Таъсис ёфтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон — Донишхона

Таъсис ёфтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон

Баъди аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ барома-дани ҷумҳуриҳои Наздибалтика ва Кавказ, хоҳу нохоҳ Тоҷикистон ҳам дар бораи тақдири ояндаи худ андешаҳои мушаххаси кучагӣ ва давлатии худро дошт. Куча талаби эълони истиқлолиятро дошту ҳукумат ҳанӯз ҳам умед ба иттифоқ. Ва ин умедвори аз лоиҳаи Шартномаи Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибистиқлол, ки онро 23 июли соли 1991 ҳукумати Умумиттифоқ пешни-ҳод карда буд, мебаромад. Лоиҳа аз 4 боб ва 26 модда иборат буда, аз бисёр ҷиҳат- сохторӣ, принсипҳо, мақо-мот аз шартномаи иттифоқии соли 1922 фарқ дошт. Вале вазъияти сиёсии Наздибалтика, Кавказ ва Осиёи Миёна дар аввали августи соли 1991 тезутунд гардида Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои марказиро фаро гирифта, ба таъсиси Кумитаи Давлатии Вазъиятҳои Фавқулодда (КДВФ)-и ИЧШС овард. Ин кумита 18-уми август «Муроҷиатнома ба халқи шӯравӣ»-ро эълон намуд, ки дар он аз хавфи ба амал омадаистодаи парокандагии ИҶШС дарак ва гузаронидани чораҳои таъҷилии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ хабар медод. Ва мазмуни ин чораҳо дар қарорҳои №1 ва №2-и Кумита зуҳури худро ёфта буданд. Ин ҳуҷҷатҳои КДВФ КМ ҲК ИҶШС, ҳукумати ИҶШС ва баъзе ҲК ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҳукуматҳоро ҳам тарсонду ва ҳам ба тадбирҷӯиҳо ҳавола кард. Аз ҷумла 22-юми август Қ. М. Маҳкамов ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуда аҳолии ҷумҳуриро ваъда дод, ки ҳама масълаҳо дар доираи қонун ҳал мегарданд ва эълон намуда буд, ки сарони ҳизбу ҳукумати Тоҷикис-тон тарафдори нигоҳ доштани ИҶШС мебошанд ва дар сари ҳалли масъалаи муайян намудани муносибати худ нисбати КДВФ ИҶШС қарор доранд.

28-уми август Пленуми IX ҲК Тоҷикистон зери фишори тазоҳуротчиён ба тариқи расмӣ КДВФ ИҶШС маҳкум карда эълон кард, ки ҲК Тоҷиктон аз ҷиҳати  сохтор тағйир дода мешавад. 31-ум август бошад, иҷлосияи Шӯроӣ Олӣ дар бораи иваз кардани номи ҷумҳурӣ қарор қабул карда, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дод. 3-юми сентябр бошад, намояндагони Шӯроӣ Олӣ зери  фишори  оммаи  дар  майдону кӯчаҳо ҷамъ омада Қ. М. Маҳкамовро маҷбур карданд, ки ба истеъфо равад. Қ. М. Маҳкамов ба истеъфо рафт. Қарор карда шуда буд, ки интихоботи президентӣ ташкил карда ва 27-уми октябри соли 1991 гузаронида шавад. 9-уми сентябр сессияи Шуроӣ Олӣ қарорро дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул кард, ки он инчунин маънои аз ИҶШС баромаданро дошт. Ҳамин тариқ, дар таърихи халқи тоҷик боз давраи нави таърихӣ- давраи истиқлолияти Тоҷикистон оғоз гардид, ки онро халқи тоҷик ҳамчун рӯзи истиқлолият ва озодӣ ҳар сол ҷашн  мегирад. Ин истиқлолиятро Тоҷикистон ҳамчун неъмати бебаҳо ва бе сайъу кушиши зиёдатӣ- бе талафоти мод-дию ҷонӣ ба даст даровард. Ин илтифоти худовандие буд барои тоҷикистониён.

9-уми сентябри соли 1991 сараввал дар майдони Озодии Душанбе ва баъд дар тамоми майдонҳою кӯчаҳо Марказии Душанбе ва дар тамоми ҷумҳурӣ ид буд, иди Истиқлол. Вале маълум гардид, ки ҷомеаи онрӯза ба ин воқеа тайёр набудааст. Истиқлолият чандин масъалаҳоеро пеш овард, ки сабаби тезутундшавии вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ гардиданд. Ҳатто «қаҳрамонҳо»-и истиқлолият пайдо шуда, вазъи-яти ҷумҳуриро ноором сохтанд. Ҷумҳурии навбунёду навистиқлол ҳукумати корношоям ва беэътибору аз гузашта меросмонда қодир набуд, ки низоми кории худро мувофиқи талаботи замона ба роҳ монад. Тамоми мақомотҳои зӯрӣ (артиш, милиса, прокуратура, суд, адлия ва амният) фалаҷ гардида, роҳбарияти издиҳому майдондориҳо 6а дасти шахсияту гурӯҳҳои ҷиноятпеша қарор гирифтанд. Аз ин гурӯҳ ҳизбҳою гурӯҳҳои гуногун истифода мебурдагӣ шуданд. Маҳз ҳамин ҳолат ба ҳолати идоранашавандагӣ оварда буд. Яъне авзои сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистонро беш-тар вазъияти душвори тазоҳуротӣ ташкил медод.

Сабабҳои воқеаҳое, ки солҳои 1990-1997 дар Тоҷикистон шуда гузашта буд, хело зиёданд ва на ҳамеша дар қолаби назария ва таҷрибаи башар ҷой гирифта метавонанд. Вале номбару шарҳ додани онҳо имконпазир аст.Сабаби асосии он аз сари нав тақсим кардани нуфузҳои сиёсию иқтисодӣ дар доираи ҳокимият, ҳизбият, гурӯҳӣ, минтақавӣ ва ҳатто қавмӣ буд, ки дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС ба амал омада буд. Дар ҷое тақсими нуфуз дар ҳокимият, дар ҷое дар ваколат, дар ҷое иқтисод ва дар ҷое ҳизбу дигаре гурӯҳ ва минтақа талош мекарданд. Ва ҳар як мекӯшид, ки ё қонунро вайрон накунад ва ё қонунро барои ҳадафҳои худ таҳрир ва ё иваз кунад. Якеҳо ба қонунҳои ҷорӣ такя доштанду дигаре онҳоро таҳрир ва ё ивазашро металабид.

Иҷлосияи 16-уми ғайринавбатии дар Хӯҷанд баргузоршуда ба раванди ҷанги шаҳрвандӣ ва қазияи Тоҷикистон умуман, афкори созандагӣ ва бунёдкори гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия дарк гардид, ки аз ҳимояи истиқлол дида масъалаи муҳим масъала нест. Ва онро фақат бо роҳи оштии миллӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Иҷлосияи таърихии 16-уми ғайринавбатӣ-Прези-диуми нави Шӯрои Олӣ ва ҳукумати нави ризоияти миллиро таъсис дода ба он намояндагони тарафҳои даргир дохил гардиданд. Ҳатто рӯзи 26-уми ноябрро Шӯрои Олӣ рӯзи Сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон карда буд.

Агар Иҷлосияи XYI-ум аз як тараф ҳукумати наву диди навро ба ҳалли қазияи Тоҷикистон дода бошад, аз тарафи дигар он оғози давраи нави ҷанги шаҳрвандӣ ҳам гардид. Чунки ҳукумати нав мухолифинро эътироф накард ва бо онҳо ҳеч гуна гуфтушунидро раво надид. Баробари таъсиси ҳукумати ризоияти миллӣ акнун «ҳукумати» иҷбории миллии дар арсаи байналмилалӣ эътирофшуда ҳам таъсис ёфта буд ва ҳарду такягоҳи дохилӣ ва берунӣ пайдо карда буданд. Дар чунин шароит гузаштҳо, гуфтушу-нидҳо, бахшишҳо лозим буд. Чунки бартарии ҷисмонии ҳеч як тараф аз имкон берун буд. На ҳукумат мухоли-фини дар арсаи байналмиллалӣ эътироф шуда ва на мухолифин ҳукумати дар асоси қонун ба вуҷуд омадаро барҳам дода наметавонистанд. Ва дар охир муҳоҷирати иҷборӣ, бесарусомониҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳарду тараф- ҳукумат ва мухолифинро ба ақидае оварданд, ки оштии миллӣ шарт ва зарур аст.  Чунки истиқлолият ва давлат аз байн рафта истода буду роҳи аз ҳама наздику самарабахшаш дар дасти худи тоҷикон буд. Баробари таъсиси ҳукумати ризоияти миллӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ якчанд қонуну қарорҳои созандагиро аз қабили Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул кард. Ҳамин Қонун буд, ки роҳбарони қувваҳои силоҳбадаст ба ҳамдигар даст дода, назди парчами Тоҷикистон ба зону зада, онро бӯсида, тавба карданд ва аҳди бародарӣ хонданд. Шӯрои Олӣ бошад Муроҷиатномаеро ба тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ қабул намуда, дар он ҷангро маҳкум карда буд. Ҳатто оши оштии миллӣ ҳам пухта шуда буд. Мутаассифона, вохӯрии Хӯҷанд анҷоми ҷанг нагардида, балки оғози давраи нави ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *