Тоҷикон дар асрҳои ХI-ХIII

Қарахониён. Қарахониён гуфта иттифоқи ҳарбии қабилаҳои туркии сулолаи ҳукмрони туркҳои Мовароун-наҳрро гӯянд, ки солҳои 999 — 1020/1220 ҳукмронӣ кардаанд. Асосгузори давлати Қарохониён Абдукарим Сотуқи Бурохон (Қарохон) буд. Вориси ӯ Сулаймон Ҳафтруд ва Фаронаро ишол карда, пойтахти худро аз Қошар аввал ба Болосоун ва баъдтар ба Узганд гузаронида, ба мулкҳои шарқии Сомониён дастдарозӣ кардан гирифтанд. Писари ӯ Ҳасани Бурохон солҳои 990 — 992 ба Суди Самарқанду Бухоро ҳуҷум карда, ҳатто Бухороро забт намуд. Вале вафоти бемаҳали Ҳасан аз байн рафтани давлати Сомониёнро каме ба ақиб партофт. Вориси Ҳасан Наср моҳи октябри соли 999 Бухороро забт ва хонаводаи Сомониёнро асир гирифта, ба шаҳри Узганд фиристод. Соли 1005 бошад, Насри Қарохонӣ охирин намояндаи сулолаи Сомониён Мунтасирро (Абӯиброҳим Исмоил) торумор намуда, давлати Қарохониёни Осиёи Миёнаро таъсис дод. Дар давраи ҳукмронии Наср аксарияти иншоотҳои обёрии водиҳои Фаронаю Зарафшон ва Қаршӣ хароб гардиданд. Солҳои 1006 — 1040 Қарахониён муборизаи сулолавӣ ооз карда, байни фарзандони Алӣ ва Ҳасан барои мулкҳои Қашару Ҳафтруду Фарона ҷангҳои бардавом бурданд. Аз амакбачаҳо Юсуфи Қадархон ниҳоят пуриқтидор шуд. Вале аз соли  1040  Бӯрӣ — Тегин аз авлоди Ҳасаниён барои тахти Хатлону Чаониён, ки мулкҳои зердасти азнавиён буданд, мубориза сар кард. Ин сабаб дошт: зеро дар соли 1040 Масъуди азнавӣ   дар Дандонакон аз Салҷуқиён шикаст хӯрд ва вай дигар наметавонист, ки боз душмани дигаре дошта бошад. Аз ин рӯ, ба мақсади соҳиб шудан ба ин мулкҳо ба Бӯрӣ — Тегин зид  набаромад. Баръакс, соли 1041 Бӯрӣ — Тегин унвони Иброҳим Тамочхонро гирифта, то соли 1068 ҳукмрони тамоми Мовароуннаҳр ва Фарона гардид.Ӯ сиёсати мустақилонаи Қарохониёнро идома бахшида, ҳатто ислоҳоти пулӣ гузаронида, Самарқандро пойтахти худ эълон кард. Замони ҳукмронии ӯ нисбатан давраи оромӣ буд. Баъди марги Иброҳими Тамоч ба тахт писараш Шамсулмулк Носир нишаст. Ба тахти хонӣ нишастани Арслонхони Қарохонӣ (1102 -1141) бо Салҷуқиён зиддиятро тезутунд намуд. Соли 1141 султон Санҷари Салҷуқӣ Самарқандро ишол намуда, Арслонхонро аз тахт ронда, Маҳмудро ба тахт нишонд.

9 сентябри соли 1141 Қарохитоиҳо ба Самарқанд ҳуҷум оварда қӯшунҳои якҷояи Салҷуқиён ва Қарохониёнро дар дашти Катвон шикаст доданд. Қарохитоиён ҳам сулолаи Қарохониёнро барҳам надода, онҳоро ба вассали худ табдил медиҳанд. Баъди ин муҳориба Қарохониён  ба ду давлати мустақил ҷудо шуданд. Дар Фарона, Илоқ ва Ҳафтруд — Қарохониёни  Шарқӣ, ки хонҳояшон аз авлоди Юсуф Қодирхони Ҳасаниён буданд ва ба Қарахониёни Самарқанд ё арбӣ (Алигиён) ҷудо шуданд. Пас аз ин то ибтидои асри XIII Самарқанду Бухоро ҳаёти сиёсии мустақилона доштанд. Дар соли 1206 Аълоуддин Муҳаммад Такаши Хоразмшоҳ Бухоро ва дар соли 1212 Самарқандро забт намуд. Баъзе ҳокимони Қарохонӣ то ҳуҷуми муулҳо дар Фарона ва Мовароуннаҳр ҳукм ронданд.

азнавиён. азна яке аз вилоятҳои дур ва сарҳадии Сомониён буда, асосан дар аҳди Саффориён ба ислом гара-виданд. азна шаҳре буд дар ҷануб-байни Кобулу Қандаҳор. Сабаби маркази сиёсӣ гардидани азна рақобати байни оли Сомон бо сипаҳсолори худ Сабук — Тегин буд. Солҳои 50 аввали 60 — уми асри X Сабук — Тегин сипаҳсолор ва волии Хуросон буд ва муносибаташ бо Мансур ибни Нӯҳ гурехт ва пас аз чандин задухӯрд озими азна шуд ва бар хилофи хоҳиши Мансур, ки волии азна буд, Сабук — Тегин азнаро забт кард ва худро султон хонд, яъне, султонатиро ташкил дод. Дар соли 997 Сабук — Тегин ва Нӯҳи 2 вафот карданд. Байни Мансур ибни Нӯҳ ва Маҳмуди азнавӣ наздикии чашмрасе ба вуҷуд омад. Дар асл Мансур ҳокимиятро ба хотири нигоҳ доштани давлат тақсим карда буд. Аз ин дарбориёни туркпараст ҳаросиданд ва Мансурро кӯр карда, аз тахт ронданд. Ба ҷои ӯ бародараш Абдумалики 2 — ро шинонданд, ки ҳеҷ мақоме надошт. Маҳмуд лашкар ҷамъ овард, то ҷазои душмани Мансурро бидиҳад, вале дер шуда буд. 23 октябри соли 999 Насри Қарохонӣ Бухороро ишол кард. Баъди ин воқеа то соли 1002, баъзе таърихчиён, соли 1003 Маҳмуд ба ёрии Абӯиброҳими Мунтасир кӯшид, вале  кӯшишҳои Мунтасир барор нагирифтанд. Маҳмуд бо Насри Қарохонӣ  шартнома баста, сарҳадоти худро дарьёи Омӯ хонданд. Минбаъд Маҳмуд худро султон мехондагӣ шуд. Дар байни солҳои 1003 ва 1020 Маҳмуд сарҳади ҷануб, ҷанубу шарқ ва арбии худро мустаҳкам карда, Эронро ҳам орат намуд. Вай кӯшиш кард, ки қаламрави давлати худро дар собиқ ҳудуди Сомониён паҳн намояд ва то андозае ба он муваффақ ҳам шуд. Танҳо Хутталон, Самарқанд, Бухоро, Чаониён, Фарона, Чоч ва Исфиҷоб берун аз қаламрави ӯ монда буданду халос. Хуллас, солҳои 1020 — 1040 давраест, ки бартарии сиёсӣ дар дасти азнавиён буда, онҳо ба барқарор намудани давлати собиқ Бухоро бо маркази дигараш шаҳри азна ҷидду ҷаҳд варзидаанд. Дар натиҷа танҳо марказ тайир ёфту давлати пештара боқӣ монд, вале сулола дигар шуд. Ба ҳайати азнавиён сулолаи довталаби минбаъда: уриён, Салҷуқиён ва Хоразмиён тобеъ ва дохил гардиданд.

Бедодгариҳои Маҳмуди азнавиро таърих то ҳол дар ёд дорад. Ӯ 17 маротиба Ҳиндустонро тороҷ  кардааст. Чандин лашкаркашиҳо ба Хуросону Чаониён ва Хоразм содир намудааст. Баъзе вилоятҳои сарҳадии азнавиёну Қарохониён(Чаониён, Хутталону, Ҷузҷон) тороҷу валангор гардида, мардуми он водиҳоро тарк гуфта, ба кӯҳистон фирор карданд. Водиҳои Вахш, Шаҳри Тус, Сурхон ва Марв қариб бе аҳолӣ монда буданд. Баъди вафоти Маҳмуд ду писари калонаш Муҳаммад ва Масъуд даъвои ҳокимият намуданд. Муҳаммад, ки ба пойтахт наздик буд, ба тахти шоҳӣ нишаст. Вале дарбориён аз ӯ розӣ набуданд. Масъудро, ки волии Эрон буд, пазируфта, Муҳаммадро дар қалъаи Мандеш ба ҳабс гирифтанд. Масъуд баъди ба тахт нишастан ба чашмони Муҳаммад мил кашид. Масъуд маншури халифаро ҳам соҳиб гашт. Ӯ забони дарӣ, арабӣ ва туркиро медонист ва марди таълим дида буд. Ҳамзамонон ӯро марди тануманд, қавӣ, далер, худхоҳ ва бадгумон шарҳ додаанд. Соли 1041 Масъуд вафот кард ва бародари кураш Муҳаммад ба ҳокимият омад, вале коре  карда натавониста, ҳокимиятро ба писараш Аҳмад супорид. Аҳмад ҳам низоми давлатро ба даст гирифта натавонист. Вай кӯшандаи Масъуд аст. Писари Масъуд Мавдуд аз Балх ба азна омад ва дар роҳи байни Ҷалолободу Пешовар Муҳаммад ва Аҳмадро бо хонаводааш бикушт ва баъд ба азна дохил шуд. Вале давлатро заъифу мухолифинро пурқувват ёфт. Соли 1043 Салҷуқиён Бустро ишол карданд. Панҷоб бошад дар исён шуд. Таназзули азнавиён тезтар шуд. Соли 1049 Мавдуд вафот ёфт. Аз ин хонадон ба тахт Абдурашид ибни Масъуд биншаст. Соли 1051 Абдурашидро Турал ном амалдораш бикушт. Соли 1052 ба тахт Фаррухзод омад. Сайфиддини урӣ ва баъд Алоуддини (Авлоуддин) Ҷаҳонсӯз Баҳромшоҳро шикаст  дода, соли 1152 азнаро оташ зад. Зеботарин шаҳри Осиёи Васатӣ сӯхт. Баъди Баҳромшоҳ писари ӯ Хусравшоҳ ба сари ҳокимият омад. Оузҳо ӯро ба Лоҳур ронданд ва бо писараш Хусрав Малик то соли 1201 дар он ҷо — Лоҳур ҳукмронӣ карданд.

уриён оузҳо ва Хусравмаликро аз Лоҳур ронданд ва бо ҳамин давлату сулолаи азнавиён ба арсаи таърих монд.

Салҷуқиён. Асосгузори сулолаи Салҷуқиёнро Токак хондаанд, ки дар манбаъҳои таърихӣ, ӯ яке аз хизматгорони йабуи Туркони арбӣ ва ё ҳоқони Хазар буда, дар шаҳри Янги Кенти даштҳои кучиҳои оуз (ӯуз) зиндагӣ кардааст. Ва дар асри IX дар натиҷаи ноҷӯриҳои сиёсӣ аз ҳамқабилаҳои худ -ӯузҳо ҷудо шуда, ба ҳамвории Бухоро ба Нури Бухоро ( Нурато) кӯчида омада буданд. Аз рӯи баъзе далелҳо Салҷуқиён номи худро аз номи яке аз се писари Токак Салҷуқ гирифта аст. Соли 1025 Маҳмуд маҳаллаҳои Салҷуқиёни Хуросонро тороҷ кард. азнавиён Салҷуқиёнро дар лашкаркашиҳои худ истифода мекарданд. Маҳз ҳамин ҳарбиҳо солҳои 1031 — 1035 борҳо шӯриш бардоштанд ва соли 1035 дар задухӯрди Фарова аз болои азнавиён алаба карданд. Соли 1036 бори дуюм ба азнавиён зарба заданд. Соли 1038 дар наздикии  Тирмиз алаба насиби Салҷуқиён гардид. Дар ин сол Салҷуқиён пойтахти Хуросон Нишопурро забт намуданд. Баъди ин ҳодиса Масъуд ба Хуросон лашкар кашид ва Туралу Ҷогирбек шикаст хӯрданд ва рӯ ба гурез ниҳоданд.Вале Масъуд ба ораткунӣ пардохта, зиракиро аз даст дод ва қӯшунҳои Турал ҷамъ омада ба ҳуҷум гузаштанд ва қӯшуни 100 ҳазораи Масъуд  дар Дандонакон шикаст хӯрд. Масъуд гурехт. Турал аҳолии Хуросонро ба мӯҳлати се сол аз андоз озод кард ва ҳамон сол аз халиф дар бораи идора кардани Хуросон маншур гирифт. Туралбек аввалин беки Салҷуқиён буда, дар солҳои 1040 — 1063 ҳукмронӣ кардааст. Ӯ Хуросону Форс ва Ироқро забт намуд. Ҳусайнӣ овардааст, ки Туралбек зиндагии оддӣ дошт, либоси оддӣ хӯрокаш ҳам оддӣ буда, маишатро дуст намедошт, вале дигаронро ҳам аз он манъ намекард. Мӯъмини панҷвақта буд. Қатлу хунро раво намедид. Бисёр раҳмдил, пуртоқат ва рақиби худро баҳо дода метавонист. Баъди ин Алп — Арслон Кавказу Румро забт намуд. Хост исломро байни гурҷиҳо паҳн кунад. Тифлисро забт намуда, онҷо масҷиди ҷомеъ сохт дар Малазгирт шуд ва алаба ба даст даровард. Ба тахт писараш Маликшоҳ нишаст. Маликшоҳ пойтахтро ба Нишопур овард. Маликшоҳ кӯшиш кард, ки бо бародарону мураббии худ наздик ва дар сулҳ бошад. Барои ҳамин ҳам ба онҳо ҳокимият дод, вале саркашиҳои зиёде шуданд, ки ин хонадон даст ба яроқ бурд. Маликшоҳ ноябри 1092 вафот кард ва ба сари ҳокимият Маҳмуд омад.Ҷанги дохилӣ ҳатман бояд сар мешуд. Вале Маҳмуд ибни Маликшоҳ соли 1094 вафот кард ва ин ҷанҷол ҳал шуд. Вале ҷанҷолҳои дохилӣ байни отабекҳои Салҷуқӣ ба охир нарасид. Тоҷ — ад — Давла, ки ҳокими Шом буд зиддӣ бародараш Бёркийарун (1094 — 1104), ки султон хонда шуда буд, баромаданд. Ба чангҳои онҳо Санҷар-ҳокими Хуросон ҳамроҳ шуд ва тарафи Бёркийарунро гирифт. Паси ҳам давлатро Маликшоҳи 2 (1104 -110 5), Муҳаммад (1105 — 1118) идора карданд. Охирин шоҳи бонуфузи Салҷуқиён ин Султон Санҷар (1118 — 1157) буд, ки ҳокимияти ӯ Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразмро дарбар мегирифт. Дар ибтидои асри XII Салҷуқиён ба султонатгариҳои  мустақил : ба Салҷуқиёни бузург (Хуросон, Мовароуннаҳр ва Хоразм) Салчуқиёни Рум (Осиёи Хурд ба айри арбиаш) Салҷуқиёни Кирмон (Кирмон — ҷанубии Эрон) пойтахташ Кирмон, Салҷуқиёни Ироқ (Ироқ ва Форс) пойтахташ Ҳамадон, Салҷуқиёни Шом ё Сурия  пойтахташ Димишқ ҷудо шуда буд. Соли 1157 Алоуддин Муҳаммад Такаш Хуросонро ишол кард. Соли 1197 Салҷуқиёни Ироқ барҳам хӯрд. То ибтидои асри XIV танҳо Салҷуқиёни Рум боқӣ монда буду халос.

уриён. Дар китоби «Ҳудуд-ул-олам» омадааст: «ур ноҳияест андар миёни кӯҳҳо ва шикастагиҳо. Ва ӯро подшоҳест, ки уршоҳ хондаанд». ур гуфта дар асрҳои VIII-X ҳудуди марказии Афонистони арбии имрӯзаро гӯянд, ки кишвари кӯҳсор аст ва дастнорас. Таърихи ин кишвар ҳамчун воҳиди ҷурофӣ аз асри VIII ооз меёбад. Аввалин ҳокими ур Шинасб ибни Хурнак дониста шудааст, ки аз авлоди Заҳок будааст. уриён исломро дар замони хилофати Алӣ қабул карданд. ур то соли 821 дар ҳайати Хилофати Бадод ва баъд бо навбат дар ҳайати Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, азнавиён ва Салҷуқиён будааст. Шинасбо-ниён баҳонаи ҷудо шуданро меҷустанд ва он тахминан солҳои 1147-1150 даррасид. Дар дарбори азнавиён яке аз фарзандони малики ур — Иззауддин бо тӯҳмат кушта мешавад ва бародарони ӯ қасос гирифтанӣ мешаванд ва ба азнин лашкар мекашанд. Дар ин лашкаркашӣ султони аввалини уриён — Сайфиддин кушта мешавад, вале бародараш Алоуддини Ҷаҳонсӯз азнаро забт карда, баъди орату куштори зиёде он шаҳрро оташ зад.Ҷузҷонӣ овардааст, ки азна 7 шабонарӯз сӯхт. Ҳатто қабрҳои азна-виёнро кушода, устухонҳои онҳоро сӯзонданд. Ва Алоуддини Ҷаҳонсӯз истиқлол ба даст гирифт. Баъди азна ба Бомиён рафт ва онро ишол намуда, вайрон кард ва баъд ба ур баргашта худро султон хонд. Вале мардум ӯро «ҷаҳонсӯз» хонда буданд. Акнун аз фаъолияти Алоуддин хабар ёфта, Султон Санҷар ба ур лашкар кашид. Алоуддин Фирӯзкӯҳро, ки пойтахти ур буд, тарк карда, ба пешвози Санҷар баромад ва дар роҳи байни Фирӯзкӯҳ ва Ҳирот ҷанг шуд. Дар айни задухӯрд қӯшунҳои уузӣ ва халаҷу туркии  уриён ба тарафи Санҷар гузаштанд ва Алоуддин асири Санҷар шуд. Вале баъди ҳалоки Санҷар ур боз мустақил шуд ва Алоуддин қариб ҳамаи кӯшку қалъаҳои дохили урро, ки дар дасти мардуми силоҳшӯру ҷангӣ буданд, вайрон кард. Бадахшон, Хатлон, Тахористон, Бомиён, Ҳирот, Ҷузҷонро тассаруфи худ карда, идораи ононро ба бародари худ Малик Фахриддин дод, ки аз ин оила сулолаи Бомиёниён пайдо шудааст. Баъди Алоуддини урӣ ба тахт иёсиддин Муҳаммад урӣ (1163 — 1203) нишаст. Дар давраи ҳукмронии ӯ ҳудуди ур дар шимолу шарқ ва шимол хеле вусъат ёфт. Бадахшону Вахон, Хатлону Чаониён, Тирмизу Марв Ҳиндустони Шимолу арбӣ ҳам ба ҳайати давлати уриён дохил буд.

Баъди вафоти иёсиддин ҳокимият ба дасти бародараш Шиҳобиддин Муҳаммад урӣ (1203-1206) гузашт. Шиҳобиддин аз соли 1173 ҳокими азна буд. Баъди ба тахт нишастанаш муносибати ӯ бо Хоразмшоҳиён бад шуд. Соли 1206 дар вақти аз пахши исён баргаштанаш ӯро дар бозгашт фидоиён қатл карданд. Тахт ба Маҳмуд ибни иёсиддин (1206 — 1210) расид, ки ҳафтумин султони ур буд. Ӯ низ аз тарафи Алишоҳи Такаш-бародари Муҳаммад Хоразмшоҳ қатл карда шуд. Ба тахт писари ӯ Сом ибни Маҳмуд омад, ки солҳои 1210 — 212 ҳукмронӣ кардааст. Ӯ қасди падарашро аз туркҳои дар паноҳи ӯ буда гирифт. Қотилони бевоситаи падарашро пора-пора кард. уриён ба Ҳирот рафтанд. Вале Муҳаммад Хоразмшоҳ Ҳиротро забт намуда хонаводаи уриёнро ба Хоразм бурда, Сом ибни Маҳмуд дар Хоразм арқ карда шуд. Охирин намояндаи уриён Алоуддин Итсиз буд, ки соли 1214 аз тарфи Хоразмшоҳиён аз тахт ронда шуд. Вале уриёни азнаю Деҳлӣ боз то омадани муулҳо дар сари қудрат будаанд.

Хоразмшоҳиён. Сарсулолаи Хоразмшоҳиён Ануш — Тегин буд. Ануштегин яке аз хизматчиёни Маликшоҳи салҷуқӣ буда, ба ивази хизматаш ба ҳокимии Хоразм расид. Баъди вафоти Ануштегин ҳокимии Хоразм ба тариқи меросӣ ба писараш Қутбиддин Муҳаммад (1097 — 1127) расид. Кутбиддин худро шоҳ эълон карда бошад ҳам, аз тобеияти Салҷуқиён баромада натавонист. Писари Қутбиддин Отсиз (1127- 1156) агарчӣ солҳои1138 — 1148 се маротиба бар зидди Салҷуқиён исён бардошта бошад  ҳам, дар охир тобеияти худро эътироф кард. Эл — Арслон (1156 — 1172) истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии Хоразмро таъмин намуд.

Давраи болоравии тараққиёти сиёсии Хоразмшоҳиён ба давраи шоҳии Алоуддин Муҳаммад Такаш  (1172 — 1200) рост омад. Алоуддин аз муборизаи Салҷуқиёну халифаи Бадод Носир (1180 — 1225)  истифода бурда, тарафдории халифаро гирифта, зидди Турали Сонӣ (соли 1194) лашкар кашида, охиринро шикаст дода Ҳамадонро ишол намуд. Халифа Носир ҳис кард, ки таҳдиди Алоуддин нисбати Турали Сонӣ бештар аст ва вазири худро назди Алоуддин фиристода хоҳиш намуд, ки Алоуддин тартиботи дарбории Хилофатро ба ҷо оварад, яъне худро тобеи Хилофат шуморад. Аз ин Алоуддин  дар азаб шуда, ба Бадод лашкар кашид ва дар муҳорибаи соли 1196 лашкари халифаро шикаст дода, талаб намуд, ки дар Бадод ба номи ӯ хутба хонанд. Оқибати муқовимати Алоуддини Такаш ва Носири халифа бо он анҷомид, ки халифа ӯро ҳокими тамоми Моварруннаҳру Хоразм, Фаронаю Хуросон эълон кард.

Баъди вафоти Алоуддин Муҳаммад Такаш ба сари ҳоки-мият писараш Аълоуддин Муҳаммад Такаш (1200 -1220) нишаст. Дар давраи Аълоуддин дар соли 1206 дар Бухоро шӯриши Малик Санҷар шуда гузашт. Маҳз ҳамин шӯриш буд, ки пойтахт аз Урганҷ ба Бухоро кӯчид. Аълоуддин соли 1212 Самарқанд ва 1214 тамоми Фаронаро ба давлати худ ҳамроҳ кард. Вале аз бими исёни сарлашкаронаш қӯшуни тавонои худро ба шохаҳои алоҳида тақсим намуда, соли 1219 — 1220 садди роҳи Чингизхон шуда натавонист ва аз байн рафт. Ҳамин тариқ, дар асрҳои XI ибтидои XIII кӯшишҳои сулолаи алоҳида дар бораи ташкил додани давлати ягонаи миллӣ муяссар нагардид. Ин буд, ки дар натиҷаи омили дигар — дучори таҷовузи хориҷиён гардида, аз байн бурда шуданд.

Давлати Куртҳо (1243 — 1389). Баъди аз тарафи му-улҳо забт гардидани Хуросону Сиистон дар Ҳирот ҳокимият ба дасти яке аз авлодони начандон дури уриён Рукниддин Абӯбакри Курт афтид. Рукниддин каму беш ба муулҳо итоат мекард. Набераи ӯ Шамсуддини Кеҳин (1306 — 1334) асосгузори давлати Куртҳо гардид. Ӯ аз додани андоз ба муулҳо даст кашида, худро малики Ҳирот (Курт) эълон кард. Агарчи маликгарӣ аз рӯи анъанаи тоҷикӣ ҳокими ниммустақилро мегуфтанд, вале куртҳо худро малики мустақил медонистанд. Ин боиси ҷангҳои тулонӣ бо Ҳало-укиёни Эрон ва Чаатоиёни Мовароуннаҳр мегардад. Ин ҷангҳо ба давраи ҳукмронии Фахриддин бини Рукниддин (1333 — 1345) рост меояд. Муулҳои Мовароуннаҳр се маротиба ба Ҳирот лашкар кашида, вале ба мақсад нарасиданд. Куртҳо истиқлолияти худро нигоҳ доштанд. Хосатан  муносибати Куртҳо ба давлати дигари тоҷикон — Сарбадорони Сабзавор бад гардид. Малик иёсиддини Курт (1345 — 1358) бо Сарбадорон борҳо ҷангидааст, ки ин сиёсат чӣ Куртҳо ва чӣ Сарбадоронро суст мекард. Аз ин ҷангҳо муулҳо истифода мебурданд. Малики Курт Маъзалдин бини иёсуддин (1361 — 1400) муваффақ гардид, ки бо муулҳои Чаатоӣ забон ёбад. Минбаъд тобеияти Куртҳо ба муулҳо нисбӣ буд. Куртҳо баъзан ба хонҳо тӯҳфаҳо ба ҷои андози мамлакат мефиристоданд.

Сохтори давлатии Куртҳои Ҳирот феодалӣ буда, онро малик идора мекард. Он чун анъанаи давлатдории тоҷикон характери меросӣ дошт. Куртҳо баромади худро аз уриён медонистанд ва қисми Хуросону урро назорат мекарданд.

Маликҳои куртӣ:

  1. Шамсиддин бини Абӯбакри Курт — 1260 — 1304
  2. Шамсиддин Кеҳин — 1305 — 1334
  3. Фахриддин бини Рукниддин — 1334 — 1345
  4. иёсиддин бини Рукниддин — 1345 — 1358
  5. Шамсиддин бини иёсиддин — 1359 — 1360
  6. Ҳофиз бини иёсиддин — 1360 — 1361
  7. Маъзалдин бини иёсиддин — 1362 — 1400
  8. иёсиддин бини Маъзалдин- 400 — 1412 будаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *