Ҷунбиши Сарбадорон. Темур ва Темуриён — Донишхона

Ҷунбиши Сарбадорон. Темур ва Темуриён

Сарбадорони Самарқанд. Сабаби исёни сарбадорони Самарқанд ҳуҷуми Илёсхоҷа-писари Тулуқ Темури Илекхон баъди муҳорибаи болои лой (1364) буд. Чун Ҳусайн ва Темур дар ҷанги соҳили дарёи Чирчиқ шикаст хӯрданду ба Балх гурехтанд, Илёсхоҷа ба Самарканд лашкар кашид. Шаҳриён бо роҳбарии Мавлонозода, Хурдаки Бухороӣ ва Абӯбакри Калавӣ чунон муҳорибаро ташкил доданд, ки Илёсхоҷа шаҳрро ишғол карда натавонист. Вале ӯ атрофи Самарқандро ғорат карда, ба ватанаш (Узганд) баргашт. Ин барои сарбадорони Самарқанд ғалаба буд. Вале ин ғалаба аз беҷуръатии сардорони он барои самарқандиён побандшавии нав гардид. Бо дассисаи Темур, Ҳусайн бо лашкарашон ба Самарқанд омада, дар асл шаҳрро ба иҳота гирифта, ба сарбадорон нома навишта, ваъда медиҳанд, ки ҳеҷ кадоми онҳоро ҷазо намедиҳанд. Аммо аксарияти ҳайати сарбадорон ба ваъдаи Ҳусайн бовар карда, баръакси хоҳиши сардорон қӯшуни Ҳусайнро ба шаҳр роҳ доданд. Вале Ҳусайн ва Темур ба ваъдаи худ вафо накарданд. Аввал Абӯбакри Калавӣ ва Хурдаки Бухороиро қатл намуда, баъд Темур ҷони Мавлонозодаро аз Ҳусейн талабида, гӯё ӯро ба табобат мефиристода бошад, Мавлонозодаро бо фармони Темур дар дарёи Зарафшон арқ кунонданд (ба гарданаш санг баста, ба дарё партофтанду овоза паҳн карданд, ки Мавлонозодаро сели ногаҳонӣ бурд). Ҳамин тариқ, ҳарака-ти сарбадорони Самарқанд ҳам анҷом ёфт. Темур ва Ҳусайн ин алабаро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода карданд. Ин воқеа соли 1365 рӯй дода буд. Соли 1370 бошад, Темур бо фиреб Ҳусайнро ба ҷанги зидди Чаону Ҳисор ва Хатлон фиристод. Дар ин ҷанг, ки соли 1370 рӯй дода буд, Ҳусайн кушта мешавад ва Темур худро амир эълон мекунад. Ҳамин тариқ Темур ба сари ҳокимият омад. Темур зиёда аз 17 сол ҷангҳои дохилӣ бурда, тамоми Мовароуннаҳру Фарона, Хуросону мулкҳои афонро забт намудааст. Дар вақти забт кардани ин минтақа ду шаҳрро — Урганҷ ва Сабзавори Хуросонро тамоман харобазор гардонда буд.

Ба айр аз ин, Темур ҷангҳои оратгарона ҳам кардааст. Солҳои 1375 — 1379 ӯ Эронро забт намуда, дар Сабзавору Нишопур ва Ҳамадон аҳолии зиёдеро аз дами те гузаронид.

Дар соли 1392 Кавказ ва дар солҳои 1393 — 1395 хони Олтин Ӯрда Тӯхтамишхонро шикаст дода, пойтахти он Саройро нест кард. Инчунин ҷануби Русияро тороҷ намуда, ба Самарқанд баргашт. Соли  1398 Деҳлиро, 1400 Мисрро, соли 1402 Анқараро ишол намуд. Лашкаркашиҳои Темур пурра характери оратгарона доштанд. Баъди ҷанг ва ишоли манзиле, минтақае, давлате қӯшуни Темур ба орати амволи мардум сар мекарду худи Темур бошад аз он моли оратшуда ҳисса меситонд. Темур шахси бениҳоят бераҳм буд. Масалан, вақте ки дар Осиёи Хурд баъди забти шаҳре фармон дод, ки тамоми кӯдаконро ҷамъ оваранд. Баъди ҷамъ овардани кӯдакон фармон дод, ки онҳоро ба замин партоянд ва аз болои онҳо бо аспу аробаҳо гузаранд. Ё дар Сабзавор соли 1383  4 ҳазор одамро зинда бо гаҷ девор карданд. Одати асиронро зинда гӯр кардан  хеле паҳн гашта буд. Вале аз ҳама даҳшаткориҳои ӯ калламанорасозиҳои ӯ бештар маълум аст. Соли  1387 дар Исфаҳон 70 ҳазор, соли 1398 дар Деҳлӣ 100 ҳазор, соли 1401 дар Димишқ 90 ҳазор, дар Умеда (Сурия) 100 ҳазор, бегуноҳонро сар бурида, калламанораҳо сохтааст. Охирин тайёрии Темур ба ҷанги зидди Хитой буд. Баҳори 1405 ин ҷанг мебоист ооз мегардид. Вале феврали соли 1405 Темур вафот кард ва ворисони ӯ аз ин кор рӯ гардонданд.

Давраи ҳукмронии Темуриён. Темур ба ворисонаш империяи бузургеро мерос гузошт. Ба фарзандонаш мулкҳои алоҳидаро тақсим карда буд. Ба Ҷаҳонгир Самарқанд ва аторофи ӯ; ба Умаршайх Эрон; ба Мироншоҳ Тошканд ва атрофи  ӯ; ба Шоҳрух Ҳирот ва атрофи ӯ ва ҳатто ворисони писаронашро ҳам таъин карда буд. Вале баъди Темур байни фарзандону наберагони ӯ ҷангҳои тӯлонӣ барои ҳокимияти марказӣ сар шуд. Ба Шоҳрух (1405 — 1440) муяссар гардид, ки баъди 15-20 сол давлати Темуриёнро ором созад. Шоҳрух аввал Самарқандро (соли 1409) ором карда, писараш Улубекро ҳокими он монд. Фарзандони Темур Ҷаҳонгир, Мироншоҳ ва Умаршайхро аз ҳокимият ронда, соли 1414 писараш Иброҳим Султонро ҳокими Шероз ва соли 1418 писари дигараш Суюротмишро ҳокими Кобулу азна ва Қандаҳор таъин кард. Вале Озорбойҷонро баргардонда натавонист. Минбаъд дар давраи Шоҳрух ҷангҳои алоҳида зиёд шуданд. Ин ҷангҳоро Шоҳрух зидди ҳокимони Темурии Фарона (1414), водии Чу ва Иссиқкул (1425) ва бо бодиянишинҳо бурда буд.

Баъди вафоти Шоҳрух (1440) Мовароуннаҳру Хуросон, Кобулу Қандаҳор, Фаронаю Ҳафтруд акнун зери назорати Улубек монданд. Улубек соли 1449 бо дасисаи рӯҳониён бо дасти  писараш  Абдулатиф  кушта шуд. Вале баъди ду сол худи Абдулатиф ҳамчун падаркуш  қатл шуд. Ба сари ҳокимият султон Абӯсаид (1451- 1469) омад. Абӯсаид агарчи султон буд, вале аз гуфтаи Хоҷа Аҳрори Валӣ дур набуд. Ин буд, ки давлати Темуриён ба қисматҳои зиёди мухтору худмухтор ҷудо шуд. Бузургтарини онҳо ҳокими Ҳирот Ҳусайн Бойқаро буд, ки аз соли 1465 то 1509 ҳокими Ҳирот монд. Мовароуннаҳр бошад, байни фарзандони Абӯсаид тақсим шуда, дар охир соли 1500- 1509 аз тарафи Шайбониён ишол гардид. Давлати Темур ва Темуриёни Осиёи Миёна суқут ёфт. Охирин намояндаи ин сулола Бобур Мирзо ҷилои ватан карда, то соли 1512 ҳокими азнаю Кобул ва баъди 1512 асосгузори давлати Муулҳои Бузург ё шоҳигарии Деҳлӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *