Роҳбари ҷавон бо корҳои бузург

Шаҳри зебои Душанбе маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Душанбе хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Имрўз дар Душанбе тамоми шароитҳо барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон муҳайё шуда истодааст. Аммо таъмини ҳамаи ин шароитҳо якбора амалӣ нашуда, натиҷаи меҳнати мунтазам ва шабонарўзии роҳбарияти шаҳр аст. Баъзан ақидаҳое садо медоданд, ки корҳои масъулиятнок ва муҳимро ба зиммаи ҷавонон гузоштан хатост. Гўё бинобар сабаби ҷавон будан онҳо аз уҳдаи иҷрои он намебаромада бошанд. Банда низ қаблан ин андешаро дастгирӣ мекардам. Лекин дар тўли як соли охир ғалат будани андешаи мазкур исбот шуд. Ин қолаби шахшударо яке аз сиёсатмадорони ҷавони кишварамон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шикаст ва дар ниҳоди тамоми ҷавонони ҷумҳуриамон ҳисси бовариро ба худ чун симои созандаву бунёдкор бедор намуд. Корҳои бузурге, ки раиси шаҳрамон Рустами Эмомалӣ дар муддати кўтоҳ анҷом дод, исбот кард, ки дар ҳолати мавҷуд будани азму иродаи қавӣ тамоми мушкилӣ ҳалли худро меёбад ва дилхоҳ масъала ҳал мешавад. Имрўзҳо раиси шаҳрамон ба идеали ҷавонон табдил ёфта, фаъолияташон дарси ибрат мебошад.
Ҳисси масъулияту ватандўстӣ, эҳтироми хурду бузург ва тамоми табақаҳои ҷомеаро аз ў бояд омўхт. Имрўз пойтахтамон ба маконе табдил ёфтааст, ки шароитҳо барои зиндагии арзанда ва шоиста тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин шудаанд. Барои ҳаёту фаъолияти кўдакон, наврасон, ҷавонон, калонсолон, маъюбон ва умуман тамоми табақаҳо шароитҳо муҳайё шуда истодаанд. Дар тамоми гўшаҳои шаҳрамон садҳо майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои тарзи ҳаёти солим муҳиманд. Барои истироҳати сокинон бошад, боғҳо ва гулгаштҳои нав бунёд шуданд ва боғҳои мавҷуда пурра таҷдид карда шуда, симои худро комилан дигар карданд. Боғи ҷавонон, Боғи Устод Рўдакӣ, Боғи Устод Айнӣ, Боғи Дўстии халқҳо, Боғи ғалаба дарҳои худро барои сокинону меҳмонон боз намудаанд. Ин боғҳо бо гулу буттаҳо ва дарахтони зебо симои шаҳри азизамонро ба кулли тағйир доданд, ки ин зебогиро сокиинону меҳмонони шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ надида буданд. Дар ҳақиқат ш.Душанбе имрўз ба шаҳри гулҳо табдил ёфта, макони истироҳату фароғати шаҳрвандон гаштааст. Сохтмони биноҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ бо суръати баланд рафта истодааст. Имрўз дар Душанбе пайдо намудани мактабе, ки бинои он хароб ва ҷавобгўи талаботи замон набошад, ғайриимкон аст. Сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳр низ ба маротиб боло рафтааст ва ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо технологияҳои навтарин таъмин мебошанд, ки дар онҳо амалиётҳои ҷарроҳии нодиртарин гузаронида мешаванд. Масъалаи роҳу нақлиёт, ки солҳои зиёд сокинони пойтахтро ташвиш медод ва ба назар чунин мерасид, ки гўё ҳеҷ гоҳ ҳалли худро намеёбад низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Воситаҳои нақлиёти замонавӣ, ки бо ибтикори ҳукумати шаҳри Душанбе аз хориҷ ворид карда шуданд, ин мушкилии сокинонро ҳал кард. Дар таъмири роҳҳои мавҷуда ва сохтмони роҳҳои нав ҳоҷати баҳс нест. Зеро бе ягон шарҳи иловагӣ ҳамаи бошандагони ин хуррамшаҳр-Душанбеи азизамон шоҳиди роҳсозиҳои раиси шаҳрамон мебошанд. Агар оиди ободкориҳо дар Душанбе сухан гўем, вақт кифоягӣ намекунад. Ҳадаф аз навиштани ин матлаб дар чӣ буд. Мақсад ин буд, ки раиси шаҳрамон Рустами Эмомалӣ бо иқдомҳои созандаи худ исбот кард, ки бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи кадрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар сиёсат роҳ барои ҷавонон кушода шуд ва онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафти кишвари азизамон гузошта истодаанд.

Матолиб аз Фейсбук — Давлатзода Дилшод Шералӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *