Тоҷикон дар асри ХVI ва нимаи аввали асри ХIХ

Шайбониён. Номи худро ин сулола аз Шибан гирифтааст. Шибан набераи Ботухон буд. Баъдтар хонадони Шибан бо туркҳо омезиш ёфта, забону маданияти онҳоро қабул кардаанд.

Дар солҳои 1440 — 1468 Абулхайрхон намояндаи ин хонадон дар Ҳафтруд давлати кӯчиеро аз иттиҳоди кӯчиҳои узбекхониҳо ташкил дод. Ин иттиҳоди соф ҳарбӣ буд ва баъди вафоти Абулхайрхон /1468/ ин иттиҳод ва давлат пароканда шуд. кордида буд. Ӯаз заволи давлатдории Темуриён бохабар буд. Аз ин сабаб, ҳоло ӯ дар охири асри XV ба забт намудани мулкҳои Темуриён сар карда, бо амалиётҳои Бобур шинос шуд. Соли 1500 ба забти паё-пайи Мовароуннаҳр сар кард. Соли 1500 Тошканд ва 1501 Самарқандро забт кард ва охи-ринро ба пойтахти худ табдил дод. Солҳои 1501- 1506 султони Шайбониҳо Меҳди Султон водиҳои Сурхон ва Ҳисорро забт намуд. Ҳокими Ҳисор Хусравшоҳи Темурӣ буд. Шайбониён барои Урганҷу Бухоро ва Марв бо Исмоили Сафавӣ кашмакашиҳои зиёде карда, дар ду задухӯрд — соли 1507 дар Урганҷ ва1510 дар Марв такдири мулкҳои Темуриён ҳал  шуд. Байни Эрони  Сафавӣ  ва  Шабониён дар ҳудуди Хуросон сарҳад ба миён омад. Соли 1510 Муҳаммад дар задухӯрди наздики Марв кушта шуд ва ду сол Кучкунчихон барои ҳимояи Мовароуннаҳр аз тохти Бобур Мирзо мубориза кард. Гарчи Бобур Мирзо то Бухоро омад, вале аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дастгирӣ надид. Дар ҷангҳои зидди Шайбониён шикаст хӯрд. Аз ҳама шикасти калон ва охиринаш дар Мовароуннаҳр дар Ҳисору Норак буд. Ва соли 1512 ӯ Мовароуннаҳрро тарк гуфт.

Соли 1512 Абдуллоҳ Султон, яке аз хешовандони Муҳаммад Шайбонӣ табаддулот гузаронида, мулкҳои Самарқанд, Бухоро ва Чаониёну қисми Фаронаро ба зери назорат гирифт ва бо номи Абдуллоҳхони I то соли 1533 хони Шайбониён буд. Давраи ҳукмронии Абдуллоҳхон аксарияти мулкҳои Мовароуннаҳр, Фаронаи арбӣ, қисми Хоразм ба зери тасарруфи Шайбониён гузаштанд. Баъди Абдуллоҳхон, ба сари ҳокимият Убайдуллоҳхон (1533 — 1539) омад. То ин дам Мовароуннаҳр дар байни султонҳои Шайбонӣ пурра тақсим шуда буд. Самарқанд, Бухоро, Ҳисор, Балх, Тошканд мулкҳои калонтарин ба ҳисоб мерафтанд. Ва дар байни солҳои 1539 — 1559 ҷангҳои доимӣ байни султонҳо давом ёфт. Муддате Шайбониён ба ду қисм ҷудо шуданд: ба Балху Тошканд. Ба иттифоқи Шайбониёни Тошканд, Ҳисор ҳам дохил буд. Соли 1561 Абдуллоҳ султон   падараш Искандарро хон эълон кард ва худро сарлашкар. Ва аз соли 1583 худ ҳоқон  шуд. Дар муддати 20 сол ба ӯ муяссар гардид, ки мулкҳои мустақили Бадахшон, Тошканд, Хоразмро ба худ тобеъ намояд. Писари Абдуллоҳхон Абдулмӯъмин аз сиёсати падараш сахт норозӣ буд ва исъён бардошта буд. Аксарияти мулкҳои зердасти Абдуллоҳхон саркашӣ карда истода буданд. Баъди вафоти Абдуллоҳхони II ба сари ҳокимият Пирмуҳаммади II омад. Соли 1599 Аштархониёни дарбор табаддулот гузаронида, сулолаи Шайбониёнро аз байн бурданд. Ин буд мухтасари таърихи сиёсии Шайбониёни Мовароуннаҳр аз соли 1500 то 1599.

Ба сари ҳокиямият омадани узбекҳои аштархонӣ.

Узбекҳои аштархонӣ номи худро аз узбекҳое, ки дар асрҳои XV-XVI дар Астрахан ҳукмронӣ мекарданд, гирифтаанд.Ин сулола дар Осиёи Васатӣ бештар бо номи Ҷониён маълум аст. Сабаби ба Бухоро омадани Аштархониҳо бо аёлаш (аҳли оилааш) шикасти қӯшунҳои Аштархонӣ дар соли 1554 аз тарафи қӯшунҳои шоҳи Руссия Ивани IV (1533 — 1582) буд. Аксаран Ҷониён дар хизмати ҳарбӣ қарор доштанд. Ва дар кашмакашиҳои дарборӣ ҳам бетараф набуданд. Баъзан худ ҳам ташаббускори ин хараҷу мараҷ ҳам буданд. Ҷанҷолҳои сулолавӣ доираи  довтала-бонро торафт танг мекард ва баъди вафоти Абдуллоҳхон ин хараҷу мараҷ, зиёдтар гардид ва соли 1599 дар Бухоро табаддулот гузаронида шуд, Пирмуҳаммади II аз тахт афтонда мешавад ва ба сари тахт Динмуҳаммадро, ки ҳокими Абивард буд, таклиф мекунанд. Динмуҳаммад ба Бухоро ҳам нарасид. Дар роҳи пойтахт аз тарафи қувваҳои тарафдори Шайбониҳо кушта мегардад. Баъди ин воқеа ба тахт бародараш Боқимуҳаммад(1599-1605) мешинад. Ҳукмронии Боқимуҳаммад дар асл аз доираи Бухоро берун набуд. Соли 1605 баъди табаддулот ба сари ҳокимият Валимуҳаммад (1605-1611) омад. Валимуҳаммад ба ҷанҷоли сулолавӣ дармонд ва ҳукмронии ӯ аз хомӯш намудани ин ҷанҷолҳо дур нарафт ва соли 1611амакзодааш Имомқулихон (1611-1642) баъди табаддулот ба тахт нишаст ва худро хони Аштархонӣ хонд. Дар давраи кашмакашиҳои дарборӣ мулкҳои пештараи тобеи Шайбониён боз аз сари нав истиқлолият гирифтанд. Хуро-сону Балх, Ҳисору Тошканд, Бадахшону Фарона мулкҳое буданд, ки дигар ба ҳокимияти хонии Аштархониҳо итоат намекарданд. Ба Имомқулихон лозим омад, ки бо қувваи зурӣ ин мулкҳоро тобеъ намояд. Дар охир ӯ кӯр шуд ва соли 1642 ба фоидаи писараш Нодирмуҳаммад (1642 — 1645) аз тахт даст кашид. Ин солҳо мубориза барои тахт боз вусъат ёфт ва дар охир ҳокимият дар дасти Абдулъазизхон (1645 — 1680)  писари Нодирмуҳаммад қарор ёфт. Нодирмуҳаммад  бошад ҳокими Балх эълон карда шуд ва дар асл ба он ҷо бадара. Ӯ аз ин вазифа даст кашида, сафари ҳаҷҷи Маккаро пеш гирифт ва дар соли 1651 дар роҳ вафот кард. Субҳонқулихон бародари Абдулъазизхон солҳои дароз ҳамчун рақиби асосии тахт буд ва дар охири соли 1680 Абдулъазизхон ба фоидаи бародараш Субҳонқулихон (1680 — 1702) аз ҳукмронӣ даст кашид. Субҳонқулихон барои муттамарказонидани ҳокимият ҳуқуқи баъзе ҳокимони маҳаллиро ҳатто зиёд кард. Ба корҳои дохилии баъзе ҳокимон дахолат накард. Ин буд, ки ҷангҳои дохилӣ — байни ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ каме суст гардид.

Баъди Субҳонқулихон ба сари тахт Убайдуллоҳхон (1702 — 1711) нишаст, ки ҷангҳои ӯ аз доираи  Самарқанду Тирмизу Ҳисор берун набаромад. Маҳз ҳамин буд, ки ҳокими Балх Маҳмуд худро мустақил хонд. Дар давраи Абдулфайзхон (1711 — 1747) аз зери назорати Аштархониҳо Хива, Тошканд, Қуқанд ваБалх тамоман баромаданд. Дар ин мулкҳо сулолаҳои нави ҳукмрон ба сари ҳокимият баромаданд. Шоҳи Эрон Нодир Осиёи Миёнаро то Бухорою Хоразм забту тороҷ намуд. Соли 1747 бошад, дар ҷануб давлати феодалии Афонистон таъсис ёфт.Давлати Аштархониҳо аз байн рафт.

Таъсиси  аморати  Бухоро. Манит гуфта дар асри XVIII як гурӯҳ қабилаҳои туркнажодеро меномиданд, ки қисман дар Миёнқол ва қисман дар байни дарёҳои Волгаю Урал зиндагӣ мекарданд. Пешомади манитиён нӯайҳо ва пешомади нӯайҳо муулҳо будаанд. Ҳоло ҳам қабилаи манитиён дар Узбекистон, Қароқалпоқистон ва Афонистон сукунат доранд. Шумораи онҳо бисёр нестанд, ба 500 — 600ҳазор мерасанд. Соли 1747 Муҳаммадраҳимбий-писари Муҳам-мадҳакимбий ҳокими Бухоро гардид. Вале сукути сулолаи Аштархониро эълон накард. Соли 1758 ҳокимият ба дасти Дониёлбий (1853 — 1885) меафтад. Дониёлбий шахси босавод ва маърифатноке буд. Забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва русиро хуб медонист. Шеър мегуфт. Ба Русия рабати калон дошт ва тарафдори инкишофи муносибатҳои хуби савдоӣ ва дипломатӣ бо Русия буд. Вале худро намояндаи сулолаи манитиён эълон карда натавонист. Ҳанӯз ҳам Абдулози-хон (1758 — 1885) хон эътироф мешуд. Такягоҳи асосии Дониёл шайхҳою аҳли тақво буданд. Ҳоло дар давраи дар қайди ҳаёт буданаш Дониёл идораи давлатро ба дасти писараш Шоҳмурод вогузошт. Шоҳмурод низ шахси худоҷу ва худотарс буд. Баъди ба сари ҳокимият омаданаш ӯ Абдулазизхонро аз тахт ронда бошад ҳам, аз унвони хонӣ рӯ гардонида худро амир эълон кард. Аз ҷумлаи ислоҳотҳои ӯ ислоҳоти маъмурӣ, ҳарбӣ ва пулӣ хеле машҳуранд. Давлатро ба бекигариҳо тақсим кард. Аморати  Бухоро дар давраи ӯ аз 20 бекигарӣ иборат буд. Аксарияти бекҳоро аз ҳисоби хешу табор ва наздикони худ таъин мекард. Фақат бекигариҳои канора баъзан аз ҳисоби сулолаҳои бонуфузи маҳаллӣ буданд. Ислоҳоти ҳарбии ӯ ба ташкили қӯшуни доимии сарбозӣ овард. Мӯҳлати хизмат 25 сол муқаррар карда шуда буд.

Ислоҳоти пулии Шоҳмурод асосан ин пайдо шудани пулҳои қоазии «Рубл» буд. Ба Шоҳмурод инчунин ҳамчун амири ба тартиб даровардаи низоми давлатӣ ҳам баҳо медиҳанд. Ӯ бо амири Афонистон Темуршоҳ ҷангҳои бенатиҷа бурдааст. Ҷангҳои зиёди дохилӣ бо ҳокимони  алоҳидаи саркаш (Ӯротеппа, Шаҳрисабз ва Ҳисор) бурдааст, ки ҳадаф аз онҳо марказият додани давлат буд.

Аморати Бухоро дар давраи амир  Ҳайдар (1800 — 1825) хеле заиф гардид. Сабаби асосии ин харобӣ нооромии сиёсии мамлакат буд. Ҷангҳои доимӣ бо Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Ҳисору Хуҷанд аҳволи иқтисодии аҳолӣ ва давлатро хароб кард. Ба ивази ин ҷангҳо боз ошӯбҳои калони халқӣ, ки солҳои 1810 ва 1821 — 1825 шуда гузаштанд, ваъияти сиёсӣ ва бутунии мамлакатро вазнинтар гардонд. Бо мақсади барҳам додани парокандагӣ ва мутамарказ намудани давлат, амир Ҳайдар борҳо ба Самарқанду Уротеппа, Панҷакенту Фалар, Шаҳрисабзу Ҳисор лашкар кашидааст. Маҳз дар давраи амир Ҳайдар аморати Бухоро минтақаи ҳадафҳои сиёсии Русия ва Британия гардид. Амир Ҳайдар бештар ба Инглистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард ва бо Русия он қадар рӯ намедод.

Баъди марги Ҳайдар (соли 1825) ба тахт мир Ҳусайн нишаст. Мӯҳлати амириаш 3 моҳ буд. Баъди  вафоти амир Ҳусайн амир Умар ба тахт нишаста, ҳамагӣ 2 моҳ ҳукмронӣ кард. Ӯ аз тарафи бародараш Насруллоҳ аз тахт афтонда шуд.Амир Насруллоҳ тамоми бародарони боқимондаашро бо аҳли оилаашон ва аксарияти амалдорони давраи Амир Ҳайдарро қатл ва боқимондаро сабукдӯш кардааст. Аз ин рӯ, мардум ӯро «Амири қассоб» гуфтаанд. Амир Насруллоҳ ҳокимони вилоятҳоеро, ки барои  истиқлоли худ мубориза мебурданд, несту нобуд мекард. Ба ҷумлаи онҳо беки Мастчоҳ, Ботурхӯҷа(соли 1842)ваҳокимиУротеппа Рустамбек (1858) дохил мешаванд, ки бо фармони ӯ қатл шудаанд. Дар солҳои 1800 — 1860 байни Бухоро ва Қуқанд барои Ӯротеппа 40 маротиба ҷанг шуда, 23 маротиба ҳокими Уротеппа иваз карда шудааст.

Хонигарии Қӯқанд ва барҳам дода шудани  он.

Асосгузори хонигарии Қӯқанд Шоҳрух — бий аз қабилаи мингҳо буда, ӯ соли 1710 дар музофоти Қуқанд мулки на чандон калонеро соҳибӣ дошт. Набераи ӯ Ирдонбий дар мубориза бо чунин мулкҳои хурди мустақили Андиҷон, Намангон ва Марелон олиб омада, соли 1758 худро хони Қӯқанд эълон намуд. Ин мустақилиятро ҳамон сол хони Аштархонӣ Абдулозихон ва атолиқҳои Бухоро Муҳаммад Раҳим ва Дониёл ҳам эътироф намуданд. Вале давраи нашъунамои хонигарӣ ба солҳои 1800 — 1864 рост омад. Аввалин хони бонуфузи Қӯқанд Олимхон (1800 — 1809) буд. Ӯ 15 маротиба ба Уротеппа лашкар кашида, дар охир ба Қуқанд тобеъ намуд. Ин тобеъият минбаъд боиси ҷангҳои доимии байни Қӯқанду Бухоро шудааст. Олимхон инчунин Тошкандро соли 1808 забт намуда, қисми мулкҳои Хоразмро низ ҳамроҳ кардааст. Умархон (1809 — 1822) бошад, Қаротегину Дарвозро ҳамроҳ карда буд. Ин ҳамроҳкуниҳо низ ба ҷангҳои тулонии байни Бухорову Қӯқанд дар давраи ҳукмронии Муҳаммадалихон (1822 — 1842) сабаб шудаанд. Дар натиҷа амири Бухоро соли 1842 Қуқандро забт намуда, намояндаи худ Иброҳим Парвоначиро ноиби худ таъин кард. Вале баъди 3 моҳ қипчоқҳои Қӯқанд бо сардории Мусулмонқулӣ Иброҳимро ронда, ба тахт Шералихон (1842 — 1845) амакзодаи Олимхонро шинонданд. Дигар ба Бухоро муяссар нагардид, ки Қӯқандро забт намояд.

Баъди вафоти Шералихон писари хурдсолаш Худоёрхон хон эълон шуда бошад ҳам, умури давлат дар дасти Мусул-монқулии қипчоқӣ буд. Баъди пахши исёни қипчоқҳо, ки соли 1851 шуда буд, Мусулмонқулӣ қатл ва Худоёрхон ба мустақилона идора кардани давлат сар кард. Вале бо душ-мани пурзураш Русия рӯ ба рӯ шуд. Соли  1853 дар шимоли сарҳадаш аз Русия  шикасти сахт хӯрда бошад ҳам, хулоса набаровард. Ҷангҳои дохилӣ давом ёфт. Соли 1864 — 1865 боз бо русҳо рӯ ба рӯ шуда, дар Тошканд шикаст хӯрд. Русҳо моҳи майи 1865 Тошкандро забт намуда, бо Худоёрхон шартномаи оштӣ (сулҳ) бастанд, ки мувофиқи он ҳамаи ҳудудҳои забткардаи русҳо ба Русия ҳамроҳ карда шуда эътироф карда шуд. Ин шартномаро қисми дигари саркардаҳои Қӯқанд хиёнат эълон карда, барои рондани русҳо ба амири Бухоро Музаффар муроҷиат карданд. Вале кӯшишҳои Музаффар ҳам натиҷа надод. Дар охир солҳои 1874 — 1876 Фаронаро шӯриши халқӣ фаро гирифт, ки яке аз сабабҳояш рондани русҳо буд. Ба ин шӯриш Абдураҳмон (Эшони Офтобачӣ) ва Пӯлодхоҷа роҳбарӣ мекарданд. Ин шӯриш бо ёрии русҳо шикаст дода шуда, сабаби барҳам додани хонигарии Қӯқанд низ гардид. 19 феврали соли 1876 хонигарии Қӯқанд барҳам дода шуда, ба ҷои он вилояти Фарона дар ҳайати кишвари Туркистон таъсис дода шуд. Аксарияти аҳолии хонигарии Қӯқандро тоҷикон ташкил медоданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *