«Қурбонӣ» барои Бахт

Донишманде мафтуни зебоии олам, аз ҳаёт фараҳманд шуда, ба роҳаш мерафт. Ногоҳ марди аз машаққат қоматаш хамшудаеро дид.

-Чаро худатонро гирифтори чунин уқубатҳо намудед?-пурсид донишманд.

-Ман барои бахти фарзандон ва набераҳоям азоб кашида истодаам,-ҷавоб дод мард.- Падари бобоям барои хушбахт шудани он кас машаққат кашидаанд, бобоям бошанд барои бахти падарам, падарам барои бахти ман дар иҳотаи изтиробҳо зиндагӣ намуд. Ман ҳам барои ҳаёти хуррам гузарондани фарзандон ва набераҳоям ба давоми умрам азоб кашидан розиям.

-Дар оилаатон касе хушбахт шудааст?-савол дод донишманд.

-Не, аммо албатта хушбахт шудани фарзандон ва набераҳои ман даркор аст!

-Одами бесавод хонданро омўзонда наметавонад, кўрмуш ҳеҷ гоҳ бургутро тарбия наменамояд,-ба ҷаҳл омада гуфт донишманд.-Аввало худатон хушбахт шуданро омўзед, ҳамон вақт чӣ хел хушбахт намудани фарзандон ва набераҳоятонро мефаҳмед!

Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *