Ғалабаи инқилоби октябри соли 1917 дар Россия ва барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон

Инқилоби социалистии рус пеш аз ҳама ҳалли масъалаи ҳокимият, ҷанг, ислоҳоти замин ва озодиҳои демократиро мехост. Пролетариати Туркистон ҳам дар ҳамин мавқеъ буд. Инак, 25 октябри 1917 дар Петроград инқилоби сотсиалистӣ алаба кард. 27 октябрь вакилони Туркис-тонии анҷумани II Шӯроҳои Умумироссиягӣ ба воситаи телеграф хабари алабаи  инқилоби сотсиалистӣро ба Тошканд расонданд. Коровиченко бошад, гимназияи Тошканд, боталони мусулмононро барои ҳабси Шӯрои кишварӣ ба Тошканд ба Қасри Озодӣ овард. Ин ибти-дои шӯриши яроқноки Тошканд шуд. Заддухурд дар Тошканд чор руз давом ёфт. Ба шӯришгарони Тошканд шӯроҳои ҳамаи шаҳрҳои Туркистон ҳамраӣъӣ баён карда, ёрии ҳарбии худро пешниҳод карданд. 1 ноябр дар Тошканд инқилоб алаба кард. Инқилобчиёни асосӣ коргарони роҳи оҳан, почта телеграф, устохона-ҳои роҳи оҳан ва аскарони инқилобӣ буданд. Маҳаллиён ҳам иштирок доштанд. 1 ноябр Шӯрои Тошканд дар бораи алаба ба ҳамаи шӯроҳои вилоятӣ хабар дод. 2 ноябр Шӯрои кишварӣ, ки аксарон эссерӣ буд аз ба даст гирифтани ҳокимият даст кашида, пешниҳод кард, ки то Маҷлиси Муассисон Комитети Иҷроияи муваққатии Туркистон таъсис дода шавад. 15 ноябри соли 1917 анҷу-мани III Шӯроҳои Туркистон алабаи Хокимияти Шӯравиро эълон кард  20 ноябр анҷуман масъалаи ҳукуматро дида баромада органи олии кишвар -Шӯрои комисариати халқии (ШКХ) кишвари  Туркистонро таъ-сис дод, ки ҳам органи қонунбарор  ва ҳам  иҷроия  эълон шуд. Раиси ШКХ Туркистон Ф.Колесов интихоб шуд. Дар ҳайати ШКХ Туркистон ягон нафар намо-яндаи маҳаллӣ набуд. раванди ҷамъиятӣ-сиёсӣ Туркистонро ба инқилоби сотсиалистӣ овард ва ҳар кадом аз ин гурӯҳҳо боз ҳадафҳои нав пайдо ва мехостагӣ шуданд. Асоси ин ҳадафҳоро ҳуҷҷатҳои эълонкардаи Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил медоданд. Ин ҳуҷҷатҳо «Деклоратсияи ҳуқуқи халқҳои Россия» (2 ноябри 1917) «Муроҷиатнома ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Россия ва Шарқ» (20 ноябри 1917) ва «Деклоратсияи ҳуқуқҳои халқи меҳнаткаш ва мазлум» буданд. Ин ҳуҷҷатҳо эълон намуда буданд, ки ҳамаи халқҳои мазлум ва меҳнаткаши собиқ империяи Россия метавонанд дар асоси эътирофи Ҳокимияти Шӯравӣ ва қонунҳои он давлати мустақили худро ташкил диҳанд ва ҳатто аз ҳайати Россияи Шӯравӣ ҷудо шаванд. Содиқов калон буд. Дар Исфара, Конибодом ва Ашт Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи зурӣ баъди шикаст дода шудани «Мухтоиряти Қӯқанд» дар феврали соли 1918 барпо карда шудааст. Дар Панҷакент Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи осоишта 13 декабри соли 1917 дар асоси қарори Шӯрои вилоятии вилояти Самарқанд эълон кард, ки дар тамоми вилоят ҳокимият ба дасти шӯроҳо даромадааст. Дар Масчоҳи кӯҳӣ Ҳокимияти Шӯравӣ баъди шикасти қушунҳои боқимондаи шӯрои дружинаи халқии русӣ 17 августи соли 1918 барпо карда шудааст. Аз ҳама дер дар  қисмати Туркистони Тоҷикистон Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон барпо шудааст. Хабари ала-баи Ҳокимияти Шӯравӣ ба Помир ҳоло апрели соли 1918 ба воситаи радиограмма расида буд. Вале қумон-дони отряди сарҳадии қитъаи Помир полковник Фенин ин хабарро паҳн накард. Фақат бо кушода шудани абаҳо коргарони мавсимӣ ба ватан баргаштанду хабари инқилобро оварданд.  Моҳи сентябри 1918 Фенин ҳис кард, ки Ҳокимияти Шӯравӣ бе бозгашт аст, хост аскарон ва афсарони қитъаи сарҳадии Помирро ҳамроҳи худ барад. Вале натавонист. Ба ӯ муяссар гардид, ки тақрибан 23 нафар аскарону афсаронро ба тарафи худ кашад ва ҳамроҳи онҳо хазинаи ҳарбии қитъаи сарҳадии Помирро орат карда ба Афонистон гӯрехтанд. Баъди ин аскарҳо аз сари нав Шӯрои ҳарбии худро таъсис дода ба ташкили Ҳокимияти Шӯравӣ ооз карданд. То ноябри соли 1918 дар Помири арбӣ Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳама ҷо дар шакли Комитетҳои Инқилобӣ таъсис дода шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *