрдор   бошад.   Идораи   мадина   ба   ӯҳдаи   касе   хоҳад   афтод,   ки   табиатан ба ин     кор     мутамоил   бошад.

Ҳамин тариқ, сохтори иҷтимоии мадинаи фозила, аз назари Форобӣ, ин зайл аст: 1.Бузургони мадина (файласуфон, оқилон ва соҳибназарони корҳои муҳим). 2.Суханварон ва рӯҳониён (воизон, хатибон, шоирон, мусиқидонон, нависандагон ва ғайра). З.Муқаддирон — оморшиносон, муҳосибон, риёзидонон, табибон, мунаҷҷимон. 4.ҷанговарон -размандагон, посбонон. 5.Сарватмандон, ки дар мадина ба касби мол машғуланд, чун кишоварзон, чорводорон, бозаргонон (тоҷирон) ва амсоли инҳо.

Зимни баррасии мадинаи фозила Форобӣ масъалаи мадинаи ғайрифозиларо низ таҳқиқ мекунад. Аз назари ӯ, мадинаи ғайрифозила чор навъ мешавад, аз ҷумла:Мадинаи ҷоҳила, ки чандин навъ дорад, чун мадинаи зарурия, мадинаи мубодалла (бадал кардан), мадинаи хиссат (хасисӣ, пастӣ) ва шақоват (бадбахтӣ), мадинаи каромат, мадинаи тағаллубӣ (пурра ғолиб шудан), мадинаи ҷамоия (ҷамоъ — муоширати марду зан).

Дигар масоили ниҳоят муҳими ҳикмати сиёсии Форобӣ масъалаи ҷанг ва сулҳ аст. Таъмини сулҳ ва амнияти мардум, ба андешаи ӯ, аз сифатҳои лозимаи мадинаи фозила аст. Мадинаи фозила фақат дар сурати зарурати муҳофизати худ ва ба хотири таъмини амният дар қаламрави кишвар маҷбур аст даст ба ҷанг занад. Ба ақидаи файласуф, фақат ҷангҳое одилона мешаванд, ки ҳадафашон ҳифзи кишвар ва истиқрори адолат бошад.

Ибни Сино (980-1037) номдортарин аллома ва барҷастатарин файласуфи машшоии тоҷик аст, ки дар соҳаи фалсафа ва ҳикмат таълифоти зиёде ба ёдгор мондааст. Муҳимтарини онҳо- «Китоб уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва -т-танбеҳот» ва «Донишнома» мебошанд. «Донишнома» ягона асарест, ки Ибни Сино онро ба забони тоҷикии форсӣ навиштааст, дигар асарҳояш пурра бо забони арабӣ таълиф ёфтаанд. Масъалаҳои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, сурату модда, нафсу тан, сабабият, маърифати олами моддӣ ва таҳқиқи масоили гуногуни мантиқ мазмун ва мӯҳтавои асосии осори ӯро ташкил медиҳад.

Масъалаи маъмуле, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳакимони асримиёнагӣ буд, ин масъалаи оё оламро Худо офаридааст, ё он азаливу абадӣ вуҷуд дорад?, мебошад. Назари Ибни Сино ба ин масъала ин аст, ки олам   аз   моҳияти   илоҳӣ судур карда, дараҷаҳои   гуногунро   гузашта,   намуди   ҳозираашро   гирифтааст. Вале таносуби Худо ва табиат, на чун таносуби холиқ ва махлуқ, балки чун таносуби иллат (сабаб) ва маълул (натиҷа) мебошад. Ба андешаи файласуф, Худо оламро на аз рӯи иродаи худ, балки бо амри зарурат офаридааст. Чунин натиҷагирии Ибни Сино аз таҳлили робитаи иллат ва маълул сар мезанад, зеро тибқи он алоқаи иллат ва маълул на робитаи тасодуфӣ, балки зарурист. Сабаб танҳо дар ҳолате сабаби воқеӣ шуда метавонад, ки натиҷае ба бор оварад. Агар он натиҷа надошта бошад, пас ҳамеша дар ҳукми сабаби имконӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, барои он ки Худо сабаби воқеӣ шавад, ӯро воҷиб буд, ки оламро биофарад.

Вай борҳо таъкид мекард, ки «ҳарчи аз иллате ояд, ба воҷиб ояд». Ин ақидаи Ибни Сино дар назарияи судури ӯ возеҳан ифода ёфтааст.

Дар назарияи фалсафии Ибни Сино ба таҳқиқи масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон, ки шаклҳои ҳастии модда ва оламанд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Ба ақидаи ӯ, ҷисм ҳамеша дар тағйирот аст. То даме, ки ҷисм пурра тағйир наёфтааст, ҳолати навро нагирифтааст, он имконӣ аст. ҳамин, ки вай пурра тағйир ёфт, воқеӣ шуда, ба ҷисми дигар табдил мешавад. Аз ин сабаб, ҳаракат тағйири ҳол ва камоли ҷисм аст. Файласуф ҳаракатро аз рӯи зуҳурот дар ҳастӣ ба ҷунбиши каммӣ (миқдорӣ), кайфӣ (сифатӣ), маконӣ ва вазъӣ тақсим кардааст.

Эътирофи робитаи модда, ҳаракат ва замон яке аз лаҳзаҳои муҳими фалсафаи ӯст. Мутафаккир замонро ба мисли моддаю ҳаракат айнӣ ва воқеӣ донистааст. Дар назари Ибни Сино, замон ба мисли модда ва ҳаракат азалию абадист ва барои исботи ин масоил далелҳои боэътимоди ақлию мантиқӣ овардааст.

Масъалаи назарияи маърифат ва мантиқ низ яке аз масъалаҳои муҳиму марказии фалсафаи Ибни Синост. Файласуф дар хусуси маърифат сухан ронда навишта буд, ки: «Ба ақидаи ман   идрок   иборат   аст   аз   ин, ки   идроккунанда сурати   идрокшавандаро   ба наҳве аз   онҳо бигирад.   Ва агар идрок шайъӣ     бошад, ҳамин ки   идроккунанда   идрокшавандаро   таҷрид   аз модда кард, идрок ҳосил мешавад» («Донишнома».- Теҳрон, 1337ҳ., саҳ. 83-87).

Ибни Сино дар ҳалли масъалаи таносуби маърифати ҳиссию ақлӣ низ кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Ба ақидаи вай, дар корҳо ҳис нафси нотиқаро кӯмак мекунад. Аз ҷумлаи кӯмакҳои он яке ин аст, ки он чиро ин қувва аз ҷузъиёт ҳис кардаанд, бар он ворид мекунад.

Масъалаи бисёр муҳими назарияи маърифати файласуф масъалаи моҳияти ҳадс ( ҳодис шудани чизи нав) мебошад. Ба андешаи Ибни Сино, ҳадс он аст, ки ба як бор ва ҳар гуна таълим ва тааллум ҳадди васати қиёс дар зеҳн ояд. Дониши ҳадсӣ донишест, ки як бор пайдо мешавад, донишест, ки бефикру андеша ба вуҷуд меояд. Дониши ҳадсӣ маърифати ғайритаҷрибавӣ буда, гӯё бе таълиму тааллум (илмомӯзӣ) сурат мегирад. Файласуф бо масъалаи ҳадс, масъалаи дониши таҷрибавӣ ва ғайритаҷрибавиро алоқаманд менамояд. Ибни Сино дониши ғайритаҷрибавиро пояи тамоми дониши инсонӣ, заминаи маърифати таҷрибавӣ медонист. Ибни Сино масъалаи мантиқу масоили ба он марбутро хеле эҷодкорона дида баромадааст.

Ҳарчанд Ибни Сино дар масъалаи ҳикмати амалӣ таълифоти мустақиле анҷом надода бошад ҳам, вале баъзан ба назар чунин мерасад, ки андешаҳои иҷтимоиаш зимни баёни масъалаҳои умумифалсафии ӯ арзёбӣ шудааст. ҳикмати амалии Ибни Сино- таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудунро фаро гирифтааст. Ба қавли файласуф, мурод аз таҳзиби (ислоҳ кардан) ахлоқ саодати шахс, аз тадбири манзил саодати оила ва аз сиёсати мудун (шаҳр) саодат ва танзими кишвар аст. Файласуф дар рисолааш «Тадбири манзил» ва дигар асарҳояш роҷеъ ба муҳимтарин рукнҳои ҳикмати амалӣ имтиёзу афзалияти инсон ва моҳияти он, бунёди оилаи солеҳа, роҳу тариқи тарбияи фарзанд, мақоми мураббӣ дар тарбияи фарзанд, сабабҳои истиқрори ҷомеа, таркиби иҷтимоӣ, ҳокимияти сиёсӣ, фароҳам овардани адолату амният ва ғайра сухан рондааст.

Ибни Сино сабаби асосии пайдоиши иҷтимоъро дар зарурати   фароҳам   овардани шароитҳо ва омилҳо барои фаъолияти   ҳаётии одамон   ва дар пойдориву бақои ҳастии   насли   инсонӣ мебинад.   Ба   андешаи ӯ, ин зарурияти устувору пойдор   одамонро   маҷбур менамояд, ки дар иттиходия гирди ҳам   оянд   ва  бо   усули     иштирок,     ҳамкорӣ,     ёрмандии     байниҳамдигарию мубодилот неъматҳои истеҳсол кардаашон шароите барои мавҷудияти афроди инсонӣ ва насли он муҳаё намоянд.

Агар файласуф яке аз шартҳои зарурии иттиҳоди иҷтимоъро дар муованати (мададгорӣ) доимиву мунтазами одамон донад, шарти дуюмини рушду ривоҷи онро дар меҳнати софдилонаи шаҳрвандони ҷомеа дидааст. ҷомеа бояд ногузир бар зидди ҳама гуна тазоҳуроти номатлуб -муфтхӯрону ришвахӯрон, дуздону фоҳишагон ва ғайра муборизаи беамон барад. Аз назари Ибни Сино, таркиби ҷомеа аз аҳли мудаббирон (тадбиркунанда-подшоҳ), аъёну ашроф, сипоҳсолорҳо), аҳли сайф (шамшер — лашкар) ва аҳли чокар (хидматгорҳо) иборат аст. Файласуф дар хусуси дороиву сарватмандӣ ва инчунин дар мақому манзалат ҳамоҳанг набудани одамонро яке аз шартҳои муҳими пойдории ҷомеа медонад ва дар ин боб гуфтааст: «…агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобеу раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошанд, ҳамагӣ фано ва ҳалок мешаванд» (Рисолаи тадбири манзил, саҳ. 13).

Аз таҳлили андешаҳои иҷтимоию сиёсии Ибни Сино сареҳатан бармеояд, ки бақову пойдории кишвар на фақат ба василаи муованату ҳамкории шаҳрвандони он сурат мепазирад, ҳамчунин ба танзими қонунҳои одилона низ робитаи зич дорад. Вай таъйид менамояд, ки дар кишвар қонун ва меъёри адолат бояд ҷорӣ бошад. қонунгузор бояд аз болои қонун ва татбиқи мунтазами он дар ҳама сатҳи умури ҷомеа назорати доимӣ барад. Аз назари файласуф, ҳар шаҳрванде, ки ба беадолативу беинсофӣ роҳ медиҳад, ҳатман бояд ба ҷазо кашида шавад ва дар иҷрои ин амали хайр аҳли ҷомеа ҳатман бояд муштарак бошанд ва ба манфиати хайрияту рифоҳияти умум мадад расонанд. Маълум аст, ки татбиқи ҳамаи ин амалиёти хайр ва таъмини мувозинат дар кишвар бе ҳузури сарвари одилу оқил сурат намегирад. Аз ин рӯ, файласуф ба таҳқиқи масоили ҳокимияти сиёсӣ ва асоси ҳуқуқии он пардохтааст. Ҷомеаи Ибни Сино бо назариёти аҳкомиву шариатии ислом комилан созгор аст. Он ҷомеа, дар зери фармони пайғамбар қарор дорад. Аз назари ӯ, пайғамбар ду вазифаро ба ҷо меорад, яке барқароркунии низоми зиндагонии инҷаҳонӣ ва дигаре таъмини саодати ҷаҳони уқбои (охирати) одамӣ аст. Ба ҳамин ваҷҳ, пайғамбар роҳбари ҷомеаи одилона ва таъмини файзи илоҳиро дар замин ба ӯҳда дорад.

Нақши афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули таълимоти файласуфони минбаъдаи ҷаҳони исломӣ бағоят бузург аст.

Абулвалид Муҳаммад ибни Рушд (1126-1198) аз барҷастатарин файласуфони машшоии араб ҳисоб мешавад, ки дар шаҳри Курдоби Испониё ба дунё омадааст. Вай дар ҷавони илоҳиёт, фиқҳ, адабиёти араб, фалсафа ва тибро омeхт. Ибни Рушд соли 1153 ба Марокаш рафта, мадраса таъсис кард. Солҳои 1168-1171 қозии Севил, солҳои 1171-1182 қозиюлқузоти Курдоб, 1182-1194 табиби дарбор буд. Соли 1195 барои озодандешb ба uазаби амир Абуюсуф дучор шуда, худашро ҳабс карда китоб ҳояшро сӯзонданд.

Ибни Рушд дар соҳаҳои гуногуни илм асарҳои зиёд таълиф кардааст, ки як қисмаш — 38 асар ба шарҳи осори Афлотун, Арасту, Форобӣ ва Ибни Сино, қисми дигараш тадқиқоти ӯст. Асари муҳимтарини ӯ «Таҳофут ут-таҳофут» аст, ки дар радияи «Таҳофут ул-фалосифа» -и Имом ғазолӣ навишта шудааст. Ибни Рушд дар баҳс бо ғазолӣ ҷиҳатҳои озодандешонаи фалсафаи машшоъро бештар инкишоф додааст, ки он аз ҳалли масъалаи таносуби Худо ва олам маълум мегардад. ӯ бархилофи ислом ва калом, ки назарияи офаринишро қоил буданд, исбот мекунад, ки ҳаюло қадим ва абадист, зеро пеш аз ҳастии ҳозир ҳастии дигаре ва баъд аз он ҳам ҳастии дигаре вуҷуд хоҳад дошт. Азбаски ҳаюло қадим аст, олам ва шаклҳои ҳастии он ҳаракат, макон ва замон низ қадиманд. Бинобар ин, офариниши олам аз ҳеҷ муҳол аст. Худо оламро на аз ҳеҷ офарид, балки суратҳои ба модда зотан хосро аз ҳоли имкон ба ҳоли воқеият овард. Ибни Рушд дар ҳамин асос далелҳои Fазолиро дар бораи офариниши олам рад мекунад. Яке аз далелҳои муҳими ғазолӣ дар хусуси пайдоиши олам машҳур ва мақбули умум будани ин ғоя аст. Ибни Рушд ин даъвои ғазолиро рад карда, баён мекунад, ки шарти ҳақиқат будани ин ё он нукта на машҳур ва мақбули умум будани он, балки ба ҳастӣ мутобиқ будани вай аст. Ибни Рушд далелҳои оқилонаи ғазолиро дар радди қадимии олам таҳлил карда, камбудии онҳоро фош кардааст. ғазолӣ ба он ақида буд, ки имконияти ҳастии абадӣ ҳаргиз далел қадимии олам шуда наметавонад, зеро имконият мафҳуми сирф ақлӣ аст.

Назарияи маърифати Ибни Рушд бо назарияи сабабияти ӯ зич алоқаманд мебошад, зеро маърифат дар назари ӯ донистани сабаби ашё ва ҳодисаҳост. Вай дар назарияи маърифат пайрави назарияи инъикос буд. ӯ бар хилофи ғазолӣ, ки лафзҳои куллиро мафҳумҳои сирф ақлӣ мепиндошт, андеша дорад, ки онҳо натиҷаи инъикоси хосиятҳои умумии ашёву ҳодисот дар зеҳн ва ақл мебошанд. Чизҳои фардӣ аз рӯи ҳастӣ бар умури куллӣ пеши доранд ва бе онҳо мафҳуме дар зеҳну ақл пайдо шуда наметавонад. Дониш,- навишта буд ӯ, -на дарки умури куллӣ, балки донистани ашёи фард аст, ки дар сурати хосияти муштараки онҳоро таxрид кардани ақл пайдо мегардад. Вале умури куллӣ мавзeи дониш нест, балки маҳз тавассути онҳо ашё дониста мешавад. Ибни Рушд назарияи тазаккури Афлотун, ки онро ғазолӣ вусъат дода навишта буд: «ҳамаи ин гуфторҳо бемағзанд, зеро шакке нест, ки лафзҳои ақлӣ фақат дар сурате маъни доранд, ки ақл тавассути онҳо дар бораи табиати ҳақиқии ашё тасаввур пайдо кунад».

Вай дар мубоҳиса бо ғазолӣ таълимоти фалсафаи машшоъро дар бораи маърифати ҳиссию ақлӣ низ тараққӣ ва вусъат додааст. Мулоҳизаҳои ӯ дар ин хусус далели онанд, ки вай дар назарияи маърифат пайрави назарияи инъикос буд. Ба ақидаи ӯ, дониши ҳиссӣ натиҷаи дар узвҳои ҳис инъикос шудани сурати ашёи фард буда, дониши ақлӣ дарки моҳияти онҳост.

Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Муҳаммад Насируддини Тусӣ (1201-1274) аз чеҳраҳои дурахшонтарини афкори фалсафӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии асримиёнагии тоҷик ба шумор меравад. Вай дар вусъати минбаъдаи фалсафаи машшоъ нақши бузурге дорад. Агар Ибни Рушд фалсафаи машшоъро аз ҳамлаҳои ғазолӣ ҳимоя карда бошад, Насируддини Тусӣ онро аз зарбаҳои Фахруддини Розӣ ва Муҳаммади Шаҳристонӣ дифоӣ намудааст.

Осори фалсафии ӯ «Асос-ул-иқтибос», «Равзат-ут-таслим», «Қавоид-ул-ақоид», «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мӯҳташамӣ», «Таҷрид-ул-калом», «Таҷрид-ул-ақоид», «Шарҳ-ул-ишорот», «Авсоф-ул-ашроф», «Насиҳатнома ба Обокохон» мебошанд, ки дар онҳо пеш аз ҳама, масъалаҳои ҳастӣ ва ахлоқу иҷтимоъ ҳарҷониба баррасӣ ва тадқиқ гардидаанд.

Масъалаи асосии   фалсафаи асрҳои   миёна-масъалаи таносуби   Худо   ва   табиат   буда, мисли   Форобӣ,   Ибни   Сино   ва Ибни Рушд собит намудааст,   ки: «Аллоҳи таъоло ҳамеша холиқ буд ва чун холиқ гуфтӣ, махлуқ ҳам бояд бувад, яъне ин олам ҳам худ лозим бошад. Пас, ҳаргиз набувад, ки ин олам набуд. Агар касе гӯяд: Худой ва олам ҳарду ба ин ваҷд қадим бошанд ва ин ширк бошад, гӯем: Мо на инкори қадимии олам кунем ва на инкори мӯҳдасиаш (рӯйдоди нав) Пас гӯем: Олам ба ихтиёр ва эътибори худ мeҳдас аст ва ба эътибор бо мукаммалу мукаммил (такмилшуда)-и худ қадим. Ва ҳудуси ӯ имкон ва нуқсони ӯст ва қидами ӯ расидан аз имкон ба вуҷуд ва аз нуқсон ба камол» (Равзат-ут-таслим. Бомбай, 1950, саҳ.59).

Чунин ҳалли масъала зотан муқобили назарияи ибтидои замонӣ доштан ва фонӣ будани олам равона карда шудааст, ки он яке аз аҳкоми муҳими динӣ ва нуктаи асосии фалсафаи каломи Муҳаммади ғазолӣ ва Фахруддини Розӣ мебошад. Таъбири масъалаи таносуби Худо ва олам ҳамчун таносуби сабабу натиҷа Насируддини Тусиро ба шарҳи илмии моҳияти ҳодисаҳои олам ҳидоят кардааст. Аз ҳамин сабаб, вай ҳангоми таҳқиқи ҳодисаҳои кусуфу хусуф (гирифтани офтобу моҳтоб), ҳаракати саёраҳо, барф, борон, жола, абр, шамол, тиру камон, зилзила, инъикос ва инкисори (шикаста шудани) нур, пайдоиши ҷавоҳирот, субҳи козибу содиқ (субҳи нимравшану равшани комил) ва назири инҳо кӯшидааст, ки сабабҳои айнӣ ва табиии онҳоро ошкор созад.

Назарияи маърифати Насируддини Тусӣ аз танқиди назарияи маърифати калом, махсусан, аз танқиди назарияи маърифати Фахруддини Розӣ сар задааст, ки ӯ ба қобилияти оламро донистани одам шубҳа дошт.

Масъалаи ҳикмати амалии Насируддини Тусӣ ҳам бисёр муҳим аст. Вай дар асари барҷастааш «Ахлоқи Носирӣ» роҷеъ ба ҳар се бахши ҳикмати амалӣ-таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун (шаҳрҳо) изҳори андеша намудааст ва дар ибтидо моҳият ва ҳадафи ин ҳикматро ошкор сохтааст.

Файласуф назарияи фитрӣ будани ахлоқро рад намуда, қайд мекунад, ки он бо таъсири муҳит ва таълиму тарбия тағйир меёбад. ӯ инсонро дар содир кардани чи афъоли нек ва чи бад соҳибихтиёр дониста, онҳоро барои кирдорашон масъул мешуморад.

Насируддини Тусӣ масъалаи пайдоиши оилаю муносибатҳои оилавиро ҳам   мавриди   таҳқиқ   қарор   додааст.   Вай   сабабҳои   пайдоиши оиларо дар таъмини маош, молумулк ва бардавомии насли башар дидааст. Нуқтаи назари ӯ дар бораи муносибати байни зану шавҳар, фарзандон, хоҷаву хизматгор то андозае аз маҳдудиятҳои таърихӣ холӣ нест. Вале андешаи мутафаккир дар хусуси пос доштани хотири кӯҳансолон, волидайн, таъмини хушҳолии зан ва адолату шафқат нисбат ба ӯ ҷиҳатҳои пешқадамии таълимоташро ташкил медиҳанд.

Насируддини Тусӣ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст. Ба ақидаи вай, эҳтиёҷоти ҳаётии аҳли ҷомеа (пӯшок, хӯрок ва дигар молҳои ниёз) бо ёрии ҳамдигар ва бе истиқрори таовун рафӣ намешаванд. Одамон маҷбуранд, ки муттаҳид шаванд ва ҳамин иттиҳод мадина (ҷомеа) аст. Мувофиқи андешаи мутафаккир, мадина чанд навъу хел дорад, ки беҳтаринаш мадинаи ҳуррият аст. Шаҳрвандони ин гуна мадина комилҳуқуқ ва озоданд. Мардум танҳо дар ин гуна ҷомеа хушбахт ва саодатманд шуда метавонанд.

Насируддини Тусӣ дар назарияи иҷтимоию сиёсӣ таълимоти Форобиро идома дода, ақидаҳои ӯро дар хусуси мақоми истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар бақои насли башар, нуфузи ҳунар, тиҷорат ва пул дар ҳаёти ҷамъият, сабабҳои пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ва ғайра вусъат додааст.

Нақши афкори фалсафаи Хоҷа Насируддини Тусӣ дар рушду инкишофи таълимоти фалсафии минбаъда хеле калон аст.

Калом вожаи арабӣ буда, маънои сухан-нутқро далолат менамояд. Он таълимоти фалсафӣ ва мафкуравии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна аст, ки мабдаи бунёдии фалсафаи ислом маҳсуб мешуд. Ҷонибдорони каломро мутакаллим меноманд. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар асари худ «Ал-милал ван-ниҳал» ду маънои таърихияти пайдоиши каломро зикр кардааст:

  • «намоёнтарин масъалае, ки мутакаллимон сухан дар бораи он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи Ҳақ, яъне қуръони Шариф, ки «оё қадим аст ё ҳодис»,
  • «ё аз он ҷиҳат, ки онҳо бо фалсафа муқобила карданд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиқ ном кардаанд ва азбаски мантиқу калом ду лафзи мутақорибанд дар маънӣ, эшон ин илмро калом ном кардаанд» (Ал-милал ван-ниҳал, саҳ-46)

Калом дар асри VIII ба вуҷуд омадааст. Дар ин аср дар заминаи дини мубини ислом фирқаю мазҳабҳои зиёди мухолифин пайдо шуданд: баҳсу мунозираи онҳо имони суннатро ба ислом заиф мегардонданд. Густаришу нашр ёфтани афкори фалсафии юнонӣ эътиқоди мусулмононро ба заифӣ меовард. Дар чунин вазъияти муборизаи ғоявӣ бо тақозои муқовимати зидди бидъати мазҳабҳои мухталиф калом ба вуҷуд омад. «Пайдоиши илми каломи исломӣ дар баробари ҳамлаҳои пайравони динҳои дигар ва билхоса масеҳиён, ки ба ҳарби мантиқи юнонӣ худро мусаллаҳ карда буданд» (Саид Ҳусайн Наср. Илм ва тамаддун дар ислом-Теҳрон, 1972,саҳ.334).

Мавзӯи баҳси калом ҳамчун илоҳиёти ислом зоту сифатҳои Худо, офариниши инсон, нубувват ва ҷазову подоши охират мебошад.

Ташаккули калом дар се марҳила сурат гирифтааст. Дар ибтидо калом бо унвони мӯътазилия маъруф буд, ки баъдҳо он асоси каломи ташшаюъ қарор гирифт. Дар марҳилаи дуюм каломи ашъарӣ ва мотуридӣ   ба вуҷуд омад, ки ҳарду ҳам каломи тасаннунӣ буда, ба онҳо дар ибтидои асри X Абдулҳасан Алӣ Ибни Исмоили Ашъарӣ ва Абумансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ асос гузоштаанд. Маъруфтарин ҷонибдорони каломи суннӣ Абӯбакри Боқилонӣ Ифароинӣ ва Абдулмалики Ҷувайнӣ буданд. Вазифаи каломи суннӣ бо бурҳону далелҳои мавҳуми ақлӣ ва ақоиди динӣ маънидод кардани асосҳои фалсафӣ иборат буд. Мутакаллимон «ақоиди аҳли суннатро аз рахнаву дастандозии аҳли бидъат ҳифз намуда» (Муҳаммади Ғазолӣ), мекӯшиданд, ки «бидъатҳо аз миён биравад ва анвои шакку шубҳаҳо аз ин ақоид зоил (нобуд) гардад» (Ибни Халдун). Калом дар марҳилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафаву ҳикмат махлут гашта, ғайр аз муҳокимаи масъалаҳои тахассусияшон ба таҳқиқи муаммоҳои ҳастишиносию маърифатпазирӣ рӯ овард ва минбаъд рақиби фалсафа гардид. Ин амалро Муҳаммади Ғазолӣ оғоз кард ва баъдҳо Муҳаммади Шаҳристонӣ, Фаридаддини Балхӣ, Фахриддини Розӣ, Иззаддини Иҷӣ ва Тафтозонӣ равияи ӯро идома ва тақвият доданд.

Принсипҳои асосии калом моҳиятан ба машшоия мухолифанд. Дар маркази ҳастишиносии калом масъалаи офариниши олам қарор мегирифт. Мутакаллимон баръакси машшоия, ки оламро қадим ва маоди ҷисмониро номумкин мешумурданд, офариниши олам ва маоди ҷисмониро эътироф мекарданд. Дар асоси ин таълимот мутакаллимон робитаи зарурӣ ё сабабият ва қонунмандии табииро инкор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳаводиси олам тобеи сабабият ва қонунияти табиӣ нестанд. Қудрат ва ихтиёри озоди Худованд раванди ҳодисаҳоро ҳамеша ва бевосита тағйир дода метавонад. Пас, инсон низ дар амалиёти худ фаъол ва соҳибихтиёр нест. Вай иҷрокунандаи амри илоҳист. Ақли инсон барои маърифати мӯътамад ва саҳеҳ оҷиз аст. Ҳамин тавр, агар машшоия ба маърифати олам эътимоди комил дошта бошанд ва ратсионализмро тарғиб намоянд, мутакаллимон баръакси онҳо дар баёни назарияи маърифат рафтор мекарданд. Машшоия маълумоти ҳиссиётро ҳамчун дараҷаи аввали маърифат ба асос мегиранд, мутакаллимон баръакс, нақши ҳиссиётро паст мезананд ё нодида мегиранд. Машшоия қадим будани оламро ба асоси қадимияти модда исбот мекарданд. Вале мутакаллимон, ки ба офариниши олам мӯътақид буданд, таълимоти таносуби моддаю суратро написандида, назари номутаҷуззӣ (атомизм)-и пифагориро маъқул донистанд. Машшоия вуҷуди халоъро ғайримумкин мешумурданд, аммо мутакаллимон ба вуҷуддошти он мункир набуданд. Ба қавли машшоиён замон мавҷуд аст, мутакаллимон бошанд, айнияти замонро эътироф намекарданд.

Дар натиҷаи мунтазам ба фалсафаи машшоия фишор овардани калом он истиқлоли худро тадриҷан аз даст дода, оқибат дар ҳудуди асрҳои XV-XVI қариб комилан аз миён рафт ва калом бошад, ҳамчун фалсафаи ноби ислом шинохта шуд. Калом ҳоло ҳам дар кишварҳои исломӣ нуфузу эътибори хос дорад ва дар шакли «илми каломи ҷадид» тарғиб карда мешавад. Вазифаю нақши «илми каломи ҷадид»-ро метавон ба нақшу вазоифи неотомизми аврупоӣ қиёс кардан мумкин аст. Он ҳам мисли неотомизм ҷаҳонбинии диниро тарғиб мекунад (Саид Аҳмад Сафо ва диг.), комёбиҳои илмро ба манфиати таълимоти динӣ эзоҳ дода, онҳоро бо ҳамдигар оштӣ доданӣ шуда,аниқтараш илми муосирро ба дин тобеъ гардонданӣ мешавад.

Мӯътазила вожаи арабӣ ва маънояш дуршуда ё ҷудошуда мебошад.  Он яке аз аввалин ҷараёнҳои бонуфузи калом аст, ки муассисонаш Абӯҳузайфаи Восил ибни Ато (699 – 748) ва Амр ибни Убайд (ваф.744) мебошанд. Онҳо нахустин илоҳиётшиносони исломанд, ки ба таълимоти динӣ тамоюлоти хирадгароёна ворид сохта, усули умдаи динию фалсафиро ба вуҷуд овардаанд. Баъзе муҳаққиқони асрҳои миёна, аз ҷумла Навбахтӣ таълимоти мӯътазиларо равияи бар зидди хилофати уммавиён равонашуда меҳисобанд, зеро мӯътазилиён баробари эътироф намудани халифаҳои рошидӣ халифати Алиро низ мепазируфтанд. Навбахтӣ афродеро, ки аз Алӣ ҷудо шуда ба муқобили ӯ наҷангидаанд, бунёдгузорони маънавии мӯътазила медонад.

Шиблии Нӯъмонӣ дар хусуси воридшавии баҳси адл дар ҷомеаи исломӣ мегӯяд: «Дар замони Ҳишом бини Абдулмалик, ки дастур дод Fелони Димишқиро куштанд, Ҷаҳм бини Сафвон қиём намуд ва ӯро ба ҷурми амр ба маъруф ба қатл расонанд, лекин ин хун ба ҳадар нарафт. Масъалаи адл ва амр ба маъруф маҳкам реша давонд ва он ба қадре қувват гирифт, ки ҷамъияти анбӯҳе, ки билохира бо лақаби мӯътазила хонда шудаанд онро дохил дар усули аввалияи ислом карданд. Бояд донист, ки дар миёни усули панҷгона фирқаи мӯътазила, ду асл, ки иборат бошад аз адл ва амр ба маъруф, оғозаш аз ҳамин ҷост» (Шиблии Нӯъмонӣ. Таърихи илми калом, тарҷимаи Саид Муҳаммадтақии Фахри Доъӣ, саҳифаи 15).

Дар аҳди уммавиён, ки аҳли хориҷшудагон, мураҷҷаҳиён ва қадариён зуҳур карданд ва дар охирҳои ҳамин аём, Восил бини Ато (ваф.131 ҳ.) мазҳаби мӯътазиларо таъсис дод. Мӯътазила дар давраи хулафои бани Аббос, аз замони Маъмун то замони Мутаваккил ҳимоят мешуданд ва дар ҳамон замон аҳли ҳадис мухолифати худро бо мӯътазила шурӯъ карданд. Ҳорис бини Асади Муҳосабӣ (ваф. 243 ҳ.) ва Абдулло бини Саид бини Кӯлоб аз пешқадамони мухолифат бо мӯътазила буданд.

Мӯътазила нахуст дар Шому Ироқ ва Мадина тавассути шахсоне, ки зоҳиран аз афкори юнонию масеҳӣ ва зардуштӣ огоҳ буданд, зуҳур кард ва минбаъд дар гӯшаю канори сарзаминҳои арабу Аҷам паҳн шуд. Мӯътазилиён баҳсҳои асосии байни фирқаву ҷараёнҳои диниро роҷеъ ба қазову қадар, озодии ирода ҳал карданӣ шуда, аҳкоми асосии диниро ташаккул доданд, вале минбаъд зимни инкишофи таълимоти мӯътазила байни пайравони он роҷеъ ба як силсила масъалаҳои назарӣ ихтилоф ба вуҷуд омад ва боиси ба шохаҳои гуногун ҷудо шудани он гардид. Адади чунин шохаҳоро Абдулқодири Бағдодӣ аз 22 фирқа, Алӣ Абӯмуҳаммади Фахрӣ аз 18 фирқа ва Муҳаммади Шаҳристонӣ аз 12 фирқа иборат донистаанд.

Соҳибназарони дини асрҳои миёна мӯътазиларо бо номи асҳоби адл ва тавҳид низ ёд кардаанд ва сабаби мӯътазила унвон гирифтани ин ҷараёни диниву фалсафиро чунин тавзеҳ додаанд: Восил ибни Ато, ки дар Мадина зода шудааст, барои таҳсили илм ба Басра омада, ба маҳфили Ҳасани Басрӣ роҳ меёбад. Дар яке аз баҳсҳои маҳфил роҷеъ ба масъалаи ҷазои шахсе, ки гуноҳи кабира кардааст, бо устодаш ихтилоф варзида, бо шеваи эътироз аз маҳфил ҷудо шуд ва ба гӯшае омада, бо онҳое, ки дар наздаш ҳозир шуда ва   андешаҳои худро хилофи ақидаҳои Ҳасани Басрӣ буданд, баён намуд. Бинобар ин, пайравони Восил ибни Аторо (699–748) ҷудошудагон (аҳли эътизол ё худ мӯътазила) меномидагӣ шуданд.

Усули панҷгонаи мӯътазила аз тавҳид, адл ваъду ваъид манзалати байни манзалатайн ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар иборат буданд. Назариётчии мӯътазила Ибни Баён дар «Интисор» ном асараш нигоштааст, ки иддаи афрод бо мо роҷеъ ба адли илоҳӣ ҳамраъянд, вале назари мушоббеҳро пазируфтаанд, дар тавҳид бо мо ҳамақидаанд, аммо қазоро қоиланд ва ҳамвора азалияти сифоти илоҳиро қабул доранд. Чунин афрод аз аҳли эътизол нестанд. Танҳо онҳо пайрави мо мебошанд, ки ҳар панҷ рукни асосии мӯътазиларо мӯътақид бошанд.

Масъалаи тавҳид ё худ воҳидияти Худо яке аз масъалаҳои марказии таълимоти мӯътазиларо ташкил медиҳнд. Аҳли суннат ва ҷамоат Худоро ягона дониста, сифатҳои ӯро низ қадиму азалӣ медонад. Ба ақидаи мӯътазила бошад, танҳо зоти илоҳӣ азалӣ мебошад. Афроде, ки илоҳиро азалӣ шуморида, қадимию азалии зот ва қадимию азалии сифатро низ мӯътақид ҳастанд, ба дугонагии Худо оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мӯътазилиён таъкид мекарданд, ки Худо зотан якест ва қисматнопазир асту сифати азалӣ надорад, яъне ӯ ҳаким аст, ба зоти хеш қодир аст ва ба қудрате, ки айни зоти ӯст, на ба илму қудрате, ки қадиму азалӣ бошад. Дигар сифати илоҳӣ фурӯи ҳамин сифоти зоти ӯянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мӯътазила назарияи мушоббеҳи диниро рад карда, Худоро аз тамоми хислатҳои ҷисмонии инсон хориҷ месозад. Чунин муносибати мӯътазилиён барои гурез аз тамоми таълимоти таслис (Худо падар, Худо писар ва Рӯҳулқудс)-и масеҳият аст, ки он моҳиятан ширки илоҳиро ифода мекунад.

Дар гузориши масъалаи адли илоҳӣ бошад, мӯътазилиён тамоюлоти хирадгаронаро пеша кардаанд, ки адл ба ҳасби интиқоли ақл ва риояи далели мантиқӣ сурат мепазиранд. Масалан, онҳо мегуфтанд, ки ба холиқи одилу оқил нисбат додани аъмоли шарру беадолатӣ аз рӯи мантиқ нест, зеро ҳусну қубҳ сифати ақлист ва Худо наметавонад, ки бандагонашро ба гуноҳ водор созад ва ба итоати худ маҷбур намояд, чунки чунин аъмол аз ҷониби ӯ зулм аст. Аз ин таълимоти мӯътазила масъалаи озодии ирода сар мезанад, ки мувофиқи он мардум дар кору аъмоли худ озоданд, рафтори баду некашон на ба Худо, балки ба худашон вобастааст. Худо дар одамон он қадар озодию ихтиёр иноят кардааст, ки ҳаққу ботил, савобу иқоб будани амреро фарқ кунанд. Инкори ихтиёрро мӯътазилиён комилан раво намедонанд. Бинобар ин, мӯътазиларо баъзан фирқаи ҳуррия (озод) низ меноманд. Онҳо дар бораи маънои адл мегуфтанд, ки Худованд одил аст ва модоме ки инсонро мутакаллиф месозад, адолати ӯ иқтизо мекунад, ки инсон дорои қудрат ва ирода бошад, то масъули афъоли худ ба шумор ояд. Ин ақида зидди ақоиди ҷабария буд, ки Худовандро холиқ ва фоили ҳама чиз ҳатто афъоли инсонӣ медонистанд ва бинобар ин, инсонро маҷбур ва беихтиёр мешумурданд. Мӯътазила вуҷуди шурурро низ аз файзи ҳикмати илоҳӣ медонистанд. Баъзе аз намояндагони мӯътазила, монанди Абӯҳузайли Аълоф мегуфтанд, ки Худованд қодир бар зулм ва ҷавр аст, аммо онро анҷом намедиҳад; чун ӯ ҳакиму раҳим аст ва чун чунин афъоле, қабеҳ аст. Вале касоне баъд аз ӯ ба миён омаданд, монанди Иброҳими Наззом мункири қудрати Худо баршурур шуданд, зеро шурурро муқтазии нуқс ва муноқизи камоли зоти илоҳӣ медонистанд. Иддае, ки бо ин раъй мухолиф буданд ва мегуфтанд қудрат ва иродаи мутлақи Худованд бар ҳамаи афъол ва ҳаводис иҳота дорад, аз мӯътазила рӯйгардон шуданд ва онҳоро маҷус хонданд. Сабаби ин ном он буд ки мӯътазила иродаи инсонро дар афъолаш мустаъқил аз иродаи Худованд медонистанд ва ин лозими эътиқод ба ду фоил буд: яке фоили хайр, ки Худованд боша два дуюмӣ фоили шарр, ки инсон бошад. Дар ҳадисҳо низ омада буд, ки қадария (қоил ба қудрати инсон дар афъолу хулқи онҳо) маҷусанд (Дайбур. Таърихи фалсафа дар ислом, саҳ. 50-54).

Дигар масъалае, ки мавриди таваҷҷӯҳи таълимоти мӯътазила будааст, масъалаи ваъду ваъид мебошад, ки сирф ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Дар масъалаи ваъду ваъид доир ба сазову ҷазо ба аъмоли неку зишт сухан меравад. Мувофиқи ақидаи мӯътазила, асос ва сарчашмаи таълимоти ахлоқӣ Қуръони карим аст, вале дурустии рафтори инсон бояд ба мизони мантиқ санҷида шавад. Агар рафтори инсон оқилона набошад, он бақо надорад. Худо муртакиби (он, ки аз вай коре сар задаст) гуноҳи кабираро бетавба авф намекунад ва ӯ пайваста дар ваъду ваъиди худ содиқу собит аст. Аммо аҳли мӯътазилиён мегӯянд: «Ваъидҳо қатъан анҷом хоҳанд шуд. Гунаҳкор муҷозот хоҳад шуд. Ҳеҷ кас муъоф нахоҳад буд, ин амре аст, ки бо ахбор расида аз Худованд мутобиқат дорад. Зеро вақте маншаи ахбор Худованд аст ва бавижа ин ахбор умумият доранд, монанд «ва ҳамонро бадкорон ва гунаҳпешагон дар дӯзаханд» (сураи мубораки Инфитор, ояи 14) « Пас ҳар ки ҳамзаррае некӣ кунад, онро бубинад ва ҳар ки заррае бадӣ кунад, онро бубинад (Сураи мубораки Зилзол \Оёти 7 ва 8), муҳол аст ин гуна ахборро бар касоне, ки масодиқи онҳо ҳастанд, қобили аъмол надонем (Ашъарӣ, Ҳамон саҳ. 279).

Таълимоти мӯътазила дар масъалаи манзал байнал манзалатайн ба ошкор сохтани кирдори бади инсон равона шудааст. Мувофиқи ақидаи онҳо, мусулмони фосиқ ё худ шахсе, ки гуноҳ содир кардааст, на мӯъмину на кофир, балки дар миёни ин ду роҳгум мебошад.

Таълимоти мӯътазила амри маъруф ва найҳи мункарро ба ҳар як мӯъмин воҷиб медонад. Агар Худованд ба кори одамон амр накарда бошад ва аз онҳо найҳ нанамуда бошад, пас ӯ инро нахостаст. Вале чун Худо вайҳе, ки ба анбиё мефиристад, он ваҳй аз нури файзи илоҳист. Аз ин рӯ, бандагон бояд мутобиқи фикру ақидаи хеш рафтор кунанд ва агар коре ба ҷамъият дахл дошта бошад, онро бояд имом ё зимомдори давр анҷом диҳад.

Нуқтаи дигари таълимоти мӯътазила, ки ба афкори мавҷудаи динӣ мухолиф буд, махлуқ будани Қуръон аст. Фирқаҳои суннӣ даъво доштанд, ки чун каломи Аллоҳ аз нури илоҳӣ бархурдор аст, азалӣ дониста мешавад. Мӯътазилиён абадияту азалияти Қуръонро иштибоҳи маҳз шуморида, фақат Худоро қадиму абадию азалӣ мепиндоштанд ва ваҳйро чун паёми Аллоҳ ва Қуръонро чун натиҷаи он ҳодисаҳо меҳисобиданд. Ибни Ато «каломи Аллоҳро ҳодис ва махлуқ» гуфта буд. Аз ин муносибати мӯътазилиён пай бурдан душвор нест, ки онҳо дар садади оштӣ додани ақлу дин ва ба илоҳиёти исломӣ пӯшонидани пироҳани фалсафӣ будааст. Бамиёноии мӯътазила як падидаи сирф динӣ набуда, он инъикоси ихтилофҳои аҳкомпарастона ва хирадгароёнаи исломи ибтидоӣ буд, ки зимни ҳалли бисёр мушкилоти баҳсталаб ба далелу бурҳонҳои мантиқӣ муроҷиат менамуд.

Таълимоти мӯътазила дар асрҳои миёна боз ҳам густариш ёфт. Дар Бағдоду Басра ду мактаби калони мӯътазила таъсис ёфт. Дар Басра Восил ибни Ато, Амр ибни Убайд, Иброҳими Наззом, Ҷоҳиз ва дар Бағдод Башир ибни Мӯътамар, Абӯмусои Мурдор, Самома ибни Ашрас, Аҳмад ибни Абудовуд ба ҷои фикру ақидаҳои гуногуну номураттаби   фикрию ҷараёнҳои динӣ низоми ягонаи аҳкоми динию фалсафиро ба вуҷуд овардаанд. Баъдҳо нуктаҳои гуногуни таълимоти онҳоро Искофӣ, Ҷуббоӣ, Ибод ибни Сулаймон, Абдулқосим Аҳмади Балхӣ, Аҳмади Ҳамадонии Астарободӣ, Абӯмуҳаммад Аббоси Ромҳурмузӣ, Муҳаммади Нишопурӣ, Маҳмуд ибни Умари Хоразмӣ ва дигарон дар гӯшаю канори мамолики Араб ва Хуросону Мовароуннаҳр ривоҷ додаанд. Бинобар ин, дар адабиёти динию фалсафӣ мӯътазилиёнро аввалин мантиқиёни исломӣ ё мутакаллимон меномиданд. Онҳо дар саросари кишварҳои исломӣ мактабҳои худро бунёд намуданд ва дар замони хилофати ал-Маъун мӯътазила дини расмии давлатӣ эълон карда шуд.

Ба мақсади зуд роиҷ гардидани мӯътазила халифа-ал-Маъмун «Мадина» ном созмонеро таъсис намуд, ки ҳамрадиф бо девони муқаддасоти ақоид буд ва тавассути он касоне, ки аз он таълимот саркашӣ мекарданд, таъқиб мешуданд. Тақрибан дар ҳамин давра, фирқаҳои гуногуни мӯътазила-восилия, ҳузайлия, наззомия, муаммария, искофия, ҷаъфария, баширия, мурдория, ҳошимия, ҷоҳизия, хобития, ҳимория, ҳайётия, шаҳомия, каъбия, ҷуббория ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Дар ин мавзӯи баҳс алаккай аз доираи сифати Худо берун баромада, масоили фалсафию ҷаҳоншиносӣ мавриди тадқиқу таҳқиқи мӯътазилиён қарор гирифта буд. Бо вуҷуди ин, аҳли эътизол дар тамоми хилофат пирӯз шуда натавонист ва дар аҳди халифа ал-Мутаваккил он боз ҷараёни илҳодомез эълон карда шуд. Дар замони истилои муғул бошад, мӯътазилия рӯ ба завол овард. Новобаста ба ҳамаи ин, мӯътазила ҳамчун таълимоти динию фалсафӣ барои инкишофи минбаъдаи афкори фалсафӣ ва озодандешӣ нақши босазо гузошт.

Ашъария аз дуюмин равияҳои бонуфузи калом ба шумор меравад ва он равияи динию фалсафиест, ки асосгузораш Абдулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ (873 — 941) будааст. Дар Басра ба дунё омада, аз шогирдони фақеҳони машҳур – Абӯисҳоқи   Марвазӣ ва Абӯалии Ҷуббоист. Дар ибтидо мӯътазилӣ будааст, вале тақрибан дар чиҳилсолагӣ дарк кардааст, ки асосҳои ислом аз таълимоти мӯътазила фарсахҳо дур аст. Бинобар ин, аз аҳли эътизол ҷудо шуда, ба интишори таълимоти худ пардохт, ки баъдан бо номи ашъария машҳуру маъруф гардид.

Ашъарӣ дар низоми илоҳиёти исломи рошидӣ усули далоили мӯътазиларо ба кор бурда, зимни он рӯҳи интиқодӣ ва баҳсу муҷодалаҳои диниро ба эътибор гирифтааст ва таълимоти динию фалсафиеро таъсис додааст, ки он асоси назариявии мазҳаби суннӣ гардидааст. Ашъарӣ дар ин таълимот кӯшидааст, ки ақидаи ҷабарияи сунниро бо озодии иродаи мӯътазила мусолиҳатомезона ҳал намояд. Аввал ӯ дар ради ақоиди мӯътазила як силсила асарҳо таълиф намуда, баъд дар «Мақолот-ул-исломийн ва ихтилоф –ул-мусаллмийин», «Китоб-ул-ибона» ва дигар асарҳояш шаклу усули фӯрӯъи назарияи сунниро муфассал оварда, ҳимояи нуқтаҳои асосии онро аз ҳамлаҳои хирадгароёнаи аҳли эътизол таъмин намудааст. ӯ муносибати сирф оқилонаи мӯътазилиён ва ҳам рафтори шаклпарастонаю зоҳирии асҳоби ҳадис ва аҳли ахборро инкор кардааст. Масалан, вай назарияи ҷаҳмияро-асосгузораш Ҷаҳм бини Сафвони Тирмизӣ (ваф. 746, Ҷаҳм –дӯзах, номи яке аз ҳафт дӯзах) оид ба рафтору фаъолияти инсон, ки пурра онро ба амри Худо вобаста менамуд, инкор карда, назарияи худро пешниҳод намудаааст. Муфофиқи назарияи Ашъарӣ, инсон дорои ихтиёр ва қудрати офаридани кирдору касбро интихоб намудан аст, ки он робитаи имконияти фаъолияти инсон ва амали анҷомдодаи ӯро барқарор месозад, вале ин робита натиҷаи таъсири имконият ба воқеият набуда, балки ба зоти   Худо вобаста мебошад ва аз қудрати ӯ бармеояд. Ашъарӣ дар ин бора навиштааст: «Одамӣ чун дар мабодии хилқати хеш тафаккур кунад, ки аз чи синф обе афсурда ва ба муҳқари рутубате афшурда, ба чи сон пояи манзалати ӯ тараққӣ ёфт ва қадари рутба мутасоид гашт, дар атвор ба асноф сайр намуд… яқин бидонад, ки ба зоти хеш мутассадии инчунин тадбири дилпазири ин гуна ҳикмати азиз натавонад шуд, лоҷарам лозим гардад, ки инчунин пайкари нурофарин ва инчунин сурати латоифи заминро сонеъ бояд қодир, доно, мурид, ки ба иродату ихтиёр мутаваҷҷеҳи як навъ хилқати комил ин гунна сунъӣ мутассил гардад». Ҳамин фикри худро тақвият дода, Ашъарӣ дар хусуси илми илоҳӣ навиштааст: «Илми ӯ якест ва мутааллиқ ба ҷомеи маълумоти муҳолу ҷоиз, воҷибу мавҷуд ва маъдум аст. Ва қудрати ӯ якест ва мутааллиқ ба ҷамеи он ҷиз, ки вуҷуди он дар ҷоизот ба даст ояд».

Аз гузоришоти Ашъарӣ бармеояд, ки қудрату кирдори худро аз Худо касб мекардааст. Иктисоб инсонро водор месозад, ки худро соҳибихтиёр ва дар эҷоди аъмолаш мухтор тасаввур намояд. Аммо ин тарзи ҳалли масъала моҳиятан инкори ихтиёрро ифода мекард ва аз назари муҳокимарониҳои мантиқӣ хеле ҷолиб намояд ҳам, аз ҷиҳати фалсафӣ тасдиқи фикри ҷабориён роҷеъ ба иродаи илоҳӣ буд ва ихтилофи мавҷударо рафъ намекард. Чунин андешаи Ашъарӣ, бо каме тағйирот ҳамоҳанг бо таълимоти қазову қадари ҳанбалиён буд. Минбаъд ин таълимоти Ашъарӣ борҳо аз тарафи файласуфон ва дигар намояндагони фирқаву равияҳои хирадгароёна мавриди интиқоди шодид қарор гирифт. Барои мисол, муносибати мӯътазилиён ба ин нуқтаи таълимоти Ашъарӣ ва ё ақидаи Хоҷа Насирро   овардан кофист. Онҳо кушоду равшан ба ақл рост наомадани ақидаи Абдулҳасани Ашъариро баён карда, истинод (ба чизе такя кардан, далел, санад) ба Қуръону ҳадис ва далели мантиқии ӯро шеваи тозаи дифои масъалаи қазову қадар донистаанд. Масалан, агар мӯътазилия афъоли хайрро аз Худову афъоли шарро аз нсон донад, Ашъарӣ ҳама корҳои баду некро офаридаи Худованд эълон мекунад; агар аҳли эътизол имонро ибодат аз эътиқод ба қалб, гуфтор ба забон ва амал ба аркон донад, Ашъарӣ имонро қабл аз ҳама, тасдиқ ба қалб медонад ва аз ҳамин нуқта ҳамчун фурӯъҳои он иқрор ба забон ва амал ба арконро мепазиранд. Мӯътазилиён фарқи мантиқии ҳусну қубҳи ашёро бидуни муованати (ба ҳамдигар ёрӣ кардан) шаръӣ мӯътақиданд, вале Ашъарӣ Худоро олим ба илм ва қодир ба қудрат дониста, аз муносибати оқилонаи маърифати ашё рӯй метобанд ва ақлро боиси адами (нестӣ) дин мепиндоранд. Ашъарӣ бархилофи мӯътазила, ки имоматро ба нас (сухани возеҳ аз ояти Қуръон, ки сареҳ аст) ва таъйин медонад, силсилаи имоматро ба тартиби фазилати эшон ва иҷмоъ (ҷамъ) ҳавола мекунад.

Ашъарӣ мушаббеҳ (антроморфизм)-и илоҳиётшиносони собиқ ва таътил (инкори сифати Худо)-и мӯътазиларо низ инкор карда, онро ширку илҳод медонанд, вале дар айни ҳол, худаш ба Худо сифатҳои инсониро нисбат медиҳад. Ба фикри ӯ, ҳар мусулмон бояд Худоро он тавре, ки дар Қуръони карим тавсиф шудааст, бишносанд ва ба вай имон оварад. ӯ Қуронро на ҳарф, на савт, балки зоти қадим медонад. Мувофиқи ақидаи ӯ, Қурон каломи Аллоҳ аст ва чун Аллоҳ азалист. ӯ сифатҳои ҷавҳарии зоти илоҳӣ ва моҳияти онро ҳамчун мафҳумҳои куллӣ эътироф намуд. Ашъарӣ мегуяд: Аз миёни аҳли қибла наметавон касеро ба сабаби гуноҳе, ки муртакиб шудааст, ҳатто аз гуноҳи кабира, аз қабили зинои ғайримуҳасана ва зинои муҳосана бошад, таҳфиф кард. Ҳамчунин муракабии ин гунна муставҷиби оташ намешавад ва на мутеъ ба биҳишт меравад. Бо Худост, ки онҳоро ҳар ҷо дӯст дорад, бифиристад. Агар Худо бихоҳад, метавонад онҳоро танбеҳ кунад ё бубахшад. Ҳамон гунна аз ахборе, ки наби аз Худованд овардааст бармеояд, Худованд гуноҳе аз муваҳҳидонро аз оташи дӯзах наҷот хоҳад дод. Мо ҳақ надорем бигуем, ки подоши мӯмин ва ҷазои кофир бар Худованд воҷиб аст, балки ҳамаи инҳо дар дасти Худост. Агар ӯ ирода кунад, бар онҳо раҳмат меоварад ва онҳоро ба биҳишт ворид месозад ё онҳоро ба оташи дӯзах маҳкум мекунад (Ашъарӣ, Мақолот ал-исломин, саҳ. 279).

Таълимоти Ашъарӣ минбаъд дар осори пайравонаш Абӯбакри Боқилонӣ (ваф. 1013), Ибни Фуроқ (ваф.1015), Абӯисҳоқи Асфаронӣ (ваф.1027), Абдулмалики Ҷувайнӣ (ваф.1085), Муҳаммади Fазолӣ (ваф.1111), Абдулқодири Бағдодӣ (ваф. 1037), Фахруддини Розӣ (ваф. 1209), Муҳаммади Шаҳристонӣ (ваф.1143) инкишоф ёфтаст. Мазҳаби шофеъия ашъараияро асоси таълимоти худ қарор дода, дар қарни 10-и Эрон мавқеи муҳим пайдо кард. Бисёр нуқтаҳои таълимоти ашъария дар эҷодиёти Фахруддини Розӣ, Мотридии Самарқандӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ ва дигарон такомул ёфта, ба худ тобишҳои нав ба нави фалсафӣ гирифтаанд.

Муҳамад Fазолӣ (1058-1111) аз ҷумлаи бузургтарин мутафаккирони тоҷику форс аст, ки дар рушду ривоҷи тамаддуни тамоми халқҳои Шарқи мусулмонӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст. Таъсири осори ӯ, аз ҷумла «Мақосид-ул-фалосифа», «Таҳофут-ул-фалосифа», «Кимиёи саодат», «Эҳё ул-улумуд-дин», «Ал-мунқизмин -аз зулол» ва «Насиҳат ул-мулук» дар такомули афкори фалсафӣ, каломӣ, динӣ, ахлоқӣ сиёсӣ ва тасаввуфии халқҳои гуногун ва мутафаккирони равияҳои мухталифи фикрӣ дар тӯли таърих равшан мушоҳида мешавад. Муҳаммади ғазолӣ дар такомули афкори худ ду марҳиларо тай кардааст. Марҳилаи аввал, солҳои 80 қарни XI ва нимаи аввали солҳои навади қарни XI -ро дар бар мегирад. Дар ин давра, ӯ аз пайравони собитқадами калом будааст. Марҳилаи дуюм, нимаи дуюми солҳои навадуми қарни XI ва ибтидои садаи XII — ро фаро мегирад.

Fазолӣ каломро беш аз пеш бо фалсафа омехта, онро аз доираи  баҳсҳои соф каломӣ берун бурд ва   ба усули   равиши фалсафӣ даровард. ҳадафи ӯ   дар ин маврид иборат   аз ин буд,   ки   каломро ба   як низоми   афкори ақлонӣ, мантиқӣ ва истидлолӣ табдил   диҳад, то ки вай   ба   фалсафа ва бидъатҳои гуногун муқовимат карда тавонад. Ин тамоюлоти афкори ӯ ҳанӯз дар «Мақосид ул-фалосифа» ном асараш зоҳир шуда буд. «Аз ман менависад, — ӯ,- ҳастӣ, ки сухане дар боби намудор сохтани иштибоҳот ва хатоҳои фалсафа баён кунам. Чун иттилоъ ёфтам бар мазоҳи фосила пеш аз иҳота бар мадраки он номумкину муҳол менамуд ва ба тирандозӣ дар торикӣ монанд буд, беҳтар он дидам нахусторо ва мӯътақидоти фалосифаро бишносӣ, то бар таноқуси ақоиди эшон беқтар воқиф гардӣ. Аз ин рӯ, бар он шудам, ки сухане бар сабили эҷоз дар баёни ақоиди фалсафа эрод кунам, ва танҳо мақсуди ман тафҳими назариёти онҳост… Ба ҳамин ҷиҳат, бе он ки ташхис дода шавад, ки кадоме аз суханони эшон бардҳақу савоб ва кадоме мухолиф ба ҳақ ва носавоб аст, мӯътақидот ва адилаи эшон дар қалам омада ва ҳашву завоид ҳифз гардидааст» (Мақосид-ул фалосифа, – Теҳрон, 1331, саҳ.5).

Баъди омeхтани фалсафаи машшоъe дар асарҳои машҳураш «Таҳофут-ул-фалосифа», «Эҳё-ул-ул ум-уд-дин», «Кимиёи саодат» ва «Ал-мунқиз» арза медорад, ки вай бештар он усули фалсафаи даҳриён, асҳоби ҳаюло ва машшоиёнро мавриди нақд қарор додааст, ки ба дини ислом ва назариёти калом созгор набудааст. Масалан, ҳангоми ҳалли масъалаи оё оламро Худо офаридааст ва ё он аз қадим мавҷуд буд?, Fазолӣ ақидаи динии каломро дар бораи хилқати (офариниши) олам ва фанопазирии он бешаку шубҳа қабул намуда, назарияи машшоии азалият ва абадияти оламро инкор кардааст. Яке аз далелҳои файласуф барои исботи офариниши олам ин аст, ки: «Дар олам ҳаводисе, ки рух медиҳанд, илали худро доранд. Муҳол аст гуфта шавад, ки баъзе аз ҳаводис иллати баъзеи дигар бошанд ва ин билниҳоя идома ёбад. Иисони оқил инро бовар надорад. Агар чунии амр имкон дошта бошад, дар он сурат шумо холиқро метавонед инкор бикунед ва метавонед аз Воҷибулвуҷуд, ки мумкинулвуҷуд маълуми ӯст, ҳарф назанед. Вале агар силсилаи ҳаводис ҳад дошта бошад, пас ин ҳад бояд мавҷуди азалӣ бошад. Дар ин сурат файласуфон аз тарафи мавҷуди азалӣ офарида шудани он чизеро, ки ибтидои замонӣ дорад, бояд эътироф кунанд» (Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока, стр.437).

Fазолӣ дар ин фикри худ яке аз заъфҳои фалсафаи машшоъро, ки тамоми вуҷудро ба Воҷибулвуҷуд ва мумкинулвуҷуд чудо мекунад, ба таври саҳеҳ муайян карда, ба асли илмият ҳамчун бурҳони офариниши олам истинод мекунад. Боиси таваҷҷӯҳ, аст, ки Fазолӣ усули илмиятро барои офариниши олам далел оварда, баъдан, чунон ки дида мешавад худ онро инкор мекунад.

Фахриддини Розӣ (1149-1209) намояндаи машҳури мактаби фалсафии калом аст, ки дар рушду равнақи ин мактаб хизматҳои шоён кардааст. Мутафаккир ақидаҳои фалсафию илмияшро дар асари худ «Мабоиҳис-ул-машриқия», «Муҳассалу афкор ил-мутақаддимин вал мутаахирин мин ал-уламо вал ҳукамо вал мутакаллиммин», «Рисолат-ул-камолия фил ҳақоиқ ил-илоҳия», «Матолиб-ул-олия», «Асос-ут-тақдис», «Асрор-ут-танзил», «Китоб-ул-арбаин фиусул-ид-дин», «Бароҳин дар илми калом», «Мафотиҳ–ул-ғайб», «Ҷомеъ-ул-улум» ва ғайра баён намудааст.

Фахриддини Розӣ давомдиҳандаи равияи фалсафии Муҳаммади Ғазолӣ аст назариёти худро дар хилофи файласуфони машшоӣ равона сохтааст. ӯ таълимоти машшоиёнро оид ба «воҷиб-ул-вуҷуд» ва «имкон-ул-вуҷуд» қабул кардааст, вале бар хилофи онҳо, ки воҷиб-ул-вуҷудро иллати муассири эҷобӣ мешуморанд, ӯ онро фоили билихтиёр медонад. Ба ҳамин тариқ вай робитаи сабабии байни воҷиб-ул-вуҷуд ва имкон-ул-вуҷудро рад намуда, исбот мекард, ки олам ба амри зарурат пайдо нашудааст, балки онро Худо мувофиқи иродаю ихтирои худ офаридааст. Бинобар ин ҳаракат, замон ва мамон низ на абадӣ, балки офаридашудаанд.

Мутафаккир назарияи азалияту абадияти оламро, ки файласуфони машшоъ пешниҳод карда буданд танқид карда, ба ғазолӣ ҳам фикр мешавад. Худо ба ақидаи ӯ на ба амри зарурат, балки аз рӯи қудрат ва ихтиёраш таъсир мерасонад. Вай асаркунандааст ҳам дар моҳияти ашё ва ҳам дар вуҷуди ашё. Худо офаридгарест, ки оламро аз ҳеҷ падид овардааст ва ӯст, ки ҳасткунандаву парвардигори ҳама аст.

Фахриддини Розӣ ҳамагуна тағйироти ҷисмҳоро ҳаракат меномад. Ҳаракат аз сукун фарқ дорад, зеро сукун дар як ҳолат қарор гирифтан аст ва ин сифати мавуҷудист. Пас ҳаракат ва сукун сифатҳои мавҷудиятанд. Мутафаккир дар ҳамин асос хосияти ҷудонашавандаи ҷисмҳо будани сукун ва ҳаракатро эътироф мекунад. ҳаракат кардан аз назари ӯ «машрут» бувад ба ҳайизе ва маконе, зеро ҳаракат кардани ҷисм аз ҷое ба ҷои дигар бувад (Н.Арабзода. Фахриддини Розӣ.-Душанбе,1999,саҳ.25).

Таҳлили замон низ дар фалсафаи Фахриддини Розӣ ягона нест. Дар аввал мисли файласуфони машшоъ замонро ба ҳаракат вобаста мефаҳмид, вале минбаъд ақидаашро дигар намуда, дар асараш «Мафоҳ-ул-ғайб» қайд намудааст, ки «замон иборат аст аз муддате, ки ба сабаби он қаблияю баъдия ҳосил гардад. (М. Арабзода. Ҳамон ҷо, саҳ.28).

Таносуби нафсу тан дар фалсафаи Фахриддини Розӣ мавқеи асоаро ишғол мекунад. ӯ нафсро ҳамчун камоли ҷисм, мабдаи муҳаррики мавҷудоти зинда ва омили раванди он рӯҳӣ дониста, онро ба навъҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ ҷудо мекунад Нафси наботӣ дар қобилиятҳои ғизоия, молия ва муваллида зоҳир мегардад. .Нафси ҳайвонӣ бошад, қобилияти ҳаракат ва идрокро дорад. Нафси инсонӣ қобилияти назарӣ ва амалиро дорад. Вазифаи қобилияти назарӣ идроки куллиёту ҷузъиёт буда, қобилияти амали танро иҷро мекунад. Фахриддини Розӣ дар мавриди маърифат ва моҳияти дониш низ назари ҷолиб дорад. Тибқи таъминоти ӯ илм аз манбаи файз сарчашма мегирад. Аз ин ҷиҳат, дар хусуси моҳияти дониш бо машшоиён мухолиф буд. Агар дар фалсафаи машшоъ дониш ҳамчун инъикос шудани сурати ашё дар ҳис, нафс ва ақли инсон бошад, пас Фахриддини Розӣ бо далелҳои зерин маънавиётро аз моддиёт ва ашёро аз сурати он, ки амри зеҳнӣ ва ақлист дарк мекунонад:

  1. Баъзе аз файласуфон гумон доранд, ки дониш муртасим (инъикос) шудани сурати ашё дар мағзи сари инсон аст. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки мо фалак ва заминро ба қувваи фаҳм дарк мекунем. Агар идроки ин ашё инъикос шудани сурати онҳо дар мағи сар бошад, пас маълум мешавад, ки он ашёи бузург дар ин маҳалли худ мутамаккин гаштааст. Вале ин муҳол аст, зеро он ашё дар ин макони кӯчак муртасим (инъикос) шуда наметавонад.
  2. Агар муртасим (инъикос) шудани скрати ашё дар олоти дониш бошад, пас барои дарк кардани хатти рост мо бояд худамон рост ва барои дарк кардани курра куррашакл бошем. Вале агар хоҳем, ҳардуяшонро дар як замон дарк кунем, мо бояд дар як вақт ҳам рост ва ҳам куррашакл бошем, ки ин муҳол аст. Агар мо эътироф кунем, ки донистани моҳияти ҳаракату сукун, хатти рост ва доира кори нафс аст, дар он сурат худи нафс бояд дар як вақт ҳам мутаҳаррику сокин ва ҳам росту доира бошад, ки ин мумтанеъ аст.

Фахриддини Розӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик намояндаи фалсафаи динӣ буд. ӯ фалсафаро бо калом пайваста, каломи нақлиро ба каломи ақлӣ-фасафӣ табдил дод.

 

Исмоилия яке аз ҷараёнҳои бонуфузи мазҳабӣ-фалсафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад, ки   дар   қарни   VIII-и милодӣ ба вуҷуд омадаст. Муассиси ҷараёни исмоилия Исмоил ибни Ҷаъфари Содиқ –ҳафтумин имоми аҳли шиа мебошад. Дар   таҳаввулу ташаккули низоми фалсафаи исмоилия, мазмунан нақши назариёти навафлотунӣ, тавҳиди ислом бо омезиши ақоиди мазҳабию фалсафии халқҳои бостонии форсиюласл хеле калон аст.   Тибқи таълимоти исмоилия, мабдаи ягонаи ҳодисаҳои бешумори олам Худои Таъоло мебошад. Вай ҳеҷ гуна сифат надорад ва барои одамон номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рӯ, ба ӯ ибодат кардан лозим нест. Тавре ки дида мешавад, исмоилия на танҳо ба ислом, балки бо навафлотуниён ва тасаввуф  ихтилоф дорад, чунки инҳо имкони робитаи шахси алоҳидаро бо Худо эътироф мекунанд ва ба он мӯътақиданд, вале исмоилия имкони ҳар гуна шинохтро инкор мекунад. Мувофиқи назарияи исмоилия, Худо Зоти Кулл дар ҳолати оромии абадист. Вай (Худо) холиқу офаридгори олам нест.Худо — Зоти Кулл бо иродаи азалии худ ҷавҳари созанда Ақли Куллро xудо мекунад. Ин нахустин файзи Худост. Ақли Кулл, тибқи ин таълимот, дорои ҳама гуна сифати илоҳист ва яке аз аломатҳои асосии он илм аст. Ибодатро ба ӯ бояд кард. Вай дорои исмҳои зиёд аст. Ақли Кулл зинаи поёнии Фаязон-Нафси Куллро эҷод кард. Он ноқис аст ва сифати асосиаш ҳаёт мебошад. Нафси Кулл бо эҳсоси ноқиси худ майл ба камол мекунад ва аз худ файзони тозае эxод мекунад ва моддаи аввал-ҳаюлоро падид меорад. Аз ҳаюлло замин, саёраҳо махлуқоти зинда ба вуҷуд меоянд. Пайдоиши инсон аз майли Нафси Кулл ба сӯи камол вобаста аст.

Ҳамин тариқ, исмоилия ҳафт зинаи файзон (эманатсия) Зоти Кулл, Ақли Кулл, Нафси Кулл, ҳаюло, Макон, Замон ва Инсони комилро муқаррар кардааст. Дар таълимоти исмоилия байни Ақли Кулл ва башар тафовут xой надорад, онҳо яксону ҳамоҳанганд, яъне таxаллии Ақли Кулл дар ҷаҳони ҳисшаванда- Инсони комил мебошад.

Дар таълимоти мазкур адади ҳафт мақоми хосе дорад. Он ба ғайр аз ҳафт зинаи файзон, ҳафт даври анбиёро низ муқаррар кардааст. Чунон ки Носири Хусрави Қубодиёнӣ фармудааст: «Ҳамчунон, ки ба осмони дунё ҳафт нур машҳур аст (Шамс, Қамар, Зуҳал, Муштарӣ, Миррих Зӯҳра ва Аторуд) дар осмони дин низ ҳафт нур аст, машҳур ба Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо, Муҳаммад» (Носири Хусрав. Мунтахаби осор, ҳ.1. саҳ 87). Давраи ҳафтум бо зуҳури пайғамбари бузург ал-Қоим (писари Исмоил Муҳаммад) анҷом меёбад.

Ақли Кулл дар олами зоҳир ба пайғамбарон, ки нотиқ номида шудаанд, инъикос меёбад ва ҳар нотиқ дар назди худ ёваре дорад, ки гуфтаҳои ӯро ба мардум бо роҳи таъвил мефаҳмонанд. Вайро чун худ аз пеши худ чизе намегӯяд, хомӯш меноманд. Чунон ки Мӯсо нотиқ буд, бародараш Ҳорун дар назди ӯ хомӯш, Муҳаммад нотиқ ва Алӣ дар назди ӯ хомӯш буд. Дар фосилаҳои танаффус, ки то пайдоиши нотиқи баъдӣ эҷод мешавд, Зоти Илоҳӣ ба имомон ҳулул мекунад ва онҳо низ ҳафт нафарӣ дар ҳар давраанд.

Барҷастатарин намояндагони фалсафаи исмоилия Қозӣ Нӯъмон (ваф. 974), Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ ё Нахшабӣ (ваф. 942), Абӯҳотам Аҳмад ибни Ҳамдони Розӣ (ваф. 933), Абӯяъқуб Исҳоқ ибни Аҳмади Сиҷистонӣ (ваф. 971), Ҳамидуддин Абулҳасан Аҳмад ибни Абдуллоҳи Кирмонӣ (ваф. 1019), Абӯнаср Ҳибатулло ибни Аби Имрон Мусо ибни Довуд Муайяд фи-д-дини Шерозӣ (ваф. 1077) ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ (ваф. 1089) аз зумраи онҳоанд.

Абӯҳотами Розӣ (ваф. 933) назариёти навафлотунии Насафиро дар бораи офариниши олам қабул кард, вале баъзе гароишҳою тамоюлоти ихтилофангезро, ки Насафӣ дар масъалаи нубувват ва шарҳи давраҳои таърихи инсоният роҳ дода буд, зери танқид гирифт.

Абӯҳотам зинаҳои судури оламро аз зоти Худованд тасаввур мекунад ва натиҷаи аввалин офаридаи ӯро таваҳҳум медонад. Агар Худованд чизеро таваҳҳум кунад, онро меофарад, ки пеш аз тазоҳураш дар ғояи латофат аст. Таваҳҳум вазну рангу ҳаракат надорад, шунида намешавад ва маҳсус нест. Офаридаи дуюм ҳуруф аст, ки он низ бевазну ранг аст, дида намешавад, вале шунида мешавад ва бар забон ҷорӣ мегардад. Офаридаи сеюм ҳамаи чизҳоест, ки бо ҳуруф васф мешаванд, малмусу маҳсус ва вазндор буда, дида мешаванд. Худованд аз таваҳҳум пеш аст ва таваҳҳум аз ҳуруф. Ҳуруфе, ки худованд бо онҳо сухан гуфтааст, ғайри мӯҳдасанд ва ҳуруфи мӯҳдас ғайри ҳуруфи каломуллоҳанд.

Мутобиқи назарияи навафлотунӣ, ки Абӯҳотам пайрави он буд, нахустин мавҷуде, ки пайдо мешавад, ақл (мабдаъи аввал) аст. Аз ақл нафс падид меояд ва аз таркиби нафсу ақл «олами латиф» ҳосил мешавад. Пас аз он «олами касиф» ё олами моддӣ арзи вуҷуд мекунад. Болотарин мартаба бошад, дар ин олам ҳаюло ва сурат аст, ки онҳо аз нафс ба вуҷуд наомадаанд, балки танҳо осори тафаккури он мебошанд.

Абӯҳотам се навъи моддаро-он ки сирфан «ваҳмӣ» аст ва ба ҳолати нафс иртибот дорад; он ки «афрод ё чаҳор табъ»; он ки аносир ё уммаҳот, ки аз таркиби чаҳор табъ ҳодис мешаванд ва аз омезиши онҳо ҷавҳарҳои чаҳоргона падид меоянд эътироф намудааст. Инсон натиҷаи куллии ҳаракати олам аст ва мавҷудияти олам барои ӯст. Одам шабеҳи олами том аст ва ҳеҷ ҷузъи аҷзои олам ба ӯ монанд нест. ӯ тамоми ҷавоҳири оламро дар худ ҷамъ овардааст ва аз ин сабаб олами сағир номида мешавад. Лекин ба сабаби ҷавҳари латифе, ки дар зоташ ҳаст (нафси нотиқа), бар кулли олам фазилат дорад.

Ҳам Насафӣ (ваф. 942) ва ҳам Абӯҳотам ба таърихи муҳаддас аз назари тарҳи исмоилии ҳафт давр менигаристанд, ки ҳар яке бо зуҳури паёмбар ё нотиқи оварандаи шариат ва дини нав оғоз меёбанд. Аммо дар ташреҳи ҷухъиёт онҳо бо якдигар ихтилофи ақида доштанд. Аз назари Насафӣ нахустин нотиқ аз ҷумлаи нотиқони ҳафтгона-Одам шариате ба вуҷуд наовардааст, чунки дар давраи ӯ ҳеҷ инсоне ғайр аз худаш дар ҷаҳон намезист, аз ин рӯ шариат амалан зарур ҳам набуд. Нахустин нотиқе, ки шариатро ҷорӣ намудааст, Нӯҳ буд, чунки дар оғози давраи ӯ инсонҳои дигар низ пайдо шуданд ва ба мавҷудияти дину шариат ниёз афтод. Мисли ҳамин нотиқи ҳафтум — Муҳаммад бинни Исмоил низ шариатеро эълон намекунад, зеро ӯ вазифаи ошкор сохтани маънои ботинии ҳамаи шариатҳои пешин ва барқарор кардани ҳолати вазъу бешариатӣ буд, ки дар давраи Одам вуҷуд дошт. Муҳаммад бинни Исмоил монанди нотиқи панҷум – нопадид шудааст, аммо ба зудӣ бозмегардад. Насафӣ инчунин мӯътақид буд, ки даври ислом бо омадани Муҳаммад бинни Исмоил дар марҳилаи аввал хотима ёфтааст. Ба ибораи дигар, ҳафтумин давр, ки даври бешариатӣ ҳисоб мешавад, акнун оғоз шудааст. Дар ин давр бар хилофи шаш даври пешин ва имомон, балки фақат лавоҳиқи дувоздаҳ ҷазираи Замин ба фаъолият машғуланд. Он гироишҳои озодандешонаи Насафӣ, ки ба мухолифати сахти Абӯҳотами Розӣ рӯбарӯ шуд, бо шарҳи ҳамин масъала иртибот дорад, зеро Аӯҳотами Розӣ мӯтаъқид буд, ки тамоми ҳақиқати ботинӣ ҳатман ба шариати зоҳирӣ ниёз дорад. Абӯҳотам далелҳои зиёд оварда ақидаи Насафиро дар бораи он ки Одам шариатеро эълон накарда буд, рад намуд. Ҳарчанд худи ӯ низ Одамро аз зумраи паёмбарони улулаъзм намешумурд, зеро ӯ шариати ҳеҷ як нотиқи ҳафтум, ки шариати нав намеорад, шариати исломро мансух эълон накарда, танҳо маънои ботинии онро ошкор месозад. Аммо Абӯҳотам мӯътақид аст, ки дар дар даври ҳафтум амал вуҷуд надорад, аз ин рӯ барои ислоҳи хулосаи Насафӣ, ки давраи ҳафтуми бешариатӣ акнун бо зуҳури аввали Муҳаммад бини Исмоил оғоз ёфтааст, мафҳуми давраи муваққатро ба низоми адвори таърихи муқаддас дароварад. Ин давр, ки хусусияти он ғоиб шудани имомон буд, дар поёни   даври ҳар паёмбаре дар мобайни ғоиб шудани имоми ҳафтуми он давр ва омадани наттоқи даври оянда ҷой мегирад. Дар муддати ин даври муваққат ҳукм дар дасти дувоздаҳ лавоҳиқ аст, ки яке аз онҳо ба ҳайси халифаи имоми ҳафтуми ғоиб амал мекунад ва дар чунин мақом ҳаққи ҳокимияти (машрӯъ) қонунро дорад. Ба ақидаи Абӯҳотам, ҳамин гуна даври муваққатӣ пас аз нопадид шудани Муҳаммад бини Исмоил рӯй дода будааст. Ин нишонаи ба поён нарасидани даври шашум, яъне давраи ислом аст. Абӯҳотам мехоҳад исбот кунад, ки нотиқи ҳафтум — Муҳаммад бини Исмоил се мартаба дорад, ки нотиқи ҳафтум, яъне хотимабахшандаи давраҳои пешин, мартабаи ғайбат ва мартабаи зуҳурмебошад. ӯ инчунин, дар миёни ғайб задании нотиқи ҳафтум ва нопадид шудани нотиқи панҷум, яъне Исо мутобиқат ва мушобеҳатеро намебинад, зеро рисолати Исо бо реҳлаташ аз ин ҷаҳон ба поён расид, аммо маъмурияти Муҳаммад бинни Исмоил бо нопадид шуданаш ба поён нарасидааст. Дар ҳақиқат нотиқи ҳафтум бояд аз нав зуҳур кунад ва ба мартабаи аслии худ соҳиб шавад. Абӯҳотам тасаввур мекард, ки чун имомони ҳар давр аз авлоди нотиқ ва асоси он давр ҳастанд, мартабаи лоҳиқ маҳз барои бақияи халоиқ муайян шудааст. Агар ин воқеият ба назар гирифта шавад, ки Абӯҳотам пас аз ба сари қудрат омадани фотимиён низ бозгашти қарибулвуқӯи қоимро таблиғ намуда, робитаи наздики худро бо қарматиёни Ироқу Баҳрайн қатъ накарда буд, хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ доъии Рай-Убайдуллоҳ ал-Маҳдиро на ба сифати имом ва на ба сифати қоими мунтазир эътироф мекардааст. Илова бар ин, далеле мавҷуд аст, ки Абӯҳотам худро воқеан халифаи имоми ғоиб мепиндоштааст. Тибқи ақоиди Насафӣ, инсон аз махлуқоте, ки шуури ҳиссӣ доранд (ҳайвон), падид омадааст. Ин махлуқот дар навбати худ аз мавҷудоте, ки дорои қувваи нумӯ ҳастанд (растаниҳо) пайдо шудаанд. Бо ҳамин тартиб аз таркиби рукнҳо, рукнҳо аз таркиби табоеъ (сифати унсурӣ), табоеъ аз ҳаракати ҷирмҳои самовӣ ва онҳо аз нафси куллӣ, нафси куллӣ аз ақли куллӣ ва ақли куллӣ аз амри борӣ ба вуҷуд омадаанд. Амри борӣ чизе ҷуз асари офаринанда нест мисли аз шамси мунир пайдо шудани нур ё асари мӯҳр бар мум. Аз амри борӣ ақл ба вуҷуд меояд. Ақлро исмоилиён аввал мешуморанд, зеро дар сисиламаротиби мавҷудот худи амрро ба шумор намеоварад, ҳарчанд вуҷуди он бар ақл муққадам аст ва онро навъе миёнҷӣ ва воситаи офаридгору ақл медонад. Сипас ақл нафсро, ки онро сонӣ ё талӣ меноманд, ба вуҷуд меорад. Аз ҷунбишу ҳаракати нафс аҷроми самовӣ падид меояд. Аз ҳаракати нафс дар аҷроми самовӣ табоеъ , яъне гармӣ, сардӣ, рутубат ва хушкӣ падид мешавад. Ин кайфиёт дар миёни аҷроми самовӣ , ки дар атрофии онҳо чарх мезананд, қарор мегиранд. Туфайли гардиши аҷром табоеъ дар марказ ҷамъ шуда шакли курраро мегирад. Сардӣ ва хушкӣ дар марказ бо ҳам даромехта дар он ҷо ҷойгир мешаванд. Рутубат дар ҷустуҷӯи макон боло рафта ба сардӣ меомезад ва заминро чун пӯшише аз об фаро мегирад. Он гоҳ гармӣ аз об бармехезад ва бо рутубат меомезад. Аз таркиби онҳо ҳаво падид меояд ва муҳиту заминро об фаро мегирад. Ба ин тартиб фалаке падид меояд, ки ҳаворо дарбар мегирад. Ин фалак фалаки оташ аст, ки исмоилиён онро фалаки асир меноманд. Вақте, ки афлок ба гардиш медароянд, аз кайфиёти унсурӣ ё табоеъ аркони арбаа падид меояд ва аз онҳо гиёҳҳо пайдо мешаванд. Аз тасфияи гиёҳҳон ва шираи онҳо ҷонварон ба вуҷуд меоянд, ки дорои шуури ҳиссӣ ҳастанд, дар натиҷаи тасфияи баъдинаи онҳо мавҷудоти дорои ақл пайдо мешаванд, ки охирин ҳалқаи силсилаи махлуқотанд.

Ақидаи Насафӣ дар бораи офариниши олам аз пайдоиши ақли куллӣ то зоиши инсон ба сурати як нардбони нузулӣ баён шудааст. Кеши исмоилӣ ба сифати илова бар шабеҳи ин нардбони нузулӣ тарҳи як нардбони суудиро низ пешниҳод намудааст, ки тибқи он нафси инсонӣ дар бозгашт ба сӯи офаридгори хеш бояд дар сари суудӣ аз паллаҳои он боло рафта, аз пайвастагӣ бо олами моддӣ раҳо гардад ва растагор шавад.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) аз бузургтарин шоир ва барҷастатарин файласуфи исмоилимазҳаби тоҷик ба шумор меравад. Муҳимтарин осори фалсафиаш: «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳайирин», «Сафарнома», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд.

Носири Хусрав аз мавқеи исмоилия бар он ақида будааст, ки Худо сарманшаи нахуст аст. ӯ Ақли Кулл ва нафсро офаридааст. Худо аз назари файласуф яккаю ягона аст, ибтидою интиҳо надорад, аз ваҳм, фикр ва ақлу андешаи инсонӣ берун аст, ломакон аст ва ақли инсон дар шинохти он дар таҳайюр аст. Ба ақидаи Носири Хусрав, Худо офаридгори олами моддӣ набуда, балки эҷодкори Ақли кулл ва рӯҳи умумиҷаҳонист. Ақидааш роҷеъ ба хилқати олам ин будааст, ки аз аҷрому афлок унсур ба вуҷуд омадааст, ки дар онҳо табъҳо (хушкӣ, тарӣ, сардӣ ва нармӣ), аз табъҳо роҳату ранҷ, дарду тансиҳатӣ, ҳамчунон аз чаҳор унсур се олами моддӣ-ҷамодод (ҷамъи ҷамод-санг, минерал, чизи беҷон), наботот ва ҳайвонот падид омадааст. Эҷоди табиӣ инсон аст, ки ҷисми ӯ низ аз унсурҳо   таркиб ёфтааст. Ҳамин тариқ, Носири Хусрав назарияи офаринишро аз шакли ҷисмонӣ, ки хоси таълимоти исломи ибтидоист, берун оварда, ӯро аз корҳои дунявӣ ба олами рӯҳонии аз ақлу ваҳм берун расонида, Ақли Куллро офаридгори ҷаҳони моддӣ донистааст. Худо ба қавли ӯ, танҳо Ақли Куллро офаридааст ва Ақли Кулл дар миёни Худову олами моддӣ ҷой дорад. Ақли Кулл ҳам бо вуҷуди офаридгориаш ҳокими мутлақи моддӣ нест, вай онро барҳам низ намедиҳад. Бинобар ин, олами моддӣ ва ҳафт саёраву Офтобу Моҳтоб, ки дар фалак ҷовиданд, фанонопазиранд. Дигар масъалаи муҳиме, ки мавриди таҳқиқи файласуф қарор гирифтааст, ин масъалаи инсон мебошад. Ба андешаи Носири Хусрав, инсон ҷисми аз хок офаридаву аз ҷони атокардаи Худо нест, балки падидаи табиист, ки аз таркиби унсурҳо ва табъҳо дар батни модар аз хуни сурху сафед офарида шудааст. Яъне, тибқи андешаи мутафаккир, инсон ин хилқати моддию табиӣ аст, вале ҷисми ӯро моҳияти инсониаш намеҳисобад, чунки ба ақидаи ӯ, ҷони вай-рӯҳи абадиаш, ки аз олами рӯҳонӣ падид омадааст, дар ҷон асос аст ва ҷисми ӯ фонист. Пас ҷисми инсон дар ин дунё падидоварандаи нерӯи нотиқаи ӯст, ки аввал ба рӯҳи вай дода мешавад, зеро вай аз олами қудсӣ аст, мартабаи худоӣ дорад.

Носири Хусрав мартабаи инсониро ба дараҷаи Худоӣ боло мебардорад ва ба ин муносибат масъалаи маъод (бозгашт)-ро ба миён мегузорад. Бозгашти рӯҳи инсон ба олами қудсӣ бозгашти оддию муқаррарӣ нест. Вай бояд аз олоишоти дунявӣ комилан пок шавад. Бозгашти инсон ба рӯҳи илоҳӣ вобаста ба худшиносӣ пок гардонидани ахлоқ аст. Аз рӯи ақидаи мутафаккир, ҷаннат ин ахлоқи нек доштан ва бо Худо васл шудани рӯҳ аст.

Дар фалсафаи Носири Хусрав назарияи маърифат низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Доир ба ин масъала дар асарҳояш «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ ул-ҳикматайн», «Ваҷҳи дин» ва «Хон ул-ихвон» изҳори андеша крдааст. Ба ақидаи ӯ, «ҷавҳари илм ҳамон низоми олам аст, ки аз Ақли кулл бархоста, ҳамаи мавҷудотро фаро мегирад ва ҷараёни ҳастиро маърифат кардани инсон барқарор намудани иртибот дар миёни ақли фардии инсонӣ ва ахтари ҳақиқии олам иборат мебошад» Файласуф ҳамчунин доир ба маърифати ҳиссию ақлӣ низ бисёр ақидаҳои ҷолиб иброз доштааст, ки инсон ба василаи он аз сирру асрори ниҳонии олам бархурдор мегардад.

Носири Хусрав роҷеъ ба масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ низ як силсила фикрҳои бикру ноб баён кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ, хулқи баду нек ба нафс алоқаманд мебошад. Агар бадиву зиштӣ аз нодонию оҷизӣ ба миён ояд, пас накӯиву хайрот аз покизагии хулқи инсон бармеояд. Аз ин рӯ, ақл меъёри асосии ахлоқ аст. Мутафаккир бар зидди ҳама гунна ҷабру ситам баромад карда, одамонро ба меҳнаткашию дӯстӣ ва рафоҳияти байниҳамдигарӣ тарғиб намудааст.

Ихвон-ус-сафо (Бародарони пок).   Дар   садаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ гурӯҳе аз донишмандони мусулмон, махсусан дар Эрон ва Ироқ анҷумане таъсис доданд, ки бо номи Ихвон-ус-сафо машҳур шудааст. Намояндагони асосии ин ташкилот Абӯсулаймон Муҳаммад ибни Маъшар Басатӣ ал-Муқаддасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳоруни Зинҷонӣ, Абӯҳамиди Мӯҳрҷонӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ромис Авфӣ, Зайнуддини Рифоа будаанд.

Усули фалсафаи Ихвон-ус-сафо чунин аст: Ҷаҳон, дар назари онҳо ҳақиқати воҳид аст, ки табақоту қисматҳои мухталифи он дар натиҷаи иштибоҳе, ки байни онҳо вуҷуд дорад, ба ҳам пайваста аст. Ба қавли ихвон, «чунон ки як шаҳр як, ҳайвон ё як инсон воҳид аст, олам низ воҳид аст». Табақоти поёнии олам монанди узве ба табақоти олӣ пайваста аст ва ҳама ба калимаи илоҳӣ боқиянд ва ҳастии худро аз он касб мекунанд. Забоне, ки тавассути он ихвон монанди байни маротиби олам ва пайвастагии табақоти он ва робитаи байни холиқу махлуқро баён кардаанд, забони тамсил ва ташбеҳ аст. Калиди асрори ҷаҳон ва ҳодии инсон дар маърифати олами ҳастӣ адад аст, ки монанди нури хуршед торикии ҷаҳлро аз миён бармедорад ва бо партави олами мақулот ҷаҳони эҳсосшавандаро мунаввар месозад. Ихвониён худро пайрави Фисоғурас донистаанд. Онҳо воқеан дар таълимоти ҳандасӣ ва риёзии ҳастӣ аз мақом ва усули эшон ҷонибдорӣ кардаанд. Онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавқеи маърифатгароёна дошта, ба он ақидаанд, ки оммаро ба теғи дониш ва огоҳӣ мусаллаҳ созанд ва ба ин васила ба сари қудрат омадани шахсони бофазл ва доноро таъмин намоянд. Ихвониён таассуби мазҳабиро инкор карда, ба он умед бастаанд, ки чун кори олам ба маротиб ва хоса ададист, ин маротиб навбати шарро паси сар хоҳанд кард ва кори олам ба дасти хайр хоҳад расид.

Тасаввуф яке аз машҳуртарин таълимотҳои фалсафии форс-тоҷик маҳсуб мешавад. Ин ҷараён дар асрҳои авали густариши дини ислом дар мамолики Шарқи Наздику Миёна пайдо шудааст. Баъди ба фирқаҳо ҷудо шудани мусалмонон ҳар даста ба худ номи махсусе гирифт зоҳидоне, ки дар аъмолашон муносибати ифротӣ пайдо шуда буд, «суфӣ» ё худ «мутасаввиф» ном гирифтанд ва дар авали асри VIII алакай истилоҳи «тасаввуф» ва дигар калимаҳои аз ин реша баромада ба таври васеъ истифода мешуданд. Роҷеъ ба истилоҳи «тасаввуф» дар байни муҳаққиқон назарҳои мухталиф ҷой доранд. Гурӯҳе онро аз калимаи «суф» (матои пашмин), қисме аз «соф» (покии қалб), дастаи дигар аз «суфа» ва бархе аз «софия» (ҳикмати юнонӣ) гуфтаанд. Дар китоби «Кашф-ул-истилоҳот ул-фунун» омадааст: «Аммо тасаввуф дар луғат суф пӯшидан аст ва ин асари зӯҳд ва тарки дунёст ва дар истилоҳи аҳли ирфон покиза кардани дил аст аз муҳаббати мо сӯи Аллоҳ ва рост кардани зоҳир аст ва дур будан аз манъиёт (корҳои дар шариат инкор кардашуда) ва мувозибат (саъю кӯшиши доимӣ дар коре) намудан ба фармудаи расули Худо ва ин ҷамоат мутасаввифаи муҳаққанд ва баъзе мутасаввифаи мубталанд, ки худро суфия мешуморанд ва ба ҳақиқат суфия нестанд ва инҳо чанд фирқаанд…» (Ал-Таҳовӣ Муҳаммади Алӣ. Кашф ул-истилоҳот ул-фунун. Тавзеҳи Муҳаммади Возеҳ, Абдулғанӣ ва Ғуломқодир. Иборат аз ду ҷилд.-Ҳиндустон, 1346, ҷилди 1,саҳ, 841).

Бояд қайд кард, ки дар суханони суфиёни асрҳои VIII-IX инкишофи ҷиддии фикрӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти амалии зоҳидон ба риёзати нафс, муҷоҳида, мукошифа ва тасфияи (поксозӣ) қалб табдил ёфт. Ин фаъолият дар тасаввуф мазмуни тозаи назариро ба вуҷуд овард. Масъалаҳои ишқу муҳаббат, таносуби орифу маъруф ва матолиби фалсафаи илоҳӣ ба миён омад, ки якҷоя бо истилоҳоти нави ирфонӣ- ишқ, ирфон, маърифат, фано, бақо ва ғ. сирри мазҳари илоҳӣ ва асоси офариниши оламро шарҳ медоданд. Акнун ба ҷои «тасаввуф» ва «суфӣ» бештар «ирфон» ва «ориф» истифода мешуд. Аслан, «ориф» ва «суфӣ» муродифи ҳамдигаранд ва аксаран як маъноро ифода мекунанд. Калимаи «ирфон» аз решаи арабии «арафа» гирифта шуда, маънои шинохтанро дорад ва он ба равиши мутасаввифин мувофиқат мекард.

Дар адабиёти тасаввуфӣ маъмулан мутасаввифонро ба аҳли маърифат ва аҳли муҳаббат ҷудо мекунанд. Албатта, чунин тақсимбандӣ комилан шартист, зеро дар бисьёр маврид онҳо ба ҳам меомезанд. Ба ҳар ҳол вобаста ба моҳият ва хусусияти назарии таълимоташ Қушайрию Ғазолӣ, Сӯҳравардию Ибни Арабӣ ва Ҷомию Насафиро аҳли маърифат мехонанд. Дар ҳақиқат ин бузургони тасаввуф бештар ба ҷанбаи маърифатии масъала аҳамият дода, роҳу усулҳои маърифати маънавӣ ва худшиносии инсонро тадқиқу таҳқиқ намудаанд, робитаи олами кабиру сағир, масъалаи инсони комил, ваҳдаи вуҷудро ба як консепсияи томи фалсафию ирфонӣ расондаанд. Робиаи Адвия, Абӯбакри Шиблӣ, Боязиди Бистомию Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайру Шамси Табрезиро аҳли муҳаббат медонанд. Онҳо асосан ташнаи ишқи илоҳӣ буданду назар ба ҷанбаи маърифатӣ ба ҷиҳати ахлоқии тасаввуф, ба ҳусну камоли холиқ (ҷиҳати этикию эстетикӣ) таваҷҷӯҳи бештар ба харҷ доданд. Байни ин ду гурӯҳи зикрьёфта тариқаи мобайние низ вуҷуд дошт, ки онҳоро аҳли футувват номиданд.

Назарияи маърифати тасаввуф ба шинохти ҳақиқати мутлақ ва ё ҳақиқати азалӣ равона шудааст. Шинохти ин ҳақиқат дар адабиёти тасаввуфӣ иборат аз се зинаи махсус- шариат, тариқат ва ҳақиқат ифода мегардад. Шариат аз маҷмӯи қоидаву қонунҳои динӣ, ахлоқӣ ва сиёсие иборат мебошад, ки барои ҳамаи мусулмонон воҷиб буда, муминонро аз роҳи шарр ва гумроҳӣ эмин медорад. Аз ин рӯ соликони роҳи тариқат низ мисли дигар мӯъминон бояд шариати ислом, махсусан аркони асосии онро риоя намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар бисёр маъхазҳои тасаввуфӣ шариатро зинаи авали роҳи солик мешуморанд, зеро он заминаи амалӣ барои марҳалаи баъдӣ- тариқат мебошад.

Тариқат дар луғат ба маънии «роҳ» меояд. Он дар тасаввуф марҳилаест, ки ҳадафаш поксозии қалб ва такмили нафс мебошад. Соликони тариқат дар ин марҳала тавассути ҷаҳду тало шва кашфу мушоҳида камол ёфта, ба марҳилаи ҳақиқат мерасанд. Вале қабл аз он,ки солик ба ҳақиқати азалӣ бирасад, дар марҳилаи тариқат зинаҳои махсуси равониро бояд гузарад, ки онҳо «мақомот» номида шуда, дар натиҷаи кӯшиши солик ба даст меоянд..Дар маҷмӯъ тариқат сайри махсуси мурод аст, ки соликонро сӯи ҳақ мебарад, аз тариқи тарки дунё, давоми зикру тавба ба мабдаъ (асос), инзиво (гӯшанишинӣ), сидқу ихлос ва назири инҳо.

Марҳалаи ҳақиқат сарманзили маърифат ва натиҷаи сулук дар тариқат аст. Агар дар марҳалаи тариқат исму сифатҳои илоҳӣ барои солик муайян гардад, дар марҳалаи ҳақиқат худи зоти илоҳӣ дарк мешавад.

Чуноне ки зикр шуд, тасаввуф аз зӯҳду тақво оғоз гардида, дар фаъолияти ҳар як суфии муайян ба шаклу намудҳои ба худ хосе зуҳур меёфт. Ҳамин тавр, аввал маҷмӯи кирдору аъмоли зоҳидон тасаввуфи амалию ахлоқиро созмон дод, баъд ҷанбаи назарию илмии он дар доираи ишқи маънавӣ падид омада, шохаҳои гуногуне, аз қабили асҳоби саҳву сукр, аҳли маърифат ва аҳли муҳаббат, тамоюлҳои мӯътадилонаю ифротӣ арзи вуҷуд карданд. Суфиёни аҳди аввал гурӯҳи зоҳидоне буданд, ки дар талаби наҷоти шахсии худ аз беадолатиҳои иҷтимоӣ канора ҷуста, гӯшаи узлат интихоб намудаанд. Намояндагони тасаввуфи ин давра Мусо Ансории Марвӣ, Абӯҳошими Куфӣ, Ҳасани Басрӣ,Ҷунайди Бағдодӣ ва дигарон буданд, ки аслан ба тафсири суфиёнаи Қуръону ҳадис ва тарғиби зиндагии одилонаи пайғамбар ва асҳобаш шуғл варзидаанд.

Суфиёни марҳилаи баъдӣ- Робияи Адвия, Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоx, Аҳмади Ғазолӣ, Айнулқузоти ҳамадонӣ, Саноӣ, Аттор, ҷалолиддини Балхӣ, ва дигарон бошанд, масоили кашфу шуҳуди орифонаро тариқи ишқ ва самоъи ирфонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Робиаи Адвия (713-851) аввалин зани орифест, ки дар бораи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ сӯҳбат кардааст. То зуҳӯри Робиа тасаввуф ҳамчун зуҳду зоҳидӣ ва мактаби тарбиявии исломӣ фаҳмида мешуд. Яъне ҳанӯз ба масъалаҳои аслии тасаввуф диққати ҷиддӣ дода намешуд. Бо ба арсаи ирфон ворид гаштани ин зани соҳибандеша, тасаввуф, ки ҳамчун зуҳди хушк барои тавбаи гуноҳон фаҳмида мешуд, ба маърифати дардноки ишқу муҳаббат табдил ёфт ва масъалаи ишқи илоҳӣ ба миён гузошта шуд.ӯ дар таълимоташ ишқи бевоситаи маънавиро қоил буда, бо холиқ васл шуданро мақсади ниҳоии худ қарор медиҳад. Аз назари Робиа мақсаду мароми инсон дар зиндагӣ танҳо расидан ба висоли маъшуқи азалӣ ва павастан бо ӯ мебошад.

Боязиди Бистомӣ (ваф.874) намояндаи дигари тасаввуф, аҳли раъй ва орифи озодандеш аст, ки масъалаи «фано»-ро дар ирфони амалӣ ба миён гузоштааст. Тибқи таълимоти ӯ, агар солики тариқат ба шавқи тамом ҷониби ҳадафи дар пешгузоштаи худ раҳсипор гардад, ба сарманзили фанофиллоҳ мерасад ва бақои ҷовидонӣ меёбад. Боязид дар таърихи тасаввуф ва ирфони эронӣ орифи шаттоҳ меноманд. Зеро дар андешаҳои ӯ шатҳиёт, ки зоҳиран ба шариати исломӣ муқобил буд мавқеи намоён дошт. Аз он сабаб, ки ҷаҳонбинии Боязиди Бистомӣ аз доира ва чорчӯбаи таассуби динӣ берун буд, барои ӯ вуҷуддошти дузаху биҳишт ва осоиши дунёи дигар арзиши аслӣ надошт. Яъне дар таълимоти мутафаккир бузургдошти ҷаҳони моддӣ ва тариқи ҷидду ҷаҳд ва шинохти воқеии он расидан ба дараҷаи фано, ё ин ки дарёфти ҳақиқати мутлақ ҷойгоҳи махсус дорад. Боязид озодии андешаи инсонро воситаи асосии камолот медонад.

Асоси таълимоти ӯро тавҳиди тасаввуфӣ ташкил медиҳад. Тавҳиди тасаввуфӣ иборат аз эҳтироми самимӣ ба кулли ашёву мавҷудоти олами моддӣ мебошад. Зеро тамоми мавҷудот аз як сарчашма маншаъ мегиранд ва ба ҳамдигар пайвастагии узвӣ доранд.

Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ (857-922) аз зумраи он шахсиятҳои номдорест, ки дар таърихи афкори фалсафӣ ва озодандешаи Шарқи исломӣ мақоми шоиста дорад. Замони зиндагии ӯ ба охирҳои асри IХ ва ибтидои асри Х рост меояд, ки муҳаққиқони таърихи фалсафа ин асрро асри «тиллоӣ»-и тафаккури исломӣ номидаанд ва аз ҳамин ҷиҳат ба инкишофи андешаҳои ирфонӣ ва ташаккули шахсияти ӯ таъсир расонд. Падараш, ки пешаи ҳаллоҷӣ (пахтазанӣ)-ро дошт ва аз ин сабаб Мансур бо тахаллуси Ҳаллоҷ машҳур шуд. Дар ҷавони шавқу алоқаи фавқулодда ба зӯҳду риёзат дошт. Аввал муриди саҳли Тустарӣ буд ва ҳамроҳи устодаш ба Басра омада, аз дасти Умари Маккӣ ва ҷунайди Наҳовандӣ хирқаи дарвешӣ пӯшид. Баъд мусофират кард ва дар мулки Форсу ҳинду Чин мазҳабҳои гуногунро омӯхт ва даъвои ҳулулу иттиҳод кард. Фаридиддини Аттор Мансури ҳаллоҷро нуқтаи олии инкишофи афкори тасаввуфӣ меномад. Аксари ҳакимон, аз қабили Абӯсулаймони Мантиқӣ, Абӯҳайёни Тавҳидӣ, Абулҳасани Дайламӣ тозагии ақидаҳои ирфонии Мансури ҳаллоҷро дар осорашон оварданд. Роҷеъ ба таълтмоти ҳаллоҷ баъди маргаш низ байни мутасаввифон ақидаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Баъзеҳо ӯро пайрави таълимоти «ваҳдати вуҷуд» ҳисобиданд. Бино ба маълумоти маъхазҳо ҷалолиддинӣ Румӣ ва баъди ӯ Алоуддавла Симнонӣ, Алии ҳамадонӣ, Маҳмуди ҷаҳониён, Аҳмади Сарҳиндӣ ва Абулқодири Бедил мӯътақиданд, ки ҳаллоҷ дар таълимоташ «ваҳдати шуҳудро»-ро қоил аст.

Аз осори гаронқадри Ҳаллоҷ миқдори каме то замони мо боқӣ мондааст ва ин миқдори кам аз навиштаҳо ва суханони ӯро ҳам дӯстон ва ҳам душманонаш дар нигоштаҳои худ овардаанд, ки ахиран тавассути донишманди фаронсавӣ Луйи Масиниюн гирдоварӣ ва нашр шудаанд. Осори мавҷуди ӯ алъон ба таври зайл аст: «Ашъори Ҳаллоҷ», ки ба забони арабӣ навишта шудааст ва муштамил бар 349 байт аст; «Тосин-ул-азал» рисолаи ирфонӣ бо лафзҳову ибороти печида, ки ин китобро Рубехонии Буқлӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда ва бар он шарҳе навиштааст. Суханони Ҳаллоҷ ва ривоте дар бораи ӯ аз сарчашмаҳои таърихӣ.

Баъди Мансури ҳаллоҷ то аҳли туркони салчуқӣ сӯфиёни зиёде буданд, ки шарҳи ҳол ва орояшон дар тазкираҳо ва дигар адабиёти сӯфия омадаанд, вале эҷодииёти ҳеҷ яке аз онҳо ба пояи таълимот нарасид. Воқеаи ҷолиби таваҷҷӯҳе, ки дар ин давра рух дод, таҳти ҳимояи сомониён дар Бухоро ва хилофати Бағдод ривоҷи афкори илмию фалсафӣ мебошад. Аксари файласуфон, монанди Форобию Ибни Сино ва Закариёи Розӣ ба таҳқиқи далелу бурҳон роҷеъ ба ҳақиқати ашё пардохта, баҳсу тадқиқотро идома доданд, ки ин бешубҳа ба инкишофи ҷанбаи назарии афкори тасаввуфӣ бетаъсир намонд.

Тасаввуфи исломӣ дар асри XI низ хеле доман густурда буд, вале аз сабаби бисьёр номуайян будани муҳити илмию маънавӣ намояндагони тасаввуфи ин давр аз якдигар дар орою салиқа фарқ мекарданд. Вобаста ба самти андешаашон мутасаввифини ин асрро ҳар хел ном мениҳоданд. Масалан, Абулҳасани Харақониро орифи шаттоҳ ва сӯфии шӯридаҳоли маст, Абӯсаиди Абулхайрро аз зумраи орифони ифротии ваҳдати вуҷуд, Бобо Тоҳирро чун ошиқ ва сарояндаи пурсӯзтарин дубайтиҳо ва Аҳмади ғазолиро чун гӯяндаи завқу шӯри ҳол ва вассофи ишқ ба қалам додаанд. Аз миёни орифони зикршуда Абдулфутӯҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Ғазолӣ (1064-1126) дар тасаввуфи исломии асри XI мавқеи намоён дорад. ӯ мутафаккирест, ки бори аввал чандин масоили суфияро пешниҳод намуда, барои орифони баъдӣ ба ҳайси пешвои тариқат ва ҳамчун пири маънавӣ хизмат намудааст. Аҳмади Ғазолӣ яке аз орифони сермаҳсул дар таърихи тасаввуфи исломӣ маҳсуб мешавад. Рисолаҳои «Савонеҳ-ул-ушшоқ», «Баҳрулҳақиқа», «Айния», «Маҷолис», «Рисолат-ут-тайр», «Мактубот» ва ғайраҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аҳмади Ғазолӣ аввалин мутафаккирест, ки рисолаи ишқии ирфониро ба забони форсӣ навиштааст ва ҳамчунин бори нахуст ҳафт марҳилаи тариқати тасаввуфро муайян кардааст, «ва акнун бигӯем: баҳри аввал- маърифат аст ва гавҳари вай яқин аст, баҳри дуввум- ҷалол аст ва гавҳари вай ҳасрат аст, баҳри сеюм- ваҳдоният аст ва гавҳари вай ҳаёт аст, баҳри чорум- рубубият аст ва гавҳари вай бақо аст, баҳри панҷум- ваҳият аст ва гавҳари вай висол аст, баҳри шашум- ҷамол аст ва гавҳари вай риоят, баҳри ҳафтум- мушоҳида аст ва гавҳари вай фақр аст» (Аҳмади Муҷоҳид. Маҷмӯаи осори форси Аҳмади Ғазолӣ.-Теҳрон 1370. — саҳ.13).

Абулмаҷд Маҷдуд бини Одам Саноии Ғазнавӣ (тав.1080) намояндаи машҳури тасаввуфи асрҳои XI-XII мебошад. ӯро дар тариқат пайрави Аҳмади Ғазолӣ ва Юсуфи Ҳамадонӣ медонанд. Хизмати асосии Саноӣ аз он иборат аст, ки бори нахуст масоили ирфониро ба адабиёт ворид намуда, дар дар қолабҳои гуногуни шеърӣ, ба мисли маснавӣ, қасида ва ғазал таълимот ва дарёфтҳои ирфониро баён кард. Асли таълимоти ин мутафаккирро шинохти ҳақиқати мутлақ ташкил медиҳад. Ҳақиқати мутлақ аз назари Саноӣ ҳамон офаридгори азалӣ аст, ки вуҷуди он ба кулли мавҷудот алоқаманд аст. Яъне ӯ ибтидои ҳастӣ ва қувваи ҳаракатдиҳандаи тамоми ашёву ҳодисаҳо мебошад. Барои исботи ин ва дар маҷмӯъ шинохтани ҳақиқати мутлақ, нахуст ҷаҳони моддӣ бо ҷузъиёташ бояд пурра омӯхта шаванд. Пайвастагиҳо миёни олами набототу ҳайвонот ва олами инсонӣ муайян гашта, нахуст мавқеи худи инсон, сабаби пайдоиш, вазифаи ӯ дар зиндагӣ, маод ва ё марг ва баъдан нақши он дар инкишофи ҷаҳон тадқиқу баррасӣ карда шавад. Аз ин нуқтаи назар Ҳаким Саноӣ инсон, махсусан рӯҳӣ онро инъикоси Худо ва қодир ба дарки кули мавҷудот гуфтааст.

Дар фалсафаи Саноӣ ба сифати имкон-ул-вуҷуд ҳодисаҳои олами моддӣ, рӯҳи ҷаҳонӣ ва Ақли Кулл қисмҳои таркибианд. Онҳо дар натиҷаи хости Худо пайдо шуда, сабабҳои олами моддӣ ҳастанд. Ақли Кул моҳияти мутлақ дошта, новобаста ба инсон вуҷуд дорад. Тадриҷан аз Рӯҳи Кулл ва Ақли Кул шакл ва материя пайдо мешаванд, ки пайдоиши олами моддӣ низ ба шакл ва материя вобаста аст. Материя ба ақидаи мутафаккир омезиши чор унсур – об, ҳаво, замин ва оташ аст. Саноӣ оламро ба ду қисм: олами лоҳут ё Илоҳӣ ва носут ё моддӣ тақсим намудааст. Яке аз масъалаҳои дигари фалсафаи ӯ таносуби ҷисм ва рӯҳ аст. Саноӣ рӯҳро ба се навъ: одамӣ, ҳайвонӣ ва растанигӣ ҷудо кардааст ва ҳар яки онро шарҳу эзоҳи зиёд додаст. Назарияи маърифати Саноӣ ба масъалаи шинохтани воҷибалвуҷуд ё худ Худо ва инчунин роҳҳои донистани олами моддӣ бахшида шудааст. Худо ба гуфти ӯ маҳз бо воситаи инсон объекти маърифат дониста мешавад ва мақсади асосии маърифат ин расидан ба шинохти илоҳӣ аст. Масъалаҳои ахлоқӣ ва тасаввуфии баёнкардаи Саноӣ аҳамият ва арзишҳои зиёдро дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти шахс, хусусан касби ахлоқи ҳамида доро мебошанд. Осори ӯ аз: «Девони ашъор», «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа», «Сир-ул-ибод илал маод», «Корномаи Балх ё Мутоибанома», «Таҳримат-ул-алам» ва «Макотиби Саноӣ» иборат аст.

Намояндаи дигари тасаввуфи ин давр Абулмаолӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Алӣ Миёнҷии Ҳамадонӣ маъруф ба Айнулқузот (1099-1131) мебошад. Ин мутафаккир яке аз шогирдони фозилу заккии Аҳмади Ғазолӣ ба ҳисоб меравад. Тариқати баргузидаи ӯ тараннуми ишқи ирфонӣ, дарки моҳияти он ва бад-ин васила кашфи ҷамоли Ҳақ аст. Айнулқузот ишқро ба се мартаба- бузург, кӯчак ва миёна тақсим мекунад. Рисолаҳои «Лавоеҳ», «Зубдат-ул-ҳақоиқ фи кашф-уд-дақоиқ», «Зубдат-ул-маонӣ» ва ғайраҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Фариддудин Аттори Нишопурӣ (1140-1221) дар асри XIII тасаввуфи исломиро ҳамаҷониба инкишоф додаст. Атторро дар тариқат увайсӣ дар ҷаҳонбинӣ пайрави ваҳдати вуҷуд аст, ки соликони он баъд аз гузаштани пояҳои шариат ва тариқат, бо рӯҳи мутлақ, яъне Худо як мешавад. Масъалаи мазкурро мутафаккир дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр» дар ҳикояти сафари мурғон ва расидани онҳо ба кӯҳи Қоф ва бо Симурғ як шуданашон хеле равшан ифода кардааст. Ин косепсия агарчи рамзист, вале тариқи он қобилият ва дараҷоти инсонро, ки махлуқи олӣ ва тоҷи офариниш дониста шудааст, метавон сареҳан дарк намуд. Таълимоти Атторо тасвири сайру сулуки солик дар роҳи расидан ба дараҷаи камолоти маънавӣ ташкил медиҳад. ӯ масъалаи мазкурро тариқи офаридани асарҳои рамзӣ матраҳ намуда, таъкид месозад, ки инсон чун майл ба камолоти маънавӣ кунад ва ҷиддан ҷаҳду талош намояд, ҳатман ба мақсад мерасад. Марҳалаҳое, ки ӯ барои сайр ва сулук, яъне расидан ба дараҷаи камол ва шинохти ҳақиқати мутлақ баршумурдааст аз талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат, фақр ва фано иборатанд. Ҳар кадоми марҳилаҳои зикршударо мутафаккир вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи солик матраҳ намуда, риояи одот ва тариқи гузазшти онҳоро аз дидгоҳи ирфон таҳлил намудааст. Дар таърихи фалсафа ва ирфони исломӣ осори гаронқадри Аттор ҷойгоҳи махсус доранд. Намоёнтарин осори ӯ иборатанд аз «Тазкират-ул-авлиё», «Илоҳинома», «Асрорнома», «Ҷавоҳирнома», «Хусравнома», «Шарҳ-ул-қалб», «Мусибатнома», «Мантиқ-ут-тайр», «Мухторнома» ва ғайра иборатанд.

Абӯбакр Муҳаммад Муҳиддин Ибни Арабӣ(1165-1240) аз намоёнтарин орифони ҷаҳони ислом мебошад. Ин мутафаккир кӯшиш намудааст, то масъалаи «ваҳдати вуҷуд»-ро, ки дар таълимоти мутасаввифини пешин дар ҳар сурат ҷилва мекард, ба як низоми мувофиқ дарорад. Тибқи таълимоти ӯ ваҳдати вуҷуд бо ваҳдати воқеъият умумият дошта, асоси онҳо айни як чизанд. Яъне Худованд аз ҷаҳон комилан ҷудо нест. Ҷаҳон ба сурати асроромез дар Худованд аст. Олам ва ашёе, ки дар он аст, Худо нест, вале ҳақиқати онҳо чизе ҷуз ҳақиқати ӯ нест. Худованд аз ҳамаи сифот бартар аст ва дар айни ҳол аз онҳо холӣ нест ва аз ҳамин ҷо ин каломи маърифати суфиёна пайдо шудааст, ки сифоти ҳақ «На ба ӯст ва на ҷуз ӯ». Fарази Ибни Арабӣ баёни назаре аз воқеъият аст, ки даст ёфтани он боиси истифода аз равишҳои хоси андешидан аст.

Сифоти Ҳақ ба сурати як даста исмҳо (номҳо) як зумра номҳо ба худ касб кардааст. Ин номҳо имконоти илоҳии ҷоришаванда дар ҷаҳон аст; асҳобе, ки Худованд ба василаи онҳо худро дар ҷаҳон мутаҷҷалӣ месозад. Ба ин тартиб, исмҳои илоҳӣ боис мешавад, ки ба василаи онҳо одамӣ метавонад ба маърифати ваҳдонии ҳақиқати илоҳӣ бирасад. Чун номҳо, аслу асоси маърифат ва низ решаи асосии мавҷудот аст, бинобар он худро дар ҷаҳон ва дар ҳаёти маънавӣ ба таҷҷалӣ дармеоварад. Инсони комил, ки калима низ ҳаст, таҷҷалии томи номҳои Ҳақ аст ва намунае аз ҷаҳон ва ҳам аз инсон мебошад. Инсон, ки олами сағир аст тавассути он ҳамаи имконияти мавҷуд дар ҷаҳонро доро мешавад. Олами асғар ва олами акбар, ҳамчун ду оина рӯбарӯи якдигар қарор гирифтаанд ва дар ҳар як дигаре мунъакис мешавад ва ҳар як аз он ду дар навбати худ намунаи муштараки худро, ки инсони комил аст, мунъакис месозад.

«Фусус ул-ҳикам» дар воқеан васиятномаи рӯҳонии Ибни Арабӣ ба шумор меравад, ки бисту як (21) — фасли он ба арзёбию тавзеҳи ақоиди ботинии асосии инсон бахшида шудааст.

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (1208-1273) идомадиҳандаи таълимоти тасаввуфӣ мебошад. Таълимоти Мавлавиро метавон аз ҷиҳати фалсафӣ сазовори баҳои баланд донист, зеро дар он чандин масоили баҳсталаби фалсафӣ мавриди баррасии олимона қарор гирифтаанд. Нақши Мавлавӣ дар рушду такомули ирфони исломӣ хеле назаррас аст. Масъалаи ҳастӣ, асрори офариниш, инсон ва монанди инҳо дар таълимоти мутафаккир мавқеи намоён доранд. Дар консепсияи ҷаҳонбинии Мавлавӣ идтиҳоду ваҳдат ва дурӣ аз ҷаҳолату таассуб ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Ваҳдати талаққинамудаи Ҷалолуддини Румӣ, сарманшаъ аз ҷомеаи инсонӣ гирифта, то дараҷаи ваҳдати вуҷуд, яъне Ҳақиқати мутлақро дар бар мегирад. Мавлавӣ оламро таҷассуми Ақли Кул дониста, ақли инсонӣ ва мавҷудоти олами моддиро таҷассуми он медонад. ӯ дар шинохти асрор ва дарки моҳияти ваҳдати вуҷуд мартабаи инсонро хеле баланд бардошта, онро ҷузи пайвастшавандаи асли кул медонад. Мавзӯи марказии таълимоти Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхиро тарбияи «Инсони комил» ташкил медиҳад. Инсони комил аз назари мутафаккир онест, ки ҳама паҳлӯҳои ҷаҳони моддиро дарк намудааст. Масъалаи мазкур дар таълимоти ахлоқии Мавлавӣ аз он шурӯъ шудааст, ки инсон дар содир кардани тамоми афъол озод аст. Озодии иродаи инсон метавонад бадиро ба некӣ табдил диҳад ва нафси разиларо саркӯб намояд. Нафсро омили бадӣ эълон кардани мутафаккир аз он ҷо Сар задаст, ки моликияти хусусӣ ва манфиатҳои шахсӣ касро ба бадтарин кирдору аъмол водор мекунад. Дар роҳи комёбиҳои шахсӣ ва беҳбудии зиндагии шахсӣ ва беҳбудии зиндагии фардӣ, бухлу ҳасад, кинояву адоват ва монанди ин хислатҳои хабис ривоҷ ёфта, бештар дар ахлоқи табақаи ашроф ифода меёбанд. ӯ пайрави ахлоқи аҳли футувват ва оини ҷавонмардӣ буд. Аз назари мутафаккир омили аслии камолот ҷустуҷӯи ҳамешагии илму маърифат ва инсодустии ҳақиқӣ мебошад. Тавассути офаридани асари безаволи хеш — Маснавии Маънавӣ тавонист, таълимоти қуръониро бо тобишҳои ақлониву ирфонӣ тасвир намояд. Осори Мавлавӣ «Девони ғазалиёт», «Маснавии Маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Маҷолиси сабаа» буда, мавзӯоти мухталифи ҷаҳони моддӣ, тарғиби маънавиёт ва тараннуми инсони озодандешу кашшофро дарбар мегиранд. Мафҳуми «Марди Худо» дар таълимоти Мавлавӣ инсонеро ифода менамояд, ки аз ҷиҳати маънавиёти воқеи мусаллаҳ шуда, некиву бадӣ, асрори вуҷуд ва дар маҷмӯъ нафси худро ба таври кулӣ шинохтааст. Дар маҷмӯъ таълимот ва ҷаҳонбинии Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхиро метавон тараннумгари футувват, ҷавонмардӣ, озодандешӣ, ваҳдат ва худшиносиву дар заминаи ин худошиносӣ номид.

Ишроқ вожаи арабӣ буда, маънии он дурахшидан, равшан шудан, баромад ё тулӯи офтоб мебошад. Ба маънии истилоҳӣ бошад, номи ҷараёни фалсафии асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки моҳияти он шарҳу тавзеҳ ва шинохти олам дар шакли нур аст. Ишроқиён ё ишроқиюн пайравони фалсафаи ишроқро гӯянд. Дар Ғарб саромади ишроқиён Суқрот ва Афлотунро мегӯянд. Дар Шарқи исломӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ (1155-1191), ки бо лақаби «Шайхи Мақтул» маъруф аст, забардастарин намояндаи он мебошад. Ҳикмати ишроқ яке аз мактабҳои махсуси фалсафаи Шарқ аст. Асоси ин назарияро ду поя-завқ ва истидлол ташкил медиҳад. Мурод аз ин ҳикмат ошноӣ ба завқи фитриву покии замир мебошад. Пайдоиши ҳикмати ишроқ ба замони эҳёи фалсафа, ҳикмати хусравонӣ-паҳлавии Эрони бостонӣ, ҳикмати ирфонии Юнон ва ҳикмати исломӣ рост меояд. Чунончи, яке аз намояндагони мумтози ин равия Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, ки худро вориси ду суннати фикрӣ-юнонӣ ва эронӣ медонад, мебошад. Вай кулли ҳакимони қадимро тафсиргари ҳақиқати маънавӣ меҳисобид. Ҳикмати ишроқро метавон омeзиши маърифати Эрони Бостон ва ирфону ҳикмати ислом номид. Ҳакимони ин мактаб (аз ҷумла Сӯҳравардӣ) чунин ақида доштанд, ки нури Муҳаммадӣ дар асоси ҳақиқати малакутӣ, паёми ҷамъи динҳо, ҳикмати пешиниёни олами моддӣ, аз ҳакимони юнонӣ то Зардушту ҳакимони Форс буда, дар ҳоли як нури равшанкунандаи торикиҳо фароҳам омадааст ва манбаи ҳамаи онҳо Қуръони карим мебошад. Ҳикмати ишроқ як ҳикмати рамзист, ки фаҳмиши он завқи хос мехоҳад ва тавассути истидлол нофаҳмиданист. Инсон то натавонад ба олами ботини худ сафар кунад, ба таъвили рамузи вуҷуди даруни худ сарфаҳм равад, наметавонад дарки ҳикмати ишроқ намояд.

Навиштаҳои Сӯҳравардӣ, зиёда аз панҷоҳ китобу рисоларо ташкил медиҳанд, ки ба масоили фалсафиву ҷаҳоншиносӣ ва ҳикмату ирфон бахшида шудаанд. Таълифотҳои Сӯҳравардиро метавон ба чор гурӯҳ тақсим кард:

1.Китобҳои сирфан фалсафии ӯ, ки ба забони арабӣ навишта шуда ва иборатанд аз: «Талвиҳот», «Муқовимот», «Маториҳот» ва «Ҳикмат-ул-ишроқ». ӯ дар се китоби нахуст, масоили фалсафиро аз дидгоҳи машшоиён матраҳ намуда ва дар мавридҳои зиёде ба шеваи худи онҳо ба эшон интиқод кардааст. Ин китобҳо бартарияти комили Сӯҳравардиро ба ҳикмати машшоия   ошкор месозанд. Китоби чорум ё «Ҳикмат ал-ишроқ», муҳимтарин асари фалсафии ӯ ба шумор меравад ва фалсафаи ҷадидеро шомил мешавад. Сӯҳравардӣ дар ин китоб аз усули машшоиён фаротар меравад ва ба орзуи Ибни Сино дар заминаи таҳаққуқ бахшидан ба ҳикмати машриқӣ ҷомаи амал мепӯшонад.

  1. Рисолаҳои ирфонии ӯ, ки ба забонҳои форсӣ ва арабӣ таълиф шуда ва фарогири ҳикоятҳои пуррамзу розе ҳастанд, ки дар онҳо марҳилаҳои сайру сулук аз олами табиат то бартарин мартабаҳои ҳаётӣ ва майл ба растагорӣ ба тариқаи ишроқӣ тавсиф шудааст. Ин рисолаҳо иборатанд аз: «Ақли сурх», «Овози тири ҷабраил», «Луғати муғон», «Сафири симурғ», «Ҳаёкил-ан-нур», «Алвоҳи омодӣ», «Калимат-ат-тасаввуф» ва ғайра.
  2. Тарҷума ва шарҳҳое, ки Сӯҳравардӣ бар китобҳои пешиниёни худ, Қуръони Маҷид ва ҳадисҳо навиштааст, монанди тафсирҳое бар чанд сураи Қуръон ва баъзе ҳадисҳо, тарҷумаи форсии «Рисолат- ат-тайр»-и Ибни Сино, шарҳе ба «Ишорот ват-танбеҳот» ва ғайра.
  3. Дуоҳо ва муноҷотномаҳое ба забони арабӣ ки «ал-Воридот ва ат-тақдисот» номида шудааанд.

Ҳикматал-ишроқ навъи баҳс аз вуҷуд аст, ки танҳо ба нерӯи ақл ва тартиби бурҳонӣ иктифо намекунад, балки усули истидлолии маҳзро бо сайру сулуки қаблӣ ҳамроҳ месозад. Файласуфи ишроқӣ мекӯшад ҳар ончиро дар мақоми баҳсу назар ва бар пояи бурҳонҳои қавии ақлӣ устувор мекунад, ба таҷрибаи дарунӣ дарёбад ва ба зоиқаи дил низ бирасонад.

Нақшбандия яке аз ҷараёнҳои маъруфу сернуфузи тасаввуф мебошад, ки ибтидои асри XIV зуҳӯр карда, асосгузори он Шайх Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389) мебошад.

Нақшбандия (ё «хоҷагон» низ мегӯянд) аз фаъолияти Абӯ Яъқуб Юсуфи Ҳамадонӣ (соли ваф.1140) ибтидо мегирад. Халифи ин марди бузург Абдухолиқи Fиждувонӣ (ваф. 1220) бунёдгузори тариқати хоҷагон –нақшбандия аст. Аз ёздаҳ асли тариқати нақшбандия ҳаштоашро вай эҷод кардааст, ки чунинанд: ҳуш дар дам; назар бар қадам; сафар дар ватан; хилват дар анҷуман; ёдкард; бозгашт; ёддошт ва нигаҳдошт.

Аз Абдухолиқи Fиждувонӣ занҷири тариқат ба тариқи зайл идома меёбад: Орифи Ревгарӣ (ваф.1251ё 1259); Хоҷа Маҳмуди Анҷири Фағнавӣ (ваф.1272); Шайх Азизон Алии Ромитанӣ (ваф. 1321); Муҳаммад Бобои Самосӣ (ваф.1354); Сайид Амири Кулол (ваф.1371) ва Муҳаммад Баҳоуддини Нақшбанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин хоҷагони тариқат дар деҳаҳои гирду атрофи Бухоро таваллуд шудаанд.

Асосгузори силсилаи нақшбандия, ки бо номҳои «Хоҷаи бузург» ва «Шоҳи Нақшбанд» низ маъруф аст, Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухороӣ соли 1318 дар деҳаи Орифони Бухоро ба дунё омадааст. Падараш бофанда ва нақшбанд буд. Баҳоуддин дар ҷавонӣ ба касби падар шуғл варзида, ба матоъ ва фулӯзот нақшбандӣ кардааст. Аз ин рӯ номи нақшбанд дар ин тариқат аз ҳамин ҷо пайдо шуда, худи ӯ бо лақаби Нақшбанд машҳур гардид.

Дар рушди ҷаҳонбинии Баҳоуддини Нақшбанд хизмати бобояш, ки бо аҳли тасаввуф ошноӣ дошт, хеле бузург аст.

Баҳоуддинро дар рӯҳияи силсилаи нақшбандия Хоҷа Бобои Самосӣ ва сипас Сайид Амири Кулол тарбия намудаанд. Хусусан, таъсири таълимоти Абдухолиқи Fиждувонӣ ба афкору аъмоли ӯ беназир аст. Чуноне, ки қаблан зикр кардем, ҷавҳари таълимоти нақшбандияро ҳашт усуле, ки Абдухолиқи Fиждувонӣ пешниҳод намудааст, ташкил медиҳад. Баҳоуддини Нақшбанд боз се усули дигар – вуқуфи замонӣ, вуқуфи ададӣ ва вуқуфи қалбиро ба ин таълимот илова намуд.

Оид ба ҳаёту фаъолияти «Хоҷаи бузург» боз илова бояд кард, ки ӯ солҳои зиёд ба омӯзишу таҳқиқ ва даъвату мавъиза машғул гардида, ду маротиба зиёрати Хонаи Каъба намудааст ва дар сини 73-солагӣ аз олам гузаштааст. Оромгоҳи ин бузургвор дар зодгоҳаш деҳаи Орифони Бухоро мавҷуд аст.

Аз Баҳоуддини Нақшбанд таълифоте боқӣ намондааст. Шарҳи ҳол ва таълимоти ӯро аз асарҳои шогирдону пайравонаш Хоҷа Муҳаммади Порсо, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Хоҷа Аҳрор ва Мавлавии Ҷунунӣ дарёфт кардан мумкин аст.

Шоҳи Нақшбанд худопарастии зоҳирӣ, урфу одатҳои зиёдро миёни сӯфиён, узлатнишинии чиҳилрӯза ва зикри ҷаҳрро маҳкум сохта, қабл аз ҳама, покии рӯҳ ва зиндагии ихтиёрии фақиронаро талқин менамояд.

Нақшбандия аз пайравони худ мутобиқати кулли қонуну қоидаҳои шариат ва ҳадисҳои пайғамбарро талаб карда, риояи онҳоро яке аз шартҳои ҳатмии маслаки худ медонад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Абдухолиқи Fиждувонӣ ҷонибдори зикри хуфия буд ва нақшбандия низ ғояҳои асосии худро аз таълимоти ӯ гирифтааст. Нақшбандия солики тариқатро водор месозад, ки бештар миёни мардум бошад, ғарқи ҳамешагии зӯҳду тақво набуда, бо қувваи худ кор кунад ва бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоядю

Дар баробари ин, дар рафти кор, сӯҳбат ва роҳгардӣ зоҳиран бо халқ ва ботинан бо Ҳақ бошад. Шиори асосии ин тариқат «даст ба кору дил ба ёр» ҳамин чизро тақозо мекунад.

Чунон ки таъкид шуд, ғояи асосии таълимоти нақшбандия бар ёздаҳ усул устувор аст. Агарчи ин шартҳоро пайравони ҳамин силсила ва олимину муҳаққиқони ин соҳа шарҳу эзоҳи мухталифе намудаанд, ҷавҳари ҳамаи гуфтаҳои онҳо хулосаҳои зеринро дар байн мегирад: ҳуш дар дам, яъне солик барои маърифати Ҳақ бояд як лаҳза аз ёди Худованд ғофил набошад ва пайваста ба ёди ӯ бошад; назар дар қадам, яъне равандаи ин роҳ ҳар қадами худро бояд аҳамият диҳад ва назорат созад, ки дар амалу рафтор ба қурби Худованд ноил шавад; сафар дар ватан, яъне дар тасаввуф «сафар дар ватан» маънои сафар дар вуҷуди хеш аст. Ватани асосии инсон ва шавқи бозгашт ба он мебошад. Ин таълимоти нақшбандия Аслан талош, заҳмат, ранҷ ва риёзати соликро барои поку беолоиш сохтани вуҷуди худ аз олоишҳои дунявӣ фаро мегирад; хилват дар анҷуман, яъне пайрави ин тариқат метавонад ҳамеша бо халқ, дар миёни мардум бошад, вале зоҳиран бояд бо онҳо боша два ботинан бо Ҳақ. Ин ҷиҳати таълимоти нақшбандия гӯшанишиниву узлатро манъ менамояд то ки меҳнату ранҷ мояи ризқи ҳалоли ӯ гардад, аммо дар ҳама ҳолат ҳушу хаёли худро ҷониби Худованд қарор бидиҳад; ёдкард, ин талаби таълимоти нақшбандия соликро ба он ҳушдор месозад, ки ҳамеша дар зикри Худо бошад; бозгашт – мазмуни ин рукни таълимоти нақшбандия ин аст, ки солик дар ҷараёни зикри бисёр ҳарчи бештар ба шинохти Худованд ноил гардад вазикри асосии солик дар иҷрои латифаҳо, ки пир ба ӯ месупорад амалӣ мегардад; ёддошт, ин ҷиҳати таълимоти нақшбандия бештар ба рукни панҷум (ёдкард) шабоҳат дорад. Маълум аст, ки инсон дар бораи зиндагии хушу гуворои олами ҳастӣ ҳамеша фикр карда, дар гирдоби ранҷу ташвишҳои рӯҳӣ қарор дорад, вале бояд ҳиссиёти худшиносиаш авлотар аз ин боша два нигаҳдошт, инҷо таъкид мешавад, ки солик бояд ба нигаҳдошти зикр ҳамеша ноил гардад ва ин нигаҳдошти доимӣ дар ҳама ҳолат пойдор бимонад ва лаҳзае дуривуғафлат аз ин амал аз хатоҳои азим аст.

Се рукни дигаре, ки Баҳоуддини Нақшбанд ба таълимоти Абдухолиқи Fиждувонӣ ҳамроҳ кардааст, вуқуфи замонӣ, вуқуфи ададӣ ва вуқуфи қалбӣ мебошанд. Маънои вожаи вуқуф яке таваққуф ва дигаре огоҳӣ аст, маънои дуюм ба мақсад мувофиқтар аст ва он дархури моҳияташ мебошад, чунки ҳадафи олии ҳар тариқати тасаввуф дар натиҷаи тай кардани зинаҳои муайяншуда огоҳии комили солик аз таҷалии шуҳудӣ мебошад.

Пас вуқуфи замонӣ, ададӣ ва қалбии таъкидкардаи Баҳоуддини Нақшбанд низ ба ҳамин чиз вобастагӣ доранд. Вуқуфи замонӣ, яъне сӯфӣ бояд вақтро бишносад ва ин огоҳӣ ӯро ба зикри ҳарчи бештар ва иҷрои муназзами он далолат мекунад. Вуқуфи ададӣ, яъне зикри рӯз ба рӯз аз ҷиҳати миқдор зиёдтар, чуноне, ки дар иҷроиши латифаҳо ҳувайдо мегардад. Вуқуфи қалбӣ, ин огоҳӣ ба бархурдагии қалби соли каст, ки дар натиҷаи риояи ҳатмии вақти зикри бардавом, ҳамешагӣ ва адади он вуҷудаш мазҳарои таҷаллиёти нури Худованд мегардад.

Дар таълимоти нақшбандия ба шахсияту тарбият ва масъулияти муриду муршид низ диққати махсус дода мешавад. Эҳтирому садоқат ва иҷрои амру гуфтаҳои пир барои солик ҳатмӣ буда, хизмат дар ҳаққи ӯ шарафу ифтихор ҳисоб меёбад.

Мақому мартабаи Баҳоуддини Нақшбанд дар байни пайравон ва оммаи мардум беандоза бузург аст.

Баъди Баҳоуддин дар даврони шогирдони ӯ Алоуддини Аттор (ваф.1400) ва бахусус, Хоҷа Муҳаммади Порсо мавқеи силсила дар ҷомеаи исломӣ таҳким ёфт ва ноҳияву минтақаҳои зиёдеро дарбар гирифт. Асри XV дар замони Хоҷа Убайдуллоҳ ибни Маҳмуди Шошӣ, ки бо номи Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрор ё Хоҷа Аҳрори Валӣ (1414-1490) маъруф аст, нақши тариқати нақшбандия дар ҳаёти сиёсии мамлакат бештар афзуд. Ин замон дар тарғибу ташвиқи таълимоти нақшбандия хизматҳои шахсияти машҳури исломӣ Мавлоно Яъқуби Чархӣ (ваф.1447) низ калон аст. Дар асрҳои XV-XVI нуфузу манзалати нақшбандияро дар симои шайхи бузург Махдуми Аъзам (1461-1549) ва авлоди шайхони ҷӯйборӣ мебинем. Аз обрӯ ва эътибори тариқати мазкур ин нукта шаҳодат медиҳад, ки бузургоне чун Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба он пайравӣ кардаанд.

Ҷиҳатҳои пешкадамонаи ин тариқат боиси он шуд, ки дар ббайни мардум нисбат ба дигар шохаҳои тасаввуф таъсиру нуфузи бештар пайдо намуд ва дар кишвару мамолики мухталифи дунё паҳн гардид

Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) дар таърихи афкори ҷамъиятӣ сиёсӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва адабии тоҷик яке аз мутафаккирони шаҳиру чирадаст маъруфият дорад. Қобилияту истеъдоди Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто баъзе устодон ӯҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Вай дар сини бистсолагӣ доир ба нуҷум шарҳ навишта ба расадхонаи дар шаҳри Самарқанд воқеъбудаи Улуғбек фиристод. Мунаҷҷими машҳури давр Қозизодаи Румӣ ва Фазлуллоҳи Абӯлайсӣ сабақи илм гирифт ва дониши худро аз нуҷум, ҳайъат, фалсафа ва ҳисоб такмил дод. Вай баъди хатми мадраса чанд муддате дар самарқанд монда, соли 1452 ба зодгоҳаш шаҳри Ҳирот баргашт. Дар ин ҷо ба таҳсили илмҳои шеъру арӯз машғул гардид. Ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони тариқати нақшбандия Саъдуддини Қошғарӣ шинос шуда, ин тариқатро пазируфт. Пас аз марги устоди маънавии худ роҳбари тариқати нақшбандия гардид. Вале ӯ бо мардум аз тариқати худ сухан намегуфт ва аҳкоми тасаввуфро низ тарғиб намекард. Ҷомӣ ҳафт бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Форобу Марвро дид. Ҳамчунин шаҳрҳои Нишопур,Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон ва Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму фарҳанги ин кишварҳо вохӯрд. Ин сафарҳо ба ҷаҳонбинии Ҷомӣ таъсири бузург расонданд.

Осори Абдурраҳмони Ҷомӣ се девон-(«Фотиҳат-уш-шубоб», «Воситат-ул-иқд» ва «Хотимат-ул-ҳаёт»); «Ҳафтавранг»-(«Силсилат-уз-заҳаб», «Саломон ва Абсол», «Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ») ; «Баҳористон»; қасоид-(«Луҷҷат-ул-асрор», «Ҷило-ур-рӯҳ» ва «Рашҳи бол ва шарҳи ҳол»); рисолаҳои илмӣ-(«Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия», «Рисолаи мусиқӣ», «Рисолаи кабир дар муаммо», «Рисолаи асғари манзума дар муаммо»; илми сарфу наҳв- «Фавоиди Зиёия»; «Нафаҳот-ул-унс», «Нақд-ун-нуфус фи шарҳи «Нақш-ил-фусус»», «Лавомеъ», «Шарҳи қасидаи тоия», «Шарҳи рубоиёт», «Ашшиат-ул-ламаот», «Суханони Хоҷа Порсо», «Рисолаи шароити зикр», «Шарҳи «Фусус-ил-ҳикам»); мактубот ва ғайраро дар бар мегиранд.

Дар ғазалиёти Ҷомӣ аксар маъниҳои ошиқона ва матолиби орифона дарҷ ёфта, масоили тасаввуфу ирфон дар пардаи ишқу ошиқу маъшуқ баён гардидаанд. Ҳамчунин дар ғазалиёти ӯ баъзан мазаммати аҳли ҷоҳу риё, ахлоқи разилаи ашхоси манфур, ситоиши бархе аз подшоҳони замон, панду насиҳат ва марсия низ ба мушоҳида мерасанд. Дар қасидаҳои мутафаккир аз тавҳиду наът ва муноҷот, ирфону ҳикмат, панду андарз, шарҳи ҳол, шиква, васфи табиат, мадҳу ҷавоби мактуботи подшоҳони муосири ӯ сухан рафтааст. Муаммоҳои Ҷомӣ дар шакли дубайтӣ, рубоӣ ва байт навишта шудаанд. Мутафаккир дар девони якум доманаи мавзӯъро фарох гирифта, анқариб ба ҳама масоили ҳаёт дахл кардааст. Дар ду девони дигараш бошад, мавзӯи онон нисбатан маҳдуд шуда, бештар ҷиҳатҳои таълимоти тасаввуфию ирфонии ӯ арзёбӣ шудаанд.

Масъалаҳои ваҳдати вуҷудро Ҷомӣ дар асараш «Нақд-ан-нусус» шарҳ додаст. Мувофиқи ақидаи ӯ ҳақиқати воҷибтаъоло айни вуҷуди вай буда, ҳастии Худои таъоло пайдотар аз ҳама ҳастиҳост, зеро ки ӯ ба худ пайдост ва пайдоии соири ҳастиҳо бад-ӯст. Аммо ин ҳастии мутлақ дар шаклҳои гуногун зуҳур карда, аслу манша ва мабдаъи ҷумлаи махлуқот як ҳақиқат буда, вуҷуд-ал-ҳақ ба панҷ навъ ҳозир буда метавонад: аввал, ҳазрати зотаст, ки онро ғайби мутлақ гӯянд, ки аз он ҳеҷ кас ҳикоят натавонад кард, зеро ки он ҷо исму расм нағунчад ва иборат чун ишорат маҷол надорад. Инчунин вуҷуд-ал-ҳақ дар асмо(номҳо) ва афъол, яъне дар олами арвоҳ, мисолу хаёл ва ҳиссу мушоҳида шуҳуд мекунад. Ҷоми мегӯяд, ки айни вуҷуд, ки зот аст, яке беш нест, ҳама мавҷудот мазоҳир ва маҷолии ҷамолу камоли ӯянд: «Ҳама партави ҷамоли ҳазрати ӯст ва ҳама аз ӯст ва ҳама бад-ӯст, балки худ ҳама ӯст, ки ҳеҷ чизро ҷуз вай ҳастие ба ҳақиқат нест, балки ҳастии ҳама чизҳо партави нури ҳастии ӯст». Мутафаккир дар такя ба оятҳои қуръонӣ инсонро беҳтарин, мукаррамтарин ва хубтарин махлуқоти Офаридгор қаламдод карда, ақлро дар кафи ӯ чароғ ва ҳавоси панҷгонаро раҳшиносони панҷгона меномад ва зарурати наззораи ҷамоли илоҳиро дар ҳама маврид чун талаби маънавии инсон ба қалам медиҳад. Мақсад аз ин гуфтаҳои ӯ худшиносӣ ва худогоҳии инсон дар зиндагӣ ва шинохти мақом ва манзалати хеш дар олами вуҷуд аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳатҳои пешқадами таълимоти тариқати нақшбандияи тасаввуфро хуш пазируфта, аз он пайравӣ кардааст ва яке аз шахсиятҳои маъруф ва соҳибэҳтиром дар байни тарафдорони ин ҷараён маҳсуб меёбад.

Мирмуҳаммад Боқири Астарободӣ машҳур ба Мирдомод (ваф. 1041) олим, мутафаккир ва барҷастатарин намояндаи фалсафаи асрҳои XVI-XVII-и тоҷик мебошад. Номи аслии ӯ Мир Бурҳониддин Муҳаммад Боқир буда, бо номи Мирдомод машҳур шудааст. Мутафаккир дар таълимоташ ба аксари масоили илмӣ ва фалсафӣ даст зада, қариб тамоми соҳаҳои илмҳои замонаашро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, мантиқ, илоҳиёт, илмҳои табии, риёзиёт, назарияи фиқҳ, илми ҳадис ва илми тафсир соҳаҳои мавриди таҳқиқбудаи ӯро ташкил медиҳанд. Назариёти мутафаккир дар асарҳои «Ас-сирот-ал-мустақим ва вофиқ-ул-мубин», «Равошиҳ ас-самовия», «Хулқ-ул-аъмол», «Ал-қабасот», «Мантиқи мабоҳиси алфоз», «Ал-музоҷ-ул-улум» ва ғайраҳо баён намудааст. Нисбат ба улуми дигар дар эҷодиёти Мирдомод илми мантиқ мавқеи намоёнро ишғол менамояд ва аз ин ҷиҳат мутафаккирро дар таърихи фалсафаи тоҷик бо унвони «Муаллими сеюм» ном мебаранд. Таълимоти мантиқии ӯ дар китоби «Мантиқи мабоҳиси алфоз» гирдоварӣ шудаанд, ки роҷеъ ба тасаввуру тасдиқ, маҳмул (предикат) ва мавзӯъ (субъект) ва масоили дигари вобаста ба ин изҳори андеша намудааст. Фалсафаи Мирдомодро мухтасаран метавон фалсафаи гностикӣ номид, зеро дар он қобилияти фикрии ақлу хирад барои дарки диди нафс равона шудааст.

Ҳикмати мутаолия яке аз мактабҳои намоёни фалсафаи тоҷик маҳсуб мешавад. Асосгузори мактаби мазкур мутафаккири оздандеш Садруддин Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Яҳёи Шерозӣ, маъруф ба Садрулмутааллиҳин ва Мулло Садро (1561-1050) мебошад. Мулло Садро дар таҳсили улум истеъдоди фавқулода дошт ва аз даврони ҷавонӣ ба омӯзиши ҷиддии улуми замонаш камари ҳиммат баста буд. ӯ нахуст бо Шайх Баҳоӣ ошноӣ пайдо намуда, илмҳои нақлиро назди ӯ ва улуми ақлиро бошад, аз Сайид Амир Муҳаммад Боқир ибни Шамсуддин, машҳур ба Мирдомод фаро гирифт. Баъд аз касби пурраи улуми роиҷи замон ва таълимотҳои пешин, мутафаккир аз талфиқи қисмати машшову ишроқ ва баъзе андешаҳои каломӣ аз як тараф ва бахшидани суръати мантиқӣ ба кашфу шуҳуди орифону суфиёни бузург, махсусан Ибни Арабӣ ва шарҳу тафсири фалсафӣ-ирфонии таълимоти имомони шиа, аз тарафи дигар, мактаби наве дар ҳикмат таъсис дод, ки то рӯзгори мо мавриди таҳқиқу тадрис қарор дорад. Худи Мулло Садро фалсафаашро «ҳикмати мутаолия» номидааст. Бартарии мактаби ӯ аз он иборат буд, ки ба осонӣ тавонист байни ду мактаби зид ва мухолиф, яъне фалсафаи машшоӣ ва ишроқ ошноӣ диҳад ва он дуро ба ваҳдат бирасонад. Мутафаккир ин бартариро бо калимаи «муталоия» нишон медод. Дакр низоми комили мактаби мутаолия ҳама бахшҳо ва фаслҳои муҳими фалсафаро метавон пайдо намуд, ки як низоми системанокро ташкил медиҳад. Масоили вуҷудшиносӣ ва мовароуттабиа аз ҳама бештар ва баъдан батартиб баҳсҳои нафсшиносӣ, илоҳиёт, маодшиносӣ, шинохтшиносӣ, ахлоқ, зебоишиносӣ ва мантиқ дар он илова мешаванд. Ин фаслҳо агарчи ба ҳам омехта ҳастанд, вале ҳамон гуна, ки шарт як низоми фалсафии комил аст, ҳама баҳсҳои он ба тартиб аз баҳси вуҷудшиносӣ ба ҳайси поя барои исботи дигар матолиб ва мавзуот истифода мешавад. Моҳияти асосии ин мактаб аз он иборат аст, ки далелу бурҳон барои тасдиқи ҳама назару андеша ва таълимотҳо васеъ истифода мешуд. Мутафаккир ҳаргиз бе далелу бурҳон сухан намегуфт. Қавли мазкурро ӯ дар «Асфор» меоварад, ки аз одати суфиён аст, ки дар аҳком танҳо ба завқу виҷдон иктифо меварзанд, лекин мо ба он чи бурҳон надошта бошад, эътимод надорем.(Садруддини Шерозӣ. Ал-асфор-ул-ақлий-ил-арбаа.Дарнӯҳ ҷилд. Интишороти «Доиратулмаорифи исломия». Ҷ.1. саҳ.21).

Равиши фалсафии Мулло Садро равиши хосса ва мувофиқ ба худи ӯст. Нубуғи хоси ӯ ин буд, ки се роҳеро, ки ба ҳақиқат мерасанд, яъне ваҳй, бурҳони ақлӣ ва таҳзиби нафс бо якдигар таркиб кард ва ба сурати ягона даровард. Ба ҳамин далел осори Мулло Садро таркибе аз қазоёи мантиқӣ, шуҳуди ирфонӣ ва оёти Қуръониву аҳодис аст. Вай муваффақ шуд ба ҳадафе, ки Фаробиву Сино ва файласуфони мутакаллим   дар таи асрҳо дунболаш буданд. Он тавфиқи байни дин, бурҳон ва ирфон аст, ки Мулло Садро онро амалӣ сохт. Мутафаккир чаҳор роҳеро интихоб кард ва онҳоро ба ҳамдигар омехта сохт, ки ин роҳҳои чаҳоргона машшоъ, ишроқ, ирфон ва калом мебошанд.

Дар низоми ақоиди Садруддини Шерозӣ ҷанбаъҳои машшоӣ бештар мушоҳида мешаванд. Унсурҳои завқиву ишроқӣ дар таълимоти ӯ, асосан, дар масъалаи нафс назарияи маърифат ва унсурҳои машшоиву мантиқӣ дар масъалаҳои умури омма, вуҷуд, вуҷуди зеҳнӣ ва ғайра ба назар мерасанд. Дар низоми фалсафии Мулло Садро масъалаи вуҷудшиносӣ мавқеи хосса дорад. Масъалаи асолати вуҷуд яке аз кашфиётҳои муҳими мутафаккир мебошад. Ин аз масъалаҳои асосии ихтилофи байни мутафаккирон ва мутаккаллимони исломӣ аст, ки вуҷуд асил бошад ё моҳият. Машшоиёну суфиён ба асолати вуҷуд, яъне ба воқеияти айнӣ ва хориҷӣ доштани вуҷуди мустаъқил қоил буданд ва моҳиятро чизе ҷуз аъроз намедонистанд. Мулло Садро дар ибтидои фаъолияти хеш дар пайравии устодаш Мирдомод қоил ба асолати моҳият буд, вале тадриҷан аз ин ақидааш даст кашида, назарияи асолати вуҷудро эътироф намуд. Аммо назарияи асолати вуҷуди ӯ аз назарияи машшоиён фарқ мекунад. Тибқи таълимоти машшоияи шарқӣ вуҷуди ҳар ҷиз зотан мутафовит ва мутамойиз аз вуҷудҳои дигар аст, ҳарчанд нисбат ба моҳияти худ асолат дорад. Вале аз нигоҳи Садруддини Шерозӣ, вуҷуд дар тамоми қаламрави ҳастӣ ҷуз як чиз нест ҳақиқати ягонаест, ки дорои силсилаи маротиб, шиддат ва заъф мебошад. Маслан, вуҷуди офаридгор, инсон, дарахт ва ғайра ҳама як вуҷуд ва як воқеияти хориҷианд, вале дараҷаҳои заъфу шиддати зуҳури онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Садруддини Шерозӣ мӯътақид аст, ки вуҷуд зотан тақсимнопазир, вале мантиқан тақсимпазир аст.ӯ вуҷудро ба вуҷуди иртиботӣ ва вуҷуди нафсӣ ҷудо мекунад. Вуҷуди иртиботӣ вуҷудест, ки мавзӯъро ба маҳмул пайваст месозад. Вуҷуди нафсӣ бошад, мустаъқил ва қоил ба зот буда, дар навбати худ ба се қисмат- оне, ки дар олами хориҷ сифати ҷизи дигар намебошад ва он ҷавҳар номида мешавад, навъе, ки сифати чизи дигар аст ва он аъроз номида мешавад ва навъе, ки ба ҷуз худ иллате надорад ва он вуҷудӣ офаридгор аст ҷудо мешавад.

Дар низоми фалсафии мутафаккир тақсимоти вуҷуд дар услуби машшоӣ низ ба назар мерасад. Мулло Садро вуҷудро аз ин лиҳоз ба воҷиб, мумкин ва мумтанеъ қисмат намуда, ҳар якеро таъриф медиҳад, ки шабеҳи таърифҳои пайравони машшоъ аст.

Масъалаи дигаре, ки дар таълимоти Мулло Садро мавқеи хос дорад ва низоми ақоиди ӯ дар ин замина асос ёфтааст, масъалаи ҳаракати ҷавҳарӣ мебошад. Ҳаракат ин хуруҷи шайъ аст аз қувва ба феъл ба таври тадриҷ. Агар ин амр ба таври дафъӣ анҷом пазирад, онро таҷаддуд ё ҳудус мегӯянд на ҳаракат. Аз назари Мулло Садро ҷавҳар аз ҷавҳарият ҳаракат мекунад, то ки комилтар гардад. ӯ имкони тағийри дафъии як ҷавҳар ба ҷавҳари дигарро, ки машшоиён бо тағийри таҷридӣ эътироф доштанд, рад мекунанд. Мутафаккир ҳама гуна тағийротро шаклҳои ҳаракат медонад ва ҷаҳонро мисли дарё мепиндошт, ки ҳамеша дар ҳаракату дигаргунӣ аст. Ҳамчунин ҳаракатро таҷдиду таҷаддуди доимӣ дар ҳар лаҳза медонад. На танҳо аразҳо, балки худи ҷавҳари олам низ дар ҳаракат ва навофаринӣ мебошад. Аразҳо барои вуҷуди худ ба ҷавҳар ниёз доранд.

Дигар ин, ки ҳамаи мавҷудоди олам дар ташаккулу такамуланд. Моддаи ҳар мавҷуд ҳар лаҳза бидуни берун кардани либоси кӯҳна либоси тозае ба бар мекунад ва ин амр ба сурати тез амалӣ мегардад, ки чашму ҳисси инсон қобили дарки он нест. Ин тағйиру навшавӣ давомияту ҳуввияти ҳар мавҷудро дар сайри доимии ҳаракати ҷавҳарии он ҳифз менамояд.

Садруддини Шрозӣ дар заминаи назарияи ҳаракати ҷавҳарӣ як қатор масъалаҳои муҳими фалсафӣ, аз қабили ҳудуси замонии олам, ҷисмонӣ будани рӯҳ ҳангоми офариниш ва рӯҳонӣ гардидани он дар анҷоми кор, робитаи миёни суботу тағйир, маоди ҷисмонӣ ва ғайраро ҳаллу фасл намуд. Воқеан, назарияи ҳаракати ҷавҳарӣ яке аз бозёфтҳои муҳими мутафаккир мебошад. Мавзӯи дигар, ки Мулло Садро вобоста ба ҳаракати ҷавҳарӣ мавриди таҳқиқ қарор додаст, ин мавзӯи ҷисмонияти нафс (рӯҳ) дар оғоз ва рӯҳонияти он дар анҷом мебошад. Яъне ӯ нафсро «ҷисмоният-ул- ҳудус ва рӯҳоният-ул-бақо» (Баррасиҳо аз таърихи фалсафаи тоҷику форс. –Душанбе, 2002,-саҳ 140) медонад.

Мулло Садро ба таснифоти улум низ даст задааст. Дар таълимоти ӯ таснифи илм ду навъ аст. Яке дар пайравӣ ва услуби машшоиён, ки он дар китоби «Асфор» ба хубӣ мушоҳида мешавад. Мутафаккир дар ин асар илмҳоро ба назарӣ: мантиқ, риёзиёт, табииёт, иллоҳиёт ва амалӣ: ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун ҷудо мекунад. Аммо дар рисолаи «Иксир- ул-орифин» бошад, услуби дигареро пеш гирифта, илмҳоро ба дунявӣ ва ухравӣ тақсим менамояд. ӯ илмҳои дунявиро дар навбати худ боз ба ба се гуруҳ: илми ақвол, илми аъмол ва илми аҳвол ҷудо мекунад. Илми ақвол иборат аст аз: алифбо, сарфу наҳв, арӯз маонӣ, баён ва илми ҳад. Илми аъмол бошад, иборат аст аз илмҳое, ки ба ашёи гуногуни моддӣ марбутанд. Аз онҳо санъатҳои бофандагӣ, кишоварзӣ ва меъморӣ ба вуҷуд меоянд. Мартабаи болотари онҳо санъати китобат, илми ҳиял ва кимиё мебошанд. Қисмате аз он илмҳо барои ҳаёти фард ва ҷомеа заруранд, ба мисли илми хонавода, ҳуҳуқ, сиёсат ва шариат. Ниҳоят ба ин гурӯҳ илми касби фазилату ахлоқ ва илми тариқат, яъне тасаввуф низ дохил мешаванд. Илми аҳвол ва ё афкор иборат аст аз: илми бурҳон, илми риёзӣ, ҳандаса, ки шомили илми нуҷум, улуми табиёт, ки шомили илми пизишкӣ ва илмҳои дигар, ки ба таҳқиқи маъдан, наботот ва ҳайвонот машғул мебошанд.

Илмҳои ухравӣ аз назари мутафаккир он илмҳое мебошанд, ки дастраси ақлҳои оддӣ нестанд ва онҳо иборатанд аз: фаришташиносӣ, шинохти ҷавҳарҳои ғайримоддӣ, шинохти қалами аъло, яъне шинохти олами амр ва нахустин тааюн ё таҷаллии зотӣ Илоҳӣ, ки мутафаккир дар пайравӣ ба аҳли тасаввуф онро «Ҳикмати Муҳаммадия» меномад.

Ба ақидаи Мулло Садро дар ин олам ҳеҷ коре волотар аз машғул шудан ба ҳикмат нест ва дар байни шохаҳои ҳикмат муҳимтару асоситарин фалсафаи уло ё илм ба мабдаи нахустин мебошад.

Ҳодии Сабзаворӣ (1797 — 1876), маъруф ба Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ файласуф, мантиқшинос ва шаҳиртарин орифу барҷастатарин намояндаи мактаби фалсафии Исфаҳон ё худ ҳикмати мутаолия маҳсуб мешавад. Осори фалсафиаш иборатанд аз: «Асрор-ул-ҳикам», «Манзумаи ҳикмат», «Манзумаи мантиқ», «Шарҳи «Маснавӣ»-и   -и Ҷалолиддини Балхӣ», «Дуои сабоҳ», «Дуои ҷавшани кабир», «Набарос-ул-худо»,   «Ҳодий-ул-музалийин фи усул-ид-дин», «Ал- Муҳокамот вал муқовамат», «Олам-ул-мисол», «Ал-Миқёс фил-фиқҳ», «Шарҳ-ул-абҳосил муфийда», «Роҳ-ул-афроҳ», «Раҳиқ» ва ғайра. Мулло Ҳодӣ дар ин осор таълимоти худро доир ба худошиносии асил, ки комилан як сохтори фикрии устуворе мебошад ва дар натиҷаи шуҳуди ирфонии кулли воқеият ба миён омадааст баён месозад, ба асрори ҳастӣ роҳ ёбад ва бо назари рӯҳонии худ онро дарк намояд. Вай ҳамчун ҳаким тавонист таҷрибаи илоҳиётшиносии худро дар шакли мафҳумҳои санҷидашуда таҳлил намояд ва баъдан ин мафҳумҳоро дар низоми фалсафиаш муттаҳид созад.

Назарияи вуҷуди Мулло Ҳодӣ дорои низоми дақиқи маъниву мафҳумҳои эҷодшудае мебошад, ки фарқу тақсими вуҷуд ба мафҳум ва ҳақиқати он асос ёфтааст. Нахустин масоили мавриди баҳс дар таълимоти худшиносии Ҳодии Сабзаворӣ, масъалаи «бадоҳати вуҷуд» мебошад, яъне вуҷуд ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳ ва таърифи муаян эҳтиёҷ надорад. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, он чизҳое, ки файласуфони пешин нисбати таърифи вуҷуд гуфтаанд, «таърифи лафзӣ» мебошад, ки мавҷудияти ҳар чиз ба вуҷуд марбут аст ва ҳар навъ моҳият барои таҳаққуқи худ ба он эҳтиёҷ дорад ва он ҷо чизе маълумтару маъруфтар аз вуҷуд нест, ки тавассути он идроки вуҷуд мумкин бошад. Тибқи ин бурҳон таърифи вуҷуд ба ҷуз тарҷумаи як мафҳум аз як забон ба забони дигар ё табдили як лафз бо лафзи дигар нест ва он моҳияти вуҷудро ошкор намесозад. Аз ин рӯ, Мулло Садро натиҷа мегирад, ки мафҳуми вуҷуд аз маъруфтарини ашёст ва вуҷуди он, ки ҳақиқати баситаи нурия мебошад ва ҳайсияти зоташ ҳайсияти имтиноъ аз одам ва маншаияти осор аст, дар ғояи ноаёнӣ мебошад.

Аз назари Сабзаворӣ он чизе, ки ба мафҳуми вуҷуд дар олами воқеии хориҷӣ мутобиқу мувофиқ аст, ин моҳияти мавҷуда набуда, балки ҳақиқати вуҷуд мебошад, ки дар шакли мавҷудияти махсус моҳиятан маҳдуд аст. Ин мавҷудиятҳои махсус манбаъҳое мебошад, ки аз онҳо мафҳуми мувофиқи вуҷуд берун омадааст. Дар олами мафҳумҳо «моҳият» бар «вуҷуд» муқаддамтар буда, дуюмӣ дар аввалӣ ҳувайдо мешавад, вале дар олами воқеӣ, баръакс, вуҷуд бар моҳият муқаддам аст ва моҳият дар вуҷуд зуҳур мекунад. Ин ба он маъност, ки моҳият чизе ҷуз шаклҳои мухталифи муайянияту маҳдудияти ҳақиқати вуҷуд нест.

Мувофиқи таълимоти мутафаккир вуҷуд дар мартабаи мафҳумии ба зоҳиромада дар мавқеи дур аз ҳақиқати вуҷуд қарор дорад ва охирӣ барои ақли оддии одамӣ дастрас нест. Он барои зеҳни одамӣ танҳо дар мартабаи фавқулҳисӣ ошкор мегардад, яъне оқил пас аз интиқол аз ҳиссу идроки маъмулӣ ба худшиносӣ, ҳақиқати вуҷудро маърифат мекунад. Маҳз ин тарзи маърифатро дар таълимоти ирфонӣ завқ меноманд.

Мулло Ҳодӣ дар «Асрор ул-ҳикам» масъалаи моҳият ва вуҷудро баррасӣ намуда, ба баёни «завқи таркибия» бармегардад. Ҳар як мавҷуди мумкин завқи таркибӣ аст, вуҷуде дорад ва моҳияте. Ва он вуҷудро ду ваҷҳ аст: ваҷҳе илал Лоҳ ва ваҷҳе ба моҳияти имкония. Ва ҳар вуҷуде мабдаи натиҷа аст хоҳ натиҷаи хориҷӣ ва хоҳ натиҷаи зеҳнӣ. Ва аз ин ҷост, ки мафҳуми вуҷудро тафсир кардаанд ба ин ки вай ҳамонест, ки тавассути он шайъ фоил ва мунфаил мешавад. Ва натиҷа низ ду ҷиҳат дорад: ҷиҳати нурония (вуҷуд) ва ҷиҳати зулмония (моҳият). Пас, ҷиҳати нуронии натиҷа мустанадаст ба ваҷҳул Лоҳ дар мабдаи натиҷа ва ҷиҳати зулмонии натиҷа мустанад аст ба ваҷҳи моҳият дар мабдаи натиҷа, яъне олӣ ба олӣ ва донӣ ва донӣ.

Асоси ҷаҳонбинии илоҳиётии Мулло Ҳодиро худшиносии ирфонӣ ташкил медиҳад. Маҳз дар ҳамин чорчӯбаи фалсафӣ масоили ҳастӣ–вуҷуд, аз қабили бадоҳати вуҷуд, ҷанбаҳои мафҳумӣ ва ҳақиқии вуҷуд, аз вуҷуди маҳз ва мутлақ (яъне Офаридгор), вуҷуди мунбасит, нисбат ва таносуби моҳият ва вуҷуд, модда ва сурат, ваҳдат ва касрат, муҷаррад ва мушаххас, ташкики вуҷуд ва маротиби он, таҳаввули олами моддӣ, нафс ва бадан, ҳамчунин масъалаҳои воҷиб ва мумкин, ҳодис ва қадим, иллат ва маъмул, ҷавҳару араз ва нисбати онҳо, ки ба зоҳир монанд ва ба ботин мутазод фарқ мекунад, баррасӣ гаштанд.

Худшиносии ирфонии мутафаккир ба заминаи устувори тавҳиди исломӣ асос ёфтааст, ки бидуни он мавҷудияти   таълимоти илоҳиётии ирфонӣ имконнопазир аст. Аммо аз рӯи моҳият ва ҷаҳонбинии умумӣ таълимоти худшиносии ирфонии Сабзаворӣ таклифи ҷаҳонфаҳмии исломӣ нест. Вуҷуди мутлақ ва ҳақиқӣ – Офаридгор дар таълимоти ӯ нисбатан муҷаррадтар аст ва он натанҳо нахустмабдаъ ва нахустсабаби тамоми мавҷудот, чӣ муҷаррад ва чӣ моддӣ, балки иллати доимии мавҷудияти онҳо низ мебошад. Агар дар тавҳиди исломӣ ягонагӣ ва ваҳдати табиату Холиқ инкор ва фавқулвуҷудии мутлақи Сонеъ тасдиқ карда шавад, пас дар низоми илоҳиёти ирфонии мутафаккир, аз ҷумла дар таълимоти ирфонӣ – ваҳдати вуҷудӣ мушоҳида мешавад.

Дар таълимоти маърифатии мутафаккир масъала нисбатан мураккабтар аст. Ин масъала дар таълимоти ӯ ба ду қисмати асосӣ тақсим мешавад: маърифати ашё ва зуҳуроти олами моддӣ ва маърифати Офаридгор. Мулло Ҳодӣ дар маърифати олами моддӣ дар мавқеи донисташавандагии он қарор дорад ва барои ин қисмати низоми ӯ эътирофи ваҳдат ва ягонагии маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ хос мебошад. Ин шаклҳои маърифатро мутафаккир дар қисмати табииёт, он ҷое, ки масъалаи нафсҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва нотиқаи инсонӣ баррасӣ мешавад, таҳқиқ менамояд. Маҳз дар чунин масоили назарӣ-маърифатӣ, аз қабили моҳияти илм-дониш, қобилиятҳои маърифатии инсон, маърифати ҳиссӣ ва анвои он, маърифати ақлӣ ва шаклҳои он, нақши қувваҳои нафсонӣ дар ҷараёни маърифати олами моддӣ, масъалаҳои таҷдид, донишҳои ҳусулӣ ва ҳузурӣ, тафсилӣ ва иҷтимоӣ, феълӣ ва инфиолӣ, моҳият ва аҳамияти ҳадс, шуҳуд ва мартабаи он, вале масоили ҳақ ва ботил будани дониш бошад, дар асарҳои ба мантиқ дахлдоштаи ӯ таҳлилу таҳқиқ шуданд.

Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1721) мутафаккири озодандеш ва донишманди машҳури фалсафаи исломии машриқзамин аст. ӯ дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба Дуне омада, дар шаҳри Деҳлӣ аз олам гузаштааст. Бедил аз овони наврасӣ ба ҳикмату фалсафа ва ирфони озодандешонаи Шарқ ошноӣ пайдо намуда, кӯшиш кардааст, ки дар пайравии орифони машҳури Хуросон- Аттори Нишопурӣ ва Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ ба масоили шинохти оламу инсон бипардозад. Осори Бедил «Девони ғазалиёт», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нуқот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот» ва қасоиду рубоиёт баёнгари вусати назар, андешаи амиқ, таҳқиқи шоиронаву файласуфонаи олами моддиву маънавӣ ва муҳаббати саршор ба инсон мебошад. Мутафаккир дар таълимоти фалсафии хеш масоили ҳастии мутлақ, пайдоиши оламу одам ва мақсади зиндагии инсонро мавриди шарҳу баррасӣ қарор додааст. Назари Бедил ин аст, ки дар ибтидо ҳастии мутлақ вууд дошт ва ин ҳастӣ аз тамоми асмо ва сифот озод буд. Вай дар худ ва барои худ буд, яъне асмо ва сифот ҳанӯз аён нашуда буданд. Дар ин давра ҳастӣ ва нестӣ аз ҳамдигар тафовут надошт ва шуур ба чизе вобаста нагардида буд. Ниҳоят ҳақиқати мутлақ натавонист ҳамеша худро дар олами асрори доимӣ нигоҳ дорад ва тақозои табиати худи ӯ воситаи аз ҳолати ваҳдоният берун омадан ва ба олами касрат табдил ёфтан шуд. Баъдан дар ҷараёни судур аз нестӣ ҳастӣ, нафс ва баъдан ба тартиб падидаҳои дигар пайдо шуданд. Бедил чунин мешуморад, ки ҳамаи падидаҳои олам, ғайр аз инсон аз аёнияти ҳақиқат шаҳодат диҳанд ҳам, лекин онҳо қобилияти дарк надоранд. Бинобар ин танҳо бо пайдоиши инсон дарку фаҳмиш ба миён меояд. Дар фасли «Ҷоми одам» мутафаккир мақсади пайдоиши одамро аз аз фош кардани рози ниҳон медонад. Рози ниҳон ин аст, ки Ҳастии Мутлақ дар ҷаҳони аъён ба воситаи исму сифот ва кайфиятҳои мухталиф зоҳир мешавад ва одам он розро аз руҷуъ ба гузаштаи худ мехоҳад бикушояд. Дар натиҷа инсон дарк мекунад, ки ҷаҳони моддӣ натиҷаи дуӣ ва аз ваҳдат дур будан аст. Ин дуӣ идея ва ашё мебошанд, ки аз лиҳози онтологӣ ба ҳам айният доранд. Маърифати асрори ҷаҳон танҳо ба души инсони такомулёфта аст, ки он аз тааллуқот ва таассубҳои динию мазҳабӣ дур бошад.

Маорифпарварӣ ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест,ки бо усули таблиғ ва ташвиқи ғояҳои хайрияти умум, адолат, илму хирад нуқсонҳои сохти муайяни ҷамъиятиро рафъ кардану анъанаю тарзи ҳаёт ва сиёсати онро тағйир дондан мехост. Маорифпарварон маънавиётро омили асосӣ ва ҳалкунандаи рушду ривоҷи ҷамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллату нуқсонҳои иҷтимоӣ медонистанд. Тарвиҷи маориф ва маърифатнок намудани мардумро муҳимтарин роҳи растагорӣ аз зулму истибдод меҳисобиданд.

Ғояҳои маорифпарварӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик низ инкишоф ёфтанд. қафомонии иқтисодию маданӣ, қашшоқию бенавоии омма, бесаводӣ, ҳукмронии мафкураи феодалию динӣ дар ҳаёти маънавӣ, маҳрумияти сиёсӣ, истибдоди феодалӣ, истисмори мустамликадорӣ дар аморати Бухоро, ошноии зиёиёни пешқадами кишвар бо тамаддуни рус заминаҳое буданд, ки маорифпарваронро ба исён оварданд. Барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ дар байни нерӯи пешқадам, унсурони демократӣ ва маорифпарварон аз як ҷониб, қувваҳои феодалию динӣ аз ҷониби дигар, муборизаи тезу тунд мерафт. Дар ин мубориза мутафаккирони маорифпарвари тоҷик-Аҳмади Дониш, Савдо, Шоҳин, Ҳайрат, Асирӣ ва Мирзосироҷи Ҳаким фаъолона ширкат намуданд.

Мазаммати сохти феодалӣ аз тарафи мутафаккирони тоҷик сурату сирати маорифпарварона дошт. Онҳо ҳокимонро сабаби асосии бадбахтиҳо, бемаърифатии омма, беҳтарсозии сифати таълиму тарбияро омили асосии аз муносибатҳои феодалӣ наҷот ёфтани мардум медонистанд. Бинобар ин ҷорӣ кардани маърифат, рафоқат, барҳам додани зулму истибдод мақсаду мароми ниҳоии онҳо буд. Аслан, ғояҳои тамаддунхоҳию ислоҳталабии онҳо, аз доираи мафкураи расмии ислом берун намебаромаданд. Вале афкори пешқадами маорифпарварони тоҷик, сарфи назар аз он ки на ҳама дар амал татбиқ гардиданд, аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доштанд. Аз ин хотир метавон бартарияти онро бо чанд далел баён кард:

— маорифпарварӣ дар шароити тартиботи қафомондаи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии асримиёнагӣ, афзудани нуфузи мафкураи феодалию динӣ ифодаи эътирози намояндагони пешқадами зиёӣ нисбат ба сохти мавҷуда буд;

— маорифпарварони тоҷик барои қатъиян тағйир додани низоми маориф, маҳдуд кардани доираи таъсири дин ва ҷорӣ кардани таълими илмҳои дунявӣ мубориза мебурданд;

— маорифпарварони тоҷик омӯзиши илм, тарзи ҳаёт, низоми маорифу тамаддуни дунявиро низ тақозо мекарданд. Бо ин иқдом маорифпарварон ба мавқеи таассуби динӣ, мафкураи феодалию динии табақаҳои ҳукмрон зарба зада, ба инкишофи озодандешӣ, худшиносии миллӣ, мустаҳкамшавии робита ва ҳамкории халқҳои Осиёи Миёнаю Россия шароит фароҳам оварданд. Ниҳоят, муборизае, ки онҳо бар зидди тартиботи феодалии аморат бурданд, барабас нарафт.

Аз гуфтаҳои фавқ бармеояд, ки ҷараёни ҷадиди маорифпарварии тоҷик дар заминаи бӯҳрони шаддиди сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавию мадании аморати Бухоро аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар, ошноии зиёиёни маърифатхоҳи тоҷик ба тамаддуни мутараққии аврупоӣ сурат гирифта будааст. Дар натиҷаи мушоҳидаву муоина ва таҷрибаандӯзии тамаддуни аврупоӣ ва дигар кишварҳои пешрафтаи Шарқ дар онҳо бедории фикрӣ ба вуҷуд омад ва дар муқоисаи тамаддуни мамлакатҳои зикршуда бефарҳангӣ ва бемаърифатии халқи худро мушаххасан дарк намуда, ба тафаккури эҳёи фарҳанги аҷдодии худ фурӯ рафтаанд ва дар асоси ин тафаккури амиқ як ҷараёни тамадунхоҳӣ ва ислоҳталабӣ ба амал омад.

Воқеан нимаи дуюми асри XIX дар таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик комилан марҳилаи сифатии гузариш ва сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, ки ҳаёти моддию маънавӣ ва фарҳангии он дар заминаи интиқол аз ҳавзаи асримиёнагӣ ба даврони навин ҷараён кардааст. Дигаргунӣ ва таҳаввулоти афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик дар заминаи ҳамин қонунияти замонию маконии таърих сурат гирифта, ҷараёни фарҳангии хоси ин давр такомул ёфтааст.

Чунин самти хоси фарҳанги давраи гузаришро дар осори Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1897) ва пайравони ӯ сареҳан мушоҳида мекунем. Аҳмади Дониш ҳамчун саромади ҷараёни маорифпарварии тоҷик ва шаҳиртарин мутафаккири он, дар асарҳои пурарзиши худ — «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Меъёр-ут-тадайюн» ва ғайра дар зимни баёни масъалаҳои ҳикмати иҷтимоӣ-сиёсияш ба арзёбию масоили умумифалсафӣ, аз қабили пайдоиши олам, хилқат ё ҳудусияти олам, назарияи судур, қазову қадар, мақому манзалати инсон ва дигар паҳлӯҳои ҳикмати ҳастии инсонӣ низ рӯй овардааст.

Асосан, дар шароити нимаи дуюми асри XIX мавзӯъ ва масъалаи асосӣ ва таҳқиқталаб барои мутафаккирони тоҷик, аз ҷумла Аҳмад Махдуми Дониш на арзёбию ҳалли масъалаҳои ҳастии инсонию маърифатпазирии олам, балки баррасиву таҳлили ҳаводиси иҷтимоиву сиёсӣ, пажӯҳиши роҳу усулҳои наҷотёбӣ аз зулму истибдод, ҷаҳолату бемаърифатӣ ва растагорӣ аз тасарруфи асорати кишварҳои хориҷ равона шуда буд.

Аз ин рӯ, агар аз ҳамин меъёр ба тавсифи ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш назар кунем, натиҷагир мешавем, ки тамоми масоили фалсафии мавриди арзёбӣ қарордодаи ӯ дар атрофи як меҳвар — ташаккули камолоти   инсонӣ ва ворастани мардум аз асорат, интиқоди шадиди зулму истибдод чарх мезанад, ки дар онҳо авомили асосӣ ахлоқ ва маънавиёт мебошанд.

Барои намуна метавон ба яке аз масъалаҳои ҳастишиносӣ-«ҳудусият» (офарида будан) ва ё «қидамият» (адабият)-и олам дар осори Аҳмади Дониш нигарист. ӯ ба ҳалли ин масъала, асосан аз мавқеи талаботи ахлоқию амалии низоми фалсафии худ нигариста, дар рисолаи «Меъёри тадайюн» шарти зеринро ҷиҳати муайян намудани масъалаи оё «ин олам қадим бошад ё ҳодис» пеш мегузорад. Ба ақидаи мутафаккир бояд дарк карда шавад, ки «исботи қадим чи истиҳола орад ва бар тақдири ҳудус чи нафъ диҳад» (Меъёри тадайюн, дастхати зах. даст. АИ РСС Тоҷикистон, рақами 383, саҳ. 8б). Яъне исботи қадимият ва азалият ҳамчунин адабияти олам, ҳамчун ҳудуси он чи арзишу суди маънавию ахлоқӣ бо худ дорад?

Масъалаи мазкур дар «Наводир-ул-вақоеъ»-и ӯ низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Тавре аз гузориши масъала бармеояд, мутафаккир аз ақоиди файласуфони машҳури ҳинд, Чин ва Эрони қадим ба хубӣ огоҳ будааст. Бояд тазаккур дод, ки Аҳмади Дониш ақидаҳои ин файласуфонро дар бораи қадимияти олам инкор мекунад. Мутафаккир пас аз батафсил баён намудани нуқтаи назари онҳо дар мавриди даврӣ будани «мурури солҳои олам» мефармояд, ки «мабнои ин эътиқодот дар муддати таърихи олам ҳама вобаста ба қидами олам аст ва қиёс аз ҳозир ва ғоиб». Ва чун диданд, ки ҳаракати афлок даврӣ аст, гуфтаанд: Бояд, ки на ибтидо ва на интиҳо дар он бошад, аз он ки агар ҳаракат мустақим будӣ, мазаннои ибтидоию интиҳо дар ӯ мутасаввир шудӣ» (Наводир-ул-вақоеъ, кит., 1., саҳ. 90).

Дар танқиди назарияи қадим Аҳмади Дониш чунин мегӯяд: «Бинои ҳамаи ин қиёсот бар ваҳму гумон аст, лузуми вуқуи онро дар хориҷ ҳеҷ ифода намекунанд» (Дар ҳамон ҷо). Дар ин ҷо мутафаккир тибқи анъанаи як қатор мактабҳои фалсафии Шарқи исломӣ ҳудуди имконияти ақлро низ маҳдуд мекунад, ҳарчанд, ки дар дигар мавридҳо нақши ақлро дар маърифат инкор накардааст. Дар ҳар сурат ӯ дар мавриди маърифати ҳақиқат доир ба қидам ва ё ҳодис будани оламро тавассути ақли одамӣ ғайриимкон меҳисобад. «Масъалаи ҳудусу қидам ва илм ба аҳволу кайфияти олам на аз он ҷумла аст, ки ақли ноқиси башарӣ, ки мамзуҷ ба ғубори имкон аст, ҳақиқати онро дарёбад ва ибтидою интиҳои онро ташхис кунад, ки ақли маҳдуд ба қолиби унсурӣ ва дарёфтани басоити мураккаботи суфлия, камоҳия оҷиз аст, то ба интиҳои басоити муҷаррадоти улвия чӣ расад » (Наводир-ул-вақоеъ саҳ.90).

Аҳмади Дониш ба ҳамон таълимоти диние, ки дар китобҳои муққадас доир ба пайдоиши олам омадааст ва аз он пайғамбарон хабар додаанд, мӯътақид аст, ки «…агар мухбири содиқ ба ҳақ он эълон диҳад ва китоби ваҳй ва илҳом бад-он нотиқ бувад, ба ҳамон тамассук ва эътиқод бояд кард ва мозодае аз онро пучу музахраф бояд ангошт» (Наводир-ул-вақоеъ саҳ. 90). Мутафаккир барои он назарияи қидами оламро инкор мекунад, ки аз диди ӯ ин назария дар ҷомеа нақши созандагӣ ва маънавию ахлоқӣ бозида наметавонист. Ҳамчунин дар шароите, ки ӯ мезист тасаввури мабдаъ маншаи ахлоқии дигаре ба ҷуз дин имконнопазир буд. Ин аст, ки Дониш мегӯяд: «Оре, агар қидами олам собит шавад, ба аксари мизоҷҳо мулоим ва мувофиқ аст, хосса ба касоне, ки ғараз аз зиндагӣ хӯрду хоб ва ҷимоъ манзур доранд. Аз ин ҷиҳат бештари салотин ва ҳукком ин мазҳабро пазируфтанд» (Наводир-ул-вақоеъ, саҳ. 27). Ба ҳамин васила мутафаккир кӯшиш дорад, ки султонҳо ва ҳокимонро ислоҳ созад ва онҳоро ба риояи адолати иҷтимоӣ даъват кунад.

Дигар масъалаи муҳими фалсафӣ, ки Аҳмади Дониш мавриди баҳс қарор додааст, масъалаи қазову қадар аст. Баҳси ӯ дар ин мавзӯъ ихтилофнок аст. Аз ибтидои баҳси мутафаккир бармеоя, ӯ комилан ҷонибдори ҷабария мебошад. Мувофиқи сарсухани боби «Дар таҳқиқи ҷараёни қазову қадар…» ба қавли худаш вай аз ҷаҳду кӯшишҳои зиёде дар роҳи мувофиқ ба донишу фаҳмиши худ ба мартабае расидан, хаста шуда, аз саъйю тараддуд даст мебардорад ва тақдири худро ба қазову қадар ҳавола мекунад ва то ин ки «дигарбора нафси аммора маро ба саъйю кӯшиши бефоида дарнаёрад,- мегӯяд Дониш,- муққаддимае дар ҷараёни қазо ва рафтани ҳукми илоҳу дар бораи бандагон ба хотири таҳмид ниҳодам ва дар сатр кашидам…»( ҳамон ҷо, саҳ.258). Аз ин гуфта бармеояд, Дониш ин муқаддимаро барои таскини хотири ранҷидаи худ аз такопӯи бесамар ва ҳатто ҷилавгирӣ аз «саъйю кӯшишҳои бефоида» навиштааст. Агар амиқан назар карда шавад, Аҳмади Дониш дар оғоз назарияи маъмули замонаащро дар ин мавзӯъ баён кардааст «…бандагонро пеши фармони қазою қадар чун ризо ва таслиму таваккал ва тафвиз (ваколатро вогузор кардан) чора набувад. Ва назди зуҳури ҳодиса ва вуқӯи балво ҳеҷ ҷазаъу фазаъ (тарсу ҳарос) суд надиҳад ва ончи шуданист ва буданӣ ба саъйю тадбир пешу пас наравад. Ва ончи набуданист ва нашуданӣ, ба макру ҳиял буд нашавад» ( ҳамон ҷо, саҳ. 258).

Баъдан, бархилофи ин назарияи маъмули ҷабарию каломӣ бо усули сӯҳбат назарияи хилофи онро матраҳ карда ва фаҳмиши худ, ки табиати ислоҳотхоҳӣ дорад, баён мекунад. Вай худ аз номи шахси дуюм ба ин тариқ масъала мегузорад: «Агар гӯйӣ : « Найли маром ва таҳсили ком мавқуфи талабу тараддуд аст ва ризқ аз осмон наборад, то деҳқон накорад ва набарорад ва луқма ба даҳон наёяд». Дар ҷавоби ин матлаб Аҳмади Дониш мегӯяд, ки маош бе «касбу тараддуд» ба даст намеояд ва барои ба даст овардани он саъйю таваҷҷӯҳ намудан аз бузургтарин ҳукми масолеҳи тамаддун ва таовун аст ва банни одамро муфид аст.   Гузашта аз ин таъкид мекунад, ки агар касе дар ин роҳи «коҳилӣ ва эҳмол раво дорад» аз назари мурувват ва футувват мавриди муохиза ва дар забони омма мавриди накуҳиш ва сарзаниш бувад.

ӯ дар мавриди зарурияти саъйю кӯшиш барои обу дон, либос ва масканро барои инсон таъкид намуда, зиёдахоҳӣ, пурхӯрӣ ва таҷаммулхоҳиро танқид мекунад. Масъалаи қазою қадар аз назари Аҳмади Дониш на он аст, ки инсон дар зиндагӣ даст аз фаъолият кашида пурра ба Худо таваккал кунад ва интизор дошта бошад, ки ҳама умури зиндагӣ тибқи сарнавишт ва тақдир худ аз худ амалӣ хоҳад гашт. Аз назари Дониш он касе, ки «нишаста нон мехоҳад ва хобида фароғат меҷӯяд, аблаҳу нодон ва коҳилу ҷоҳил бошад ва фалак бар фалокат ва накобати ӯ ҳукм кунад» ( ҳамон ҷо, саҳ. 264-265).

Инсон аз назари Аҳмади Дониш чун «халифат-ул-лоҳ фи-л-арз муваззаф аст, ки «умр ба таътил нагузаронад ва ба яке аз умур, ки масолеҳи халқро муфид аст, қиём кунад. Дониш масъалаи касбу амалро танҳо бо мақсади манфиатҷӯии фаврӣ ба миён намегузорад, балки фаъолияти иҷтимоии инсонро яке аз заруриятҳои тамаддун ва таовун медонад.

Масъалаи таносуби касбу тарадудди инсон бо қазову қадари илоҳиро Аҳмади Дониш ба амали кишту кори деҳқонӣ ба умеди самар ташбеҳ медиҳад. Яъне деҳқон сарфи назар аз он, ки шароити боду ҳаво чигуна хоҳад шуд, ба умеди самару ҳосил рӯёндан кишт мекунад ва ҳосил гирифтан ё нагирифтани ӯ аз шароити боду ҳаво вобастааст.

Ҳамчунин инсон дар ҳар сурат бояд барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳиммат гузорад ва саъйю кӯшиш кунад, ҳарчанд «расидани самар мавқуфи иродаи халқ аст» (ҳамон ҷо, саҳ.267).

Ин назарияи Донишро метавон сарчашмаи назариёти ислоҳотии минбаъдаи ӯ дар масъалаҳои қазову қадар ҳисобид. Аҳмади Дониш инсонро дар интихоби касб соҳибихтиёр меҳисобад «ҳар кас медонад, ки ин роҳ ба нозу наим меравад ва ин роҳ ба қаҳри ҷаъим» (ҳамон ҷо, саҳ.271).

Аҳмади Дониш дар асарҳояш доир ба масъалаи инсон, сабаби хилқати он, мақому манзалат ва масъулияту ӯҳдадориҳои ӯ аз мавқеи ислом баромад кардааст. Вале дар таҳқиқи ин масъала тамоюли озодандешӣ ва ихтилофи назари ӯ бо илоҳиёти расмиву суннатӣ ба мушоҳида мерасад. Моҳиятан ихтилофи нуқтаи назари Аҳмади Дониш бо ҳикмати суннатии исломӣ пиромуни масъалаҳои иҷтимоӣ, асолат ва рисолати инсон ва нақши бунёдкориву созандагии он мебощад.

ӯ монанди маънавиёти тақлидпешаву хурофотпарасти Бухоро дар мадди аввал масъалаи ибодат, зӯҳду тақво, тарки дунё ва дарвешпешагиро не, балки масоили адолати иҷтимоӣ, ташаккули инсони комил ва фаъолмандиву тавоноӣ, суботқадамию ибтикороти ӯро ба миён мегузорад. Мутафаккир дар иртиботи ҳамин масъала мегӯяд: «Бидон, ки зоти ақдаси воҷибулвуҷуд дар азал ба илми қадими хеш донист, ки манбаъ ва мазҳари камолот аст. Ва ин ҳама аҷоиб ва ғароиб, ки дар олами улвӣ ва сифлӣ ба тариқи кашф ва илм уқало ва ҳукаморо ҳосил шудааст ва ба баён ва изҳор расида ва ҳарчи баъд аз ин аз наводири саноеъ ва фароиди бадоеъ, ки дар ақли азкиё ва авлиё мерасад, хост то ин ҳамаро зоҳир гардонад. Тамҳиди муқаддамоти бисёр кард аз халқи нуфуси уқул ва афлоку анҷум. Ин арвоҳ ва аҷсоми басита ва нуронианд ва ба воситаи ин олами унсур ва маволидро мавҷуд гардонид. Инҳо арвоҳу аҷсоми касифа ва зулмонианд. Аз руҳ ва ҷисми латиф ғайр аз чизе зоҳир нагардад ва аз руҳ ва ҷисми касиф ғайризулмат чизе изҳор нашавад. Пас кашфи нур ва зулмат боқӣ монд. Тақозо ҳуббӣ изҳор хост, ки ин ҳақиқати нур ва зулмат низ зоҳир гардад «(Рисола дар назми тамаддун ва таовун, саҳ.4).

Дар ин мулоҳизаҳои Аҳмади Дониш ҳамон фаҳмиши фалсафии асрҳои миёна баён шудааст. Тибқи он Оллоҳ, ки «воҷибулвуҷуд» аст, яъне «вуҷуди он воҷиб аст дар вуҷуди хеш» (Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтохаб,ҷ.2,саҳ.188) ифода мекунад, ки зуҳур кунад ва зуҳури вай бо осоре, ки аз вай содир шавад, муяссар бувад, чунон, ки сонеъ пайдо бувад ба маснӯъ.

Инсон дар фалсафаи Аҳмади Дониш чун маърази муборизаи нуру зулмат аст. Дар дигар осори динии ин давра чунин масъалагузорӣ ба мушоҳида намерасад. Дар ҳар сурат Дониш сабаби офаридани инсонро аз ҷониби Худо дар зарурияти зоҳир кардани ҳақиқати нур ва зулмат медонад.

Бинобар ин мегӯяд: «Пас, лозим омад, вуҷуди шахсе, ки мураккаб бувад аз нуру зулмат. Ва он шахсе инсони комил аст, ҳувайдосозандаи ҳақоиқи нур ва зулмат аст. Инсони комил дар шарҳи Аҳмади Дониш як ваҳдати ду нерӯи бо ҳам зич мебошад» Ва зоти инсон мураккаб аст аз ақли шарифа ва нафси касифа ва куфр лозимоти зоти ӯст ва аз заруриёт ва адавоту олоти ӯ ва ҳар кадом дар вақте ғолиб ва дар маҳале мағлуб аст» (Рисола,саҳ.4).

Таваҷҷӯҳовар он аст, ки Дониш куфрро зарурияти ибтидоӣ барои таҳқиқи олами моддӣ медонад ва имон низ дар фалсафаи ӯ эътиқод ба Худост. Дар фалсафаи Аҳмади Дониш «тантанаи куфр бар имон», яъне рушди ҷанбаи куфр дар табиати инсон як навъ зуҳури қонунмандии ҷараёни ҷадиди маорифпарварӣ дониста шудааст. Аз ин рӯ дар маърази тафаккури Аҳмади Дониш масъалаи тамоюли куфр ва нақши он мавқеи умда пайдо карда, ба сифати назариёти алоҳида ҳувайдо мешавад. Мутафаккир доир ба таназзули тамаддуни исломӣ ва тарвиҷи тамаддуни аврупоӣ амиқан таваҷҷӯҳ намуда, номураттабии тараққиёти тамаддуни инсониро дар маҷмӯъ иброз доштааст, аз як ҷониб, таназзули имон, яъне бӯҳрони маънавият ва аз дигар ҷониб, рушди куфр ба ҳадди ифрот расида буд. Ин ҳолат нуқтаи замони гардиш, табаддулоти иҷтимоӣ ва давраи фоҷиаи маънавии инсон аст.

Эътидоли куфру имон, ба ақидаи Аҳмади Дониш, мавқуф бар имони маҳз намебошд, зеро инсони комил зотан дар «тарки дунё» зоҳир мегардад ва «тарки дунё» ҳарчанд мадори наҷоти инсон аст, вале дар он ҳикмати тамаддуну муовинат барҳам хӯрад ва олам хароб гардад. Бинобар он эътидоли куфру имон дар куфри маҳмуд муясар гардад, зеро куфри маҳмуд ҳарчанд ба «ҳубби дунё» асос ёфтааст, вале ин амр ба хотири аён кардани имон сурат мегирад ва ҳикмати амалӣ ба он вобастааст. Пас, камоли маънавияти инсон, ба андешаи мутафаккир, метавонад дар майлу мароми табиӣ ва саъйу кӯшишҳои ҳаётии ӯ ҳувайдо гардад ва саодати воқеии вай дар ин замина ба вуқӯъ ояд.

Аҳмади Дониш ба тамадуни аврупоӣ асосан аз мавқеи тамаддуни умумибашарӣ наздик шуда, унсурҳои фарҳангии суннатии аздастрафтаро дар ин тамаддун дарёфт кардааст. Бинобар он дар афкори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани воқеияти халқҳои русу фаронсавӣ ба он хотир буд, ки дар назари мардумашон қудрати ақлу хирад ва тавоноии башарият возеҳан зоҳир мешавад ва ба худшиносии онҳо мусоидат менамояд.

Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823-1873) ҳикояи маъруфаш -«Музҳика»-щоир-мутафаккири намоёни ҷараёни маорифпарварии тоҷик ба ҳисоб меравад. Осори адабии ба мерос мондаи ӯ-порчаҳои манзум, қасоид, марсияву ғазал, маснавиву қитъа, рубиву ҳикоятҳо ва дигар жанрҳои шеърӣ мебошанд. Ба лирикаи ишқӣ ва ҳаҷву мутоиба ҷудо мешавад. Дар лирикаи давраи аввали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Вале мутафаккир дар пайравии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ ба зуди аз доираи ин таъсир баромада, соддабаёниро пеш мегирад ва ба таъсири мавзӯъҳои тозаи замони худ рӯй меорад. Баъзе абёти ҳаҷвӣ ва мутоибаомез Савдо ҳазлу зарофати зоҳиран беозордошта, баъзан таҳқиди сохти ҳукумронони замонро дар бар гирифтааст. Шоири мутафаккир дар мутоибаву ҳаҷвиёт ва бисёр шеърҳои дигараш «Бепул» тахаллус кардааст. Шикоятҳои ӯ низ як навъ эътироз бар зидди сохти иҷтимоии замон мебошад. Мутафаккир ба ҷои мазмуну ғояи адабиёти дарборӣ мавзӯъҳои ҳаётӣ ва ба халқ наздикро ворид намуд. ӯ ,ки худ,аз ҷумлаи мардуми заҳматкаш буд, дар осораш орзуву ормони халқи оддӣ инъикос ёфтааст. Савдо ба таъсири масъалаҳои муҳими замон рӯ оварда, дар эҷодиёташ нуқсонҳои ҷамъияти феодалиро танқид кардааст. Мазмуни ҳаётии осори ба шоирон-муафаккирони минбаъдаи равияи маорифпарварии нимаи дуюми асари XIX таъсири зиёд расонд.

Шамсиддини Шоҳин (1857-1894) шоир-мутафаккири намоёни маорифпарвари тоҷик маҳсуб мешуд. Осори Шоҳин аз девони ашъор, маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Тӯҳфаи дӯстон», «Бадеъ-ус-саноеъ» иборат аст. ӯ дар осораш аз носозгории рӯзгори худ ва ситами замона шикоятҳо карда, ҷаҳлу разолат ва фасоди ахлоқи ашроф ва табақаи ҳукмронро танқид намудааст. Шоҳин дар идораи давлатӣ ҷорӣ намудани тартиботи одилонаро тарғиб мекард, ривоҷи илму маърифат ва донишҳои дунявиро омили рушду равнақи ҷамъият медонист. Ҷаҳолату нодонии табақаи ҳукмрон ва таассубу хурофотпарастии уламои дин, тарзи кӯҳнаи таҳсили мактабу мадрасаро танқид мекард ва ҳамаи инро сабаби пасмондагӣ ва ғафлатзадагии мардум меҳисобид. Ин афкори пешқадамонаи Шоҳин дар «Тӯҳфаи дӯстон» ва «Бадоеъ-ус-саноеъи»-ӯ сареҳан ифода гардидаанд.

Шоҳин дар ин асари худ афкори маорифпарваронаи Аҳмади Донишро ривоҷ додаст. Азбаски ин асари охирини мутафаккир аст, дар он рушду таҳаввули афкори ӯ ба назар мерасад. Худи Шоҳин онро чун як навъ шикоятнома аз рӯзгор ба қалам медиҳад. Дар ин тартиботи ҷамъиятӣ саркардагони давлат мазаммат шудаанд.

Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902) ба таъбири Садриддин Айнӣ, ӯ аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд. Ғазалиёти Ҳайрат, умуман ашъори ишқии давраи камолоти эҷодии ӯ, аз беҳтарин намунаи назми он давра баҳисоб меравад. Ғазалиёти ӯ бо рӯҳи некбинона, хурсандӣ ва ҳазлҳои ҷавонӣ бо зиндадилӣ ва ҳаётдӯстии худ хеле муассиранд. Вале ин хушҳолию зиндадилии ӯро ғаму кулфати зиндагӣ, муҳити тираю тори он давр фурӯ нишонда буд. Мутафаккир дар мубориза ба муқобили разолати замонаш аҷзу нотавонии худро ҳис мекард. Бисёр шеърҳои охири умри Ҳайрат пур аз оҳу фиғон ва шикваҳои ҷонсӯз мебошанд. Вале ӯ танҳо бо шикояту эътироз маҳдуд нашуда, ба масъалаҳои иҷтимоии замон низ диққат медод ва ҷиҳатҳои қабеҳтарини аморати Бухороро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1916) маълумоти ибтидоиро дар Хуҷанд гирифта, соли 1882 барои такмили дониш ба Хӯқанд меравад ва дар мадрасаи он ҷо таҳсили илмро идома медиҳад. Вай ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Хӯқанд забони русиро омӯхта, аз матбуоти даврагии русию туркзабонии Осиёи Миёна ва Кавказ баҳравар гардидааст. Ошноӣ бо матбуоти русӣ ҷаҳонбинии Асириро хеле васеъ намуд ва ақидаҳои маорифпарварии ӯро таҳким бахшид. Акнун вай ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ривоҷи илмҳои дунявӣ, тараққиёти техникӣ, таълиму маориф ҷиддитар диққат медодагӣ шуд. Ҳамаи ин дар осораш хеле возеҳ ифода ёфтааст. Мутафаккир рӯҳониёни иртиҷоиро, ки монеи пешрафти иҷтимоӣ буданд, беамон танқид мекард. Вай дар шеъри «Одамият чист?» онҳоро «ҷинси наҷосаттинат» ва душмани қаттоли мазлумон номида, ниқоб аз рӯяшон бардошта, чеҳраи ҳақиқиашонро ошкор сохтааст. Дар ин шеър ақидаҳои инсондӯстии Асирӣ, консепсияи башарпарварии ӯ мӯъҷаз ифода ёфтааст:

Одамият чист?-худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан…

Мутафаккир образи мардуми заҳматкашро ба сифати ормони нави зебоишиносии давр васф намудааст.

Мутафаккир «Дар баёни ҷӯи нави Бекобод» масъалаи обу обёрӣ-аз дарёи Аму ба Бухоро об оварданро ба миён гузошта буд. Асирӣ мӯътақид буд, ки барои ободдонии кишвар ва некуаҳволии мардум даштҳои лабташнаро обшор кардан зарур аст. Вай дар ҳамин асар доир ба дӯстии халқҳо сухан ронда, аз муҳандиси русе, ки ҷӯи Бекобод бо роҳбарии ӯ бунёд шудааст, бо эҳтироми зиёде ёд кардааст: «Дар он санъат зи аввал то ба охир, муҳандис буд русе-марди фохир». Мутафаккир дар шароити ҳаёти феодалии сарзамини худ техника ва илму маданияти пешқадами халқи русро васф ва тарғиб намудааст.

Асирӣ яке аз ташвиқкунандагони илмҳои дунявӣ буд. Вай дар ин масъала илму техникаи русро намуна оварда, барои аз худ намудани илмҳои дунявӣ омӯхтани забони русиро зарур шумурдааст.

Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ (1877-1914) таҳти таъсири афкори мутараққии Россия,Осиёи Миёна ва Кавказ пайрави фикрҳои маорифпарварӣ шуд. Азми сафар ба кишварҳои Россия, Аврупои Ғарбӣ ва Шарқи Миёна кард. Сафарҳои ӯ то соли 1909 давом ёфт. Мирзосироҷ Коллеҷи тиббии америкоиро хатм намуда, сипас дар Бухоро табобатхонаи навъи аврупоӣ кушода ба муолиҷаи беморон пардохтааст. Дар рӯзномаҳои «Бухорои Шариф», «Тӯрон» ва маҷаллаи «Ойина» доир ба тиб мақолаҳои илмӣ дарҷ кард.

Аз осори адабӣ ва илмии Мирзосироҷ девони ашъор дар шакли дастнавис ва сафарномаи «Туҳафи аҳли Бухоро» ва якчанд мақола ба мерос мондааст. Осори ӯ дар мавзӯъҳои бедории фикрии халқи тоҷик ва ободии кишвар хидмати босазое доранд.

«Туҳафи аҳли Бухоро» танҳо аз тафсили аҷоиботи сафарҳои мутафаккир иборат набуда, бисёр мулоҳизаҳои ҷиддии иҷтимоиро низ дар бар гирифтааст. Мирзосироҷ инкишофи санъату маданият ва иқтисодиёти кишварҳои сафаркардаашро дида, онҳоро бо Бухорои харобу нотавон қиёс намуда, роҳҳои аз ғафлату ноогоҳӣ наҷот додани мардуми азияткашидаи кишварашро ҷӯё шудааст. Мирзосироҷ дар ин осор пешрафти мамлакатро дар равнақи илму техника ва корхонаҳои саноатӣ дидааст. Дар «Туҳафи аҳли Бухоро» таъкид шудааст, ки сабаби бадбахтии халқи кишвар сохти иҷтимоии аморати Бухорост ва як роҳи аз варта наҷот ёфтан ҷунбиши озодихоҳист.

Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ (1838-1897) аз намояндагони машҳури маорифпарварии Шарқ маҳсуб мешавад. Ин мутафаккир озодӣ ва донишро сарчашмаи кулли муваффақиятҳои инсонӣ медонад. Ҳамин аст, ки ӯ дар осори худ «Мухтасаре аз ҳоли Афғонистон», «Таълим ва тарбия», «Фавоиди фалсафа», «Дар ҷаҳолат ва нодонӣ», «Рисолаи қазо ва қадар», «Навоварӣ ва тақлид», «Ҳизбҳои сиёсии Шарқ», «Фалсафаи саноат», «Масъалаи Шарқ», «Инсон ва ҳақоиқи коинот», «Фалсафаи тарбия», «Тасввуф», «Ҳокимияти замона руҳӣ», «Таассуб», «Ислоҳоти динӣ», «Ваҳдати исломӣ», «Миллат ва дини ислом», «Мақоми зан дар ҷамъият», «Мубориза барои зиндагӣ», «Зебо ва қабеҳ», «Гуманизм, натсионализм ва демократия», «Fарб ва Шарқ» ва ғайраҳо масоили марбут ба озодии инсон ва маърифати воқеиро мавриди баррасии васеи илмӣ қарор додаст.

Дар ҷаҳони сиёсат ва илм эътироф шудааст, ки Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ бузургтарин ислоҳотчии дини ислом дар асри XIX мебошад. Наҳзати ӯ ҳам фикрӣ буд ва ҳам иҷтимоӣ. Мутафаккир мехост, таҳавуле ҳам дар андешаи мусалмонон ба вуҷуд биоварад ва ҳам дар зиндагии онҳо. ӯ мӯҳимтарин ва қадимтарин дарди ҷомеаи исломиро истибдоди дохилӣ ва истеъмори хориҷӣ ташхис до два бо ин ду дард ба шиддат мубориза кард. Дар мубориза бо ин ду омили фалаҷкунанда, мутафаккир огоҳии сиёсӣ ва ширкати фаолонаи мусалмононро дар сиёсат воҷибу лозим шумурд ва барои ба даст овардани маҷду азаммати аз дастрафтаи мусулмонон ва ба даст овардани мақоме дар ҷаҳон, ки шоистаи он ҳастанд, бозгашт ба исломи нахустин ва дар ҳақиқат ҳулули муҷаддади рӯҳи исломи воқеиро дар колбади нимамурдаи мусалмонон бозгашт мешумурд ва иттиҳоди исломро таблиғ мекард.

Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ тавҳиди исломиро бо бурҳону далел, ки решасузи ҳамаи ақоиди ботила аст, тарғиб менамуд ва мӯътақид буд, ки агар ҷомеа асоситарин мӯътақидоташро ба нерӯи бурҳон ва яқин, на гумону тахмин, на эътиқоди хушк ва на тақлид ба даст оварад, басандааст, ки ба роҳи хурофоту гумроҳӣ наравад ва озоду осуда зиндагӣ намояд. Пас бояд мардумро ба тавҳиди бурҳонӣ даъват кард, то эҳтирому эътибори ақл аз назари динӣ барои онҳо мусаллам гардад. Ба ҳамин ҷиҳат Сайид Ҷамол барои фалсафаи илоҳии исломӣ арзиш қоил буд. Фалсафа дарс медод ва найравони худро ба омӯхтани

Муҳаммад Иқбол (1877-1934) олим, мутафаккир ва донишманди соҳибзавқи фалсафа Машриқзамин дар асрҳои XIX-XX аст. Омӯзиши паҳлӯҳо мухталифи ҳаёту фаъолият ва ҷаҳонбинии аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дорои аҳамияти зиёде буда, илова бар ин барои тарсими дақиқтари пешрафти ақоиди фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии мардумони Шарқ дар охири асри XIX ва авали асри XX мусоидат хоҳад кард, чунки онҳо бар ақидаи таҷдиди афкори динӣ асос ёфтаанд. Таълимоти аслии худро Иқбол ба ислоҳи шуури динӣ ва бедории мардум равона карда, дар тамоми эҷодиёташ кӯшиши аз ҷаҳолат берун овардани ҷомеаро ва ба зиндагии озодонаву бошуурона равона кардани онро намудааст. Фаъолияти пурҷанбаи Иқбол пайваст бар аҳкоми дини ислом буда, он ба сифати асоси иҷтимоъ ва василаи ҳалли масоили зиёди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва ғайра шинохта шуда буд, ки тағйироти ҳаёт танҳо дар сурати таҷдиди назар кардани ақоиди динӣ ва ислоҳи он имконпазир мешавад.

Дар фалсафаи Иқбол масъалаи моҳият ва рисолати инсон хеле хуб мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст. Таҳлили осори ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки мутафаккир тарҳрезии масъалаҳои марбут ба инсон ва ҷамъияти исломро яке аз масъалаҳои заруртарину муҳимтарини замони худ медонистааст. Иқбол ҳалли ин масъаларо зимни баррасии маданияти маънавӣ мавриди назар қарор додаст. Дар ашъори мутафаккир чунин кӯшиши дарёфти ҷавоб ба саволҳои инсон кист?, ӯ чӣ гунна қобилияту истеъдод дорад?, ситоиши ӯ аз чӣ чиз иборат аст?, оё ӯ сазовори лақаби ифтихории «тоҷи офаринишот» ҳаст ё не?, оё ӯ сазовори номи Ифтихории «халифаи илоҳӣ» дар замин ҳаст ё не? ва ғ. ба таври ошкор эҳсос мешавад. Иқбол ҳамеша даъва бар он дорад, ки инсон сараввал ба шинохти нафси худ ва ислоҳи нуқсу заъфи он майл намояд. Худшиносӣ дар таълимоти мутафаккир мавқеи намоён дорад ва ӯ ин маъниро бо истилоҳи «худӣ» баён месозад.

Осори Иқбол, ки бозгукунандаи таълимоти иҷтимоиву сиёсӣ ва фалсафиву ирфонии ӯянд, аз «Асрори худӣ», «Румузи бехудӣ», «Хизри роҳ», «Паёми машриқ», «Бонги дифоъ», «Забури Аҷам», «Ҷовиднома», «Боли Ҷабраил», «Зарби Калим», «Мусофир», «Пас чӣ бояд кард эй ақвоми Шарқ», «Амуғони Ҳиҷоз» ва дигар мақолаву рисолаҳои бедоркунандаву ба худшиносӣ ҳидояткунандаи ҷомеаи шарқӣ иборатанд.

Ҷадидия вожаи арабӣ буда, маънои нав ё тозаро далолат мекунад. Он ҷараёнест, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро бештар фаро гирифта, даҳсолаҳои охири асри XIX дар қазон ба вуҷуд омада, сипас дар охири асри XIX дар Осиёи Миёна роиҷ гардида, арзишҳои зиддифеодалӣ ва зиддимустамликавӣ касб намудааст. Умурронии муносибатҳои феодалӣ, заъфу фалаҷ будани аморати Бухоро, муфлисиву нодории мардум, бемаърифатии аксарияти аҳолӣ ва зимни ин мавҷуд набудани тафаккури сиёсию маҳрумият аз ҳуқуқу имтиёзҳои инсонӣ таваҷҷӯҳи истиқлолхоҳону озодандешони аморати Бухоро ба сӯи наҳзати ҷадид кашид. Онҳо дар асоси ҷадидияи қазонӣ ҷараёни тамоман наверо сурату сирати тоза бахшиданд, ки ҳадафи вуҷудан нав намудан, комилан дигаргун сохтани муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятиро назди худ гузоштанд. Ҷонибдорони он дар оғоз мурод ва вазифаҳои худро танҳо ба василаи тарғибу ташвиқи ақида ва афкори маорифпарварӣ пиёда карданӣ буданд. Вале баъдтар мӯътақид шуданд, ки танҳо бо ба ҷо овардани вазифаҳои маърифатию тарғиботӣ наметавонанд авзои умумии Бухороро тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, дар назария ва амалияи фаъолияти худ ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимою сиёсӣ ва ҳарчи зудтар ислоҳот даровардан дар он камари ҳиммат барбастанд. Давраи ҷанбаи сиёсӣ касб намудани ин ҷараён аслан ба марҳилаи авҷ гирифтани ҳолати инқилобии Россия ва Туркистону Бухорои шариф рост меояд.

Ташаккулу тарвиҷи ҷадидияро бояд чун ифодаи дигаргунии иҷтимоию сиёсӣ пазируфт, ки дар фазои иҷтимоии аморати Бухоро ба зуҳур омада буданд. Пас аз соли 1905 аз дохили ҷадидия ду тамоил-буржуазию демократӣ ва буржуазию миллатгароӣ ҷудо шуд. Ин тамоилҳо бо якчанд хасоисаш аз ҳамдигар тафовут мекарданд. Ин ҷараёнҳо мақсад ва усулҳои мухталифи ба он муваффақ шуданро доштанд ва мавқеъ ва рисолати гуногунро дар ҳаёти ҷомеа ноил гардида буданд.

Бамиёноии тамоили буржуазию демократӣ ба ташаккули буржуазияи маҳаллии Бухоро алоқаманд буд. Бухоро, ки ниммустамликаи Россияи буржуазӣ буд, саъй менамуд, ки соҳибихтиёрии худро пойдор намояд.

Асоси бунёдии мафкураи тамоили буржуазию демократиро ғояҳои маорифпарварӣ, ки зуҳури норизогию эътирози иҷтимоии табақаҳои поёнии аҳолӣ буд,ташкил медод. Ҷадидия ҳамчун маҳсули марҳилаи мустамликадорӣ хасоиси зиддифеодалӣ ва зиддимустамликавиро низ доро буд. Онҳо сохт ва усули салтанатдории аморати Бухоро, низоми таълиму тарбия ва самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро мазаммату накуҳиш карда, барои дигаргунии куллии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешиданд. Равияи буржуазию милатгароӣ манфиатҳои ашрофони маҳаллиро ҳимоя мекарданд. Ин тамоил бештар ғояҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ намуда саъй ба дигаргун намудани сохти ҷамъиятӣ надошта, мунасибатҳои ҷамъиятии мавҷударо ҳифз карда, танҳо шакли ҳокимияти навро мехостанд. Онҳо таълимоти сохтакоронаи «муттаҳидии миллӣ»-и худро амалӣ карданӣ шуда, ба сиёсати мустамликавии рус муқобилияти беҷуръатона нишон медоданд.

Рушди минбаъдаи тамоили демократии ҷадидия бештар дар зери таъсири ҳаводиси иҷтимоию сиёсӣ ва муборизаи халқҳои Россия ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ сурат мегирифт. Баъди вожнун кардани он дар гӯшаю канораҳои Россия ва мустамликаҳои он ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ авҷ гирифтаанд. Чунончи, дар аморати Бухоро низ ҷадидҳо бо унвони ҷавонбухориён ба мубооризаи беамон барои ҳаёти нав бархоста буданд. Намояндагони ҷараёни ҷадидияи тоҷик Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Аҷзӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Абдуррауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ва дигарон буданд.

Садриддин Айнӣ (1878-1954) адиби барҷаста, олими маъруф ва арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад. Асарҳои шоиставу пурмазмуни ӯ на танҳо дар самтгириву таҳкими раванди худшиносӣ ва ғояи миллӣ, ҳамчунин дар рушди ҷаҳонбинӣ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик низ беназир аст. Садриддин Айнӣ ҳамчун муборизи фидоии зиёиёни тоҷик барои исботи ҳастиву бақопазирии халқи худ ва суботу пойдории он ҷаҳду талошҳои нотакроре кардааст. Вай бо дарназардошти фазои бӯҳронии сиёсӣ ба исботу

ҳифзи фаҳангии ҳастӣ, қадимият, ғановат ва азамати таърихи илму тамаддун ва адабиёту маънавиёти тоҷикон пардохтааст. Асари маъруфу пурарзиши устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки дар ҳастиву бақопазирӣ ва асолату ҳуввияти халқи шарифи тоҷик саҳми бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ гузоштааст. Устод Айнӣ тавассути ин асараш доир ба таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик ва кишварҳои ҳамзабону ҳамҷувори он маълумоти пур арзишу ҳамаҷониба додаст. Ҳамчунин устод ба воситаи асарҳои маъруфи худ сохти давлатдории аморати Бухороро сахт танқид намуда, таназзул ва ҷаҳолатмандиву истибдодпешагии амирони манғитиро қотеъона маҳкум менамояд. Вай мӯътақид буд, ки дастбакорони амир, ашрофон ва тамоми зимомдорони ҳукумат набояд ба айшу ишрат ва зулму истибдоди омма мубтало бошанд. Ҳукуматдорон бояд афроди одилу оқил ва раиятпарвар бошанд.

Фақат дар чунин маврид давлат рушд мекунад ва кишвар обод мешавад.

Масъалаи тарғиби илму дониш ва мактабу маориф низ дар афкори иҷтимоӣ-сиёсии Садриддин Айнӣ мақоми хоса дорад. Вай илму донишро муҳимтарин воситаи рушди ҷомеа медонист. Бинобар ин, аз давлвтдорон талаб менамуд, ки ба тараққиёти бемайлони илму маориф бештар рӯ биоранд.

Устод Айнӣ тавонистааст иллатҳои зулму асорат, ҷаҳолату таассубзадагӣ, зиддияту муқовиматҳои байни табақаҳои гуногуни иҷтимоиро сареҳан ишфо созад ва саъйю ибтикор барои дарёфти роҳу воситаҳои аз байн бурдани чунин низоъҳо намудааст. Вай доир ба роҳу воситаҳои фатҳи масъалаҳои пурихтилоф ва муқовиматомези иҷтимоии ҷомеа андеша намуда, муборизаи фаъоли сиёсиро фатҳсозандаи ҳалли мушкилот ҳисобида,   инқилобро роҳи ниҳойии комилан бартараф сохтани зулму ҷаҳолат медонад.

Устод Айнӣ, ки дар даврони салтанати аморати Бухоро азобу шиканҷаҳои зиёд кашида буд, бо тамоми ҳастиаш истиқрори сохти нави ҷамъитиро ҷонибдор буд. Вай тарафдори сохте буд, ки аз зулму асорат ва ҷаҳолату истибдод озод бошад.

Гузашта аз ин   мутафаккири маорифпарвар инқилобро роҳи асосии тантанаи ақлу адл ва меъёри адолатмандӣ дониста, мардуми бенаворо барои музаффариятҳо дар инқилоб сидқан истиқбол менамуд. Шеъри «Марши ҳуррият»-и ӯ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) яке аз адибони хушсалиқа ва мутафаккирони забардасти маорифапарвари тоҷик ба шумор меравад. ӯ ба гуфтаи устод Айнӣ аз муҳассилони истеъдодноку ниҳоят фозили Бухоро маҳсуб мешавад. Тавоноиву соҳибназарии мутафаккирро таълифоти зиёда ва хусусан, асари тадқиқотии пурарзиши ба тозагӣ нашркардаи устод С.Ш.Табаров «ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» собит менамояд. Аз ин тадқиқот бармеояд, ки аз Фитрат асарҳои пуарзишу камназир, аз қабили «Мунозира», «Сайҳа», «Баёноти саёҳи ҳиндӣ», «мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мухтасари таърихи ислом», «Раҳбари наҷот», «Оила», тарҷимаи «Мусулмонони Дорурроҳат»-и Исмоили ғаспарӣ» ва шеъру мақолаҳои бисёре ба мерос мондааст.

Дар осори зикршудаи ӯ доир ба муҳимтарин паҳлӯҳои таърихи фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷик, таърихи дини мубини ислом ва пайғамбари он, масъалаҳои мубрами адабиёти ҷадидияи тоҷик, фалсафаи иҷтимоиву сиёсӣ, ахлоқу маънавиёт, иқтисод, таълим, тарбия ва умуман илму маориф сухан рафтааст.

Рисолаи «Раҳбари наҷот» аз пурмӯҳтавотарин асарҳои ӯст, ки дар он мавзӯву масоили асосии илму ҳикмат мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Масъалаҳои мақому мартаба ва нақши муассири ақлу хирад дар шинохти худ (инсон), Худо, олам ва ҳаводиси гуногунранги он, ғояи ҳаёт ва самараи зиндагӣ, ахлоқи солеҳа ва ҳамидаву ҳасанаи инсонӣ, моҳияти илм ва табақабандии он, инсони комил, фазилати фитрат, иффат, қаноат, парҳезкорӣ, адл, усулҳои рушду тараққии ҷамъият ва нақши бунёдкорию созандагӣ дар он ва ғ… фаро гирифта шудааст, ки ин масоили фалсафии Фитрат ба таҳқиқи алоҳида ва хосаву ҳамаҷониба ниёз дорад.

Аҷзӣ Сайидаҳмадихоҷаи Сиддиқӣ (1865-1926) аз мутафаккирони равияи ҷадидия аст, ки баъди хатми таҳсил ба саёҳат баромадааст. Вай аз роҳи Ироқу Миср ба Россия омада, дар Боку ва Тифлис муддате таваққуф намуда, бо эҷодиёти адибони озарӣ ошноӣ пайдо мекунад. Баъди баргашт ба ватан дар Самарқанд мактаб кушода, аз фанҳои дунявӣ ва забону адабиёти рус дарс гуфтааст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр-«Бухорои Шариф» ва «Ойина» шеъру мақолаҳо чоп мекунад. Осори адабии ӯ «Айнуладаб», «Ганҷинаи ҳикмат», «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат» ва ғ. мебошанд, ки дар онҳо ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккир ифода ёфтаанд. Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр Аҷзӣ ба иттифоқи меҳнаткашони мусулмон, ки бо ташкилоти Шӯрои исломӣ мубориза мебурд, ҳамроҳ шуд. Бо ашъори ҳаҷвиаш душманонро фош ва мазаммат мекард. Аҷзӣ аз нахустин мутарҷимони осори адибони рус бо забони тоҷикӣ низ буд.

Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа (1875-1919) яке аз роҳбарони ҷадидони Туркистон ва мутафаккирони намоёни он равия буд. ӯ мадрасаро хатм намуда, вазифаи муфтиро ба ҷо меовард ва ба Миср,Туркия, Қазону Уфа сафар кардааст. Беҳбӯдӣ барои мактабҳои ҷадидӣ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Россия»-ро таълиф намуд.Вай мураттиби «Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива», муҳарриру ношири рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» низ буд. Беҳбудӣ дар китобу рисолаҳо ва махсусан, песаи «Падаркӯш», ки, асосан, ба инъикоси ҳаёти тоҷирони буржуазии навхез бахшида шудаанд, манфиати табақотии буржуазияи тиҷоратии маҳаллиро ҳимоя менамуд. Беҳбудӣ собит карданӣ мешуд, ки аморати Бухороро на вожгун, балки дар асоси маърифати буржуазӣ ислоҳ бояд кард. ӯ халқро ташвиқ менамуд, ки обрӯю эътибори ҳукумати подшоҳиро дар кишвар ҳамчун парастори омма ҳимоя кунад. Беҳбудӣ Инқилоби буржуазию демократии феврали соли 1917-ро бо хушнудӣ истиқбол намуда, умед дошт, ки он ба буржуазияи маҳаллӣ ҳуқуқи калони сиёсӣ медиҳад. Вай моҳияти инқилоби Октябрро дарк карда натавонист.

Мунзим Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (1877-1934)-мутафаккири маорифпарвари тоҷик ба ҳисоб меравад. Давраи наврасиву ҷавониаш дар хонаи Садри Зиё гузоштааст ва дар он ҷо бо Садриддин Айнӣ дӯстӣ пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро китобат намуда, соли 1902 дар ду девон ашъори Ҳайратро ҷамъ овардааст.

Ин фаъолияти амалӣ дар ташаккули ақидаҳои демократӣ ва маорифпарварии Мунзим мусоидат намуд. Пас аз хатми мадраса дар таъсиси мактабҳои усули нав ширкат варзида, соли 1908 ҳамроҳи Садриддин Айнӣ дар хонаи худ мактаби усули ҷадид кушод, «Раҳбари хат»-ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Соли 1917 ҳангоми шиддат гирифтани табаддулот ва таъқиб шудани озодихоҳону равшанфикрони Бухоро Мунзим ба Тошканд рафта, дар идораи рӯзномаҳои «Учқун» ва «Қутулуш»(«Наҷот») кор кард. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро муовини раиси он ва чанд муддате вазири тандурустӣ буд. Соли 1922 Шӯрои вазирони ҶХШСБ ӯро ба Берлин барои ба хондан бурдани кӯдакон фиристод. «Холида ва қизбола»-и Садриддин Айниро соли 1924 дар Берлин бо алифбои арабиасос чоп кард. Аз Берлин баргашта, дар аввалин нашриёти тоҷикии шаҳри Самарқанд ба сифати ходими адабӣ кор кард. Соли 1927 ба Душанбе омад ва муовини раиси Комитети ҳуруфоти лотинӣ таъин шуд. Чанд муддат муаллими омӯзишгоҳи занон ва солҳои 1930-1933 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ходими адабӣ буд.

Нахустин ашъори инқилобии Мунзим соли 1920 дар рӯзномаи «Қутулуш» бо унвонҳои «То ба кай»? ва «Баёни ҳол» чоп шуданд. Мунзим муаллифи достони «Инқилоби ҳоли деҳқонон-зафари пахтакории онон» низ мебошад. Аз осори адабии Мунзим ғайр аз ашъор баъзе мақолаҳои илмӣ, ба монанди «Дар бораи забони тоҷикӣ», «Даркору нодаркор», хитобаи «Эй Шарқи мазлум» ва ғ. боқӣ мондаанд.

Ҳамдӣ Аҳмадҷон-маҳмуди Абӯсаидзода (1875-1946) дар марҳилаи аввали фаъолияти ҷамъиятии худ ҳамчун маорифпарвар интишори илму донишро тарғиб намуда, нашри китобҳо ва бунёди мактаби усули ҷадидро ҳимоя кардааст. Баъдтар дар фароҳамоварии шароит баҳри амалӣ гардонидани Инқилоби халқии Бухоро саҳми калон гузоштааст. Соли 1907, пас аз воқеаи ҷадидкушӣ ба фирор маҷбур шуда, ба Тошканд рафта, дар рӯзномаи «Қутулуш» («Наҷот»), ки соли 1920 муҳоҷирони бухороӣ дар он ҷо таъсис дода буданд, шеърҳои инқилобӣ ба табъ расондааст. Ҳамдӣ чи дар рӯзҳои инқилоб ва чи баъди он бар зидди душманони беруниву дохилӣ фаъолона мубориза бурдааст. Вай баъди пирӯзии инқилоб чанд муддат нозири таъминоти моддӣ, сипас вакили ҶХШБ дар Москва будааст. Соли 1935 аз Тошканд ба Душанбе омада, мушовири адибони ҷавон таъин гардид. Вай тароннумгари ашъори инқилобӣ ва иҷтимоӣ буд. Шеърҳои инқилобии Ҳамдӣ бештар хусусияти тарғиботӣ доранд. Шоири маорифпарвар кӯшидааст, ки моҳияти инқилоб ва рӯйдодҳои замонро ба омма фаҳмонад ва онҳоро ба тарзи ҳаёти нав омода созад.

Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889-1923) дар мадраса таҳсил карда маърифат андӯхтааст. Барои оммаи камбағал мактаб ташкил дода, худ дар он дарс гуфтааст. Аз соли 1899 таҳти тасири маорифпарварон ба шеъргӯӣ пардохтааст. Мунтахаботи Ҳамза, ки ашъори ӯзбекию тоҷикии ӯро фаро мегирифт, пас аз вафоташ ба табъ расид. ӯ дар ашъораш нобаробариҳои иҷтимоиро танқид карда, илму маорифро ҷонибдор шудааст.

Фалсафаи тоҷик дар даврони муосир ва истиқлол

Давраи минбаъдаи рушди фалсафа дар Тоҷикистон мебошад, ки он ба замони шӯравӣ ва пасошӯравӣ рост меояд. Дар ҳақиқат, пас аз вожгун гаштани ҷаҳолат, фисқу фуҷури замони салтанати манғития даврони шӯравӣ марҳилаи камолоти нуру маърифат ва рушди бемайлони илму фарҳанг буд. Инкишофи фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар заминаи вусъати тамоми соҳаҳои илмҳои замонавӣ сурат мегирифт. Ин камолот тавассути мададу ҳамкориҳо ва ҳамгироиҳои халқи шӯравӣ амалӣ мешуд. Нақши ҳамоҳангсозию ёрмандиҳои молиявию моддӣ ва тахассусмандии халқи бузурги русро низ набояд фаромӯш кард. Ин таҷрибаи таърихиро, сарфи назар аз баъзе камбудиҳояш, беэтибор донистан аз рӯи инсоф нахоҳад буд. Мо бояд ҷаҳд намоем, ки дастоварду комёбиҳои беназири он замонро дар заминаи ҳамкориҳо, равобити байниҳамдигарии илмию фарҳангӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷадидан таҳким бахшем.

Сарфи назар аз он ки фалсафа ва густариши он дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ барои замина фароҳам овардан ба мафкураи коммунистӣ ва нашри фалсафаи марксистӣ-ленинӣ зарур буд, вале бо вуҷуди ин, барои ошноии зиёиёни мо бо фалсафаи муосири аврупоӣ аз манфиат холӣ набуд. Феълан, чи дар тадрису таълим ва чи дар маърифати илмиву тадқиқотӣ ин марҳилаи наве буд, ки дар бисёр ҳолатҳо аз замонҳои гузашта бартарият дошт ва тадриҷан ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии аҳли маърифат ва муҳақиқони тоҷик мусоидат кард.

Дар солҳои баъдиҷангӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ сурат мегирифт. Аз ҷумла, дар соҳаи фалсафа низ асарҳои назаррас таълиф гардидаанд. Дар рушди донишҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии давраи мазкур нақши Бобоҷон Fафуров (1909-1977) хеле калон аст. Вай кӯшишҳои зиёде барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ба харҷ дода, мақому мартабаи ҷаҳонии тамаддуни тоҷикро хеле баланд бардоштааст. Махсусан, тадқиқотҳои Б.Fафуров дар бораи таърихи халқи тоҷик ва фарҳанги он аҳамияти бузургро касб намуда буд. Соли 1947 нашри авали китоби ӯ таҳти унвони «Таърихи халқи тоҷик» дар матбааи «Наука»-и шаҳри Маскав ба табъ расид, ки он қадами ҷиддӣ дар сарнавишти шинохти илмиву фарҳангии халқи тоҷик гардид. Солҳои минбаъда Б.Fафуров тадқиқоти худро фарохтар гардонида, ба навиштани маъруфтарин асари илмии худ «Тоҷикон» машғул шуд. Нашри ин китоб ҳарчанд мубоҳисаҳоро дар атрофи ҳастиву бақопазирӣ ва асолати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ба охир нарасонида бошад ҳам, вале асари мазкур чун муаррифномаи сарнавишти халқи тоҷик рисолати бузурги мадании худро баҷо овард. Муаллиф бо нашри асари «Тоҷикон» на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми форсизабонони оламро бо як сарчашмаи мӯътамаду пурарзиш таъмин сохт.

Дар ин китоб доир ба муҳимтарин масоили таърихи Шарқ, аз ҷумла баъзе масъалаҳои методологияи таҳқиқи илмии он – ориёиҳо ва бунёди нажодию забонии қавмҳои бостонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустони Шимолӣ; ташаккул ва таҳаввули зардуштия; тартиби анъанаҳои фарҳангии эрониву ҳиндӣ ва юнонӣ; пайдоиши қушониён ва таърихбандии давлатдорию тамаддуни онҳо; сохтори иҷтимоию иқтисодӣ; ташаккули таърихии халқияти тоҷик; маданияти асримиёнагии тоҷику форс ва аҳамияти ҷаҳонии он инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин дар он ба масъалаҳои этногенез низ диққати махсус дода шуда, ташаккули халқияти тоҷик дар раванди алоқамандии этникию фарҳангии он бо халқиятҳои ҳамсоя тадқиқ гардидаанд. Дар асрҳои VII-VI-и то милод дар Осиёи Марказӣ халқҳои эрониасл – суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, фарғонагиҳо ва тоифаҳои саккоиҳо мезистанд, ки аз ҷиҳати маданият, урфу одат ва забон ба ҳам хеле наздик буданд ва дар заминаи ақвоми мазкур халқияти тоҷик ташаккул ёфтааст. Ин ҷараёни этногенетикӣ дар охири асри V сар шуда, дар асрҳои IX-X – замони ташаккулу тараққиёти нахустин давлати тоҷикон анҷом пазируфтааст.

Илова бар ин дар китоби «Тоҷикон» марҳилаҳои ташаккулу рушди тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла адабиёту санъат ва илму фалсафаи он мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Афкори илмиву фалсафии қавмҳои эрониасл, ки маншааш аз манобеи Авесто (асрҳои IX-VI-то мелод) об мехӯрад, дар асрҳои миёна (X-XV) ба авҷи камолот расидааст. Инкишофи илму фалсафаи халқи тоҷик хусусиятҳои ба худ хосе дорад ва он аз ибтидо як низоми якҷинсаву маҳдуди ақидаҳое набуд, ки аз доираи танги маданияти анъанавии эзотерӣ намебаромада бошад. Тамаддуни тоҷик дар чорраҳаи Шарқу Fарб, дар бурришгоҳи роҳҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва мадании таърих ташаккул ёфт. Бинобар ин таърихи афкори илмию фалсафии тоҷикон- таърихи таркибии анъанаҳои мухталифи маданӣ, таърихи таъсири мутақобил ва баҳраваршавии дутарафаи тамаддунҳо, халқҳо ва давраҳои гуногун аст. Ҳамин тавр, таъсири мутақобили тамаддунҳои Шарқу Fарб суннати дерин ва ғании таърихӣ доштааст, вале дар сарчашмаҳои таърихӣ басе тафсири ину он воқеаҳои сиёсӣ ба мадди назар баромада, раванди файзбардории мадании халқҳои мухталифро пинҳон кардааст. Дар «Тоҷикон» бошад, оқибатҳои таърихии воқеаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба ҳайати империяи юнонию мақдунӣ даромадани Турон таҷдиди назар шудаанд.

Бобоҷон Fафуров дар китоби «Тоҷикон» силсилаи масъалаҳои муҳиму мубрами тоҷикон ва халқҳои ҳамҷаворро ба доираи таҳқиқ кашида, онҳоро мавриди муҳокимаву мулоҳизаҳои доманадоре қарор додаст. Натиҷагириҳо ва андешаҳое, ки дар ин китоб зимни таҳлилу таркиби бисёрҷиҳатаи сарчашмаҳои таърихӣ ва тадқиқотҳои муаррихони ватанию хориҷӣ баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори ҷамъиятӣ ва фалсафии ховаршиносӣ хуб мусоидат кард.

Ташаккул ва рушди фалсафаи муосири тоҷик асосан аз солҳои 40-50- уми садаи XX оғоз гардида буд. Нахустин чеҳраи барҷастаи фалсафаи муосири тоҷик Баҳоваддинов Аловуддин Маҳмудович (1911-1970) зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буд, ки аз соли 1934 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе)-и Тоҷикистон омада, то охири умр барои ривоҷу равнақи илму фарҳанги тоҷик, хусусан, фалсафаи он сидқан хидмати беназир кардааст. «Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино дар китоби «Донишномаи ӯ» аввалин рисолаи илмӣ-тадқиқотии   А.М.Баҳоваддинов буд. ӯ тайи солҳои тӯлонӣ ба таҳқиқи таърихи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик машғул шуда, дар адабиёти фалсафии замонаш аз нахустин олимони тавоноест, ки ақоиди фалсафии Ибни Синоро ба таври амиқу ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардонидааст. Тарҷима ва нашри ягона асари ба забони тоҷикӣ навиштаи Ибни Сино «Донишнома» аз ҷониби ӯ ба ҷо оварда шудааст, ки дар ҳамон солҳо дар илму фарҳанги тоҷик саҳифаи наву тоза ва падидаи нодир буд.

Рисолаи илмии дигари А.М. Баҳоваддинов «Аз таърихи афкори иҷтимоию сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» мебошад, ки яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ буда, солҳои 1949-1950 рӯи кор омадааст. Вай дар пояи ҳамин рисолаи илмии худ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа гардидааст.

Натиҷа ва самароти баррасиҳо ва тадқиқоти илмии чандинсолаи А.М.Баҳоваддинов дар маъруфтарин китоби ҷомеи ӯ «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик» инъикос ёфтаанд. Файласуф дар ин китоб, роҷеъ ба таърихи фарҳанги бостонию пурғановати тоҷик дар муттако бо нодиртарин ва қадимтарин сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва тадқиқотҳои илмии мавҷуда сухан ронда, авзои таърихӣ ва муҳити ҷуғрофии тоҷиконро аз мароҳили пайдоиш то ибтидои асри XX муайян кардааст. Хусусиятҳои умдаи афкори тоисломии тоҷик-зардуштия, монавия, маздакия ва фалсафаи асримиёнагию мактабу равияҳои гуногуни ақидатии онро сареҳан ошкор сохтааст. Китоби мазкури ӯ то кунун арзиши худро аз даст надода, ҳамчун манбаи муҳим барои муҳаққиқон мавриди истифода аст.

Ҳамчунин китоби «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик», воқеан, нахустин ва барҷастатарин баррасиҳои илмӣ-фалсафии ӯ мебошанд, ки дар он пайдоиш, ташаккул ва такомули бархӯрдҳои мафкуравии мактабу равияҳо ва тавзеҳи моҳияти таълимоти намояндагони макотиби гуногуни фасафӣ арзёбиву бозтобӣ шудаанд. Саҳми А.М. Баҳоваддинов дар ба низом даровардани таърихи фалсафаи тоҷику афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии намояндагони ҷудогонаи он низ беназир аст.

А.М.Баҳовадинов нахустин мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) низ будааст. ӯ дар ин муддат тавонист дар атрофи мактаби фалсафии худ як зумра муҳаққиқони намоёни ояндадори тоҷик-М.Н.Болтаев, М.Д.Диноршоев, Ғ..Ашуров, М.Раҷабов, К.Олимов ва дигаронро гирд оварад.

Дастовардҳои А.М.Баҳовадинов оид ба масъалаҳои умумифалсафӣ, М.Н.Болтаев доир ба мантиқ, М.Д.Диноршоев роҷеъ ба натурфалсафа, У.Султонов дар бораи таълимоти фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқӣ, Ф.Сироҷов оид ба ҳикмати ҳастишиносии Ибни Сино ва дигарон заминаи мусоиде барои таъсиси мактаби синошиносӣ дар ҷумҳурӣ гардид.

Тӯли ҳамин солҳо дар Тоҷикистон як қатор корҳои хеле ҷолиб дар атрофи масъалаҳои фалсафаи табиатшиносии муосир аз ҷониби барҷастатарин файласуфони табиатшиноси тоҷик М.С.Осимӣ, А.Турсунов ва дигарон анҷом дода шуданд, ки чунин дастовардҳо дар таърихи илму ҳикмати тоҷик падидаҳои нодир буданд.

Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) роҷеъ ба масъалаҳои фалсафаи табиатшиносӣ, фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, таърихи илм, адабиёт ва фарҳанги тоҷик як қатор асарҳо навиштааст. ӯ дар таълифоти худ дар баробари таҳқиқи қонунҳои инкишофи таърихи фалсафа раванди ташаккулу такомули афкори илмию фалсафии халқҳои Шарқро таҳлилу таҳқиқ намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар Шарқ вуҷуд доштани мактаби атомизми материалистиро собит карда, ҷиҳатҳои нави робитаҳои дерини фарҳангии Шарқу Ғарбро ошкор сохтааст. Таълифоти ӯ «Дар бораи асари барҷастаи В.И.Ленин «Материализм ва эмпириокритсизм»», «Материя ва манзараи физикии олам» ва «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ» мебошанд.

Соҳаву равияҳои асосии тадқиқоти Акбар Турсунов (1939) фалсафаву методологияи табиатшиносӣ ва таърихи илму фарҳанги асримиёнагии Шарқ мебошанд. «Проблемаҳои фалсафӣ ва методологияи табиатшиносии муосир», «Проблемаҳои таърих ва методогияи маърифати илмӣ», «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера», «Бунёди фалсафии фанҳои табиатшиносӣ», «Проблемаи фалсафии астрономияи асри XX», «Астрономия, методология, ҷаҳонбинӣ», «Принсипи симметрия», «Назарияи физикӣ», «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм», «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира», «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон», «Турфа кайҳоне» ва «Эҳёи Аҷам» муҳимтарин таълифоти ӯ мебошанд.

Мӯсо Диноршоев (1934) солҳои 60-70-уми асри XX ба ҷодаи пажӯҳишу таҳқиқи афкори фалсафӣ дар илм ворид шуда, то кунун ба ҳадди олими тавонои соҳа ва файласуфи соҳибмактаб расидааст. Доираи мавзӯъҳои силсилавии таълифоти илмии тайи солҳои гуногун иншонамудаи ӯ хеле фарох буда, асосан ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи фалсафаи тоҷиқ — фалсафаи қадим (зардуштия, манавия, маздакия, зурвония, даҳрия, табоия); мактабҳои фалсафии асрҳои миёна (фалсафаи асҳоби ҳаюло, фалсафаи машшоия, фалсафаи калом, исмоилия, ихвон-ус-сафо, тасаввуф, ҳикмати ишроқ); фалсафаи тоҷик дар асрҳои XVI-XIX- (Аҳмади Донишу пайравони ӯ, ҷадидия ва дурнамои таърих, фалсафа, мантиқ, кайҳоншиносӣ дар Осиёи Марказии асрҳои XVI ва нимаи асри XIX); таълифоти илмӣ доир ба масоили фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғ.-ро дар бар мегиранд.

Мӯсо Диноршоев бо таълиф намудани асарҳои сегонаи худ- «Фалсафаи Насириддини Тусӣ», «Натурфалсафаи Ибни Сино» ва «Аз таърихи фалсафаи тоҷик» як самти муайяну мактаби комилан нави муназзами афкори фалсафии тоҷикро ба вуҷуд овард ва онро бо усулҳои пешқадами илмию назариявӣ устувор сохт.

Ҳамчунин саҳми Диноршоев дар навиштани китобҳои дарсии «Фалсафа», «Очеркҳои таърихи фалсафа», таҳрири Доиратулмаорифи тоҷику фарҳангномаҳои соҳавию тахассусӣ, тарҷумаи осори файласуфону шоирони адабиёти классики тоҷику форс ва ба камол расонидани кадрҳои илмии соҳаи фалсафа хеле бузург мебошад.

Солҳои 70-90-уми асри XX ва давраи истиқлолият самтҳои фалсафаи иҷтимоӣ ва ҷомеашиносӣ низ яке аз ҷабҳаҳои пешрафтаи фалсафаи муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Донишмандони ин соҳа С. Наврӯзов, И. Шарифов, Ш. Шоисматуллоев, А. Самиев, М. Музаффарӣ, А. Саидов, Х. Идиев, П. Шоазимов ва дигарон мебошанд.

Султон Наврӯзов (1939) муҳақиққи варзидаву пухтакори ин соҳаи фалсафа ба ҳисоб меравад. «Инқилоби илмӣ-техникӣ ва оқибатҳои иҷтимоии он », сил- силакитоби «Қобилияти инсонӣ » бо дарназардошти таносуби ҷанбаҳои иҷтимоӣ-биологӣ; иҷтимоӣ-фалсафӣ, ҷаъиятӣ-ҳаётӣ ва воқеияти шайъии нерӯи инсонӣ ва «Ҳамоҳангӣ ва ноҳамоҳангии қобилияти инсонӣ ва талабот» муҳимтарин тадқиқоти илмии ӯ мебошанд. Ҳамчунин якчанд китобҳо доир ба шаффофияту арзишмандии илму маорифи тоҷик низ навиштааст.

Шоназар Шоисматуллоев (1946) дар ҷомеашиносии муосири тоҷик намоёнтарин донишманди соҳа маҳсуб мешавад. Самти тадқиқоти илмии ӯ асосан ба таҳқиққи ташаккулу такмили шакли нави ҷомеа ва масъалаҳои ҷомеашиносии низоми маълумоту маорифи Тоҷикистон равона шудааст. «Зӯроварӣ дар муносибат бо занон:гузашта ва ҳозира», «Маълумоти духтарон», «Зан ва маводи мухаддир», «Тоҷикистон дар ойинаи мероспазирӣ ва ивазшавии наслҳо» вағ. асоситарин тадқиқоти илмии ӯ мебошанд.

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ (1947) яке аз донишмандони маъруфи фалсафаи инсоншиносӣ дар Тоҷикистон мебошад. «Фардияти инсонӣ», «Мадхали инсоншиносӣ», «Инсоншиносӣ » ва «Антропологияи ориёӣ» намоёнтарин асарҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ ба шумор мераванд, ки дар онҳо доир ба муҳимтарин паҳлӯҳои гуногуни ҳикмати инсоншиносӣ сухан рафтааст.

Дар ин солҳо ҳамчунин тамоюли омӯзиш ва баррасии таърихи фалсафаи тоҷик, хусусан, корҳои илмии олимони кишвар доир ба ҳикмати тасаввуф-М.Раҷабов, Ғ.Ашӯров, Н.Одилов, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Султонов, М.Ҳазратқулов, Б.Исматов, И.Зиёев, Х.Зиёев, И.Саидов, Я.Одинаев, Н.Содиқова, М.Маҳмадҷонова; калом-З.Вазиров, А.Шамолов, К.Бекзода; машшоия Н.Идибеков, Ф.Сироҷов, У.Султонов; Х.Шоихтиёров,Н.Раҳматуллоев, З.Диноршоева; исмоилия — Х.Додихудоев, F.Ашӯров, Н.Арабзода, Т.Муродова, А.Шохуморов; онтология, назарияи маърифат ва мантиқ- М.Fафорова, М.Болтаев, Н.Сайфуллоев, Ҷ.Шамсиддинов; диншиносиву фалсафаи дин, ахлоқ ва эстетика-О.Бозоров, Р.Маҷидов, С.Аҳмадов, Ш.Абдуллозода, М.Давлатов, М.Мирбобоев, Ҳ.Элбоев, С.Раҳимов ва оид ба таҳқиқи афкори сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик- Р.Комилов, Н.Саидов ва дигарон ба миён омадаанд. Донишмандони зикршуда соҳибкитоб ва дорои мақолаҳои зиёде мебошанд, ки хонандагон метавонанд осори онҳоро аз феҳрастҳои китобхонаҳои донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ пайдо кунанд.

Дар солҳои охир якчанд китобу воситаҳои илмию таълимӣ роҷеъ ба фалсафаи соҳавӣ навишта шуданд.«Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбинӣ», «Фалсафаи ҳуқуқ»(муаллифи он Р.С.Комилов ва «Фалсафаи илм» (муаллифонашон Р.Комилов ва М.Назаров) намунаи онанд. Ин китобҳо барои гузаронидани дарсҳои назариявию амалии донишҷӯён ва самараноку босифат пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантону унвонҷӯёни кишвар хуб мусоидат менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки тайи даҳ-понздаҳ соли охир дар кишвар теъдоди устодони ҷавони дараҷаи унвонҳои илмидоштаи номзадиву доктории соҳаи фалсафа хеле афзуд, ки аксарияти онҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз фанни фалсафа содиқона дарс мегӯянд. Ин падидаи матлуб бори дигар собит менамояд, ки илми фалсафа дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳолате вусъату рушди тоза қарор дорад.

Имрӯз муҳақиққони тоҷик оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои дар боло зикршудаи фалсафа босамарона фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии мебаранд, нақши хеле барҷастаи фарҳангӣ дар ҷомеа мебозанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Адабиёти тавсияшаванда

 

  1. Арабзода (Қулматов) Н. Фахруддини Розӣ. -Душанбе, 1993.
  2. Арабзода Н. Носири Хусрав (тадrиrи назариёти фалсафӣ) –

Душанбе, 1994.

  1. Боговтдинов   А.М.   Очерки   по   истории   таджикского

философии.-Сталинобод, 1961.

  1. Баррасиҳо аз таърихи фалсафаи тоҷику форс. -Душанбе, 2002.
  2. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. -Душанбе, 1998,

(бо ҳуруфи арабиасос).

  1. Додихудоев X. Очерки философии исмоилизма. -Душанбе, 1976.
  2. Комилов Р., Нуралиев М. Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбини. –

Душанбе, 2002.

  1. Муҳаммадходжаев А. Геносеология суфизма. -Душанбе, 1990.
  2. Мухаммад Рашод. Фалсафа ва оғози таърих. Китоби якум. –

Ҷилдҳои 1-2. -Душанбе, 1990, Ҷилдҳои 3-4. Китоби дуюм.

-Душанбе, 2002.

  1. Муҳаммад Шариф. Таърихи фалсафа дар ислом дар 7 ҷилд.

-Теҳрон, 1372 ҳ.

  1. Муминджанов Х.Х. Философские проблемы зороастризма.

-Душанбе, 2002.

  1. Олимов К. Баррасиҳо дар тасаввуф. -Душанбе, 1999.
  2. Олимов К. Хоросанский суфизм. -Душанбе, 1993.
  3. Одинаев Я.К. Коран. Философские, этическое и /по

эстетическое учение. . -Душанбе, 1991.

  1. Одилов Н.Ф. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. -Душанбе, 1976.
  2. Зиёев Х.М. Мавлавия ва таърихи таҳаввули он. -Душанбе, 2004.
  3. Раджабов М. Абдураҳман Джами и таджикская философия.

-Душанбе, 1968.

  1. Содиrов А.У. Аз таърихи афкори ахлоrи мутафаккирони тоxик.

Китобҳои якум ва дуюм. -Душанбе, 1998.

  1. Содиқов А.У. Ҷаҳонбинӣ ва ахлоқ, аз диди мутафаккирон

Шарқ, -Душанбе, 2003.

  1. Степанянц М.Т. Философские аспектмы суфизм. -М., 1987.
  2. Турсунов Акбар. Эҳёи Аxам. -Душанбе, 1980.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Фалсафи тоҷику форс дар аҳди қадим ва асрҳои миёна: 51 комментарий

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *