NBT.TJ — Бонки миллии Тоҷикистон — Донишхона

NBT.TJ — Бонки миллии Тоҷикистон

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон :

1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон инҳоянд:

— таъмини устувории низоми бонкии давлат;

— мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон:

— таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти

ҷомеа расонидани натиҷаҳои таҳлил;

— додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;

— додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюроҳои таърихи қарз ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;

— ташкили низоми пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва низоми хизматрасониҳои пулӣ, танзим ва назорати фаъолияти онҳо;

— ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;

— нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;

— иҷрои амалиётҳои бонкӣ;

— ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;

— аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои амалиётҳое, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд;

— таҳияи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *