Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929-1939)

Ин солҳоро дар таърихи шӯравӣ ва сотсиализм бо номҳои гуногун: сохтмони пуравҷ ва анҷомёбии сотсиализм. саноатикунонӣ ва коллективонии хоҷагии қишлоқ, анҷомёбии сохтмони сотсиализм, алабаи пурраи (асосии) сотсиализм, тат-биқи нақшаи ленинии сохтмони сотсиализм, анҷомёбии азнавсозии сотсиалистии хоҷагии халқ ва айраҳо мено-миданд. Дар ҳама ҳолат, то соли 1929 вазифаҳои сиёсии Ҳокимияти Шӯравӣ: таъмини ҳукмронии ҳизби боль-шевикӣ (ВКП(б)), ҳокимияти шӯроҳо дар ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои касаба, иттифоқи коммунистии ҷавонон, иттифоқҳои касбӣ: нависандагон, композиторон) дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ҳал гардида буданд. Ҳукумати Шӯравӣ дар солҳои 1929-1937 сиёсати сохтмони босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании сотсиализмро ба нақша гирифт, ки ҳадафи асосиаш алабаи пурраи сотсиализм дар мамлакат буд.

Саноаткунонӣ гуфта, сиёсати махсуси давлати шӯравиро фаҳмида мешавад, ки ҳукумат роҳи ба вуҷуд овардани саноати сотсиалистиро умуман ва саноати вазнинро махсусан пеш гирифта буд. Саноатикунонии мамлакат дар солҳои 30-юм на ҳадафҳои миллӣ, на ҳудудӣ ва на ҷумҳуриявӣ надошта, балки ҳадафи сиёсии сотсиализм дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ – ИҶШС буд. Яъне, саноатикунонии ИҶШС ҳамчун сиёсат ин ба вуҷуд овардани саноати вазнини ватание, ки давлатро аз таъсири технологияи (воситаҳои истеҳсолоти) беруна ҳимоя ва талаботи хоҷагии халқи худро ба воситаҳои истеҳсолоти ватанӣ таъмин кардан буд. Сохтмони кор-хонаҳои саноатӣ дар солҳои 30-юм аз рӯи нақшаҳои давлатии панҷсолаҳои якум (1928-1932), дуюм (1933-1937) ва сеюм (1938-1942) сохта шуда буданд. Дар (солҳои 1929-1938) заводҳои хишти Душанбе (соли 1929), Кӯлоб (1931), Шаҳринав (1932), Пролетар (1932), Хӯҷанд (1936), Исфара (1936), Панҷакент (1936), Шаҳритус (1936) ва Кӯктош (1936), заводҳои истеҳсоли маводҳои сохтмони Душанбе (1930), Исфара (1931), комбинати чӯбу тахтаи Душанбе (1938), заводи асфалти Душанбе (1938), заводи истеҳсоли сафолакҳои бомпӯши Душанбе (1939), заводи цементи Душанбе (1939), заводи оҳаки Помири Шарқӣ (1940) сохта ба кор андохта шуда буданд.

Нақшаи 5 солаи якум, ки солҳои хоҷагии 1928/1929-1932/1933 дарбор гирифт, варианти баланд-тарини нақшаҳои барои қабул пешниҳодшуда буд. Вазифаи сиёсии панҷсолаи якум ин ба вуҷудовардани таҳкурсии сотсиализм буд. Дар Тоҷикистон корхонаҳои нави саноатии саноати барқ, коркарди пахта. хурокворӣ, сохтмонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар хоҷагии қишлоқ бошад, пеш аз ҳама масъалаи коллективонидани соҳа дар назар дошта шуда буд. Панҷсола дар ҳама соҳа пеш аз муҳлат иҷро шуда буд.Панҷсолаи дуюм, ки солҳои хоҷагии 1933-1937 дарбор мегирифт, мебоист алабаи пурраи сотсиализмро анҷом медод. Яъне азнавсозии хоҷагии халқро ба охир мерасонд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ табдил медод. Яъне солҳои 1929-1937 ҳамчун солҳои таъмини алабаи сотсиализм дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва маданият ба ҳисоб мерафт.

Яъне муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқониро ба хоҷагиҳои истеҳсолӣ муттаҳидгардонии хоҷагии қишлоқ номида мешавад. Ин сиёсатро Ҳоки-мияти Шӯравӣ аввал ҳамчун назария, баъд ҳамчун амалия гузаронида буд. Яъне коллективонидан 3 дараро аз сар гузаронидааст: (1918-1927), (1928-1932), (1933-1937). Ин сиёсат хусусиятҳои умумӣ ва хоси коллективонии Тоҷикистонро муайян кард, ки инҳоанд:

  1. Гуногуншаклӣ ва дар мӯҳлат дарозтар гузаро-нидани ин маърака (дар водиҳои пахтакор таъсиси артелҳои хоҷагии қишлоқ ва дар қисмати кӯҳистон ба Тоз-ҳо гузаштанро дар назар дошт);
  2. Аз сабабе, ки дар қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон ислоҳоти замин гузаронида нашуда буд, ин сиёсат метавонист деҳқононро барои гузаштан барои хоҷагии коллективӣ омода созад;
  3. Дар дер давом ёфтани муқовимати мухолифони Ҳокимияти Шӯравӣ;
  4. Гуногунҳайатии ҳайати иҷтимоии деҳоти тоҷик (аксарияти деҳқонони тоҷикро батракон, камбаалон ташкил медод).

Мафҳуми инқилоби маданӣ. Инқилоби мадани гуфта дар асри ХХ дигаргуниҳои бузург ва пешравиҳои бемислу монандро дар соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, муассисаҳои маданӣ-фарҳангӣ (театр, клуб, китобхона, нашриёт, полиграфия, радиофикатсия, кино), ба вуҷуд овардани кадрҳои миллиро фаҳмида мешуд. Мафҳуми инқилоби маданӣ инчунин мафҳуми сиёсӣ буда ба рӯзгори халқи тоҷик ҳамроҳи Давлати Шӯравӣ ворид гардид ва як қисми сиёсати махсуси шӯравӣ дар бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ дониста мешуд.

Қисми асосии инқилоби мадании шӯравиро (сот-сиалистиро) ба вуҷуд овардани тафаккури марксистӣ-ленинӣ ташкил медод. Қисми асосӣ ва махсуси инқилоби маданиро маориф ва мактаб ташкил медод. Аввалин мактаби миёна дар деҳоти Тоҷикистон соли 1934 кушода шуда буд. Соли 1936 шумораи онҳо ҳамагӣ ба 6 адад мерасиданд. Сиёсати маҳви бесаводӣ ба он овард. ки соли 1939 дар Тоҷикистон аз ҳар 1000 нафар аҳолӣ 170 кас хонда буд. Саводнокии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 82% расида буд. Дар ҳолате, ки дар ҳамин давра дар Ҳиндустону Туркия ин нишондиҳандаҳо 12% ва 18%-ро ташкил медоданд. Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон Донишкадаҳои педагогии Душанбе (с.1931), Хуҷанд (с.1932), Дониш-кадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (с.1934) , Дониш-кадаи тиббии Тоҷикистон (с.1937), Академияи сабзавоту меваи Хуҷанд фаъолият мекарданд.

Бо пешниҳоди ин ташкилотҳо ва ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон аввали соли 1933 дар Душанбе Базаи (маркази) Тоҷикистонии АУ ИҶШС ба фаъолият сар кард. Асоси ин муассисаи илмиро АУ ИҶШС гузошта дар тайёр кардани кадрҳои илмии ҷумҳурӣ саҳми калон гузошт. Ин База (марказ) асоси АУ Тоҷи-кистон гардида буд. Дар База (марказ) олимони маш-ҳури давра С.Ф.Ольденбург, А.Ф.Иоффе, Д.Н.Пряниш-ников, А.Е.Ферсман, Е.Н.Павловский, Н.Кисляков, Д.Фаньян ва айраҳо кор мекарданд.

Санъати кинои тоҷик қадамҳои аввалини худро мегузошт. Солҳои 30-юм филмҳои «Даъват», «Муҳо-ҷир», «Як рӯзи колхоз», «Хору», «Тоҷикистони офто-бӣ», «Худои зинда», «Вақте, ки амирон мемиранд» ба навор гирифта шуда буданд. Дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон зиёда аз 140 нуқтаи кинонамоишдиҳӣ кор мекарданд.

С.Айнӣ асарҳои худро очерки «Колхози ком-мунизм» (1933), повестҳои «Мактаби кӯҳна» (1935), «Марги судхӯр» (1935), романи «уломон» (1935), достони «Ҷанги одаму об» (1937); А.Лоҳутӣ асарҳои «Тоҷу байрақ» (1935), «Пули Вахш» (1935), «Дар соҳили Днепр» (1936), либбреттои «Коваи Оҳангар» (1937), М.Турсунзода песаи «Ҳукм» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), Ҷ.Икромӣ повести «Ду ҳафта» (1933), драммаи «Мавҷҳои музаффарият» (1933), манзумаи «Орзу» ва шеъру таронаҳои зиёди А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М.Миршакар, С.Ҷавҳаризода, М.Раҳимӣ, А.Деҳотӣ, М.М.Аминзода, Ҳ.Юсуфӣ ва садҳо дигарон навишта ва нашр гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *