Инқилоби халқии Бухоро (соли 1920)

Имрӯз дар атрофии воқеаи 2 сентябри соли 1920 баҳс боқист. Баъзеҳо ин воқеаро инқилоб дигароне онро табаддулот хондаанд. Мо ақидаҳои онҳоро баён кар-данӣ нестем. Андешаҳои худро оварданием.

Аз рӯе, ки воқеаи 2 сентябр сохтори амириро барҳам дода сохтори халқӣ-шӯравиро бунёд кардааст, ин воқеа ба инқилоб наздик аст. Аз рӯе, ки дар ин инқилоб қувваҳои беруна бештар саҳм доранд, табад-дулот аст. Ин воқеа дар таърихи инқилобҳои иҷтимоӣ монандӣ надорад, ки онҳоро муқоиса намуда ва харак-тери онро муайян карда шавад. Худ ба худ ин воқеаи мухталиф ва нодир аст. Ба ҳар ҳол, барои шарҳи дурусти ин воқеаро додан онро аз муносибати Россияи подшоҳӣ ва шӯравӣ нисбат ба аморати Бухоро ҷустан зарур аст. Бухоро то ҷое тобеъ ва то ҷое мустамликаи Россияи подшоҳӣ буд ва Россияи шӯравӣ меросхури он аст. Мувофиқи шартномаҳои Зирабулоқ (1868) ва Қизил-теппа (25 марти 1918) Россияи подшоҳӣ ва шӯравӣ фақат ҳуқуқи таъин ва сабукдӯш кардани амирро надоштанду бас. Аз ин рӯ, амир дар интихоби ихтиёри худ мухтор монда буд вагарна аморатро бо роҳи қарору қонун бар-ҳам медоданд. Дар дигар ҳолат Бухоро побанди мутлақи Россия буд. Аз ин рӯ, оё Россияи Шӯравӣ ҳуқуқи маънавии соҳиб шудани имтиёзҳои Россияи подшоҳиро дошт ё на? Агар ин масъала ба фоидаи «дошт» ҳал шавад, воқеаи 2 сентябри соли 1920 давоми инқилоби октябри соли 1917 мешавад ва инқилоб аст. Агар ба фои-даи «не» ҳал шавад ва ба ин «не» шартномаи Кизилтеппа аснод ҳам шуда метавонад, ки Россия Бухороро ҳамчун давлат эътироф карда буд, воқеаи 2 сентябр табаддуло-тест таҷовузест, ки он бо дасти Ҳокимияти Шӯравӣ гузаронида шуда аст. Ба ақидаи банда (Н. Ҳакимов) воқеаи сентябри соли 1920 на интиҳои инқилоби Бухоро, балки ибтидои инқилоби Бухорост. Вале ҳамчун воқеаи шудагӣ, то 2 сентябр фақат табаддулот асту бас. Далели асосии чунин ном гузоштани ин воқеа роҳи пешгириф-таи Ҷумҳурии баъд таъсисёфтаи Бухорост, ки он роҳи айрикапиталистӣ номида шудааст. Бухоро таърихан метавонист бо ду роҳ: капиталистӣ ва ё социалистӣ пеш равад. Интихоби роҳи айрикапиталистӣ фақат социа-листӣ буда метавонист. Чунки ҲК Бухоро дар мавқеи РКП (б) ва зодаи большевикӣ буд. Ва табаддулот маҳз ҲК Бухороро ба сари ҳокимият овард ва ӯ роҳи дигаре-ро пеш гирифта наметавонист. Алтернативаи ҲКБ-ҷади-дони коммунист, дар ақидаи таъсиси ҳукумати буржуазӣ ва дар воқеан 2 сентябрӣ саҳмгузор буданд, зуран 8 сентябр ба ҲКБ дохил карда шуданд. Ин ҳизб дар мав-қеи бештар буржуазӣ-демократӣ буд. Вале аз ин мавқеъ дур карда шуд. Табаддулот таърихан тамоили инқилоби социалистӣ дошт. Ва ҳукумат роҳи онро пеш гирифт.Характери социалистиро пеш гирифтани Бухоро аз раванди ҷорабиниҳои демократию инқилобии он боз бештар маълум мегардад.

2 сентябри 1920 амир аз тахт афтонда шуд. Дар Бухоро ба таъсиси Комитетҳои Инқилобӣ ва Шӯроҳо сар карданд. ТО 5 сентябрь дар Бухоро ва атрофии он кори таъсиси ҳокимият ба охир расид. 6 сентябрь ба муносибати сарнагун шудани амир дар Бухоро Парад – намоиши иштирокчиёни фатҳи Бухоро шуда гузашт. ПК Бухоро ташаббусро ба даст гирифта таҷрибаи Шӯрави-ро дар таъсиси ҳокимият ба ҳисоб гирифта ба таъсиси ҳокимияти маорифи сар кард ва онро таъҷилаи дар 2-5 сентябрь дар шахсияти Комитети инқилобии Умуми-бухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ таъсис дод. Барои он ки ҳукумати Бухоро яккаҳизбӣ бошад 11 сентябри 1920 ҳизби инқилобии ҷавонбухороиёнро пароканда ва аъзоёни онро ба тариқи механики ба ҳизби коммунистӣ қабул карданд.

14 сентябри 1920 дар Бухорои Кӯҳна маҷлиси якҷояи КМ ПИБ, Комитети Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони ҳали бо иштироки вакили мухтори РСФСР ва вакили КМ РКП(б) ва Комитерн дар Бухоро В.В.Куйбишев шуда гузашт. Ин маҷлис вазифа ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Бухороро муайян намуд ва ҳайати органи олии қонунбарор –Комитети Инқилобии Умумибухороӣ ва ҳукумати инқи-лобии Бухоро-Шӯрои Нозирони халқро таъсис дод. Ба ҳайати ин орган ҳизбиёни ХКБ дохил гардиданд. Раиси Шӯрои Нозирон собиқ ҷадиди инқилобчӣ – Файзулло Хоҷаев ва раиси Комитети Инқилобии Умумибухороӣ коммунист Абдулқодир Муҳиддинов интихоб гардид.

6 октябри соли 1920 дар қароргоҳи тобистонаи собиқ амир Ситораи Моҳи Хоса Қурултои (анҷумани) якуми Умумибухороии намояндагони халқ кори худро сар кард. Қурултоӣ Бухороро Ҷумҳурии Халқӣ Шӯравӣ эълон кард. Дар қарор омадааст: «Бухоро ҷумҳурии Халқӣ Шӯравӣ эълон карда шуда дар ин ҳокимият ба коргарону деҳқонон, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, дахл дорад ва он ба воситаи Шӯроҳои маҳал-лӣ ва марказӣ, ки бо роҳи овоздиҳии руирост интихоб мегарданд, идора карда мешавад».

Номи Ҷумҳурии таъсисёфтаи Бухоро аз номи қув-ваҳои асосии дар ин инқилоб иштирок дошта мебаро-мад. Бухоро Ҷумҳури Халқӣ Шӯравӣ яъне дар оянда ҳокимият Халқӣ (коргарӣ, деҳқонӣ ва намояндагони дигар табақаҳо ҳам) ва Шӯравӣ (сохтори давлатӣ дар шакли шӯроҳо аз поён то боло) мешавад.

Қурултои якӯми Умумибухороии Шӯроҳо қарори маҷлиси аз 14 сентябри соли 1920 дар бораи таъсиси органҳои идораи ҶХШ Бухороро маъқул ёфта қонунӣ гардонд. Аз 14 сентябр то 6 октябр нозиротҳои маориф, молия, ҳарбӣ, дохила, замин, саноат ва савдо, хӯрок-ворӣ, адлия корҳои хориҷӣ – ҷамъ 9 нозирот таъсис ёфта ба фаъолият сар карда буданд. Амир Олимхон аз таъқиби қушунҳои Шӯравӣ раҳоӣёфта ба воситаи Гузар, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор то ба Душанбе фирор кард. Дар ҳама ҷо бо ҳокимони маҳаллӣ гуфтугузор карда онҳоро ба азовати зидди Шӯравӣ даъват менамуд, маҳбусонро озод ва ба қушун-ҳои худ ҳамроҳ мекард. 14 сентябр дар ҳавлии атолиқи Душанбе қарор гирифта қальаи Душанберо ба қушун-ҳояш дод. Амир акнун фурсати фикру мулоҳизаи воқеаи 2 сентябри соли 1920 пайдо кард. Ӯ бо тамоми ҳастиаш ба ҷанги нав тайёрӣ медид. Ба ҳукуматҳои Афонистон, Туркия ва намояндагони даҳҳо давлатҳои дигар нома-ҳои илтимосу ёрии худро фиристод. Ҳатто ба ҳайати мустамликаи Британии Англия – Ҳиндустон дохил шуданро розӣ шуд. Дар панҷ моҳи дар Душанбе будааш ду маротиба даъвати умумӣ ба сарбозиро гузаронид. Бекҳо ва амалдорони Бухорои Шарқиро наздаш хонда ба онҳо вазифаю унвонҳои калон дод. Андози соли 1920 дафъатан аз аҳолии Бухорои Шарқӣ ситонид. Зулму таадӣ ва қатлу ҷазои мудҳишро раво донист. Дар 125 рузи дар Душанбе қарор доштанаш ба 100 нафар ҳукми қатл баровард. Ҳарами худро аз ҳисоби мардуми ин сарзамин пур кард. Ҳатто ба дӯхтари 12 солаи яке аз ҳокимони Ҳисор хонадор шуда пагоҳии дигараш ҷасади ин арӯси ноболиро аз партовгоҳ ёфтанд. Дар дарбори амир босмачиёни шикастхӯрдаи Фарона ба мисли Кӯри Шермат ва дастаи оратгарони Иброҳимб-галу, офицерони сафедгвардиячии рус ва ҷо-сусони бисёр давлатҳои ҷаҳон ҷамъ омада будан. Амир ва муқаррабонаш зулму таадиро чунон зиёд карданд, ки дар бисёр вилояту ноҳияҳо шӯру ошӯбҳои халқӣ сар шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *