Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ

8 июни соли 2018 дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ  дар мавзуи “Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтараи Рустами Эмомалӣ ба мақсади тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир баргузор гардид.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муасиссаҳо гузаронида шуд.

Дар форум коршиносон аз соҳаҳои гуногун, олимону муҳақиқон, ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо ва ҳамчунин тавассути фосилавӣ коршиносон аз хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Қабл аз шурӯи қисмати расмии чорабинӣ меҳмоннон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохили ва хориҷи кишвар ва ярмаркаҳои ҷои кори холӣ дидан намуданд.

Қисматии расмии форум бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Мирзозода Абдусалом, муовини раиси Кумитаи кор бо занон  ва оила Давлатзода Зулфия, мушовири вазири корҳои хориҷӣ Камолов Абудғаффор, меҳмонон аз хориҷӣ кишвар ва донишҷӯёну ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар оғози суханронии худ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо қайд намуд, ки дар замони муосир, ки амиқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур ва шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзунӣ равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, рушди нерӯи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манифатҳои миллат ба ҳисоб меравад:

– Нерӯи инсонӣ худ маҷмӯи дониш ва маҳорату малакаи инсон буда, дар қонеъгардонии ниёзу эҳтиёҷоти ҷомеа дар умум таъсир ва нақши муҳим дорад. Сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон, роҳ додани онҳо ба майдонҳои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ғамхорию дастгириҳои пайвастаи онҳо имрӯз набзи зиндагии кишвар гардида аст. Ҳоло теъдоди ҷавонони то 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият карда истодаанд. Баргузор гардидани Форуми байналмилалии рушди сармояи инсони бахшида ба мавзӯи “Роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои касбӣ” дар рушди нерӯи инсонӣ, аҳамияти бештар зоҳир намудани ҷавонон ба масъалаи мазкур, муваффақ гардидан дар роҳи интихоби касб ва баланд бардоштани сатҳи касбиятнокии ҷавонон мусоидат мекунад- гуфт Назарзода Ризо дар идомаи суханронии худ.

Дар рафти форум намояндагони вазорату идораҳо ва меҳмонон аз хориҷи кишвар дар доираи мавзӯи “Роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои касбӣ” суханронӣ намуда, иқдоми мазкурро мубрам ва аҳамиятнок арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур дар толорҳои алоҳидаи Кохи афсарон қисматҳои сексинонии форум дар бахшҳои идоракунӣ ва рушди сармоя инсонӣ, роҳ ва усулҳои нави муосири ба тиҷорат машғул гардидан барои насли ҷавон дар замони ҷаҳонишавӣ, интихоби касб ва таҳсилоти муосир барои насли ҷавон гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *