Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон — Донишхона

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ.  Сабабҳои воқеаҳое, ки солҳои 1990-1997 дар Тоҷикистон шуда гузашта буд, хело зиёданд ва на ҳамеша дар қолаби назария ва таҷрибаи башар ҷой гирифта метавонанд. Вале номбару шарҳ додани онҳо имконпазир аст.Сабаби асосии он аз сари нав тақсим кардани нуфузҳои сиёсию иқтисодӣ дар доираи ҳокимият, ҳизбият, гурӯҳӣ, минтақавӣ ва ҳатто қавмӣ буд, ки дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС ба амал омада буд. Дар ҷое тақсими нуфуз дар ҳокимият, дар ҷое дар ваколат, дар ҷое иқтисод ва дар ҷое ҳизбу дигаре гурӯҳ ва минтақа талош мекарданд. Ва ҳар як мекӯшид, ки ё қонунро вайрон накунад ва ё қонунро барои ҳадафҳои худ таҳрир ва ё иваз кунад. Якеҳо ба қонунҳои ҷорӣ такя доштанду дигаре онҳоро таҳрир ва ё ивазашро металабид. Яке пофишорӣ карда ба вайрон кардану таҳрир ва ё бекор кардани қонун розӣ набуд, дигаре ҳама воситаро истифода бурда, ҳам қонунро вайрон, ислоҳ, бекор ва навашро қабул мекунонд. Ба ин худи қонун ва тафаккури қонунэҷодкунии вуҷуд доштаи Тоҷикистон мусоидат мекард. Вале баъди воқеаҳои феврали соли 1990 ва истеъфои президенти аввалини Тоҷикистон Қ. М. Маҳкамов қонуншиканию қонунқа-булкунӣ одат ва як воқеаи табиӣ гардид. Ин ибтидои мухолифати муқовиматноки ҷомеаи Тоҷикистон буд. Интихоботи навбатии президентӣ, ки ноябри соли 1991 баргузор гардид ва Р. Набиевро ба сари қудрат овард, мухалифини ақидавӣ ва сиёсии ҳизбию минтақавӣ ташаккул ёфт. Задухӯрдҳои аввалине, ки дар водии Вахш ба амал омада буданд, бештар дар заминаи мазҳабиву маҳалгароӣ ва миллӣ ба амал омада буданд ва ба онҳо тобиши сиёсӣ дода онро барои ба сари қудрат омадан истифода карданд. Ва ибтидои он ба июли соли 1992 рост меояд. Ҷанги мулкии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба 3 давра: оғоз (июл-октябри 1992), авҷи баланди он (ноябри 1992-апрели 1993) ва анҷом (майи 1993-июни 1997) ҷудо кардан мумкин аст. Хусусияти хоси давраи оғоз ё аввали ҷанг ин муборизаи мусалла-ҳона на барои ҳокимияти сиёсӣ, балки барои исботи бартарии қувваю иқтидори маҳал буд, шиори онро ваҳҳобию суннӣ дар ному байни маҳалҳо (минтақаҳо) дар асл ташкил медод ва фақат водии Вахшро фаро гирифта буд. Вале дасти ин гурӯҳҳо ба водии Ҳисор ҳам мерасид. Хусусияти хоси давраи дуюмро ба ду тарафи ба ҳамдигар зидди байни минтақаҳо ташкил медод. Дар ин ду давра ҳукумати ҷумҳурӣ худро асосан бетараф эълон карда ба натиҷаи муқовимати ин ду гурӯҳ такя карданро дошт. Яъне дар ду давр аввал дар ҷумҳурӣ се ва ҳатто аз ин ҳам зиёд қувваҳои бо ҳамдигар зид ва рӯ ба рӯ шударо дидан мумкин аст. Ин қувваҳо пеш аз ҳама ҳамон ҳукумат, ки Тоҷикистон онро дошт (Маҳкамов, Набиев, Аслонов, Искандаров), қувваҳои мазҳабиву милливу минтақавии дар водии Вахш размкунанда ва тарафдорони онҳо дар шаҳри Душанбе буда. Ҷанги бай-ни онҳо ҷанги бемаънӣ, беҳадаф, бе манбаи идеологию сиёсӣ буда, бештар ба ҷанги қассосгирии маҳаллӣ монанд буд. Ҳама тарафҳо худро ҳақ, пушту паноҳи миллат ва ҷумҳурӣ эълон карда мехостанд, ки аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёбанд. Дар ин замина чандин ҷабҳаҳои (фронтҳои) миллӣ таъсис ёфта аз байн рафтанд. Дар ин раванд шахсиятҳои зиёде ба мисли Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангурӣ Лангуриев, Хайрулло … аз дастаҳои ҷабҳаҳои (фронтҳои) миллӣ; аз намояндагони воситаҳои ахбори умум М. Олимпур, Юлдошев; аз аъзоёни ҳукумат Қ. Аслонов, Мунавваршо Назриев; аз ҳайати намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ чандин тан қатлу гаравгон гирифта ва дар маҷмӯ садҳо нафар ҷонҳо ҳадафи чунин дасисаҳо қарор гирифтанд.

Барои ба эътидол овардани вазъияти ба вуҷуд омада бо маслиҳати Федератсияи Россия Ҳукумати Тоҷикистон омодагии худро барои гуфтушунидҳо бо мухолифин изҳор кард ва аз 5 то 19 апрели соли 1994 зери роҳбарии намояндаи махсуси котиби кулли СММ оид ба Тоҷикистон Ромиро Пирис- Баллон дар шаҳри Маскав давраи аввали музокирот сурат гирифт. Давраи сеюми музокирот аз 21 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломободи Покистон доир гардид, ки давраи асосии музокирот буд. Зеро тарафҳо ба хулосае омаданд, ки шартномаи оташбас имзо карда шавад. ҳамин тариқ музокиротҳо ба дарки ҳоло фақат оташбас оварда буд, ки ин ҳам ғалабаи фикри солим буд.

6-уми ноябри соли 1994 – Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар сол ин сана ҷашн гирифта мешавад. Аз қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда ислоҳоти системаи сиёсӣ оғоз гардид. Мувофиқи моддаи аввали Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда дар он барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи Сарқонун Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд амалӣ мегардад. Сарқонун асосҳои иқтисодии шаклҳои гуногуни моли-киятро муайян намуда, фаъолияти озоди иқтисоди, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро кафолат додааст.

Интихоботи президентӣ ба 6 ноябр рост омад. Бо аксарияти овозҳо Э. Ш. Раҳмонов Президенти сеюми Тоҷикистон интихоб гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конс-титутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр-ванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамоми-яти арзӣ, пойдориву муратабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байнал-милалии Тоҷикистон мебошад. Президент пеш аз шурӯи вазифа дар назди намо-яндагони халқ дар Маҷлиси Олӣ савганд ёд мекунанд: «Ман ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конс-титутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, Таъ-мини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, Сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Декабри соли 1996 дар Москва вохӯрии ғайри-расмии Э. Ш. Раҳмонов ва Саидабдуллоҳи Нурӣ барпо гардид, ки 23-юми декабр Созишнома ва Протокол дар бораи вазифа ва салоҳияти асосии Комиссияи оштии миллӣ имзо, Муроҷиатномаи муштарак ба халқи тоҷик қабул гардид. Ин Созишнома марҳилаи наве дар истиқ-рори сулҳи тоҷикон гардид. Даври ҳаштум низ дар ду марҳила сурат гирифт. Даври аввал аз 9 то 18 апрел дар Маскав ва даври дуюм аз 22 то 28-уми май дар Теҳрон. Тарафҳо доир ба кулли масъалаҳои сиёсӣ ба мувофақа омада, Протоколи кафо-лати тадбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Инчу-нин музокироти охирин изҳор кард, ки тамоми санадҳои истиқрори сулҳ бо иштироки бевоситаи миёнаравҳо тартиб дода, барои имзо омода мегарданд.

27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз тарафи Э. Ш. Раҳмонов ва Саидабдуллоҳи Нурӣ имзо гардид. Инчунин дар ин давраи вохӯрӣ тарафҳои миёнарав изҳорот қабул намуда дар он ба кишварҳои нозир, Афғонистон, Эрон, Ӯзбе-кистон, Қазоқистон, Россия, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломиро дар ба вуҷуд омадани сулҳи тоҷикон баҳои баланд дода миннатдорӣ изҳор карда шуд. Инчунин Протоколи ҳамдигарфаҳмии Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Саидабдуллоҳи Нурӣ  ба имзо расид. Ҳамин тариқ, 8 даври музокирот ва 24 вохӯриҳо паси сар гарддида сулҳ омад. Ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон воқеаи нодир ва арзанда ба тадқиқу истифода ба таҷриба аст.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон: 20 комментариев

  • в
    Permalink

    First of all I want to say wonderful blog! I had a quick question in which I’d
    like to ask if you don’t mind. I was interested
    to know how you center yourself and clear your mind prior to writing.

    I’ve had difficulty clearing my mind in getting my ideas out there.
    I truly do take pleasure in writing but
    it just seems like the first 10 to 15 minutes are usually wasted just trying to figure out how
    to begin. Any ideas or hints? Kudos!

    Ответ
  • в
    Permalink

    In fact when someone doesn’t understand then its up
    to other users that they will assist, so here it occurs.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hey I am so happy I found your site, I really found
    you by error, while I was looking on Google for something else, Regardless I am here now and would just like to say
    kudos for a marvelous post and a all round exciting blog (I also
    love the theme/design), I don’t have time to browse it
    all at the minute but I have bookmarked it and also added
    in your RSS feeds, so when I have time I will be back to read a lot more,
    Please do keep up the superb work.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Spot on with this write-up, I actually think this amazing site needs a lot more attention. I’ll probably
    be returning to read through more, thanks for the advice!

    Ответ
  • в
    Permalink

    great points altogether, you just gained a logo new reader.
    What may you suggest in regards to your publish that you simply made a few days in the past?
    Any certain?

    Ответ
  • в
    Permalink

    Someone necessarily lend a hand to make seriously posts I’d state.
    This is the first time I frequented your website page and up
    to now? I surprised with the research you made to make this actual submit incredible.
    Great process!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Wow that was unusual. I just wrote an very long comment but after I clicked submit my comment didn’t appear.
    Grrrr… well I’m not writing all that over again. Anyway, just wanted to say excellent blog!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Howdy! Do you know if they make any plugins to assist with
    Search Engine Optimization? I’m trying to get my blog to rank for some targeted keywords but I’m not seeing very good success.
    If you know of any please share. Appreciate it!

    Ответ
  • в
    Permalink

    I think the admin of this web site is genuinely working hard for his site, as here every material is quality based information.

    Ответ
  • в
    Permalink

    Hi there, I wish for to subscribe for this weblog to take most up-to-date updates, thus where can i
    do it please help out.

    Ответ
  • в
    Permalink

    you are truly a just right webmaster. The site loading pace is amazing.
    It seems that you’re doing any distinctive trick.
    Furthermore, The contents are masterwork. you have done a magnificent job on this subject!

    Ответ
  • в
    Permalink

    Nice blog here! Also your website loads up very fast! What web host are you using?
    Can I get your affiliate link to your host? I wish my
    website loaded up as fast as yours lol

    Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *