Тоҷикистон дар давраи «бозсозӣ» (1985-1990)

Пленуми апрелии соли 1985 асосан консепсия ва стратегияи инкишофи босуръати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, роҳи таҷдиди сотсиализмро муайян сохта, ин сиёсат дар анҷумани XXYII ҲКИШ, конференсияи XIX ҳизбии Умумииттифоқӣ ва Пленумҳои солҳои 1985-1990 пурра карда шуда буданд. Консепсияи бозсозӣ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷомеаи шӯравиро фаро гирифта қисмҳои асосии онро демократикунонии ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ва исло-ҳотҳои радикалии иқтисодӣ ташкил медоданд. Халқи тоҷик аз бозсозӣ умеди калон дошт ва онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. Бо эълони консепсияи бозсозӣ зарурият пайдо шуд, ки онро бо қонун ва соҳа ба соҳа ҳал карда шавад. Аз ин рӯ, январи соли 1987 масъалаи бозсозии сиёсати кадрҳо, июли соли 1987 бозсозии идораи хоҷагии халқ, феврали соли 1988 бозсозии мактаби миёна ва олӣ ва дар охир июни соли 1988 дар Конференсияи XIX умумииттифоқии ҳизбӣ, таърифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро ҳамчун сиёсати азнавсозии ҷомеаи сотсиалистӣ гирифта буд. Бозсозӣ мебоист ИҶШС мустаҳкамтару тавонотар мегардонд. Вале сабаби шикасти сотсиализми шӯравии ИҶШС ҳам гардид.

Дар солҳои 70 ва ибтидои 80-уми асри ХХ ҷомеаи шӯравиро дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷамъияти; идора, иқтисод ва маънавиёт бюрократизм фаро гирифта буд. Ин ҳолатро ҷомеа дарк карда буд. Вале бо он мубориза бурданро боз ҳамон бюрократизм душвор гардонда буд. Чунки ҲК ва Ҳукумати Шӯравӣ роҳи мубориза зидди бюрократияро шиор карда буданду муборизаро бо танқиди бюро-кратия хотима медоданд. Вале аз ҲК Ҳукумати Шӯравӣ ва шаҳрвандон  шахсҳое пайдо мешуданд, ки на фақат ба танқиди бюрократизм ҳамчун система банд буданд, балки онро ҳамчун система аз байн бурдан ибрози ақида ҳам мекарданд. Вале одатан ин садоҳо дар солҳои 1971-1985 ба восита ихтисорҳо, аз ҷои кор ивазкуниҳо, ба нафақа фиристоданҳо ва таъқибкуниҳои рӯҳӣ пахшу хомӯш гардонда мешуданд. Ва мешуд ки мағлуб нагар-дидаҳо ҷилои ватан ҳам мекарданд ва мӯҳри хиёнату ҷиноят ва душман ҳам зада мегардиданд. Ин ҳолати воқеии ҷомеаи шӯравӣ равшанфикронро ба тааҷубу таасуф ва изтироб ҳам меовард. Вале минбари «ҳақиқат» ҲК ва идораҳои он обкому райком ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбию Президиуми Шӯроӣ Олии ҷумҳурӣ ва органҳои болоию маҳаллии он Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон, ҳукуматҳо ноҳиявӣ ва қишлоқӣ ҳисобида мешуду тамоми аппарати судию қудратӣ дар хизмати онҳо буд. Ин бюрократияи ҳизбию ҳукуматӣ  то соли 1985 аз болои неруи тоза ва созандаю бунёдкорона «ғалаба» карда тавонист. Вале ҷомеаро ба пеш бурда натавонист. Маҳз ноӯҳдабароии бюрократияи ҳизбию давлатӣ буд, ки ба ҷомеа торафт ошкорбаёнӣ ва дигарақидагӣ роҳ ёфт. Ҷомеаи шӯравӣ умуман Тоҷикистонӣ аз ҷумла ин ҳолати воқеии солҳои 70-умро чуноне ки буд, қабулаш намуда буд. Аз ин рӯ, ҳизби ҳукмрон ва ҳукумату органҳои таъсисдодаи он мебоист роҳҳои аз ин холати бӯҳронӣ баровардани ҷомеаро ҷустуҷӯ мекард ва бояд меёфт. Ва ин ҳизбу ҳукумат ақидаи худро ақидаи беҳтарин ва роҳи интихоб кардаи худро дурустарин ҳисобида онро ба гардани ҷомеа бор мекард. Ва ин ақидаю роҳи интихобкардаи ҳизбу ҳукумат мебоист амалӣ гардонда мешуданд ва ба воситаи муҳокимаю қарорҳо аз минбари анҷуману Пленумҳои ҲК ва қонуну қарорҳои ҳукумати комунистӣ гуфтаю навиштаю қарор бароварда мешуданд. Яъне роҳи асосии аз бӯҳрон баровардани ҷомеаро бо роҳи фармонфармоию шиорҳо пеш гирифта буданд. Ин усул дар солҳои 40-50 самара дода буд. Вале дар солҳои 70-80 дигар самара дода наметавонист. Шиори нақша- қонун иҷрояш- шараф фит шуда буд. Чунки қарорҳо қабул мешуданду вале иҷро не. Қарори беҷо қабул кардагону иҷро нагардида муҳокима мешуданд, вале гунаҳкорон то охир фош намегардиданд. Фош гарданд ҳам эълони ҷомеа намегардиданд. Ҳизбу ҳукумат аз кори асосии худ дида, ба таърифи ҳамдигар бештар машғул буданд. Дар солҳои 70-уми асри XX ҳизбу ҳукумат ва идораю ташкилотҳоро бюрократизм фаро гирифта буд. Бюрократизми шӯравӣ ин маъму-рияти ҳизбӣ, давлатӣ ва маъмурӣ дар ҳама зина- олӣ ва маҳаллӣ буд, ки ба воситаи маъмуронашон амалӣ гардонда мешуд.

Аз сабабе ки эълону ибтидои бозсозӣ хеле дер оғоз ёфту усули гузаронидани он берабт буд, ҷомеаи Тоҷикистон ба душворие рӯ ба рӯ гашт, ки ҳалли он бештар ба авзои ҳуқуқии бозсозӣ вобаста буд. Яъне бозсозӣ мебоист соҳа ба соҳа, навбат ба навбат ва дар доираи ҳуқуқи ҷории ҷумҳурӣ гузаронида мешуд. Вале аз сабабе, ки эълони бозсозӣ, қонунҳои зарурии гузаронидани ин сиёсат ва рафти гузаронидани ин сиёсат ва рафти гузаронидани бозсозӣ- ҳар се масъала баробар сар зад ва ҳукумати ҷумҳурӣ идора кардани ин равандро ба даст гирифта натавонист, бозсозӣ раванди берабтиро гирифт. Ҳар вазорату ҳар соҳа ва ҳар идора дар доираи худ бозсозиро сар кард. Баъзе вазорату соҳа ва идора аз қонун, дигарҳо аз амал сеюминҳо бо фишор аз бозсозӣ сар карданд. Дар натиҷа байни соҳаю вазоратҳо, вазорату идораҳо ва ҳуқуқу амал тафовут ба амал омад. Ин тафовутро фақат қонун ва дар асоси қонун ҳал кардан мумкин буд. Вале органҳои қонунэҷодкунӣ на дар доираи вақт ва на дар доираи малака ва имконият тайёр набуданд. Аз ин рӯ, ҷомеа ҳукуматро ба кашолкорӣ ва нахостан мутаҳам мекарду ҳукумат ҷомеаро ба авбошӣ. Неруҳои ёрирасоне, ки ба мисли ташкилотҳои ҷамъиятии «Растохез», «Рӯ ба рӯ», «Ошкоро» мехостанд ба бозсозӣ ёрӣ диҳанд, ҳукуматҳо ба онҳо даҳҳо муҳрҳои бадномӣ зада буданд. Маҳз ҳамин тафовут ва надоштани таҷрибаи зиндагии озодандешӣ ҷомеаи шӯравии Тоҷикистонро аввал дар баёни ақида ва баъд дар пуштибонӣ аз ақида ва дар охир дар ҳимояи амалии он ба муқовимат овард. Дар амал бошад раванди қонунэҷодкунию худ бозсозӣ собит кард, ки он ҳама камбудиҳо ҳалшаванда будаанд: қонунҳои даркорӣ эҷоду қабул, бозсозиҳо дар доираи қонун амалӣ гардиданд. Вале ҷомеаро аз муқовимат наҷот дода натавонистанд ва наметавонистанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *