Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1929) — Донишхона

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1929)

27 октябр КИМ ИҶШС бо қарори худ хоҳиши ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро дар бораи тақсимот ва қарори сессияи 2 КИМУ аз 14 октябри соли 1924 дар бораи таъсис ёфтани ЧМШС Тоҷикистонро тасдиқ кард ва ин қарорҳо ҳукми қонунро гирифтанд. Майи соли 1925 Тоҷикистон ба воситаи Узбекистон ба ҳайати ИҶШС дохил гардид.

Тоҷикистони мухтор аз ҳисоби имруза ноҳияҳои Истаравшан, ончи, Шаҳристон, Айнӣ ва Панҷакенти ЧМШС Туркистон ва вилоятҳои Сариосиё, Душанбе, Қуронтеппа, Кӯлоб ва арми Бухорои Шарқии ҶШСБ таъсис ёфт. Ҳудуди Тоҷикистон 135620 км.кв. ва 739503 аҳолиро ташкил медод. Аз ҳисоби Туркистон 135665 ва аз Бухоро 603838 нафар ба ҳайати Тоҷикистон дохил шуда буданд. Ҳудудҳои Туркистониаш ду вилоятро – Уротеппа ва Панҷакент ва Бухороияш 5 вилоятро – Сариосиё, Душанбе, Қуронтеппа, Кӯлоб ва арм ташкил доданд. Баъдтар, декабри соли 1924 ба ҳайати Тоҷикистон округи Помир ҳамроҳ карда шуда буд, ки 2 январи соли 1925 ба вилояти Бадахшони Кӯҳӣ табдил ёфт.

Аҳамияти аз ҳама калонтарини тақсимоти миллӣ-маъмурии Осиёи Миёна дар соли 1924 ин пеш аз ҳама дар ташкили давлати миллии тоҷикон буд. Тоҷикро соҳибдавлат гардонд. Бо ин васила, истиқлолияти мил-лии тоҷикон амалӣ гардид. Вале аз тарафи дигар, парешонии халқи тоҷикро боз зиёдтар намуд. Агар аз ин пештар тоҷик ба ҳайати Россия, Бухоро ва Афонистон дохил буд, акнун ба ҳайати Ӯзбекистон, Қиризистон, Афонистон ва Тоҷикистон тобеъ гардид. Дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-маъмурии соли 1924 имконияти ҳуқуқии таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ба вуҷуд омад. Барои таъсиси ҳуку-матҳои нав таъсисмеёфта, то охири ноябри соли 1924 комитетҳои инқилобии Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтанд. Сохтори давлатдории ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри соли 1924 КИМ ҶШС Ӯзбекистон Комитети Инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳукумати муваққатии ҷумҳурӣ то тайёр кардан ва гуза-ронидани анҷумани муассисии Шӯроҳои ҶМШС Тоҷи-кистонро таъсис дод. Ба ҳайати Президуми Комиети инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум (раис), Б.Додобоев, Р.Бобоҷонов, А.Ёрмаҳммадов, Ш.Шотемур, А.М.Дяков ва дигарон дохил буданд. Комитети инқилобии ҶМШС Тоҷикистон 7 декабри соли 1924 бо муроҷиатнома ба меҳнаткашони Тоҷикистон баромад карда, дар он таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон, вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти худро эълон дошт ва программаи барқарор кардани хоҷагии халқ, инкишофи маданият, тамоман барҳам додани босмачигариро пешниҳод кард. Аввали феврали соли 1925 ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе – пойтахти ҶМШС Тоҷикистон кӯчида бо фармони худ аз 5 феврал ба тамоми аҳолӣ дар бораи қатъ гардидани фаъолияти КИМ Бухорои Шарқӣ хабар дод. 15 марти соли 1925 дар гирдиҳамоии тантана-ноки умумихалқии аҳолии Душанбе ва атрофии он ҳукумати Тоҷикистон Эъломияи (Эъломия) таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷи-кистонро эълон кард. Вазифаҳои асосии иқтисодии ҶМШС  Тоҷикистон дар солҳои 1924-1929-ин пеш аз ҳама барқарор намудани хоҷагии халқи аз ҷанги гражданӣ ва босмачигарӣ хароб гардида ва баъд-сохтмони ҷамъияти нави иҷтимоии шӯравӣ буд. Ин масъалаҳои номбаршуда ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро талаб мекард. Дар ҳаёти сиёсӣ ин наздик кардани шӯроҳо ба омма, ки гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ, милликунонии дастгоҳҳои идорӣ (тайёр кардани кадрҳои аппаратҳои шӯравӣ, гузаронидани ислоҳотҳои маъмурию сиёсӣ аз ҷумла тақсимоти ҳудуд) ва ба шакли нави маъмурӣ-вилоят, ноҳия, шӯроҳои деҳотӣ ва шаҳру шаҳракҳо ҷудо шуданро талаб мекард.

Дар иқтисодиёт бошад, корҳои азнавбарқарорку-нии хоҷагии халқро гузаронидан даркор буд, ки бе тобиши сотсиалистӣ додани он душвор буд. Барои ин ислоҳоти аграрӣ, асосан гузаронидани ислоҳоти замин буд, сохтмони васеъи роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, канал-ҳо сар кардан даркор буд. Дар ҳаёти маданӣ ислоҳоти системаи маориф ва таъсис додани ҳама соҳаҳои ҳаёти маданӣ ва ба хизмати халқу манфиати Давлати Шӯравӣ тобеъ кунонидани онҳо лозим буд.

Ташкилёбии ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.

Раванди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон мухтор раванди таъсис-ёбии ҶШС Тоҷикистон яке аз воқеаҳои муҳими дорои аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва байналхалқӣ дошта ба ҳисоб меравад.

Солҳои 1925-1929 чӣ ҳукумати Тоҷикистон ва чӣ аҳли ҷомеа дар бораи беадолатиҳои тақсимоти соли 1924 ба Комиссариати Халқии миллатҳо ва Ҳукумати ИҶШС мактубу муроҷиатҳо карданд. Ин масъала баҳси махсуси Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б), Комиссариати Хал-қии миллатҳо гардид. Вале онро ба осонӣ ҳал карда нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо роҳи конститутсионӣ, дар доираи қонунҳои асосии ҶМШС Тоҷикистон, ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС ҳал кард. Пан-узбекизм то ҷое боло рафта буд, ки ҳангоми додани шаҳодатномаҳои таваллуд ва шиносномаҳо дар соли 1925 ва 1926 ва гузаронидани ба рӯйхатгирии соли 1926 узбекгардонии тоҷиконро раво дониста, нисбат ба тоҷикони Бухоро, Самарқанд, Кармина, Дизах, Қӯқанд, Тошканд ва айраҳо зӯрӣ ва таҳдидро ҳам раво донистанд.

Қарори анҷумани II Шӯроҳои Тоҷикистонро анҷумани III  Шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон 25 майи соли 1929 муҳокима намуда, қарорро дар бораи ба Тоҷикис-тон баргардонидани округи Хӯҷанд  қабул кард. Ин қарор ҳукумати Умумииттифоқро низ водор кард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистонро ба инобар гирад. Чунки бо ҳамроҳ гардидани Хӯҷанд се шарти конститутсионии таъсиси ҷумҳуриҳои мустақил фаро расида буд. Аҳолии Тоҷикистон акнун аз 1 млн. зиёд, бо ду ҷумҳурии хориҷӣ – Хитой ва Афонистон ҳамсарҳад ва зиёда аз нисфи аҳолии он тоҷикон буданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *