Тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои 70-80-уми асри ХХ

Лоиҳаҳои панҷсолаҳои  9 ва 10. Панҷсолаҳои 9-10-ро ҳамчун панҷсолаҳои аз нуқтаи назари иқтисодӣ монанд ва бо ҳалли масъалаҳои якхела таъиншуда номидан мумкин аст. Ба нақша гирифта шуда буд, ки маблагузорӣ ба хоҷагии халк, дар ин панҷсола 3,9 млрд сумро ташкил медиҳад, ки нисбати солҳои 1966-1970 44% зиёд буд. Дар ин панҷсола дар назар дошта шуда буд, ки корҳои ташкилӣ ва сохтмонӣ дар комплекси истеҳсолӣ агросаноатии Тоҷикистони ҷанубӣ давом дода шуда агрегатҳои аввалини ПБО Норак, корпусҳои аввалини заводи арзизи тоҷик ва заводи химиявии Ёвон ба кор дароварда, иқтидорҳои нав дар комбинати маъдани кӯҳии Анзоб, комбинати Адрасмон химиявии Вахш, комбинат-ҳои қолини Қайроққуму равану маскаи Душанбе ба кор андохта, ба сохтмони заводи риштаи синтетикии Хӯҷанд ооз бахшида шавад. Дар солҳои панҷсолаи 9 дар ҷумҳурӣ 150 корхонаи калони саноати ва сехҳо ба кор дароварда шуда буданд. Дар байни онҳо агрегатҳои 1, 2, 3 (XI, XII 1972 ва V- 1973) ПБО Норак комплекси якуми заводи арзизи тоҷик (1972), ПБО Хору ва Наматгут (ВАБК) сехҳои нав дар комбинати кӯҳии Анзоб, қисми роҳи оҳани Тирмизу-Қуронтеппа, механизатсияи комплекси кони Шӯроб дохил буданд. Директиваҳои панҷсолаи 10-умро анҷумани XVIII ҲК Тоҷикистон ки январи соли 1976 шуда гузашта буд, муҳокима ва пешниҳод карда буд, ки солҳои 1976-1980-ро дарбар мегирифт. Дар таърих ин панҷсола панҷсолаи самаранокӣ ва сифат ҳам ном дорад. Нақша пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро дар назар дошта барои таъмини ин пешравӣ дар назар дошт, ки ба хоҷагии халқ 4733 млн сум ё 22% зиёд нисбат ба солҳои 1971-1975 мабла гузорад. Ба нақша гирифта шуда буд, ки саноати истеҳсоли барқ, металургияи ранга, химия пеш мера-ванд. Корхонаҳои асосии комплекси минтақавӣ- истеҳ-солии Тоҷикистони ҷанубӣ: Норак бо тамоми иқтидо-раш 2,7 млн квт (9 агрегат ҳар кадоме 300 ҳазор квт)  ба кор андохта мешавад. Сохтмони заводи арзизи тоҷик, химиявии Ёвон, роҳи оҳани Тирмиз-Қуронтеппа- Ёвон, қубури обгузаронии Душанбе давом дода шаванд. Инчунин сохтмони фабрикаи рӯмолҳои пашмини Хӯҷанд, заводи консерваи Исфара, чинии Регар сар карда шаванд. Дар ҳамин давра маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебоист 15-18 % зиёд мегардид. 60 ҳазор га. замин ба кор андохта мешуду истеҳсоли пахта ба 900 ҳазор тонна мерасид. Дар чорводорӣ ба масъалаҳои маҳсулнокии чорво ва парранда, хушзотгардонӣ, технологияи истеҳ-солоти маҳсулот аҳамият дода мешуд. Мебоист пешра-вию баландшавии мӯътадили маҳсулоти хоҷагии қиш-лоқ таъмин мегардид. Хоҷагии қишлоқ характери комплексгардонӣ соҳагардонӣ ва агросаноатиро мегирифт. Дар солҳои 1976- 1980 дар ҷумҳурӣ 500 км роҳҳо мумфарш гардида, дар роҳҳо 620 хатҳои мусофиркашӣ ҳаракат мекарданд, ки дарозии умумии онҳо 30 ҳазор км буд.

7- октябри соли 1977 сессияи айринавбатии даъвати 9-уми Шурои Олии ИҶШС қонуни нави шӯравиро қабул кард ва рӯзи 7-уми октябр рӯзи иди умумиихалқӣ эълон гардид. Қонуни асосӣ аз 9 фасл, 21 боб ва 179 модда иборат буд. Дар асоси қонуни асосии ИҶШС қонуни асосии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ навишта шуда буданд. Аз ҷумла иҷлосияи ҳаштуми айринавбатии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 14-уми апрели соли 1978 сеюмин Қонуни асосии ҶШС Тоҷикистонро қабул карда буд. Он Қонуни асосӣ аз 10 фасл, 19 боб ва 174 модда иборат аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *